(Қиссаи воқеӣ)
Чӣ аз ҷиҳати ҷуғрофӣ, чӣ табиӣ ва чӣ иҷтисодӣ тақдир ба ҷағалбойиҳо дасти росташро дароз кардааст гӯем, муболиға намешавад. Аз болои кӯҳ, обест равон, ки ба санги як осиёбро гардонидан кувваташ мерасад ва зимистону тобистон ҷорист. (Баҳорон ба аспи ҷаҳл савор шуда, роҳ ва пулҳоро вайрон карданаш хуб нест, албатта). Он тарафаш ба шаҳр ҳам наздик. Ягон санг пасттар шоҳроҳе мегузарад, ки ду вилоятро ба ҳам пайваст мекунад.
Ҳамаи инро ба эътибор гирифта, агар ҷағалбойиҳоро кӯҳ ҳам, шаҳр ҳам таъмин мекунад гӯем, хато намешавад. Дар замони шӯроҳо гарчанд деҳа гоҳ ба тасарруфи лесхоз (хоҷагии ҷангал), гоҳ ба ихтиёри колхоз (хоҷагии ҷамоавӣ) гузашта истода, зиндагии мардуми ин ҷой аз ҳамсояҳо чандон фарқ накунад ҳам, бо як қонунияти дохилӣ мегузашт. Дар ин давр деҳа аз доманаи кӯҳистон хеле ба пастӣ фаромада, сатҳи хонаву ҷойҳо васеъ шуданд, бомҳои шиферпӯш пайдо шуданд. Хуллас, “меҳмон”е бо номи “сивилизатсия” дар ин ҷо низ дар накӯфта намонд. Ҳоло онҳоро номбар кардан зиёдатист.
Аҳолии деҳаро солҳои зиёд кӯҳ ғизо медод: чорвояшонро дар доманаи кӯҳ чаронида, озуқаро ҳам аз кӯҳ ғуну чин мекарданд. Танҳо ин не, баҳорон ревоҷ (чукри), лола, тамоми тобистон райҳони кӯҳӣ, бӯйимодарон, маврак барин гиёҳҳои шифобахш ҷамъ карда, тирамоҳ писта, бех, пиёзи кӯҳӣ барин...
Бинобар сол аз сол кам шуда истодани миқдори ин неъматҳои табиат ҷавонони ҳозира барои кор ба корхонаҳои шаҳр мераванд, мардикорӣ мекунанд. Ба бозорҳо мебароянд, дар ошхонаҳои сари роҳи калон хизмат мекунанд. Ба Қазоқистон, Росия рафта нон ёфта меомадагиҳо ҳам кам нестанд.
Зиндагии мардуми деҳа аз мардуми деҳаҳои атроф чандон фарқ накунад ҳам, дар ҳаққи ҷағалбойиҳо, ки андаке мардуми соддалавҳ ҳам мебошанд, ҳар хел латифаю ривоятҳо ҳастанд ва онро мардуми деҳаҳои атроф нақл карда хандиданро хуш мебинанд.
Ягон ду сангина роҳ болотар аз ин ҷо Айриқия ном як деҳа ҳаст. Мардуми ин ҷой ҷағалбойиҳоро бо соддагашон ва аз шеваашон фарқ мекунанд Инҳо ҳам нақлҳои латифамонанди худро “як ҷағалбойи...” гуфта оғоз менамоянд ва мардуми деҳаи ҳамсояро ба афандӣ нисбат додан ҳаракат мекунанд:
“Як ҷағалбойӣ пеш аз он, ки ба атрофи ҳавлиаш девор бардорад, дарвозаи калон гузоштааст. Ӯ ҳар рӯз вақти ба кор рафтан дарвозаро қулф карда, ҳатто аз пасаш тамба (тиргак) низ гузошта мерафтааст. Лекин то ҳол ҳавлӣ девор надорад.”
Ин суханони ӯро ҳангоматалаби дигар давом медиҳад: “Инашро монед, як ҷағалбойӣ дар ҳам, девор ҳам доштааст. Дарвозаро қулф зада, калитро зери остона гузошта, ба баландӣ баромадва ба писараш, ки аз паси пода ба ҷониби кӯҳ рафта истодааст, бо овози баланд: “Ҳой Қарашқул! Калитро ба зери остона гузоштаам!” гуфта дод мезадааст.
Сеюмаш ҳам ҷим наистода: “Писари як ҷағалбойӣ нозири чорраҳа будааст. Падараш ҳангоми мастӣ мағрурона: - Ҳой мардум! Оё медонед, ҳамаи мошинҳои шаҳр зери чӯби писари ман ҳаракат мекунанд!”- мегуфтааст...
Аҷаб нест, ки ҳамаи ин гуфтаҳо бофтаҳои ҳамон ҳангоматалабон бошад. Аммо, зери ҳазил - ҳазил ҳаст, гуфтагӣ барин ҷағалбойиҳоро ҳар замон фиреб ҳам дода меистанд.
Як қаллоб омада ба деҳа қубури газ гузаронида доданро ваъда дода, ҳуҷҷатҳои лоиҳаро нишон медиҳзад ва пули бисёреро аз мардум ҷамъ карда, нопайдо шуда меравад. Ӯро суроғ карда ба идораи газ раванд, вай нобакори морбоз ду сол қабл аз ин корхона пеш карда шуданашро гуфтаанд.
Ҷағалбойиҳои ба Қазоқистон барои мардикорӣ рафтаро шаш моҳ кор фармуда, баъд бе як тин пул ба кунашон зада пеш карданашон чӣ мегӯед!
Онҳоро ҳам кӯҳ ва ҳам шаҳр ғизо медиҳад гуфтем, лекин ин “гӯсолачаҳои “ ду говро мемакидагӣ нисбатан ночорона зиндагӣ мекунанд. Дар хонаҳои аз лойу пахса ростшуда, ки на фарши тахтагин дораду на бомашон бо шифер пӯшида шудааст ва на девораш сафед карда шудааст, зиндагӣ мекунанд. Аз сар-сарона тарошидани пӯсти болорҳо, аз чӯби арча ва ё акатсияи кӯҳ будани онҳоро бинандаи зирак дарҳол дарк мекунад. Оиди ин мавзӯъ сонитар нақл хоҳем кард...
Дар ин деҳа идҳои Наврӯз, Рӯзи Истиқлол, Соли Нав қариб, ки ҷашн гирифта намешавад. Танҳо дар тӯйҳо хеле бароҳат хурсандӣ мекунанд: мехӯранд, менӯшанд, рақс мекунанд, даст ба гиребон пмешаванд ва ҳоказо...
Солҳои охир бо пули бо азоби мардикорӣ, чоряккорӣ ёфтаашон (ба ночор буданашон нигоҳ накрада), аз Тошканд даъват кардани ҳунарпешаҳои номдор ба онҳо одат шуда мондааст.
Дар Ҷағалбойӣ рӯзи ҷумъа ҳам як иди ба худ хос мебошад. Аксар зану мард аз пастию барозҳо гузашта ба Ҷумъабозор ном бозоре, ки дар вилояти ҳамсоя ҷойгир аст, мераванд. Аз субҳи содиқ онҳо бо аспу хару мотосиклу мошин қатори корвон шуда ба ҳамон тараф раҳсипор мешаванд. Касе мефурӯшад, касе мехарад. Баъзан, ҳамин тавр як барои тамошо мераванд. То ҳафтаи оянда кабоби танӯрӣ, нос ва ё боз ким-чиҳои Ҷумъабозорро таъриф карда мегарданд. Танҳо ин не, шиносу дӯстонашонро мебинанд, аз олами навигариҳо воқиф мешаванд.
Вақтҳои хоҷагии ҷамоавӣ (колхоз) буданаш дар ҳамин наздикиҳо низ як бозор кушоданд. Ҳатто баъзе корчаллонҳо пули зиёде сарф карда, дар гирду атрофи ин бозор дӯконҳо ҳам рост карданд. Лекин, аз чӣ бошад, ки одамон ба он ҷой нарафтанд. Гарчанд дур бошад ҳам, боз пасту барозро гузашта, ба ҳамон ҷой рафтанро маъқул медонанд.
Хулолса, як деҳаи ба ҳама шиноси ӯзбекӣ.
Дар ин бора боз чӣ ҳам гуфтан мумкин?
Монанди дигар ҷойҳо, дар ин ҷой ҳам баробари бой шуданро орзу кардан, бойҳоро бад мебинанд.
Ҳангоме ки гап дар бораи бойҳо (мувофиқи забони маъмул ва расмии аҳли матбуот “оилаҳои хуб таъминшуда”) меравад, дар навбати аввал номи Ёдгорхон акаро (дар ин ҷо ӯро “эшон” ё худ “асалчӣ” ҳам мегӯянд) ба забон мегиранд.
Синни ин одами аз шаст гузашта, миёнақад, рангу рӯяш тоза, худаш озода. Ӯ даме ором намеистад. Корчаллон, сарфагар, нигоҳаш, гӯё аз чизе ҳаросида бошад, бо диққат, ниҳоят эҳтиёткор, ҳатто ба наберааш ҳам “шумо” гуфта муроҷиат мекунад. Бо вуҷуди ҳамеша лабханд зада гаштанаш дона-дона, канда-канда сухан мекунад, сахт механдад ва андаке дилтанг, каси худбин. Ӯ ба сабаби серкорӣ ва ё бо ҳамин баҳона, на ба масҷид ва на ба чойхонаи деҳа мебарояд. Дар ин ду ҷойе ки хурду калони деҳа ҷамъ мешаванд, дар ҳаққи ӯ ҳар хел гапҳои пасту баланд шуда меистанд, ки ин як ҳолати табиист.
Аҳли масҷид “бо вуҷуди аз синни пайғамбар гузаштанаш, пешонаи ӯ ягон бор ба саҷда хам нагуданаш”ро таъна мекунанд. Дар чойхона ҷамъшудагон бошанд, бештар суханони сеҳрнок ва шубҳаомези “ба эшон сурхча ҳаст”ро байни худ миш-миш мекунанд ва аз чӣ сабаб бошад, ки ба ин боварии кас меояд.
Онҳо ҳангоми “сурхча” гуфтан тиллоро дар назар доранд, албатта. Тилло ба вай аз бобояш мондааст, гуфта тахмин мекунанд онҳо.
Бобои Ёдгорхон ака – Порсохон эшон пеш аз Инқилоби октябр қозӣ ёки муфтӣ будааст. Худаш маъриифатпарвар буда, бо ҷадидҳо рафтуомад доштааст. Болшевикҳо молу мулки он касро мусодира карда, худашро ба Сибир бадарға кардаанд ва зану фарзандони дар ин ҷой мондаашроо низ бисёр сахт азоб додаанд. (Баъди эълон шудани Истиқлол сурати бо Беҳбудӣ якҷоя гирифтаи бобояшро калон карда, дар пешгоҳи меҳмонхонааш овехта мондани Ёдгор ака рост аст).
Ҳамин бобои ӯ будааст, ки дар ин ҷой нахустин бор барои гӯсфандон қӯра сохта, аз Ҷағалбойлӣ ном деҳаи дурдаст се-чор оилаи чорводорро ба ин ҷой даъват карда омадааст. Одамони ҳамон деҳа ба бемории сили шуш гирифтор шуда тамоман нест шуда рафтаанду танҳо ҳамин се-чор оила дар ин ҷой боқӣ монда, аз худ зиёд шуда мераванд ва ин деҳа ба вучуд меояд.
Гӯё он қисмате ки ба сари бобои ӯ афтода буд, то ҳол аҳли ин хонаводаро зери таъқиб дошта омада истодааст.
Падари Ёдгорхон ака низ ҳамчун бобояш шахси саводнок будааст. Ба ҷанги дуюми ҷаҳон рафта барнагаштааст. Ҳамон вақт ӯ дар батни модараш будааст. Худи ҳаёт ин одами сахтиҳои зиёди зиндагиро дида, таъми оби чашму арақи ҷабинро чашида, ҳатто дар солҳои гирудор ҳам як бурда нони худро бо меҳнат пайдо кардаро чашмикордон, сахтгир, сарфакор тарбия карда бошад даркор. Ҳар кссе ки бо Ёдгор ака дар мулоқот мешавад, ба хаёлаш беихтиёр фикри: “Ӯ ҳоло бисёр умр мебинад” пайдо шуданаш аз эҳтимол дур нест.
Вақте ки ӯ ҳанӯз аз овони бачагӣ барои ҷамъ кардани растаниҳои доругӣ дар болои кӯҳҳо гаштанаш, ба подачӣ ёрдамчӣ шуда, гӯсфанд чаронида “оши ҳалол” гуфта гаштанаш, ба сари роҳи калон об бароварда фурӯхтанашро ҳикоя мекунад, раҳматон меояд.
Ҳавлии ӯ аз ҷойи зисти дигарон тамоман фарқ мекунад: хонаҳои ҳавлии дарун аз хишти пухта қад афрохта, шифт гаҷкорӣ, деворҳо бо диди хос рангмолӣ шуда, болои пойдеворҳо бо мармар пӯшида шудааст. Меҳмонхона, ҳаммом ба дараҷаи ҳавас мекардагӣ. “Нексия”и сафеди дар дарвозахона истода чашми касро мебарад. Дар зери айвони гирдогирди ҳавлии берун асп, гов бонӣ карда мешавад, ашёҳои хоҷагӣ, хасу-хошок, қутиҳои замбӯри асал, қисмҳои трактор, генератори дар вақти зарурӣ ток медодагӣ (дар ин ҷо электр аз буданаш набуданаш бисёртар), нардбон, замбарғалтак, ҳезуми бо ҳафсала майда карда, сажен карда чинда мондагӣ, ашёҳои дигари лозими рӯзгор аз дар ин даргоҳ ҳукмрон будани интизом ва талабот дарак медиҳанд. Дар мобайн чоҳи артезианӣ, дар паҳлуи вай як гармхонаи хурдакак. Аз деҳаи ҳамсоя як хизматгор ҳам ҳаст.
Солҳои шастуми асри гузашта телевизори нахустинро ба ин ҷо Ёдгорхон ака гирифта омадааст. Ҳамон вақт тамоми деҳа омада тамошо мекардааст. Баъд телевизори рангаро ҳам, антеннаи локаторӣ ва ҳатто телефони дастиро ҳам ҳамин асалчӣ ба ин ҷой овардааст.
