Эй фарзанд! Дар оғози насиҳатнома оиди аз офати табиат,
фалокати ногаҳонӣ огоҳ намудан, яъне: «гурезад, сел меояд!» гӯён бонги изтироб
задани духтараки халоскори аспсавор, ки дар як чашм пӯшида кушодан ғоиб шуда
буд, нақл карда будам. Умри инсон ҳам ана ҳамин хел – дар як мижазанӣ гузаранда
буда, ду айёмро – гузашта ва ҳозираро як лаҳза бо ҳам мепайвандад.
Оҳ, агар донӣ, хастаҳолу фартут шудани одам ниҳоят
аламовар аст! Аммо чӣ чора: дар назди қонуни табиат ғайр аз итоаткорона сар
фуруд овардан дигар илоҷе нест! Аз ҳама муҳимаш, ба пешвози чунин ҳақиқат
мардонавор баромадан аст.
Аввало, дар бобати ба нафақа баромадан таваққуф хоҳам
кард. Оё барои нафақахӯр шуда зиндагӣ кардан заминаи моддӣ ва маънавӣ ҳаст,
магар як умр аз меъёри муайян ҷудо шудан зарбаи ногаҳонӣ нест? Барои чунин ҳолатҳо
рух надодан роҳи истиқболи пириро донистан лозим. Барои мӯйсафедон саёҳатҳои
дилкаш, иштирок ба тӯй ва маъракаҳои пурилтифот, дар давраи набераҳо будан,
истироҳат дар чойхонаҳо ва албатта масҷиди ҷомеъро аз хотир набаровардан ҷоиз аст.
Аз сабаби хушбӯ будан, арча ҳазор сол умр мебинад!
Мабодо дил накашад, ба нафақа баромаданро ба оқиб кашидан
мумкин аст. Аммо дар чунин мавридҳо мансабҳои хурд, меҳнати нисбатан сабук
лозим мешавад. Барои гум накардани саломатӣ ва ҳушёрӣ бештар ҳаракат кардан, бо
меҳнати фоиданок машғул гардидан муфид аст. Албатта ҳамеша дар хотир дор, ки бақои
ҷавонӣ - тарбияи ҷисмонӣ аст!
Кас агар пир шавад, эҳтиёҷе пайдо мекунад, ки ҷавобан
хизматаш дар назди мардум онҳоро низ эҳсос намояд. Дар урфият мегӯянд, ки «Мушк
он аст, ки худ бибӯяд, на он аст, ки аттор бигӯяд».
Бинобар ҳамин, оиди фаъолияти ту дигарон ҳарф зананд, хуб
аст. Мабодо ба хотир наоранд, боке нест. Бузургон насиҳат кардаанд, ки ту некӣ
куну ба дарё андоз.
Воқеан, аз хатоҳои ҷавонӣ дар вақташ раҳоӣ ёфтан лозим,
зеро дар пиронсолӣ ҳам нуқсонҳо мешавад. Одам як умр, ҳатто дар пиронсолӣ ҳам
ба хато роҳ доданаш мумкин.
Шайх Саъдӣ доир ба як хусусияти дар пиронсолӣ доир ба як
хусусияти дар пиронсолӣ содиршудаи нуқсонҳо ҳарф зада, боғи умрро шабеҳи хазонрезӣ
ва пайдоиши аҷинҳои рӯй устокорона тасвир намудааст:
Эй фарзанд! Дар
хотир нигаҳ дор, ки мӯйсафедони серзарда, серпичинг, худписанду худсито на дар
оила ва на дар ҷамъият обрӯю эътибор пайдо мекунанд.
