Писар ва духтари азизам! Дар
ин дунёи серғавғо ва ташвиш ҳар кас барои ёфтани ҳамсари меҳрубон ва муносиб, тамоми ҳастии худро ба ӯ бахшидан,
фарзанд дидан, мекӯшад. Вале ин бахти нек ба ҳама насиб намекунад.
Афсӯс, ки барои тадбири бағоят
пурмасъули бунёди оила ҳеҷ кас дастури возеҳу равшан ва тавсиянома нахоҳад дод,
Зеро интихоби ҷуфти ҳалол кори бағоят пурназокати қалб аст. Аммо бо вуҷуди он,
тамоми инону ихтиёрро ба ҳукми шумоён гузоштани ман он қадар дуруст нест. Фақат
ҳамчун падари дилсӯзу пурмасъул маслиҳатҳои муфид медиҳам, ки аз фоида холӣ
нест.
Вақеан, халқи донишманд дар ин хусус пандҳои мумтоз дорад:
То сараш ду намешавад,
Молаш ҳам ду намешавад.
Боз:
Рӯзгори безан - чӯл,
Рӯзгори бозан – гул.
Боз:
Зани хирадманд – зеби хонадон.
Боз:
Ёри бад бадтар бувад аз мори бад,
Мори бад беҳтар бувад аз ёри бад!
Мори бад чун бар тану бар ҷон занад,
Ёри бад бар ҷону бар имон занад
Боз:
Бе ёри вафодор на аз умр лаззате ҳаст ва на дар зиндагӣ роҳат.
Писарам! Инро савдои умр гуфтаанд. Бинобар ҳамин, маслиҳат медиҳам, ки
барои хонадоршавӣ шитоб кардан нашояд. Ҷавони ба синни никоҳрасида, маънои онро
надорад, ки ӯ ба балоғат ҳам расидааст. Барои бунёди оила инсон бояд ҳам аз ҷиҳати
иқтисодӣ ва , ҳам маънавӣ тайёр ёки қариб
тайёр шуданаш лозим. Агар илоҷаш бошад, таҳсилро ба поён расонида, сари ягон
корро гирад, боз ҷиҳозоту зарурати тӯйро бо меҳнати худ харад, ана баъд
тараддуд кардан ҷоиз аст. Аммо ҳар чӣ қадар сари танҳо гаштани ҷавон кашол
ёбад, инҷиқ, хеле нозуктабъ ҳатто каме беписанд ҳам мешавад, ки ин ҳолатро
нодида гирифтан кори нағз нест.
Модоме, ки сухан дар бораи барқарор
намудани қӯрғони муқаддаси оиладорӣ меравад, агар қабл аз ҳама доир ба ҳиссиёти
қатъӣ ва риштаи муҳаббат таваққуф накунам, табиист, ки ошиқон каминаро ба ҷоҳилӣ
айбдор мекунанд.
Аз донишмандони Юнон, ки пеш
аз мелод умр ба сар бурда, то шоири дирӯз мактабро хатм карда доир ба ин мавзӯъ
асарҳо эҷод намудаанд. Ба онҳо, ягон фикри тоза илова намудан хеле душвор. Фақат
ҳаминро таъкид ва таъин карданам лозим, ки аз қудрати маънавии ин завқи беҳудуд
ва бетакрор бебаҳра мондан талафоти калон аст.
Шояд ту афсонаи қалби модарро
шунида бошӣ. Онро аксарияти шоирон назм кардаанд. Ман ҳам замоне қалами худро дар
эҷоди модарнома санҷида будам.
Ҳайҳот!
Ҳайҳот!
Ҳайҳот!
Нестӣ модар,
Ҷаллодӣ, ҳаёт!
Ошиқон баҳри чӣ музтариб, дилхун?
Боис чӣ, ба пои маъшуқон маҷнун?
Гоҳ ханҷар, гоҳе гул дода ба онҳо,
Партоӣ ба қаъри қисмат ононро!
Хомаам банд шуд ба як афсона,
Афсона сарбасар ҳикмат, фасона.
Дил чунон беқарор, изтироб беҳад,
Дар сухан, дар нигаҳ ишқ аланга
зад.
Одамон! Як тараф! Маст омад,
ана,
Сархуш аз шароби ишқаш девона.
Ончунон дилситон, париваш
санам,
Бегумон чу маҳтоб хушрӯ, мӯҳтарам.
Рӯҳнавоз, муаттар, латиф, ҷонфизо,
Бахтиёр, нурафшон, азиз,
мубарро.
