четверг, 4 июля 2024 г.

ХЕШУ ТАБОРӢ ЁКИ ФАЛСАФАИ ВАДИМ

                      (Ҳикоя)

             Ба Юсуф Абдуллоев бахшида мешавад.  

  Ҳамаи ин дилсиёҳӣ аз ҳамон шанбеи нохуш, ки  аз бинии  Кӯҳзод хун шорида буд,  оғоз ёфт. Аввал худаш ҳам,  дигарон ҳам ба  ин  эътибори ҷиддӣ надоданд. Аммо хун наистод. Ба биниаш пахта монд. Сарашро боло карда хобид – хун ба ҳалқаш гузашта аз даҳонаш омад. Соҳибкор “ёрии таъҷилӣ” даъват кард. Духтур кордон  будааст – сари ӯро боз ҳам баландар карда хобонд, ба биниаш  пахтаи ба пероксиди водород намкарда,  ба паҳлуяш латтаро ба оби хунук  тар карда монда буд, ки  хунравӣ бозистод. Баъд вай фишор хунро чен кард.

  - Дар ҷояш, - гуфт ӯ худро сабук ҳис карда. – Биниатонро ба ягон  ҷой зада нагирифтед? Наменӯшед? Намекашед?

  Ӯ бо маънои инкор сар ҷумбонда истод. – Ба гармо нагардед, биниатонро сахт наафшонед, - гуфт духтур,  рафта истода. Агар боз хун равад, ба хобонидан рост меояд. Ҳангоми бемории ҷигар низ ҳамин хел шуданаш мумкин. 

  Шояд бо сабаби  бисёр рафтани хун бошад,  ӯ хеле беҳол шуд ва бори аввал дар бораи марг фикр карда монд. Кайфияташ  андаке дигар шуд. 

  Як ҳафта нагузашта ин ҳолати дилро мағшушкунанда боз такрор шуд. Ин дафъа духтурро беҳузур накарда,  ба биниаш пахтаи бо дору намкарда гузошта, ба пешонааш ях барин латтаи сард гузошта буд, ки хун бозистод. Рафта-рафта дар ҷигараш дарди рутубатноке пайдо шуд.  Ӯ ба чунин хулоса омад: “Ба ватан баргаштан лозим”.

  Ӯ дар  ин ҷой шифо ёфтан  хеле гарон буданашро шунида буд. Бинобар ин аз паи ба диёри худ баргашта муолиҷа кардан шуд. Ба сараш муддаои на чандон қатъӣ,  вале муҳим:  “Ба ҳар ҳол,  ҷойи худам, хешу табор аз ҳолам хабардор мешаванд,  сиҳат шуда равам, боз баргашта меоям” низ пайдо шуда.. Бар боло ин духтараш Шабнам қадрас шуда,  дар ин мулки бегона ба шавҳар баромадани ӯро тасаввур карда наметавонист.


*  *  *

  Ба  тақозои тақдир, аниқтараш, дар ҷустуҷӯйи нону  насиба ба посёлкаи Мамайка, ки аз шаҳри Сочӣ якчанд сангина  роҳ аст, омада мондани Кӯҳзод  аз даҳ сол гузаштааст. Хушксолиҳои пайи ҳам,  ки дар солҳои навадӯми асри ХХ рух дода буданд,  ҳамчун мардуми  ҷойҳои дигар  ҳамдеҳагони ӯро  низ ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ кард. Оби дарё хушк шуд, (назар ба гуфти  мӯйсафедон аз ин ҳафтод сол пеш ҳам чунин ҳолат рух дода будааст) қариб сад хоҷагӣ ба умеди ягона чпшма  шуда монданд. Дар охирҳои тобистон  омада, оби ин чашма  низ хеле кам шуда,  қатори ба навбат истодагон: занону духтарони  сатилу кӯза  дар даст  ва  мотосиклҳои дар каҷоваашон човаҳо гузошта  афзудан гирифт. Ба сабаби он, ки дар кӯҳсор майсаҳо  кам рӯйида буданд, мардум  моли худро ба нархи арзон фурӯхт.  Бачаҳо ба мактаб наомада монданд, муаллимон ба мардикорӣ рафтанд.  Вақте ки  воситаҳои ахбори оммавӣ дар бораи фаровонӣ,  серию пурӣ суханони  пури дурӯғ паҳн мекарданд, одамон ба воҳимаи ёфтани як бурда нон афтода монда буданд. Табиист, ки Кӯҳзод низ аз ин мустасно набуд. Рӯзи тавлиди ӯ, аниқтараш чиҳилсолагиро пур кардани ӯ,  низ ба ҳамин рӯзҳои дар ҷустуҷӯйи наҷот сарашонро ба куҷо задани мардум рост омада монд. Барқномаи ҳамон рӯз хаткашон додарафта,  батамом дигар кардани роҳи ҳаётии ӯро ба хаёлаш  ҳам наоварда буд ӯ.

  Барқия аз шаҳри Сочӣ омада, онро дӯсташ Одина фиристода, аниқтараш ӯро бо зодрӯзаш табрик  карда буд.  

  Одина гуфтагимаон аслан панҷакентӣ. Онҳо барои донишҷӯйи якҷоя ба таҳсил дохил шудап буданд. (Албатта пеш аз эълон шудани  истиқлолият). Баъд дар хобгоҳ низ ҳамхона шуда млонданд. Аз сабаби он, ки  на танҳо   феълу хӯяшон, балки ба қиёфаашон низ  ба ҳамдигар хеле наздикӣ мушоҳида мепшуд,  бисёриҳо онҳоро ҳамчун  додару бародар мешумориданд. Онҳо соҳиби қобилияти чӣ тавр  аз имкониятҳои ҳаёт истифода  бурданро медонистагӣ буданд. Ҳар дуяшон ҳам миёнақад, бинидароз, мушоҳидакор,  қонеъ, сокин, ба як маъно “шаҳрдида” буданд.

  Одина баъди хатми таҳсил ба ватанаш рафта,  бо касби муаллимӣ машғул шуданаш ҳам рафтуомади онҳо канда набуд. Дар иду зодрӯзҳо ҳамдигарро муборакбодӣ карда меистоданд.



Баъди эълон шудани истиқлол  робитаҳо мураккабтар шуданд. Дар ибтидо ҳатто мактуб ҳам соҳибашро намеёфтагӣ шуд. Ин  ҳам як  ҳолати табиӣ буд: барои  мувофиқат кардан ба тартиб ва интизоми нав вақт лозим буд. 

Мактабро партофта ба Россия  рафтани Одинаро ӯ шунида буд, аммо ин гапро  аз кӣ шуниданаш  ҳеҷ ба хотираш намеомад.

“Дӯстам дар он ҷой бо чӣ кор машғул бошад? Агар  ман ҳам равам,  бароям  коре пайдо меешуда бошад?” гуфта фикр кард ӯ, худ ба худ ва ҳамон табрикномаро аз нав  ба даст гирифту ба манзилаш зеҳн монд. Баъд мактуб фиристод. Баъди даҳ рӯз ба мактуб ҷавоби умедбахш омад, ки  дар он аз ҷумла суханони зерин сабт шуда буданд: “Ин ноилоҷӣ аз сари ман ҳам гузашта буд. Аз ин хафа шудан  лозим нест. Дӯстам,  ҷомадонатонро бардореду омадан гиред (онҳо як умр   бо ҳамдигарро ба рамзи  эҳтиром  шумо гуфта муроҷиат мекарданд). Ман бо соҳиби кор гапзанон карда мондам. Ҷойи хуфту хоб  муайян.  Корамон чандон душвор не: дар ин ҷой  замини  калони  як озарбойҷонӣ ҳаст – ана дар ҳамин ҷой гулпарварӣ мекунем.

  Кӯҳзод  бузу гӯсфандоҳои охирини худро фурӯхту, ба як қисмаш барои рӯзгор орду равған харид ва ба боқимондааш чипта роҳкиро гирифт. Ба ако ва ука - бародару додараш (онҳо ҳама дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекарданд) аз оилааш хабардор шуда истоданашонро фармуд ва  ваъда дод, ки  агар кораш омад кунад, пул фиристода меистад.

  Ин тарафаш ҳам душвор нашуд. Одина мувофиқи ваъда ӯро дар аэропорт  пешвоз гирифт. Онҳо баъди наҳор хӯрдан,  аввал баҳри Сиёҳ, баъд биноҳои мӯҳташами соҳили он, хиёбонҳои хушнамуди он ҷойро диданд.  Дили Кӯҳзод хеле пуршукӯҳ шуд;  баҳри бекарон, боғҳои сабзу пурфайз, чеҳраҳои мамнун орзу-умедҳои ӯро ба ҷӯшу хурӯш  олварданд;  инсон ба ин дунё барои бахт омаданашро аз дилу хаёлаш гузаронд ӯ...  

Одина  аз тамошои  ин ҷойҳои  пурҷозиба сер нашудани дӯсташро ҳис карда, пеш аз он, ки бо таксӣ ба Мамайка раҳсипор шаванд: “Ҳар  рӯзи якшанбе ба шаҳр фаромада меистем. Баъд   ба серӣ тамошо  мекунед”, - гуфт.

  Хонаҳои дар сари роҳ  биноҳои бо хиштҳои пухта ва ё блокҳои сафеди ба ҳамин монанд қад афрошта ва пардаҳои ҳарири дар тиреҳзаҳои он овезон  аз дар  ин ҷо фаровон будани ҳаёт гувоҳӣ медоданд.  Мамайка гуфтани ҷой ҳам як деҳаи калонакак будааст.  Дар ин ҷой ҳамаи биноҳо бо хишти пухта  сохта шудаанд, ҳавлиҳо сабзу хуррам, бо девор иҳота нашуда, бо гулу буттаҳо паноҳ карда шудаанд.

- Мо якбора се пахса девор мезанем,  худи хонаамон ҳам аз пахса. – дарди дилашро ба дӯсташ ошкор кард ӯ.

- Ҳамин хел накунем ҳам намешавад, - мол медарояд, -эътироз  карданӣ шуд Одина.

- Инҳо мол намепоянд магар?

- Дар ферма мепоянд, аммо ширу қаймоқ арзон, - гуфт ӯ.

Дар назди бинои  дуқабатаи  атрофпш бо гулҳои аҷоиб  печонидашуда истоданд.

Дӯсташ ба эзоҳ додан оғоз кард.

- Соҳиби хона дар Санкт-Петербург зиндагӣ мекунад. Дар ин ҷо Вадим ном писараш меистад. Ӯро Одамхудо мегӯянд, хаёлпараст. Як мулоҳизаи ҳамин ҷавон ҳаст: “Инсон дар куҷое ки хуб зиндагонӣ кунад,  ҳамон ҷой ватани ӯст”.  Аз ҳамин рӯз эътиборан ин хона ҳам ватани шумост.

Баъди ба зери катҳо ҷой ба ҷой кардани ҷомадон дӯсташ чой гирифта омад.  Барои он, ки дар ин ҷой байни одамони ношинос омаданаш  дили ӯро ғаш накунад, хуб шудани ба ин ҷой омаданаш,  ба корҳояш   омад омаданашро  гаштаю баргашта фаҳмонд. Баъди андаке ба роҳрав  гирифта баромаду бо  ҳамон одамони хушфъл,  муҳити атроф, шароитҳои одамон  ошно карданро давом дод.

