четверг, 9 июля 2020 г.

АНДАР ҲИФЗИ ТАБИАТ ВА ТАНСИҲАТӢ


Эй, фарзанди азиз! Олими донишгоҳи Корпелл (ИМА) Ж.М. Смоеткс, тамоми ислоҳоти иҷтимоӣ, аз он ҷумла, эволютсияи экологиро ба чор қисм ҷудо мекунад:
1.     Гап ҳам нест, кор ҳам.
2.     Гап ҳасту кор нест
3.     Гап ҳам ҳаст, кор ҳам ҳаст.
4.     Гап тамом шуд, кор оғоз ёфт.

Ба назарам, мо қисми дуюмро ба хотима расонида, ба саввумаш мегузарем. Аммо як гуноҳро ба гардан гирифтанамон лозим, ки инсоният дар давоми тараққиёти ҳеҷ як авлод мисли мо табиатро ранҷ надодааст. Дар он ҳолат, ки одамони ғорро ба нест намудани мамониятҳо айюҳаннос зада, айбдор мекунем, худ ба нобуд шудани садҳо намуди парранда ва ҷонварон гуноҳкорем; оби зер ва болои замин, фазоро заҳрнок намудем. Оҳ, кош медонистӣ, ки ин талафоти чӣ қадар бузург ва пурдаҳшат аст!
Танҳо оби зери заминро гирем. Минбаъд ҳеҷ гоҳ онро софу шаффоф ва тоза карда намешавад ва бо гузаштани солҳо авлодамонро заҳролуд хоҳад кард.
Ҳоло мардум оиди ҳифзи муҳити атроф бисёру баланд ҳарф мезананд, ким-чиҳоро талаб мекунанд. Чунин ба назар мерасад, ки журналист ҳам, санъаткор ҳам ба ҳимоягари табиат табдил ёфтаанд. Агар дарк намоӣ, ин табадуллот самараи кадом як ошкорбаёнӣ нест. Мардум аз онҳо, ки пас аз сад, дусад сол зиндагӣ мекунанд, гӯё хиҷолат мекашанд. Мардум гӯиё аз тақдири зурриёти пас аз сад-дусад сол ҳаёт ба сар баранда дар ташвишанд. Шояд онҳо ҳис мекунанд, ки зараре, ки ба табиат мерасонанд, ҷароҳатаст ба ҷисму ҷони худ.  Сабаби бемориҳои гуногун, ки ба худ, ба фарзандонашон аз оби нопок, заҳрхимиатҳо, заҳри ҳаво мерасанд, донистаанду халос!
Дар давоми тараққиёти инсоният, падарони хушфеъл ҳамеша нисбати зурриёти худ ғамхорӣ кардаанд ва дар андешаи мероси бой гузоштан будаанд. Сад надомату лаънат бод, ки мо ғайр аз ба ҳаққи авлоди оянда чанг задан боз заҳролуд намудани насибаи онҳо саҳм гузоштем!
Ҳоло дар давраҳои расмӣ ва норасмӣ ибораи хеле нохуши «ҳудуди пурхатари экологӣ» пайдо шуд. Ба қавле, аз чунин ҳудуд инсон кӯч бастанаш лозим. Эй, Аллоҳи акбар! Кишвари моро ба чунин ҳудуди пурдаҳшат табдил мадеҳ!
Ту бачаҷон, гуноҳи мо раҳгумзадагонро сабук намо, камбудиҳоямонро такрор накун. Агар муаллим шавӣ, ба шогирдон бигӯ, ки онҳо ба олами сабз, Модар-Замин меҳр монанд. Агар олим шавӣ, гиреҳи муаммои мазкурро кушода, ба мардум роҳи мунавварро нишон деҳ! Роҳбар шавӣ, дар ин самт ба зердастон намунаи ибрат бишав.
Хуллас, қатъӣ назар, кӣ шавӣ, бонг зан, даъват намо, ки мардум ҳушёр шуда, аз иштибоҳ канораҷӯӣ намоянд! Дар хотир дор, ки минбаъд маданияти миллат бо муносибати ӯ ба муҳит муайян карда мешавад.

