четверг, 9 июля 2020 г.

АНДАР МЕҲМОНДОРӢ ВА САЁҲАТ


         Эй ҷигаргӯшаам! Агар дар хотир дошта бошӣ, дар бобҳои аввал оиди интизоми қатъӣ ва меҳнати фидокоронаи мӯр ва занбӯрҳои асал маълумот дода будам. Аммо Ҳазрати Инсон мӯр нест ва ӯ танҳо барои меҳнат ба дунё намомадааст. Дар ин дунёи фонӣ ва гузаро аз лаззатҳои маънавӣ ва моддӣ низ баҳраманд шудан лозим. Бинобар ҳамин, зуд-зуд дар ҳалқаи меҳмонон будан ва сайру саёҳат рафтан даркор. Дар ҳар як миллату халқ анъанаи ба худ хоси меҳмоннавозӣ вуҷуд дорад. Гузаштагони мо дар ин масъала ба риояи меъёр маслиҳат додаанд.
Ба фикрам, дар рӯзҳои иду истироҳат тантанаҳои гуногун ба меҳмонӣ рафтан ё қабули эшон маъқул аст. Ба ҳар ҳол бо одамони ҷаҳонбинӣ ва тафаккурашон, аҳволи иҷтимоӣ ва феълу атворашон хосу наздик рафтуо кардан ба мақсад мувофиқ мебошад. Меҳмон мисли падар мӯътабар аст. Маслиҳати ман ба он манзил рафтан лозим, ки агар дар он ҷо ба ҳурмату эҳтиром сазовор бошӣ. Бузургон насиҳат кардаанд:
Ҳар кӣ меҳмонро гиромӣ мекунад,
Кӯшише дар некномӣ мекунад.
Ва боз:
Чу меҳмон оядат, дилшод мебош,
Зи ҳар банду ғаме озод мебош.
         Бинобар ҳамин, чун мушарраф шавӣ ба меҳмоне бояд бо чеҳраи кушоду шакаргуфторӣ истиқбол намуда, ҳар чӣ дорӣ фидояш бикунӣ ва биёварӣ таом. Охир нақл ҳаст:
Агар нони гандум надошта бошӣ ҳам суханҳои гандумиат бошад!
Бамаврид ҳазлу шӯхӣ ва латифа гуфтан, ёди некон кардан низ аз фоида холӣ нест.
Чеҳраи кушодаи мизбон, сабаби кушоиши иштиҳои меҳмон аст. Воқеан, оиди тайёр намудани таъом, пешкаш кардани шарбат, сабзавоту меваҷот табъи меҳмонро ба инобат гирифтан ва албатта, хунашро «ба ҷӯш» овардан лозим.
Аммо, бояд «тоқати меҳмон надошт, хона ба меҳмон гузошт» нашавад.
Одам дар ҳаёт бисёр ёру ошноро зиёд мекунад, аммо ҳамаи онҳо ҳам як умр дӯст нахоҳанд шуд. Ҷаҳонбинӣ ва характерҳо, яъне ситораашон рост наомаданаш мумкин аст. Дар чунин ҳолат ранҷидан, ҳавобаландӣ намудан ва нописандӣ кардан кори хуб нест.
         Дар ҳама гуна шароит ба хотир доштан лозим, ки вақти ба оила, авлод, миллат, баҳо додан ба таомули меҳмоннавозӣ чӣ дараҷа амал карда шудааст. Дар хотир дор, ки меҳмон гарчӣ азиз аст, ба монанди нафас, танг месозад, агар ояду берун наравад.

ҲИКОЯТ
Чанд сол қабл аз ин ба хоҷагии ҷамоатии ба номи Ҷабай Балиманов сафари эҷодӣ доштам. Дар ҳамон айём воқеае рух дод, ки ба хотир оварда, эътибори шумоёнро ба масъалаи нозуки меҳмондорӣ ҷалб менамоям. Зеро такрор кардани ҳикояти ибратомӯз аз фоида холӣ нест.