- Дар хонаи тарафи чап ду ҷияни ман мешинанд: се сол пеш ҳамроҳ омада будем. Дар ибтидо ба мо ҳам душвор буд, ҳоло ҳаққамонро намонда мерӯёнем! Мана дар ин хона ду ҷавони  озарбойҷонӣ мешинанд. Коргурез, эрка –  аҷаб нест, ки  аз хешовандони   хӯҷаини калон бошанд. Дар ин  тараф ду хона ҳаст – ҳамон Одамхудо гуфтанамон бо  хизматгор ва  танмуҳофизаш мешинад.

- Танмуҳофизаш  ҳам ҳаст-мӣ? – нобоварона пурсид Кӯҳзод.



- Ҳа як ҷавони чечен муҳофизат  мекунад.  Аз чӣ сабаб бошад, ки аз танҳоӣ ҳаросида мегардад. Ин, Вадим гуфтагиамон факултети фалсафаро хатм карда,  ҳангоми дар ҳамон ҷой дарс додан андаке бемор шуда мондааст. Ба назарам, мағзи сараш монда шудааст. Бинобар ин волидайнаш ӯро ба ин ҷой барои  истироҳат фиристодаанд.  Дар  хонаи қабати паст занҳои аз ҳар ҷой омада  кор мекунанд. Агар хоҳед, бо ягон нафараш шинос карда мемонам.

Онҳо беғуборона хандиданд.

Одина бо ҳамсараш ва ду духтараш хонаи дар кунҷак будароо ба иҷора гирифта будаанд. Онҳо  наҳори нисфирӯзиро дар ҳамон ҷой хӯрданд. Сонӣ дӯсташ ӯро бо  соҳибкор Ҷабраил шиносонд.  Ин шахс ба забони русӣ тез сухан мекард ва овозаш аз биниаш мебаромад. Ин одами қадпаст ба  Кӯҳзод чандон маъқул нашуда монд.  Ба ҳамсӯҳбаташ, гӯё асп харида истода бошад, нигоҳ карданаш,  ҳангоми суханронӣ  ҳамеша чашмашро бозӣ доронда ба чор тараф  нигаристанаш барои ӯ ғалатӣ намид. Бо вуҷуди ин,  Кӯҳзод ба вай бо эҳтиром нигоҳ карда истод.  Зеро  ӯ ба табиати  бисёр соҳибкорон хос будани  чунин феълу атворро   медонист. Аз ҷониби Худо соҳиби кор таъин шуда фиристодани Ҷабраил  равшан аён буд: ба боварии сардор сазовор шудан, нисбати ба ӯ садоқаташро нишон дода истодан, кам харҷ карда, бештар фоида гирифтан барои  ин шахс  мазмуни ҳаёт ҳисоб меёфт. 

- Ин ҳам дар бригадаи мо кор кардан гирад-мӣ? – пурсид Одина.

Баъди розигӣ додани ӯ Одина  боз пурсид: -  Шартнома кардан лозим?

- Дар ибтидо се сад мегирад.

- Хеле кам-ку, аққалан бо маоши мо баробар кардан даркор, зану фарзандҳо дорад.

Ҷабраил ранҷидагӣ барин шуд ва ҷавоб надода монда рафт. Одина ғазабашро пинҳон карда натавонист.

- Ҳамон Одамхудо инро Азроил гуфтанаш дуруст аст. Нигаред. Дар як моҳ се сад медиҳам мегӯяд.  Ана онҳо ҳазор долларӣ  гирифта истодаанд.

- Одина, се сад доллармӣ? Майлаш,  чизе нагӯед. Ман розӣ ҳастам –охир  маоши дар он ҷой мегирифтагиамро ба доллар  баргардонем ба шаст ҳам намерасад.


*  *  *

Дар ин ҷой  дар якчанд гектар майдон  ҳар хел гулҳо парвариш карда, онро  пасу пеш ба Сочӣ бурда  мефурӯхтаанд. Баробари майдонҳои кушод якчанд гармхонаҳои болояш бо плёнка пӯшида низ ба назар мерасанд. Соҳиби ана ҳамин мулк дар Москва ва Боку чанд хона ва боз ким чӣ хел корхонаҳо доштааст. Худаш моҳе як маротиба омада,  хабар гирифта рафтанашро гуфтанд.

Кӯҳзод бо вуҷуди он, ки аз одамони дар ошхона ҷамъ шуда андаке мулоҳиза мекард,  ба шинохта мондани онҳо ва  дар хотираш нигоҳ доштани қиёфаашон кӯшиш менамуд.  Ба  ҷавонзанону духтарони зебо ва нозукандому хушсарулибос,  ба навҷавонони ҳоло аз талхию шириниҳои  ҳаёт бехабар  ва  бо ҳазилу мутоибаи хушгуфтор бо як меҳри хоса назар мекард. Баъди ношто (он ҷо тухум,  равғани зард, ширбиринҷ, қаҳва доданд) ба майдони калоне,  ки атиргул парвариш карда мешавад,  рафтанд. Дар ҳар қатор навъҳои  алоҳидаи гулҳо парвариш карда мешаванд. Онҳо  ҳамчун рангинкмон ҷило дода,  бӯйи хушашон  атрофро пуртароват мекард.  Ҳамаи ин ба дил эҳсоси гарм бахшида, ҳаётро  умедбахш, байни замину осмон на як ҷойи холӣ балки  чун як маскани зебои инсонро ба орзу, умед ва ҳавасҳои хоса бедоркунанда намудор мегардиданд.

Ба ӯ қайчии токбурӣ доданд ва онҳо барои фурӯхтан тайёр кардани гулҳо оғоз намуданд. Кӯҳзод ба қатори гули сиёҳ даромада монд. Азбаски ӯ чунин гулро бори аввал медид, аз дӯсташ пурсид:

- Оё ба ин гул ҳам харидор ҳаст?

- Хеле бисёр, -  ҷавоб дод Одина, - дар маросимҳои мотам, ба зиёрати қабри марҳумон... Баъзан аз дигар гулҳо бештар меравад ва нархаш ҳам баланд.

Навдаи ғунчаҳои ба шукуфтан моилро тақрибан ду ваҷаб монда бурида мегиранд ва ба қутиҳо ҷой мекунанд. Занҳо онҳоро  ба рангу шаклаш нигоҳ кардла ба коғазҳои нафис мепечонанд.


Нусрат Рахмат, [04.07.2024 19:47]

Нусрат Рахмат, [04/07/2024 19:44]

Кӯҳзод  тезтар ва бештар кор кардан мехост, лекин аз шариконаш андеша кард. Бар болои ин он навҷавонҳо  якдигарро сурӣ карда, ҳоло корро оғоз накарда буданд. Дар чунин ҳолат  шахси  ба кор додашуда  ҳамчун “зоғи ало”  намудор шуда монданаш мумкин буданашро ӯ хуб медонист.  Вай то ними рӯз бо аксари ҳамкорон шинос гардида дӯст шуда монд. Баъди он Ҷабраил онҳоро ба корҳои дигар парешон карда фиристод. Вай бо Одина дукаса шуда бо аз беху бунаш  арра кардани  атиргулҳои пиршуда машғул шуданд. Ана ҳамин хел кунанд, онҳо навдаҳои нав бароварданашон ба Кӯҳзод ҳам маълум буд.

Шабона, вақти дар хонаи Одина чой нӯшида нишастанашон,  дар тақ-тақ шуд. Баъди рухсат додан ба даромадан  як ҷавони тақрибан биступанҷсола вориди хона шуд. 

- Ин танмуҳофизи  Одамхудо,  – ӯро шиносонд Одина.

- Хӯҷаин туро дидан мехоҳад, - гуфт ӯ ба Кӯҳзод бо абрӯйи овезон.

Ӯ чӣ гуфтанашро надониста ба шарикаш нигоҳ кард.

- Ҳамроҳ меравем. Ҳар хел саволҳо дода каллаатро гаранг мекунад, - гуфт дӯсташ ва роҳравон дар бораи Вадим каму беш маълумот дода рафтан гирифт. 

– Ин одам дар шахси ҳар  як кас симои Худоро дидан мехоҳад. Инсонро  ба ҳамин дараҷа бузург донистан мехоҳад ӯ. “Ана ҳамин тавр ҷамъияти нав – ҷамъияти Одамхудо ба вучуд меояд”, -  чунин фалсафа бунёд кардааст ӯ ва ба  ин маҳкам боварӣ дорад. Барои ҳамин ҳам суханони ӯро маъқул карда истоданатон лозим аст. Агар маошатонро пурсад, андак зиёдтар карда гӯед... Се садро шунавад,  сахт асабӣ шуда меравад.

Кӯҳзод барои чӣ бошад, ба ин вохӯрии ногаҳонӣ хавотиромез рафта истода буд.   Лекин,   Вадим гуфтани касро диду дар дилаш як ҳузур ва ҳаловати зоҳирӣ пайдо шуд. Зеро ин ҷавон  айнан ба  Сергей Есенин монанд буд. Кӯҳзод аз  ҷавонӣ  шеърҳои Есенинро нағз медид, сурат ва сирати шоир ба шуури ӯ нақш баста буданд. Ба сабаби он, ки дидани  одами дӯстдоштаашро ба хаёлаш ҳам наоварда буд,  табассум карда монд. Мӯйсари зарднамо ва ҳамчун фарқи духтарон ба ду тараф ҷудошуда, бо чеҳраи кушод табассум карда истоданаш,  аломатҳои хушфеълии дар чеҳрааш аён, чашмони тез ва беғубораш касро мафтугкорона  сеҳр мекард. Ӯ бо телефони дастӣ касеро дашном медод.

- Кӣ туро файласуф мегӯяд? Россия ватани ман не – давлати ман! Ватанам – Мамайка:  ман дар ҳамин ҷой тавлид шуда ба воя расидаам. Ман  ба бисёр губернияҳои Россия рафтаам. Он ҷойҳоеро худам надидаам,  ман чӣ тавр Ватанам мегӯям. Не, не доир ба инн масъала ба Маркс ҳам, ба Нитсе ҳам ҳамроҳ намешавам. Фикри худам ҳаст, китобамро хон! Не, давлатмандон аз мафҳумҳои “ватан” ва “давлат”ро нафаҳмидани мо  манфиатдор ҳастанд. Як вақтҳо  дар Афғонистон ҳалокшудагонро ҳам “барои ватан ҷон дод” мегуфтанд. Ҳозир ҳам  суханони  беҳудаи “барои ватан ҷон додан даркор”ро манкуртвор такроран  гуфтан,  ба ғайр аз  инсонро ба манкурт табдил додан дигар  мақсад нест! Дар асл бар зидди  ин мевашад. Модарони ҳақиқӣ ба ҷонашонро барои фарзанд фидо кардан тайёр меистанд. Хуб, мондаашро  баъд гап мезанем, - гуфт ӯ аз меҳмононро  мунтазир карда монданаш андаке  хиҷолат кашида.

