воскресенье, 28 июля 2024 г.

ФОҶЕА

Нусрат РАҲМАТ

Ба Миршариф Хӯҷев бахшида мешавад

1

  Оё шумо боре ба занони заҳру заққум, нафрат ва ғазабаш дар як ҷой муҷассамшуда дуҷор шуда,  гоҳо ба  дуои бади нестдарҷаҳони онҳо эътибор додаед, аниқтараш,  мағзи онҳоро шикаста дидаед? Ба фикрам, тадқиқотчиён  дар байни мардум гашта, ҳамчун суруду тарона, зарбулмасалу  мақол,  чистону афсона дуои бади мардумиро ҳам  ҷамъ кунанд,  бад намешавад.

  Модаркалонам  (модари модарам) гоҳ-гоҳ  падарамро бо  ибора ва ташбеҳҳои нав ба нав  дуои бад карданашро шунида, ба чунин хулоса омадаам ман. Аксари онҳо дар  ёди ман сахт нақш баста  мондааст:

  “Ҳа, аз даҳану биниат хун шорад, дар лаҳад  кӯндаланг шав – ту кӯрнамаки тагаш паст!”

  “Ба хонаат дуди марг афтаду нафас нагирифта мурда мон, мурдашӯй аз шустани ҷасади ту ҳазар кунад, каси тобути туро мебардоштагӣ ёфт нашавад!”

  Баъзан одати ба замона мувофиқ  мекардагиаш ҳам ҳаст: “Дар вақти апараста ҷонат барояд! Мутасаддиёни морг ба наздиконат саҳван ба ҷойи ту ҷасади занакро  дода фиристанд!”

  Ман падарамаро бори аввал ҳангоми ба мактаб омаданаш  дидаам. Вақти аз дарс баромаданам дарк карда мондам, ки дар назди дар як мардак ба ҳамаамон назар карда истодааст,  аниқтараш, касеро  ҷустуҷӯй дорад.  Аз чизе ҳаросида, андаке ларзида, аммо дар тамоми вуҷудаш меҳри беҳамто мавҷуд буданаш,  қаду қоматаш ба ман хеле шинос менамуд. Яке ӯ рост  ба назди ман омада:

  - Ту Суннатулло ҳастӣ? – гуфта пурсид  хавотиромезона табассум карда.

  Баробари андаке ҳаросида ба маънои тасдиқ  сарамро хам карданам ӯ маро  сахт ба оғӯшаш кашиду  сару рӯямро бӯсаборон кард.

  - Ман – падарат мешавам! – гуфт ҳаяҷонашро андаке ором карда. Баъд ба атроф  шубҳаворона  назар афканда, бо саволҳои  омехта оиди сиҳатӣ,  рафти таҳсилам пурсон шуда,  ким чиҳо гуфт. – Номатро худам гузоштаам – суннатӣ тавалуд шуда будӣ...

  Баъд ҷим шуда монду, ба  рӯям бо  меҳри падарона хеле нигоҳ карда, бо чӣ хел як ҳаловат,  боварӣ сарашро сарак-сарак карда ҷумбонда монд. Дар охир таъкид кард, ки  оиди вохӯрии  мо  аҳли хонавода  хабардор нашаванд.  Баъди ҳамин бо ӯ гоҳ-гоҳ вомехӯрдагӣ шудем.

  Назар ба фаҳмиши ман,  ҳанӯз ҳангоми ба боғча рафтани ману  апаам онҳо аз ҳам ҷудо шуда будаанд. Ба ин бештар модаркалонам  сабабгор  будааст.

  Модаркалонам – меҳрубони моён.  Шавҳари он кас (раҳматӣ) дар замони шӯроҳо мироб шуда кор кардаанд. Як мироби оддӣ не,  амалдори хурде, ки  ба  ноҳияҳо ва хоҷагиҳо обро тақсим  мекунад. Мегӯянд, ки  махсусан дар солҳои қаҳтии об даромади зиёде ба дасташ  меомадааст. (Сабаби инро ба хонандаи аълофаҳм  шарҳ додан лозим набошад даркор). Бинобар ба ана ҳамин даромаду  фаровонӣ одат карда монданаш, норозигиҳои модаркалонам  аз падарам, ки танҳо бо маош рӯзгор меҷумбонид,  афзудан мегирад.

  Модаркалонам шахси табиатан тез оташгиранда, хеле қасоскор, худашро ҳамеша ҳақ ҳисобкунанда мешуморид. Ӯ мехост, ки дигарон ҳамеша барои вай роҳ кушода доданашон зарур бошад.  Вай  ба вазъи замон нигоҳ карда,  дигаргун шуданро ба гардан намегирифт.

  Лекин,  ба ҷудо шудани падару модари мо  танҳо ӯро айбдор кардан аз рӯйи  инсоф нест. Аз худашон ҳам гузашта бошад даркор. Дар куҷое хондам будам, ки  “Барои оила мубориза бурдан лозим”.  Аҷаб нест, ки модарам ба ҷойи  ин бештар аз падарам шикоят карда, бо нишондоди модаркалонам  рафтор карда бошад. Онҳо аз нохушии доимии оила  безор шуда, ҳамин роҳро интихоб кардаанд. Падарам сонитар ба зани дигар хонадор шуда, аз вай як писару як духтар ҳам дорад.


2



Падарам  ҳамон вақт ба интернат-мактаби  деҳаи ҳамсоя, ки  аз мо ягон санг дуртар,  дар деҳае ки ба шаҳр пайваст шуда рафтааст,  муаллимӣ мекардааст. Дар ин ҷо шумбачаҳое, ки ба тарбияашон осебе расида ё ягон кори беҷо кардаанд, зиндагӣ карда мехонданд.  Ҳоло он ас дар мактаби мазкур ҷойнишини директор.

  Дар арафаи  хатми синфи нӯҳӯм барои давом додани таҳсил ба куҷо супоридани ҳуҷҷатҳоям сабаби баҳсу мунозираи оилавӣ шуд. Модаркалонам аз пайи тағоям рафта, дорушинос шудани маро  хоҳиш карда бошад,  модарам тарафдори  дар оянда  ҷарроҳ шудани ман буд.  Сабаби ба як қарор омада натавонистани онҳо буд магар, ё худ дар чунин маврид мавқеи падар дар оила  муҳим буданаш, модаркалонам боз аз пайи дуойи бад кардани падарам мешуд:

  - Ба саг диҳӣ ту ошат,  саратро маҷақ карда  мепартояд.  Ҳа  саракат  аз танат ҷудо шавад, ту саги сакалтуро!

  - Канӣ, худат гӯй чӣ, ба куҷо таҳсил кардан ният дорӣ? – ҷим наистод модарам ҳам.

  - Ба ҳамин коллеҷӣ сохтмону ҳунармандӣ равам мешавад, - гуфтам ман баъди андаке хомӯшӣ дудила шуда.

  Чунин гуфтанам якчанд  сабаб дошт. Ин коллеҷ ба хонаамон наздик, пиёда рафта омадан мумкин -  аз харҷи роҳкиро эмин.  Фақат ин не, вақти дар мактаб хонданам ба расмкашӣ андаке ҳавас пайдо карда будам:  ороиши  газетаҳои деворӣ, баъзан ба навиштани шиорҳо ҳамкорӣ мекардам.  Шунида будам, ки  дар ин коллеҷ рангмолӣ ва ба деворҳо нақш кашиданро меомӯзонидаанд.

  Хуллас, гарчи аввал дудила буданд, баъд  розӣ шуданд.

  Азбаски дар мактаб ба забони русӣ таҳсил гирифта будам,  дар хавотир будам, ки дар ин ҷой ба забони ӯзбекӣ азоб мекашам.  Лекин омӯзгорони ин ҷо шахсони меҳрубон будаанд: ба мувофиқ шудани ман хеле мадад расониданд, дӯстонам ҳам зиёд шуданд. 

  Инро бинед, ки дар коллеҷ аз соли аввали таҳсил сар карда ҳамчун мусаввир  шинохта шудам. Навиштани аксар шиорҳо, ороиши газетаи деворӣ ба зиммаи ман гузошта шуданд. Дар солҳои охирини таҳсил дар бораи рангмолии биноҳо, нақш баровардан дарсҳо гузашта бошанд ҳам, бинобар дар худи омӯзишгоҳ набудани омӯзгорони ин касбу кор дар амал онро наомӯзониданд. 

  Дар арафаи хатми  коллеҷ аҳли хонавода (ин дафъа  бе баҳсу мунозира) гуфтанд, ки  корро дар корхонаи  тағоям давом доданам лозим. Бо он кас гуфтугузор карда монда будаанд.

  Тағоям, аниқтараш, тағомуллоям....


3



Он касро Ҳоҷӣ Араббой мегӯянд. Лекин ба араб монанд ҳам нею алоқа ҳам надорад. Ман он касро бештар ба расми Сталин ва ё қиёфаҳои ӯ дар кино монанд мекунам. Мӯйлаби ба чеҳрааш зебандаро (баъди аз ҳаҷ омадан риш ҳам монда, сонитар онро тарошида партофта буд) бо виқор молида монданаш,  мӯйҳои сип-сиёҳашро ба оқиб шона карда,  сокинона ҳаракат карданаш,  дона-дона сухан карданаш ва боз ким кадом хусусиятҳояш доҳии собиқро ба хотир меовард.  Баробари ин ӯ бо  мукаммал хобидан, хеле хотирҷамъ буданаш  шахси бо тафаккурро ба хотир меовард.

  Тағоям баъди сафари ҳаҷ хеле худоҷӯй шуда омада буд: ӯ намозу рӯзаро канда намекард, ба одамон маслиҳат додану насиҳат  карданро хуш  мекард.  Ҳозир он қадар не: ба масҷид фақат рӯзи ҷумъа бо мошинаи тамғаи БМВяш  хеле намоишкорона меравад. Ба фарзҳои дигар  шояд вақташ нест.

  Он кас ба ман   навозишкорона “мардак” гӯён муроҷиат мекунад. Худам ҳам ба ҳамин одат карда мондаам ва тағоямро бо чи хел як эҳтирос ҳурмат мекунам.

  Дар шаҳри мо он кас як не,  дуто дорухона дорад.  Дар миикрорайон хонаи чорӯтоқа, дар деҳа  ҳавлии калон  доштанаш нигоҳ накарда, аз  лаби дарё боғҳавлӣ (дача) ҳам харид. Пештар саркори маҳалла буд,  ариза дода аз ин вазифа халос хӯрд. Лекин бо ӯ маслиҳат карда меистанд. 

  Назар ба фаҳмиши ман, баъди  партофта рафтани падарам, такягоҳи асосии мо ҳамин тағоям  шуда мондааст.

  Хуллас, ман дар дорухонаи ана ҳамин хел як каси обрӯманд кор мекардагӣ шудам. Канӣ,  бубинем чӣ...

  Модарам ва модаркалонам то рӯз маро насиҳат карда баромаданд.  Ҳамаро ба кор қабул накардани тағоям, агар хуб кор кунам ҳамчун ӯ бою бадавлат шуда рафтанамро гаштаю баргашта такрор мекарданд.

  Дар  дорухонаи  асосии дар маркази шаҳр ҷойгиршуда писари тағоям (он кас ба касалии вас-вос гирифтор шуда, соли гузашта худашро овехта буд), боз ду хешовандонамон савдо мекарданд. Дар давоми ҳафта ба он ҷой ҳамин тавр даромада-баромада истодам. Аз ин маскан хеле харидорон доруҳоро  яклухт харида мегирифтанд. Ман   бароварда ба мошинҳошон ҷой ба ҷой кардани бори онҳо кӯмак мерасонидам... 

  Баъди ягон -ҳафта тағоям маро ба хонаи дарун -  он ҷойе ки дору тайёр мекарданд, гирифта даромад.  Дар  даромади ин хона: “Даромадани шахсони бегона манъ аст” навишта шуда буд. Дар ин хонаи нимторик як зане ки ба ӯ “Ойтӣ” гуфта муроҷиат мекарданд,  бо духтараш ва Муршед ном як ҷавон, ки ба  ӯзбекӣ бо талаффузи  вайрон   гап мезад, кор мекарданд. Гарчӣ ман бо онҳо чанд бор вохӯрда будам,  тағоям лозим донист, ки маро бо онҳо шиносонад.    - Ин мардак - ҷияни ман, - гуфт ӯ, - бо шумоён кор кунад, омӯзонед. Ойтӣ,  хабардор шуда истед! Масъалаи интизомро баробари ҳама талаб намоед1

  Баъд ба тарафи ман нигариста,  Муршедро болобардор таъриф карда монд.

  - Ин бисёр бачаи қобилу мӯъмин. Мусулмони ҳақиқӣ. Ҳар дуятон як шавед.

  Ҳамин тавр корро оғоз карда  фиристодам. Вазифа дар ин ҷой як хел ва дар як равиш буд:  зарфҳои шишагини ҳаҷмаш панҷоҳ, сад грамиро шуста, пок карда, хушк намуда, ба онҳо аз зарфи яклитрае ки   болояш  “Албендазол” навишта мондаанд як доруи сафеди қуюқро андохта, пас  даҳони онро маҳкам карда, тағма мечаспондем.  Бинобар   навиштаҷоти ин тағма ба забони немисӣ буданаш, фаҳмиданаи он душвортар буд. Аммо дар қутиҳои картонӣ, ки доруҳоро ба онҳо ҷой мекардем,  дар варақе ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ доруи мазкур дар Берлин тайёр карда шуданаш ва  гелминтҳои дар организми инсон мавҷударо нест карданаш, ҳамчун доруи нодир буданаш, инчунин тарзи кор фармуда шудани онҳо батафсил навишта шуда буданд.

  Ойти бо ҷидду ҷаҳд кор мекард, ба мо роҳу равиши корро меомӯзонд. Баробари ҳамин аз асрори корамон  касе воқиф нашуданашроо таъкид мекард.

  Баъди як моҳ ба доруи дигар  зиёд шудани талаботро гуфтанд. Мо  ба доруҳои ордмонанди бадбӯй, ки дар халтаҳо буданд,  упо  ҳамроҳ карда, ба  зарфчаҳои пластмассӣ ҷой мекардагӣ шудем. Дар коғазҳои рекламавии он воситаи самаранок бар зидди шабушки мӯйисар,  инчунин зидди кана будани он навишта шуда буданд.