Зимистони “туф куну ях кун” давом дошт.  Ва атрофро барфи ғафс пахш карда, чашмро мерабуд. Он айём хабарнигори хосаи рӯзномаи ҷумҳуриятии «Қишлоқ ҳақиқати» дар вилоятҳои Самарқанду Бухоро будам. Рости гап, за куҷое ҳаваси дидан ва омӯхтани мардуми чӯпон дар фасли зимистон ба хаёлам омаду рахти сафар бастам. Хоҷагии мазкур аз Самарқанд дар масофаи 400 километр – дар оғӯши саҳрои Қизилқум ҷойгир будааст. Бо чӣ азоб ба манзил расиданамро тасвир намекунам. Зеро гап дар ин хусус нест. Дар бинои мӯҳташами  хоҷагӣ амалдори он каминаро чунон хунук қабул кард, ки сардии зимистон дар назди вохӯрии мо ҳеҷ гап набуд. Падарлаънат ба оташи сӯзони ҳаяҷонам гӯё оби сард рехт. Ҳатто пас аз муаррифӣ кардан ва ҳамчун журналист шинос кардани худ ҳам дар муомилааш нармӣ ҳувайдо нашуд.
- Ин хел газит нест, - ба шеваи ҳуд ғурунгос зад мизбон. - Сонӣ, чашмам ба меҳмон напаридааст.
Ман барои исботи суханам аз ҷузвдон рӯзномаро бароварда будам, ки ӯ бо шубҳа саволашро идома дод:
- Китобча ҳаст-мӣ?!
Ба бахтам дар ҷайбам ҳуҷҷатам набудааст. Зеро аз сабаби ба наздикӣ ташкил шудани рӯзнома фурсати тайёр кардани гувоҳнома нашуда буд. Сабаби онро фаҳмонданӣ будам, ки ӯ якбора гапамро бурид:
- Аз роҳат намон!
Маро ваҳму харос фаро гирифт. Аз андешаи шабона дар куҷо хоб рафтан дар дилам ғусса пайдо шуд. Хушбахтона, дар кӯча намондам: ба бухории нобоби меҳмонхона ҳезуми саксовулро чида гарм кардаанд. Ман ҳамон дилгиру ранҷур будам. Аввало, мақоли «тоқати меҳмон надошт, хона ба меҳмон гузошт» тасдиқашро ёфт. Дуюм, доир ба меҳмоннавозии мардуми қазоқ бисёр китоб хонда ва шунида будам-дия!
Рӯзи дигар масъала ранги дигар гирифт, ки ман аз гумони дирӯза беихтиёр хиҷолат кашидам. Маро ба бошишгоҳи писари ду карат қаҳрамони Меҳнат Ҷабай Балиматов Ҷақсилик Балиматов роҳбалад шуда бурданд. Меҳмонони нохондаро ҳамсари чӯпон (Ҷақсилик барои ҷустуҷуйи байтор ба куҷое рафта будааст) бо хурсандӣ ва чеҳраи кушод пешвоз гирифт. Ба писараш фармон дод, ки моро дар меҳмонхона андармон созад ва худ чанд қабат пӯстаки ғафсро густурда зуд ба танӯр оташ афрӯхт. Аз қабули гарму самимона диламон равшан ва ором гардид.
Аҷиб, соҳибхона ҳатто напурсид, ки мо кистем ва барои чӣ ташриф фармудем. Барои ӯ моён меҳмон будему халос.  
Саёҳат – манбаи некбинӣ ва нишоту саодат аст. Дар замони мо барои ба саёҳат баромадан монеа нест, масъалаи маблағ қалбро ба ташвиш меоварад.  Агар бо нақлиёт ба роҳ бароӣ, сӯзишворӣ, захираи қисмҳои эҳтиётӣ, инҷикиҳои миршабҳои  сарҳад, аблаҳии роҳзанҳои лаънатӣ ва дигар муаммоҳо асабатро вайрон мекунад. Бо  вуҷуди он, ба саёҳат рафта исто. Худат мулоҳиза намо: падару бобокалонҳои мо ҳам дар лаҳзаҳои душвор ҷаҳонгашта буданд. Шояд «лаҳзаҳои душвор» гуфтани мо ҷоиз нест. Дар он замонҳо ба номи «сарҳад» деворҳои баланду симхорпечи нохуш набуданд, дар пештоқи корвонсаройҳо «ҷой нест!» гуфта навиштанро ор медонистанд. Ба фикри ман, аз шаҳрҳои серхароҷоту сермағал дида, ба кӯҳсори сарбаланд, бешазорҳои соя-салқин, орому ҳаловатбахш, соҳилҳои серчашма саёҳат кардан фоидабахш аст. моҳияти ҳар як мавҷудоти рангину нотакрори ҷозибанокро дидан, назорат кардан, аз онҳо баҳра бардоштан ниҳоят бузург мебошад. Агар донӣ, дар қаъри чашмаҳо ҳаракати мавзуни селаи ширмоҳиро назорат намудан, аз хониши ҳашароту паррандаҳо мазмун ёфтан, аз бӯи  дилфиребу муаттари гулу рустаниҳо  ба ҳайрат афтодан, ба  ҳама насиб намекунад.