ҲИКОЯТ
Як вақт ба бемории аллергия дучор шудам, ки дар ҳамин
хусус гап задан мехоҳам. Ҳангоми дард гирифтан, гӯё ба дидагонам қум пур шуда,
беист ашк мерехт. Дафъатан дар назди мардум ба ҳолати ноқулай афтода, чӣ кор
карданамро намедонистам. Табибон дер гоҳ сабаби ба хастагии аллергия печидани
каминаро ёфта натавонистанд: хӯрокворӣ, дарахтҳо, фасли гул, либос ва дигар
гуна тахминҳо нодуруст баромаданд. Дар шаҳри Маскав як аллергологи машҳур бо
ман сӯҳбати тӯлонӣ ороста, пас аз тамоми ҳолатҳоро пурсида гирифтан, гуфт, ки
ба ин ҳолат як одами нохуш сабабгор аст. Ногаҳон пеши назарам як ҳамкори солхӯрдаам
ҷилвагар гашт. Вай дар утоқи шафат меҳнат
мекард ва дар арафаи ба кор омаданаш оиди дилозорӣ, саркашии ӯ гапҳои
латифанамо меафзуд. Вай бо «ифтихор» мегуфт, ки дар идораи собиқи худ яке аз ҳамкоронаш
қариб девона шудааст.
Ҳангоми ҷӯш задани завқам одати аз таҳти дил баланду беғубор
ханда карданро доштам. Як рӯз тарки одат амри маҳол гуфтагӣ барин, чунон қоҳ-қоҳ
задам, ки дари даромад нимроғ шуду сари пирамард намоён гашт. Вай аз болои
айнакаш сӯи ман дер гоҳ дида дӯхт. Дар
ин сукунат дашноми каму беш вуҷуд дошт. Дафъаи дигар беихтиёр ханда карда
будам, ки ӯ ошкоро заҳрашро пошид: «Акоҷонаш, боз як маротиба хандед, хеле маза
кардем-дия!»
Фақат ман не, ҳамкорони дигар низ эҳтиёт шуда ба ҳарос
афтода буданд. Боре котиба дари ӯро каме сахт пӯшида будааст, ки ин масъаларо
дар маҷлис гузошт. «То сахт пӯшидани дар ба башараи ман як тарсакӣ фароред, хуб
буд,» норозиёна ғурунгос зад вай.
Мӯйсафед ба оина нигарад, аввало доғи онро медид. Бо
баробари заҳр будан, ғайбатчӣ ҳам буд вай. Ҳамин, ки мусоҳибаш аз дар
мебаромад, ӯро бадгӯӣ мекард. Як рӯз косаи сабрам лабрез шуду ин камбудиҳояшро
ба худаш фаҳмонданӣ будам, ба аспи ҷаҳл нишаст. Аз ҷояш хест, даст сари сина
гузошта, бо заҳрханда пичингро оғоз намуд: «Тавбаю тазаррӯъ мекунем! Гумроҳӣ аз
ман гузашт!» «Шумо боз ба асаб расида истодаед» ғазабро фурӯ нишонда гуфтам
ман. Ӯ идома дод: «Вой, бар мани нохалаф! Вой, бар падари ман…»
Агар фикр кунам, мӯйсафеди аз сини шаст гузаштаро тарбия
намудан хомхаёлӣ бадааст. Дуруст, ӯ дар кори худ пухта буд. Вазифаашро комилан
иҷро карда, ба гапу калоча ҷой намегузошт. Лекин дар маҷлисҳо каме танқид
карданӣ шаванд, сарашро хам карда, бад гӯш
мекард: «Ҳа, акнун камина саги занҷирбанди ҳамин идора».
Хуллас, аз тарси ашкони дидагонам ҳаросида, аз ӯ канораҷӯӣ
мекардам. Аммо бо амри тақдир нобаҳангом дар долон ва роҳравҳо рӯ ба рӯ шуда
ашкони шашқаторамро нигаҳ дошта наметавонистам. Ният карда будам, ки ба дигар
кор гузараму афти ӯро набинам, аммо ба бахтам роҳбари нав омада монду рӯирост пиронсолонро
барои ба нафақа баромадан огоҳ намуд. Ба назарам, сардори нави рамузфаҳми мо
донист, ки бо ин пирамард кор кардан душвор аст.