Пеш аз ҷанги дуюми ҷаҳон Генрих ном як немис ба ин ҷо омада, як қисми хоҷагии ҷангалро кушода будааст. Ӯ падари Ёдгорхонро ба худ ҷойнишин карда гирифта будааст. Онҳо дар доманаи кӯҳ ниҳолшинониро оғоз карда будаанд. Ҳамдеҳагонро ба кор гирифта маош медодаанд. Дар байни се-чор сол то арчазорҳои болои кӯҳ акатсия, сарв, дӯлона, зардолу, арча, олуча, бодом, хуллас Генрих чӣ пайдо карда биёрад, ҳамонро мешинондаанд. Кӯҳбонҳо аспсавор ниҳолҳоро муҳофизат мекардаанд. Ҷанг сар шуда, баробари нахустин хатҳои сиёҳ омаданаш муносибати мардум нисбат ба сардор дигар шудааст. Танҳо шунидани як калимаи “немис” онҳоро ба ларза оварда, вазъияташон дигар мешудааст. Генрих ин нохуширо шунида, саросема шуда мемонаду дар як шаб ғайб мезанад. Ҳамон вақт дар деҳа: “Ин Генрих гуфтагиашон одами Гитлер будааст, баробари Москваро гирифтанаш роҳбарии тамоми вилоятамонро ба вай медодааст” гуфтани гапҳо паҳн шуданд.
Падари Ёдгорхон ака ба ин ҷо ҳамагӣ якуним сол роҳбар мешавад ва ӯро ҳам ба армия даъват мекунанд.
Дарахтони доманаи кӯҳ ба ҳосил даромада будааст: одамон каму беш баҳраманд шудаанд. Баъд ҳезум, ашёҳои бинокориро ҳам аз ҳамин ҷой мегирифтаанд.
* * *
Дар солҳои ҳафтодуми асри гузашта баъди аз тасарруфи хоҷагии ҷангал ба ҳисоби колхоз гузаштани ин ҷойҳо дарахтзорҳо хеле кам шуда мондааст. Раис як ҷамъомади калон гузаронда, ҳамчун амалдорони дигар ваъдаҳо додааст: “Лекин, - гуфтааст ӯ, - бешазорҳоро нигоҳ доштанамон, дарахтҳоро зиёд карданамон лозим! Дар ин бобат қарори ҳукуматамон ҳаст. Барои хона сохтан дарахтони акатсия ва арчаро буридан аз ҳамин рӯз сар карда қатъиян манъ карда мешавад!”.
Баъди ҳамин Ёдгорхон ака сухан пурсидааст.
-Ба фикри ман, - гуфтааст ӯ, - ин дарахтзорҳо танҳо бо як роҳ муҳофзат карда мешавад: вай ҳам бошад онҳоро ба одамон тақсим карда додан лозим. Ҳар як хоҷагӣ ҷойи ба худаш дахлдорро боғ карда, меваашро хӯрад, фурӯшад, лекин дарахтро муҳофиза намояд, барои вай ҷавоб диҳад. Ҷонам месӯзад, онҳоро падарам шинондааст...
Аз чӣ бошад, шушаш пур шуда, суханашро давом дода натавонистааст...
Суханони ӯро раис ҳам маъқул кардааст. Як моҳ нагузашта, дар пастӣ колхоз ба сохтмони молхона шурӯъ мекунад ва барои роҳ аз буридани дарахтони ҳаминн ҷой оғоз мекунад. Колхоз, дар асл толону тороҷ гуфтан аст. Дарахтони ин ҷой ба дигарон ҳам лозим шуда мондааст.
Дар ҳамин вақт Ёдгорхон ака ба иҳота кардани тақрибан се гектар дарахтзор шурӯъ мекунад: симтӯр, симхор, шох кашида ва дар баъзе ҷойҳо ҳаттто санг чинда дар муддати якчанд моҳ он ҷойро иҳота карда мебарояд. Ба ин ҳам қаноат накарда, бо мақсади аз молу ҳол ва дарахтдуздон муҳофиҳа кардани ин ҷой, дар гӯшае як коза ҳам бунёд карда шабҳо худаш ҳам давр зада мебаромадааст.
Аз вай пештар – солҳои шастум туфангҳоро (милтиқҳоро) чинда баромада буданд (дар ин ҷо қариб дар ҳар як оила милтиқ будааст). Ёдгорхон ака милтиқи худро ихтиёран супорида будааст. Аммо баъзе шабҳо одамон аз тарафи боғи вай гумбурос задани овози милтиқро шунида, ба воҳима меафтанд ва ба милтиқи думилаи бобояшро эҳтиёт карда мондани ӯ боварӣ ҳосил мекунанд.
Ҳоло дар болои деҳаи Ҷағалбойли ана ҳамин се гектар дарахтзор мондаасту халос. Ёдгорхон аз шафати он дар майдони бист гектар токзор барпо мекунам гуфту дигар корҳояш бисёр шуд ва ё аз маломати одамон ҳаросид магар, ки гуфтаашро иҷро карда натавонист.
Э, бо сабаби ҳамин боғ бо киҳо нағзу бад нашуд ӯ?!
Ӯ Басирихон номи як писари амак дорад. Бинобар ба машрубот руҷӯъ карданаш, одамон аз вай истифода бурда, ӯро ба муқобили Ёдгорхон акааш метезонанд: “Ба тиллои аз бобоят монда ҳаққи ту ҳам ҳаст. Ин асалчии хасис ҳаққи туро ҳам доданаш даркор”. “Дарахтҳо ба маҳри модараш омадагӣ не...” “Ту ба хӯрдан нон нмеёбию, вай муттаҳам...”
Махсусан, вақти маст шудани Басирхон ин гапҳо хуни дили ӯро меҷӯшонад. Лекин, ба писари амакаш дар бораи тилло сухан кардан андеша мекард. Ба масъалаи боғ бошад, ба тамаъю даъвогарӣ авҷаш боло шуда рафта буд.
-Басирхон, - гуфт рӯзе Ёдгорхон, - майлаш, аз хасу хошоки он ҷой, чӣ қадар лозим бошад, ғундошта гиред, мева-чеваҳояшро низ фурӯхта гиред. Хона сохтанӣ бошед, чӯб ҳам ёфта медиҳам. Як тинатон ҳам лозим нест, аммо миёнаро вайрон накунем. Эшонзодаҳо ҳастем! Ба иғвоҳо дода нашавед, ука!
“...Сабаби “як тинатон ҳам даркор нест” гуфтанаш дар он буд, ки асалчӣ ба дигарҳо ҳам зардолу, дӯлона, чормағз, бодом чиданро рухсат медод, лекин бо онҳо дар бобати ними пули ин неъматҳоро додан шарт мебаст.
* * *
Аслан, даромади асосии Ёдгорхон аз боғ набуда, ӯ бисёр сол боз бо парвариши замбӯри асал машғул мешуд.
Ба ин бисёр сол шудааст. Ҳамон вақт аз байни дарахтҳо рафта истода буд, ки дар як ҷой безобита ба ҳар сӯ парида истодани тӯдаи замбӯри асал диққати ӯро ба худ мекашад. Ба болои сараш нигоҳ кунад, дар, шохи акатсия як олам замбӯри асал ҳамчун сари ангур ба як ҷо часпида истодааст. Ӯ андаке чӣ кор карданашро надониста, фурсат мепояд, баъд ҳамон шохи дарахтро эҳтиёткорона бурида ба халта меандозаду ба хонааш гирифта мебиёрад.
Ба Андиҷонӣ ном деҳаи ҳамсоя...
Барои ба саволҳо роҳ надодан дар бораи ин деҳа андак маълумот надиҳем, намешавад. Тахмин меравад, ки мардуми ин ҳудуди ба шаҳр пайваста тақрибан дусад сол пештар дар давраи амир Шоҳмурод аз Андиҷон кӯчонида оварда шудааст. Лекин, дар таъсири шаҳр онҳо тамоман тоҷик шуда рафтаанд. Мактабҳояшон ҳам тоҷикӣ, дар хонавода низ ба тоҷикӣ ҳарф мезананд.
Ёдгорхон ака Фазлиддин акаи асалчиро, ки дар ин деҳа зиндагӣ меекунад, хуб медонист. Ҳангоми гули акатсия ӯ қутиҳои замбӯрашро ба ин ҷой меовард. Каси хушфеъл ва улфатӣ буд ӯ. Ёдгорхон барои аз ана ҳамин одам маслиҳату мадад пурсидан ба Андиҷонӣ раҳсипор мешавад.
Фазлиддин асалчӣ ӯро дида хурсанд мешавад ва меҳмон мекунад. Бо омӯзонидани замбӯриасалпарварӣ қонеъ нашуда, ба вай қутӣ, чорчӯб ва “Замбӯриасалпараварӣ” ном китоберо ҳам медиҳад.
Ёдгорхон ака ба деҳа баргашта, ба ин кор бо сидқи дил руҷӯъ мекунад. Дар байни ду сол қутиҳои замбӯраш аз бист зиёд мешаванд. Лекин, ҳамон сол зимистон сахт омада, тамоми замбӯронаш маҳв мешаванд. Аммо ӯ руҳафтода намешавад. Аз ҳама муҳимаш, баробари қутиҳои тайёр ба ӯ таҷриба ва боварӣ мавҷуд буданд. Ӯ нони замбӯриасалпарвариро каму беш тановул карда буд.
Замбӯрҳо аз нав боз зиёд шуда мераванд. Баҳорон онҳоро ба кӯҳ гирифта мебарояд, дар вақти гули ғӯза ба саҳроҳои пахтазори Қашқадарё, ба совхозҳои нав бунёдшуда гирифта меравад. Соли сеюм ҳосилро яклухт фурӯхта тележка (чорчархаи махсуси боркашон) харид. Дар он бештар аз сӣ қутӣ замбӯр меғунҷид ва дар хоначаи оқибаш барои зиндагӣ кардан имкониятҳо мавҷуданд. Ӯ завҷааш –Истодахонро ҳамроҳ гирифта ба дашту саҳроҳо баромада мерафт ва аз ҳавои тоза баҳраманд шуданро хуш мекард. Хотираҳои ширини зану шавҳар, сӯҳбати онҳо бо орзуҳои нек ҳамеша хеле хушнудона мегузаштанд.
* * *
Онҳо хешованд ҳам буданд. Ёдгорхон ака тағое дошт, ки аз ҷанг маъюб шуда омада буд. Ба як пояш чӯбин буданаш нигоҳ накарда, ӯ ором истода наметавонист: замин мегардонд, аз дарё моҳӣ дошта меомад (ҳозир дар он ҷой аз моҳӣ ному нишоне намондааст), боғбонӣ мекард. Одами хуб буд раҳматӣ. Истодахон духтари ҳамон кас буд. Вақте ки мавзӯи номзад кардани онҳо ба миён омад, муаммои “хешутаборӣ” пайдо шуда монд. Лекин, ба сабаби моил будани ҳар ду тараф тӯй карданд. Он вақтҳо ҳоло ба ихтиёри Ёдгорхон на боғ буду на замбӯри асал. Ҳамон вақт каме биринҷ дам карда, ба деҳа ош доданду халос. Арӯсу домод ҳам ба ҳамин зиндагии қашшоқона қаноат карда, бо меҳру садоқат рӯз мегузарниданд.
Аммо омад ба онҳо даст дароз накард: қариб ҳафт сол онҳо фарзанд надиданд. Бозёфти каму бешашон низ ба табибу духтуру муллою дуохонҳо мерафт. Духтурҳо – ин натиҷаи ба хешованд хонадор шудан гӯянд ҳам, онҳо умедашонро наканда, ба якдигар таънаю маломат накарда, хушнудона зиндагӣ мекарданд.
Ҳамон соле ки ба замбӯриасалпарварӣ оғоз карданд, рӯзе завҷааш оҳистекак ба гӯши шавҳараш гуфт:
- Ба ҳайз диданам аз панҷоҳ рӯз гузашт.
Ёдгорхон ниҳоят хурсанд шуда бошад ҳам, ҳаяҷонашро изҳор накард. Баъд онҳо фарзанди нахустинро муштоқона мунтазир шуданд.
Аммо боз ноомадӣ рух дод: кӯдак мурда ба дунё омад. Ноумед – шайтон гуфтаанд. Онҳо духтурҳои номашон машҳур, муллоҳои даму нафасашон тозаро ҷустуҷӯй карда ёфтанд, ба онҳо эътиқод карданд.
Баъде се сол занак боз ҳомиладор шуд. Баъди нӯҳ моҳ писарчае ба дунё омад. Ба вай номи бобояш (Порсохон) ро доданд. Амо кӯдак ғалатӣ буд: лоқайд, карахт, ҳаракаташ суст... Каси ӯро дида беихтиёр мақоли “бача бошад шӯх бошад...”ро ба ёд меовард. Порсохон фақат баъди сесолагӣ тарсону ҳаросон қадам мегузоштагӣ шуд. Бинобар суст будани зеҳнаш дар мактаб ҳам хонда натавонист: ба ном рафта меомаду бас. Касе ягон кор фармояд, иҷро мекунад, вагарна тамоми рӯз мешинад, бо бачаҳои аз худаш хурдсол ва ё духтарон бозӣ карданро нағз медид. Агар ягон савол диҳед ва ё чизе гӯед, ибораи: “Шумо чӣ гӯед, ҳамон...” ро такарор мекард.
Аз мобайн боз ҳафт сол гузашту (онҳо умедашонро канда, ба духтуру муллою табиб нарафта монда буданд) Истодахон боз писар таваллуд кард. Ба ӯ номи бобояш (Бузрукхон) ро доданд. Аз чашмони кӯдак шарора мебаромад! Аз чӣ бошад, ки атрофи гавҳараки чашмаш каб-кабуд буданд. Ёдгорхон авлодашро як-як ба хотир оварда, байни онҳо ягон каси чашмаш кабудро наёфт ва аз хаёли шуми ба мағзи сараш пайдошуда ларзида рафт. Мақоли “макри зан ба чил шутур бор” ро ба хотир оварда, баъзан дар дашту саҳро ӯро танҳо гузоштанаш, ба назди занаш назоратчиёни саҳро, асалхарҳо омада истоданашонро пеши назар оварда фикр карда мемонд. Ба санаторияҳо ҳамроҳ мерафтанд. Баъзан дар он ҷой занашро танҳо монда, худаш барои аз замбӯрҳои асал хабаргирӣ рафтанаш ҳам рух медоданд.
Баъд нохост ба ин гумонҳо надомат карда: “Худат ҳам фаришта бошӣ, гапи дигар буд Ёдгорхон”, гуфта мемонд ӯ зери лаб.
Бузрукхон дар соҳаи физика-математика соҳибиқтидор шуда ба воя расид. Дар мактаб масъалаҳоеро, ки омӯзгорон ҳал карда наметавонистанд, ба зудӣ ҳал мекард. Баъд бе мадади касе ба донишгоҳ даромада илм омӯхт. Баъди хатми донишгоҳ дар ҳамон ҷой ӯро ба сифати сардори гурӯҳи компютерчиҳо ба кор мононданд. Соле нагузашта роҳбари гурӯҳ шуд.
* * *
Пеш аз , ки тафсилоти хонадоркунии Порсохон - писари калонии Ёдгорхонро нақл кунем, ҳикоя кардани як воқеаи аҷоиберо, ки бист сол пеш аз ин рух дода буд, лозим донистем.