Бо Муршид хеле наздик шуда рафтем. Чунон ки тағоям гуфта буд, ӯ ниҳоят бачаи қобилу мӯъмин будааст. Чунон, ки сонитар ба ман маълум шуд,  падари Муршед (раҳматӣ) ӯзбек, модараш аз туркҳои месхетӣ  будааст. Тақрибан ягон понздаҳ сол пештар аз ин, як гурӯҳ хунхӯрони нобакор ба муқобили туркҳо баромадаанд.   Онҳо рӯзе ба хонаи Муршедҳо низ хат партофта рафтаанд, ки   агар дар давоми ҳафта кӯчида нараванд....

  Дар асл ин аз як дағ-дағаи беҳуда дигар чизе набошад ҳам аҳли оила ба ҳарос афтода  мондааст. Падари Муршед  пайвандгари электрикӣ буда,   ҳамон рӯзҳо дар ҳавлии тағоям  гармхона сохта истода  будааст. Тағоям аз дарди усто воқиф шуда,   ба  ӯ  мадад расониданӣ шудааст.

  Агар ниҳоят зери  хавфу хатар бошед,  ба хонаи дар шаҳр будаи  ман кӯчида биёед. Дар байни се-чор  моҳ ин бетаиниҳо ором шуда мераванд, ҳукумат пеши роҳи онҳоро мегирад, - гуфтааст.

  Падари Муршед ҳавлиашро фурӯхта ба хонаи тағоям кӯчида меояд. Баъд онҳо  аз шаҳр ҳавлӣ гирифтаанд.

  Вақте ки  Муршед ин некиҳои тағоямро гоҳ-гоҳ таъриф карда меистод, фахр мекардам ва баробари ҳамин ба дӯстам меҳрам меафзуд. Гарчи такрор бошад ҳам,  беозор, меҳнатӣ, бо тавозеъ будани ӯро таъкид карданам лозим. Лекин ба ҳамин синну сол нигоҳ накарда,  ин қадар худоҷӯй, ба  ириму шугунҳо тамоман дода шудани ӯ, дар бораи ҷину арвоҳҳо афсонаҳо  бофта,  ба онҳо худаш бовар карданаш хандаам меомад.

  Ту ба русӣ хондаӣ, ба фаҳми ин чизҳо намеравӣ, - мегуфт  ӯ ҷавобан ба эътирозҳои ман.

  Аз чӣ бошад, ки Муршед аз ягонагии Худоро такрор кардан монда намешуд, баъзан дар бағалаш Инҷил буд ва  ба атроф  нигариста (ӯ ойтиро хабаркаш мепиндошт)  Исои Масеҳро таъриф карда мемонд. Ин ҳолат аввалҳо барои ман ғалатӣ,  ғайритабиӣ намояд ҳам, сонитар  эътибор надода мондам.  Ӯ ба кино ва консертҳо намерафт,  баъди кор  барои ибодат  рафтанашро саросемаворона изҳор мекард. Рафта-рафта маро ҳам даъват мекардагӣ шуд. Ӯ дар қалби бандаи эъзозкардааш даромад мондани Парвардигор ва  пок гардидани  худро мефаҳмонд.



4


  Як рӯз баъди кор ба вай ҳамроҳӣ карданӣ  шудам. Дар тангкӯчаи оқиби шифохона даромада будем, ки “Ибодатхона” ном  навиштаҷоте ба чашм афтод.  Дар дохили он одами бисёре (аксари онҳо ҳамсинну соли моён  ӯзбекҳо ва тоҷикон) буданд.  Ба толор даромада ҷой гиритфем. Ибодат оғоз ёфт. Як марди фарбеҳи  гарданаш бо сараш пайваст шуда рафтагӣ ба ваъз гуфтан оғоз кард.  Баъди он, ки дар қалби ҳар яки мо Худо ҷойгир буданашро таъкид кард, Инҷилро ба дасташ гирифта,  қирооат кардани фалон оятро фармуд. Ҷамоа ба вай ҳамовоз шуданд.  

  “Рабби  ман Исо! Ман мӯҳтоҷи ту ҳастам, ба  марги салибат ва  адо кардани қарзат аз ту миннатдорам! Қалбамро ба Ту мекушоям ва Туро наҷоткори худ медонам! Ҳаётамро худат идора намо ва маро  мувофиқи хоҳиши  худат биомӯз! Дар ҳаёти абадӣ бо ту  яеҷоя буданро мехоҳам! Омин!”

  Баъди ин ба роҳи Худо зарур будани эҳсон кардани мо  таъкид карда шуд ва ба ҷониби мо халтаи аз бахмал дӯхташударо дароз карда фиристоданд.   Амаки ваъзкунанда чӣ қадар эҳсон карда истодани моро Худо дида истоданашро таъкид мекард. Ман аввал дусад сӯм доданӣ будам ва чӣ хел як тамаъ дили маро ғаш карду сад сӯм партофтам. Баъд “Инҷил”и ба забони ӯзбекӣ тарҷимашуда ва диски ДВД-и ҳаёти Исои Масех сабтшуда харида гирифтанамон  зарур буданашро  фаҳмониданд.  Ҳамон амаки фарбеҳ боз микрофонро ба даст гирифту дар давоми ду соат бо овози шангосии худ Исои Масеҳро таъриф кард.

  - Касе ки дар дил эътиқод ва ғоя надошта бошад, аз робот ҳеҷ фарқе надорад, -  гуфта нутқашро ба анҷом рсонд ӯ.

  Рости гап,  бисёр зиқ шудам ва ба дӯстам бори дигар ба ин ҷой наомаданамро изҳор кардам. Азбаски ӯ аз чунин  рафтор кардани ман умед надошт, дар тааҷҷуб афтод.

  Пагоҳи ҳамон рӯз акнун ба кор шурӯъ карданӣ будем, ки ба коргоҳ тағоям даромада омаду ману Муршедро ба гирифта омадани дору фиристод.

  - Бо телефон гуфтугузор карда мондаам, мошин дар берун мунтазир шуда истодааст:  аз доруи барои киҷҷа  даҳ баста,  аз доруи муқобили шабушк ду халта мегиред, - гуфт ӯ.


Мошинаамон  дар назди дӯконе, ки  дар шафати  донишгоҳи кишоварзӣ  ҷойгир шуда,  дар пештоқаш  “Дорухонаи ветеринарӣ” навишта шудааст, бозистод. Баробари дохили бино гардиданамон бӯйи баде ба биниам бархӯрд.  Бӯйи ҳамаи дорухонаҳои дунё як хел мешавад, гуфта шунида будам. Аммо инаш хеле  дигар – бадбӯйтар буд. Зеро дар дӯконе,  ки дар он   барои  чорво ва паррандаҳо дору мефурӯшанд, ин як ҳолати табиӣ буд.

  Ҳолати дигаре ки дар ин ҷой диққати маро ба худ кашид, ин расмҳои дар деворҳои ин ҷой овехта мондаи асп, гов ва паррандаҳо буданд, ки қариб ҷондор тасвир шудаанд. Дар  заминаи (фони) табиати сабз бо меҳр кашида шудани расмҳои ин ҷонварҳо  аз устоди касби худ будани мусаввир дарак медод. 

  Муршед маро ҳамроҳи ошнояш ба амборхона гирифта даромад. Дар девори  ин ҷой расмҳои хунуки  хук, каламушҳо  часпонидла шуда, онҳо табиати касро хеле хира мекарданд. Муршед ба он кас  муддаоро фаҳмонида  буд, ки  вай ба тарафи дари кушода рафту аз шарикони дар берун будааш  ба лафзи тоҷикӣ  пурсид:

  -  Оё Ҳоҷӣ ака пул гузаронидаанд?

  - Сталин-мӣ? - пурсид шарики дар берун будааш. – Гузаронидаанд!

  Баъди андаке хомӯшӣ давом кард: 

  - Ваяш одамонро парронда кушта буд,  инаш заҳр дода мекушад!

  Онҳо хандиданд.  Овози сеюм (ин ҳам ба забони тоҷикӣ) илова кард:

  - Балки на Сталин, Гитлер карда истодагист. Дору дар Германия тайёр шуда истодааст-ку!

  Онҳо қоҳ-қоҳзанон хандиданд. Ин одамон тағоямро дар назар доштанд ва ё каси дигарро, нағз фаҳмида натавонистам . Дар дилам бошад, яка кайфияти нохуш пайдо шуд. Баъди он, ки борро овардем, Ойтӣ бо як оҳанги нохуш пурсид:

  - Этикетка канӣ?

  - Ба мо нагуфтаанд, - росташро гуфт Муршед.

  Ойтӣ ба тағоям телефон карда пурсида буд, ки  он кас  шахсони дар матбаа будагӣ  тайёр карда натавонистанашонро  маълум кард  ва  ҳар дуямонро пагоҳ фиристоданашро таъкид кард.

  Аммо  пагоҳ...

  Баробари даромада омадани Муршед  нохуш будани кайфияти ӯро ҳис кардам.

  -Ҳа, тинҷимӣ? – пурсидам хавотиромез.

  - Чатоқ, - гуфт ӯ хомӯшона, -  пагоҳӣ аз даруни  пойафзолам калламуш баромада гурехта рафт.

  - Хӯш, чӣ шудааст?

  - Ба назарам, вай калламуш не,  - як қувваи бад аст. Башарааш сиёҳ!  Ҷазое ки Худо ба ивази  гуноҳҳоям  фиристодааст. Ба ин ҷой омада ба корҳои убол даст задам.

  Баъд ба илтиҷо кардан даромад:

  - Рабби ман Исо!  Мани гумроҳро бо хуни муқаддасат бишӯй! Ту муқаддас ҳастӣ, маро ҳам муқаддас кун! Бубахш! Бубахш! Бубахш!  

  - Мебинӣ – гуфт баъди андаке хомӯшӣ, - Як фалокат рух медиҳад. Дилам гувоҳӣ дода истодааст.

  - Монӣ чӣ...

  - Ту бовар намекунӣ, пештар аз он, ки ба хонаи мо хат партофта буданд,  модарам дар хобаш калламушҳоро дида будааст.

  Ҳамин тавар, мо ҳамчун ҳамешагӣ  корро оғоз кардем. 

  Баъди  барои ҳар чӣ тезтар овардани этикеткаҳоро гашатаю баргашта маҷбурамон кардани  Ойтӣ ба роҳ баромада  истода будем, ки  тағоям даромада омад.  Ваҷоҳати ӯро дида,  тарсида рафтем.

  - Ту мана ба ин ҷой шин! – фармуд ӯ ба Муршед курсиро нишон дода. 

  – Дирӯз баъди кор ту ба куҷо рафта будӣ?

  - Ба ибодат рафтани ӯ, аммо инро пинҳон доштанашро медонистам.  Вай  ин дафъа  инро пинҳон накард.

  - Ба ибодат! – гуфт  ӯ ранги рӯяш парида.

  - Ба чӣ хел ибодат? – зардаомез овозашро баланд кард тағоям. – Ба мачити урусмӣ?

  - Ҳоҷӣ бобо, Худо яктоку, - гуфт ӯ сарашро бардошта.

  Аз ин ҷавоб  тағоям сиёҳ шуда рафт, рӯяш ба дараҷаи шинохтанашаванда дигаргун гашт, мӯйлабаш  овехта мондагӣ барин шуд.

  - Нобакор!  Ту фарзанди мусулмон ҳастӣ -ку! Ба черков ба ту  г... ҳаст магар? Диёнат канӣ? Убол-ку! Ифлос,  инро ҳам гирифта рафтаӣ! – гуфт ба тарафи ман ишорат карда. – Аз гуноҳ натарсидӣ? Аз гуноҳ?

  Косаи сабри Муршеди таҳқиршуда лабрез гашт:

  - Ман дар назди Худо танҳо аз як гуноҳам метарсам, - гуфт ӯ, - аз  ба одамон  доруи хукро хӯронданам.

  Тағоям  чунин ҷавобро мунтазир набуд. Ба  рӯйи Муршед тарсакӣ зада фиристод. Аз чашмони ӯ об равон шуд. Маро воҳимаи зоҳирӣ пахш кард. Муршед  вазнинона андаке хомӯш истоду баъд оҳиста ба берун баромад ва  роҳ пеш гирифта андаке истоду ба оқибаш нигоҳ карда:

  - Шумо маро задед, шуморо Худо мезанад!  - гуфту бо ҷаҳл баромада рафт.



Тағоям бар болои ҷаҳл аз ҳад зиёд гузаштанашро фаҳмид магар ва ё аз корҳои пинҳонии моро Муршед маълум карда монданаш тарсид, ки ба оҳанги сабуктар гуфт:

  - Ҳоло хатоҳоятро мефаҳмӣ!  Уммати кӣ буданатро фаромӯш карда мондаӣ,  гумроҳ, гӯсола!

  Аммо ин суханонро Муршед нашунавид.  Ӯ рафта буд. Ана ҳамин машмашаи нохуш ба нохост,  дар як миҷа задан рух дода буд; баъд ҳамаамон як-як  парешон шудем.  Пагоҳ ба кор рафтанӣ  нашудам. Рости гап, баъди ин қадар  нохушиҳо ба рӯйи  тағоям нигоҳ карданро  ба худам лозим надидам.  Рӯзи дигараш ҳам барои  модаркалонам ва модарам баҳона бофтам.


5


  Ҳамин тавр,  минбаъд  гӯё аз даруни пойафзоли ман низ калламуш баромада ба ман нигоҳ карда истода бошад, ба пойгаҳ тарсида нигоҳ мекардагӣ ва кадом рӯз бо ман ҳам чунин ҳолат рух медодагӣ барин ба хаёлҳои гуногун фикрам банд шуда монд. 

  Баъди ягон ҳафта  писари тағоям, ки дар дорухона ҳисобчӣ шуда кор мекард, ба хонаи мо  даромада омад. Ҳама ҳурмати ӯро ба ҷой овардем. 

  Падарам фиристоданд, - гуфт меҳмон. – Муршедро пайдо карда, аз пагоҳӣ ҳар ду ҳам ба кор мебаромадед. Падарам ӯро бубахшиданд.

  Лекин  боварии комил доштам, ки Муршед ба он ҷой дигар намеравад. Сонитар худам низ ба хона будагиҳо дигар кор ёфтанамро гуфтам. Аз ин ҳолат онҳо ба ташвиш афтоданд.  Модаркалонам аз рӯйи одат боз ба дуои бад кардани падарам шурӯъ кард.

  - Инро ҳамон ҷавонмарги шумқадам аз роҳ баровардааст! Илоҳо бачаҳои хулиган туро корд зада раванд!

