четверг, 9 июля 2020 г.

АНДАР ИТОАТ НАМУДАН ВА САР ФУРУД ОВАРДАН


         Аз як мӯйсафед, ки беш аз як аср умр дида, бисёр таъми арақи ҷабин ва ашки дидаро чашидааст, пурсидаанд: “Чӣ сабаб шуд, ки умри бобаракат дидед?”. Пирамард гуфтааст: “Тамоми умр ба ҳеҷ кас сар фуруд наовардаам ва ҳеҷ касро ба худ тобеъ насохта, зиндагӣ ба сар бурдаам”.
         Эй фарзанд! Бидон, ки моён ба касе тобеъ ҳастем ва одамони дигар низ.
         Ба мазмун, шакл ва моҳияти каме тағйирёфтаи ибораи “сар фуруд овардан” эътибор деҳ. Бинобар ҳамин, итоаткорӣ ҳам, сар фуруд овардан ҳам сӯҳони умр аст.
- Хуб, маро бикӯб, аммо ба гапам гӯш бидеҳ, - гуфта буд сокини Афина Спартак ба хӯҷаинҳои худ.
Боз дар хотир дор, ки аксарият мардум ба сардорони худ бовар мекунанд, эътиқод менамояд, аммо амалдорон ба зердастон бо назари шубҳа менигаранд.
Гарчанд дунё чунин бунёд шудааст, ба ин ҳолат одат кардан лозим нест. Дар ҳама замону ҷамъият ҳамин хел буд; ҳокимон, амирон, раисони кумитаи иҷроия, саркотибон таърифӣ бошанд ҳам, вале ба дигар самт, ҳаракат мекунанд; онҳо ҳатто аз хиёнат намудан ба Қуръони Карим наҳаросидаанд. Чун бо гузашти айём одамони итоаткор серталаб, ҳақгӯй ва каме беандеша мешуданд, мансабдорон  маккор ва бешафқат шуда мерафтанд.
Ба ҳар ҳол роҳбар аз роҳбар фарқ дорад.
Лекин аз рӯи инсоф гӯем, дар замони мо сардор будан кори осон нест. Аз он сабаб, ки доимо асабашон вайрон аст, аксарияти онҳо ба синни нафақа нарасида, ба сактаи диил, инсулт, фишори хун барин бемориҳо гирифтор мешаванд. Аз ин рӯ, ҷамъият роҳбарони адолатпешаро қадр карданаш лозим. Мо ҳақ надорем ба  онҳое, ки  бисёр ваколат дода шудааст, камталаб бошем. Ба сардор итоат накарда, ӯро беписанд намуданро ифтихор донистан хато аст, албатта!
Эй фарзанд! Ҳар қадар соҳиби мансаби баланд гардӣ ҳам, ба дараҷаи мардумозор, дастсахт, ё ки нописанд нашав, ки ба нафрати мардум гирифтор мешавӣ! Чунон бояд корбарӣ намуд, ки мабодо аз вазифа сабукдӯш шавӣ ҳам, ёру ошноҳо аз ту рӯ нагардонанд.
Аз ҳамин сабаб, агар ба хешу пайвандон меҳрубонӣ зоҳир намоӣ, аз тӯй ва дигар маъракаҳои маҳалла канораҷӯӣ накунӣ, ба анъанаҳои миллӣ бефарқ нашавӣ, дар рӯзҳои хурсандӣ ва лаҳзаҳои вазнин бо мардум бошӣ, ҳамин кифоя аст.
Тамоили ба зинаҳои мансаб нигариста, фаъолият бурдан ҳам, такомул меёбад. Вале, ҳангоми ҳар гуна курсии мансабро тавсия намудан ҷиддӣ фикр намо; оё таҷриба, қобилияти ту ба дараҷаи кофист; оё аз собиқ роҳбар бештару хубтар фаъолият бурда метавонӣ?!
Рафту дилат роҳ надиҳад писанд наояд, бо назокат инкор кардан лозим. Таомули мардӣ ана ҳамин хел аст. Зӯроварии аз имконият берун, талабҳои пурқувват туро на танҳо аз ҷиҳати маънавӣ, инчунин ҷисмонӣ низ маҷрӯҳ карданаш мумкин. , ту барои падару модар, фарзандон, ҷамъият сиҳатманд ва бисёр умр диданат лозим!
Агар роҳбарӣ мисли ҳам касбу ҳунарҳои дигар ба ту завқу шавқ бахшида тавонад, меарзад, ки бо шавқ кор кунӣ. Тақозои тариқи кор ин аст, ки хешу пайвандон, ёру дӯстон, куҳансолону маъюбон, занону духтарону ҷабрдидагон бидуни мамониат ба ҳузурат оянд, ҳеҷ гуна азият накашанд. Чунон кӯшиш намо, ки журналистон, ҳуқуқшиносон, собиқ мансабдорон аз ҳузурат дишикаста ва бо ғазаб бадар нараванд. Ин турфа мардум дар бисёр ҳолат иззатталаб мешаванд.