- Сигор кашам майлаш? –пурсид ӯ баъди салому алейк  онҳоро ба нишастан таклиф кард истода.  Духтур манъ кардааст, аммо иқрор мешавам, ки иродаам суст. Шинос шавем майлаш? – гуфт нохост овозашро дигар намуд ӯ,   ба Кӯҳзод муроҷиат карда истода. - Бо Одина дар донишгоҳ якҷоя таҳсил карданатонро гуфта буд ӯ.  Дар бораи худатон камтарак маълумот диҳед канӣ.

Одамхудо, яъне  Вадим гуфтагиашон ин суханро ҳамин тавр беихтиёр ва бо оҳанги дилкаш гуфт,  пас аз ин ки ҳар кас ҳам  эҳсосоти худ, ҳатто баъзе асрори ниҳонашро   баён карда монданаш ҳеҷ гап набуд. 

Кӯҳзод дар бораи худаш,  оилааш ва  деҳааш (албатта ба забони русӣ) саросема нашуда,  ба тарзи муфассал сухан кард. Аз бо тамоми диққатро ба як ҷой ҷамъ карда, бо як маром сар ҷумбонда, гоҳо бо табассум гӯш карда нишастани ӯро дида,   барои ӯ шунавандаи  гапи касе  низ санъат  буданаш   боварӣ ҳосил кардан ҳеҷ гап набуд.

- Шумо ба забони  русӣ хуб сухан мерондед, - эътироф кард ҳамсӯҳбаташ. – Гӯед чӣ,  даромади  ҳақиқии ҳамдеҳагонатон чӣ қадар? Оё ҳисоб кардаед? Масалан, ҳар як кас моҳе...



-Афсӯс, ки чунин мълумот нест.  Маоши ман муайян буд, аммо бисёри касон бекоранд. Онҳо чорво мепоянд,  ангур парвариш мекунанд. Даромади аниқ ба нафақахӯрҳо ва муаллимон. Бисёр оилаҳоро  нафақахӯрон мепоянд; агар ба доллар баргардонем,  онҳо чил-панҷоҳ мегиранд.

-Хӯш, умумӣ карда гӯйем,  даромади ҳамдеҳагонатон ба ҳисоби миёна ба сӣ доллар мерасад?

- Расад даркор, - боз мавҳумтар карда ҷавоб дод Кӯҳзод.

- Фарқи хонаю ҷойи шумоён аз  деҳаи Одина дар чист? – ба савол додан давом кард ӯ.

- Қариб ки фарқ надорад...

- Биноҳо аз лойанд?

- Ҳа. Пахса.

- Азони ҳамаи сад хоҷагӣ?

- Мактаб, идора, магазин аз хишти пухта.

- Яъне навад фоизи аҳолӣ дар хонаҳои аз лой сохташуда зинрдагӣ мекунад. Ҳамин тавр?

- Бале.

- Одамонро бойигариҳои  рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ фаровон карда наметавонад!  Неруи заковат лозим аст! Аз каси як каф тилло дар даст  дошта ларзида мегаштагӣ дида, каси  дар мағзи сараш дониш, дар дасташ ҳунараш буда бахтиёртар аст...

Дар мобайн сукунати мавҳум ба амал омад.. Фикри ин одам дар бораи  истиқлолият, аниқтараш истиқлоли  Россия  низ ҳамчун тарошаи аз бом афтода буд.

- Истиқлолиятамон абадӣ намешавад, - гуфт вай суханони Одинаро бурида, - зеро дар дунё ягон чиз абадӣ нест. Ин – қонуни диалектика.  Рафта-рафта давлатҳо як мешаванд ва нест мешаванд. Зеро давлатдорӣ ҳам ба инсоният нолозим шуда мемонад.

Баъд вай аз ҷояш хеста ба атрофиёнаш хеле нописандона нигоҳ карда: - Ман дар баландӣ баромада мондаам. Аз ин ҷо одамонрро тамошо кардан завқовар аст, -гуфт.

Кӯҳзод аз чӣ гуфтани вайро дуруст сарфаҳм нарафта монданаш, андаке мутакаббир рафтор кардани ҳамсӯҳбаташ, ғурури зоҳириаш наранҷид:  ӯ шахсони соҳибистеъдод ҳамин хел нуқсонҳо доштанашонро хуб медонист.

-Ҷабраил ба шумо чӣ қадар маош медодагӣ шуд?

- Чорсад. – ба ҷойи ӯ  ҷавоб дод Одина.

Ин ҷавобро шунида ваҷоҳати Вадим барҳақ дигар шуд. Дасташро мушт карда:

- Не, ин  - поймол кардани ҳуқуқи инсон аст! Ин  оқибравӣ ба асрҳои миёна! Оё инсонроо ҳамиин қадар  паст задан мумкин аст? Инҳо зоти инсонро ба мошинаи оддӣ баргардониданиянд! Ман шахсан ба президент мактуб мефиристам! Агар эътибор надиҳад,  меравам. Аз ватани Толстой, Пушкинро  ба макони ҷаброилу  азроилҳо баргардонидан тоқат карда наметавонам! Ба Аврупо меравам! Замон ба ту нанигарад, ту ҳам ба замона нанигар! – гуфтааст як шоир. Кишвареро,  ки инсонро дӯст намедорад, дӯст доштан ноҷоиз аст. Аз вай гурехтан лозим!

- Ба ман нигаред. – боз ба  Кӯҳзод рӯй овард ӯ, пас аз андаке хомӯшӣ. – хонаамон аз лой гуфтед, ҳаммом чӣ?

-Ҳаммом нест. – хиҷолатмандона ҷавоб дод ӯ, - хишти пухта кофтам –

 наёфтам.

  - Умуман дар деҳа ҳаммом ҳаст?

  - Нест.

-Чӣ, одамон магар шустушӯй намекунанд? – андаке  қаҳромез пурсид Вадим.

- Вақти ба шаҳр рафтанашон ба ҳаммом медароянд. Бештар дар хона об гарм мекунанд.

Ҳамсӯҳбат ғайри  чашмдошт асабӣ шуд, дасту лабонаш ларзиданд.

- Аблаҳҳо! – гуфта овозашро баланд кард. – Ҳама амалдорҳоятонро бароварда паррондан даркор! Худатонро ҳам...

Кӯҳзод ба як ҳолате афтоду сахт хиҷолат кашид.

Чечени авзояш дигаргунгашта ба вай ба забони ӯзбекӣ фармон дод:

- Рав! Рав! Рав!

Кӯҳзод ҳангоми ба берун баромада истодан ба ҳамширае ки  дору бардошта даромада истода буд,  бархӯрда бадтар мулзам шуд.

- Ба назарам, ин одам ғалатӣ барин? – гуфта пурсид  Кӯҳзод баъди ба берун баромадан аз Одина. Ман ба чӣ хел хато роҳ доданамро нафаҳмида ис тодаам.

- Шуда меистад. – муҷмал карда ҷавоб дод Одина.



*  *  *

  Ӯ ба шароит тез одат карда рафт. Кор чандон вазнин набуд: ба ғайр аз атиргулро буридан,  онро об додан, навдаҳои беҳудаашро бурида партофтан, бар зидди   пашшаи сафед ва шира барин  зараркунандаҳо,  шабнами сафед ва занг барин касалиҳо  мунтазам моддаҳои заҳрогин пошида истодан лозим буд. Инчунин  атиргулҳои солхӯрдаро бехкан карда, ба ҷояш ҷавонтарашро шинондан,  нурӣ додан, пайванд кардан лозим буд, ки ин корҳо вақти бисёреро талаб мекард.

  Баъди ягон моҳ Одина ба вай китоби Вадим навиштаро дод. Номи ин китоби ба забони русӣ навишташударо Кӯҳзод бо номи  “Муқаддима ба фалсафаи Одамхудо” тарҷима кард. Қисми ибтидоии китоб аз баёни мавзӯъ ва  андарзҳо (афоризмҳо)  иборат буда,  роҳи гузаштаи инсоният таҳлил карда шуда, ба  авлоди оянда, ки  соҳиби эътиқоди нав мешавад,  таъриф дода шуда буд. Ин боб бо суханони  “Хатои бузурги одамон -  такрор карда истодани хатоҳои худашон” оғоз гардида буд. Вақте ки   сухан дар бораи ояндаи наздик меравад,  ибтидои одамхудоҳо каромат карда мешуд;   афкори мардуми  он аз нуқсонҳои аз ҷониби авлодҳо содиршуда холӣ буданаш,  фарқ карда истоданаш, Одамхудоён худро  гоҳ-гоҳ  ба ҷафо ва азобҳо зада истоданашон, ба  имтиёз ва мукофотҳо майл накарданашон алоҳида таъкид карда шуда буд.

  Кӯҳзод китобро аввал сар-сарӣ баъд бо диққат хонда баромад ва  бисёр фикрҳои муаллиф ба назари ӯ ҳамчун тарошаи аз боим афтода вонамуд. Ба як қисми онҳо тарафдорӣ кардан ва ё ҳамроҳ нашуданашро ҳам сарфаҳм нарафта монд. Дар бобе ки “Давлат” номида шудааст,  сохтори давлатдорӣ сахт мазаммат карда шудааст. Дар ибтидо давлат вуҷуд надошт ва  барои боигарӣ шуда хунрезӣ ҳам намекардаанд.  Ба ҷойи ин сохтор ташкилотҳое бошанд, ки  қонунҳои дар миқёси ҷаҳонӣ амалкунанд ва мувофиқ  интишор намоянду бас. Дар китоб  айнан  сабабгори бисёр  бойигариҳои инсон ба вуҷуд овардаро  ба аслиҳаҳои ба сари инсоният балои азим оваранда  бо  дасти  як каф доҳию доҳичаҳо  сарф кардан зидди мантиқ буданаш таъкид шуда буд.

“Фарзандони даҳои халқро  мепаррондагӣ, меовехтагӣ, ба зиндонҳо мепартофтагӣ, бадарга мекардагӣ ҳам айнан  давлат мебошад!  Сарҳадҳои байнидавлатӣ,  истеҳком ва базаҳои ҳарбӣ барои инсоният ба  ҷуз зарар чизи дигаре нест! Дар ин бора дар таърих мисолҳо бисёранд” - хулоса карда буд ӯ.

  Муаллиф дар бораи  дин ҳам чунин бетакаллуфона мулоҳиза ронда буд. “Ҳамчун болшевикҳо ба муқобили дин баромадан лозим нест, чунки  пружинаро ҳар чӣ қадар пахш кунед,   зиддияти ӯ барҷастатар шудан мегирад. Кор нафармуда монед,  занг зада,  корношоям шуда  мемонад. Одамхудо афюн будани динро медонад:  динҳо ҳамчун давлатҳо ба ҷуз  одамонро  фиреб додан ба дигар чизе роҳ намераванд” навишта  буд ӯ.