Сар ба пои нигор ниҳода такрор,
Нолаҳо мекунад йигит зор-зор:
“Деҳ ба ман дилатро, гавҳарам, ҷонам,
Ба зулмат мапарто асло ҷаҳонам.
Гӯй ба ман рози дил, ҳастиам
нисор,
Нозанин, равонам, имонам
нисор...”
“Навҳа бас, далерам, бигуфто
дилбар,
Мардӣ гар, гӯш кун шартам ин
сафар.
Розиям диламро бубахшам ба
ту...
(Ваъдаи умедбахш ба ошиқ ин-ку)
Шоҳинам, биёр қалби ҷон
модарат,
Ҷуръатат то куҷо, намой қудратат!”
Ин чӣ гап?
Макр-мӣ, сирру синоат?
Ё ин ки ҳазл-мӣ, мудҳиш хиёнат?
Яккаю ягона буд ӯ ба модар,
Бо шитоб раҳсипор ба хона
писар.
Модари муштипар буд интизораш,
Ханҷаре ҷавон дошт дар
ихтиёраш.
Ҳарду чашмаш беҷо бас
девонавор,
Гап дағал, носазо, хашмин,
кинадор.
Дастурхон густурда менишаст
модар,
Интизор то саҳар дар роҳи
писар.
Ногаҳон нон зи хун лолагун
гардид,
Дар кафи писар дил чунон
метапид.
Медавид ба оқиб бо шитоб, чаққон,
Модарро фаромӯш карда буд ҷавон.
Дар сари остона сарозер фитод,
Аз кафаш ба сӯе дил фитод, ҳайҳот!
Во дареғ,
Во дареғ омад бар забон,
Беҳисоб ғамангез буд ин ҳол
чунон.
Гуфт: “Азиз дилбандам, ин чӣ
фалокат?
Ё надид ҷони ту зарбу зарофат?
Хез зи ҷо чароғам, дардат ба ҷонам,
Раҳ нишеб, огоҳ бош, қурбонат
шавам...”
Ҳайҳот!
Ҳайҳот!
Ҳайҳот!
Нестӣ модар,
Ҷаллодӣ, ҳаёт!
Ошиқон баҳри чӣ музтариб, дилхун?
Боис чӣ, ба пои маъшуқон маҷнун?
Узр, ки ғам афзуд гуфтори
Нусрат,
Ҳар ки худ хулоса аз он
барорад.
Файласуфе чунин гуфта будааст: муҳаббат ҳиссиётест, ки то вақти ба якдигар расидан аланга гирифта, сонитар
хомӯш хоҳад шуд.
Аввал ин афоризм ба ман хеле
писанд омад, вале дар ҳаёт акси онро дидам; Бисёр зану шавҳари то тӯй бо
якдигар ношинос баъдан ҳамдигарро маҷнунона дӯст дошта, ба якдигар такягоҳ
шуда, ҳастии худро ба якдигар бахшидаанд, ки ба онҳо қоил шудаам!
Эй фарзанд! Фаромӯш макун, ки
мисли он ки ба пилтачароғ равған, ба ниҳол об, ба парранда дон зарур аст, муҳаббат
ҳам рағбати моддӣ ва маънавиро мехоҳад. Охир, танҳо бо эҳтирос зиндагӣ карда
намешавад! Воситаи хушнудкунандаи шахси дилбохтаатро худат фикр карда ёб; балки
як даста гул, эҳтимол либоси зебо, каме ҳамду сано, табассум…
Зеро шоир фармудааст:Ба инсон бисёр чиз лозим нест. Дар хона ӯро касе
интизор бошад бас!
Духтарам! Дар замони гоҳ ором, гаҳе пуршиддат тез-тез ҷудошавии зану шавҳари
ҷавон як ҳолати нохуш аст, ки сабаби он бисёр мебошад, лекин оила ном иттиҳодияи
муқаддасро нигоҳ дошта натавонистан, ба он нописандона нигоҳ кардан гуноҳи азим
аст. Агар донӣ, ки фарзандон бошанду кас бева шавад, онҳоро зиндаятим намояд, хатои
нобахшиданӣ хоҳад шуд.