ҲИКОЯТ
Эй, Модар-табиат! Ту одамонро ба об ғарқ намо, заминеро, ки дар он умр ба сар мебаранд, ларзон, беморӣ фирист! Зеро онҳо ҷонвараконро нобуд, кӯҳсорро помол мекунанд. Туро модар мегӯянд, вале ба оғӯши нарму гармат туф мекунанд. Ал-қасос-ул-минал ҳақ! Аз онҳо қасос гир!
Не-не, модар-табиат, ин тавр макун, ҳаргиз ба кори ношоям даст мазан! Охир, одамон низ фарзандони ту ҳастанд. Ту фақат ба қалби онҳо раҳм андоз, тухми некӣ пош!
Ман ба он хотир ниқор гир гуфтам, ки мардум ҳушёр ва аз карда пушаймон шаванд.
***
Мардум аз қадим ба писарон Арслонҷон, Бӯрибой, Қучқорбек, Шербек, Қоплонбек, ба духтараконашон Лола, Наргис, Райҳон, Сумбула, Садбарг, Савсан барин ном гузоштаанд.  Инчунин, онҳоро Баррачем, Парасту, Шаҳбозам гуфта, навозиш ҳам мекунанд.
Аҷаб нест, ки мардуми хирадманду дурандеш ба хотири ба табиат меҳр гузоштан, эъзоз намудан, ба қадраш расидан чунин рафтор мекунанд.
***
Дар бораи қудрати аҷиби табиат низ мехоҳам ҳарф занам. Зеро он партовҳои гуногун ва нурии бадбӯйро ҳам ба хоки замини неъмати бебаҳодиҳанда табдил медиҳанд.
***
Дарахти шаҳр! Магар ба ту зарур аст чунин азобҳо?!
Ту ба одамон ҳавои мусаффо, сояву салқинӣ мебахшӣ. Аммо онҳо то гулӯят мумфарш карда, решаи ҳаётбахшатро аз ҳавогирӣ маҳрум месозанд, ба баргҳоят дуду ғубор мезананд. Ва ту ҳам мавҷудоти зинда, ба обу озуқа зор шуда, ҳаёт ба сар бурданатро ба эътибор намегиранд.
«Болои сӯхта - намакоб» гуфтагӣ барин ба «ҳосилат» бепарво ҳастанд. Ва дарахти бемева гӯён паст мезананд.
***
Замин чорзону зада, аз моён мадад мепурсад!
Гарчанд мо бояд чорзону зада, аз ӯ мурувват кардану ба сулолаи мо насиба доданашро илтиҷоомез мепурсем!
Магар аз мо гумроҳӣ нагузашт?
***
Эй шохи урён, дар яке аз шабҳои дарози қаҳротун, туро ба хотир овардам.
Магар аз сармои нофорам хунук нахӯрдаӣ. Дар мубориза бо душмани баттол мағлуб нашудӣ? Оё вуҷудат ях набаст?! Ба ту сабру тоқат металабам.
***
Ту бачем, бедард шав. Дар китоби биологияи синфҳои 9-10 расми эмбрион ҳаст. Вай хеле ба моҳича шабоҳат дорад; думаш, жабра - гулӯи ҳавогириаш ҳаст.
Аҷиб. Оё як замонҳо гузаштагонамон моҳӣ будаанд?!
***
Дарахт - насоси табииӣ. Барои хушконидани ботлоқзор парвариш намудани ниҳолҳоро тавсия мекунанд… Вале акси он бештар аст – дар он ҷо, ки бераҳмона теша ба решаи дарахт мезананд, ҷӯйбор ва чашмаҳо шук мешаванд.
Ҳолати ба якдигар зид. Магар ҳамин хел нест?
Маълум аст, ки дар замин аз ҳад зиёд намигарӣ бисёр бошад, рустаниҳо буғ медиҳанд ва баракс аз ҳаво намиро ҷабида мегиранд.
***
Ҳоло дар бораи як воқеа, ки дар Маскав маро ба ҳаяҷон оварда буд, мехоҳам нақл намояд.