Ҳамон сол замбӯрҳои асалро ба саҳрои Қаршӣ кӯчонида буданд. Як тарафаш заминҳои навкораме ки пахта кишт карда шудааст, тарафи дигараш саҳрои бекорхобидаи беканоре, ки ба уфқ пайваст шуда рафтааст. Вазифаҳо байни зану шавҳар худ аз худ тақсим карда шудааст - Ёдгорхон ака оруҳоро аз назар мегузаронад, бо мошинаш аз дӯкону бозор маводи заруриро харид карда меояд, ба яклухтхарон асалро мефурӯшад. Истодахон бошад, дар ҳамон қутича барин хонача хӯрок мепазад, дастурхон оро медиҳад. Дар ин хоначаи катакмонанд ҳамаи шароитҳо муҳайёст: оби тоза, гази балонӣ, оташдон, телевизори бо қуввати аккумулятори мошин коркунанда (ҳамон вақт як “Жигули”и кӯҳна доштанд).
Истодахон аз ин пештар ба дарди миён, пой ва гурда дучор шуда буд. Ёлгорхон як ба атроф назар мекарду аз пой ва миёни занашро молиш додан ор намекард. Занаш аз ин хурсанд шуда, ӯро бӯсида мемонд.
Дар ин гирду атроф ба ғайр аз як посбоне ки дар козаи амонатакак сохташуда зану шавҳар зиндагӣ мекарданд, каси дигар набуд. Ёлгорхон ака аз маводе ки ҳар рӯзи якшанбе аз бозори маркази ноҳия харид карда меомад¸ ба онҳо ҳам дода меистод.
Истодахон пазандаи гулдаст буд. Аз масолеҳе, ки хӯҷаинаш гирифта меомад, ҳамин хел таомҳои рангоранг ва бомазза мепухт, ки ҳар каси онро тановулкарда таҳсин нагуфта намемонд.
Бегоҳии ҳамон рӯз ӯ ҷигари хунаш чакидаистодаро ба камтар намак, мурч, зира омехта карда гирифту баъд барои андак обашро чидан ба латта печонда монд. Пиёзро майда реза карда монду дегро тасфонд. Ёдгорхон ака то ба қутихо чорчӯбаҳоро мондан ҷигаркабобро болои дастурхон гузошта , ба атрофаш чойники чой ва хӯришҳои хубро қатор карда гузошт. Табақчаи чинӣ, дастпоккунак, шохча низ ҷойи худро ёфта буд.
Хӯҷаин шустушӯй карду ба хонача даромада, аз бӯйи димоғи касро хушкунанда, дастурхони пур аз нозу неъмат завқаш омада, ба дастурхон ишора кард: “Ин айшро султони ҷаҳон нахоҳад ёфт” – гуфт. Баъди нишастани ӯ Истодахон чун канизаки дар назди шоҳ истода як таъзими сабук карда:
- Дадаҷонаш фармоед, бакалашкаро гирифта биёрам? – гуфт ҳазломез бо тавозеъ.
Дар ҳамин ҷой, бо ибораи шоирон, барои як камтарак руҷӯъи лирикӣ кардан ичозат медиҳед.
Ёдгорхон ака табиатан зидди машрубот – арақ нӯшидани ӯро ҳеҷ кас надидааст. Лекин, ҳар сол бо дасти худаш аз ангури сиёҳ шароб тайёр карда, бочкаи биступанҷлитраи аз чӯби дарахти эман сохташударо пур карда мемонад. Дар давоми сол ба меҳмонҳо рехта медиҳад, вақти гирифта рафтани замбӯри асал се-чор бакалашка ҳамроҳаш мебарад.
Чиро дар назар доштани Истодахонро шояд хонандаи зирак фаҳмида бошад. Зеро “дадаҷонаш”, ки одами зукко мебошад, бо шеър лутф кард:
-Ман майро барои дилхушӣ менӯшидам. Имрӯз, ки дар паҳлуям шумо ҳастед, наменӯшам!
Вақти ибораи “шумо ҳастед”ро гуфтанаш шояд ба тарафи Истодахон ишора карданашро дарк намуда бошад, ҳар ду қоҳ-қоҳ зада хандиданд.
Оё ба як ҳолат таваҷҷӯҳ фармудаед? Зан ҳам бештар бо хатту-ҳаракат, феълу хӯй ба шавҳараш шабоҳат дорад ва ё бо гузашти солҳо ба вай мувофиқ мешавад. Истодахон ҳам аз ин мустасно набуд. Вай ҳам бинобар он, ки хӯҷаинаш ду мисраи ҳоло қироатшударо каме дигар карда хонда буд, ва ё шояд аз ёдаш баромадааст, ки баъзе калимаҳоро ҳамроҳ карда шеър гуфт:
- Ҷавон агар сиҳат бошад, хавфу хатар нест. Қӯрғон буд, асал бисёр, ман ҳам саломат....
Онҳо боз қоҳ-қоҳзанон хандиданд. Эҳ, ширин буд ҳамон дамҳо!
-Таслим шудам, - гуфт Ёдгорхон ва ду дасташро бардошта, - барои маро ҷавон хонданатон нанӯшам намешавад! Аммо чатоқ будани мастии маро фаромӯш накунед:
- Нафорида мурад, - гуфт вай бо як нози ба худаш хос.
Вай пиёларо холӣ карда, ба даҳонаш андаке хӯриш андохта буд, ки посбони саҳро саросемаворона даромада омад. Ӯ ягон ҳолати фавқулода рух доданашро тахмин карда, худро ҳушёр дошт.
-Эшон бово (ӯ ба Ёдгор ака ҳамин хел муроҷиат мекард) келинатонро дард дошт...
“Эшон бово” ҳам вазъиятро фаҳмиду ба занаш чизеро таъин карда, мотори мошинро ба ҳаракат даровард. То коза роҳи мошингард набуд. Занакро даст дошта бароварданд. Ёдгорхон чамбари мошинро ба сӯйи маркази ноҳия тофт. Дар ними роҳ ҳолати занак торафт вазнинтар шуд. Хавотири Ёдгорхон бештар шуда, суръати мошинро баландтар карда буд, ки нозири роҳ поида нишаста будааст, аз камин баромада иддаоомез бо таёқчааш лаби роҳро нишон дод. Ӯ ҳоло саросема шуда бо либоси корӣ баромада, ҳуҷҷатҳояш, пулаш дар киса монданаш, бар болои ин андаке кайфаш буданашро ба хотир оварду ҳамчун каси буду шудашро ба қимор бойдода афсӯс хӯрд.
- Рондан гиред! Вая модараша!.. – гуфт посбони саҳро, ки дар паҳлуи занаш нишаста буд, оташин шуда.
Ёдгор ака барои он, ки мабодо нозири роҳро зада нафиристад, суръатро андаке паст карду, аз паҳлуи ӯ гузашта, боз газро пахш кард.
Дар асл, Ёдгорхон ака на танҳо ба одобу тавозеъҳо сахт риоя мекард, балки аз шахсони қонуну қоидаҳоро дар ҷояш мемондагиҳо буд. Бинобар аз хурдӣ бо душвориҳо ба вая расида, дар ҳар ҷо, бо ҳар хел одамон рӯ ба рӯ шуданаш бо ҳамин руҳ тарбия ёфта буд ӯ. Аммо ҳоло мошинаро боздорад, занак...
Нозири роҳ ин ҳолатро нописандӣ пиндошта, бо ҷаҳл ба мотосиклаш нишасту аз паси ӯ дар таъқиб шуд. Росташро гӯям, ҳамон вақтҳо милисаҳои дар ин ҳудуд буда хеле ҷоҳил ва золим буданд. Ба ҳамин нигоҳ накарда, ба пеш гузаштани вай имкон надод: агар нозир ба пеш гузашта пеши роҳро гирад, вақтро бой доданаш ба ҳарос афтода буд ӯ. Танҳо ҳангоми ба ҳавлии шифохона даромадан (таваллудхона ҳам дар ҳамин ҷой буд) тормозро пахш кард ва бо шаст ба дохили беморхона даромад. Даррав ҳамшираҳо баромаданду занакро даст дошта ба дарун дароварданд. Ёдгорхон ака берун баромад, ки нозири роҳ ба чашмонаш хун ҷӯшида назди мошин истодааст. Бинобар ягон нохушӣ рух надоданаш, аз дур истода узр пурсид.
- Ҳуҷҷат? – талаб кард ӯ дар ҷавоб
- Укаҷон, худатон дидед-ку, - ба зорӣ даромад Ёдгорхон ака, - саросема шуда ҳуҷҷатро ҳам нагирфтаам.
-Калидро диҳед, мошинро гирифта меравам, - гуфт ӯ бо ҳамон ваҷоҳат.
Ҳамин вақт посбони саҳро аз дохили беморхона баромада омаду ин моҷароро дида ба ғазаб омад.
-Ҳой милиса ука. – гуфт ӯ бо оҳанги ним илтимосу ним дағдаға, - оё ба шумо инсоф ҳаст?
Ёдгорхон ака ӯро ором карду ба нозири роҳ нишондиҳандаи бензинро нишон дода фаҳмонд.
-Нигаред, бензин тамом шудааст, андак рафта дар роҳ мемонед. (Дар асл бензин буд, лекин бинобар вайрон будани асбобаш нишондиҳанда болои нол истода буд).
Ӯ андаке фикр карда, дудила шуда истод.
- Набошад, рақами мошинро кушода мегирам, - гуфту аз мотосикл амбӯр гирифта омада ба кушодани рақами мошин оғоз кард. Ҳоло як болти зангзадарафтаро накушода буд, ки аз дарун ҳамшираҳо тозон баромада омаданд:
- Муждагонӣ диҳед, муждагонӣ!
Ҳама саросема шуда монданд.
- Мана ин кас тағояш мешаванд. – гуфт Ёлгорхон ака ноилоҷ ба тарафи нозир ишора карда, - муждагониро ҳамин кас медиҳанд.
Милиса кунҷи лабашро каме инҷ карду андаке хиҷолатомез шуда ба мотосиклаш нишаста рафт.
Ёдгорхон ака ҳамшираҳоро хушк намонд. Ӯ як сатил асалро (барои фурӯхтан омода карда буд), ки даруни мошин истода буд, ба духтарон дароз кард.
Ана баъд аз ҳамин номи духтарак Асалой шуда мондааст: баъд падару модараш ҳам ҳамин номро хуш пазируфта мондаанд.
Ҳар сол ё сол дар миён, ҳангоми ба ҳамон тараф гирифта рафтани замбӯри асал онҳо барои Асалой ҳам тӯҳфаҳо гирифта мераванд ва ба козаи шинос даромада, духтарчаро бо меҳр оғӯш мекашанд, аз саломатиаш, рафти таҳсилаш пурсон мешаванд.
- Мактабро хатм кунӣ, худам ба таҳсил дароварда мемонам , - мегуфт асалчӣ амак.
Ҳамин тавр ҳам шуд. Баъди Асалой мактаби миёнаро хатм кардан, назди як ошнояш, ки дар коллеҷи тиббӣ кор мекард, як сатил асал гирифта рафту, ба ҷо овардани илтимосашро пурсид. Ӯ ҳам ёрдамашр дареғ надошт.
Аз мобайн се сол гузашту зану шавҳар либосҳои тоза дар бар карда, ба худ атиру упо пошиданд. Хизматкор дарун-беруни мошинро тоза шуста, покиза кард. Онҳо ин дафъа ба ҳамон козаи шинос ба хостгорӣ рафтанд. Не, бинобар андаке карахт будани фарзандашон ва ба онҳо ҳеҷ кас духтар надоданашро дар назар дошта, аз ноилоҷӣ ҳамин роҳро интихоб карданд онҳо, гуфта фикр карданамон ғалат мешавад. Онҳо Асалой, падару модари ӯро нағз медонанд ва гарчи сиёҳҷурда в пастқад бошад ҳам, духтар. ки дар шароити саҳро бо меҳнат ба воя расида буд, ба онҳо маъқул буд. Онҳо бори гарони фарзанди аз дасташ ҳеҷ кор намеомадаро сабук ва ӯро нописанд намекардагӣ будан ин духтаракро дар назар дошта буданд. Ба онҳо белаёқатии Порсохонро аз қудою келини оянда ҳоҷати пинҳон кардан ҳам набуд: падару модари Асалой ҳам, худаш ҳам домоди ояндаро чанд бор дида, бо ӯ ҳамгап шуда буданд.
-Эшон бово. Охир мо қароча-ку, ин тарафаш чӣ мешавад? – гуфт падари Асалой баъди хеле хомӯшӣ.
-Ҳамсари бобоямон низ аз эшонзодаҳо набудаанд. – ҷавоб дод ӯ, - ҳамаамон ҳам бандаи Худо ҳастем.
Ёдгорхон ака ба тӯйи калон, хароҷоти бисёр, ба нӯшонӯшӣ зид бошад ҳам, ин таомулро вайрон кард: ба деҳаҳои атроф ҳам хабар дод, арақ гуфтани чизро фаровон карда фиристод, аз Тошканд артистони номдорро даъват кард.
Асалой бинобар ба ин хонадон каму беш одат карда буданаш (ӯ баъзе рӯзҳои дамгириро дар ҳамин ҷой мегузаронд) бо тезӣ омехта шуда рафт. Ба падарарӯсаш “Муллоамак”, ё ки ҳамин тавр “Дада”, ба модарарӯсаш “Оямулло” ва ба шавҳараш “Тӯрем” гуфта муроҷиат мекардагӣ шуд.
Ёдгорхон ака аз худи ҳафтаи аввал арӯсаки навро ба назди қутии асал бурда, ба ӯ сабақ доданаш ҳеҷ аз хотираш намеравад.
- Замбӯри асал ба одами бегона неш мезанад. Мабодо одами шинос ҳам дониста-надониста ягон рафтори нохуш кунад, намебахшад. Бинобар ин ҳам ба ҳар эҳтимол ба саратон мана ин тӯрро пӯшида мегиред. Сарпӯшро оҳиста кушодан даркор, мабодо тараққос зада равад, замбӯрҳои посбон безобита мешаванд. Ана ҳамин хел, акнун ҳолати замбӯрҳо назарот карда мешавад: чорчӯбро гирифта бо диққат назар мекунанд. Мана ин замбӯри заҳматкаш, ана инаш шоҳ, мана инҳояш муфтхӯр – мардҳо. Бо эътибор менигаред: оё замӯбрҳо тухм гузошта истодаанд, ё асал ҷамъ карда истодаанд? Мардони муфтхӯр зиёд шуда нарафтаанд?.
-Бисёр шуда равад чӣ кор кардан лозим?
-Куштан даркор.
Ӯ ин супоришҳоро бо тезӣ аз худ кард. Пайваста бо ин баъзан аспсавор ба тарафи боғ меравад, дар он ҷой киҳо мева тайр карданашонро назорат мекунад, шодаи калитҳоро шараққос занонда ба таҳхона, ба ҳавлии дигар метозад. Дасташ ба дасташ намерасад.