  Баъди ду-се ҳафтаи бекорӣ  зиқ шуда,  ба назди падарам рафтам. Ӯ дар хонааш будааст, бо ман  сарашро ҷумбонида салом карду  ба ҷавонписаре, ки дар наздаш бо тарсу ҳарос менишаст, дағ-дағаашро давом кард:

  - Ҳӯ,  говбача,  чаро ин тавр кардӣ? Гап зан, бадбахт! Моро шарманда кардӣ-ку. Аз ту гарданшикаста  умед ҳамин буд магар?

  Бо сари хам  ҷим  нишастани бачаро дида, падарам бо оҳанги дигар давом кард. 

  - Ҳамон шоир меҳмони мо буд. Худамон даъват карда будем. Барои шумоён шеър хонданаш лозим буд. Бо нияти  одам кардани шумоён  баринҳо ...

  Аз оҳанги гап ҳамин чиз аён шуд, ки ҳангоми дар бораи ватан шеър хондани шоир  ин  шатрама пешонаи ӯро ба нишон гирифта бо помидор зада фиристодааст. Аз бача садое набаромаданашро дида, падарам ӯро ҷавоб дода  фитристод.

  Падарам тафсилоти воқиаҳои шудагиро  аз ман шунида сахт афсӯс хӯрд.

  - Майлаш, кори шудагӣ шудааст, - гуфт  ашрофона, - аммо акнун бекор гаштан хуб нест. Ба ту лаёқати рангмолӣ ва  мусаввирӣ буд. Як усто дорем, агар  маъқул донӣ, ба вай шогирд карда мемонам.

  Ба ин ҷой  омада рафта наметавонам-ку, - эътироз баён кардам,  модаркалони бадҷаҳламро  пеши назар оварда.  

  - Хавотир нашав. Усто дар ҷойи дигар кор мекунад, - гуфта  маро ором кард ӯ.

  Ман розӣ шудам. Аммо шабона вазъият боз дигар шуд. Аҳли хонавода язнаамро (ӯ аспиранти факултети сохтмон буд) даъват карда, қисмати маро бе ман ҳал кардаанд.

  - Бекор гаштанат хуб нест, - насиҳатомез гап сар кард язнаам, - дар ягон ҷой  таҳсил ва ё кор карданат лозим.

  Ӯро дастгирӣ кардани атрофиёнро дида,  давом кард: 

   – Агар нияти дар факултети мо таҳсил кардан дошта бошӣ, раҳу риштаашро мекобам. Ба ҳар ҳол бад намешавад – соҳиби маълумоти олӣ мешавед. Бар болои ин ба худатон низ ба ин соҳа иштиёқ ҳаст.

  Ба ҷойи ман модарам ва модаркалонам ҷавоб доданд. Аниқтараш, зарур будани таҳсилро  таъкид карданд. Ман дудила шуда мондам.

  Язнаам андаке дарс ҳам дошт, Аз донишҷӯён пул гирифтан ё нагирифтанашро намедонам, лекин аз ҳимоя накарда истодани диссертатсияаш хабарам буд. Ман бошам, барои хондан  ба маоши ночизи модарам ва ё нафақаи модаркалонам нигоҳ карда истодан дар хавотир  шуда истодам. Дар як кунҷи дилам хоҳише ҳам пайдо шуда: “дар ин донишгоҳ  рассомӣ ва рангмолиро меомӯзам”. 

  Ҳамин тавр, барои имтиҳонҳои дохилшавӣ омодагӣ дидан гирифтам. Ниятамро фаҳмида, падарам  низ хурсанд шуд.

  - Мана ин бетаинҳоро дида, аз қисмати ту дар хавотир будам, - гуфт ӯ. – Таҳсил намоӣ,   зарар намекунад.


Аммо дар арафаи имтиҳон язнаам донишамро санҷида диду дудила  шуда,  ба чунин хулоса омада монд: дигар роҳро ҷустан лозим.  Модарам бо ҳамкоронаш дар шифохона (ӯ кораш ва ҷамоаташро хеле эҳтиром мекард) гаштакбозӣ мекарданд, яъне дар ҳар понздаҳ рӯз ҷамъ шуда,  ба мобайн пул мепартофтанд. Назар ба  донистанам, ӯ ҷаъкардаи яксолаашро ба  язнаам  дода буд. Дар имтиҳони дохилшавӣ ба ман шердилона ёрдам карданд.

  Саволҳои тестро нишон накарда истед, - гуфт язнаам пеш аз ба имтиҳон дохил шудани ман.

  Ҳангоми  саволномаҳоро хонда  истоданам як кас омаду  бо чаққонӣ саволномаи якчанд кас, аз ҷумла азони маро ҳам гирифта рафт. Баъди чанд дақиқа омаду бо ҳамон суръат   ҷавобҳоро тақсим карда доду  рафт.

  Ҳамин тавр камина донишҷӯй шуда мондам. Канӣ “даврони тиллоӣ”ро ҳам як аз сар гузаронида бинем канӣ.

  Дар ибтидо наққошӣ, таърих, ҳуқуқшиносӣ, риёзӣ барин фанҳоро омӯхтанамон лозим буд.  Устодон ба мо аз таҳти дил  дониш омӯзониданро ҳаракат  мекарданд. Талаб ба тартибу интизом мувофиқи меъёраш буд.   Бо шарикдарсон низ бо тезӣ унс гирифта рафтам.  Баъди се моҳ имтиҳоноти нахустин оғоз ёфт (дар ин ҷой мобайнӣ мегуфтаанд) ва ба аксари мо   хавотир пайдо шуд. Ставкаи фалон домло фалон сӯм гуфтани гапҳо  паҳн шуда рафт. Лекин ман хуб тайёрӣ дида,  аз ҳамаи имтиҳонҳо гузаштам. Гап дар сари он аст, ки дар гурӯҳи мо  иштиёқмандони  пул дода баҳо мегирифтагӣ бисёр  буданд ва  онҳо сарашонро гаранг накарда,  ҳамин роҳи осонро  интихоб карда буданд. Сонӣ адабиёт ва  сотсиология гуфтанӣ фанҳо ҳамроҳ шуд. Дар мактаб, ки  аз “адабиёт” фақат баҳои аъло мегирифтам, бисёр китобҳоро мутолиа карда будам, аз  ин фан душворӣ накашидам. Аммо сотсиология гуфтанашонро ҳарчанд ҳаракат кардам ,  аз таҳти дил гӯш кардам, хондам ,  ҳеҷ чизро нафаҳмидам.

  - Касе ки дар дилаш ғоя ва эътиқод надорад, аз робот фарқаш нест, - гуфт рӯзе устоди  аз ин фан дарс дода истода.

  Ман ҳай фикр кардам, ки бори аввал ин гуфтаҳоро дар  куҷо шунида  будам ва ниҳоят ибодатхона ба  ёдам омад. Устод давом мекард:

  - Фоҷеаи баъзе ҷавонони кишвари мо дар он аст, ки  эътиқод ва ғояи онҳо  суст.  Бинобар ин,   баъзеҳо ба ҷойи он, ки   ба ватани худ хизмат кунанд, онро ба  гулистон табдил диҳанд,   ба кишварҳои хориҷа рафта мардикорӣ мекунанд. Инаш ҳам майлаш,  ба туфайли беэътиқодӣ ва беғоягӣ ба гиёҳвандӣ, машрубот, фаҳш ва дигар роҳҳои нохуш даромада, ҳатто ба ҷараёнҳои ташнаи хун ҳам бе ҳеҷ дудилагӣ ҳамроҳ шуда мераванд.

  Баъди ин  вай  ғояҳои пучи замони  шӯравиро танқид кард.

  Дар поёни дарс яке аз шарикдарсонам  саволи дар дили ман бударо дода монд:

  - Мо  соҳиби чӣ хел  эътиқод ва ғояҳо шуданамон лозим?

  - Дар ин бобат дар дарси оянда сухан меронем, - суханро кӯтоҳ кард муаллим.

  Лекин дар ин мобайн боз имтиҳонҳо сар шуда рафт. Ҳаққи муаллими фанни сотсиология ба якмоҳа маоши модарам баробар буданашро шунида,  мӯям сих зада рафт. Пули аз  ҷароҳати киҳоро тоза куардан ба даст даровардаро ба ҳамин як муаллими читтакӣ додагиам наомад.

  Ба ғайр аз ин баъзе маълумотҳое ки аз шарикдарсонам шунида будам, маро ба олами тафаккур ғӯта занонида буд.  Соли гузашта аз панҷоҳ нафар хатмкардагони  факултети мо  ҳамагӣ ҳашт нафар  дар соҳаи худашон кор карда истода будаанд. Онҳо ҳам дар сохтмон  ҳисобчию, табелчӣ будаанд. Ҳамаи духтарҳо кадбонуи  хонадон шуда, танҳо ду нафар бо корҳои савдо банд будааст. Гуфтанд, ки аз ҷавонон понздаҳ нафарашон ба Россия ва Қазоқистон ба кор рафтаанд, лекин бо чӣ кор банд будани онҳоро  ҳеҷ кас намедонист.

  Ҳисоботи нохуш. Магар ҳамин тавр нест?

  Ҳамаи ин кайфияти маро ниҳоят  вайрон карда буд ва баъди ба хона рафтанам низ дилам ором намегирифт, хобам ҳам парида, печутоб мехӯрдам.


Шабона вақти ба берун баромадан як ҳодисаи фавқулодда нохуши ғалатӣ рух дод. Даруни пойафзоли дар пойгоҳ истодаи ман як каламуши калон рост  ба ман нигоҳ карда  истоданашроо дида, ларзидаму дилам аз хонааш баромада рафт.  Ба атроф назар карда чашмам ба  шампуни саршӯӣ афтоду онро  гирифта ба ҷониби иблис партофта фиристодам. Каламуш нест шуд. Аммо нохушӣ ва ғаши дили ман зиёдтар шуд. Беихтиёр Муршедро ба хотир овардам ва “ин ҳолат боиси чӣ хел дилсиёҳӣ мешуда бошад”, гуфта фикр карда мондам.

  - Хӯш, пул чӣ шуд? – пурсид сардори гурӯҳ маро дидан ҳамоно. – Ё дароз кардан даркор, ё боз як сол ба ҳамин зинаи таҳсил (курс)  мондан лозим...

  Ман сеюмашро интихоб кардам, - сухани  ӯро буридам бо қатъият, - аз донишгоҳ меравам!


6


  Доираи дилсиёҳӣ дар хонадони мо аз  оне ки мунтазираш будам, зиёдтар  шуда рафт. Модарам бисёр оби чашм мекард,  модаркалонам падарамро бо  ибораҳои нав ба нав дуои бад  мекард, язнаам илтимос мекард ва ҳо казо.

  Баъди ягон понздаҳ рӯз бекор гаштан, ба таъмири хонаамон оғоз кардам: гач, оҳак, ранг гирифта омадам; ҷойҳои фатарот шудаашро  таъмир кардам; ранги дару тирезаҳоро тарошида аз нав ранг молидам. Девору шифтро бо дока пӯшонида гул партофтам. Аҳли хонадон инро дида хурсанд шуданд. Ба назди падарам рафта, ин ҳолатро гуфта будам, ки  вай ҳам шодӣ кард. 

  Як  устои бародар дорам, ки даҳ дасташ гул,  бо вай дӯсти ҳазорсола ҳастем. Ба вай андаке шогирд шавӣ, хуб мешавад, - гуфт.

  Пеш аз ба хондан даромаданам ҳам чунин таклифро додани ӯ ба ёдам расиду розӣ шудам. Мо пагоҳ ба назди усто рафтанӣ шудем.

  Ин ҳавлии  нав, ки  дар атрофи шаҳр  ҷойгир буда, майдони васеъро ишғол мекард,  бештар ба амбор монанд буд. Дар айвон, рӯйи ҳавлӣ қутиҳо,  халтаҳои салафанӣ, дар дохили онҳо ҳар хел либосҳо, пойафзолҳо буданашро аз расму навиштаҳои рӯйи онҳо  донистан душвор набуд. Сонитар ба ман маълум шуд, ки аксари ин чизҳо ба як зани бева тааллуқ доштааст. Вай бештар ба давлатҳои Хитой ва Эрон рафта,  аз он ҷойҳо мол мефиристодааст. Хешовандони дар ин ҷой будааш онҳоро ба дӯконҳо тақсим мекардаанд.

  Устои қаддароз ва  аз намудаш шахси хушфеъд ва сокин буданаш аён,  дар девори айвон нақши сӯзаниро мекашид.  Чашми ҳар касе ки дафъатан ба ин нақш меафтид,  гумон мекард, ки гӯё ин сӯзаниҳо дафъатан ба девор сахт часпонида шудааанд.   Ман чунин нақшро бори аввал медидам, бинобар ин хеле ба ҳайрат афтодам. Усто ману падарамро дида  барои чӣ бошад дастонашро бо маънои инкор ҷумбонидан гирифт:

  - Лозим нест! Лозим нест!

  Ман ҳайрон шудам.  Падарам наздик шуду хандида гап сар кард.

  - Усто Бақо, “додашро” нашунида  одамро зада накунед! Ин – писари худам.

  -Ҳамин тавр? – гуфт ӯ хеле хотирҷамъона, - ман боз аз ана онҳо оварда истодед-мӣ, гуфта тарсидам.

  Онҳо хандиданд.

  - Не, ин аз онҳо нест,  ин ба ҳамин касб меҳр дорад, - гуфт падарам.

  - Ин бача аз ҳамсари  аввалаатон-мӣ?

  Ба ин саволи барои ман нохуш падарам сар ҷумбонида тасдиқ карда монд.

  Рӯзи дигар пагоҳонӣ корҷомаамро ба халта андохта,  рост ба ҳамин ҷой омадам. Усто гуфт, ки дар девори баланди айвон расми Регистонро мекашем.  Барои ин деворро тайёр, бо забони устоҳо гӯем “грунтовка”,  карданамон лозим буд. Ин корро ба зимма гирифта, корро сар карда фиристодам. Усто  ба ғайр аз ман боз як шогирди дигар дошт. Вай аз гач чорчӯба сохта доду ба куҷое монда рафт.

  Усто, ки дар ибитдо ба ман хеле ҷиддӣ намудор шуда буд, баъди пешин кушода шуда рафт.

