Эй фарзанди азиз! Ҳамеша дар хотир дор, ки ин дунёро бо
аслиҳа не, бо сеҳри сухан забт кардан мумкин аст. Суханҳои зукко, сафирони
хушхат, хаттотони моҳир дар ҳама замон ва ҷамъият бақадр будаанд. Танҳо он
шахсоне, ки ба чунин истеъдоди ноёб соҳиб ҳастанд, хосу омро ба худ пайрав
сохтан, онҳоро ба мубориза даъват карданашон мумкин аст. Ҳангоми дар минбар
баромадан чунон суханҳои сершира гуфтанро одат кун, ки сомеъон аз ту дилгир
нашуда, баракс ҳатто вуҷудашон ҳам ба гӯш табдил ёфта, ба корҳои нек руҷӯъ
намоянд. Сухан фақат воситаи алоқа нест, агар лозим шавад, он ҳам шамшер, ҳам
сипар аст. Калом бояд ба некӣ ва камолот хидмат намояд:
Мепарастам бас онро,
Майле ба нур дорад.
Меорам таъзим ба ҷо,
Нур ба ҳар сӯ мепошад!
Боз:
Сухан заҳру позаҳру гарм асту сард,
Сухан талху ширину дармони дард!
Фаромӯш макун, ки сухандонӣ низ қоида ва талабҳои ба худ
хос дорад. Ҳангоми ба минбар баромадан қатъӣ назар аз бисёрӣ ё камии ҷамоат
масъулиятро ҳис карда, ба суханронӣ тайёрӣ дидан лозим.
Дар лаҳзаҳои баҳсу мунозира бо диққат фикру мулоҳизаҳои
мусоҳибро гӯш кардан лозим: аланга нагирифта, ба аспи ҷаҳл нанишаста, каме
бошад ҳам бо овози пасту нарм, бо факту далел мубориза бубар.
Вақеан, ҳокими ҷаҳл - ҳокими ҳама!
Фаромӯш макун, вақте ки овозатро баланд мекунӣ, дон, ки
ноҳақ ҳастӣ! Ҳатто гапи дуруст ҳам бо ғазаб ва нафрат баён гардад, ба дашном
монанд мешавад. Дар хотир нигоҳ дор, ки мардум дар ҷамъомадҳои гуногун кӯшиш ба
харҷ медиҳанд, ки тарафи эҷобии хешро намоиш диҳанд. Дар чунин лаҳзаҳо хислату
фазилатҳои беҳтарини онҳоро эътироф намудан муфид аст. Хуб дон, ки дар байни
издиҳом камбудиҳои дигаронро ошкор сохта, доир ба нуқсонҳои худ лаб фурӯ барӣ,
ё ки танқид кардагонро таъқиб кунӣ, ҷавонмард нестӣ!
Дар дар он ҷое, ки худтанқидкунӣ, ошкорбаёнӣ ва роҳи
демократия баста аст, дар ҷамъият тараққиёт нахоҳад шуд.
Бояд танқиди ту мардумро рӯҳбаланд созад ва ба мубориза
даъват намояд!
Зеро:
Ғазали булбул шунавам гӯён инсон,
Иштиёқ дорад ба боғ.
Эй хубон, мабод боғро ҳукмрон:
Ғук, ки (мемонад ба зоғ)!
Боз як андеша ба гӯш дор.
Мегӯянд, ки агар ту бо сиёсат машғул нашавӣ, сиёсат бо ту
машғул мешавад. Аммо баробари он аксарият сиёсатро ба ғирромбозӣ мебароранд. Ба
ин масъала, маслиҳатам ҳамин аст, ки ҳафт маротиба чен карда, як маротиба
буридан лозим. Аз сиёсатбозиҳои мунофиқ,
ки тинҷиву осоиштагӣ ва фаровонии мардумро барҳақ ба ҷои аввал нагузоштанд ва дар паи мансаб ва шӯҳратгадоӣ
ҳастанд, ба ту чӣ фоида?! Зотан аллома Шайх Саъдии хирадманд ба маънои рамзӣ
хеле бамаврид насиҳат кардааст:
Ба ту чӣ ҳаст дар бозор агар нест пайса,
Пас чанг наандозад касе ба салла.
Пулат нест, чӣ ҳаст туро дар бозор,
Ба саллат чанг назанад, дилозор.
Хулоса, аз муҳите, ки дуд аз оташ зиёдтар фавора мезанад,
канораҷӯӣ кардан маъқул. Ҷону ҷигарам, як қатра хуни инсон ба намоишу вазъхонӣ
ва ибодату ҷамоати мо намеарзад!