Ёдгорхон келинашро назорат карда бо як мамнунияти дохилӣ табасум карда мемонд.
Як сол гузашта-нагузашта ӯ якбора ду писар таваллуд кард. Тақдир омади ба падару модараш надодаро гӯё ба Порсохон инъом карда буд. Гарчи худи Асалой, чунон ки пештар гуфта будем, қадпаст, сиёҳҷурда бошад ҳам, писаронаш сап-сафед, гавданок, бардам ва хушрӯй буданд.
- Ҳар дуяш ҳам ба бобом монанд, - мегуфт Ёдгорхон ака ҳар боре ки Ҳасанхону Ҳусанхонро ба оғӯшаш мегирифт, хурсандиашро пинҳон надошта.
- Келин. Шумо ҳоло ба бачаҳо нигаред, кори рӯзгорро дигарон мекунанд, - гуфт ӯ рӯзе.
- Муллоамак инашро ҳам, ваяшро ҳам худам иҷро мекунам. - ҷавоб дод Асалой сар хам карда.
Бачаҳо ба оила беҳад шодӣ бахшида, ба воя мерасиданд. Ёдгор ака набераҳояшро дӯст медошт, онҳоро ҳар рӯз як-ду бор набинад, истода наметавонист. Гӯё барои оила даврони хуш оғоз шуда буд. Вақти болои дастурхон дуо кардан ба Офаридгор аз ҳамин дамҳо бенасиб нагардониданаш илтиҷо карда даст мебардошт ӯ.
- Шумоён тойчаҳои кӣ ҳастед? – мепурсид ӯ аз набераҳои нав ба забон даромадааш.
- Тойчаҳои шумо ҳастем! – мегуфтанд онҳо баробар.
- Канӣ, ба мардҳо як асп шавем. – мегуфт. Баъд дастонашро ба зону зада. чорпо мешуд ва ба писараш мефармуд.
-Мардҳоро ба асп савор карда монед канӣ.
-Шумо чӣ гӯйед, ҳамон, - мегуфт писараш оҳиста қадам монда.
* * *
Дар замбӯриасалпарварӣ бо номи “разведка” (ҷустуҷӯй) тадбире ҳаст. Яъне пеш аз он, ки замбӯрҳоро ба ҷойе кӯчонанд, дар куҷо чӣ хел растанӣ сабзида гул карда истоданашро муайян кардан лозим аст. Дар тасаввури мо гиёҳу дарахтон фақат дар фасли баҳор гул мекунанд. Дар асл бошад, дар табиат дар давоми сол гул мешавад ва замбӯрҳо бе шаҳд намемонанд. Дар аввали баҳор дарахтҳо, сабзаҳои дашту даман ва кӯҳсор ғунча кушоянд, андаке сонитар дар паҳноҳои пастӣ момочучук, лоларӯсак, шутурчашмакҳо ба наздашон даъват мекунанд. Дар тобистон бошад, гул аз баҳорон ҳам серобтар мешавад: пунба, офтобпараст, янтоқ, оққурай... хулоса, то фаро расидани сармо ин ҳолат давом мекунад.
Имрӯз Ёдгорхон аз рӯйи одат Истодахонро ба паҳлуяш шинонда ҷамбари мошинро сӯйи Бахмал тофт. Як рӯз пеш аз ин завҷааш курта, шиму костюми ӯро дазмол карда монд; барои ба роҳ баромадан худаш ҳам боронқабои (плаши) ҳоло оҳараш нарехтаро дар бар карда, гарданпечи навашро ба китфаш партофт. Хизматкор мошинаро оина барин шуста монд.
Сайри онҳо ҳамеша боғу роғ, паҳноҳоро ба оқиб мононда, сӯҳбатҳо бо ошноҳои дерина ҳамеша шавқовар ва хотирмон мегузашт. Дар роҳ ҳам онҳо ба як дигар навбат надода, ба хотир овардани рӯзҳои нек, ёдовар шудани одамони хубро хуш медиданд. Касе ки онҳоро дар ин лаҳзаҳо медид, ба сараш чунин фикр ҳалқа мезад: Худо ана ҳамин зану шавҳариро махсус барои онҳо офаридааст.
Дар асл ҳар як пасту бароз, сойҳои ин ҷойҳо ба онҳо шинос. Аммо ҷойи онҳо қутиҳои замбӯри асал мемондагиро каси дигар ҳам банд карда буданаш ҳам мумкин-дия.
Мошин ба тарафи пеш метохт. Ёдгорхон ака бошад, дар бораи набераҳояш бо шавқу завқ сухан меронд.
-Дирӯзакак ба тойчаҳо асп мешудам: гӯши чапамро тобанд, ба чап, гӯши ростамро тобанд, ба рост менигаристам. Ҳоло ҳар дуяшон ҳам шеър мегуфтагӣ шудаанд. Ҳар дуяш ҳам аз замбӯр наметарсад. Аз ин бачаҳо асалчӣ мебарояд! Ман ба ин боварӣ дорам!
-Лекин, аз умраш барака ёбад, келинамон биноӣ баромад, - сухан ҳамроҳ кард занаш, - моро як нафас набинад, хотираш парешон шуда ҷустуҷӯй мекунад. Худаш ҳам ором намегирад...
-Чияшро мегӯед? Бебаҳост ӯ...
Ҳамин вақт телефони дастии Ёдгорхон мусиқӣ навохт ва сӯҳбат канда шуд. Ӯ суръати мошинро суст карду телефонро ба дасташ гирифт. Аз он тараф овози занаки рус шунида шуд:
- Это вы? Можно говорит? (Ин шумоед? Гап задан мумкин?)
Ёдгорхон ака андаке саросема шуда, чӣ гуфтанашро надониста, дудила шуда ҷавоб дод.
- Ни туда попали. (Ба ҷояш наафтодед)
-Понятно (фаҳмо), - гуфт занак ҷавобан.
Онҳо хомӯш шуда монданд. Хомӯширо Истодахон бурид.
- Хӯҷаин, ин овози Кристинаку...
“Хӯҷаин” каме ба вазъияти ноҳинҷор монд.
- Ҳа, ҳамон, - гуфт ноилоҷ.
- Аввалҳо омада меистод, бедарак шуда рафт. – давоми суханро шуниданӣ шуд, баъде андаке Истодахон.
Ёдгорхон ака чӣ гуфтанашро надониста монд.
Критстина гуфтагиашон, синнаш аз чил гузашта бошад ҳам, зани зебо. Ӯ дар лабораторияи ветеринарӣ кор мекунад Аз ин чор-панҷ сол пештар дар вилоят бисёр замбӯрони асал нобуд шудан гирифтанд. Бо диққат санҷида бароянд, канаи японӣ нобуд карда истода будааст. Ба муқобили ин ҳашароте, ки танҳо ба воситаи лупа дидан мумкин аст, аз Япония дору гирифта омаданд. Онро бори аввал ба замбӯрҳои Ёдгорхон ҳамон Кристина ном занак таҷриба карда дид. Канаҳо нест шуданд, аммо Кристина тез-тез омадурафт мекардагӣ шуд. Сониҳо одати сӣ-чил дона замбӯрҳои зиндаро ба шиша андохта мерафтагӣ пайдо кард. Маълум шуд, ки вай бемории подограро бо неш занонидани замбӯри асал даво карданро омӯхта истода будааст. Кристина замбӯриасалпарвариро аз ҷииҳати назарӣ хуб медонист. Дар ин бобат китобҳои нахондаи ӯ кам монда буд. Барои онҳоро дар амал санҷидан ҳамчун Ёдгорхон ака шахси софдил, ҷустуҷӯйкунанда лозим буд. Аҷаб нест, ки онҳоро ана ҳамин ҳаракат ба ҳам наздик карда бошад. Он тарафашро Худо медонад.
Вақте ки Кристина роҳи зиёд кардани оилаҳои замбӯри асалро дар кадом китоб хонданашро гуфт, Ёдгорхон онро зуд аз бар кард. Ин роҳ андаке мураккаб бошад ҳам, лекин самарабахш буд. Ин кор ба яке аз хоначаҳои замбӯри асал оқиби қаламро халонда онро андаке васеъ карда, баъд ба он ҷой каме шири замбури асалро бо шпритс чаккониданро талаб мекард.
Гарчи дар баъзе ҷойи ҳикояамон лавҳаҳои дастуриро оид ба замбӯрпарварӣ хотиррасон кардан ба назар расад ҳам, дар ин ҷо оид ба ибораи “шири замбӯри асал” андаке шарҳ додан лозим меояд.
Ҷонваре бо номи замбӯри асал ба ғайр аз прополис ном неъмати шифобахш шир ҳам медиҳад ва он дар тиббиёт барои табобат бағоят лозим аст. Одатан, замбӯр барои озуқа ба зери лона андаке шир ҳам мемонад: тухм ва ғумбакҳо аз ҳамин ҳисоб парвариш ёфта, ба воя мерасанд.
Хулласи калом, Ёдгорхон бо ҳамин роҳи сунъӣ шоҳи замбӯрони асал бароварданро омӯхт. Шоҳзамбӯр баромадмӣ, онро бо як ром оруҳои коргар ҷудо карда гиред, оилаи нав пайдо мешавад.
Айёми баҳорон телефони дастии Ёдгорхон ака беист занг мезанад, ҳатто аз вилоятҳои дигар ҳам ба оилаҳои замбӯри асал харидорон меомаданд ва ӯ даромади хуб ба даст медаровард.
Дар ин мобайн боз як ҳолатро дарк кардани Истодахонро таъкид кардан лозим аст.
Вақте ки Кристина меомад, кайфияти шавҳараш болида, чашмонаш медурахшиданд ва ҳудаю беҳуда механдид. Агар ҳаял карда монад, хавотир шуда, пайи ҳам телефон мекард, баъзан як бонка асал гирифта ӯро кофта мерафт.
Истодахон ба шавҳараш зоҳиран рашк мекард, албатта. Лекин бинобар он, ки миёнаш ва гурдаш дардманд буданд, талаботи шаҳвонии ӯро ба ҷо оварда наметавонист ва ба ин сабаб аз мушоҳидаи “зоти мардро фаҳмидан даркор” орӣ набуд.
Аз ба Россия кӯчида рафтани шавҳари Кристина ва ӯ танҳо бо духтараш дар ин ҷо мондани ӯ хабар дошт. Ин занак ҳангоми бо ташвиши дар усулҳои нав гирифтани заҳри замбӯри асал банд буданаш аз нигоҳҳои истеҳзоомези Истодахон ҳаросида қадамашро қариб батамом канда буд.
* * *
“Асалчӣ дар “Нексия”аш як зани урусро гирифта гаштанаш” гуфтанӣ гап дар чойхона ҳам паҳн шуда буд.
- Бобо ҳоло бардам. – гуфт касе ин гапро шунида.
- Як деворзан миёнбандашро ба миёнаш маҳкам баста, ба пахсаи ҳафтӯм ҳам лой мепартофтааст, - ба ривоят гуфтан оғоз кард Насриддин тракторчӣ аз мавзӯи мароқангез илҳом гирифта, - шариконаш мебинанд, ки ба мағзи миёнбандаш ҳафт дона тилло будааст. Онҳо ба худаш нафаҳмонда, тангаҳои тиллоро гирифта мемонанд. Баъд аз ин полвон лойро ҳатто ба пахсаи чорӯм партофта наметавонад. Тангаҳоро ба ҷояш монанд, боз мисли аввала кор мекардагӣ шудааст. Ба дил ҳам, ба миён ҳам, ба пасташ ҳам қувват мебахшидагӣ ана ҳамон чиз – “сурхча”.
Онҳо гумбурос зада механданд.
Не, чойхонаи деҳаро ғайбатхона гуфтан нодуруст. Вақте ки аксар мардҳо бекоранд, ба кууҷо ҳам мераванд, чӣ кор ҳам мекунанд? Молу чорвояшонро подачӣ мепояд. Ташвиҳои рӯзгор ба зиммаи занҳо. Барои ягон ташаббус нишон додан, масалан, ба бизнес даст задан, савия, малака, сармоя, қувваи электр лозим. Дар чунин вазъият ба ҷуз дар чойхона гаштак карда нишастан дигар чӣ кор ҳам мекунад одам?!
Дар ин ҷой ду хона буд. Дар якаш ҷавонон нарда, шоҳмот, шашка бозӣ карда мешинанд, дар дуюмаш калонҳо сӯҳбат карда мешинанд, қартабозӣ мекунанд. Бештар канда шуда истодани токи электрро муҳокима мекунанд, кадом амалдореро рӯирост, болохонадор карда дашном медиҳанд. Ҳақорат накарда мешавад, магар: суробхунукҳо субҳ 2 соат, бегоҳӣ ду-се соат ток медиҳанду халос. Пештар аз таъминоти қувваи электр қарзи калон доштани деҳа сабаб карда нишон дода меҳуд. Баъди пул ҷамъ карда, аз қарз халос шуданашон ҳам аҳвол донаи арзан барин дигар нашудааст.
- Ба ҳамин кучуки калони светчиҳо ҳам даромадам, - гуфт як мӯйсафед, ки ҳама Дӯм бобо гуфта эҳтиромаш мекарданд, ба калимаи “калон” задаи мантиқӣ дода, - “Симҳоро дигар кардан даркор, онҳо ба ҷойи понздаҳ сол чил сол боз кор карда, барои андак қувваи ток ҳам дошт оварда наметавонистагӣ шудаанд”, мегӯяд. “О, дигар кунед!” гӯям, - “Барои ин фалон миллион лозим аст”, - мегӯяд.
Аз бекорӣ ҳам меноланд. Аз кӯҳистони ҳамин атроф ягон кас калон шуда, ҳамаро бо кор таъмин намуданро орзу мекунанд. Агар аз сиёсат сухан равад, пурзӯрии Америка, хушфеълии президенти Россия, ҷасорати сарвари Эрон аз эътибор дур намемонад. Дар Ҷумъабозор чӣ арзону чӣ қимат, сабабҳои он то риштаи охиринаш муҳокима мешавад. Баробари ҳамин бачаҳои барои кор ба кишварҳои дигар рафта, хешовандонашон, ба насиба мувофиқ ёфта истоданашон, нописандӣ ва ё одамияти соҳибкорон як-як гуфтугузор карда мешавад.
Дар ин ҷо арақ нӯшидан, ҳатто нос кашидан ҳам мумкин нест. Майзадаҳоро сахт мазаммат мекунанд. Лекин гоҳ-гоҳ, махсусан, вақти ҳарифона карданашон, вай ҳам бошад дар чойник кам-камакак мешавад.
Дар асл иғво, ғайбат ҳам ба шароб монанд аст: вайро сиёҳ мекунанду, лекин беихтиёр ба тарафаш майл карда мераванд.
Ба назарм, иғво ва ғайбат як қатор сабабҳо дорад. Аввалан, дар зери он чӣ хел як манфиати зоҳирӣ меистад. Ҳангоми бо ҳам дучор омадани ана ҳамин манфиатҳо барои ғайбат роҳ кушода мешавад. Балки ин аввалинаш набошад даркор.
