Таъкид карданам лозим аст, ки Устоди бағоят маъруфам,
адиби шинохта Асқад Мухтор инсони бениҳоят орифу камсухан буданд. Ҳангоми дар рӯзномаи
“Ӯзбекистон адабиёти ва санъати” сардабир будани он кас банда ҳамчун мудири шӯъба
фаъолият бурда, дар лаҳзаҳои кайфияташон аъло будан дар утоқи кориашон бо иҷозат
даромада, аз сӯҳбати дилнишину гуворояшон баҳраманд мешудам.
Бо зоти мӯҳтарам муколамаи мо ин тавр ҷараён мегирифт:
Гуфтам:
-Калиди тамоми дарҳои истиқболу муаммоҳоро як-як кушодан кадом аст?
Гуфтанд:
-Илм, ҳунар, заковат.
Гуфтам:
-Шахсони миллатро ба сари камолот ҳидояткунанда киҳоянд?
Гуфтанд:
-Шахсони донишманд, ҳунарманд ва соҳиби ақлу заковат.
Гуфтам:
-Ба чунин хислат чӣ хел соҳиб шудан мумкин аст?
Гуфтанд:
-Бо мақсади бузург ва шавқи беандоза каме мададу раҳнамоӣ.
Гуфтам:
-Инсон як маротиба ба дунё меояд, онро ҳам ба роҳи пурмашаққати донишу ҳунар
сарф намудан шарт аст?
Гуфтанд:
-Кас агар ба сӯи камолот ҳаракат накунад, ба ботлоқи ҷаҳолат фурӯ рафтан
мегирад. Сарчашмаи тамоми иллатҳо ҷаҳолат аст.
Гуфтам:
-Фарзанду шогирдонро ба омӯхтани кадом илму ҳунар даъват менамудед?
Гуфтанд:
-Мехостам, ки писарон ба замин меҳр банданд, касбҳои оянда, масалан
компютерҳо ва илму техникаро мукаммал омӯзанд.
Гуфтам:
-Аҷиб, охир дар замин кор кардан ва илму техникаро омӯхтан мисли ду тарафи қутбнамо-ку?!
Гуфтанд:
-Дасти ҷавонони онҳоро муштараккунанда, муттаҳидсозанда баланд мешавад.
Зеро Ҳазрати Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ таъкид менамоянд: “Барои замони гузашта не,
балки замони оянда меҳнат кунем!”.
Гуфтам:
-Таманнои шумо ба бонувон?
Гуфтанд:
-Мехостам, ки лоақал нисфи умр ва қуввати хешро барои рӯзгор сарф намоянд.
Гуфтам:
-Фарзандону шогирдон роҳи дигарро маъқул намоянд-чӣ?
Гуфтанд:
-Ба онҳо омад металабидам, кӯмак медодам.
Гуфтам:
-Камшуур, белаёқат ва беандешагии баъзе фарзандону шогирдон аз чист?
Гуфтанд:
-Аз беғаму бебурд, беандешаву бепарвогии падару модарон ва устодон аст!
Гуфтам:
-Таманнои шумо ба фарзандон ва шогирдон?
Гуфтанд:
-Садоқат ба касбу кор, ба қавле муҳаббат ба табиат!
Гуфтам:
-Ба ин чӣ тавр ноил шудан мумкин аст?
Гуфтанд:
Эҳтиром ба садоқат, самимият ба меҳр, муҳаббат табиат.
Гуфтам:
-Боиси зиддиятҳо дар чист?
Гуфтанд:
-Ду дорбоз дар болои як ресмон бозӣ накунад, ду каллаи гӯсфанд дар як дег
наҷӯшад!
Гуфтам:
-Сабаби исён дар чист?
Гуфтанд:
-Зулм.
Гуфтам:
-Боиси зулм чист?
Гуфтанд:
-Ҷаҳолат!
Гуфтам:
-Барои аз хасисӣ ва шӯҳратгадоӣ гурехтан чӣ бояд кард?
Гуфтанд:
-Тез-тез хайру эҳсон кардан ва мукофотҳо бахшидан. Фаромӯш накунед, ки
хайру эҳсон сифати неки инсон аст!
Гуфтам:
-Оё ин амал ба ҳаққи кас хиёнат накардан аст?
Гуфтанд:
-Бояд оқибат ва охиратро фикр кунем!
Гуфтам:
-Агар дар атрофи кас шахсони нохуштабъ ва ифлос бисёр шаванд ва дил аз ғам озор
бинад, чӣ бояд кард?
Гуфтанд:
-Бояд гурехт.
Гуфтам:
-Агар шумо дафъаи дуюм ба дунё оед, магар боз ҳамин роҳро интихоб мекардед?
Гуфтанд:
-Ҳа, бо ҳамин роҳ мерафтам, аммо кӯшиш ба харҷ медодам, ки хатоҳоямро
такрор накунам.
Гуфтам:
-Агар сирри ҳарбӣ набошад, иштибоҳи шумо бисёр буд?
Гуфтанд:
-Дар давоми умрам кам дониш гирифтан, бисёр ҳунар наомӯхтан хатои ман аст.
Бузургон гуфтанд, ки ба як ҷавон чил ҳунар кам. Боз ҳадисе ҳаст: “Аз гаҳвора то
қабр илм омӯз!”
Гуфтам:
-Яъне барои фарзанди инсон аз ҳама муҳимаш – дониш ва ҳунар будааст-дия?!
Гуфтанд:
-Аз ҳама муҳимаш - ақл!
Гуфтам:
-Наход аз дониш ва ҳунар, истеъдод ва таҷриба нахустин ва ягона ақл бошад?!
Гуфтанд:
-Воллоҳ ҳамин тавр!
Гуфтам:
-Акнун роҳи ба ақл расиданро гӯед.
Гуфтанд:
-Ба ҳар як инсон табиат ва ҷамъият каму беш тухми заковатро ато намудааст.
Онро эҳтиёткорона сабзонидан, ба воя расонидан ба худи банда вобаста аст.
Гуфтам:
-Нишонаи асосии ақл чист?
Гуфтанд:
-Кас ҳар чӣ қадар бештар соҳиби ақл шавад, ин хислатро хубтар қадр ва дарк мекунад.
Шахсе, ки ба ҳама чиз ақлаш мерасад, ҳама чизро мебахшад.
Гуфтам:
-Боз чӣ?
Гуфтанд:
-Хоксор ва камтарин мешавад.
Гуфтам:
-Оё хоксорӣ қадри худро ба замин задан нест?
Гуфтанд:
-Шояд ин хислат дар сирату тинати шахсони ҳавобаланд, худписанд бошад.
Гуфтам:
-Ҷоҳилии бо кибру ғурур чист?
Гуфтанд:
-Ҷаҳл!
Гуфтам:
-Пастии ба баландӣ монанд чист?
Гуфтанд:
-Беписандӣ.
Гуфтам:
-Аломати оҷизӣ чӣ бошад?
Гуфтанд:
-Маҳалгароӣ ва миллатчигӣ.
Гуфтам:
-Соҳиби ақлу фаросат будан боз чӣ гуна аломатҳо дорад?
Гуфтанд:
-Оқибати мантиқиро фаҳмида, кордорӣ кардан.
Гуфтам:
-Боз чӣ?
Гуфтанд:
-Кам гап зада, бештар гӯш кардан.
Хуллас, бо устоди донишманду дурандеш бисёр сӯҳбатҳои доманадор доштам, ки
дар зиндагӣ қутбнамои ман аст.
Илоҳо, ба ҳама низ чунин устоди ҳунарманд насиб гардад.
Комментариев нет:
Отправить комментарий