вторник, 9 июля 2024 г.

ОГОҲ ШАВЕД, МАЙДОНИ МИНА!


(Воқеа ва андеша)


  Дар солҳои навадуми садаи гузашта аҳволи давлатамон хеле вазнин шуда монд. Воҳимаи душвории нон ёфтан барои  зиндагӣ авҷ гирифт.  Аз таъмини рӯзгор  ба андеша афтода   аз Тошканд ба Самарқанд кӯчиданро ихтиёр кардем: дар ин ҷой як порча замин дорем, замбӯри асал парвариш карда  зиндагӣ кунем ҳам  мешавад...

  Ман қутиҳои замбӯри асалро бештар  ба кӯҳистони Ургут ва Бахмал мебарам.  Ба сабаби он, ки  дар болои кӯҳ мина мондаанд, подабон ва чӯпонҳо  молу гӯсфандҳои худро ба он ҳудуди хавфнок намедароварданд. Замбӯри асал бошад, аз мина натарсида шаҳд мекашонад. Дар он ҷойҳо бинобар чорво нагаштанаш сабзаву гулҳои кӯҳӣ бисёранд.


  Дар Қатағон ном деҳаи кӯҳистони Ургут штаби ҳарбиёни сарҳадбон ҷойгир буд. Сарбозон  барои  сарҳадро аз  ҷангараҳо, нашъакашонҳо  ҳимоя  кардан навбатдорӣ мекапрданд.

  Ман бо онҳо сӯҳбат карданро  нағз медидам.

  - Аввал дар дигар минтақа (зона) меистодам, - гуфт  ҷавони қашқадарёгӣ.  – Дар майдони мина гузошташуда гови як  баллос (барлос гуфтанӣ) даромада минаро пахш кардааст. Пойи оқиби гов канда шуда, лекин худаш зинда мондааст. Бечора ҷонвар маъос мезанад. Соҳибаш: гирифта деҳ, ҳеҷ набошад кушта мехӯрем, мегӯяд.

  Ин тавр карданам мумкин набуд. Аз Тошканд мутахассис омада, ба нақша назар карда, баъд гирифта доданаш мумкин. Завҷаи он соҳиби гов  моҷаро карда аз гиребонам гирифт. Баъд, барои бехавфӣ маро аз он ҷой гирифт, ба ин штаб оварданд. Сардорамон (командирамон) фарғонагӣ, инсони хеле хуб. Натанҳо  сарбозон, балки тамоми аҳли деҳа  ӯро дӯст медодранд. 

  - Ба ҳар ҳол, одамон  хато карда, ба паласа (ба он ҷойҳое ки мина гузоштаанд) даромада намемонанд? – кунҷковӣ мекардам ман ба  ӯ.

  Сарбоз  гапашро гум карда монд. Дарк кардам, ки оид ба  ин масъала сухан рондан манъ карда шудааст.

  Лекин подабони деҳа аз ҳеҷ кас пинҳон накарда, донистагиашро гуфта дод:

  - Бачаҳое ки  синфи  даҳро  хатм карда буданд, ба сайри кӯш баромадаанд. Дар паҳлуи як ҷавон духтараки дилдодааш ҳам будааст. Он ҷавон лолаи дар доманаи кӯҳ шукуфтаро дида,  бо мақсади духтаракро хурсанд кардан ба ҳамон сӯй  медавад. Як вақт гӯед, бомба ҳамон ҷавонро  гирифта мепартояд. Инро дида  духтарак бо мақсади он ҷавонро халос кардан фарёдкунон ба ҳамон тараф тохта меравад. Лекин вай ҳам  ба аҷал дучор мешавад. Одами бисёре ҷамъ шуд. Аз обком, райком ,  аз ҳарбиҳо роҳбарон омаданд. Ба дарун даромадан намемонанд Ба фарёди  модарони  ҷавону духтар тоқат карда намешавад: хешовандонашон базӯр дошта истодаанд. Бечораҳо: “Монед, мо ҳам дар паҳлуи фарзандонамон бимирем” гӯён,  худро ба чор тараф  мезананд.  Каси нагириста намонд. Гӯркоб ҳам гириста-гириста  ду қабрро паҳлуи ҳам канд.   

  - “Мина ҳаст” гуфта навишта мондаанд-ку, надидаанд магар? – мепурсам худам низ бо шуши пур аз фиғон.

  - Ин навиштаҷотро сонӣ гузоштаанд. Шояд тунукааш лозим шуда мондааст, ки авалашро биносозон канда рафтаанд. Одамони мо  оқибмомонда...