Ана акнун доир ба ҷонишинҳо. Кайковуси бузург менависад: «Тамоми корро ба зиммаи вазир магзор, ба раъйи ӯ ҳамеша мӯҳтоҷ нашав. Вазир нисбати ҳар одам гап занад, гӯш кун, вале зуд хулоса набарор. Ба ӯ бигӯ, ки: «Фикр карда мебинам, агар маъқул ёбам, ҳалли ин муамморо ба ту месупорам».
Воқеан, гап дар сари пирӣ ё ҷавонӣ нест, агар подшоҳ шавӣ, ба вазирӣ пирамардро таъин кардан лозим».
Ба ин панду насиҳатҳои мумтоз чизе илова кардан мушкил аст. Танҳо ҳамин гапро илова кардан мехоҳам, ки ба ҷонишинӣ куҳансол ва ба котибӣ ва ронандагӣ синну солаш ҷавонтар беҳтар аст. Онҳо ҳалол, садоқатманд ва ҳушёру зукко бояд бошанд.
Модоме, ки қонунҳо моро ҳимоя мекунанд, бигзор мо низ ба қонуну қоида беписанд нашавем. Агар алалхусус, роҳбар ба ин масъала ба нодонӣ роҳ диҳад, сабукдӯш шудани ӯ ҳеҷ гап нест. Дар замони ту роҳбар будан сиёсату вазъият тағйир ёфтанаш мумкин аст. Дар чунин вазъият дурандешона рафтор бояд кард.
Дар масъалаи таънаву маломат, мунофиқӣ, дурӯягӣ вазнин шав. Ба ҳар эҳтимол аз дигар ҷой ба худ ва наздиконат кор ёфта мондан аз фоида холӣ нест.
Ман чунин тадбиркорон, роҳбарони доноро медонам, ки пас аз ноҳақ аз вазифа сабукдӯш гардидан, ҳеҷ наранҷида, ба бизнеси хурд ва миёна даст зада, ба дараҷаи баланд расиданд. Ба фикрам, онҳо роҳи дурусти зиндагиро интихоб кардаанд.
Аз мансаб ҷудо шуданро ҳеҷ гоҳ бадбахтӣ машумор. Чӣ ҷои руст кардан аст, баъзе шахсони кӯтоҳандеш, мансабтарош, шӯҳратгадо, баъди аз вазифа рафтан мисли тарбуз дилашонро хӯрда, нобаҳангом бандагиро ба ҷо меоваранд. Ман маҳз ба ин масъала мисол намеоварам, ки изои мӯъмин ҳаром аст.
Аз Суқрот пурсидаанд, ки чӣ чиз аҷибтар аст? – Гуфт: «Оқиле, ки аз нокомӣ таассуф хӯрад. Боз як гап: пушаймонӣ чӣ суд охир, ки дар аввал хато кардӣ?! Аммо, одам бо уммед зинда бошад!»
Эй фарзанд! Шахсони ӯҳдабуроро низ эъзоз намо, ки ба ту тобеъ ҳастанд. Аз барои камбудиҳои ночиз дили онҳоро озурда макун! Агар донӣ - нерӯи пеши ҷамъият ана ҳамин шахсони ӯҳдабароянд.  Теша ба пои роҳбарони кордон задан, ки дар тӯли сӣ-чил сол ба камол расидаанд, мисли он, ки дарахтони навҳосилро сарозер кунӣ, убол аст.
Касеро ба итоат даровардан худ якҷараёни мураккаб аст. Ба ҳар ҳол ба боварии сардор сазовор шудан лозим. Ин тадбирро бо роҳи зиёд кардани дӯстони ҳамкасб, дили онҳоро ёфтан амалӣ намудан рост меояд. Дар корхона мардумозору дилозор, нодону ҷоҳил, майхӯру айбҷӯӣ, мунофиқу дурӯя ва … бисёриҳо соҳиби хислатҳои бади инсонӣ буданашон мумкин аст. Ту, шери падар, аз онҳо баланд исто. Нисбат ба атрофиён ҳушёрӣ ва зиракиро кам макун. Ҳангоми дар ҷамоа пайдо шудани гурӯҳҳои мухталиф (чӣ илоҷ, инро ҳаёт гӯянд, ки ҷамъият аз ин маризӣ истисно нест!) ту бояд ҷонибдори адолату ҳақиқат бошӣ. Дар ин мубориза мағлуб шавӣ ҳам, як зарра ғамгин нашав! Аммо дар ҳар гуна шароит ҳам интизом, кордонӣ ва ба ҷамоа ғамхорӣ зоҳир кардан лозим!