  Фикрҳои ин одам дар бораи миллат, ғурури миллӣ низ ниҳоят нигилистона буд. Ӯ нест шудани миллатҳо ва забони ягона ба вуҷуд омаданашро  каромат карда   буд. “Ғурури миллӣ будааст. Хӯш¸ вай ба кӣ лозим? Барои миллати худро аз дигарон боло мондан магар?!” – бо заҳрханда  гуфта буд    муаллиф. Баробари ҳамин  ӯ иқтисоди бозорӣ, яъне сохтори капиталистиро ҳам,  ғояҳои коммунизмро ҳам сахт танқид карда буд. Фақат агар раъд нашуда монад, ба ҷойи ҳамаи он ҷамъияти одамхудоро барқарор кардан лозим буд.  

Як қисм  афоризмҳои дар ин китоб овардашуда ба мағзи сари Кӯҳзод сахт нақш баста монданд.

  “Эй Одамхудо, он чизе ки вақт мегӯянд,   шамъи дар дастат хомӯшшудаистода не,  балки ба машъали тобора  шӯълаафкан бадал шуданаш лозим!”

  “Боғ ором бошад, булбул бисёр мешавад.  Барои ин тамоми  модар-заминро аз аслиҳа холӣ кардан лозим аст.  Лашкар ва аслиҳа ҳамеша ба ҷанг ҳуқуқ додааст”.

  “Ҳизбҳои ғолибомада дар таърих ҳамеша ба ду тақсим шудаанд. Ҷамъияти Одамхудо аз ин нуқсон хлолист”.

  “Одамхудо аз нигилизм тамоман даст намекашад,  чунки барои    барҳам додани карахтӣ,  ҷамъбаст кардани ғояҳо ва қадриятҳо, уфуқҳои нав ҷустуҷӯй кардан нигилизм ба кор меояд.”

  “Одамони бо ғоя зиндагӣ мекардагиро ҷустуҷӯй карда, ба дили онҳо роҳ ёфтан лозим!”

  “Одамони ояндаро на бо тасодуфҳо,  балки бо кашфётҳо тарбия кардан лозим аст”.



“Барои ба Одамхудо табдил ёфтан  аз камбудиҳои даврони худ                                                                      изтироб кашидан рост меояд”.


*  *  *   

  Дар ин мобайн: “Касе ба президент номаи шикоятӣ навиштааст. Худи хӯҷаини калон омада маҷлис мегузаронидааст” гуфтанӣ овозазо паҳн шуда монд.

  Ҳамон рӯз дар хӯроки пешинӣ дигар хел оро дода шудани ошхона, мизу курсиҳоро  фарқ кардан душвор набуд. Агар ба одами дар иҳотаи Ҷабраил ва бо як каси ношинос омадани ин одамро таъриф карданӣ  бошем, баробари қадпаст ва фарбеҳак будани ӯ, ба рӯйи сап-сафедаш зебида истодани мӯйлабчааш ва чаққон ҳаракат карданашро илова кардан ҷоиз аст. 

Ҳеҷ хел дабдабаи расмӣ нашуд. Хӯҷаини калон якбора ба баёни мақсад гузашт: “Медонед, оиди боло бардоштани маошҳо фармони ҳукумат ҳаст. Аммо бинобар лоқайдии саркоратон ба ин масъала эътибор дода нашудааст. Ба ведомостҳо назар кунам, ҳашт ҳазор рубл мегирифтагиҳо ҳам будаанд. Ин сесад доллар гуфтан аст. Гӯед канӣ, магар бо ин миқдор маош зиндагӣ кардан мумкин аст? Аз имрӯз сар карда маоши ҳамаатон зиёд мешавад”.

  Одамон чапак заданд. 

 - Саволҳо, таклифҳо ҳаст-мӣ?

Яке аз занҳо  масъалаи ба оиладорҳо додани хонаю ҷойро ба миён гузошт. Аммо  хӯҷаин аз додани ҷавоби  муҷмал он сӯтар нарафт.

- Хӯҷаин адолатпеша менамояд, - фикри Одинаро фаҳмиданӣ шуд Кӯҳзод.

- Аксар хӯҷаинҳо чунин ину он мешаванд. “Бо сабаби лоқайдии сардор” гуфтанаш,  ба ғайр аз носамимиятии яклухт чизи дигаре нест. Худаш ҳамаашро медонад, назорат мекунад. Ҷабраил бе иҷозати ӯ ҳатто сулфида наметавонад.

Саҳарӣ  саркор ӯро пурсида омад.

- Маошатонро ду баробар зиёд мекунам, аммо коратон ҳам  вазнинтар мешавад. – гуфт. – Ба ғайр аз шумо дигар  касе  аз ӯҳдаи дорузанӣ баромапда наметавонистааст.  Ана ҳамин коррро шумо ба гардан мегиред. Ин гапро ба ҳама гуфта нагардед. Боз мукофот ҳам медиҳам. 

Пашшаи сафед ва шабнами сафед гуфтанӣ касалиҳо махсусан дар гармхонаҳо бисёр буданд. Бар зидди онҳо  ба “Топас” ном  заҳр об ҳамроҳ карда пошидан ва хокаи ордмонанди бадбӯйро  чанг кардан лозим буд. Ба сиҳатӣ зарарнок будани ин корро  дӯстонаш гуфта буданд ва  худаш ҳам нағзакак  медонист. Лекин,  аз маоши дурустакак,  ки  Ҷабрал ба забон гирифта буд,  рӯй тофтан нахост. Ӯ на танҳо ба оилааш,   балки ба  хешу таборонаш  низ мадад расонида истоданро ба хотир оварда мемонд.



  Гарчанд худи Кӯҳзод дар Мамайка бошад ҳам, дилаш ҳамеша дар деҳааш буд. Ҳолу аҳволи зану фарзандаш  чӣ  хел гузашта истода бошад, зиндагии хешу табор чӣ хел, дар деҳа чӣ гап?  Солҳои аввал  илоҷи пул фиристодан,   ҳатто тилфон кардан набуд. Ба ҳар ҳол оҳиста-оҳиста ин муаммо ҳал шуд.

  Рӯзе  Вадим ӯро боз даъват кард.

  - Ба ман нигаред, - гуфт вай бо эҳтиром, - шумо ба ман маъқул шуда мондед. Шумо одамхудои тайёр ҳастед. Зеро бисёр азоб дидаед, бовиҷдон ҳастед. Имкон бошад, ба ман ду рӯз муҳофизи тан мешавед. Ба Азроил  худам мегӯям. Ин ба хонааш рафта омаданаш лозим будааст,  –  ишора кард ӯ  чеченро нишон дода.

  - Ин аз ӯҳдаи муҳофизатгари тан  баромада наметавонад, - гуфт ӯ хеле нописандона.

  Кӯҳзод гапи ӯро тасдиқ карданӣ буд, ки Вадим ҷиддитар рад кард.

  - Меояд! Савияи ӯ  азони ту барин  маҳдуд нест!

  Ҷавони чечен чизе нагуфта ба Кӯҳзод роҳу равиши корро нишон дод. Шабона дар ҳамин ҷой омада хобиданаш. Лекин хобаш бурда намонданаш, ба гирду атроф чӣ хел назар карда истоданаш, аз хавфи он ки ба мошина ягон чизи тарканда нагузоранд,  аз он дур набуданашро  маслиҳат дод. Кӯҳзод розӣ шуд.

  Шабона бо Вадим ҳар ду танҳо монда хеле сӯҳбат карданд. Одамхудо гуфтагиашон  оиди ояндаи дурахшон бо шавқу завқ сухан ронданро нағз медидааст.

  - Мо дар бораи оянда чиҳоро медонем? Ҳеҷ чиз надонистанамонро медонему халос. Пештар чунин шиоре буд: “Ҳама чиз барои инсон, барои бахту саодати  инсон”. Лекин, дар асл хама сарват барои амалдорон. Барои бахту саодати онҳо  хизмат мекард  Дар ҷамъияти Одамхудо вазифаи асосӣ, кори нек барои  таърифи қалби инсон равона мешавад ва дар он  ғояҳои  ҷамъиятро вайронкунанда во намехӯрад. Чӣ қадар ҳаракат накунанд,  ақидаи Одамхудоро дар ин бобат дигар карда намешавад. Оламро  танҳо гуманизм-  инсондӯстӣ озод карданаш шиори  асосӣ шуда мемонад!

  Кӯҳзод ҳам ҷим наистода,  ба сӯҳбат ҳамроҳ мешуд. Дар китобатон: “Худо одамро офарид. Ин хатои ӯ буд. Балки баракс: одамон Худоро  офарида,  ба хато роҳ додаанд” гуфтани ҷумларо хонда мондам.

  Ба рухсори Вадим мамнуният пайдо шуд.  Ӯ боз ҳам кушода шуда рафт.

  - Ин ба тариқи мушоҳида гуфта шуда буд. Дар фалсафа силлогизм  гуфтанӣ иборае ҳаст. Ин аз ду фикр  фикри сеюми мантиқӣ баровардан аст. Ман ҳамин роҳро дастгирӣ кардаам. Дар давомаш мушоҳидаҳои дигарон ҳам ҳаст. Умуман, Худо набошад ҳам одамон онро меофаридаанд. Зеро дар ин сайёраи  бекарон одамон ба ягон кас  такя карда, мададе  ҷустанашон лозим.

  - Одамхудо ҳам китобҳои диниро мехондагӣ мешавад. Аммо  ҳама гап дар онҳоро ҷиддӣ қабул накардан аст.

  - Лекин ту халқатро, халқат туро нафаҳмида гузарад чӣ?

  Вадим аз Кӯҳзод ин хел мушоҳидаи ҷиддӣ умед надошт. Андаке ба фикр фурӯ рафту ба ҷавоб  додан оғоз намуд:


Агар хоҳӣ, ки ҳаётат шод бошаду озод,

Ба он дохил шав бо дили ҷӯшону иршод!



мегӯяд Некрасов.  Одамхудоёни аз  издиҳом ҷудошуда соҳиби ана ҳамин хел дили пурҷӯшу хурӯш мешаванд Имони комил дорам, ки  онҳо маро мефаҳманд!  Ва барои ман аз ҳама муҳимаш замин аст.! Дар ҳар гуна шароит муносибати мо ба воқеият,  ба худи воқеият мувофиқ омаданаш лозим! Барои ҳамин ҳам  на  бо  воқеияти  имрӯза,  балки бо мақсадҳои бузургу пурумеди  оянда бояд зиндагӣ кард. Ман тан мегирам,  ки мо одамхудоён материалист ҳастем! Аммо қалбҳои  ба материализм содиқ,  ташнаи  ғояҳои бузург ҳам ҳастанд. Ин ғоя ҷамъияти мавҷудаи одамхудоёнро ба вуҷуд овардан аст! Дар он вақт шиори  одамхудоён:  “Тамоми олам як шавед!”  ба вуҷуд меояд ва он амал мекунад. Тамоми сайёра ба як деҳаи  бузург ва аҳлу тифоқ мубаддал мегардад. Шумо инро тасаввур  карда истодаед? Одамон аз ҳамон Айриқия ном деҳаи шумо ба ҷойҳои дилкаш ва ҳаёташ фаровон кӯчида мераванд. Дар он ҷой мондагон ҳам  ба хонаҳои похсагин истиқомат намекунанд. Техникаи компютер  то ба дараҷае инкишоф меёбад, ки ба меҳнати ҷисмонии шахс заррае эҳтиёҷ намемонад. Одамон умри дароз дида бахтиёрона зиндагӣ мекеунанд! Охир, ҳамин хел шуданаш шарт-дия!  Инсон барои бахт  ба дунё меомадааст. Ба он сазовор шуданаш зарур.”