  Пеши назарам ҳамон ҷавони бадбахту духтарак намудор шуда,   дигар савол надодам.

  Лекин боз як тафсилотро нагӯям намешавад. 

  Тасмаи аҷал аз сой гузашта, дар он тараф деҳаи тоҷикон, дар ин тараф  деҳаи ӯхбекҳо будааст. Одамони ин ҳар ду  деҳа дар давоми солҳо қудою анда шуда бо ҳам омехта шуда рафта будаанд. Акнун бошад,  илоҷи  рафтуомад ба тӯю маърака,  ҷанозаю азо набудааст. Баъди тухми аҷалро коридан ҳам ба ҳамон баландӣ баромада, ба тӯю маъракаҳо хабар мекардаанд. Лекин... 

  Барои ба деҳае ки   ҳамагӣ дар масофаи чанд қадам ҷойнгир аст, ба Тошканд рафта,  аз сафорат  рухсат гирифтан даҳҳо рӯз навбат поидан лозим будааст. 

  Аз ҳар ду деҳа ҷавонмардон ба ҳамон баландӣ баромада сангҳои калонро ғелонидаанд. Тухмҳои дар  паласаи аҷал кошта  шуда  як-як таркида,  гузаргоҳи танги хавнок кушода шуда. Рафту омад  ба роҳ монда шудааст.

  Ин бар зидди қоида бошад ҳам,  ҳамон сардори фарғонагӣ, ки мо  ба хотир оварда будем (Муҳаммадҷон) дилсафедӣ карда,  чизе нагуфтааст.

  Сонитар бо Муҳаммадҷон ҳам шиносо шудам. Ҷавони  қоматибаланди хандонрӯ ва дилкаш буд ӯ.


- Амак, ба ман ҳам замбӯриасалпаравариро омӯзонед, хизматро тамом карда равам, замбӯр парвариш мекунам, - гуфт ӯ дар вохӯрии аввалинамон. 

  Дар бораи худаш ҳам ҳеч гапро пинҳон накард ӯ.

  Бо Оиша ном духтарак якҷоя таҳсил карда,  ба вай  дил бохта будааст. Оиша духтари турки масхетӣ буда,  басо зебо ҳам будааст.

  (Ҳангоми ӯро таъриф карданаш аз чашмони ҷавон гӯё шарора мепарид). Хуллас,  тӯяшон шуда, баъди як сол писардор ҳам шудаанд. Дар ҳамин мобайн дар Фарғона ҷанҷол сар мешавад. Касе гуфтааст, ки “ба хонаи падарарӯсат оташ мондаанд”.  Тозон равад, ки хона дар гирифта истодааст, се-чор каси шиносу бегона ба ҷойи рост омадаи падарарӯсаш  бо чизе ки  ба дасташон рост ояд,  зада истодаанд. Муҳамадҷон ҳам ба даст як  оҳанпора гирифта ба ҷойи ростомадаи онҳо зада хуншор мекунад. Ҳамин вақт касе: “Каримов омада истоодааст!”,-  гӯяд ҳама ба ҳар тараф гурехта рафтааст.

   - Лекин Каримов наомад, - гуфт Муҳаммадҷон, ҳамон лаҳзаҳоро ғамгинона ба ёд оварда. – Амо туркҳоро  ба автобусҳо шинонда ба Россия фиристоданд. Оиша ҳам писарамонро ҳамроҳ гирифта,  бо онҳо монда рафт. Чӣ қадар зорӣ кардам – нашуд...

  Ӯ мегирист. Дилбардорӣ карданӣ шудам, нашуд. 

  - Онҳо аз Россия ба Португалия  кӯчида рафтаанд. Манзилашро муайян карда хат навиштам.

  - Ҷавоб омад-мӣ? – саросеммаворона  сухани ӯро буридам.

  -Оиша  акси бо писарчаамон гирифтаашро фиристодааст. Пагоҳ оварда нишон медиҳам. Ба ман монанд аст. Ман онҳоро албатта гирифта меоям. Оиша бадқаҳрона:  “Он ҷойҳоро пушти сарам набинад,  ӯзбекҳо одами баданд” гуфтааст. Ин суханони ӯ нест. Сафсатаи  хешовандони аламзадааш. Рафта албатта розӣ мекунам. Вай ба суханони ман  гӯш мекунад...”

  Муҳаммадҷон гӯё дар саҳна монолог иҷро карда истода бошад,  бо боварии комил ҳарф мезад.

  Дар ин миёна ба Тошканд рафтанам лозим шуд Бинобар вақти ба  Самарқанд саросемаворона кӯчиданамон бисёр чизҳои зарурӣ: либосҳо, китобу дафтарҳо монда рафтааст.