ҲИКОЯТ
  Ёд дорам, як вақт тарзи зиндагии мӯрчаҳоро назорат кардам. То он вақт фикр мекардам, ки дар дунё чун оилаи занбӯри асал иттиҳодияи боинтизому меҳнаткаш нест. Мушоҳида кунам, мӯрчаҳо аз онҳо кам набудаанд.
Дар ин рӯзгори бузург сардорони дар лавозими хурду калон арзи вуҷуддошта (онҳоро аз боли парвозашон муайян кардан мумкин) боқимондаашон ҷонварони як умр ба меҳнат маҳкумшудагонанд. Мӯрчаҳои коргар пас аз тухм баромадан зуд ба интизоми оҳанин ном рӯзгор ва инстинги қонуни табиат сар фуруд оварда, ба меҳнат дода мешаванд. Онҳо аввало роҳу анборхонаро аз партовҳо тоза мекунанд, ба берун бароварда мепартоянд. Сипас, ташвишу таҳлукаи зимистонгузаронӣ…
Мӯрчаякҳо мисли одамон маҷлисҳо намегузаронанд. Ва дар онҳо кумитаи маҳалла нест. Аммо интизоми қатъӣ, меҳнати ҳалол ва фидокорона ҳаст. Дар ин ҷамоа танбалу бадмаст, ғайбатчиву лаганбардор, нигилисту экстремист,  хоину аблаҳ нестанд. Меҳнат барои ҳама зарурати аввал ва ҳукми қонун! Нисбат ба якдигар ва оила ғамхории онҳо даҳҳо асарҳои илмӣ ва бадеӣ иншо кардан мумкин аст. Масалан, агар ягон нафар аъзои оила маҷрӯҳ ё хаста шавад, ҳама якҷоя ба кӯмак ва ёрӣ ҳозир хоҳанд шуд. Аз дигар ҷонварон фарқи онҳо дар он аст, ки пас аз марги шарик онро бароварда, гӯр мекунанд. Агар ягон фалокат рух диҳад, масалан, хонаашонро об пахш намояд, тухм ва маҷрӯҳонро халос мекунанд.
Ҳол он, ки онҳо  мӯрчаҳо ҳастанд!


Комментариев нет:

Отправить комментарий