Дар боғи бошишгоҳ сайру гашт доштам. Дар шохи шамшоди Қрим, ки сар ба фалак кашида буд (Аллома Абӯалӣ ибни Сино онро «дарахти санавбар» номидааст) санҷоб пайдо шуд. Фикр карда будам, ки ҷонварак маро дида, мегурезад, аммо ин тавр нашуд. Вай ба сӯям тохт. Рости гап, аз чунин ҳодиса саросема шуд, зуд даст ба киса бурда, чанд дона пистаро ба кафи даст гирифта, ба мӯъҷизаи думаш зебо дароз  кардам. Вай каме бо дудилона, бо ҳарос нӯлашро дароз кард. Дере нагузата нафаси гарми ӯ ба кафам расид ва аз ин ҳолат вуҷудамро ҳаяҷони басо фараҳбахш фаро гирифт.
***
Дар лаҳзаҳои қалбатонро ғуссаи ногаҳонӣ пахш намудан, асабатон таранг шудан, гулхан афрӯхта каме ба он нигаред! Он мисли мавҷудоти зинда ба ҷунбиш меояд, ба сӯи осмон майл мекунад. Ҳарчанд ҳаракати он бетартибу берабт ба назар мерасад, аммо боварӣ ҳосил мекунед, ки дар ин мубориза кадом як қонуният мавҷуд аст. Дар вуҷуди шумо аз ҳаракати ӯ не, балки аз рангҳои бетакрор ҳарорати форам ворид мешавад.
Шумо нафаси сабук мекашед. Ман ба ин аминам!
Гармии тоқатфарсо вуҷуди шуморо ланҷ, ғайрататонро пажмурда месозад. Лекин ба хунукӣ муқоиса намоед, бидуни муболиға ба афзалияти он бештару хубтар боварӣ ҳосил мекунед.
***
Ман туро он қадар дӯст медорам, ки …
Мардумаки чашмони ту мисли нигоҳи кӯдак ором ва зебост.
Сари мӯъҷази ту мисли садбарги сафед аст.
Ту ниҳоят қобилу мӯъмин!
Мо ду гули нозуки ду шохи як дарахт, ки номаш табиат аст.
Ман туро ғайбат кардам, ба шаънат ривоятҳо бофтам. ранҷур нашав, ман аз ғайбатчӣ фарсахҳо дурам, азизам!
***
Сукунат. Ҳар як шахс, ки дар шаҳр истиқомат мекунад, дар ҳама ҷо ба ёди он мешавад. Боре дар саҳро ба хоб рафтан зарурат омаду шабона ба берун баромада, аз сукунати таскинбахш роҳат кардам. Ин ҷо аз ғавғои тоқатфарсои муҳаррики нақлиёт, карнай-сурнай, доду фарёди мардуми камфаросат холӣ буд. Аҷиб, ҳатто саг аккосу хурӯс бонг намезад. Чӣ қадар лаззат бурдам, намедонам. Ба назарам, вақти тездав ҳам ба сукунат ҳамроҳ гашта, таваққуф карда буд. Ба ҷои ҳаловат вуҷудамро ҳиссиёти ғашангез фаро гирифт. Бори нахуст чунин сукунати абадӣ  барои вуҷудам тамоман бегона буда, онро ҳис кардам. Ба умеди акси садо оҳиста сулфа намудам. Ҳамин вақт аз қаъри торикӣ садои ҳақ-ҳақ  ба гӯш расид. Ман онро шинохтам ва нафаси сабук кашидам: он – «ҳақ-ҳақ» ном парранда буд.
Ривоят мекунанд, ки як замон он одам будааст. Барои кордории «ношоямаш» падараш дуои бад карда будааст, ки ба парранда табдил ёфтааст. Ҳар замон «ҳақ-ҳақ» гӯён аз сиҳатманд будани худ ба ҷону ҷигарҳояш хабар медодааст. сиҳат бошӣ бас, ман - ҳақ-ҳақ!
***
Ҳамаашон ҳам ҷавонони баркамол буданд. Дар чашмонашон оташ барқ мезад! Синафарох, мушакҳои дамида, камари пурқувват, симои дилкаш, овози ҷарангосӣ доштанд онҳо.
Бисёр буданд эшон. Ана баъд ба ҷанг гирифта рафтанд. Ягон нафари онҳо ҳатто маҷрӯҳ шуда бозгашт накардаанд.
Ҳама ҳадафи фашистон шудаанд. Бечора паҳлавонҳо!


Комментариев нет:

Отправить комментарий