Чунон, ки дар боло гуфтем, ҳамаамон ҳам бой шуданро орзу мекунем, аммо бойҳоро маъқул намекунем. Аз ҳамин сабаб ба ғайбат кардани онҳо майл мекунем. Балки менталитети мо ҳамин тавр аст.
Намедонам, намедонам, намедонам...
- Ҳамин шаб аз боғи Эшонбобо овози милтиқ баромад, кӣ шунид? – гуфт Насриддин тракторчӣ бо мақсади мавзӯъро ба ҷараёни аввала баргардонидан.
Дар асл, гап дар бораи овози милтиқ набуд. Азбаски Насриддин милтиқ бо мақсади барои тарсонида мондани баъзеҳо парронида шуданаш ва ин ба бисёре аз дар ин ҷо нишастагон маъқул набуданашро медонист, ин гапро гуфта буд. Яке аз мухлисон доимии чойхона – Басирхон ҳам инро нағз фаҳмида буд. Лекин худи ӯ низ манфиатҳо дошт: аз “сурхча”и аз бобоям монда ҳаққи маро надода истодааст, гуфтанӣ як тамаъи зоҳирӣ даруни ӯро реш-реш мекард.
- Монед ҳамин писарамаки маро, - гуфт ӯ, – фоида надорад. Яке бандаи Худо, дигаре бандаи занаш.
Инро, болои оташ ҳезуми хушк гузоштан гӯем, рост меомадагист.
- Ин гапи ҳақ, - давом дод тракторчӣ, - пойи занашро молиданашро бо чашмони худ дидаам.
-Не-е! – чанд кас бо ҳайрат ба тарафи ӯ нигоҳ карда монданд.
Насриддин гуфтагиамон пештар “Белорус” ном трактори хоҷагии ҷангалро меронд. Сонӣ ин техника ба ҳисоби колхоз гузашт. Дар арафаи барҳам хӯрдани колхозҳо Ёдгорхон ака онро харида гирифт. Чархҳояш, баъзе қисмҳои муҳаррикаш (мотораш)ро нав кардан рост омад.
-Насриддин, тракторро худатон меронед, лекин томорқа-помарқа гуфтанӣ гап нест. – гуфт ӯ. - Тележкаро кашола карда мебаред. Мебиёред. Ба трактор нағзакак нигоҳ мекунед, вай дар ҳавлии мо меистад. Аз колхоз дида ду баробар зиёд ҳақ медиҳам!
Аммо Насриддин гуфтагиашон хеле лоқайд, коргурез. Ӯ дигар шудани замона, трактор ҳоло мулки хусусӣ шуданашро тан нагирифта, тракторро таъмир карда истодан, тозаю озода нигоҳ доштани онро ба хаёлаш ҳам наоварда буд ӯ. Аз чор-панҷ сӯми аз ҳисоби шудгори томарқаҳо маҳрум шуданаш бошад, бар болои сӯхта намакоб буд. Хуллас, бо ҳамин сабабҳо Ёдгорхон ака аз баҳри вай гузашт. Худойбердӣ ном касро ба кор қабул кард.
Агар Худойбердӣ гуфтагиамонро таъриф карданӣ бошем, дар атрофи сӣ будани синну соли ӯ, хеле чашмикордон буданашро таъкид карданамон лозим аст . Ин ҷавони араббашара баъди ду сол дар Қазоқистон кор карда омаданаш, хелле ӯҳдабаро, сарфагар, ба қадри вақт ва пул барин чизҳо мерасидагӣ шудааст. Чӣ чора, мақоле ҳаст: то мусофир нашавӣ, мусулмон намешавӣ. Назар ба гуфти худаш, дар он ҷой хизмати як пирамарди қазоқро карда будааст, ки бо зиёд кардани тухми бедона машғул будааст.
-Ман ду сол намаки ӯро чашидам. Ғайбат карданам уболу, аммо ноҷинсе буд, ки ба хонааш гадо ояд, ӯро зада пеш мекард. Моро ба қатори одам намедонист: то ҳоҷатхонаҳояшро тоза мекунонд. Дар он ҷой аз кор ор намекунед, чунки ҳеҷ кас намебинад. Дар ин ҷой ба дастатон оби хунук расад, шарм медоред. Алам ба мағзи устухонам гузашту ба омӯхтани бизнеси ӯ кӯшиш кардам: зиёд кардани бедона, ба онҳо ғизо додан, парвариш кардан, дору дармон доданро “дуздидам”.
Худойбердӣ ба деҳа баргашта ба зиёд кардани бедона миён баст: ба маблағи аз мардикорӣ хиёд карда омадааш инкубатори қиматбаҳо, симтӯр, симхор, озуқа, витаминҳо, дорую дармон харид. Ҷонварҳо тез зиёд шуданд. Бисёриҳо омада ӯро тамошо карданд. Дар ин бора ба газетаҳо навиштанд. Аммо, баногоҳ омад аз вай рӯяшро тофт: бедонаҳо акнун ба тухм даромада буданд, ки як касалӣ омаду ҳамааш нобуд шуд.
-Ба ҳамааш худам айбдор, - вақте ки дар ин бора гап меравад, мегуфт ӯ, - ҳоло корро оғоз накарда, ба олам ҷар андохтам, кӣ бошад, бурда нишон додам. Қазоқи пирамард пашшаро ҳам роҳ намедод. “Чашм мерасад”. - мегуфт. Гуфти ӯ шуд.
Ҳоло Худойбердӣ аз кӯҳ пиёзи анзур ҷамъ карда, бо аз нав коркарди он машғул шуд. Аниқтараш, пиёзи анзурро нағзакаак шуста, аввал чанд муддат ба намкоб гузошта, баъд ба сирко ёки кислотаи уксус андохта мемонад. Баъди муддати муайян (ӯ инро сир медорад) онро ба бочкаҳо ҷой карда, даҳонашро маҳкам карда мемонад. Дар бозор нархи ин хӯриш фалон пул. Назар ба гуфти одамон барои муолиҷаи касалии қагд ҳамто надорад. Пештар ба бозор мебаровард, ҳоло савдогарҳо ба хонааш омада яклухт гирифта мераванд. Худаш ба касе сир намедиҳад, аммо назар ба маълумотҳо ҳоло тухми пиёзи анзурро худаш кошта, онро зиёд мекардааст. Мегӯянд, ки соли гузашта ҳосили нағз гирифтааст. Баробари ин тракторро ҳам соз карда мондааст. Зарур, ки шуд муҳаррикро ба кор меандозад. Лекин дар бораи хӯҷаини худ на гапи хуб мегӯяду на бад. Оиди дар бораи ояндаи нохуш, хунуктар ва чандон хуб набудани тахмин ва тасаввури ин одамро ҳам гуфта гузаштан лозим меояд.
- Деҳаҳо нест шуда мераванд: се-чорта бой, панҷ-даҳ нафар хизматкори ӯ мемонаду халос. Дигарон нон кофта ба шаҳрҳо, ба кишварҳои дигар кӯчида мераванд... Чунки боқимонда ба ҳеҷ кас лозим нест! Агар як вақтҳо Порсохон эшон се-чор оиларо кӯчонида намеомад, ин деҳа ҳам намешуд, зурриётамон аз касалии сил нест шуда мерафт. Акнун моро танҳо бойҳо нигоҳ доштанашон мумкин.
Ин суханони ӯ ба бисёриҳо намефорид ва табиист, ки ҷамъ шуда, бар зидди ӯ баромаданд, муҳокима карданд.
* * *
Дар боло оиди Дӯм бобо ном як пирамард сухан карда будем. Рӯзе ҳамин пирамард, ки як вақтҳо ба колхоз, сонӣ ба Шӯрои қишлоқ (ҳамон вақтҳо чунин номида мешуд) раис шуда кор карда буд, Ёдгорхон акаро дида, камтар гиламандона ӯро ба инсоф даъват кардааст:
-Эшонбово, дар замони лесхоз ҳам, дар вақти колхоз ҳам ҳамин трактор ба одамон хизмат мекард...
- Он вақтҳо бесоҳиб будааст-дия, азони ҷамоа буд, Дӯмбобо мошинаатонро ба одамон дода намемонедку.
- Дода мондаам, Эшонбово, дода мондаам, - касеро тӯяш бошад, ё таъзия, - мошина тайёр. Охир ҳамдеҳагӣ...
Дӯмбобо рост мегуфт: ин одам будашро бо ҳамдеҳагонаш бо ҳам медид, худаш ҳам аз хидмати онҳо баҳраманд мешуд: ҳамоно заминашро шудгор кардан, ҷӯяк гирифтан, хасу хошокашро ҷамъ карда кашонда додан, ба зиммаи ҳамдеҳагонаш буданд.
Лекин Ёдгорхон ака вазнин шуда, маъқул карда монда буд.
Бинобар дар чойхона дар бораи асалчӣ гап кушода шуда рафтанаш , Дӯмбобо ҳамон гуфтугузорро ба хотир оварда монд.
- Кӣ чӣ гӯяду гӯяд, - гуфт боз кадоме, - асалчӣ аз он одамонест, ки об дар ҷойи сахт истоданашро медонад: ба касе ягон тинашро раво намебинад. Зарур шуда монад, қарз пурсида бинед канӣ, – аз вай пул рӯёнидан бо аз сӯрохи сӯзан шутур гузаронидан баробар!
Ин гапро ба ғайбат пайвастан чандон дуруст нест, албатта. Ба ягон кас қарз надодани асалчӣ - гапи ҳақ. Сабабҳои ин ба худашу Худо аён. Не, ба фалон-фалонҳо қарз дода, баъд афсӯс хӯрда бошад дарокор, гуфта сафед кардан ҳам беҷо. Қарз намедиҳад, вассалом! Лекин, ана ҳамин одаме, ки ӯро ба хасисӣ айбдор карда буд, дар давоми се сол аз боғи ӯ чормағз, дӯлона чинда фурӯхтанаш, ҳаққи ба асалчӣ тааллуқдорро кам доданашро гуфта гузаштан гапи зиёдатӣ нест. Инро дар қатори дигарон Басирхон ҳам, албатта, медонист.
Дар ин ҷо миасъала ба тарафи дигар, ба қимат шудани нарху наво гузашта рафт, лекин касе аз деҳа ягон нафар шогирд тайёр накардани Ёдгорхон акаро таъна карду, сӯҳбат боз ба ҳамин мавзӯъ пайваст шуда рафт. Басирхон фикр карда монд: дарвоқеъ, дар давоми солҳо ягон нафар шогирд набаровардани писарамаки ӯро чӣ хел эзоҳ додан ва ё сафед кардан мумкин аст? Ин дарунсиёҳӣ ва худбинии гузаро нест магар? Бар болои ин хасисии ӯро таъкид карда истодаандку. Агар ҳамин хел намешуд, тиллои ба вай тааллуқ доштаро ҳам дода мемонд-дия. Балки ба ҳамаи ин занаш айбдор аст. “Сурхча” дар ихтиёри ҳамон нобакор бошад даркор...
Лекин дигар тарафҳои масъаларо ҳам аз эътибор дур намондан лозим. Як вақтҳо Басирхон писари калонии худро ба шогирдии ӯ гузошта буд. Бача баъди он, ки замбӯри асал ба ӯ бори аввал неш зад, дигар ба он ҷой нарафта монд. Ҳозир дар бозор аробача кашола карда мегардад. Баъди он баъзе шогирдон ба заҳри замбӯр тоб оварда, омӯхта бошанд ҳам, лекин барои қуттӣ, замбӯри асал ва дигар ашёҳои барои ин кор лозимро харида гирифтан пули даркорӣ наёфта, аз пайи корҳои дигар паноҳ ҷуста рафтанд. Ёдгорхон ака бо вуҷуди имконият доштанаш онҳоро дастгирӣ кардан ба хаёлаш ҳам наомада буд.
Ба ҳамаи мо хислати дудилагӣ, яъне ним хоҳиш мавҷуд аст. Басирхон низ ҳамчун дигарон ба ғайбат кардани писарамаки худ дар муносибати нимхоҳишӣ буд. Не. Ёдгорхон ин хел не гуфта наметавонист. Ба ин ҳамон дудилагӣ сабабгор буд.
Дар чунин вазъият баъзан фикри “моро мана ҳамин дудилагӣ барбод намекунад, магар “ ба саратон меояд.
- Ҳамин Ёдгорхон чӣ қадар тилло дошта бошад? Даҳ кило ҳастмӣ?
Ин саволи ба давра партофташуда бештар барои ба дили Басирхон васваса андохтан буданашро ӯ ҳис кард ё не, дониста намешуд. Ин вақт Худойбердӣ ба миён даромад.
- “Сурхча” гуфтани чизро бо кило чен намекунанд. Вай дар ҳолати танга мешавад. Ман дидааам: ба ҳамон қазоқи пир буд, чашмони моро бозӣ доронда таъриф мекард, занталоқ! Ба дастам гирифта дидаам: дар як тарафаш расми Никалай подшоҳ, ба тарафи дигараш мурғи дусара. Ба акамулои мо аз бобояшон чӣ қадар танга монданашро фақат худаш медонад. Ба кисаи як кас чашм ало кардан хуб нест!
Тангаҳои тиллоӣ, ки дар як тарафаш расми Никалай полдшоҳ, дар тарафи дигараш акси мурғи дусара! Онҳо дили Басирхонро ҳамчун нохуни гурба харошида, ҳамчун муш хойда истоданашро фаҳмидан душвор набуд. Қарзи дар дафтари дӯкончӣ буда рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст. Аз даллоли Ҷумъамобозор қарз гирифтанаш як сол зиёд шуд... Ӯ дигар тоқат карда натавонист:
- Ҳамин гапҳоятонро монед! –гуфт.
* * *
Вақте ки Басирхон аз чойхона баромада ба тарафи хонааш мерафт, дар он тарафи сой болои асп хаёл ронда рафта истодани Ёдгорхон акаро дида монд. Вай одати дар ҳамин вақт барои давр зада омадани боғ баромадани Ёдгорхонро медонист. Дилашро бошад , як муҷмалӣ ғаш мекард.
- Ака истед! – ҳам овозашро ҳам дасташро баланд кард ӯ.
Баробари ҳамин ба хаёлаш фикри “кори нодуруст кардам “ низ омада монд. Аз болои сангҳои калон-калони дар сой чидашуда эҳтиёткорона гузашта истода гапро аз чӣ сар кардан, аз муносибатро вайрон карда мондан дилаш дар ҳарос буд.
Ӯ аз рӯйи одат бақувват салом карда, аз рӯйи ҳурмат аз ҷилави асп дошта, хаси ба ёли вай часпидаро гирифта партофтанӣ шуд. Ба дили Ёдгорхон ака низ як нохушии мавҳум, шубҳа пайдо шуда монд. Ба ҳамин нигоҳ накарда, нимтабассум карда истод.