  - Дирӯз ба падарат  маънои “даркор не” гуфтанамро ба ту фаҳмонда диҳам – бо суханбозӣ давом кард ӯ.  – Рӯзе аз ҳамон бачаҳои безорӣ дутояшро  гирифта омад. “Усто Бақо, - гуфт, -бо шумо дӯсти ҳазорсола ҳастем, якҷоя таҳсил кардаем. Дасти ҳамин дуяшро рост карда медиҳед. Розӣ шудам.  То пешин гуфтамро иҷро карда истоданд. Баъд бинам, ки яктааш дар кунҷак  шалаббо шуда хоб кардааст. Ягон кори ҳол шудмӣ,  гуфта ба наздаш равам,  нокас, дар дасташ шишачаи бензинро бӯй кашида хоб рафтааст. Эй аблаҳ, ҳамин ҳам кор шуд-мӣ? Дуюмаш бошад ба нохост нест шуда рафт. Баъд фаҳмем,  вай кисаи ману шогирдамро холӣ  карда, гурехта рафтааст. Падаратро дида  шеъри  Навоӣ бобоямонро ба ёд овардам:


Гар сагбачаю куррачаро  ҳар қадар кунӣ тарбият,

Саг мешавад, хар мешавад,  асло одам намешавад.

  Падарат ба  ин ақида  розӣ шавад-чӣ, акнун!  Таранг карда, аз байни инҳо номзадҳои фану прокурорҳо баромаданашро шуморидан  монда намешуд. Ҳамон бетаинҳоро  дӯст медорад, ба онҳо бовар мекунад. Баъди ягон ду моҳ боз дутояшро гирифта омад. “Ҳар дуяш ҳам бачаҳои аз деҳа баромадагӣ, ҳаминҳо ягон ҳунар омӯзад мегӯям. Ба инҳо бовар мекунам! Бо шумо ягон моҳ кор кунад, коратонро  омӯхта меравад, лекин ба ягон ҷой баромада наравад”, - гуфт. Бовар кардам . Онҳо то пешин кор карданду: “Дар деҳа тӯйи акаамон буд, шуморо ҳам хабар карда буданд”, - гуфтанд. Илоҷи рафтан  надоштанамро фаҳмонида будам, ки  “Набошад ба мо рухсат диҳед”,  гуфта  сархамона илтимос карданд. Ба ин ҳам розӣ шудам.  Бо ҳамин рафтанашон се рӯз дарак нашуд. Баъд омада тавбаю тазарро карда  ба ман ҷома пӯшониданд. “Ин ҳаққи шумо будааст” гуфтанд.

  Ба дилам оташ афтоду ба назди падарат рафтам. Ҳама гапу кори  шудагиро гуфта будам, ки кайфаш париду худамро  танбеҳ дод: “Онҳо ба ҳеҷ куҷо нараванд, гуфта будам-ку, ҳар дуяш ҳам кисабури  гузаро!  Касеро  хонахароб крда омадаанд ин даюсҳо! Ҷомаро ҳам аз ҳамон ҳисоб гирифтаанд”.

  Дар мобайн хомӯшӣ ҳукмфармо шуд. Баъди андаке Усто Бақо давом кард:

  Ин бадбахтон  меҳнат карда нон меёфтагӣ нестанд.  Бисёре аз онҳо   пасттинат, палакашон тоза нест. Агар тагашро пурсида равӣ,  фарзандони оилаҳои вайроншуда, ё худ  аз кадом зани нопок, майзада  ба дунё омадаанд. Ягон ҳунар омӯхта, нони ҳалол ёбам , рӯзгори беминнат бинам гуфтанӣ фикр дар сари  онҳо нест! Бинобар ин ҳам ҳазрати Саъдӣ навиштаанд:

Ҳар кӣ аз меҳнати худ нон ёфт,

Аз миннати Ҳотам шуд озод.

  Ин гапҳоро шунидаму  падарам ду шогирдашро ба назди як сартарош  бурда монданаш  ба ёдам омад.

  Ҷавонмаргҳо то бегоҳ истодаанду, бегоҳӣ а-бе нагуфта,  сартарошро саркӯб кардаанд. Сонӣ ягон тинашро ҳам нагирифта гурехта рафтаанд. Падарамро  чанд маротиба  бурда овардаанд.

  Хуллас, мо ба  кашидани расми маҷмӯаи Регистон оғоз кардем.

  Ин кори ҳаҷман ниҳоят  бузург ва масъулиятнок буд.  Аҷаб нест, ки ба нохост камгап шуда мондани ин устои сухандоне,   ки доимо аз шоирони мумтоз шеърҳо хонда, мағзу маънои онҳоро шарҳу эзоҳ медод, низ дар ҳис кардани чунин масъулият бошад. Ба ихтиёри ӯ ба ҷои  эскиз (тарҳ) якчанд  нусха  суратҳои хурду калони дар ҳар намуд гирифтаи  Регистони пурсалобат меистод.

  - Сунатулло, - гуфт усто, ки бо қалам тарҳи нақшро мекашид,  – ту  дуртар рафта, бо диққат нигар, мабодо ягон ҷояшро вайрон карда намонам, махсусан ба симметрия эътибор деҳ.

  Рӯзи дигар усто ба ман ранг кардани кошинҳоро фармуд.

  - Гумбазҳоро худам ранг мекунам, - гуфт ӯ, - кори ниҳоят нозук. Рангҳо аз хориҷа оварда шуда,  аз навъҳое будааст, ки  обу офтоб таъсир намерасонидааст.  Мегӯянд, ки  устоҳои қадим дар рангубори  Регистон аз сӣ хел ранг истифода бурдаанд. Мо бошем, танҳо ҳафт хел ранг ёфта тавонистему  халос. Дар ин ҷой ниҳоят  нозукии амиқ талаб карда мешуд, лекин мо  онро вайрон карда монданамон мумкин набуд. Ҳар дуямон ҳам чунон ба кор дода шуда рафтем, ки ҳатто баъзан  тановули хӯроки нисфирӯзӣ ҳам аз ёд баромада мерафт,  лампочка гиронда корамонро  шабона ҳам давом медодем.

  - Дар Бухорои мо “Рӯзата фурӯшу рӯшноӣ хар” гуфтанӣ мақол ҳаст, канӣ як лампочкаи калонтар биёред -чӣ, - мегуфт усто дар чунин ҳолат.

  Гарчи саҳни ҳавлии Регистон сангфарш бошад ҳам, усто онро сабзазор тасвир кард ва ман ҳоло напурсида, сабаби  онро фаҳмонд.

  -Ба масъалаи  фон бояд эҷодкорона рафтор кардан лозим. Агар ҳамин тавр кунед, баъзе нуқсонҳо низ пӯшида мешавад.

  Баъди ба анҷом расонидани кор  дафъатан як сабук шуда гирифтем. Аз ҳар кунҷи ҳавлӣ рафта, аз тамошои, ба қавли худамон  тасвири монументалии Регистон,  сер намешудем.

  - Ин касбро дар куҷо, чӣ тавр омӯхтед? -  пурсидам  ҳайратам афзун гардида ва ҳам аз болидани каайфияти ӯ истифода бурда.

  Усто Бақо саросема нашуда, бо салоҳият ба нақли муфассал оғоз кард.


- Дар асл, аз Бухоро ба Самарқанд барои таҳсил омада будам.  Аммо нашуд. Бинобар тамом шудани пулам ба бозори  мардикор баромадам. Як устои гачкор маро ҳамроҳаш гирифта рафт. Ман маҳлули омехта  тайёр  карда медодам, ӯ нақш мебаровард. Баъди ранг кардани болои нақшҳо, оҳиста гулбарориро ба ман мефармудагӣ шуд. Зарур будани омӯхтани касби устодро ҳам худам ҳис кардам. Худо мадад карду як сол нагузашта ба он кас домод шудам. Чӣ чора, насибаамон дар ҳамин ҷойҳо пошида шуда будааст...

  Гуфтанд, ки  пагоҳ хӯҷаин омада корамонро медидааст. Мо андаке саросема шуда, тайёрӣ дидан гирифтем: гирду атрофро тоза кардем, рангҳоеро ки дар ҳар ҷо рехта, часпида буд тоза кардем, гачҳоро  тарошидем.

  Ба ташрифи ойтӣ аз саҳарӣ  тараддуд диданро оғоз намуданд: рӯйи ҳавлиро бӯйи пиёздоғу сихкабоб фаро гирифт. Одамони ба мо ношинос пайдо шуданд.

  Агар ин ҷавонзанро таъриф карданӣ бошем, ниҳоят зебо будани  ӯ,  либосҳои нодири хориҷӣ ба тани ӯ  часпида истоданашаро таъкид кардан лозим.. Ӯ аввал дар назди қутиҳои пойафзал истода, аз атрофиён  ким-чиҳоро пурсид ва ба тарафи мо нигариста,  акси яке аз ҳафт мӯъҷизаи Ӯзбекистонро дида, табассуми малеҳе кард.  Ману усто сабук шудем.  Вақте ки хонум ба мо наздик шуд, андаке хам шуда салом кардем. Вай ба расм хеле назар карда истод.

  - Ким чӣ намерасидагӣ барин, - гуфт ӯ муҷмал карда.

  Усто, ки   аз малоҳати ӯ лол монда буд, гарчанд эҳсосоташро ниҳон дошта истода бошад  ҳам, лутфан бо табассум эзоҳ дод:

  - Хонум, ба офтоб, зани зебо ва асари санъат аз дуртар истода нигоҳ кардан лозим,  чор-панҷ қадам дуртар рафта тамошо карданатонро  мепурсам.

  Зан хандаи ширин кард ва андаке оқибтар рафта ба расм нигоҳ карду боз лаб инҷ кард.  Вай чизе гуфтанӣ ва аз ин соҳа хабардор буданашро изҳор карданӣ шуд.

  - Рангаш андаке паст не-мӣ?

  - Ба дидатон қоилам, - давом дод усто, - мо махсус ҳамин тавр кардем,  ба нусхаи асл монанд шавад гуфтем. Агар хоҳед, рангҳоро ғафстар мекунем.

  - Не, мондан гиретон, - гуфт ӯ рафта истода  ва аз атрофиёнаш пурсид: 

  - Инҳо ба хӯроки нисфирӯзӣ баромаданд?

  - Акнун мебароянд.

  - Онҳоро хуб зиёфат кунед! Китфашро мувофиқ кардаанд!

  Хонум боз ба тарафи мо нигариста ба усто ҳусни зиёдатии худро намоиш  дода, шоирона лутфе ҳам кард:

  - Маскани некиҳост, Регистон...

  Бо ин соҳибҷамол андаке сӯҳбат кардани усто, ба вай хушомад кардани ӯро  фаҳмидан душвор набуд. Лекин ҷавонзан суханро мухтасар намуда, хайрухӯш кард. Баъди баромада рафтани ҳама усто ба эҳтирос дода шуд.

  Ҳазрати Навоӣ навиштаанд:         

Сӯҳбати ононе ки ман мехостам арҷманди ман нашуд,

Ононе ки сӯҳбатамро мехостанд писанди ман нашуд.

Баъди андаке танаффус  боз давом  кард:

  - Ҳазрати Фузулӣ менависанд:       

Он париваш, ки  султон аст вай  дар мулки  малоҳат,

Ҳукм ҳукми вай асту  фармон ҳам фармони  вай аст. 

  - Шустушӯй кун, акнун зиёфт зӯр мешавад.

  Чӣ қадар ҳақ гирифтни усто барои ман торик шуда монд, зеро инро донистани ман аз рӯйи одоб набуд. Ба  дасти ман ҳам камтар пул даромад. Бо ҳамёни касе кордор нашуданамро медонам, бинобар ин чӣ қадар будани онро ҳам гуфтанам шарт нест.

  - Акнун ба Ургут меравем, - гуфт усто, - як ошнои давлатмандам иморати нав бунёд карда, рангубор  ҳам кардааст. Ба ҳамон гул партофтанамон лозим аст.  Боз дар хотир дор, ки  агар иҷро карданӣ бошӣ, кори бойро кун!

  Дар мобайн як рӯз дам гирифтем ва  саҳарии рӯзи дигар ба Ургут раҳсипор шудем. Моро бо эҳтиром истиқбол  намуда,  фақат ба меҳмонхона ва айвон нақш бароварданамонро гуфтанд.

  Дар ин мобайн ба ман ҳамин чиз аён шуд, ки Усто Бақо  солиёни зиёд аз муқоваи ҷилдҳои китобҳои қадим, сандуқҳои  майда мехчакорӣ кардашуда, сӯзаниҳои  ба маҳалҳои  гуногун хос нусхабардорӣ карда, қолиб (бо ибораи имрӯза  “трафарет”) тайёр карда  будааст.

  Ин кори бағоят мураккаб буд, лекин беэътиборӣ накардам. Ин хел қолиб танҳо дар ман аст. Як-ду ҳамкасбон пурсиданд, надодам.

  - Чаро надодед? – пурсидам ман.


- Шарт нест, - муҷмал карда  ҷавоб дод ӯ. – Ана ҳамин хел нусхаҳоро дар Тошканд ва Маскав ҳам бағоят қадр мекунанд.  Соли гузашта дар Маскав  дар боғҳавлии (дачаи) як  корчаллон нақши сандуқро кашида дода будам, супориш бисёр шуда рафт. Лекин хунукӣ фаромаду омада мондам. Ваъда додам, ки имсол меравам. Минбаъд  қадри ин гуна нақшҳо дар худамон ҳам афзуда меравад. Ҳоло ҳозир  сарфаҳми моҳияташ нарафта истодаанд.

  Усто асосан  нусхаҳои сӯзаниҳои Китоб ва Шаҳрисабзро интихоб кард ва мо ба кор шурӯъ кардем. Ин хеле осон ва қулай буд. Қолибро ба девор мех карда, аз болояш ранг мемолидему халос. Лекин усто вақте ки хӯҷаинро медид,  барои чӣ бошад аз ниҳоят  душвор рафта истодани кор  шикоят мекард, гӯё шабона хоб накарда бо кор машғул шуданамонро мегуфт. Дар ин  мобайн аз санҷав шудани кор истифода бурда (албатта бо рухсати ӯ) аз баъзе қолибҳо нусха  бардошта гирифтам.

  - Корро ба охир рсонем,  Ба Маскав ҳамроҳ меравем, - гуфт усто. – Камтар пул кор каарда биёем. Писарро хонадор кардан лозим. 

  Ман бо ишораи маъқул сар хам карда мондам.


7


  “Моро дар аэропорт Ҳусанбойи морбоз пешвоз мегирад”, гуфта буд усто  бо телефон гуфтугузор кардани худро таъкид карда. Ман ибораи “морбоз”ро дуруст нафаҳмида бошам ҳам,  ба пурсидан мулоҳиза кардам.

  Ба пешвозамон як ҷавони  хушсарулибоси озарбойҷонӣ баромад.  Фаҳмидам, ки номи  ӯ Ҳусейн буда,  ҳамон шахси  усто дар назар дошта ҳамин кас   будааст. Сонитар донистам , ки  ин одам  соҳибкор набуда, балки ҳамин тавр як воситачӣ будаааст. Ӯ моро бо эҳтиром истиқбол гирифту ба мошинаш даъват кард.