Инчунин, аз риёкору нобакор, ки парчами дирӯз бӯсидаашро
имрӯз пайтоба кардааст, эҳтиёт шудан лозим! Ва аз ҳар шахсе, ки худ дар ғами
халқ нест, вале намоишкорона худро ба минбар мезанад, эҳтиёт шуданро фаромӯш
макун!
Инсон барои озодӣ ва демократияи ҳақиқӣ як умр мубориза
мебарад! Ба фарқи издиҳом рафта, аз муборизаи поксиришт худро ба канор магир!
Сухане, ки дар минбар гуфта шудааст, ба тухми дар замин пошдода шабоҳат дораду
бо гузашти айём реша давонда, ҳосил оварданаш лозим.
Бидон – нафрати хирадмандону ҳайрати нодонҳоро
афзункунанда сохтакорӣ ва риёкорист.
ҲИКОЯТ
Он замон дар рӯзномаи вилоятӣ адои вазифа мекардам. Як рӯз
ҷонишини сармуҳаррир Аҳмадҷон Мухторов (Илоҳо ҷояш дар ҷаннат шавад!) мо – чанд
нафар журналистони навқаламро ба ҷамъомад
таклиф кард.
- Саид Усмонов нутқ эрод менамояд, - гуфт ӯ - коғазу қалам
гиред, гапҳои фоидабахш бисёр мешавад.
Олими ниҳоят донишманд ва роҳбари хушсухан будани Саид
Усмоновро шунида бошам ҳам, вайро надида ва аз сӯҳбаташ баҳраманд нашуда будам.
Шумо, хонандаи мӯҳтарам, пеши назар ҷавонмарди сӣ-сиюпанҷсола, хуштабассум ва
дар чеҳрааш нури илоҳӣ намоёнро пеши назар оваред-дия.
То ҳол минбар ва каломи беҳтарину сеҳрофарини аз он
садодадаро ин қадар зебо тасаввур накарда будаам. Сершира будани забонамон ва
пурҷозиба будани каломро аз наздик эҳсос намудам.
Нотиқ бо салобати ба худ хос доир ба иқтисод ва ҷараёнҳои
он ҳарф зад. Бовар кунед, фанни дилгиркунандаи иқтисодиёт мазмуни ба худ хосро
бароям кашф намуд.
Рости гап, баъзан аз маҷлисҳо канораҷӯӣ мекардам, вале пас
аз ба минбар баромадани иқтисодчии мазкур худро ба ҷамъомадҳо мезадам.
Аз байн чанд муддат нагузашта, ӯ дар ноҳияи Булунғур
баромад намуд. Толор чунон хомӯшу ором буд, ки гӯё атрофро об пахш кардааст.
Не-не, нерӯи ҳозиронро сеҳру ҷоду намудан танҳо ҳаракатҳои пурҷозибаи актёрӣ,
таваққуфи бамаврид набуд, балки ақлу ҷасорат
буд! Фикри равшан, каломи буррову рост, шарҳу эзоҳи иловагиро талаб накарда,
тамоми вуҷуд ба гӯшу ҳуш табдил ёфта, ҳавасу рағбати кас ба ҳазми суханҳои нотиқ
нигаронида шуда буд.
Олими дурандеш дар баромади худ доир ба ҳаракати фермерӣ
бо мулоҳиза ва дурандешии илмӣ ҳарф зада, онҳоро ба омӯхтани маданияти корбарӣ
даъват мекард. Дар солҳои сӣ ва чилум роҳбар ё олими чунин рафтору гуфтор
доштаро «душмани халқ» эълон менамуданд. Ҳикояи ман, ки дар солҳои ҳафтодуми
асри бист рух додаст, боз ҳам ҷиддӣ ва хатарнок буд.
Дар Самарқанд ислоҳоти мазкур ба ҳаёт ҷорӣ гашт. баъзеҳо
звеноҳои оилавӣ ташкил намуда, ба иҷора
замин гирифтанд, бригадаҳои ислеҳсолӣ ба ҳисоби хоҷагӣ гузаштанд. Сипас, мошинаи
бешафқати бюрократизми шӯравӣ ба пеши ин дигаргуниҳо ғавчӯб гузошт.
Бало ба пасаш, ин - мавзӯи алоҳида! Лекин сухан дар бораи
ягонагии қавлу амал ва қудрати калом
аст.