-Ака. Аз ин дӯкончӣ қарзамон бисёр шуда рафт.
Яъне қарз мепурсад, фикр кард Ёдгорхон ака худ ба худ. Ба ҷойи арақ нӯшидан қарзашро диҳад мешавад-ку, хумпар. Ба ҳамин нигоҳ накарда, ваъиятро дигар накарда истод.
- Ака, ҳиссаи моро кай медиҳед?
- Чӣ хел ҳиссаро?
- Тангаҳои расми Никалай подшоҳ тасвиршудаи аз бобоям мондаро мегӯям-дия... Ҳамоне, ки дар як тарафаш тасвири мурғи дусара...
Ёдгорхон ака як лазха хомӯш истоду баъд тамоми қаҳру ғазабашро дар як ҷой ҷамъ карда, бо ҳамон оҳанги мулоим илтимос кард:
- Ҷилавро озод кунед.
Баробари ҷилавро озод кардани Басирхон вай ба асп қамчин зад. Ин ҳол ба иззати нафси Басирхон сахт расида рафт.
- Аз Худо тарсед! Аз Худо! – гуфт
- Ҳеҷ чиз нагуфта рафтани писарамакаш ӯро бадтар дарғазаб кард. – Зада мебарояд!
Ин гап аз мағзи устухони Ёдгорхон ака гузашта рафт . Ӯ аввало ғайбатчиҳои чойхонаро як-як пеши назар овард. Баъд барои асабашро азоб надодан таҷрибаҳои чандинсолаашро ба кор андохта, хаёлашро ба тарафҳои дигар равона кардан ҳаракат кард.
Ӯ ба вилоятҳои гуногун замбӯри асал бурда, азоби мусофирӣ, ноҳақӣ, беадолатиро борҳо дидааст. Лекин, зарбаи имрӯза аз ҳамааш гузашта рафт. Шояд асабаш сахт таранг шуда рафта буд, ки вай баъзе аз ҳамон нохушиҳоро ба ёдаш овард.
* * *
Ҳамон вақт замбӯрҳо ба бедапояи дашт гузошта шуда буданд Вай бо “Жигули”и худаш ба бозор рафта истода буд, ки дар рӯ ба рӯяш “Нексия” пайдо шуд. Аз мошина ҳамчун гаҳвораҷумбон гоҳ ба тарафи рост ва гоҳ ба тарафи чапи кӯча намудор шуда истоданаш, Ёдгорхон ака сари чамбар одами маст нишастанашро фаҳмида, мошинаашро ба як тарафи кӯча гирифта тормозро пахш кард. Лаҳзае нагузашта ҳамон “Нексия” расо бар болои ӯ омад. Дар сонияи охирин ронанда аз афташ чамбарро якбора тоб дод, ки мошина ба паҳлуи “Жигули” омада ба дари оқиби мошин заду як ғелида боз ба ҳолати аввалааш омад. Ёдгор ака тозон рафта дари мошинро кушод: ҷавони сари чамбар нишаста аз ҳуш рафта буд. Дари оқибро кушода буд, ки ду ҷавон лангон-лангон аз мошин баромаданду Ёдгор акаро саркӯб карданд. Ӯ аввал худашро ҳимоя карду баъд истод. Ҳамин вақт як ҳолати аҷиб рух дод: он чӯҷахурӯзҳои шербача якбора беҳуш шуда афтоданд. Одамон ҷамъ шуданд. Милиса, “ёрии таъҷилӣ” расида омад, протоколҳо тартиб доданд.
Маст будни ҷавони сари чамбар нишаста, шикастани пойи ӯ маълум шуд. Падари ӯ пештар дар лавозими калон кор карда, ҳоло сардори идораи нотариус буданаш муайян шуд. Ёдгорхон ака баъди ду-се рӯз барои рӯёнидани хароҷот, ҳадди аққал ба соз кардани ҳамон дари оқиб ба ҳамон мансабдор вохӯрдан қарор кард. Вай аблаҳ бошад, бо такаббури сипоҳиёна рӯирост ба пӯписа гузашт:
-Шумо ду ҷавонро зада беҳуш кардед!
-Не, тақсир. – воқиаи шудагиро гуфтанӣ шуд Ёдгорхон ака. – онҳо дар гармиаш дардро надонистаанд. Сонӣ таъсир кардааст. Инро духтурҳо ҳам тасдиқ кардаанд.
Ёдгорхон ҳамин гапро гуфту аз ин шахси говбашара ягон маъно нагирифтан боварӣ ҳосил карду, хайрухӯш карда рафт...
Ин воқиа низ дар вилояти ҳамсоя рух дода буд. Ӯ замбӯри асалро кӯчонида рафта истода буд, ки дар роҳ ба як майдони васеи офтобпараст гул кардаистода дучор омад. Ба тракторчӣ истоданро ишора карду ба об наздик як ҷойи қулайро ёфта, тележкаро ҷойгир кард. Истадхон гирду атрофро тоза кард, об оварда барои тайёр кардани хӯроки бегоҳӣ машғул шуд.
Гап дар сари он аст, ки замбӯрҳо аз ин растанӣ бештар чанги гул мегиранд. Дар баъзе растаниҳо нектар (шаҳд) ҳасту гулчанг нест. Офтобпараст бошад, бар акс. Замбӯр айнан ҳамон нектарро ба гулчанг омехта асал тайёр мекунад. Бар болои ин вай як маводи барои сохтмон мувофиқ ҳам мебошад. Барои лона мондан асосан аз гулчангҳо истифода мебарад Замбӯр ба ҳар як бор парвоз кардани худ ба лабаш нектар, ба пояш гулчанг гирифта меояд.
Хуллас, вақте ки онҳо корро саранҷом мекарданд, як ширакайфи аспсавор пайдо шуд. Вай худашро бригадир гуфта шиносонду ба таҳдид гузашт.
-Барои ба ин ҷой гузоштани замбӯр кӣ иҷозат дод?
Ёдгорхон гарчанд ба чунин вазъият гоҳ-гоҳ дучор шуда бошад ҳам, ҳамин вақт чизе гуфтанро надониста монд. Одатан, ба назди чунин тоифаҳо бо устухон партофтан – як бонка асал додан халос мешуданд. Муомилаи ин барзгов бошад, ба рафтори ҷӯгиҳо монанд буд.
- Замбӯрҳо мана ин майдони офтоббпарастҳои шуморо гардолуд мекунад, мағзи донаҳояш пурра мешавад. - гуфт бо оҳанги ҳалимона.
-Бардоред аз ин ҷой!
Ёдгорхон ака аз занаш хиҷолат шуда, ба боло баромада буд, ки аз чӣ бошад саркашӣ карда бригадир ҳам аз паси вай баромад. Ин вақт замбӯрҳо якҷоя ба вай часпиданд. Бечора, аспашро ҳам партофта, гурехта рафт.
Табиати замбӯри асал ана ҳамин тавр – ба бӯйи арақ тоқат надорад. Умуман бӯйи тезро ҳазм намекунад. Ёдгорхон ака ҳатто вақти мӯйсаргирӣ аз сартарош пешакӣ илтимос мекунад, ки ба вай атр напошад. Як шогирд грифта буд: вай бештар арақ мекард. Замбӯр бошад ба бӯй тоқат надорад. Бинобар ин ҳам вай ихтиёри дигар касб карда рафта буд.
Ёдгорхон ака ҳамин нохушиҳоро ба ёд оварда, муаомилаи писарамакаш, аниқтараш, тамаъи ӯ аз ҳамааш болотар буданаш боварӣ ҳосил карду як афсонаро ба хотир овард.
Дар кадом як замону макон як подшоҳи золим як шахси бегуноҳро ба сангсор карда куштан фармони олӣ мебарорад. Мардуми шаҳр чунон, ки ҳукфармо мегӯяд, ҳамон хел саф кашида, ба он бечора санг парронданро оғоз мекунанд. Иттифоқо, байни ҳамон одамон ду хеши наздики ӯ низ будааст. Онҳо санг намепарронанду аз мағзи ҷомаашон як порча пахта гирифта мепарронанд. Ҷабрдидаи ба ҳамин қадар санг тоқат карда, ба зарби ҳамин пахта тоқат карда нгатавониста, додгӯён афтода меравад.
Талаби Басирхон, мисли ба самбӯсаи тановулнашуда пул пурсидан, аламовар буд. Чӣ тавре, ки занҷири аз ҳама вазнин занҷири тиллоӣ мегӯянд, васвасаи аз ҳама вазнин васвасаи ҳамин “сурхча” буданашро ӯ хуб медонист. Аз мастии Басирхон истифрда бурда, минбаъд ҳам ӯро тез мекардагиҳо ёфт шуданаш дар хавотир буд ӯ. Бинобар ин сахт хафа шуда рафт.
Дар назди дарвоза миошинаи писарашро дида бошад ҳам, вай кушода шуда нарафт. Бузрукзон ба пешвози вай баромада...
Мантиқро ба мадад мебаровардагӣ бошем, дар ҳамин ҷой дар бораи писари хурдӣ Бузрукхон камтар маълумот додан зарур шуда монд.
Ӯ дар донишгоҳ дар соҳаи компютер мутахассиси калон. Дастгоҳҳои матбаа гирифта оянд, аввало ба ҳамин ҷавон муроҷиат мекунанд. Вай аз мутахассисонест, ки соҳаи худашро об карда хӯрдааст. Дар деҳа кӣ тӯй накунад, даъватномаҳои ранга тайёр карда медиҳад, бачаҳои ташнаи илмро барои хондан гирифта меравад, лекин аз ягон кас як тин ҳам тамаъ намекунад.
Аммо, ба ҳар пурра як нуқсон, гуфтагӣ барин, ниҳоят худбовар, таваккалчӣ, рӯшодгӯияш падарашро ба хавотир монанда меистод. Чора чист, ки дар мо истеъдодҳо беайб намешаванд. Ӯ ҳам баъзан аз одати охирашро фикр накарда, баъд муҷмал карда мондан орӣ набуд. Барои Бузрукхон ҳамеша чизе кам ё зиёд менамуд. Бар болои ин ӯ ҳеҷ касро тан намегирифт: нигилисти саркаш буд.
Вақте ки сухан дар бораи олимон мерафт: “Онҳо ба ҷуз такрор кардани кашфиёти юнониёни қадим дигар коре накардаанд”, - мегуфт; дар бораи шоирон ҳам фикраш писсимистона: “Онҳо аксар дурӯғгӯёни деҳотро фаромӯш карда, ба тарафи шаҳр гурехтагон, тарсуёни ҳақиқатро изҳор карда наметавонистагӣ” – гуфта ҳисоб мекард. Аз телевидение норозӣ – вай оянда надорад гуфта ҳисоб мекард: “Ҳамааш шуда, панҷ-даҳ сол, телефонҳои дастӣ ҳамаи хизматҳои телевизионро ба зиммаи худ мегирад”, - мегуфт ӯ.
Оиди сабаби то ҳол (бистуҳафтсола шуда буд ӯ) хонадор нашудааш бошад, ду сол пеш аз ин ба доми як зани бачадори аз худаш калон афтода монданашро хотирнишон кардан лозим аст. Падараш нияти ба ҳамин зан хонадор шудани ӯро шунида, оташин шуда рафт: агар ба хонавода иснод биёрад, ӯро оқ карданаш (аз баҳри чунин фарзанд баромаданаш)ро изҳор кард.
- Ин хел бошад. Ба дигараш ҳам хонадор намешавам!” - гуфт ӯ.
- Хонадор нашавӣ, садқаи сар, аммо ба хонадони ман ин занакро гирифта намеоӣ! – гуфта буд ҳамон вақт Ёдгорхон ака, ба вай “ту” гӯён муроҷиат карда.
То он вақт ҳам якчанд духтарҳоро тавсия карда буданд, лекин ӯ рӯяшро турш карда буд. Ба ҳар ҳол он зан ба хориҷа ба кор рафту гӯё ба ин моҷаро нуқта гузошта шуд.
Дар ҳаёт одамонеро ҳамчун Бузрукхон дучор шудан душвор. Ӯ фалсафа, таърих, иқтисоди ба худ хосеро дорад, ки аз дигарон тамоман тафовут мекунад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҳар хел корҳо мекунад, аз ҳамкасбонаш гоҳ-гоҳ пул қарз мегирад.
Ӯ нағз кор мекунад, нағз мепӯшад., нағз мехӯрад. Лекин, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, аз чизе норозӣ, як чиз намерасидагӣ барин шуда мегардад.
“Дар замонҳои қадим як подшоҳи бадфеъл будааст, - баъзан ҳикоя карда мемонад ӯ, - як ошнои гӯркоб доштаааст, ки қашшоқона зиндагӣ мекардааст. Рӯзе подшоҳ аз назди манзили вай гузашта истода, аз ҳоли гӯркоб хабар гирифтанӣ шудааст. Бинад, ки вай ниҳоят бой шуда рафтааст ва хизматгорҳо ҳам доштааст. “Яъне, дар сояи давлати ман зиндагии мардум фаровон ва хеле хуб будааст”, фикр мекунад ҳукмрон.
- Хӯш, чӣ тавр ин хел бадавлат шуда рафтӣ? – мепурсад аз гӯркоб вақти вохӯрӣ.
-Бо шарофати шумо, - мегӯяд ӯ, - хеле бисёр одамон аз гуруснагӣ ва мӯҳтоҷӣ мурда истодаанд, даромадам зиёд шуда истодааст.”
Хуб, аз мавзӯъ дур наравем...
- Дада, асаби шумо вайрон, - гуфт ӯ баъди салому алек, баъд меҳрубонона бо хавотир: -Чӣ гап? – гуфта пурсид.
Ёдгорхон ака дар бораи сӯҳбаташ бо Басирхон сухан карданро нахост, лекин якравии писараш, то таги гапро нафаҳмад, ором нагузоштани ӯро аз хаёлаш гузаронд.
- Ана вай писарамакам ба асабам расида истодааст, – ниҳоят тафсилоти воқеаи бо ӯ шударо гуфта дод вай.
Бузрукхон тааҷҷуб карда, хеле ба фикр фурӯ рафта монд.
- Ман илоҷашро меёбам. Ин накбатро боб мекунем!
-Чӣ хел?
-Ба даҳонаш бо пул мезанам! Ман аз грант пули калон бурд кардаам!
Ёдгорхон аз телевизор ба грант пул, мошина ва чизҳои дигар бурд кардани одамонро шунида бошад ҳам, моҳият ва тафсилоти онро хуб намедонист. Бинобар ин напурсида монд.
Пагоҳии рӯзи дигар Бузрукхон як халта пули ба селофан печонидашударо бардошта омад.
- Дар ин ҷо се миллион, ҳамаашро диҳед. – Ман ҳоло вақти баргаштанам ба вай гуфта меравам. Ба хафа шудан намеарзад. Барои минбаъд ғинг нагуфтанаш забонхат ҳам нависонда гиред!