  Ӯ  ниҳоят,  бо шавқу завқ ва танҳо худаш  ба суханронӣ  (монолог) даромада рафта  хислатҳои аҷоиби Одамхудоҳоро хеле бисёр таъриф кард, дар бораи кадом як хел як декларатсия,  низомномаҳо  сухан ронд. Сонӣ якбора ором шуду ба Кӯҳзод савол дод.

- Агар ҳамсояатон хонаашро аз шумо баландтар карда созад, шумо чӣ мекунед?

- Ба ин эътибор намедиҳам.

- Агар пасттар созад чӣ?

- Инро фикр карда дидан даркор. Балки ман ҳам хонаамро пасттар месозам...

Одамхудо аз  чӣ бошад, ки хурсанд шуда рафт.

- Шумо Оамхудо ҳастед. Ба маънои том  Одамхудоед! Кадом рӯз шуморо нодуруст ранҷонидаам. Гӯед-чӣ, дар мактабатон компютер ҳаст-мӣ?

- Ҳаст,-  барои он, ки мусоҳибаш ба аспи ҷаҳл савор нашавад. Кӯҳзод гапи дурӯғ зад.

- Бачае ки компютерро намедонад, ба ҷуз гастрабайдер ба дигар чиз намеарзад. Агар як дона гастрабайдер дошта бошад ҳам,  он миллат ба ҳеҷ чиз намеарзад.

Рӯзи дигар онҳо ба Сочӣ рафтанӣ шуданд. Кӯҳзод андаке ба хавотир афтод. Мошина ба роҳ баромад.

Вадим ноутбукро грифта ба китобхона даромад Кӯҳзод ҳамчун соя ба ӯ ҳамроҳ шуд. Ҳангоми ба толори хониш даромада бо мутолиа банд шуданаш ҳам зиракона одамони шубҳанокро назорат карда истод. Кӯҳзод Вадимро дӯст дошта монд: агар касе ба вай дарафтад,  бар зидди душман мубориза бурдан тайёр буд. Хайрият, ҳамааш дар ҷояш шуд

Дар богашт Вадим ба Кӯҳзод маслиҳат дод:

- Оилаатонро гирифта биёред! Духонагиро медиҳам, пул намегирам!

Кӯҳзод чӣ гуфтанашро надониста монд.



*  *  *

Кӯҳзод ба деҳааш қариб баъди се сол,  дар тирамоҳ омад. Ӯ оилааш, деҳааш, хешу таборашро сахт пазмон шуда буд. Гарчи камтар бошад ҳам, дигаргуниҳо рух дода буданд: аз шаҳар “Дамас” омадурафт мекардагӣ шудааст.

- Ба шаҳр фаромадан ҳам осон шуд. – гуфтанд. -  Мардикорҳо ҳам бо “Дамас” равуо мекардагӣ шуданд.

Аз деҳа  на фақат мардҳо,  балки занҳо ҳам ба мардикорӣ баромаданашон ба вай  маъқул нашуд.

Дигаргуниҳо танҳо аз ҳамин иборат набуданд.:  дар баландӣ антенна шиноидаанд.  Имконияти телевизор дидан, бо телефон гап задан пайдо шудааст. Дигаргунии баландӣ бо роҳи худаш, лекин дар пастӣ сокинӣ ҳукмфармост. Бародараш аз пештара ҳам бештар менӯшидагӣ шудааст. Табиист, ки аҳволаш забун. Шояд ба ҳамин сабаб бошад,  янгааш ба бозори мардикор мебаромадагӣ шудааст. Додараш бошад, ба масҷид равуо мекардааст: риш монда,  эзори сафед пӯшидааст. Бар болои ҳамаи ин ӯ  худоҷӯйии худро намоиш дода,  одамонро ба намозу рӯза даъват мекардагӣ шудааст. Аз  ҷавонони деҳа чор-панҷ нафар барои кор ба Қазоқистон рафта будаанд, аммо  онҳоро чанд моҳ кор фармуда, ягон танга надода, пеш карда фиристодаанд. Азбаски Кӯҳзод  дар сохтмонҳои атрофи  Мамайка ва Сочӣ нарасидани коргаронро медонист,  ба чанд нафар  ҷавонон  роҳу равиши   ба он ҷой рафтанро фаҳмонд.

Дар деҳа   оилаҳои  аҳволашон  аз ҷиҳати  иқтисодӣ ночор бисёр буданд.  Амо  ҳаминаш аҷоиб, ки одамони дар давоми солҳо ба  ночорӣ  одаткарда аз ҳеҷ чиз наменолиданд ва барои ҳаёти хуб мубориза ҳам намебурданд. Гӯё, ки  дар ҳаёт  бахти онҳо чунин офарида шуда бошад.


*  *  *

Кӯҳзод пеш аз хайрухӯш ба додаронаш каме пул дод ва зану духтарашро ҳамроҳ гирифа ба Мамайка баргашт.

Завҷааш, ки  пештар бо зани Одина  шиносо буд,  бо ӯ дар майдони доимо гулфишони   гладиолус ва сирен  кор мекардагӣ шуданд. Шабнамро бошад,   ба мактаб монданд.  Соле нагузашта писардор ҳам шуданд. Хуллас,  солҳои  бо мақсаду бошукӯҳ пайи ҳам гузаштан гирифтанд.

Аммо,  бояд  фаромӯш накунед, ки ана ҳамин ҳаёт гуфтанӣ чиз, ба ивази шодиҳои на чандон арзанда,  ҳаққи калонро низ  талаб мекунад.  

Ба миёни ҳамин орзуҳои ширин ва умедҳои зоҳирӣ  як бемории беҳуда зада фурсонд ва  сабабгори   маҷрои дарёи пурмавҷи  ҳаётро аз роҳ баровардан шуд:  Дарди ноҳинҷори ҷигар асабро  аз кор бароварда, иштиҳоро баста,  танро беҳол мекард. Доруҳое, ки духтурҳо навишта медоданд,  муваққатан оромӣ бахшад ҳам,  азобаш чун дарди дандон дилро ғаш мекард ва  бадбахтии бузург будани бемориро  гоҳ-гоҳ пеши назар меовард.

Дар  деҳа барои муолиҷа шароити дилхоҳ набуданаш,  чаласавод будани духтурҳоро медонист. Аммо чизе  (бо умеди сиҳатӣ ва ё хавфи марг – инро худаш ҳам намедонист) ӯро  ба кишвари худ даъват мекард. Ба ӯ чунин вонамуд мешуд, ки агар равад  аз дард халос шуданаш муқаррар мешавал.  

Дар яке аз чунин рӯзҳо Вадим ӯро пурсида омад ва аз ҳамаи корҳо воқиф шуда,  ба аспи ҷаҳл савор шуд:

- Шуморо  бемор кардагӣ – ана ҳамон Азроил! Нобакор! Нафақат ӯ,  ҳукумат ва сохтори ба қадри инсон намерасидагӣ айбдор! Ман шуморо ба Олмон мефиристам – муолиҷа гирифта меоед. Хароҷоташро фикр накунед! Шумо Одамхудоед – ба қадратон нарасем, ба манифестамон доғ меафканем. Дар назди виҷдонамон азоб мекашем!

Ӯ ба давлати  дигар, байни одамоне ки забонашро намедонад,  рафта даво гирифтанро  ҳатто тасаввур ҳам карда наметавонист. Бар болои ин гумони  ба гапи як шахси  хаёлпараст  даромада, лаққӣ афтодан ӯро дудила карда монд.

Кӯҳзод бо деҳа ва хешу табораш робитаро наканда буд. Ин дафъа вай бисёртар пул фиристод:  бинобар бетоб шуданаш баъди як-ду моҳ баргаштанашро маълум кард. Хонаи истиқоматии ӯро таъмир кардан: фаршашро  нав  карда,  дару деворашро ранг карда монданашонро  илтимос кард.



  Мана,  аз мобайн  даҳ сол гузашту бо завҷааш, духтари шонздаҳсолааш, писарчаи ҳоло боғчаравакаш,  кӯчу куранашонро ба якчанд ҷомадон ҷой карда ва албатта бо чор-панҷ сӯм пул баргашта омаданд.

  Ӯ ба саволҳои  ронандаи таксӣ каму беш ҷавоб дода,  ҳушу ёдаш ба дарк кардани дигаргуниҳои ин ҷойҳо буд. Роҳҳо пасту баланд.  Аз  мумфарши ҳанӯз дар замони шӯроҳо ба сомон расонидагшуда  ҳар ҷо – ҳар ҷо порча-порча ба назар мерасанду бас.

  Бинобар тирамоҳ  ва  одамон ҳама ба ангурканӣ ва  ҷамъоварии хасу хошок банд буданашон  кӯчаҳо сокин ва беодам буданд.

  Ӯ ба ҳавлии  тавлидшудааш бо як ҳиссу ҳаяҷони бузург қадам гузошт, аммо, азбаски ҳама дар саҳро будаанд ба пешвозаш касе набаромад.  Баъди  борҳояшонрро фароварда шудан духтари калони додараш - Шарқия  пайдо шуд. Ранги рӯйи ӯ нозук. Нафис, чеҳрааш маъюс,  лекин  дилкаш буд;  ба ҳиҷоб печида,  куртаи доман ва остинаш дароз пӯшидаас.  Ба як нигоҳ ана ҳамин ҳиҷоб ҳам, кауртаи доману остиндароз ҳам ба ин духтари боибо   зебанда ӯро дафъатан маъсума нишон медод. Кӯҳзод ӯро бо  меҳрубонии пазмононоа оғӯш кашиданӣ буд, ки  Шарқия худро фавран  оқиб кашид. Сонӣ бо дигарон ҳам вохӯрӣ накарда,   чизе нагуфту монда рафт. Кӯҳзод аз ин ҳолат ба ҳайрат афтода монда буд, ки занаш  эзоҳ дод:

  - Шунида будам, ки ба  ӯ дар масҷид биботун таълим медиҳад. “Бо зоти мард во нахӯр”,  гуфта таълим дода бошад даркор.

  -Ин хел бошад, бо шумоён чӣ?

  -Сари луч ва либосҳоямон ба дилаш наншаста бошад даркор.

  Ба хонаҳо даромада  дилаш бадтар ғаш шуд:   даҳлез ҳам, хона ҳам тозанокарда. Деворҳоро ба ҷои он, ки ранг карда бошанд, ало-було оҳак молидаанд ва боқимондаи он дар сатил шах шуда мондааст. Ба фарш ҳатто ранг намолидаанд. Баъзе ҷойҳояш паридааст. Хуллас,  барои оилае ки дар Мамайка дар хонаи шинам зиндагӣ карда буданд ин ҷой ба дараҷаи шармовар буд.

  - Агар аз пуули фиристодаамон  камтарашро ҳам сарф мекарданд,  хеле эбаш медаромад, - гуфт занаш дар ҳолати гиряолуд.