Ҳангоми дар шаҳрҳои кӯчаку бузург сафар кардан ёдгориҳои меъмории бостониро, бозору қабристонро зиёрат кардан, тӯй ва дастархон, одат ва анъанаҳои халқиро муқоиса кардан аҷиб аст.
Камина бо амри тақдиру хости худо дар бисёр шаҳру кишварҳо азми сафар намудам. Ҳоло мехоҳам, ки оиди чанд сол қабл аз ин ба Гурҷистон сафар намуданам нақл намоям. Дуруст, ки  давраи ҳукмронии давлати шӯро буд. Гарчанд дар Гурҷистон ҳаёт нисбати дигар ҷумҳуриҳо  хубтар буд, аммо ба истиқлол расидааст. Ва ман мехоҳам, ки на танҳо доир ба зиндагии он замон, инчунин дигаргуниҳо низ қисса намоям.
ҲИКОЯТ
 Гурҷистон! Гӯё модар-табиат тамоми саховаташро ба дастархони мардуми ин кишвар рехтааст. Хоки ин мамлакат ба минералҳои табииӣ бой – ба каф гиред, беихтиёр мағзи нони зағора ба хотиратон мерасад. Буғ, ки аз Баҳри сиёҳ ба осмон мепечад, ба борони ширгарм табдил ёфта, манбаи ризқу рӯзӣ - хокро пурнам нигоҳ медорад. Замин бошад, ба халқи меҳнаткаш ангури сершарбат, шоҳбарги чой, лимӯи хушбӯ, афлесуни хуштамъ ва дигар гуна нозу неъматҳоро саховатмандона инъом менамояд.
Дар саратон хуршеди оламгир ба атроф нури оташборашро теғ намекашонад, дар фасли зимистон бошад, замин ях баста, ба оҳан табдил намеёбад.
Мо дар ҷануби Гурҷистон қарор дорем.  Вилояти Кахетия даҳҳо ноҳияро ба оғӯши худ гирифтааст. Ҳангоми ба ин кишвар ворид шудан, аввало муҷассамаи бузурги ба ток гузошташуда диққати касро ба худ мекашад.
Қариб дар баландии бист метраи кундаи ток сарҳои рамзии ангурҳо овезон ҳастанд. Решаҳои пурқуввати он ба хоки серҳосили Кахетия ворид шудаанд.
Боз каме роҳ паймоед, рӯ ба рӯи шумо муҷассамаи Махарашвилӣ аз кинофилми «Падари аскар» ҷилвагар мегардад. Шояд аз ҳамин сабаб, дар ин ҷо эҳтиром ба ток бузург аст. Инчунин, диққати меҳмонони деҳаҳои Кахетияро хонаҳои як-дуошёнаи аз харсанг бунёдёфта, ки аз ҷиҳати сохти меъморӣ нотакрори якдигар ва воишҳои атрофи он ба худ мекашанд.