«Чун ба беша оташ афтад, хушку тар месӯзад» гуфтагӣ барин
ба касофати ӯ дигар куҳансолон низ барои аз вазифа сабукдӯш шудан, ба ариза
навиштан маҷбур шудаанд.
Вай рафт, аммо аллергияи ман нест нашуд. Зеро ба ин одам
аз дур нигоҳам афтад, тавассути «оинаи нилгун» қиёфаашро бинам ё дар рӯзнома ва
маҷаллаҳо ба аксаш нигоҳам афтад, боз чашмонам ашкборон мешуд. Ин ҳолатро ба
атрофиён фаҳмонида наметавонистам.
Эй фарзанд! Аз дидагони мардум ашк резонидан дилозор будан
бадбахтист. Одам баробари пир шудан, хушфеъл, хушгуфтору хушрафтор, меҳрубону ғамхор,
болутфу дилкаш, қалбаш ва дасташ кушод бояд шавад. Адиби дӯстдоштаи ман Чехов
иборае дорад: «дар инсон ҳама чиз - ҳам қалб, ҳам чеҳра, ҳам либос тоза ва зебо
шуданаш лозим».
Қомати хамгаштаи пирон нишони марг нест,
Як камон сад тирро бар хок пинҳон мекунад.
Ва боз:
Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд,
Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.
Ва боз як байти пандомези Ҷомӣ:
Ҳамекун ба пирони бекас касӣ,
К-аз ин шева, донам, ба пирӣ расӣ.
Ба сини табаррук расидан ба ҳама ҳам насиб намекунад.
надоматҳо шавад, ки қадами нахустини кӯдак, қадами аввалини ӯ сӯи қабр аст.
Зеро байте ҳаст:
Вақте гуфтаанд теғи буро,
Ки бувад бетаваққуф гузаро.
Чунон, ки Ҳазрати Яссавӣ таъкид кардаанд, «аспи чорпои чӯбин»
шабу рӯз дар таъқиби ту аст. «Аҷал» ном офати мудҳиш ҳар дақиқа дар паи ба ҷисму
ҷонат чанг задан мебошад. Ба тақдири азал тадбир нашояд! Модоме, ки ба назари
Азроил наафтода ва ба ӯ чап дода, ба истгоҳи мӯйсафедон расида омадӣ, дар рӯзҳои
боқимонда ҳам бо дину диёнат шав: интиҳои асари тамоми умр иншонамудаашро
вайрон макун!
Аз он эҳтиёт шав, ки байни бузургворӣ ва бачагӣ як қадам
аст!
Аз инсон чӣ мемонад?
Аз кадоме фарзанд, аз дигаре кашфиёт, дарахт, боғ ва бино,
аз бечорае некӣ…
Пас ту ҳам ба суханҳои болоӣ соҳиб шав, бачем!
Писар ва духтари азизам! Дар китобам доир ба пастиву
баландиҳои зиндагӣ аз он худро чӣ тавр эмин доштан ба ҳоли қудрат ҳар чӣ дар
дил доштам, ба қалами оҷизу нотавон рӯи коғаз рехтаму халос. Ва он чӣ ба ту
писанд аст ва ба қалбат нишаст, бигир.
Медонам, маслиҳатҳои ман ҳамабоб нест ва онро тавсиянома
гуфтан ҳам номуносиб мебошад. Аммо бовариам комил, ки насиҳатам ба кадоме
писанд меояд, фоида медиҳад, иншооллоҳ!
Дар поёни суханам боз таъбири Шайх Саъдиро такрор
мекунам: «Аз китобам ягон саҳифа гирифта равӣ ва хонда, ба дӯстат диҳӣ, кифоя
мегӯям!»
Эй наҷотбахши олам! Ба он шахсони асари мазкурро мутолиа
карда ва аз он бандаҳои нахонда лутфу карами худро дареғ мадор!
Ба фарзандонам зафармандӣ ҳадя намо! Ноумед макун! Омин!
Комментариев нет:
Отправить комментарий