Рангу ҷилои қисмат кам нест; яке бо хушдоману хусур, дигаре арӯс аз бемаблағӣ
ва беманзилӣ сар мебарорад. Боз шавҳари кадом як бадбахт ба гиёҳвандӣ, майнӯшӣ
ёки қиморбозӣ дода шудааст. Ту, духтарам, ҷону ҷигарам, ба чунин зарбаҳои ногаҳонӣ
ҳамеша тайёр бош, ба реша рондани ҳар гуна иллатҳо роҳ надода, асосҳои пешгирии
онҳорро омӯз. Қабл аз шикоят оиди падаршӯ ва хушдоман як ҳақиқатро ба тарозуи ақл
гузошта, мушоҳида кун, ки онҳо одамони дигар замон, ту шахси дигар замон ҳастӣ.
Модоме, ки чунин аст, дар байни солҳо ва ҷаҳонбинӣ фарқ ҳаст. Қалъае ба ном рӯзгор,
ҷои заиф низ дорад, ки бояду шояд онро мустаҳкам намудан ва барои ҳамин аз
якдигар бахшиш пурсидан гаҳе дар асоси тамоили хоксорӣ ба анъанаҳои неки миллӣ
амал кардан ҳам қарз асту ҳам фарз аст. Ба ихтилофҳои хурди муносибатҳои
оиладорӣ фориғбол нашав мисли он, ки аз шарора оташ бархезад, аз зиддиятҳои кӯчак
муноқишаҳои бузург пайдо мешавад.
Боз дар хотир дор, ки зоти мард ҳамеша аз имконияташ бештар гап мезанад ва
ваъда медиҳад.
Чӣ илоҷ, ин ҳам шояд як намуди мардигарист. Модоме, ки ҳамин хел аст, ба
аспи қаҳр нишастан лозим нест. Дар Қомуси асосии мо – Конститутсия ба зану шавҳар
мақоми баробарҳуқуқӣ дода бошад ҳам,
аммо бояд дар оиладорӣ, байни хешу пайвандон, давраи дӯстон мавқеи сардор,
калонсол баланд бояд бошад. Муҳаббат ва садоқат як гапи китобӣ нест, оила ва
мард ҳам танҳо барои зарурати шаҳвонӣ бунёд намегардад.
ҲИКОЯТ
Дар деҳаи Қозиқӯрғони ноҳияи
Самарқанд Ҷӯрақул Сибир ном пирамарди рӯзгордидае зиндагӣ ба сар мебарад. Ин мӯйсафед
ду писар, ду духтар, набера, абера, чабера низ дорад.
Ҳозир (гап дар ҳолати соли 2002) вай дар сини 82 буда, 11 соли умрашро дар
маҳбасхонаҳои Сибир гузаронидааст. Дар солҳои истибдоди сталинӣ ба ӯ айби «Душмани
сохтори хоҷагии ҷамоатӣ (колхоз)»-ро гузоштаанд.
Аз тақдири шум завҷааш, ки ҳанӯз дар либоси арӯсӣ буд, доду фиғон карда
мондааст. Шавҳари мазлумро занаш низ мазлума ном гирифта буд… Аз қисмати талх
мардум ба онҳо сабру тоқат мепурсанд. Зарбаи ногаҳонии тақдир якеро хамида,
дигареро маҷрӯҳ мекунад.
Чӣ ҷои руст кардан аст, аз ғаму
ғусса яке аз сараш бензин резад, дигаре қаду қоматашро мағрур дошта, ба қасди қисмат
муборизаи шадидро оғоз мекунад.
Хуллас, Шарифаапа ба роҳи шавҳар
расо як сол интизорӣ мекашад. Аз ӯ ному нишон, ки нашуд, ба ҷустуҷӯ
пардохтааст. Ва мефаҳмад, ки Ҷӯрақули ӯ дар тарафи Сибир бадарға шудааст, дар он ҷо бо
дарахтбурӣ машғул аст.
Сибир! Кишвари сарди бепоён! Қадри
Офтоб ном мӯъҷизаи табаррукро одами ягон маротиба дар он макони сармои бераҳм буда ҳис карданаш
мумкин аст. Шояд баҳори яклаҳзавии он ҷо мисли хотираи дур ва нохуш метобад. Ба
ин ҳудуди бесарҳад якчанд мамлакатҳои Аврупоро ҷойгир кардан мумкин аст.
