Эй фарзанди азиз! Ана акнун оиди тандурустӣ ҳарф хоҳам
зад. Маълум, ки нигаҳ доштани саломатӣ, дареғо, ки ҳамеша ба ихтиёри кас нест.
Садҳо нерӯҳои бади ҷамъият ва табиат (микробҳо, бактерияҳо, бӯқаламунии сиёсатҳо,
зиддиятҳо) дар корхона ва ғайра ба дили инсон неш зада меистад. Бар зидди нохушиҳо
мебояд бо қувваи пурзӯр мубориза бурд. Ман мӯътақидам, ки ба ту чунин қудрат ҳаст.
Муборизаро нахустин аз покии обу ҳаво оғоз намудан лозим.
Дар ин бора дар боло таъкид намуда
будам. Модоме, ки дар ин ду неъмати табиат иллат мавҷуд аст, барои нигоҳдории
саломатӣ ё ки барқарор намудани он табиби ман-худи ман мегуфтагӣ ҳам кафолат
дода наметавонад. Инсон - нерӯи мағлубнопазир, вуҷуди олист. Қудрати шифокор ё
тиббиётро ба ҳама чиз қодир гуфта ситоиш мекунанд. Аммо агар донӣ, он
микроорганизми ночизи ба чашм нонамоён ҳам хеле оҷиз буда, дар бисёр ҳолатҳо
инсон қурбони онҳо мешавад. Чунин ҷосусчаҳо ба вуҷуди мо тавассути ҳаво ва об
дохил мегарданд.
Дар халқ - ихлосу халос, эътиқоду мурод гуфтагӣ нақл ҳаст.
Гарчанд ту ба духтур, табиб ё экстросенс муроҷиат мекунӣ, аввал ба он эътиқод
намо, эҳтиром зоҳир кун! Як шифокори қадими Юнон гуфта будааст: ман алайҳи
беморӣ ба ҷанги тан ба тан мебароям: дар ин вақт бемор ба тарафи кӣ бошад,
дасти он баланд аст»
Аз сар гузаронидани беморӣ талабу таомулҳои худро дорад,
албатта. Аммо шарти авали беморӣ мардӣ, сабру матонат аст. Дар чунин лаҳзаҳои
нохуш ва гузаранда чунон тариқи худидоракунӣ лозим, ки хешу наздикон, ҳампалатаҳо,
табибон заррае ҳам аз ту безор нашуда, баракс меҳрашон ҷӯш занад. Қалбатро як
лаҳза ҳам умед ва боварӣ тарк накунад. Ман шахсеро мешиносам, ки пас аз ба қабр
гузоштан зинда шуда ба рӯи замин баромадааст! Қаду қомататро рост, руҳатро
болида дор!
Писарам, духтарам! Шумоён ҷону ҷигарам ҳастед. Тасаввур
карда наметавонед, ки агар ба поятон хоре халад, тамоми вуҷудам ба дард меояд.
Бинобар ҳамин, барои ман боигарии бебаҳо саломатии шумоён аст. Аз мансаб, мавқеъ,
маблағ ҷудо шавед, садақаи сар, аммо дидани рӯи пажмурда, қомати хами шумо
барои ман вазнин аст. Бале, ниҳоят вазнин!
Дар ин дунёи нотинҷ, ба сари банда чиҳо намеояд, мегӯед?
Агар омад рӯ тобад, ёки фалокате рух дода, рӯи болин хоб кунед, барои ҳаловате ҷой
нест. Ман ҳамеша бо шумоён зиндаам. Бо гардиши фалак ман набошам, чашматонро пӯшида,
маро ба ёд оваред. Дар он вақт як нигоҳи меҳрубону тасаллобахш сӯятон менигарад,
он гаҳ кадом як шиноси хеле наздик ба ҷабини шумоён панҷаҳои меҳрубону
навозишомезашро хоҳад расонд!
Ин нигоҳи руҳии ман, ангуштони шифобахши ман аст! Бале,
камина як умр дар шафати шумоён ҳастам, ки дар вақти матлуб ба дӯшам сар ниҳодани
шумоён зарураст. Ин инояти худованди табораку таолло аст! Шахси бемор итоаткор
бояд бошад. Гапу фармони ҳамшираи шафқат
ва табибонро ду накардан, шарти муҳими муолиҷаро ба поён расонидан аст. Аз
хотир фаромӯш макун, ки баъди аз беморӣ раҳоӣ ёфтан ба хурду калон, ки ба ту
дасти шафқат дароз кардаанд, арзи сипос намудан шарт аст!
Аммо қабл аз ҳама илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ гуфта, кӯшиш
ба харҷ додан лозим, ки беморӣ ба ту наздик нашавад. Барои ин ҳар як шахс худ
бояд табибу ҳабиби худ бошад. Омили муҳими
сиҳатмандӣ ва бардамӣ ҳаракат ва тарбияи ҷисмонии доимӣ мебошад. Қафқозиён
сад-яксаду чил сола машрубот истеъмол накардаанд, дуди тамоку накашидаанд (ва
ин иллатро тавсия ҳам накардаанд), аммо барои зиндагӣ ҳар рӯз ба кӯҳ баромада
фаромадаанд. Ҳаракати доимии ҷисму тан асоси дарозумрии онҳост. Инчунин, ҳавои
тозаи кӯҳсор, оби софу шаффофи чашмаҳо, савти паррандаҳои хушхон ба онҳо нерӯъ
бахшидаанд.
Писарам! Бо ҳамсарат то он дараҷа бояд ҳамдил бошӣ, ки
агар каме шамол хӯрда монӣ, вай дарҳол бохабар шавад ва ба ташвиш афтад!
Фарзандонам! Фаромӯш накунед, ки саломатии шумоён на танҳо
боигарии шахсии шумоён, балки заминаи бебаҳои авлод ва ҷамъият низ ҳаст. Дар
хотир доред, инсон танҳо ҳангоми сиҳатманд будан зебову бахтиёр аст.
Комментариев нет:
Отправить комментарий