  Маскав.

  Шаҳри бузурги кӯчаҳояш шабу рӯз пури одам, ки  ҳанӯз аз овони бачагӣ гоҳ-гоҳ дар телевизор, кино  дида, ҳавасам  меомад.  Ҳангоми дар синфи панҷӯм хонданам  “Бородино”  ном шеъри Лермонтовро аз ёд карданам,  байни оташ мондани Маскав ва  қиёфаи мавҳуми  Наполеони лол мондаро  пеши назар   овардам.

  Мошинаи мо  бо кӯчаҳои васеъ ва серҳаракати  шаҳр бо  суръат рафта истодаасту ман ин мулоҳизаҳоро, ки дар ким куҷо  хонда будам,   ба хотир меоварам: “Шаҳри калон – кони макр, онҳо  ким чиҳоро таги гӯшат ҳамеша  шибир-шибир баён карда  меистанд”.

  Раҳораҳ манзараҳои шаҳрро тамошо карда, ба сӯҳбати байни Ҳусейн ва усто  гӯш меандозам: Супоришҳо хеле бисёр. Ҳамчун порсола ба рафтан саросема намешавед, -  гуфт вай ба шеваи озарӣ.

  - Гуфта будам-ку тӯй ҳаст, кенҷаамонро хонадор накардаем.  

  - Ду корӣ ниҳоят зарур ҳаст, - давом кард Ҳусейн ва ин ду супоришро дуру дароз фаҳмонд.

  Азбаски диққати ман бештар бо тамошои шаҳр банд буд, бар болои ин забони озарбойҷониро он қадар сарфаҳм намерафтам, хеле суханонашро нафаҳмида мондам. Мувофиқи каму беш фаҳмиданам, дар меҳмонхонаи касе  акси обидаҳои таърихиро тасвир кардан  лозим будаасту ба ким-куҷо рафта, акси муқоваҳои китобҳоро нақш карданамон лозим будааст. Нағз ҳақ медодааст.

  Дар назди даромадгоҳи яке аз биноҳои бисёрқабата истодем ва борамонро бардошта ба қабати дуюм баромадем. Хонаҳо васеъ ва баланд буданд. Соҳибони хона ба боғҳавлӣ кӯчиданашон  маълум буд. Мо дар девори меҳмонхона расми  ёдгории меъмории “Қалъаи духтарон”-и шаҳри Бокуро тасвир карданамон лозим будааст.  Воситачии мо баробари беист сухан рондан,  моҳияти корро фаҳмонидан,  сурат ва плакатҳоеро, ки аз чор тарафи бино аксбардорӣ шудааст, пеши мо  кушода монд. Ин биное, ки ба асрҳои миёна тааллуқ дошт,  аз хиштҳои калон-калони сангин қад афрохта, берунаш кошинкорӣ нашудааст ва ҳар хел рангҳоро талаб намекард. Ёдгорӣ дар воқеъ ҳам ба  қалъаи хурд  монанд буда,  агар бо диққат нигаред, аз ҷиҳати геометрӣ хеле мураккаб буданашро фаҳмидан мумкин аст.  Мезана аз корпуси асосӣ қариб як метр ба берун бароварда шудааст ва  карниз аз хишт зинапоядор карда  сохта шудааст. Дар лаби бом бошад, ҳамчун девори Хитой колоннаҳои (сутунчаҳои) барои посбонон муайяншуда қад афрохтааст. Дар ин тасвир  симметрия андаке вайрон шавад, ҳолати табии вай гум мешавад. Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, назар ба Ригистон соддатар будани бино боварии маро мустаҳкамтар намуд.


Ба масъалаи ҳаққи меҳнат низ  каме кашокаш шуд ва  усто ба якуним ҳазор доллар розӣ шуд. Дар ҳамин ҷой зиндагӣ карданамон, ашёҳои зарурӣ,  хӯрокворӣ расонида   доданашро гуфтанд.

  Ҳолати девор усторо қаноат накунонд. Бинобар ин бо қумқоғоз тоза карда, аз нав рангмолӣ мекардагӣ шудем. Баъд дукаса шуда аз гач чорчӯб тайёр кардем. Барои онро хушк кардан, ҷой ба ҷой гузоштан, ранг кардан қариб даҳ рӯз вақт рафт. Ҳол он, ки ман ин корро дар як ҳафта иҷро мекунем, гуфта фикр карда  будам.

  Ҳусейн ҳам бештар дар ҳамин ҷой  шуда, корамонро назорат мекард. Гарчи  усто ваъда надода бошад ҳам, ба супориши дар шаҳри Боку буда гирифта  рафтанашро такрор карда меистод. Усто Бақо гапро ба дигар тараф мебурд.

  - Канӣ, Ҳусенбой, аз Фузулӣ як ғазал хон чӣ, - гуфт ӯ рӯзе.

  Вай аз шеърият дур буданашро ба гардан гирифт. Усто  аз ӯ андаке ранҷиду худаш сар кард: 

Ғамзаашро дӯст доштӣ эй дил, ҷонат ба ту даркор нест?

Теғ кашидӣ,  магар ҷисми урёнат ба ту даркор нест?

  Баъди он, ки усто ба девор тарҳро кашид мо онро бо диққат  гашта-гашта аз назар гузаронидем ва ба ранг кардан шурӯъ кардем.   Тасвири дарахти гул карда истода дар фон, ки дар фотосуратҳо мавҷуд набуд, дар ин ҷой айни муддао шуд. Ҳар рӯз бегоҳӣ  корамонро аз нав дида, хатоҳояшро ислоҳ мекардем ва  дурдонаи дар пеши назарамон бунёд шудаистодаро дида,  бо ҳаяҷон завқ мекардем.

  Баъди ба охир расидани кор хӯҷаин омада, онро дида, ҳисобу китоб мекардагӣ шуд.

  Ин одам ҳам мансуби миллати озарбойҷон буда, аз бисёр ҷиҳат ба Ҳусейн монанд будааст.

  Мо бо усто зоҳиран дар хавотир шуда истода будем, ки ӯ ба девор нигоҳ карду қоҳ-қоҳ зада фиристод. Баъд бо мо вохӯрд. Ба Ҳусейн ким чӣ гуфт, лекин ман нафаҳмида мондам.

  - Рубл мегиред ё доллар, - пурсид ӯ аз усто. 

  Усто долларро ба забон гирифт. Хӯҷаин ба пеши чашми мо  сеюним ҳазор долларро шуморида ба Ҳусейн дароз карду саросемаворона хайрухуш карда баромада рафт. Воситачӣ ба усто якуним ҳазор доллар шумурда доду боз хунукак илова карда монд:

  - Дар шартнома ба ҳамин мувофиқ шуда будем.

  Ҳеҷ кори дуруст накарда,   аз мо зиёдтар маблағ гирифтани ин одам ба ман маъқул нашуд.

  - Акнун шумоёнрро ба Боку гирифта меравам, - такрор кард  Ҳусейн, - дар китобхонаи калони шаҳрӣ расми муқоваи китобро тасвир мекунед.  Мусулмонҳо китобро чӣ тавр бо маҳорат тасвир карданашонро тамоми ҷаҳон дида,  ба ҳайрат монданаш лозим! Нағз ҳақ медиҳанд.

  - Намеравам, Ҳусейнбой, - ҳафсалаи ӯро пир кард усто.

  Ҳусейн  бо илтиҷо илтимосашро такрор кард, аммо усто розӣ нашуд.

  - Ин тавр бошад,  инро  гирифта равам, - гуфт ба тарафи ман ишора карда.

  - Аз дасти вай намеояд, -  фавран ҷавоб дод усто.

  Дар асл ин кор аз дастам меомад. Қолибро дар девор мех карда, рангҳои гуногун молидан кори душвор набуд.

  Вақте ки ҳар ду танҳо мондем, усто эзоҳ дод:

  -Ман се сол аз шаҳр ба шаҳр гашта,  аз китобҳо нусха бардоштам.  Онҳо бӯйи ин мулки мумтозро гирифтаанд. Лекин қадрияти худамонро бо пул ба дигарон дода фиристодан гумроҳӣ мешавад.  Ният дорам, ки  онро дар толори калони китобхонаи Самарқанд тасвир намоям. Лекин  метарсам, ки оё одамони мо ба қадри ин мерасида бошанд?

  Рӯзи дигар бо он кас хайру маъзур мекардагӣ шудем.

  - Ман меравам, - гуфт ӯ, - аммо ту мон, пул, обрӯ ёб!

  - Балки баъди тӯй меоед, - гуфтам, бо як эҳсоси бе ӯ азоб кашида монданам  мумкин буданашро фикр карда.

  - Барои имсол ёфтагиам мерасад.

  Устодамро гусел карда истода, аз ҳаққи хизматам, ки барои ман дода буд, сад долларашро ба ӯ  дароз кардам.

  - Роҳашро ёфта ҳаминро ба модарам   расонед, телефони дастӣ гиранд,  дар алоқа шуда истем...


8


Ман қарор додам, ки  аз баҳри хизмати воситачӣ бароям. Бинобар ин, мувофиқи гуфти усто, аз газетаҳо наҷот ёфтан, аниқтараш,  бо диққат хондани эълонҳо руҷӯъ кардам. Ба аксаш гирифта, дар онҳо бештар  андовачӣ ва рангмол лозим буданаш нишон дода шудааст.  Баъд худам эълон дода,  дар биноҳо нақш ва тасвирҳо кашиданамро баён кардам.  Инаш кор дод.  Худи ҳамон рӯзе,  ки  эълонам дар газета чоп шуд, телефонам занг зад. Кадом як шахси ношинос аз дастам чӣ кор омаданашро пурсид. Ҷавобамро шунида бо ман вохӯрданӣ шуд.

  Ба хонаам (ман ҳоло ҳам дар ҳамон хонае ки расм кашида будем, зиндагӣ мекардам) як ҷавонмарди сӣ-сиюпанҷсола, ки ба назар ҷиддӣ менамуд,  даромада омад.

  - Ба ӯбек монанд ҳастед-ку,  - гуфт ва  ҷавобамро  мунтазир нашуда, - ба русӣ гуфтугузор карда истодаем.

  Вай худро Эрнафас гуфта шиноснд. Аслан аз Қашқадарё буда,  баъд сокини Тошканд шудааст. Агар ба гуфташ бовар кунем, дараҷаи  номзади фан ҳам доштааст.

  - Инро бинед, ки  рӯйихати ӯзбекистониёни Маскавро тартиб дода истода будам. Шуморо ҳам навишта мемонам. Аммо,  аввало дар бораи  кор  гап зада гирем. Ин масъалаи ҷиддӣ, лекин аввал ягон кори  шуморо диданам лозим.

  - Мана ҳамин расмро кашидем, - ба тарафи девор ишора карда гуфтам ман.

  Ӯ “Қалъаи духтарон”ро бо диққат дуру дароз тамошо кард ва мамнунона  табасум кард.

  - Аз як ҷой кори калон ёфтаам...

  - Шумо ҳам воситачимӣ? – суханони ӯро буридам.

  - Аммо аз ноинсофҳо нестам. Бо хӯҷаин худатон шарт мебандед, ба ман аз даҳ як ҳиссаашро диҳед кифоя.  Ба дилаш маъқул кор кунед,  одамии нағз ҳақ медодагӣ. 

  - Чӣ хел кор? – худам ҳам донистан хостам.

  - Як  корчаллон ҳаст. Худаш депутат,  дӯстдори асп –расми ҳамин аспҳоро кашидан лозим.

  Рӯзи дигар ба роҳ баромадем. Мувофиқи  гуфти ошнои нави ман ҳамон корчаллон ҳафт асп доштааст.  Дар даромадгоҳи аспхона тасвир кардани акси онҳоро худи Эрнафас  таклиф карда будааст.

  Ватанпарвар,  миллатпарвар, ниятҳои қавӣ доштани ӯро сонитар ҳис  кардам ва  мавридаш ояд, дар ин хусус истода мегузарам.

  Мо аз шаҳр хеле берун баромадем. Ҳамроҳам сари роҳ дар бораи  ҳамдиёрони дар ин ҷой будаи мо нақл кард. Оне ки  ягон ҳунари дуруст дошта бошад,  нағзтар ёфтанаш мумкин, лекин аксар бо  чуқуркобию замбарбардорӣ банд шуда гаштанашонро бо сӯзу гудоз мегуфт.

  Аз ҳама бадаш, бачаҳо русиро намедонанд. Бо имзои  сад кас ба роҳбари маорифи  ҷумҳурятамон хат фиристодем. Дар мактабҳо зиёд кардани  соатҳои таълими забони русиро дархост кардем,  сабаб ва моҳияти онро кушода додем. Мунтазири ҷавобаш ҳастем. Бар болои ин бачаҳо ҳунар надоранд. Баъзе хатмкардагони  ноӯҳдабарои коллеҷҳо ҳатто  раствор тайёр карданро ҳам намедонанд.

  Ошнои навам дар бораи миллат, эътиқод, қадрият ашрофона ва олимона  мулоҳиза меронд, фикрҳои пурташвиш баён мекард. Бо ин одам дар робитаи доимӣ буданро ҳис кардам.

  - Ҳама гап – ба модарат  туро дар кадом зинаи тараққиёти ҷамъият таваллуд карданаш, - афкори фалсафиашро давом мекард ӯ, - мо ба ҳаёт каме барвақаттар омада мондаем. Тақрибан баъди сӣ-чил сол рӯйи замин ба ҷаннат табдил меёбад. Лекин ҳаминро набояд фаромӯш кард, ки  дар ҳар кадом давр ҳам омили   одамро одам  мекардагӣ дар зиддияти ӯ бо муҳити зисташ мебошад.

  Назди як бинои сароймонанде, ки ба  бешазор пайваст шуда мерафт,  истодем. Ин аспхона буда, бо услуби замонавӣ сохта шуда, болояш пурра пӯшонида шудааст, дар оқибаш  як саисхонаи калоне ҳаст.

  Аспҳо зотӣ ва  қиматбаҳо буданд. Дар  муқобили ҳар яке навиштаҷоти лақабаш, солаш, зоташ  сабтшуда овехта шудааст. То алҳол аз фарқ накардани зоти асп дур буданам таассуф хӯрдам. Владимир ном аспро, ки  асосан барои боркашӣ хизмат мекард, бори аввал медидам: пойҳои вай ғафс, ёлаш серун, ҷасадаш калон мебошад;  аспи  барои свор шудан  муқаррари зоти арабӣ пой ва миёнаш борик, худаш хушқомат буд.  Тездави русӣ ва англисӣ (хӯҷаин онҳоро ба мусобиқа мемондааст) инчунин айғирҳои Осиёро ҳарчанд ҳаракат кардам,  аз ҳамдигар фарқ карда натавонистам.