Аз ин рӯ, подшоҳони рус дар
ин ҷо маҳз маҳбасхонаҳо бунёд кардаанд, ки мазлумон азоби ҳам ҷисмонӣ ва ҳам руҳӣ
кашанд. Қаҳрамони ҳикояти мо ҳам дар яке аз маҳбасҳо буд, ки Шарифаапа «ноумед
шайтон» гӯён ба ҷустуҷӯи ӯ рахти сафар баст. Дар шаҳри Братск чун дигар
мусофирон меҳмонхонаҳоро пурсуҷӯ накарда, ҳабсхонаҳоро пурсид. Ана баъд мисли
арвоҳ дар атрофии симхори маҳбасхона, яъне турма гаштугузор намуда, ҳангоми
посбонони бадҷаҳлу хашмолуд аз субҳи содиқ маҳбусонро ба кор баровардан ва бегоҳӣ
бо кӯмаки сагҳои ба паси симхору панҷараҳои оҳанин зада-кӯфта бо алфози қабеҳ
ворид сохтан аз байни гавдаҳои пажмурда шавҳари худро мекофт. Оҳо, кӯҳнадӯз
Дугашвилӣ дар солҳои ҷанги хонумонсӯзи дуюми ҷаҳон дар суроғи писараш дар чанд
маҳбасхонаҳои лаби дарёи Енисей ҳам чунин саргузашт дошт.
Эй хотираҳои мақаддас! Дар маркази шаҳрҳои бузурги дунё муҷассамаҳои мӯҳташам
гузоштан лозим ба шумоён! То ки одамон дар назди садоқат ва муҳаббат сар фуруд
оварда, зери пояи шумоён гулҳо гузоранд.
Ҳамин хел Шарифаапа якуним
сол ҷустуҷӯ мекунад ҳамсарашро. Вай беҳад ранҷу азоби мусофирӣ, хору зориро аз
сар мегузаронад, ки чунин саргузашт як китоб аст. Ана ҳамин сарсониву саргардонӣ
сабаб шуда, Шарифаапа забон меомӯзад, дар ҳаёт донову зирак ва ҳушёр мегардад.
Алқисса, як гурҷии ҳарбӣ ба ҷасорати ӯ тан медиҳад ё раҳм мекунад, ки барои
кӯмаки холисона камари ҳиммат мебандад. Шарифаапа бо умеди ба висоли шавҳар
расидан якчанд моҳ дар манзили он марди раҳмдилу саховатпеша зиндагӣ карда, ба
зани бемор ва фарзандони ӯ парасторӣ мекунад. Ба некӣ некӣ гуфтаанд. Гурҷӣ ба
ваъда вафо карда, Шарифаапаро ба бешазор мебарад. Хушбахтона, дар ҳамин ҷо ӯ ҳамсари
худро ёфта гирифтааст!
Оре, барои баён кардани ҷараёни
вохӯрӣ қалам оҷиз аст. Масалан, шумо тавассути кино башараи хунуки посбононро
бисёр мушоҳида карда, ба онҳо нафрататон афзудааст, албатта. Онҳо хунсардона,
бераҳмона ва дар баъзе ҳолатҳо барои дилхушӣ куланги милтиқи дар даст
доштаашонро пахш карданашон ҳеҷ гап нест. Вале он лаҳзаи дидорбинӣ, гарчанд
сангдил бошанд ҳам, дар назди Шарифаапаи садоқатманду вафодор сар фуруд оварда,
ба зану шавҳари ба якдигар бо меҳри бепоён моил монеъ нашуданд. Рӯзи дигар,
парирӯз ҳам вохӯрӣ карданд онҳо…
Шарифаапа дар мактаби он ҷо
фаррош шуд. Ба ӯ як хоначаи хурдакакро ҷиҳозонида додаанд. Вай баробари бо
ихлос иҷро кардани вазифаи худ ҳар рӯзи худо дами гарм пухта, ба назди Ҷӯрақул
Сибир рафтуо мекард. Ана ҳамин тавр ба шахси наздики ҷамоаи мактаб ва маҳбусиён
табдил ёфт. Зеро меҳру шафқати вуҷудаш атрофиёнро бефарқ намегузошт. Ӯ зани
дилёбу савобталаб буд, ки на танҳо сару либоси шавҳараш, инчунин дигаронро низ
шуста, дарбеҳ карда, ба беморону бечорагон дасти ёрӣ дароз менамуд. Хуллас, аз
сабаби омадани занаш ба Ҷӯрақул Сибир каме насими озодӣ расид: сардорони
дурандешу раҳмдил ба онҳо иҷозат додаанд, ки шабҳо якҷоя бошанд. Ана ҳамин тавр
аз Ватан хеле дур, дар кишвари сард зану шавҳар муттакои якдигар шуда,
умргузаронӣ кардаанд.
Соли 1955 зану шавҳар дар як мошин бо лақулуқи рӯзгор ва ду писару ду
духтар кӯч баста, ба зодгоҳ омаданд.