Фарзандонам! Боз ҳаминро дар хотир доред, ки ҳар як шахс
нахуст ба забони «алла»-и модари муқаддас, ба ҳурмати шири поки ӯ бурро ҳарф
заданаш лозим! Охир,
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.
Ҳозир як замоне аст, ки бо забони модарӣ маҳдуд нашуда,
забонҳои ҷаҳониро низ пурра омӯхтан лозим, ки дари омад ва комёбиро кушодан
осон мешавад.
Боз як гап: ҳарчанд зебосанамҳои ин ё он кишварро надонед
ҳам, (дар асл онро донистан низ аз фоида холӣ нест) адибон, таҳиягарон, ҳофизон,
рассомон, бастакоронро надонистан, аз санъату истеъдоди онҳо бебаҳра мондан қашшоқии
маънавист!
Ду калима дар як мавзӯи нозук, ки ба гӯшатон мегӯям.
Ин – масъалаи миллӣ, албатта. Ба фикрам, бобо ва
бобокалонҳои мо нисбат ба моён хеле байналмилал будаанд. Агар асарҳои қомусии
онҳоро варақ занед, нисбат ба ягон миллат беписандиро ҳис намекунед. Онҳо ғайр аз забони худ боз ӯзбекӣ,
туркӣ, арабӣ ва форсиро ҳам медонистанд.
(Ҳазрати Беҳбудӣ илова бар онҳо омӯхтани забони русиро низ тавсия кардаанд).
Бинобар ҳамин, дар мадрасаҳои Шарқ кӯча ва бозорҳо худро озод ва мағрур
доштаанд. Мо аз онҳо ибрат гирифтанамон шарту зарур аст!
Мо исму насаби Маҳмудхоҷа Беҳбудиро ба забон гирифтем. Бо
ҳамин баҳона доир ба бобоҳои мубориз - ҷадидони ҷаннатӣ ҳарф назанем, аз рӯи
адолат нест.
Дар оғози асри гузашта таҳкурсии асосии истиқлолияти имрӯзаро
ҳамон донишмандон гузоштаанд. Шаъну шараф ба бобоҳои мо, ки дар сароғози соли
1917 дар Қӯқанд мухторият эълон гардид, инқилоби Октябрро зӯравонӣ гуфта ном
бурданд, аз ҳисоби худ мактабҳо, китобхонаҳо, театр, рӯзнома, маҷалла кушода,
мардумро ба маърифат даъват намуданд ва такрор ба такрор таъкид кардаанд, ки
бидуни донишу маърифат ба истиқлолият соҳиб шудан мумкин нест!
Мегӯянд, ки ҳар як миллат бо бузургони худ мефахрад, ҳар
як халқ ба фалсафаи худ эҷод кардааш ва роҳбаре, ки интихоб кардааст, муносиб
мешавад. Миллати бузург нест, аз ин лиҳоз миллати ту ҳам аз дигарон паст ё
баланд нахоҳад шуд. Бародарию баробарӣ!
Барои баланд гузоштани миллати хеш нашояд, ки аз ҳар гуна воситаҳо истифода
бурд. Барои ба камолот расидан аз осори бузургон истифода бурдан ба мақсад
мувофиқ аст. Ҳар як фард бояд оилаи худро қадршиносӣ кунад, аммо инро дар назди
омма ситоиш кардан хоксорӣ нест. Ба масъалаи миллат мантиқ низ ҳаминро талаб
мекунад. Миллат бад нест, аммо ҷабрдидагонаш, хастадилонаш, ватангадо
шудагонаш, таҳқирёфтагонаш хеле бисёранд.
Ту писари азизам, бо онҳо ака-ука, падару писар шуда,
сарашонро сила кун, руҳашонро бардор!
Ту духтарам, ба онҳо ҳамдард, хоҳар шуда, ашки
дидагонашонро пок кун!
Ба ҳар ҳол дар байни мафҳуми «халқ» ва «издиҳом» хеле
тафовут бошад ҳам, шояд дар байни миллат ана ҳамин қадар фарқ ҳаст. Лекин чи
хеле, ки издиҳом ҳам, халқ ҳам, миллат ҳам бо фарзандони худ ифтихор доранд,
одамони нобобу бадҷинс низ аз корҳои нохуш канорагирӣ карданашон лозим! Хотираи
нохуш ном кирдор ба мисли душмани камингирифта аст – вай тез-тез ба ту тирандозӣ
мекунад. Аз барои рафтору гуфтори ношоям чун дар назди худо ба виҷдон ҳисобот
додан лозим! Қонунӣ одамгарӣ ҳамин аст!