Баъди баромада рафтани вай Басирхон бо одобу тавозеъ даромада омад. Ришаш тарошидагӣ, дар бараш либосҳои нав, тамоман ҳушёр буд.
- Ака бубахшед, - гуфт ӯ баъди салому алек. – Дирӯз шуморо хафа карда монда будам. Бар падари ҳамин арақ лаънат!
- Не, не. – гуфт Ёдгорхон ака. – Шумо ҳақ ҳастед. Ҳақ ҳастед! Барои ҳамин ҳам одам фиристода будам.
Дар мобайн як хомӯшӣ ҳукмфармо шуд. Писарамак ҳангоми “Шумо ҳақ ҳастед” чиро дапр назар дошта бошад. Гуфта фикр кпрда монд ӯ.
Хомӯширо боз Ёдгорхон ака вайрон кард.
- Аз бобоямон андаке тилло монданаш рост. Ҳамонро фурӯхтам. Акнун ҳаққи шуморо дода намонам, ноинсофӣ мешавад...
Басирхон бовар карда-накарда хомӯш истод. Ёдгорхон ака давом кард:
- Хешам, гӯед канӣ чӣ қадар диҳам?
Ин дафъа вай бовар кард ва ногоҳ ба дасташ пули калон даромаданашро тасаввур карду, ҳиссу ҳаяҷонашро нигоҳ дошта:
- Ихтиёр ба худатон, - гуфт.
- Як миллион диҳам мешавад? Ин ҳазор доллар гуфтан аст.
Вай ба гӯшҳояш бовар намекард, лекин вазнинии дохилиро аз даст надода:
- Ихтиёратон...
- Шумо як забонхат нависед: “Ман, Порсоев Басирхон аз писарамакам Фалонча Фалончаев миллион сӯм гирифтам. Ба вай даъвои дигар надорам!” гӯед.
Ӯ чунин гуфту ба назди Басирхон дафтару қалам гузошт. Басирхони аз омади ногаҳонӣ ба ҳаяҷон афтода ларзида, фикрашро ба як ҷой ҷамъ карда наметавонист. Ба ҳамин нигоҳ накарда, бо ҳарфҳои каҷу килеб коғазро сиёҳ карда ба писарамакаш дароз кард. Ёдгорхон ака онро гирифта хонду боз баргашта дод.
Басирхон, аз Худо тарсиданам даркор: фикр карда бинам, ба шумо якуним миллион доданам лозим будаст. Аз нав нависед: боз ҳамроҳ карда монед – “ба машмашаҳои одамон бовар намекунам, касе хеши маро ғайбат кунад, ба даҳонаш мезанам!” гуфт.
Ёдгорхон пулро ба халтачаи селофание, ки ба рӯяш сурати ҳабаш акс ёфта буд, печонда ба писарамакаш дароз кард. Хушу хурсандона хайри маъзур карда, “ба назди ин нобакор устухони калон партофтам, акнун ғинг намегӯяд” гуфта фикр кард. Баробари ҳамин аз нигоҳи маккоронаи Басирхон ифодаи: “Рӯбоҳи пир, ҳамин қадар солҳо бӯяшро набароварда гашти-я!”-ро дониста гирифт. Вақте ки онҳо бармада хайрухӯш мекарданд, дар берун як осудагии нафратангез ҳукмфармо ва аз ҳаво бӯйи резинаи сӯхтагӣ меомад.
- Касе балон сӯхта истодааст. – гуфт Басирхон.
-Ноинсофҳо. – гуфт Ёдгор ака.
* * *
Ҳангоми бо набераҳояш шудан ба кӯдак табдил меёфт.
- Хӯш, шумоён тойчаи кӣ?
- Тойчаҳои шумо!
-Ман ангушти миёнаамро пинҳон мекунам, кӣ онро ёбад, болои асп мешинад, - гуфт ӯ бо завқ.
- Ман меёбам, - гуфт Ҳасанхон.
- Аввал ман ёбам, - гуфт Ҳусанхон.
Ӯ ангуштони дасти чапашро руст кард, лекин ҳар ду наберааш ҳам онро ёфта натавонистанд. Истадхони ин ҳолатро бо завқ тамошо карда истода ба завқи шавҳараш завқ ҳамроҳ карданӣ шуд. - Шунидед-мӣ, Басирхонро милиса гирифта рафтааст.
Яъне маст шуда бо ким кӣ ҷангҷол кардааст, - аз хаёлаш гузаронд Ёдгорхон. – Якуним миллион ногаҳонӣ ин бечораро ба кадом роҳҳо андохтанаш ҳолати табиӣ буд.
-Ҷангҷол кардаатстмӣ? – фикрашро тасдиқ карданӣ шуд ӯ.
-Не, аз кисааш пули сохта баромадааст, рақамаш як хел будааст.
Ёдгорхон аввал эътибор надод, сонӣ дар тааҷуб афтода, баъд дафъатан ҳушёр шуд.
- Пулро аз кӣ гирифта будааст?
Занаш китфашро ба ҳам кашид.
Ӯ гапи ҳамсарашро бурида, аз ҷояш ҷаста хесту зуд ба тарафи меҳмонхона рафт. Кӯрпаро бардошта, саросемаворона ба рақами пулҳо назар кард. Онҳо як хел буданд. Ёдгорхон ака ба ҷинояти ниҳоят мудҳиш ҳамроҳ шуда монданашро ҳис кард ва тарс тамоми вуҷуди ӯро ларзонд. Аз чӣ бошад, набудани қабри бобояш ва падараш ба ёдаш расид. Ин қисмати талх ӯро ҳам ба коми худ кашиданашро тасаввур кард. Ранги рӯяш парида, чӣ кор карданапшро надониста, андаке нишаста монду телефони дастиашро гирифта, рақами писарашро чинд. “Муштарӣ аз майдони хизмат берун” гуфтанӣ ҷавобро шунида ҳафсалааш тамоман пир шуд.
Ӯ саросема шуда монда буд. Баъд фикри “пули мондаро пинҳон кардан лозим” ба сараш омад. Пули дар коғаз печонидашударо бо теезӣ ба ҳавлии дарун бурда, ба зери шелуха пинҳон карда монд.
* * *
Одамони ӯро кофта омадагӣ се кас буда, аз байни онҳо танҳо милисаи маҳалла ошнои ӯ буд. Гарчи ин ташрифро як ҳолат табиӣ, оқибати мантиқӣ дониста бошад ҳам, даруни ӯро ғаму ғуссаи беҳудуд ишғол кард, тоату ибодати ҳамин қадар сол кардааш як пул шуда рафтанашро фикр кард ва ҳамчун одами то гулӯяш ба лой ғӯтида руҳафтода шуда рафт.
Омадагон бо ӯ дар муносибати хуб шуданд. Баъди салому алейк беихтиёр ба хобхонаи ӯ даромаданд.
- Ёдгорхон ака, - гуфт ба ӯ милисаи шинос. - ба шумо забонхати Басирхон ака будааст, ҳамонро медодед.
Ӯ эътироз накарда, аз ғаладони миз забонхати чорқатшударо гирифта дароз кард. Онро хонда диданду ба ҷузвдон андохта монданд.
Акнун пули мондагиро ҳам ёфта медиҳед, - гуфт яке аз он омадагон, ки синнаш калонтар буд, бо мулоҳииза ва табассуми маккорона.
- Ба ман пул нест, - гуфт ӯ.
- Ба шумо пул ҳаст! – гуфт он кас, бо боварии комил, - мо онро албатта меёбем, - лекин агар бо ихтиёри худ диҳед, хуб мешавад.
Онҳо сар-сарӣ кофтуков карданду вай одам ба милисаи шинос ишора кард ва ба дасти Ёдгор ака кишан бастнд. “Ҳамааш тамом, ҳамааш барбод рафт” фикр мекард асалчӣ. “Наход қабри ман ҳам дар кишварҳои бегона монда равад?”.
Вақте ки ӯро ба мошина мешиноданд, аз куҷо Асалой пайдо шуда монд. Бечора, гирифта рафта истодани падарарӯси ба дастонаш кишан андохтааашро дида, ба даҳшат афтода монд. Ин ҳол барояш беадолатӣ, ноҳақӣ ва золимӣ намудор гашт. Аз чӣ бошад, аввал хушдоман (модарарӯсаш)ро фикр кард: аз завҷаашро дар ҳамин ҳолат дида, мура монданни ӯ ба ҳарос афтид. Баъд худро идора карда натавониста додгӯён ба оғӯши Ёдгор ака партофту ду пояшро оғӯш кашида гирифт.
-Дадаҷон. Ба ин золимони худобехабар чӣ бадӣ карда будед? Аз даҳону бинии онҳо хун равон шавад! Хун равон шавад!
Ёдгор ака ҳам оби чашмонашро нигоҳ дошта натавонист. Аз чӣ бошад, бори авал келинашро “ту-ту” гуфта дарду ҳасрат. Ҳаяҷонашро рехта партофт.
- Асалой, ҳамма умедам аз ту, очаҷон! Қабрам ба ҷойҳои дигар монда наравад! Аз пул парво накун! Бачаҳоятро эҳтиёт кун! Зурриётамонро хор накун! Кампирам ба умеди ту, очаҷон!
Вақте ки Истодахон аз ин шавқуну сурон хавотир шуда, ба берун баромад, шавҳарашро гирифта рафтанд, келинаш бошад, зор-зор гириста истодааст. Асалой худашро нигоҳ дошта натавониста, хушдоманашро оғӯш кашида гирифт.
-Оямуллоҷон, муллоамакамро гирифта рафтанд! Қирон омадагиҳо! Ба гӯрашон оташ афтад! Акнун чӣ мекунем? Чӣ мекунем? Чӣ мекунем?
- Кӣ гирифта рафт? Барои чӣ гирифта рафтанд?
Истодахони тафсилотро сар-сарӣ шунида низ худро дошта натавониста, аз чӣ бошад нишаста ҳой-ҳой гиристанро оғоз кард.
- Рӯятонро нагардонед. Ҳамроҳ гиря мекунем, - зорӣ мекард Асалой.
Оилае ки дар давоми солҳо бе ташвишҳои барзиёд умр гузаронида истода буд, ба таҳлука ва ғаму ғусса ғӯтида, гӯё ҳаётро аз маҷрояш бароварда буд...
Онҳо баъди каме ба худ омадан, акнун чӣ кор кардан лозим буданашро маслиҳат мекардагӣ шуданд.
- Аввал назди дӯм бово равем, маслиҳат гирем, - фикрашро гуфт Истодахон бо овози ларзон.
Як вақтҳо бобокалонашон Порсохонро низ айнан ҳамин хел се кас гирифта рафтанашон ва на мурдаю на зиндаи он зоти шариф бедарак гум шуда рафтанашро ба келинаш гуфтанро намехост ӯ. Баракс, ба ӯ ҳамдардӣ изҳор карда , дилашро мебардошт.
-Вақтамон танг. Рост ба милисахона меравем, - розӣ нашуд Асалой.
Ду кас асаросемаворона либос иваз карданду баромада дар роҳи калон хомӯш истоданд.
Ба автобусе ки онҳо нишаста буданд, одам бисёр набуд. Шиносҳо ҳам дучор ормада зоҳиран ба келину хушдоман бо назари шафқат нигоҳ карда мемонданд. Бегонаҳо бошанд, кадом як пули қалбакӣ ва тайёркардагони онро муҳокима мекрданд.
- Дар замони Сталин ин гуна шахсонро бароварда мепарронданд.
- Ҳозир бо пул ба даҳони ҳама задан мумкин, - ӯро давом дод ҳампаҳлуяш – асалчӣ беҳуда бой нашудааст, писараш пул сохта додан мегирифтааст. Ин... рақами ҳамааш як хел будааст.
Асалойро ногоҳ ток задагӣ барин шуд. Вай гап дар бораи падарарӯсаш рафта истоданашро фаҳмида монду бо тарсу хиҷолат суханро гӯш карда истод. Аммо пиронсолон бо таърифи Сталин банд шуда рафтанл.
Ӯ ҳатто кӣ будани Сталинро аниқ намедонист. Бинобар ин эътибор надода монд. Ба пули қалбаки айбдор донистани муллоамакаш ро тасаввур ҳам карда наметавонист ӯ.
Дарбони милисахона онҳоро ба дарун даромаданӣ намонда, оиди ин маъала ба онҳо маълумот надода бошад ҳам, маслиҳати беғаразонаи худро арзонӣ надошт.
-Шумоён дар ин ҷой гашта, вақтро нагузаронед ва як адвокати зӯр пайдо карда, дили вайро ёбед!
Рӯзи дигар онҳо шоҳиди боз як нохушӣ шуданд. Ҳамон се каси дирӯза омада, а ё бе нагуфта, рост зери шелухаи ҳавлии берунро титу парит карда, пули мондаро ёфта гирифта, акт карданд. Баъд ба хобхонаи сардори оила даромада, кофтуков карданд. Онҳо аз афташ, ба Порсохон мондани “сурхча” бовар карда буданд.
Ҳамаи ин аз ҳодисаи мудҳиш дарак дода, ҳолати бағоят нохуш буд.
Асалой бо маслиҳати ошною шиносҳо ба Маллаев ном касе, ки як вақтҳо прокурор шуда кор карда, ҳоло идораи адлвакатӣ кушода буд, вохӯрданӣ шуд. Вай бори аввал барои шиносоӣ як сатил асал гирифта рафт. Азбаски то ҳол кораш ба одамни ин соҳа нраафтода буд, вай онҳоро одамони дағал, нописанд тасаввувур мекард. Аммо, Маллаев гуфтагиашон шахси хушфеъл, хушмуомила ва дилкушод буданаш маълум шуда меистод. Ӯ Асалойро гарм қабул карда, суханашро ихлосмандона гӯш карданӣ шуд. Лекин хориаш омада вай сухан карда натавонист. Агар дар асл саҳл дағалона ва расмӣ муроҷиат мекард, ин ҳол рух надоданаш мумкин буд. Оҳанги меҳрубононаи адвокатро ҳис карда “хайрият ки мо танҳо набудаем” гуфтани фикр ӯро водор кард, ки ашкони умед аз чашмонаш ҷорӣ шавад. Баъди ба худ омада, ором шудани Асалой, адвокат исми шарифи падарарӯсаш, соли таваллуди ӯро пурсид. Баъд суханашро ба охир расонида-нарасонида, тинҷию амонӣ орзу карду:
-Асалчӣ-мӣ? Шуд, ман он касро хуб медонам, гуфт, - одами хуб!
Баъди он.ки ба тайёр кардани пули қалбакӣ омехта шуда рафтани ӯро фаҳмид, бо оҳанги дилбардорона давом кард:
-Тоҷикон мгӯянд, ки “Бӯйи мушк пинҳон намешавад”. Адолат ғалаба мекунад! Халос карда мегирем! Мабодо кор печ дар печ шуда бошад ҳам аз шаш моҳ зиёд намедоранд. Солашон калон будааст – моҳи декабр амнистия эълон мекунанд. Аз чӣ метарсед? Замони Сталин не-ку! Ба Сибир сургун намекунанд-ку!