  - Ба қутиҳо назар карда монед, ман  як-ду рӯз баъд баргашта меоям – гуфтам ман, ба Муҳаммадҷон, пеш  аз рафтанам  

  - Хавотир нашавед,  зарур шуда монад навбатчӣ ҳам  мемонам, - гуфт ӯ. 

  Дар Тошканд  андаке мондан лозим омад:  ташвишҳои барои бачаҳо аз мактабҳо маълумотномаҳоро гирифтан, масъалаи виписка (аз рӯихат баровардан) тӯл кашид. Бар болои ин,   вохӯрӣ ва хайрухӯш бо дӯстон ва ҳамкорон низ сабаб шуду  даҳ рӯз монда рафтам. Баргашта, баъди як рӯз ба мошини “Жигули” нишаста ба Қатағон рафтам.

  Дар ин ҷой гӯё дигаргуние рух надода буд: замбӯрҳо аз палосаи (хатти) аҷал шаҳд кашонида истода буданд. Бинобар бо асал пур шудани рамкаҳо (чорчӯбаҳое ки ба даруни қуттии асал мемонанд) ҳамон рӯз мумпардаҳои нав гузоштам. Ва  Муҳаммадҷонро ёд кардам: ӯро дар Тошканд  низ бисёр ба хотир оварда будам. Лекин,  бинобар аз ӯ дараке нашуданаш,  дилам ғаш шудан гирифт.

  - Сардоратон дар ҳамин ҷо? Гӯед як биёяд, - гуфтам ба сарбози шинос.

  Ӯ   ғурунгос заду монда рафт. Аз ҷавобаш чизе нрафаҳмидам. Сонӣ худам ба тарафи штаб рафтам.

  - Муҳаммадҷонро гуфта монед,  - гуфтам ба дарбони назди дарвоза истода.

  - Он кас нест – гуфт ӯ бо чӣ хел як андеша ва надомат.

  - Магар рафт?

  - Не,  худашро парронда кушт.

  Барои саволи дигар додан ҳолам намонда,  ба девор такя карда мондам.

  - Мурдаашро ба деҳааш гирифта рафтанд, - гуфт ӯ ман напурсида бошам ҳам.

  Гӯё ҳамон тир дили маро ҳам шикоф карда бошад, ба чорчӯбаи дар  таякя карда мондам.  Дигар саволе надода, ба  палатка (бошишоҳ) баргаштам.

  Тафсилотҳо чунин шуда будааст:

  Дар деҳае ки  тоҷикон зиндагӣ мекунанд, як ҷинояткори хунхӯри ҳаннот будааст. Ҳамон нобакор равиши корро вайрон кардааст. Вай бо як шарикаш ба ин тараф гузаштаасту ба подачӣ  нӯли туфангро рост карда таҳдид намудааст. Баъд як бузро аз гарданаш баста ба ҳамон роҳрав кашола мекунад. Шарикаш чорвои мондаро аз паси ҳамон буз пеш мекунад. Хуллас, онҳо тамоми чорвои деҳаро ба он тараф гузаронида, бо нархи арзону гарон мефурӯшанд.

  Моҷаро сар мезанад. Аз Тошканд генералҳо меоянд. Райком,  обком, прокурор... гуфтагӣ барин... Лекин, ба ягон нафари онҳо  ҳуқуқи ба он тараф гузаштан дода нашудааст.


Ҳама айбро ба сари Муҳаммадҷон бор кардаанд. Ӯ ҳамчун командир (сардор) ин роҳро баста  ва ё ба боло хабар доданаш лозим будааст.

  Рӯзи дигар ӯро ба ҳабс гирифтанӣ мешаванд. Ӯ туфангчаашро гирифта...

  Ба ҷавоби шикояти ба ҳукумати Тоҷикистон нависташуда,  ба Корея  гурехта рафтани ҳамон ҷинояткор, аммо интерпол ӯро кофтуков карда истоданаш нависта шуда будааст.

  Хулоса, ана ҳамин хел гапҳо...

  Лекин дар мо ҳамаи ин гапҳо асрори махфӣ будааст.

  Аз дар матбуоти Тоҷикистон сар то по  акс ёфтани ин ҳодисаҳо хабарам ҳаст.

  Масъули  ҷамъияти Ҳилоли аҳмари  вилояти Суғд Ихтиёр Бобоҷонов менависад:

  “Нахустин таркиши даҳшатноке, ки сабабгори ҳалокати  инсон гардида буд,  дар наздикии  деҳаи Қизилпилоли ноҳияи Исфара  рух дода буд. Тобистони  соли 2000 се зану се духтар ба кӯҳистони сарҳад барои ҳезумчинӣ баромада,  ба мина дучор мешаванд. Ду зан ва ду духтарак дар ҳамон ҷой ҳалок мешаванд. Ҳамон вақт тамоми  республика ба ларза афтода буд.