Дар қисми пеши хобгоҳи аспҳо аз фанери ғафс  девор кардаанд.  Лекин вайро  барои расм кашидан  омода намудан лозим буд: баъзе тахтаҳоро дигар кардан, ҳамаашро ба як ҳаҷм даровардан, бо қумқоғоз пардоз кардан, ранг кардан лозим аст.

  Дар ин ҷой  ба ғайр аз посбон ва аспбон боз чор каси ба ӯзбек ва тоҷик монанд ҷӯй мекофтанд.

  - Инҳо  мардикорони худамон,  - гуфт Эрнафас, - кор фармоед, чашмашон кушода шавад!

  Вай ба хӯҷаин телефон кард ва онҳо хеле гуфтугузор карданд. Баъзе суханони онҳоро шунида мондам.

  - Шартнома лозим нест! Кашидан гирад, фантазияашро кор фармояд, - гуфт ӯ.

  Ҳамон рӯз аспбон  фотоаксҳои ин дулдулҳоро ҳам ёфта дод. Барои ба хато роҳ надодан коғази картонӣ ёфта, калонтар кашидани расми аспро машқ кардам.

  Пеш аз оғози кор ба ҳамин ҷой кӯчида омадам. Эрнафапс телефон карда меистад, чӣ зарур буданашро мепурсад ва  рангу масолеҳи зарурии дигарро муҳайё мекунад. Ба   “мардикорони худӣ” аксар тахтаҳоро вайрон карда, ба ҷояш дигарашро гузоштанро фармудам. Дар ҷараёни расмкашӣ ҳини сӯҳбат бо онҳо ҳамин чиз мамълум шуд, ки   ин азаматҳоро Эрнафас ёфта омада,   ба аспхона  кашида омадани  қубурро  фармуда будааст. Инҳо аз  деҳаҳоии  дуртари  атрофи Самарқанд ва  Хоразм буда, моҳе  панҷсад доллар ҳақ мегирифтаанд. Аз ҳамин панҷоҳ долларашро ба Эрнафас доданашонро шунида,  фикрам дар бораи ошнои навам дигар гашт. Ба назарам ин ҳолат худбинӣ ва  носамимӣ буд.  Суханони баландпарвоз дар бораи  ватан, миллат дар куҷою ҳаққи ҳамватанҳоро  задан дар куҷо – аз фикр гузаронидам ман.

  Боз ҳамин чизҳо маълум шуд, ки онҳоро аввал як воситачӣ бо шарти  се сад доллар ҳақ додан ба сементборкунӣ гирифта бурдааст. Онҳо дар ин бобат сӯхтаю пухта гап заданд.

  - Дар он ҷой хеле душвор буд, аз азоби сементборкунӣ китфамон яра шуд.

  Ин ҳам намерасидагӣ барин кадом як бегонаҳо ба  ин шӯрбахтҳо андоз андохта, агар  ҳар моҳ сад долларӣ надиҳанд, кушта рафтанашонро гуфтаанд.

  Эрнафас аз ин хабардор шуда,  онҳоро ба ин ҷой гирифта омадааст. Дар ин ҷой ҳам корашон осон набуд: посбон ва  аспбон кори мехостаашро ба онҳо мефармуд,  бинобар  забони русиро надонистанашон  онҳоро масхара мекардаанд.

  - Ба ман нигаред, - гуфтам рӯзе ба Эрнафас, -  шумо дар бораи эътиқод, ғояҳо сухан меронеду боз аз мардикорҳо андоз меситонед.

  - Ин афандиҳо, - гуфт ӯ, - дар ҷойи аввалаашон ҳар рӯз  12 соат  семент мефароварданд ё бор мекарданду се   сад мегирифтанд. Бар болои ин ду кавказӣ пӯписа карда, моҳе фалон сӯм андоз меситонидааст. Ҳа, ҳар чорашон як шаванд-ку  доди онҳоро медиҳанд. Лекин,  ҳама иллат дар он аст, ки  мо муттаҳид нестем.  Дар ин бобат бояд аз дигар миллатҳо ибрат бигирем. Як моҳ муқаддам аз ин бачаҳои ду вилоятамон байни худ чангҷол  карда,  як навҷавонро корд задаанд.  Эй, говтабиатон, ҳамаатон фарзанди як диёр ҳастед-ку, ӯзбек ҳастед! Аққалан дар мулки мусофирӣ  муттаҳид шавед!  Ҷасади ҳамон бачаи  кушташударо аз  кисаамон пул харҷ карда  фиристодем.  Фиристодани ҷасади мурда -  аз зинда даҳ баробар зиёд буданашро  ҳама ҳам намедонад.

  Дар ҷараёни сӯҳбат боз ҳамин чиз маълум шуд, ки онҳо се-чор кас шуда, як штаби норасмӣ тартиб додаанд ва  ба ҳамватанони мӯҳтоҷ ёрдам мерасонидаанд.

  - Мо фақат  ҳамватанони  чуқуркоб ё сементкашро дида ба фикри нохуш омаданамон, ор карданамон ғалат.  Бачае ки  се сол пеш аз ин дар бозор аробача ронда мегашт, имрӯз соҳиби  фирмаи хусусӣ мебошад.  Яъне, каллааш кор мекунад. Танҳо онҳоро муҳофиза кардан, якҷоя намудан лозим аст! Франсузҳо  нақле доранд: “Ҷавонон бо мақсади рӯзе баргаштан мераванд!” Мо ҳам дар ин ҷойҳо абадан монда намеравем-ку!

  Вақте ки ӯ дар бораи миллат бо меҳр сухан мекард,  фикрам  гиреҳ баста   рафт. Зеро ин хел суханонро   дар телевизор бисёр шунида, дигар шуда будам. Ҳамсӯҳбатам  чунин кайфияти маро  зуд сарфаҳм рафт.


- Гап дар сари он аст, ки матбуоти мо дар бораи ин ниятҳои нек ба ғайр аз гапҳои  обшуста чизи дигаре намегӯяд. Дар асл   муқаддасоти ватанро  тан нагирифтан,  ғайр аз нонкӯрӣ чизи дигаре нест. Ҳозир дар ин кишвар ҳазорҳо ҷавонони мо меҳнат карда истодаанд, ёфтагиашонроо ба  хонаашон фиристода истодаанд. Дар мо таваллуд бисёр, одам бисёр, ҳамаро бо кор таъмин кардан мушкил. Лекин агар дар ин ҷой малака зиёд карда равем,  ё ки бачаҳоямонро дар ҳамин ҷой таълим дода ба  ватан фиристем, ба вай хизмат кардагӣ мешавем.   Русҳо  мардуми оғӯшашон васеъ! Мо бо онҳо буданамон шарт! Сиёсат, вазъияти имрӯза,  ҳатто худи русҳо ҳам аз дирӯзаашон фарқ мекунанд!

  - Балки штаби шумоён созмондодаро васеъ карда,  ба чӣ хел як  иттиҳодия ё худ хазинаи қонунӣ табдил додан лозим будагист?

  - Мо ин корро ҳам сар кардем. Дар ҳар як шаҳри калон ё губернияи (вилояти) Россия яктогӣ ҷамъият барпо мекунем. Ҳамдиёрони дар ҳамон ҳудуд бударо муттаҳид кардан ва ҳимоя кардан ба зиммаи ҳамин иттиҳодия мешавад. Аз ҳама бадаш, баъзе бачаҳои мо  бинобар  надонистани  бехавфии техникӣ,  ҳалокатҳои автомобилӣ мурда истодаанд. Баъзан онҳоро кушта истодаанд. Ин фоҷеаи  кишвар, фоҷеаи Ӯзбекистон! Дар арафаи асри  бисту як-а!

  Эрнафас дар ин бора хеле  сухан кард. Ман зиқ шуда рафтам.  Вай инро фаҳмида  оҳанги гапро дигар кард.

  -Мана, шумо як ғел зада усто шуда гирифтаед. Лекин лақмаҳои ба ин ҷой омадаистода, чунон ки пештар гуфта будам,  соҳиби ягон ҳунари оддӣ ҳам нестанд. Бар болои ин ҳуҷҷат ҳам надоранд.  Дар Россия  пайвандчиҳо, сартарошҳо, ронандаҳо, рангмолҳо хеле бисёр лозиманд. Шумо ҳам аз рӯйи инсоф   ҳадди аққал ду нафар шогирд гиред...

  Ман розӣ шудам.  

  Корро аз аспи Владимир  оғоз кардам. Расми  онро бо ҳафсала кашидам  ва дар рӯ ба рӯяш бачаи луб-лучеро (бо  либоси Одам Ато ва Момо Ҳаво пӯшонида фиристода),  ки дар дасташ сабза дошта,  ба ҷонвар дароз мекард,  тасвир кардам. Дар чашмони бача меҳр нисбати асп, дар нигоҳи асп меҳр ба бача барқ зада истодааст.

  Ба аспи Осиё (ба фикрам, Қорабайир) бошад, дар ду пойи оқибаш рост истода,  нияти  ба осмон  парвоз кардан доштанашро акс намудам,  аспи арабиро дар фони саҳрои беканор тасвир намудан рост омад. Акси  аспҳои тездави  русӣ ва англисӣ  аз тасаввурам ҳам зиёдтар нақш бастанд.

  Баъди анҷом додани кор Эрнафас  сим зада хӯҷаинро даъват кард.  Ман каме дар хавотир афтодам:  хӯҷаин мабодо аз мусаввирӣ хабардор бошад ва ё ягон рассомро  ҳамроҳаш гирифта ояд, дар ин ҷой чанд нуқсонро пайдо карданаш мумкин. 

  Шукрки, ҳамин хел нашуд. Депутат баъди пешин бо оилааш омад. Онҳо баробар хурсанд шуданд ва аз ман пештар  Эрнафасро таъриф карданд.  Аз ин ҳолат наранҷидам, балки хурсанд  шудам.

  - Ба ман нигар, писари ӯзбек, - гуфт хӯҷаин, - чӣ қадар пул диҳам?

  - Ихтиёратон, - гуфтам.

  - Ба ҳар якаш панҷсад долар диҳам  розӣ ҳастӣ?

  -Вай  ҷавобамро ҳам мунтазир нашуда,  ба ҳисобу китоб даромад.

  Чунин саховат ва ҳурматро интизор набудам. Ба ростӣ,  хеле шод шудам. Дар худи ҳамон ҷой ба  Эрнафас панҷсад доллар дароз кардам. Рӯзи дигар ба модарами телефон карда пул фиристода истданамро хабар додам.

  Эрнафас ин дафъа ҳам  гапро аз ташвиши муҳоҷиронамон оғоз кард.

  - Ҳамон депутат хеле хурсанд шуд. Аз ин истифода бурда дардамро гуфтам.

  - Чӣ  хел дард?

  - Мардуми мо дар ин ҷой солҳо меҳнат мекунанду ҳангоми ба нафақа баромадан  ба стажи меҳнатӣ ҳисоб намешавад.

  Вай ба ин масъала ёрдам мерасонидагӣ шуд.

  Баъд ба чунин хулоса омадам, ки падарам ҳамон бачаҳои бетаинро, модарам беморони худро чӣ қадар эъзоз накунанд, ба онҳо бо умед нигоҳ накунанд,  Эрнафас муҳоҷирони моро ҳамин қадар наздик медонистааст.

  Кори ин дафъа ёфтаӣ вай ҳам  осон набуд:  дар пешгоҳи  ӯтоқи кории губернатор бешазори серуни  дарахтони сӯзанбаргро кашидан лозим буд. Мураккабии ин кор дар он буд, ки  миллионҳо барги ин бешазорро як-як кашидан лозим аст.

  -Чӣ бошад ҳам ин корро кардан даркор: вай  садҳо нафар ҳамватанони моро ба кор монданаш  мумкин, бо ин одам робитаро мустаҳкам кардан даркор, баъзе муттаҳамҳо бачаҳои моро кор фармуда ҳаққашонро намедиҳанд – маро ба розӣ кардан ҳаракат мекард Эрнафас.


Розӣ шудам. Ёрдамчии сардор моро ба як хонаи  васеъ гирифта даромад. Губернатор (насабаш – Муфтахутдинов) бо телефон гап мезад, ба мо эътибор ҳам надод. Ман деворҳоро бо диққат аз назар гузаронидам ва дар пешгоҳ дарахтзор,  дар ду паҳлу бошад,  кашидани нақши  сӯзаниҳои Самарқанд ва Бухороро  таклиф додам. Гуфтам, ки дар чунин ҳолат композитсия мукаммал мебарояд.  Губернатор ин суханони маро шунида,   дарҳол рад кард, лекин  акси  сӯзаниҳоро  нишон доданамро пурсид. Ман онҳоро ҳоло  аз  ҷузвдон набароварда савол дод: 

  - Сӯзаниҳои Бухоро ҳаст-мӣ? Ман дар он ҷой зиндагӣ кардаам.

  Ба ман  шаш акси сӯзаниҳои Бухоро мавҷуд буд. Хурсандона онҳоро болои миз паҳн кардам. Губернатор  гӯё чизи кайҳо гум кардаашро ёфта бошад,   каллаашро сарак-сарак ҷумбонд.

  Рӯзи дигар барои мушоҳида  намудани  бешазори дарахтҳои сарв ва санобар  шурӯъ кардам.

  Баъди як ҳафта  бо шогирдон (аз он бачаҳо дутояшро ба кор гирифта будам) рафта,  ба  нақшакашӣ шурӯъ мекунем, гуфта будем, ки вазъият дигаргун шуда монд.

  Шумоён дар деворҳои паҳлу нақши сӯзаниҳоро кашидан гиред, - гуфт ин дафъа ёрдамчӣ, - дар пешгоҳ  сурати калонкардашудаи бешазорро мечаспонем.

  Аз ин гап  дафъатан  сабук шудам: барои  тасвири  бешазори русро кашидан таҷрибаам камӣ карданаш мумкин буд.

  Мо ба кор сар кардем.



9


  Аз дар пеш истоданаш супорише ки  қисмати маро   тамоман дигар мекард,   тамоман бехабар  будам.