Соҳибкори хоҷагии ҷамоатии «Саниори» Сереван Гаганашвили аз Ӯзбекистон омадани моро шунида, хурсанд шуд. Ва иброз дошт, ки боздиди ёдгориҳои таърихии Самарқанди қандимӣ ва Бухорои шариф орзуи ягонаи ӯст. Ҳангоми меҳмони хонадони вай шудан, дар атрофи дастархон  занҳо, ҷавонҳо, ҳамсояҳо низ ҷамъ омаданд. Машруботи  даҳ, бист, сисоларо аз таҳхона гирифта, баромаданд. Ҷавобҳои мо ба саволҳо  мизбононро ба завқ овард.  «Оё дар Самарқанд масҷиди ҷомеъ ҳаст?», «Дар ҷойҳои Шумо ба номи Шота Роставелли кӯчае вуҷуд дорад?» ва амсоли инҳо.
Як ҷавон бо фахр гуфт, ки ангури Гурҷистон хазинаи бебаҳои селексияи халқӣ ва дар таркиби он моддаҳои сахароза ҳаждаҳ фоиз аст. Вале ӯ албатта намедонист, ки дар ангури Самарқанд ин модда бисту се фоизро ташкил мекунад. Боғбонҳои мо маҳсулоти ангурро нисбат ба гурҷиҳо ду маротиба арзон истеҳсол менамоянд.
Воқеан, сахароза. Дар бисёр манбаъҳо ин ибора моддаи қанд гуфта тарҷума шудааст, ки ин истилоҳи тамоман нодуруст. Сахароза аз қанд фарқ мекунад.
Мардуми водии Кахетия дар зимистон токро гӯр намекунанд ва дар фасли тобистон қариб, ки об намедиҳанд. Табиист, ки як қисми хароҷоти меҳнат сарфа шуда, ҳамчун ҳаққи меҳнат ба тариқи изофа ба боғбон дода мешавад. Аммо ифтихор ва серӣ танҳо меваи ана ҳамин хел даромад, гӯем, нигоҳи яктарафа мешавад. Роҳбарони Гурҷистон боғбону деҳқононро бо замини наздиҳавлӣ сарфароз кардаанд, ки соҳиби онҳо бо меҳнати ҳалол аз як ваҷаб замин пурсамар истифода мебарад. Ҳаҷми томарқа 25-40 сотих муайян шудааст. Ба он техника, озуқа ҷудо кардаанд. Аз ин рӯ,  ҳосили рӯёнидашуда ба реҷаи хоҷагӣ низ ворид мегардад.
Дар Гурҷистон чун дар Ӯзбекистон  замини навро бе рухсат ва иҷозати махсус аз худ карда, бо боғбонию деҳқонӣ шуғл варзидан имкон надорад.  Бо вуҷуди он гурҷиён масъалаи томарқаро бо дилфарохӣ ва саховатмандӣ ҳал намудаанд, ки лоиқи таҳсин аст.         Шояд шумо «ҳамаи ин гапҳои хоси давраи шӯро-дия!» гӯед. Пас аз ба  истиқлол расидани Гурҷистон боз ба ин кишвар азми сафар намудан дар қисмати ман будааст. Гарчанд кишвар аз низои гуногун зарофат дида бошад ҳам, гувоҳи он шудам, ки руҳи халқ болидаву дасташон кушод аст. Замин ба деҳқонон тақсим гардида, фаровонӣ оғоз ёфтааст: ба ҳар ҳол ман он ҷо тез-тез бо одамони меҳмондӯст ва роҳбарони баинсоф рӯ ба рӯ шудам.
Эй фарзанд! Пеши назар овар, ки Христофор Колумб ва дигар мусофирони  қитъаи Амрико кашф карда аз паси уқёнус тухми картошка, ҷуворӣ, помидор ва дигар зироатро намеоварданд.  Сайёҳи номаълум дар сӯрохии асояш аз Хитой тухми пилларо намекашонид, мо ҳам аз Аврупо дарахтҳои сояафкану манзаравии ҳамешасабз ва паррандаҳои хушхонро намеовардем, сайёҳони  Осиёи Миёна аз ин ҷо гандум, нон, панди хирадмандонро гирифта намерафтанд, инсоният чӣ қадар қашшоқу ночор мемонд!
Модом, ки чунин будааст, ҳангоми дар кадом мамлакат, шаҳр, деҳот рафтан таҷрибаи ибратомӯзи мардум ва анъанаҳои неки онҳоро омӯхтанро ҳамеша дар хотир нигоҳ дор!


Комментариев нет:

Отправить комментарий