  Баъд аз он  байни ба  доми аҷал афтодагон Бахтиёр Сафарови аштӣ, Соҳиб Олтмишеви исфарагӣ,  Қанибек Қамчиеви нефтободӣ ва номҳои дигарон қайд карда шуда буд; дар давоми даҳ соли гузашта 75 кас вафот  карда, 90 нафар  маъюб шуда мондаанд,  лекин ба онҳо пӯшидани зарари моддӣ ва маънавиро масъулони ҳар ду республика ҳам ба зимма нагирифта истода будаанд. Шумораи асп,  гову гӯсола, бузу гӯсфанд,  ҳатто хирсҳои ёбоӣ ҳам хеле бисёр будааст.

  Ҳукумати Тоҷикистон ба Ташкилоти Милали Муттаҳид муроҷиат карда, ба замин гӯр кардани мина ба қонунҳои байналхалқӣ зид буданаш ва зудтар ба ин ҳолат барҳам дода шуданашро таъкид карда,  ёрдам пурсида буд, лекин натиҷае нашудааст”.

  Модоме ки дар Тоҷикистон қариб сад нафар кушта шуда,  ҳафтод кас маъюб шуда  бошад,  дар мо ҳам  доираи фалокат аз ин камтар набошад даркор! Дар ҳар ду тараф ҳам асосан чӯпонҳо, сайёҳон,  мусофирон, замбӯрпарварон бештар бо аҷал рӯ ба рӯ шудаанд. Лекинр,  ягон нафар  ҷанггҷӯй ё нашъафурӯш зарар надида будааст..

  Ҳол он, ки барои ин майдони аҷал  миллиардҳо маблағ сарф шудааст.

  Ҳамаи ин ба як қатра хуни  ҷавони барои маҳбубааш гул чидан ба баландӣ баромада  ва  духтараки  аз оқиби ӯ фарёд зада баромада,  Муҳаммадҷони дар орзуи зану фарзандашро аз мулки дигар оваранда намеарзад!

  Ба ҳар ҳол барои чунин қурбониён низ лавҳаи хотира гузоштан лозим аст!  Ба ӯзбекон ва тоҷиконе, ки  қурбони сиёсати  нобакор шудаанд!

  Ному насаби айбдорон низ бояд  асрори махфӣ шуда намонад!

  Бояд эътироф кард, ки ҷангҷӯёни аслиҳадор дар ибтидо  дар ноҳияҳои  Узун ва Паркент даромаданд. Онҳо дастаҳои 10-15 нафаринаи  ҷавонони ӯзбек буданд. Ин бадбахтон сари  вақт парронда,  нест карда шуданд.

  Онҳое ки ин соҳаро хуб медонанд, гуфта буданд, ки ба ҷойи  дар ҳазорон километр масофа мина  кошта баромадан ҳимояи сарҳадро дуруст ба роҳ монда,  симхор кашида бароянд беҳтар буд. Надонам...

  Тоҷикистониён аз  Шавкат Мирзиёев ниҳоят миннатдор будани худро пинҳон намекунанд. Президенти Ӯзбекистон аз аввалинҳо шуда  бо сафари расмӣ ба Тоҷикистрн  рафта,  ба пойи  пайкараи Исмоили Сомонӣ гулчамбар гузоштанаш, барои аз мина тоза кардани сарҳад фармон доданаш  хислати ҳақиқии  ҳамсоягӣ доштани ӯро таъкид мекунанд.

  Дарвоқеъ, донаҳои аҷал ба зудӣ тоза карда шуданд. Лекин ба ҳамин нигоҳ накарда, ҳамон ҳудудро бисёриҳо ба Чернобил  шабоҳат додан одат карда мондаанд. Бар болои ин ҳоло ҳам баъзе ҷойҳо батамом тоз карда нашудааст.  Сад афсӯсу надомат, ки  баъзан  овози машъуми таркиши минаҳо шунида мешаванд.

  Зеро, ҷасади шери мурда ҳам  даҳшатнок аст...                          20.02. 2022

  

    Тарҷимаи Аслиддин Қамарзода аз китоби Нусрат Раҳмат  “Сайланма”, ҷилди аввал, нашриёти “Маҳорат”, Самарқанд,  2024.       

                                                                               Самарқанд, .09..07.2024

Комментариев нет:

Отправить комментарий