  Кӯҳзод  ранҷиданашро чандон маълум накарда, ба зану духтараш дилдорӣ кард

  - Ҳеҷ воқеа не,  тоза мекунем,  фаршро ҳам иваз мекунем. Пардаҳои хуб мегирем. Пуламон бошад,  ҳаст.

  Ӯ оилаашро ором мекарду, дар куҷои дилаш фикри: “Вадим ҳақ будааст” пайдо шуда монд.

  - Ҷигарам  омад-мӣ? – овози додарашро шинохт Кӯҳзод. – Ҷигарам ормад-мӣ? Канӣ ӯ?

  Аҳволи  бародари  шермасташ  хеле афтодаҳол буд:  либосҳояш чиркину ғиҷимшуда,   дар дохили ин либосҳо худаш ҳам пажмурда менамуд.

  Бародараш ӯро оғӯш кашида бо даҳони туфолуд ҳай бӯсид. Сонӣ гириста фиристод.

  - Аз як чумча (қошуқ) хунамон гузар ука. Пулҳои фиристодаатро харҷ карда мондем. Хонаатро дигар хел карда монданӣ будем.... Ман дурак.. Қарзҳо бисёр шуда рафтанд. Лекин то охири сол ҳамаашро пас мегардонем. Балки сонитар медиҳем....

  Вай  бо шангосзании  хоси  одамони маст бемантиқ сухан меронд ва бо  рафтори девонавораш дили касро ғаш мекард.

  Дере нагузашта додараш ҳам пайдо шуд. Вай риши ба  рӯяш чандон номувофиқ монда,  дар сараш салла печонда буд. Ака-укуа оғӯшкашон вохӯрӣ карданд. Баъд додараш дуру дароз дуо кард.

  Кӯҳзод ба ӯ бо телефон дар ҷигараш пайдо шудани дардро гуфта буд. Бинобар ин сиҳатии ӯро гаштаю баргашта мепурсид. Агар акааш гиёҳҳои ба дарди ҷигар даво мешудагиро шуморида, ёфта омадани онҳоро  таъкид карда истода бошад,  укааш мулло ва дуохонҳои нафасашон  тезро номбар  мекард ва  дукаса шуда ба давои дарди ӯ шифо бахшидан миён бастанашонро  изҳор мекарданд.    

Ҳа,  нагуфта ҳаққу-ҳамсояҳо, хешу табор, муаллимон  ҷамъ шуданд.  Хотираҳои овони ҷавониро ба ёд оварда,  завқ карданд. Ошро бевақттар кашиданд . Кӯҳзод, гарчи ба ҷигараш нафоридани хӯроки бегоҳиро медонист, лекин  аз таом барвақт даст  кашиданро истиҳола кард.

  Кӯрпаю болиштҳо ҳам чирк баста,  аз онҳо бӯйи муш меомад. Бинобар ин,  худи пагоҳ кӯрпаю болишт ва ашёи рӯзгор  харида,  нохушиҳоро бартараф карданӣ шуданд.

  Оила  субҳди содиқ аз овози ғайритабии муаззин бедор шуда рафт. Микрофон аввал хиррос зад, сонӣ  овози баланди  азон шунида шуд. Баъди ин  хоби касе наомад.



Субҳона ҳангоми тайёр карда истодани дастурхон барои ношто,  акааш бо овози норозӣ гила кард.


Нусрат Рахмат, [04/07/2024 19:44]

- Ба ин ҷой биёетон,  якҷоя  чой менӯшем! Айб мешавад!

  Барои оилае, ки дар Мамайка дар атрофи мизи  пуру пемон ба  курсиҳо нишаста  тановул мекарданд,  дар ин ҷой номувофиқиҳо бисёр буданд. Болои кат пури одам, бачаҳо чиркин,  пахтаи кӯрпачаҳои ҳар ҷояш дарида титу парит. Бар болои дастурхон ба ғайр аз нону чой ва ангур чизи дигаре нест. Аммо ба ҳамин нигоҳ накарда, ҳеҷ кас ба дастурхон даст дароз намекард. Кӯҳзод бо назари савол ба акааш нигоҳ кард. 

  - Қобил намозашро хонда биёяд, – гуфт ӯ ба тарафи айвон нигоҳ карда.

  Гарчанд намоз панҷ вақт фарз шуда бошад ҳам, Қобил  ҳар рӯз  шаш- ҳафт маротиба ба саҷда сар мемондааст. Имом  хатиб  қарзи намозҳои дар вақташ хонданашударо (онҳо қазо мегӯянд) канданро маслиҳат дода будааст. Ниҳоят, Қобил ҳам омад. Ҳама ба вай бо одоб салом дода, ҷой нишон доданд.

  Дар сари дастурхон гап дар хусуси барои мавиз  хушк кардани   ангур, ҷамъ кардан хасу хошок барои чорво мерафт.  Ҳамаи ин барои Кӯҳзод ва оилааш  бегона ва дилгиркунада буд. Акааш дар бораи гум шудани мехи оҳанини маркабаш се маротиба бо  сӯзу гудоз ҳарф зад,  Қобил дар бораи дар  атрофи дастурхон чӣ  хел нишастан,  баъди дастро шустан онро афшондан убол буданашро таъкид кард . Кӯҳзод  дар рӯйи дастурхон барои камаш даҳ кас ҳамагӣ шашто  пиёла буданашро дида, ба духтараш фармуд:

-Шабнам, тохта раву аз хона даҳто пиёла гирифта биё!

Пагоҳ занаш ҳамроҳи духтараш ба бозор мерафтагӣ шуданд.

  -Ҳамон, маъсума гуфтани ҷиянатон  ба Шабнам таҳдид карда истода будааст: “Агар куртаю лозимӣ дар бар карда нагардӣ, хафа карда мекушам”, гуфтааст.  Дар ин ҷой бошад дарзӣ нест.

  Чунин ҳаракати Шарқияи  бокираи ба чашмони Кӯҳзод ҳамчун мусича беозор  менамидагӣ,  ба вай сахт таъсир карда бошад ҳам,  ба  занаш  ва духтарапш тасалло дод.

  - Хайр, ҳоло ҳеҷ гап не, шояд ба шароит нигоҳ кардан лозим... Вадим “вазъиятро дигар накунӣ, ба вай мувофиқ шудан ҳаракат кун” гуфта буд. Агар ба шаҳр равед, ба ман дору гиред,  сабзавот, моҳӣ харед.  Аз чӣ бошад, ки на иштиҳо дораму на мадорам ҳаст. Баъди баргаштанатон ба  дӯкони ҳамин ҷой баромада,  ашёи барои рӯзгор заруриро  мегирем. Худам ҳам меравам.

  Қарибиҳои пешин акааш шир ва гиёҳҳои кӯҳиро гирифта омад.

  - Ин доруҳоро аз кӯҳ худам чида омадам. Инҳоро бо ҳам омехта нӯшӣ дард надидагӣ барин шуда меравӣ.

  Пагоҳ ва рӯзи дигар ҳам ин ҳола такрор шуданд.  Аз мобайн ягон даҳ рӯз гузашту мӯъҷиза рӯй дод: дард худ ба худ нест шуд. Аз ин ҳолат на танҳо худи бемор, балки оила ва хешу  табор ҳам хеле хушнуд гардиданд. 

  -Ман як гап гуфтам-мӣ, абатта мекунам, - мағрурӣ мекард акааш. – Сиҳат мекунам гуфтам-мӣ,  сиҳат кардам!

  Дари ин рӯзҳо ба танаш қувват пайдо шуда, бо додараш гирду атрофро давр мезадагӣ  шуданд.

Ҳамдеҳагонаш, ки дар чойхона қартабозӣ карда менишастанд, ӯро дида, хурсандиашонро пинҳон надоштанд ва  бо эҳтиром ба чой даъват карданд. Онҳо ҳангомаҳои овони ҷавониро ба ёд меоварданд. 

  Кӯҳзод шунида буд, ки  барои мактаб бинои нав сохтаанд.  Онро дида хурсанд шуд. Бинои солҳои сиюми асри гузашта сохташуда хароб шуда буд. 

  Толори варзишӣ, хонаҳои бо компютер ҷиҳозонидашудаи  ин бинои бо хишти пухта ростшударо, ки  ҳоло бӯйи рангаш ба машом зада меистод, давр зада, аз ғамхориҳои дар ин бобат кардаи ҳукумат хеле мамнун шуда, аҳсану офаринҳо гуфт. Гарчанд дар толори варзиш бачаҳо машғули бозӣ буданд, лекин бинобар набудани омӯзгори  соҳибихтисос,  ба дари хонаи компютерӣ қулф зада монда будаанд.  Гуфтанд, ки аз муаллимони мард   се-чор нафар  мондаанду онҳо ҳоло донишомӯзони синфҳои болоро ба ғунучини пахта гирифта рафтаанд.

  - Ҳоло ҳам ба пахтачинӣ мебаранд-а,-  гуфт  Кӯҳзод норозиёна.

  Ба омӯзгорон ҷон даромад: пул чида пахта хариданашон,  аз шароити носозашон шикоят карданд....

  Рӯзи дигар додараш ӯро ба лаби чашма, ки он ҷой “Хонаи шифо” бунёд кардаанд, гирифта рафтанӣ шуд.



Кӯҳзод вақти дар донишгоҳ таҳсил карданаш додарашро  ба  шӯъбаи ветеринарии (байтории) омӯзишгоҳ  монда буд. Исмаш ба ҷисмаш монанд,  бачаи қобилакак буд. Дар вақти хоҷагии ҷамоавӣ дар ферма веттехник (байтор) шуда кор мекард.  Баъди барҳам шудани хоҷагӣ чорвои одамонро даво карда мегашт. Азбаски одамон дар шароити хоҷагии ҷамоавӣ одат карда буданд, барои хизматаш ба вай пул доданашон ба хаёлашон намеомад.  Зеро худи пул ҳам тухми анқо шуда буд. 

Дар ҳамин мобайн дар  лаби чашма  масҷиди нав сохта, ба он  Ҳоҷӣ ака аз шаҳр  имом-хатиб шуда омад ва дар қатори дигарон  Қобилро ҳам ба тоату ибодат даъват кард. Дере нагузашта, бачаҳо ҳам ҷалб карда шуданд: ба писарбачаҳо алоҳида, ба  духтарон алоҳида таълим медодагӣ шуданд.

  Гарчанд Қобил акаашро ва Кӯҳзод укаашро дӯст медоштанд,  байни ҷаҳонбинӣ, савия ва эътиқоди додару бародар чизе  монеъгӣ  мекард. 

Баъди аз Мамайка баргаштан  андак вақт нагузашта,  Қобил бародарашро ба масҷид даъват кард.

  -Шумо роҳату ҳаловати  саҷда гуфтанӣ ҳикматро мефаҳмидагӣ мешавед! Охир,  синнатон ҳам бо ҷойе раидааст: вақти сар хам мекрдагиатон шудаст.  Мана, ман ҳоло бо адои намозҳои  он вақтҳо нахондаам банд ҳастам. Сар  фарорем – дар он дунё забонамон бурро мешавад: ба мункар-накирҳо ҷавоб доданамон осон мешавад!

