четверг, 9 июля 2020 г.

НАСИҲАТ БА ФАРЗАНД


Ибтидо
Камина рузе остин барзада саргарми иншои андарз будам, ки мунаққиди ғоибе чун одат бо заҳрханда лаб ба сухан кушод:
- Тамоми насиҳатҳоро Унсурулмаолии Кайковус ва Мир Алишер Навоӣ навиштаанд, ба фикрам...
- Танҳо онҳо не, Рӯдакӣ ва Юсуф Хос Ҳоҷиб, Ибни Сино ва Махтумқулӣ ҳам дар ин соҳа қалам фарсудаанд.
- Во аҷабо, баъди асрҳои зиёд аз чунин алломаҳо ҳам ягон гап монда будааст-дия? – шубҳа зоҳир мекунад он мунаққиди ғоиб.

- Ҳаст! – бо қатъият ҷавоб додам ман, - масалан, он бузургон доир ба ғулом ё хизматгор харидан гирифтаанд, оиди русуми подшоҳӣ ва фаъолияти вазирӣ хеле роҳ нишон додаанд, вале доир ба зарурияти ҳифзи табиат, худшиносии миллӣ ҳеҷ чиз нагуфтаанд.
- Дар замони онҳо...
- Ҳа, қанд зан, ана акнун ба худ омадӣ, - ба ҳуҷум гузаштам ман. – Бо гузашти айём хоҳ-нохоҳ замона тағйир ёфта, мазмуну моҳияти панду насиҳат ҳам дигар шудааст. Пас бояд касе андарз навиштанаш лозим-ку! “Сухан нав ор, навро ҳаловатест дигар!” – фармудаанд бузургон.
- Барои ҳамин ҳам мисли он донишмандон соҳиби саллаву дастор, риши базеб ва ба дараҷаи эшон зукко шудан зарур, гӯён фикр мекунам-дия, - гуфт дӯстам.
- Не, додарҷон, онҳо чуноне, ки ту фикр мекунӣ, хаста ва чорқат гашта, сонӣ, ба даст хома нагирифтаанд, - аксарият дар синну соли ман мӯшикофона ва хоксорона барои фарзандон андарзҳои хуб эҷод кардаанд...
- Ва он насиҳатҳои қомусӣ барои инсоният чун дастури зиндагӣ гардидаанд!
- Ин – масъалаи аввал, дуюм ҳеҷ гоҳ каминаро аз зуккоӣ ашрафзодагии бузургони адаб кам донистан шояд танҳо барои ту ҷоиз бошад. Агар ба дараҷаи он пешвоёни сухан нарасида бошам, шояд аз кам насиҳат гӯш карданам аст. Аз ин рӯ, кӯшиш ба харҷ додан медиҳам, ки авлоди оянда мисли ман дур аз ганҷинаи сухан набошанд. Инак, барояшон насиҳатнома  навиштан лозим!
Ман муколамаро ба поён расонда, ба маънои “боб кардам” рост ба чашмонаш нигаристам. Вай бошад хунсардона идома дод:
-Ҳоло насиҳат ба дили мардум задааст! Навиштаҳои туро кӣ чоп мекунад? Ҳомӣ ёфтан ҳам кори осон нест!
- Ба дили одамон пандҳои бемағзу бемазза задааст. Худо хоҳаду насиб бошад, ман чун  фикри кӯтаҳи ту андарзҳои рӯякӣ ва бемантиқ иншо намекунам.
Ҳамин тавр, барои тасдиқи фикри хеш камари ҳиммат баста, ба эҷод шурӯъ кардам. Марҳамат,  он чӣ ёдам ҳаст ба ҳукми шумо, мухлисон, ҳавола менамоям.  Иншои банда ба шумо писанд меояд ё не, барои ман хеле кам аҳамият дорад. Вале фарзандонам, дунё ба умед аст. Бузургон фармудаанд: “Сабт аст дар ҷаридаи олам давоми мо!” Саҳифаеро аз навиштаҳои мо хонда, хулосаи дуруст бароранд ва ба дӯстонашон диҳанд, ҳамин кифоя!


Комментариев нет:

Отправить комментарий