Гӯё аз сари Асалой кӯҳ бардошта шуд. Ҳар сол амнистия эълон шуда, маҳбусони синнашон аз шаст боло авф карда шуданашро ба хотир оварда, кайфияташ хеле боло шуд. Ба чеҳраи бечора, ки ҳафтаҳо шодиро батамом гум арда, чӣ будани хандаро фаромӯш карда буд, андаке табассум пайдо шуд. Ангуштонашро як-як шуморида то декабр ҳамагӣ чанд моҳ монданашро ҳисоб кард. Рӯзҳои мудҳиши ҷонгудоз ба оқиб монданд. Ба нигоҳаш гӯё ҳамон далерии ааввала пайдо шуда буд.. Барои чӣ то ҳозир аз кӣ будани Сталин хабар надоштанаш афсӯс мехӯрд.
- Бо дело (кори ҷиноятӣ) шиносо шавам, баъд ҷавоби аниқро медиҳам, гуфт адвокт солеҳона.
- Роҳати бачаҳоятонро бинед! – ҳамчун пиронсолон дуо кард ӯ бо як ҷаҳон умед ва хурсандона берун баромаданӣ шуд. Ин вақт Маллаев ӯро боздоштанӣ шуда:
-Духтарам, каме истед, сатилатонро холӣ карда диҳам.
-Не, - гуфт ӯ саросемаворона,- сатил ҳам аз шумо!
Гоҳо ба мағзи сарамон чунин эҳсосоте ҷӯш мезанад, ки онро бо забонамон тарҷима карда наметавонем. Ӯ айнан ҳамин ҳолатро аз сар гузаронида истода буд: ба хона бо хабарҳои хуши дилро таскиндиҳанда омаданаш мамнун ва саросема., афкораш парешон ва саркаш буданд.
Ҳафтаи оянда фикри ӯро муаммоҳои нав банд кард. Маҳбуси дар зиндон буда мабодо вафот кунад, ҷасади ӯро ба соҳибонаш медода бошанд ё не? Ба Сибир намефиристода бошанд? Лекин ба ин гуна саволҳои нобоб аз кӣ ҷавоб пурсида мешавад? Ин дафъа, мавридашро ёфта, аз Маллаев пурсиданӣ буд, лекин суханони умедбахши ӯро шунида, хурсанд шуд ва напурсид. Роҳравон бо вай дар ин бобат сухан накарданашро ба хотир оварда, мамнун шуд.
Бечора, обу адо шудани оямуллояшро дида, дили худаш ҳам пурдард шуда буд. Бинобар ин аз дар даромадан замон хушдоманашро оғӯш кашида, ба сухангӯӣ оғоз кард:
- Мо беҳуда ғам хӯрда гашта будаем. Кори муллоамакам сабук будааст. Дар шаш моҳ мебаромадаанд. Маллаев амак: “Ҳоло замони Сталин не! Ба Сибир намефиристанд”, - гуфтанд.
-Бузрукхон-чӣ, писарам –чӣ?. – пурсид занак.
-Адвокати он касро пагоҳ мебинам, - ваъда дод Асалой...
Рӯзи оғози мурофиаи суд Асалой барои ҳамроҳ бурдани хушдоманаш мулоҳиза кард. Аз писараш ва ҳамсарашро дар паси панҷара дидан барои вай вазнинӣ карда, ягон кори ҳол шуда монданаш дар хавотир буд. Бе ин ҳам фишори хуни бечора баланд шуда буд.
Бо адвокат маслиҳат карда, дар вақти таъиншуда расида рафт. Падарарӯсаш, додарарӯсаш ва боз ду ҷавонро (шогирдони ба ҷиноят ҳамроҳшудаи Бузрукхон) дар иҳотаи чанд нафар сарбозони босилоҳ ба дохили панҷара дароварда буданд. Асалой ба рухи маъсуми падарарӯсаш, чашмони пурумеди ӯ нигоҳ карда: дар нигоҳи ӯ нолиши маҳзунонаи “Ман ба шумоён чӣ бадӣ карда будам? Чаро ба ин ҳол гирифтор карда мондед?”-ро хондагӣ барин шуду боз гириста фиристод.
Ҳа нагуфта, казо-казоҳо ҳам омада ба ҷойи худ нишастанд. Мурофиаи суд оғоз ёфта, ба хондани айбномаҳо сар карданд. Дар курсии сиёҳ нишастагонро ба сохтани пули қалбакӣ ва истифодаи он айбдор шумориданд. Маълум шуд, ки Басирхон аз як даллоли Ҷумъабозорӣ қарздор будааст. Ҳамон шахс ҳангоми орд харидан ба даст меафтад. Табиист, ки ӯ аз кӣ гирифтани пулро мегӯяд ва ҳоказо.
Ҳамин вақт як зани харобаки корейс, ки ба Бузрукхон адвокатӣ карда истода буд (вай забони ӯзбекиро об карда хӯрдааст) баромад карда, саҳифаҳои кодекси ҷиноятиро бо ангуштонаш нишон дода, ба номгузории айбнома муқобил баромад.
- Инҳо барои санҷида дидани дастгоҳи нави аз Япония овардашударо ҳамин тавр як таҷриба карда дидан ба ин кор даст задаанд, - гуфт ӯ. – Аз пул истифода набурдаанд. Бинобар ҳамин номи айбнома ва дигар кардани моддаҳои онро талаб менамоям!
-Дар дасти мо ҳуҷҷат ва далелҳоле ҳастанд, ки аз ҳамин пулҳои қалбакӣ истифода бурда шуданашро тасдиқ менамояд, - гуфт дар ҷавоб ҷойнишини прокурор ба Басирхон ва ҳамон даллоле ки дар ҷараёни мусоҳибаҳо ҳамчун гувоҳ дар толор нишаста буданд, ишора карда.
Пагоҳ ҳам, рӯзи дигараш ҳам бо ана ҳамин хел тафсилоти майда-чуйда саволҳо дода шуда, ба масъала равшанӣ дароварда шуд. Бузрукхон дар ҳолате, ки як қисми айбро ба гарданаш гирифта буд, пулро барои санҷидани дастгоҳи нав барои таҷриба сохта диданаш, бинобар падарашро аз нохушии ногаҳонӣ халос кардан ба ин кор роҳ доданашро гуфт. Бегуноҳ будани падарашро таъкид карда, озод кардани ӯро талаб (ҳа, талаб) кард.
Дар бораи падар адвокат бештар сухан ронд. Бегуноҳии ӯро бо як қатор ҳуҷҷатҳои асоснок исбот ҳам кард. Баъд аз ҳамин яке аз дар ҳайат будагон:
- Порсоев Ёдгорхон, агар сохта будани пулро надонед, чаро онро ба даруни шелуха руст кардед? - гуфта пурсид.
Ҷавоби Ёдгорхон ака дуру дароз ва муҷмал шуд.
- Ман майлаш, лекин ба писарам ҷабр накунетон, - гуфт ӯ бо зорию илтиҷо.
Ҳаёт ба инсон ба ивази як шодии ноарзанда, фаровонӣ инъом карданаш, ҳамин хел дақиқаҳои бисёр ҳақ талабкунандаро доданаш ҳам мумкин мешавад.
Ниҳоят, ҳукм қироат карда шуд. Гарчанд прокурор ба Бузрукхон даҳ сол, ба Ёдггорхон ака панҷ соли зиндонӣ ва ба он ду ҷавон сесолӣ ҳукми зиндон дода бошад, ҳам як қатор сабукиҳо ба ҳисоб гирифта шуд. Ба айбдори асосӣ ҳафт сол, ба боқимондаҳо ду-се солӣ расид. Дар сухани охирин Бузрукхон худро хеле бепарво дошта, талаби аввалинашро такрор кард.
- Ба ман фарқ надорад. Ҳафт соли умрамро дар ин ҷой гузаронам чию, дар он ҷой гузаронам чӣ? Бе ҳамин ҳам аз озодӣ маҳрум будам! Аз ҷиҳати маънавӣ! Лекин, ба падарам ва шогирдонам фашистона рафтор кардед!
Яке аз шогирдон бошад, Бузрукхонро рӯйи рост ҳақорат кард:
- Ҳамин чашмкабуди нобакорро гуфта, ҳаётам барбод мешавад магар?! Вай гуфт, ман иҷро кардам ! Ба ин пул ҳатто як дона сигарет ҳам нахаридаам! Ман ба президент менависам!
* * *
Дере нагузашта, Асалой ҳам яке аз наздикони зиндон шуда монд. Вай ба посбон ва ба сардорони хурд асал бурда, эътибори онҳоро ба худ кашида буд. Ҳангоми омадани Асалой аксари онҳо хурсанд мешуданд. Ба вай барои бо падарарӯсаш вохӯрдан якчанд бор иҷозат ҳам доданд.
Аҳли оила бошад, фақат рӯз шуморида, тезтар гузаштани шаш моҳро мунтазир буд. Баъди ба амнистия фармон баромадан ҳам ба пирамард ягон моҳ ҷавоб надоданд, Дигарон пул дода истоданашонро фаҳмида, Асалой ба инаш ҳам розӣ шуд. Зеро барои ӯ аз одами дар дунё аз ҳама меҳрубонашро тезтар ба хона овардан, дигар ягон чизи зарур ва муҳим набуд. Амо аз вай пул напурсида, барои сардори зиндон як сатил “майский” асал оварданашро супориш доданд. Вай сарашро хам карда “Хуб шудааст, хуб шудааст” – гуфту аз он ҷой баромада аз дӯкон сатили сирдори босарпӯшро харид. “Лозим бошад, боз мебиёрам! - гуфт вай асалро ба ҳамон каси фармуда дода истода.
Аз мобайн ягон ҳафта гузашта, ба Ёдгорхон ака ҷавоб медодагӣ шуданд.
Асалой ин дафъа Худойбердиро кофта рафт.
-Ака, аз шумо илтимос. – гуфт бо таъзими мулоим. – Пагоҳ дадаҷонамро ҷавоб дода истодаанд. Одами мошина мерондагиро ёфта натавониста истодаам.
- Гап нест ! – кӯтоҳак ҷавоб дод ӯ.
Асалой саросемаворона оби чашонашро пок кард. Ҳамон рӯз бачаҳояшро шустушӯй карда, саҳарӣ ба онҳо либосҳои нав пӯшонд. Оямуллоро ҳам оро дод ва онҳо бо умели калон барои сардори оиларо гирифта омадан рафтанд.
-Баробари аз дар баромаданашон бобоҷонатонро рафта оғӯш карда “мо тойчаҳои шумо” гӯед. – таъкид кард ба онҳо.
Лекин бо сабаби ҳар хел расмиятҳо баромадани он кас хеле дер кашид. Ниҳоят, қиёфаи қадрдон пайдо шуд ва бачаҳо тозон рафта ӯро оғӯш кашиданд. Сонӣ Асалой ва Истодахон ҳам оби чашмашонро нигоҳ дошта натавониста, қадрдонашонро оғӯш кашиданд.
* * *
Ёдгорхон асалчӣ акнун тамоман одами дигар шуда омада буд: ба ғайр аз камгапӣ, чӣ хел як тарсу, хаёлотӣ, худро аз одамон дур мекашидагӣ шуда буд. Ягон чизро пурсед, ҷавоб медиҳад, дигар вақт сукут нигоҳ дошта, хомӯш нишастанро афзал медонад. Ӯ қариб, ки аз ҳавлӣ берун намебарояд. Барояд ҳам, агар суроби ягон касро дида монад, худро ба дарун мегирад. Пештар, агар гап дар бораи замбӯри асал, боғ, асп равад, бо завқу шавқ сухан меронд, ҳоло ба суханони дар ҳамон мавзӯъ мешуда ҳам лоқайдона табассум карда мемонад. Ӯ аксар вақтро дар хобхонааш мегузаронад ва хӯрокашро ҳам ба ҳамон ҷой бурда медиҳанд.
- Ин ҳолат тез гузашта меравад, - мегуфтанд шиносҳо.- Мумкин аст, ки милисаҳо ба сараш зада бошанд.
Аҳли хонавода ҳам чанд вақт дар ҳамин умед буданд. Дигаргунӣ нашуданашро дида. Асалой ба хавотир афтод ва ба шавҳараш гуфт:
- Тӯрем, гардед, бачаҳоро ба назди дадаҷонам барем¸ зоро онҳоро дида кушода шуда раванд.
-Шумо чӣ гӯед, ҳамон – гуфт ӯ ва Ҳасанҷону Ҳусанҷонро гирифта назди падар даромаданд. Пирамард набераҳоро дида хунукак сар ҷумбонду монд. Асалой ин ҳолатро дида, боз ҳам шушаш пур шуда рафт.
-Дадаҷон, чаро шумо “Шумо тойчаи кӣ” гуфта намепурсед? Чаро? Чаро? Аз даҳону бинии шуморо пажмурда карда партрофтаҳо хун биёяд, ба хонаашон оташ афтад! Илоҳим оташ афтад! - гуфт ва ба китфи ӯ сар монда, боз ба гиря сар кард.. Баъд оби чашмонашро сар-сарӣ пок карда илова намуд:
- Майлаш, майлаш, сиҳат бошед мешавад! Дар хона кӯҳ шуда гаштанатон - худаш як бахти бузург! Ҳоло сиҳат шуда меравед. Бо оямуллом ба “разведка” мераветон. Ба бачаҳоям асп мешавед! Ҳамин хел-а! Ҳамин хел-а? – тасдиқ карда гирифт ӯ.
* * *
Асалой даме ором намегирад: саҳарӣ дастурхон тартиб медиҳад, ҳамаро ба чой даъват мекунад. Баъд говро медӯшад, ба молҳо озуқа медиҳад; кори хизматгору мардикорҳоро назорат мекунад; шодаи калитҳоро шараққсс занонда ба сӯйи таҳхона, амбор метозад, сарпӯши қутиҳои асалро оҳиста кушода хабар мегирад, мардони бекорхӯҷаашон бисёр бошанд, онҳоро кушта мерпартояд, бегоҳирӯзӣ ҳамчун Ёдгор ака саросема нашуда, аспро зин карда, боғро давр зада меояд. Гоҳо шабона бедор шуда, аз хонаи муллоамакк ва оямулло хабар гирифта меояд. Ба ором хоб кардани онҳо боварӣ ҳосил карда, пичирроссзанон шукронаҳо мегӯяд.
Ҷағалбойиҳо баъзан аз доманаи кӯҳ баромадани овози милтиқро шунида ларзида мемонанд.
2008
Тарҷимаи Аслиддин ҚАМАРЗОДА аз китоби Нусрат Раҳмат “Сайланма”, ҷилди аввал, нашриёти“Маҳорат”, Самарқанд, 2024.
Самарқанд, 28июн - 15-июли соли 2024
Комментариев нет:
Отправить комментарий