  Кӯҳзод дар ибтидо  чизе нагуфта монд. Амо додар ҳам аз хомӯш шуда  мерафтагиҳо набудааст. Ин дафъа баробари такрори суханони пештара як-ду сухани тезу тунд  ҳам илова кард.  Муслимеро,  ки  фарзҳои исломиро иҷро намекунад,  оташи дӯзах ба комаш кашиданаш, ҳато христианҳо, ҳабашҳо ҳам аз баҳри  эътиқоди  худ баромада дини муқаддаси моро қабул карданашонро такроран  мегуфт ӯ.

  - Ука, мондан гирӣ чӣ,  – гуфт баъд аз ин Кӯҳзод, - аз ман намозхон намебарояд. Овора шуда чӣ мекунӣ?

  - Ҷаҳли Қобил баромад: - Бинобар Худоро нашинохтанатон,  ба чунин дард гирифтор шуда гаштаед!

  - Не, ман Худоро мешиносам, аммо ҳамчун ту оҷизона не, - гуфт ӯ ба ғазаб роҳ надода, бо оҳанги мулоим.

  Қобил ягон ду ҳафта бо ӯ қаҳрӣ шуда гашт. Охирон Кӯҳзод, бо мақсади вазъиятро  мулоим кардан ва ё аз рӯи зарурат, ба сайр баромаданӣ шуда духтарашро назди ӯ фиристод.

  Кӯҳзод дар бораи дигаргуниҳое, ки  дар сари чашма рух додааанд,   хеле гапҳои пасту баланд шунида бошад ҳам, ба онҳо  чандон эътибор надода буд.

  - Ба ёдатон ҳаст:  дар зери  ҳамин дӯлона як мазор буд, - ба фаҳмонидан давом мекард додараш. Баъзан бо модарам омада шамъ мегирондем. Ҷойи назарногир буд. Муллои калони вилоят омада: “Дар ин ҷо писари хурдии Ҳазрати Алиро дафн кардаанд, ҳуҷҷатҳояшро ёфтем” гуфтанд. Баъд ба  телевизор баромада низ ҳамин гапро гуфта буданд. Бо дуо  обро низ чаппа гардонида будаанд.

  - Акнун ба ин тараф биёед, - гуфт Қобил, асророна  пичиррос зада  ва  латтаи ба шохе, ки  қариб ба сараш мерасид, овезон карда мондаанд, нишон дода: - Инро худам ният кардаам: барои шумо!  Бовар мекунед,   ҳамту бастаму шумо аз дард шифо ёфтед. Ана каромат!

  Кӯҳзод як лаҳза дудила шуд: махсусан,  ба илоҳиёт  лоқайдона муносибат доштанашро мушоҳида карда дид. Лекин, дере нагузашта ба як   хулоса омад: “Ҳамааш хурофот, хурофот,  хурофот.” Аммо ба эҳтироси  додараш оби сард напошид: сар ҷумбонда,  маъқул карда монд.

  - Биёед, ба дарун дароем  - бо Ҳоҷӣ ака шиносо мекунам. Лекин, одами тилло,  муллои даму нафасашон тез. Ин кас ҷияни саримомхатибамон. Ҳозир намозро ҳам дар ҳамин ҷой, дар паси  Ҳоҷӣ ака истода мехонем. Ба писаронамон худашон, ба духтаронамон завҷаашон таълим медиҳанд.

  Мактаби масҷид нисбатан серодамтар  буд. Шояд бинобар омӯзгори собиқ буданаш, ин ҳолат ба ӯ чандон маъқул нашуд.

  Вақти дигар медароем. – розӣ нашуд Кӯҳзод.

  Дар истгоҳи ин ҷой қатор истодани якчанд “Дамас” ҳам навигарӣ буд.

  - Барои шифо ёфтан аз деҳаҳои дигар ҳам меоянд, - эзоҳ дод додараш, - ихлосу халос гуфтаанд. Чӣ қадар дардмандҳо шифо ёфта рафта истодаанд! Басир (кӯр) нашудан даркор!



Аз ба акааш  сахт нарасидани сухани охирин андаке хавотир шуда,  Қобил таноби  суханро ба сӯйи дигар кашид:  – Бисёр шудани “Дамас”ҳо ба мо ҳам хуб шуд. – Ғиззос зада ба шаҳр рафта меоем. Одамон  саҳарӣ барои мардикорӣ рафта, бегоҳӣ пул ёфта меоянд.



- Шунидам, ки занҳо ҳам  мебаромадаанд?

  - Ҳа, барои он, ки осиёби сию ду дандон намемонад, мебароянд-дия. Янгаам ҳам  рафта меоянд, чунки аҳволи акаамро дида истодае, . – ёфтаашро менӯшад. Улфатҳояш ҳаст.

  - Лекин, аз улфатҳои ту дида, онҳо камтар барин? 

  Қобил аз афташ  моҳияти саволро дуруст нафаҳмид, ки  чизе нагуфта монд.

  Дигаргуниҳои деҳот танҳо аз ҳаминҳо иборат набуданд. Бисёр шудани фиребу қалллобиро дар  ҳар қадам мушоҳида кардан душвор набуд. Аз лӯлаҳои оҳанине,  ки ҳанӯз дар замони шӯроҳо кашида шуда буданд, газ наомада мондааст,  Аз ин абаб арчазору дарахтони чормағзи доманаи кӯҳсорро бурида,  барои ҳезум истифода бурдаанд. Дар ин мобайн аз идораи газ кадом як ҳаннот омада:  “Фалон миқдор пул ҷамъ карда диҳетон, ба магистрали калони газ пайванд менамоем, тобистону зимистон газатон мешавад”, - гуфтааст.  

Мардум буду шудашонро фурӯхта, қарз ҳам гирифта ба  он шайтон додаанд. Одамон ба ҳашар баромадаанд. Дар воқеъ,  ба  қубури магистралӣ пайванд шуда, газ фараҳзанон дар гирифтааст. Лекин,  баробари андаке сард шудани ҳаво боз ба ҳолати аввалааш омада мондааст. Ҳоло (гарчи ҳаво гарм бошад ҳам) дар лӯлакҳо ҳатто бӯйи газ  мушоҳида намешавад. Даву тоз кардаанд, ҳаттто ба ташкилотҳои болоӣ навиштаанд, лекин натиҷае нашудааст.

  Вақте ки гап дар бораи дигаргуниҳо меравад,  пайдо шудани  майдасавдогаронеро, низ гуфтан ҷоиз аст, ки  онҳо   бо хариду фурӯши ҳар хел молҳо машғуланд,  инчунин   корчаллонҳои молҳои арзони  чинӣ  (хитоиро) хона бахона гирифта мегаштагӣ, баробари ин пашм ва  пӯсти гову гӯсфанд,  ашёҳои қадимӣ,  ёдгориҳо, китобҳои нодирро  бо нархи арзону гарон харида  мегирифтагӣ,  ҷӯгию қаландармиҷозҳо, экстрасенсҳо бисёр шудаанд.

  Он рӯзҳое, ки Кӯҳзод аз дард халос шуда, шоду хурсанд мегашт,  бародару додараш ба ин  худро сабабгор медонистанд.  Дарди лаънатӣ   боз хурӯҷ карда монд. Дарди ҷигар рӯз аз рӯз авҷ гирифта, доруи духтур, шири буз, гиёҳҳои кӯҳӣ, ки акааш пайдо карда меомад,  умуман ёрӣ нарасонида монданд. Рафта-рафта ихлоси  Кӯҳзод  аз хешу табораш ҳам гашт. Ҳоло ӯро танҳо, орому осоишта гузоштанашонро илтимос кард.

Аммо ӯро ором намегузоштанлд: ғамхории худро намоиш доданӣ  шуда,  ҳаду беҳад ба наздаш медаромаданд,  хӯрданиҳои гуногун, доруҳо гирифта мееомаданд ва аз ҳама бадаш,  бисёр  ҷоғ зада менишпастанд.

  Бештар,    хонаро бо бӯйи арақ беҳузур карда,   бародараш даромада меомад. Кӯҳзод дар нигоҳи ӯ, рафтори бачагонаи ӯ нигоҳ карда, мақсади зоҳирии ӯро дарк мекард.  Агар  ӯ касеро бадгӯйӣ карда,  ғайбат кунад ва баъди ин  давоҳои ба дарди ҷигар  зарурро  қаторак номбар кунад,  барои апрақ пул пурсидан омаданӣ ӯ равшан буд.

  - Ту на  ба Қобил ,  на ба  вай Ҳоҷӣакаи ӯ бовар накун, - бо  пешгуфтори одатӣ сухан оғоз кард ин дафъа  бародараш. – Дар ёдат ҳаст, дар вақти хоҷагии ҷамоавӣ  раис маро  шаш моҳ  ҳабс карда убд.  Аз гиребонаш гирифта будам-дия. Айби худаш: “Эй алкаш,  аз идора баро!”-  гуфта маро тела дода фиристода буд. Ман ҳам  дар кӯча мондагӣ набудам: ҷавобашро додам. Хуб, ин ҳамааш гузашта рафт. Лекин,  ба ҳамааш сабабгор арақ.



Кӯҳзод аз  чашму забони  ӯ: “Ҷоғи акаатро тафсонда чӣ мекунӣ. Ба як шиша арақ пул деҳу ҷавобашро дода фиристон”, гуфтани маъноро дониста истода бошад ҳам,  “якбора пул дароз кадан чандон зеб надорад, барои ин ягон баҳона лозим”,  гӯён  барои аз вай ҳарчӣ тезтар халос шудан вазъияти мувофиқро мунтазир буд.  Акааш ин дафъа,  гӯё ҳоло  кадом як сирри махфиро ошкор мекарда бошад,  ба ӯ наздик шуда ба гӯшаш оҳистекак: “Ҳоҷӣ ҳаст-ку. – устоди додарат, - дар ҳабсхона бо ҳамин ҳангӣ дар як камера нишаста будам. Статяаш ниҳоят вазнин буд: хоҳарарӯсашро  таҷовуз карда будааст, дурак! Лекин...” Ӯ ангушти ишоратиашро ба лабонаш бурда,  “ҷим”-ро ишорат  кард. Кӯҳзод ҳушёр шуда,  чизеро надомат кард ,  “наход рост бошад” гӯён ба андеша фурӯ рафт. Акааш давом мекард: Ҳоҷӣ маро бинад, ртангаш мекана. Кадом рӯз барои як шиша арақ пул дод”.



- Ака, - сухани ӯро бурид аз вазъият истифода бурда Кӯҳзод. – Минбаъд аз ҳар каси дучор омада пул напурсед. Ба назди худам омадан гиред. Ӯ чунин гуфту чолокона ба кисаи вай пул андохт. Акааш якбора аз сухан бозистод ва як  нигоҳи аҷиб карду (ба ҳар ҳол) зуд баромада  рафт.

Ба инаш тоқат кардан мумкин буд.. Аз мобайн як ҳафта нагузашта арақ бардошта омад. Кайфаш таранг буд.