  Эрнафас дар девори бассейни як бойи бо савдои автомобил машғулшаванда кашидани акси духтари яккаю ягонаашро гуфт. Ман то  ҳол чунин расм накашида будам, бинобар ин дудила шудам ва ҳам донистанӣ шудам. Пеш аз он, ки ваъда диҳам,  ҳаҷми девор, дараҷаи тайёрии он, ҳусни духтар, ҳолати ӯро диданам лозим буд.

  Рӯзи дар ба роҳ баромадем.

  Дар  мавзее, ки як тарафаш ба бешазор пайваст шуда рафтааст, дар  ҳар ҷой-ҳар ҷой хонаҳои ҳашаматнок (шояд боғҳавлӣ – дачаҳо бошанд) ба назар мерасад. Мо дар назди дарвозаи яке аз онҳо истодем. Ҳавзи об  калонакак буда,  девораш ҳам баланд будааст.  Лекин онро боз як бор нағзакак тарошида, аз нав лак молида баромадан лозим буд.

  - Лозим бошад, мардикор гирифта омада, деворро тахт карда медиҳам, - гуфт Эрнафас, - Ба сараш истед мешавад.

  - Аз худамон мемондагӣ кор нест, - ба ҷойи ман ҷавоб дод шогирди навам.

  - Ба масълаи пул шартнома кардан зарур нест, ба даҳонатон омадаашро мегӯед. Ба ман низ  аз рӯйи инсоф медиҳед.

  Дар асл, ин кори рассоми  соҳибтаҷрибае буд,  ки бисёр чизҳоро  дидааст. Лекин аз омад рӯй тофтан низ ғайри тарсугӣ чизи дигар нест.  Агар расмро баробари девор кашад,  вай хеле баднамо мебарояд. Бинобар ин онро баробари қади духтар кашидан маъқул буд. Лекин,  агар ин тавр шавад, дар ду тараф қариб  се метрӣ ҷой кушод мемонад. Ин холигиро бо нақши сӯзаниҳои Фарғона пур кардан лозим дониста шуд.

  Эрнафас телефон карда розигии хӯҷаинро гирифт.

  Тасвири нақшро бо тезӣ ва табъи дил кашидем. Ба он ҷойе  ки  тасвири   духтарро гузоштан лозим аст, аз гач чорчӯб  (рамка) ҳам тайёр ва дар ҷояш часпонда шуд. Баъд аз ҳамин  гуфтам, ки сурат ва худи духтарак (Светлана)ро диданам лозим. 

  Вай тақрибан ҳабдаҳсола, сап-сафед ва нозукниҳол буд. Бинобар он, ки ҳама ба ӯ шумо гуфта  муроҷиат мекарданд, ман ҳам чунин рафтор кардам. Духтарак ба ман суратҳои дар ҳолатҳои гуногун аксбардорӣ шудаашро тақдим карда, аз ҳаминҳо истифода бурданамро таъкид кард. Дар ибтидо тасвири дар соҳили баҳр дар либоси шиноварӣ пояшро болои ҳам гузошта якпаҳлу дароз кашида истоданаш маъқул шуд.

  Насиҳати Усто Бақо ба хотирам омаду баҳрро зинда тасвир кардан, аз ҷумла мавҷудоти  баҳриро ҳам тасвир карда,  духтарро ана дар ҳамин фон ҳамчун санам ва ё парии обӣ бо хаёл истоданашро тасаввур кардам. Лекин то оғози кор бисёр машқ карданам зарур  буд.

  - Барои табиӣ баромаданаш аз худатон ҳам андоза гирифтанам лозим, - бо лутф гуфтам ман.

  - Шумо  ба русӣ нағз сухан мекунед-ку,  дар куҷо омӯхтед, - пурсид ӯ ҷавобан.

  Дар мактб  ба забони русӣ таълим гирифтанамро гуфтам. Ӯ  рӯ ба рӯйи ман нишаст. Бо телефони дастӣ бисёр  суханронӣ карданаш ба ман маъқул нашуда  бошад ҳам, эътироз накарда ба кор шурӯъ кардам.


Рӯзи дигар низ бо ман сӯҳбат карданашро ҳис кардам ва беихтиёр бо ҳам дар сӯҳбат шудем.

  - Дар Осиё ҳоло ҳам мардҳо занашонро мезананд-мӣ? – савол дод ӯ.

  - Мезананд, хонум, - ҷавоб додам хотирҷамъона, - ба гап, ки гӯш накунанд дигар чӣ ҳам мекунанд.

  - Ҷаҳолат! – норозигиашро пинҳон накард ӯ.

  - Мардҳо бисёр зан мегиранд-мӣ?

  - Чӣ қадар хоҳанд, хонум, - махсусан зиёд карда фиристодам.

  Вай сарашро  сарак-сарак ҷумбонда монд.

  - Чаро дар Маскав онҳо ин қадар бисёр? Дар шумоён ҳаёт вазнин-мӣ? – давом кард ӯ.

  Ҷавоб доданам наомад, аниқтараш, чӣ гуфтанамро надониста мондам. Ба ҷояш худам ӯро саволборон  кардам. 

  Ҳамин тариқ, дар Лондон таҳсил кардани ӯ, мусиқа, умуман санъатро дӯст доштанашро фаҳмида гирифтам.

  Ба беғубории  духтар,  соддагии ӯ ва самимияти зоҳириаш ҳавасам омад. Ӯро бо графиняҳои (бонуҳои) дар асарҳои Толстой, Тургенев буда муқоиса кардам. Ҳамчун онҳо озодона фикр ронданаш, мӯътабар донистани  ҳуқуқи инсонро таъкид карданаш ба ман хеле маъқул шуд. Ҳамин тариқ,  сӯҳбатамон торафт авҷ мегирифт.

  - Чаро маро ба  яхмос ва ё қаҳванӯшӣ  даъвати намекунед? – пурсид рӯзе Света.

  - Аз ман бӯйи ранг меояд, либосҳоям ҳам осиёгӣ.

  - Айнан барои ҳамин ҳам  даъват карданатон лозим-дия, - гуфт бо навозиш.

  Ман  шустшшӯй карда,  ҷойҳои ғиҷимшудаи куртаю шимамро каме ба тратиб даровардам. 

  Мо ба ресторан даромадем.

  Вақте ки пешхидмат нӯшокиро пурсид, ба якдигар бо назари савол нигариста мондем. Моил будани духтарро ҳис карда:

  - Аз шарооби беҳтаринатон биёред, - фармон додам ман.

  - Шунида будам, ки дар шумоён наменӯшанд. 

  - Дар чунин вазъият нанӯшем убол, - ҷавоб додам ман.

  Дигар гап нашуд.  Ман ӯро гусел карда мондам.

  Баъд ман либосҳои тоза харидам, мо ҳамроҳ ба консерт ва ҷойҳои дилхушкунанда мерафтагӣ шудем. Вай ба ман рӯз аз рӯз бештар маъқул шудан гирифт. Рафта-рафта ба дилам ҳамчун   муҳабббат як эҳсоси мавҳум бедор шуду,  лекин тафовути байни мо пешгирӣ  кардани эҳсосотро тақозо мекард.

  - Ту чаро дасти маро намеупрсӣ? – гуфт ба нохост ӯ  вақте ки  аз шоми  рақс бармегаштем.

  - Ту духтари шахси давлатманд ҳастӣ, ман бошам як рангмоли оддӣ.

  - Охир маро дӯст медорӣ ку..

  - Танҳо худи ҳамин кифоя намекунад-дия...

  Баъди се рӯз оила маро ба меҳмонӣ даъват кард. Муддаои онҳо шиносоӣ ва  дидори ман  буданашро фаҳмидам.

  Мебелҳои  қиматбаҳои меҳмонхона,  фортепианинои калон, қандилҳои бемислу монанд ва ҷиҳозҳои дигар  қашшоқӣ ва аз хору хас ҳам  беқадр будани туро гӯшрас мекардагӣ барин буд.

  Падару модари Света ҳам ҳоло хеле ҷавон менамуданд. Гумон карда  будам, ки онҳо маро имтиҳон мекунанд, лекин ин тавр нашуд. Аз куҷо омӯхтани ксбу корам, муносибати бо Света доштаам, нақшаҳои ояндаамро пурсиданду халос.

  Чунон, ки Усто Бақо гоҳ-гоҳ таъкид мекард, Худо  кушоиш дод аз афташ, ки рӯзи тӯй ҳам муайян шуд. Ҳамаи ташвишу хароҷоти тӯйро онҳо ба зиммаи худ гирифтанд. Ман то он вақт  барои  ба анҷом расонидани  мусаввара   зӯр задам.

  Пештар аз тӯй корро ба анҷом расонидам, шустушӯй карда, либосҳои тоза дар бар карда, падару модари Светаро даъват кардам. Азбаски расмро бо меҳри хоса кашида будам, вай ба худи ман хеле маъқул шуда буд. Дуруст, Света дар ҷараёни кор баъзе нуқсонҳоро гуфта буд ва ман онҳоро ислоҳ карда  будам. Танҳо як худи қисми пойро се маротиба  гаштаю баргашта кашидан лозим омад. Сабабаш: мувофиқи фантазияи ман ду пойи парии обии дар соҳил нишаста -  Света ба қисми думи делфин расида истоданаш лозим буд.

  Онҳо бисёр шуда омаданд ва  падари духтар хеле дуртар истода, тамоми овозашро баланд кард: “Это же настощая русалка!”  (Ин парии обии ҳақиқӣ-ку!)


Вақте ки дар черков никоҳ мехонданд,  дар атроф  ҷуфт-ҷуфт истодани мардони бовиқор,  занони серлутфу  оғӯштаи  зару зевар  - ҳамаи инро  гӯё  дар хоб медидам. Дар байни меҳмонҳо аз тарафи ман танҳо Эрнафас бо  занаш (шояд, хушдораш) омада буду халос. Ин дабдабаи бемислро  дида,  беихтиёр падару модарамро ба хотир овардам. Оё дар тӯйи ман онҳо ҳампаҳлу истоданашон лозим набуд?  Дуруст аст, ки ман онҳоро даъват накардаам. Лекин даъват кунам ҳам намеомаданд. Равед, ки  агар биёянд ҳам,  ба паҳлуи якдигар истодан ҳақ надоштанд. “Лонаи гунҷишк ҳам вайрон нашавад” мгуфт Усто Бақо. Онҳо оилаи худро вайрон карданд, ману апаам (хоҳарбузургам)ро як умр дилфигор карданд. Падарам ба бачаҳои безорӣ,  модарам ба беморони худ ғамхорӣ карданду қисмати моро фикр накарданд. 

  Фикр мекардам, ки бо Света хеле меҳрубонона,  аҳлу тифоқ рӯз гузарнида, оилаи хуб бунёд каарда,  фарзандҳо дида, онҳоро ба воя расониданамон зарур аст.  Медонистам, ки ҳоло бисёр нозу нузи ин духтари эрка  пайдо мешавад ва барои   ба онҳо тоқат карда тавонистан худамро руҳан омода мекардам.

  Қисми асосии моҳи  асалро (дар Самарқанди мо “шакармоҳ” мегӯянд) дар Сочӣ  гузарониданӣ шудем.  Ин боғҳавлии ба шаҳр пайваста ба кӣ  тааллуқдор буданашро надониста мондам. Вай хеле боҳашам буда,  баҳр намудор шуда  меистод. Дар толор телевизори  экранаш калон, мебелҳои гаронбаҳо...

  - Фортепянино набудааст-ку , - эътироз баён кард Света.

  Ягон соат нагузашта фортепянинои калони аз дарахти чормағз сохташударо оварданд. Мо ҳар рӯз баъди наҳорӣ дар баҳр оббозӣ карда меомадем ва  маъшуқаи ман  назди фортепянино нишаста оҳангҳои дилрабо менавохт.  Дар болои тугмаҳои  фортепианино  шӯх бозӣ карда истодани ангуштони  сап-сафеду нозуки ӯро бо меҳри хоса тамошо карда,   ана ҳамин маҳбубаи сеҳрнок  ҳамсари ман буданашро  фикр карда, тамоми  вуҷудамро  шавқу завқу ифтихору ғурур пахш мекард. Ин оҳангҳои мумтозро шунида, дар қалбам орзу-умедҳои нав ба нав неш мезаданду худамро дар парвози коинот медидам. Фикри офаридани  полотнои “Занҷири оила” низ ба ман дар таъси ри  ҳамин мусиқӣ,  дар ҳамин ҷой пайдо шуда буд.

  Дар он  зану марди паҳлуи ҳам рост истода ва дар мобайни онҳо духтарчае, ки  пойи онҳоро ба оғӯш гирифта дар замин хандон нишастааст,  акс ёфтанаш лозим буд. Ин расмро бо ранг не, дар девори бино бо мозаика, яъне бо шиша ва ё порчаҳои сафол бунёд карданро ба нақша гирифтам. Сонитар ба ҷойи онҳо сангчаҳои садафмонанди соҳили баҳрро зич чида баромадан ва  амсоли инҳоро фикр кардам. Баъд аз паи ба коғаз фаровардани лоиҳаи мазкур шудам.

  - Ин занак ба ман монанд шуда рафтааст-ку, - қоҳ-қоҳ зада хандид Света – Мардро ҳам бу худат монанд кардаӣ, яъне фарзанди нахустинамон духтар буданашро мехоҳӣ...

  - Вай занҷири оилаи мо мешавад, - гуфтам. 

  - Лекин ман ҳоло фарзанддор шуданӣ не, сонитар..

  Аз Усто Бақо  ва Эрнафас эҳсоси  ватандӯстӣ ба ман сироят  карду будааст,  магар ки ман ин корро дар Маскав не,  дар ватани худам,  дар бинои босалобати идораи ЗАГС барпо карданӣ шудам.

  Дар ин мобайн бо киштӣ аз баҳр гузашта ба Туркия ҳам рафта омадем. Баъди бозгашт Ғори Афғон, боғҳавлии Сталинро тамошо кардем. Хуллас,  рӯзҳои шоҳонаи ҳаётамон давом мекард.

  Дар яке аз чунин рӯзҳо модарам телефон карда монд. Дар овози ӯ  як ғамгинӣ,  дарди зоҳириро ҳис карда мондам.

  - Модаркалонат аз олам гузаштанд, - гуфт модарам. –Миён баста истоданат даркор. Туро калон карда буданд.

  Лекин дар чунин вазъият арӯсаки ҷавонамро танҳо монда рафтанро тасаввур карда наметавонистам.

  - Модарҷон, бо келинатон Света дар Сочӣ  шакармоҳро гузаронида истодаем,  - гуфтам. - Маро бубахшед.

  Баъд бо виҷдонам танҳо монда, ба модаркалонам дилам сӯхт.