ҲИКОЯТ
Адиби рус Антон Павлович Чехов «Дар боғи помешчик» ном ҳикоя
дорад. Адиби рангинхаёл дар он Павел Илич Дешевский ном вакили баландтабақаро,
ки нисбат ба одамони пасттабақа, инҷик, худписанд, мағрур буда ва ӯро атрофиён дӯст намедоштанд, бо маҳорати
баланд тасвир кардааст.
Помешчик ду нафар духтарони қадрас дорад. Муфаттиши ба
наздикӣ ба деҳкада барои кор омада, бо духтари калонии ӯ шинос шуда, меҳмони
хонадонашон мегардад. Ба ин даргоҳ шояд касе қадам нагузошта бошад, ки аҳли
оила аз он ҷумла, Решевич аз ин ҳолат хурсанд шуд. Аммо «Тарки одат, амри маҳол»
гуфтаанд, ки рост будааст. Помешчик аз рӯи хислату тинат фалсафаи мешчании
худро идома медиҳад.
Далелу вазъи табии сафедустухонҳост, ки онро азизам,
инкор кардан мумкин нест. Мисли он, ки оҳу шох надорад. Агар ман ба нокасу
малайбача даст надиҳам, ин ба маънои ин дар олам беҳтарин чизҳоро ҳимоя намуда,
ба роҳи бузурги модар – табиат амал накарданам аст. Мо мисли ҷавонмардони Ғарб,
ки ҳуҷумҳои муғулҳоро гардондаанд, вақтро беҳуда нагузаронида, зуд аз хоби
гарон хеста, аз як гиребон сар бароварда, ба душман зарба заданамон лозим. То
ба кай ба онҳо бепарво ҳастем?! Бас акнун! Ҳамаи мо гапро як карда, то ба мо
наздик шудани нофорамҳо нафратамон афзуда, ба башараи ифлоси онҳо нигоҳ карда:
«аз ин ҷо нест шав, ту гамбӯсаки бадбӯ», «ман ин тавр карда наметавонам» гӯён рӯй
мегардонад Мейер. «Чаро ин хел?» - мепурсад Решевеич. Баҳсу мубоҳисаи доманадор
ба ҷонаш расида буд, «Барои чӣ?».
«Зеро, ман худ аз табақаи хурд ҳастам» аз ин иқроршавӣ
афти Мейер сурх шуда, ҳатто раги гарданаш варамида, ба чашмаш ашк пайдо гашт.»
Эй фарзанд! Медонам, ту одамонро ба табақа ҷудо намекунӣ!
Аммо ман аз он ҳарос дорам, ки ту беандешагӣ карда, миллатгароӣ мекунӣ! Ошнои
нав, ҳамсӯҳбат ё ки нишастагон мансуби кадом миллат буданашонро надониста, ба ҳиссиёти
нозуки ӯ нохун задан гумроҳӣ ва нодонӣ аст.
Дар давраҳои гуногун ба шаъни миллат гапу латифаҳои
ношоям гуфтан ғайр аз ҳарзагӯӣ дигар чиз нест.Ёд дорам бо устод Асқар Мухтор
дар ин мавзӯъ низ сӯҳбат ороста будам. Кӯшиш мекунам, ки баъзе ёддоштҳоро рӯи
коғаз оварам.
Гуфтам:
- Устод, агар кас сухандон, хушнавис ва боэҳтиром бошад,
ба чиҳо комёб мегардад?
Гуфтанд:
- Гӯё мисли кӯдаки ду дасташро сӯи онҳо кушода омад ёр
мешавад.
Гуфтам:
- Шумо ба чунин инсонҳо чӣ гуна мурувват ва саховатро
раво медидед?
Гуфтанд:
- Агар ихтиёр ба дасти ман мебуд, меҳрамро бо гармии
офтоб ҳамроҳ карда медодам.
Гуфтам:
- Таманнои шумо ба шахсе, ки ба минбар мебарояд?
Гуфтанд:
- Ту роҳиб нестӣ, қалбатро кушо!
Гуфтам:
- Ба нависандаҳо чиро иншо намудани чиро маслиҳат
медодед?
Гуфтанд:
- Ҳақиқатро!
Гуфтам:
- Миллатгароӣ ба чӣ меоварад?
Гуфтанд:
- Адовати миллӣ!
Гуфтам:
- Адовати миллӣ чӣ?
Гуфтанд:
- Хунрезӣ!
Комментариев нет:
Отправить комментарий