  - Ҷигарам, Кӯҳзод,  оё медонӣ,  давои лубой бемориҳо арақ аст. Як ҷуръа бинӯш: асп барин шуда наравӣ, ба рӯям туф кун!

  - Бифаҳмед, ки  духтур инро ба даҳонатон нагиред, гуфтааст.

  -  Духтур ҳеҷ  балоро намедонад! Аз ин касе бадӣ надидааст...

   - Вай дафъа маҷбур кардед, тамоми шаб хоб карда натавонистам .

  - Дастамро нагардон. Як ҷуръа нӯш! Медонам, аз ту  қарзи бисёр дорам,  – суханро  муҷмал кард ӯ.

  - Ин гапҳо лозим нест! Наменӯшам гуфтам-мӣ, наменӯшам” – иддаомезона ҷавоб гардонд Кӯҳзод.

  Лабу лунҷи бародараш овезон шуд. Ӯ  калавида - норозиёна баромада рафт. 

  Дилсиёҳӣ  ҳамеша ба хона нохушӣ меорад. Бисёр вақт нагузашта, аз хонаи бародараш овози шавқуну қӣ-чу баромад. Овозҳо торафт баланд мешуданд, янгааш касеро дуои бад мекард. Овози чил-парчин шудани  косаю табақ ва шишаҳои тиреза  шунида шуданд.  Баъд янгааш додгӯён ба хонаи  инҳо даромад. Акааш дар даст халачӯб аз паси вай бо дағдаға  сурӣ  карда даромад.

  -Мекушам! Накушам намемонам”, - дод мезад ӯ ба занаш ҳамла карда.

  - Кӯҳзод аз ҷояш хеста онҳоро ором карданӣ шуд.  Янгаи куртааш дарида дағдағ  меларзид ва дарду ҳасраташ беҳадду ҳисоб буданд:

  - Укаҷон, Кӯҳзодҷон. Ин алкаш  кадом рӯз маро мекушад! Раҳматон ояд! Эй Худо,  чаро  ба ин дунё омадаам? Барои чӣ?

  - Шуниди-мӣ? Шунидӣ? Чӣ мегӯяд? - ба укааш муроҷиат карда истода халачӯбро баланд мебардошт  акааш.

  Ӯ зану шавҳарро ба муросо даъват карданӣ шуд. Аммо  қаҳру ғазаби ҳар ду ҳам,  аламу ситамҳояшон ҳам бесарҳад буданд.

  - Маро мана ҳамин манҷалақӣ хароб кардааст!

  - Ин гӯрсӯхтаро  арақ хароб кардааст! – аз як гап намемонд янгааш.  Ин пияниста одам нашуд! Ман  чирки касеро  шуста, хонаашро  тоза карда, пул ёфта меоям, - ин  ҷиғилдонаш шикофшуда  ҳамаашро гирифта менӯшад.  Ба худам як ҷуфт калӯш харида наметавонам,  дафтари бачаҳо нест! Шумо намедонед, укаҷон,  ҳамаи мардони моро  Худо зада рафтагӣ?  Инҳо ору номус надоранд!  Яке  қарз гирифта арақ менӯшад. Дигараш ёфтагиашро ба масҷид мекашонад. Инҳо рӯзғор, зану фарзандро фикр намекунанрд! Хуни ин ҳезалакҳо намеҷӯшад! Инҳо мард нестанд. Касеро, ки  занашро ба мардикорӣ фиристода,  худаш қартабозӣ карда шинад, аз масҷид набаромада маст шуда нишинад, мард гуфтан мумкин аст магар?! Эй Худо! Эй Худо! Ба чӣ хел рӯзҳо мондем?! Аз ин дида, ҷонамро гирӣ намешавад?

   Дили Кӯҳзод ба янгааш месӯхт.  Ин зани ҷафокашро оғӯш гирифта бо тамоми суханони ширини дар хазинааш буда ӯро ором  карданаш меомад, аммо вазъият инро тақозо намекард.  Он чизеро, ки ҳаёт мегуфтанд, ба назараш хеле маҳзун,  холӣ ва  ноарзанда намудор шуда монд.

  Ин барои онҳо одати оддӣ шуда монда буд магар, ки баъди андаке ором шуда,   ба хонаи худашон  рафтанд.



Аз мобайн  дере нагузашта,  дар оила боз як дилсиёҳии дигар рух дод, ки барои ин Кӯҳзоди ҳамеша сокину вазнин низ бетоқат шуд ва худашро идора карда нратвониста, дашном дода фиристод.  Ҳамон вақт ӯ бо дарди  худ банд шуда хоб карда  буд. Нохост Шабнам додгӯён гириста ба хона даромад. Вай  банди дасту зонуҳояшро нишон дода,   шушаш пур шуда мегиристу чизе гуфта наметаовнист. Кӯҳзод ба дасту пойи ӯ изи (пайи) шаттаи химчаро дида,  чунин бераҳмӣ танҳо аз дасти  Шарқия омаданашро тахмин карда,  хунаш ҷӯш зада рафт. Ҳамин тавр бошад ҳам, аз  духтараш  пурсид:

  - Кӣ туро зад?

  Духтараш ҷавоб дода наметавонист. Кӯҳзод таълимдиҳандагони ҷиянашро  бо дашноми болохонадор ҳақорат  кард.

  Ба дастам  афтад, ҳиҷобашро  пора карда мепартоям! – гуфт ӯ бо ғазаб.

  Аммо,  баъди аз ҷаҳл фаромадан, ба андешаю мулоҳиза рафта, худашро ором кард ва ин кор паси парда шуда монд.



Нақли дӯсташ Одина, ки ҳар замон “Шаҳри якчашма рав – якчашма шав “ мегуфт, ба хотираш омада,  мушоҳида  карда монд. “Шояд  ман дар ягон ҷой ба хатое роҳ дода боашам,  ба ҳар ҳол мувофиқ шуданам зарур бошад даркор....”

*  *  *

  Рӯзҳо ба ҳамин минвол мегузаштанд. Кӯҳзод гоҳ-гоҳ Мамайка, Вадим, Одина  дӯстонашро бо як эҳсосоти самимӣ ба ёд меовард. Сиҳатиаш андаке беҳтар шавад, боз ба он ҷой баргашта, аз  ин муҳити  гирифтори ҷаҳолат ва ночор батамом гурехта рафтанашро фикр мекард.

  Баъди ягон моҳ додараш ба ӯ   маслиҳат дод:

  - Ака,  ман шуморо ба масҷид гирифта меравам. Ба шифо ётани шумо худам кафолат медиҳам.  Бифаҳмед: тасаллое ки ибодат медиҳад,  ҷойи ҳеҷ кадом  даворо гирифта наметавонад! Фақат эътиқодатон  мустаҳкам бошад, кифоя!

  -Мон, маро...

  - Шумо хато карда истодаед, - гуфт аз ҳақиқати оддиро нафаҳмида истодани акааш хуноб шуда. – Дар ҳадиси шариф ба мусулмонони роҳгумкарда зарур будани қудрати илоҳиро  фаҳмонидан зарур буданаш навишта шудааст, аҳволи худобехабарони аз аҳли дин бюаромада  забун мешавад. Ба дилатон шайтон роҳ наёбад! Ҳоло-ҳозир ҳафтае як маротиба, танҳо бегоҳи ҷумъа равед кифоя. Мондаашро дар хона хондан мегиред.

  - Ҳолу мадорам нест, укаҷон, мадорам... –  гуфт Кӯҳзод ба дараҷаи имкон сокинона ҷавоби рад дода. “Ба ин  мутаасиби бидъат чӣ тавр фаҳмонам”,  фикр мекард ӯ  ва   ба эътиқоду иззати нафси  вай нарасидан дар хавотир буд.

  Лекин,  Қобил бо ҳамин ҷим шуда нарафт.  Аз масҷид Ҳоҷии як вақтҳо бо бародараш “ҳамкамера” бударо гирифта омад.  Меҳмон бо такаллуфи ширин ҳолу аҳвол пурсида,  ба тарафи рости бемор чорзону зада нишасту  чизе нагуфта ба дуохонӣ оғоз кард Кӯҳзод ба риши сип-сиёҳ ва бағбағаи нозеби ӯ назар карда:  “Ба ин чашмам напарида буд-ку! Нобакор кай бас мекарда бошад”, - гуфта фикр мекард ӯ. Ниҳоят  вай даст ба фотиҳа бардошт.

  -Янга, гуфт укааш, - панҷ ҳазор бароред,  пагоҳ боз меоянд. Дар воқеъ, вай пагоҳ боз омад. Дард бошад паст намешуд. Ба башараи нозеби мулло нигоҳ кардан аз вай ҳам вазнинтар буд. Рӯзи сеюм ба укааш гуфт:

  - Гӯй, ки наояд. Лозим нест”

  Ин гап ба Қобил нафорид. 

  - Ба шумо гуфта будам: “Бинобар  Худоро нашинохтанатон ба ҳамин  дард гирифтор шудед. Оллоҳ бошад, бахшанда, мағфираткунанда! Инро фаромӯш накардан даркор!

  Ин суханон ба Кӯҳзод сахт расида бошад ҳам,  сукут нигоҳ дошт, зеро моҳияти нақли:  “куҳансолон  ва беморон ба фаҳми ҳама чиз мераванд ва – ҳама чизро мебахшанд”ро  хуб дарк карда буд. Ба хотираш  афоризми “Арақнӯшӣ – бемаънигӣ, аммо фанатик будан аз вай   даҳ бадтар” , ки дар китоби Вадим буд,  ба хотираш омад.

*  *  *

  Яке аз рӯзҳои рутубатноки тирамоҳ буд. Аҳволи Кӯҳзоди аз  истеъмоли ғизо  ва забон монда торафт вазнинтар шудан гирифт: болои ҳам  аз даҳонаш лахта-лахта хун меомад. Хешу табор ба атрофи ӯ хавотиромез ҷаъм шуда буданд. Додараш ҳар хел оятҳоро такрор карда даст ба рӯй фотиҳа мекард. Бемор то субҳ чашмонашро  гоҳ кушода,  гоҳ пӯшида хоб мекард.

   Субҳи рӯзи дигар  одамони  луч болои пораҳои  абри сафед пеши  назараш намудор шуданд.

  - Ана,  онҳо дар болои  абр гаштаанд,  - гуфт ӯ тамоми қувваташро ҷамъ карда.

  Ба забон даромадани бемор ба дили атрофиёнаш умеди  зоҳирӣ пайдо намуд.



- Ба чашмаш фариштаҳо намудор шуда истодаанд. – гуфт укааш аз калима гардонидан лаҳзае бозистода.

  - Не. Онҳо на фариштагон. Одамхудоянд! – гуфт Кӯҳзод  зери лаб пичиррос зада.

  Баъд чашмонаш пӯшида шуданд.

  Абадан пӯшида шуданд.

                                      2007.

  

  Тарҷимаи Аслиддин ҚАМАРЗОДА  аз китоби Нусрат Раҳмат  “Сайланма”, ҷилди аввал, нашриёти “Маҳорат”, Самарқанд,  2024.                (Тарҷима Самарқанд, 28.06. 2024- 2.07.2024)

Комментариев нет:

Отправить комментарий