  Ба ҳамин нигоҳ накарда, ба Света аз олам гузаштани модаркалонамро гуфтам.

  - Пир буданд-мӣ? – пурсид ӯ.


Ман бо ишораи маъқул сар хам кардам. Дар асл дар ҳамин маврид ба ӯ дар бораи модаркалонам, феълу хӯйи ба худ хоси  он кас  сухан карданӣ будам. Лекин ба арӯсам ин хоҳишро мушоҳида накардам. Ҳамин вақт як ҳикояи Чехов ба ёдам омад: Извозчии аз занаш ҷудошуда ба касе ҳасраташро баён карданӣ мешавад. Лекин касе ёфт намешавад,  ки дарди ӯро шунавад. Дар ҳамин ҳолат ӯ  гардани аспашро оғӯш кашида тамоми  ғаму андӯҳашро ба вай баён мекунад.

  Канӣ, агар  яке аз аспҳое ки ба қарибӣ сураташонро кашида  будам,  дар паҳлуям бошад,   онро  ба оғӯш гирифта,  ман ҳасратамро баён кунам ...

  Баъди ба Маскав баргаштанамон ҳам  зиндагиамон ҳамин тавр – идона давом мекард. Ҳисоби пул гуфтани чиз набуд: дар ғаладони мизҳо  рубли рус мегӯед-мӣ, доллари ИМА-мӣ,   чӣ қадар хоҳед,  гирифта харҷ кунед.

  Ба кор кардан дастам нарафта монд. Аз ҳамин қадар шодиёнаҳо даст кашида, арӯсакамро танҳо гузашта ба рангу бор ғӯта заданро нахоста мондам.

  Ин дафъа   як ҷавони  арманӣ Светаро ба  валс  таклиф кард. Онҳо давр зада истодаанду, ҳамон нобакор ба гӯши Света чизе гуфтанашро дида мондам: рашкам омад. Света бо ҷавоби розигӣ сар хам карда монд. Арманӣ аз  китфи лучи ӯ бӯса гирифт.

  - Ба  марди бегона аз китфи луч бӯса додан ба доираи одоб надарояд даркор, - гуфтам ҳангоми бозгашт.

  - Барои ман аз ҳама муҳимаш -  озодӣ,  - гуфт ӯ, – дигар ҳамааш ба дараҷаи дуюм.

  - Вазифаи оилавӣ  гуфтан ҳам ҳаст.

  Баъди ин гапи ман  ӯ сахт қаҳр карду дигар  гап назада монд. Баъд худам вазъиятро сабук карда, боз дилашро ёфтам.

  Ҳаётамон ҳамин тариқ бо шодию хурсандӣ давом мекард. Дар тирамоҳ омада ба қади Света шуд ва баъди ин вай хеле бадҷаҳл, серзарда, инҷиқ шуда монд. Муносибаташ бо ман бад шуд;  модараш ва духтурҳоро ҳам лат медодагӣ шуд.  Ҳамаамон фикр мекардем, ки  сабаби ин  - дар вазнин гузашта истодани ҷараёни ҳомиладорӣ мебошад.  Зеро хӯроки хӯрдаашро қайъ мекард,  аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва руҳӣ сахт азоб мекашид.

  - Дар авлоди ту ягон кас ба  бемории руҳӣ гирифтор шуда буд-мӣ? -  пурсида монд  рӯзе ӯ  бо оҳанги ҷиддӣ.

  - Чаро  ин тавр мепурсӣ? – тааҷҷуб кардам ман.

  -Ҳамин тавр, - гуфту монд

  Ба ҳамин хел беморӣ дучор шуда,  худро овехтани тағоям ба хотирам омад, лекин ба ӯ дар ин хусус чизе гуфтанро лозим надонистам. Чаро ин хел савол доданашро чанд рӯз фикр карда гаштам.

  Моҷаро рӯз аз рӯз авҷ мегирифт.  Вай ба навозишу илтиҷоҳоям  ҷавобҳои нохуш медод. Барои нигоҳ доштани оила ба ҳамаи инҳо  сабру тоқат крдан лозим,  гуфта фикр мекардам.

  - Бачаро гирифта мепартоям, - гуфт ӯ рӯзе  ҷиддан.

  -Азизам, пушаймон мешавӣ!  Чаро ин хел мегӯӣ?

  -Ту бемори руҳӣ...

  - Чиҳо гуфта истодаӣ? - ҷаҳломез сухани ӯро буридам ман. 

  - Ман ба ин боварӣ ҳосил кардаам: шабҳо бо ким-киҳо гап мезанӣ, бо ӯзбекӣ  ким-киҳоро пеш мекунӣ:   ба пойгоҳ, ба пойафзал нигариста Азроилро дидагӣ барин метарсӣ. Чашмонат ҳам  мисли пештара мусаффо нест, ба атроф  девонавор, дарвеш барин нигоҳ мекунӣ!

  Гуфташро кард: бачаро гирифта партофт ва ба хона дигар наомад. Дар хонаи ҳайлавот  худам танҳо мондам.

  Рӯзҳои ниҳоят дилгир, бемақсад оғоз ёфтанд.  Тамоми рӯз виски нӯшида,  телевизор медидам.  Шабҳо бошад, бо хаёлоти нохуш хобам парида, ба дилам воҳимаи зоҳирӣ афтода буд. Фақат кай ва дар куҷо писари ӯгайи ҳаёт шуда монданам, ғаму ғуссаи он аз худаш ҳам вазнин буданашро фикр мекардам.

  Ин дафъа  ғам хӯрда нишаста будам, ки ӯро дида мондам. Даруни туфлии ман рост  истода аз ман чашм намеканд. Ин дафъа натарсидам ва  махлуқи сиёҳро назорат кардам. Ба пеши чашмам бузург шуда,  ба маймун табдил ёфт, чашмонаш   даҳшатнок  шуданд.

  - Мақсадатро гӯй,  – гуфтам бо ҷаҳл.

  Вай чизе нагуфт. Ба задан таёр шуда будам, ки  гум шуд.

  Баъди ҳамин қарор додам,  ки як ба ватан рафта  биёям.  Барои аз  шарфаи сиёҳ халос хӯрдан,  модарам ва хешовандонамро дида омадан  чунин  роҳро интихоб карда будам ман.


10


Хонаамон идгоҳ шуда рафт. Махсусан шодии модарам беҳамто  буд. Вай рӯзи дигар маро ба зиёрати қабри модаркалонам бурд.

  - Чашмашонро аз роҳат наканда ҷон доданд, - гуфт ӯ оби чшмонашро боз дошта натавониста.

  Баъд падарам, Усто Бақо,  ҷиянҳоямро рафта дидам. Тӯҳфаҳои овардаамро тақсим карда додам.

  Баъди ягон ҳафта  зиқ шуда рафтам. Зеро  ҳолати  шахси аз шаҳри серодам, ҳаёти шоҳона ба  деҳаи нафастанг омадаро тасаввур кунед. Дуруст, дар Маскав ҳам маро касе мунтазир набуд. Бар болои ин рӯзҳои сард оғоз ёфта, дар берун кор кардан осон набуд.

  Бинобар дар ин ҷой набудани газ, мунтазам канда шуда истодани қувваи барқ,  модарам ба хоначаи назди дарвозахона кӯчида  буд.  Пештар дар ин ҷой модаркалонам менишаст. Дар ин хона сандалӣ ҳам  буд.

  Ҳамин вақт ман  лоиҳаи “Занҷири оила”ро ки фикри маро банд карда мегашт,  амалӣ карданӣ шудам.  Пеш аз он ки ба  “Хонаи бахт”,  ки ба қарибӣ бо салобат қад афрохта буд,  даромада,  бо роҳбари вай мувофиқат кунам,  ҷойи мозаикабобро  хеле ҷустам. Девори бетирезаи  тарафи чапи  бино  барои ин кор хеле мувофиқ буд.

  Зани хушнамуду хушсухан маро  бо мамнуният қабул кард. Мақсадамро фаҳмида, тарҳи (эскизи) дар дастам бударо хуб тамошо карда, хурсанд шуду  саволҳо дод:

  - Оё барои  ин андоваи деворро тарошида партофтан лозим аст?

  - Фақат  он ҷойеро, ки расм ишғол мекунад, - ҷавоб додам ман.

  - Ихтиёри ин фақат дар дасти ман нест, бо ҳокимият гуфтугӯ карда гирам, натиҷаашро мегӯям, - гуфт ва рақами телефонамро навишта гирифт.

  Лекин аз мобайн ҳафтаҳо гузашту аз вай садое нашуд ва ман бадтар  танг мешудам. Сабаби зиқӣ бошад, ки шабона хобам ҳам намебурд. Ба чашмонам хоб омадан ҳамон дар пойгоҳ ҳамон малъун чашмонашро бозӣ доронда меистод ва ман  тарсида мерафтам.

  - Имрӯз кори ман дар басти дуюм, - гуфт модарам палтояшро пӯшида истода,  - эҳтиёт шав,  ба сандалӣ   ангиштро напарто, касро лоҳас мекунад, свет мурда монад, шамъи россиягиро гирон,   қариб ду соат  месӯзад. Азони  худамон...

  Танҳо мондаму боз ба хаёлам фикрҳои нохуш пайдо шуд ва аз чизе хавотир шуданам  авҷ кард.  Барои  аз ин дилғашӣ халос шудан барвақттар бо ҷойи хоб даромадам. Лекин,  канӣ акнун  андаке хобам барад. “Қариб як ҳафта боз хоб накардаам, -  фикр мекунам худ ба худ, - лекин табиат адолатро хуш мепазирад, ва  хоби ҳафтаинаи маро  бармегардонад. Ҳозир мехобаму баъди як ҳафта бедор мешавам”.

  - Гуфтаат шавад!

  Ман овозро шинохтам. Ин овози ҳамон иблис буд. Лекин  ба он тарафа нигоҳ накардам. Не, аз тарсиданам не,  барои ба  он бадбахт нописандиамро намоиш додан,  ба гапаш эътибор надода, ғурурамро намоиш додан,  чунин кардам. “Чӣ вай, арвоҳ-мӣ,  албасти-мӣ, ё худ хаёли худам-мӣ?” - андаке  фикр карда мондам.

  - Чунон ки чизи мавҷуда нест намешавад,  чизи набудагӣ ҳам пайдо намешвад. Чӣ бошад ҳам ман ҳастам, мавҷудам!

  - Рӯзи аз ту халос шудан ҳаст-мӣ? – гуфтам ҷавобан бо ҷаҳл. – Мурам халос мешавам?

  Бесаабаб чунин нагуфта будам: барои ҳамин махлуқи мудҳишро надидан баъзан ба мурдан ҳам  розӣ мешудаам ман.

  - Ҳеҷ кас ба ту марг намепурсад. Ман трафдори  аз хоб сер шудани ту ҳастам. Хоби ниҳоят ширин....

  - Чӣ хел карда? – тааҷҷуб кардам аз таҳти дил.

  - Бар болои  оташи сандалӣ як  хокандоз ангишт андозӣ кифоя.

  - Аҳмақи мемурдагӣ нест -  ҷиддан ҷавоби рад додам, таъиноти модарам дар бораи ба сандалӣ наандохтани ангишт  ба хотирам омада.

  - Ҳаёт – ҳамчун зиндагии муваққатӣ дар мулки дигар аст. – Дар ин хондон инсон ҳамчун хору хас қадр надорад:  дар иҳотаи бевафогӣ,  фиребу найранг, азобҳои руҳӣ, ҷисмонӣ зиндагӣ мекунад. Ба ҳамин нигоҳ накарда, одамон барои ба хонаи осоишта багаштан саросема нашуданашон ғалатӣ...

  Ман ин гапро ба қарибӣ дар китоби кадом як нависанда хонда будам. “Яъне он шайтони лаин ҳам хонда будааст-дия” фикр мекунам худ ба худ.

  - Тағои калониат нодон будааст, - давом кард ӯ, - худашро овехта кушт, дардҳои беададро аз сар гузаронд. Бӯйи ангишт бошад, карахт мекунад, мехобонад...

  - Ва мекушад-ку, - илова  кардам ман. 

  - Вай марг не, хоб, хоби абадӣ.  Фарқ карда тавонистан даркор.


Боз пеши чашмам сиёҳ  шуда,  дастони калон-калонам маҳин шуда мондагӣ барин, ба умқи уммони ноумедӣ чӯкида рафтагӣ барин мешавам. Баъд хоҳу нохоҳ аз ҷоям хеста, як хокандоз ангишт гирифта омадам ва болои оташи сандалӣ партофтам. Аммо ин ба назарам кам барин намудор шуду  боз хеста як хокандози дигар овардам Дарро аз дарун маҳкам карда,  ба ҷойи хобам даромадам. Ҳа нагуфта, бӯйи бади ангишт ба димоғам зад.  Дере нагузашта ин бӯй ба вуҷудам ҳаловат бахшидагӣ барин шуд ва гӯё виски ошомида бошам, кайф кардан гирифтам.

  Ин ҳол чӣ қадар давом карданашро намедонам,  ба ногоҳ ба хатои нобоб роҳ доданамро фаҳмидам:  пеши назарам модари ҷафокаши сару рӯяшро харошида истодаам, апаи (хоҳарбузурги) меҳрубонам,  оби чашмашро боз дошта натавониста истодани падарам, Светланаи боизтироб намоён шудан гирифт. Як навъ карда,   хеста худро ба берун гирифтанӣ шудам. Лекин афсӯс, ки вақт гузашта, аниқтараш  дилу мағзи сарам  дуруст кор карда истода бошад ҳам,  тамоми вуҷудам фалаҷ шуда буд. Ин аламовар буд. Ман бо ҷидду ҷаҳд ба  паҳлуи рост  гашта,  ҳамин тавр ба дар наздик шуданӣ шудам, афсӯс, ки  аз дастам наомад. Баъд  гӯё  тамоми вуҷудам  ба лой ғӯта зада рафта бошад,  дилам  бо ғаму ғусса пур шуда рафт.  Қайъ карданам омад, аммо  аз ӯҳдаи ин ҳам баромада натавонистам.

  - Лоақал алвидоъ гӯй. – гуфт ӯ  гилаомезона.

  - Алвидоъ – гуфтам ман  бо оҳанги пурдард.

        2008

Тарҷимаи Аслидин ҚАМАРЗОДА аз китоби Нусрат Раҳмат  “Сайланма”, ҷилди аввал, нашриёти“Маҳорат”, Самарқанд,  2024.       

                  Самарқанд,  18 июл - 28 -июли соли 2024

                       

Комментариев нет:

Отправить комментарий