Сад дареғ, ки панҷ сол қабл аз ин Шарифаапа чашм аз олами ҳастӣ пӯшид…
Солҳои донишҷӯӣ доир ба декабристҳо ва занҳои вафодори онҳо, ки ҷони худро
ба хатар гузошта, аз паси шавҳар ба Сибир раҳсипор шуда буданд, китобҳо хонда
будам. Вақте ки аз ҳамсояқишлоқ будани ин занро фаҳмидам, ифтихор намудам, ки
аз байни бонувони маҳаллӣ низ ҳамсарҳои вафодор баромада, шӯҳрати миллати моро
баланд бардоштаанд.
Илоҳо, руҳатон шод, хонаи
охирати шумо обод бод, Шарифаапаи қаҳрамони замони мо!
Боварӣ дорам, ки ҳоло вақте
мерасад, ки дар бораи қаҳрамонии ӯ таҳиягарон кино бардошта, ба ҳукми
тамошобинон ҳавола мекунанд.
Эй фарзанд! Агар оила гаҳвораи
ҷамъият бошад, фарзанд нерӯи камар, давомдиҳандаи насл, чароғафрӯзи сулолаи
мост!
Бидон, ки дар хонадони фориғ
аз шодиву сурури бачагон ба тадриҷ шарпаи ваҳмангези зоҳирӣ фаро мерасад. Боз
фаромӯш макун, ки дар ин дунё зани дар дасташ кӯдак дошта барин ҷонзоти зеботару
пурҷозиба дар ҳеҷ куҷо нест ва нахоҳад шуд.
Мутафаккири Шарқ Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба ин маънӣ чӣ хуш гуфта:
Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест,
Ҷуз ба ҷон фарзандро пайванд нест.
Ҳосил аз фарзанд гардад коми мард,
Зинда аз фарзанд монад номи мард.
Аммо боз:
Намак дар комҳо ширинтар аз шаҳду шаккар гардад,
Ҷигарҳо хун шавад то як писар мисли падар гардад.
Падар аз шавқи дил дар кӯдакӣ дасти писар гирад,
Ба умеде, ки дар пирӣ писар дасти падар гирад.
Азбаски ҳамин хел аст, кӯшиш
ба харҷ додан лозим, ки фарзандон сиҳатманд, доно ва боодоб шаванд. Чунин
мебояд тарбия кард, ки фарзандонамон на танҳо давомдиҳандаи умри мо, балки аз
мо низ зӯртар ва тавонотар шаванд. Масалан, писари номзади фанҳо, камаш доктори
фанҳо нашавад, ба тараққиёти сулола саҳмгузор намегардад!
Фараз кардем, ту агар се
забонро донӣ, бояд фарзандонат камаш панҷ-шаш забонро мукаммал аз худ намоянд.
Афсӯс, ки дар зиндагӣ одамони
ноқобил низ кам нестанд: қотилу фурӯшанда, нашъаманду фоҳишаву, безорӣ ва қаллобон...
Эҳ, бисёранд онҳо! Аслан ягон
нафари онҳо бад шуда, ба дунё наомадаанд. Аз сабаби нуқсонҳои тарбияи оилавӣ онҳо
иштибоҳан ба роҳи нодурусти зиндагӣ ворид шудаанд. Дар урфият мақоли пандомез ҳаст:
гунҷишк он чиро дар лонааш дид, онро такрор мекунад!
Аз ҷиҳати биологӣ инсон ба
оилаи ширхӯраҳо бо ҳарфи хурди homosapiens мансуб аст, вале бо ҳарфи калони ИНСОН – дар дидагонаш шӯълаи мунаввар,
дар қалбаш шамъчароғи некӣ, дар нияташ бузургӣ ва қатъият, дар суханаш тинҷӣ-амонӣ
муҷассам, яъне зоти олист!
Ҳеҷ гоҳ ва ҳар лаҳза фаромӯш
накунед, ки падару модар барои кирдори фарзандон дар назди ҷамъият ва таърих ҷавоб
хоҳанд дод!
Дар қалби кӯчаки фарзандон ҳамеша
тухми зарифӣ, хирадмандӣ, меҳру шафқат кошидан лозим, мебояд онҳоро ба дасти
тарбиягари зукко, муаллимони шоиста супоред, то ки дар оянда на танҳо ба оилаи
худ, бо миллату халқ ва Ватани маҳбуб низ шараф оварад!
Комментариев нет:
Отправить комментарий