Дар дунё ягон алломаву нозиму носир нест, ки падари бузургвору модари муқаддасро
мадҳу ситоиш накарда бошад. Алалхусус, шоиру фозилон нисбати меҳри беҳудуди
модарон такрор ба такрор назди онҳо саҷда кардаанд.
Як замон ман ҳам ба ин мавзӯи мӯътабар даст зада, шеър навишта будам:
Бар
шумо наззора чашмони банур,
Нест
аз ман, эй азизон...
Чун
таваллуд ёфтаам бо «чашми кӯр»,
Гуфтаанд:
«Эй қисматат ин аст, дон».
Ҳис
намекардам:
«Чӣ
шаб, чӣ рӯз ҳам
Ё
баҳор чӣ, наҷми рахшон бар сарам
Аз
саҳар то шом хомӯш хонашин
Нобино
буд ҳарду чашмам ҳамчунин.
Аввали
фасли баҳор аз Тошканд
Духтуре
оварду гаштам шод ман.
Ӯ
профессор буд, чашмам бидид,
Гӯш
карду арзи ҳоламро шунид.
-
Гарчӣ душвор гуфт, бино мекунам,
(Ҷӯшу
туғён бо умед мезад дилам).
Ин
ягона роҳ дорад
Одаме
Ҳарду
чашмаш гар диҳад
Чун
марҳаме.
Кофта
мегирам ҳамон
Ҷойгир
созам чунон
Дӯстонашро
падар зуд ҷамъ овард
Ёрӣ
пурсид.
Лек
кист он ки диҳад чашмони худ
Ёки
қисмат ин гузид.
Чашм
додан, гуфтаанд, оҳ, даҳшат аст,
Боз
хешу ақраборо ҷустааст.
Рад
карданд оқибат хешу табор
Ёфт
рӯзе як гадоро ин сафар
Дарди
худро рехт аз дил ҳам падар.
Гуфт:
«Як чашмат фурӯш. эй ҷӯраҷон...»
Аз
ҳаросу бим гурехт ӯ он чунон
Ғусса
мехӯрдам хамӯш, оҳ, бенаҷот!
Ногаҳон
омад ба гӯшам боз дод,
Охир,
ин овози модарҷони ман.
Хестам
аз ҷо, не, набуд дармони ман.
Сониян...
Донам,
оҳ бечора модар, он замон
Додааст
он ҳар ду чашмаш армуғон.
Баъди
он хуфтам ба ҷои хештан,
Духтур
омад, ҳуш парид, дар хоб ман.
Фурсате
бигзашту рафт –
Рухсатам
омад ба даст!
Докаро
бигрифт духтур бо ҳунар
Ҳастиро
дидам ман аввал ҷилвагар.
О,
ошуфта дунё, осмон, ахтар, моҳ!
Одамонро
дидам аввал ин пагоҳ.
Хона
оям, модарам дидан замон,
Ин
ҳаёт бар ман ҳаром, гуфтам чунон.
Ҳарду
чашми модарам буд нобино,
Мегирист
аз зӯрии дард, эй Худо!
Вай
ба даст оҳиста медошт ин сарам,
Меҳрубон
мебӯсид ин чашми тарам.
Бар
шумо наззора ду чашмам яқин,
Нест
аз ман, дӯстон
Аз
модари ҷонам ҳамин!
Эй фарзанд! Шояд шарҳи шеър
навиштани ман барзиёд аст. Фақат мардумаки чашмон не, тамоми ҳастии мо маҳсули
пушти камари падару модарамон аст. Аммо тан гирифтан ва надомат изҳор
карданамон лозим, ки мо дар бисёр ҳолат меҳру оқибати волидайни мукаррамаро пас
аз чашм аз олами ҳастӣ пӯшидани онҳо беҳтару хубтар эҳсос менамоем, афсӯс мехӯрем.
Агар бо таъбири Мир Алишер Навоӣ гӯем. ҳар кӣ дар вақти ҳаёт будани онҳо меҳрубонӣ
сабоқат намояд, бешубҳа ҳуқуқи маънавӣ дорад, ки аз фарзандонаш чунин меҳрубонӣ
ва садоқат бубинад!
Ба ҳар як писару духтар, ки вақти ҳаёт будани падару модар, онҳоро ба рӯи
каф гирифтаанд ва пас аз маргашон руҳи поки онҳоро шод мекунанд, аз тақдири
азал илтиҷоомез зафару комёбиҳо мепурсам.
Комментариев нет:
Отправить комментарий