(Ҳикоя)
Аҳли маҳала ӯро он қадар хуш намебинанд. Қариб ҳар сол иваз карда истодани мошинааш ва бо ҷиҳозҳои хориҷӣ пур шуда истодани хонааш аз пули ҳаром омада истоданашро ҳама медонад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ба назди ӯ омада меистанд, ба вай илтифот доранд. Охир киро ташвише нест? Ба яке ғишт, ба дигараш ангишт зарур шуда мемонад. Писари касеро дар суд ҳимоя кардан лозим, касе мошина харида натавониста сарсон. Ба иҷрои ин корҳо вай устухон надорад: ошноҳояшро ба кор меандозад, дар ҷанг “хун рехтанашро” пеш мекунад. Инҳо ҳам ба кор наояд ба ҷойҳои дахлдор менависад.
Сардори бригадаи хоҷагии ҷамоавие ки дар шафати шаҳр мебошад, тамоми тобистон ба хонаи ӯ меваю сабзавот фиристода меистад. Дар авҷи пухту паз худаш меояд ва аз супорида натавониста истодани маҳсулоташ арзи ҳол мекунад. Ин вақт ҳамин одам вагони алоҳида гирифта дода, мушкили ӯро осон мекунад.
Гарчи ҳамчун киборҳо нописандона нишастанаш маро хуш намеояд ва сӯҳбати мо бо вай он қадар қӯр нагирад ҳам, маҷбурам, ки ба фалсафаи ба худаш хоси ӯ гӯш андохта наздаш нишинам.
Ба ин даргоҳ иҷорашин шуда омаданам дирӯза барин дар хотирам ҳаст. Кадбонуи хушандоме ки ба пешвози ман баромада буд, холӣ будани се хонаи қабати боло ва бегоҳӣ ба хона омадани хӯҷаинро гуфт. Ҳамон рӯз торикӣ нафаромада расида омадам ва бо ин одам шиносо шудам. Дар хотирам ҳаст: хӯҷаин ба ман ҳамчун харидори бозорӣ бо диққат разм намуду аз куҷо буданамро пурсид.
- Ах Ургут ҳастам, - гуфтам ва илова кардам: - Дар юрфак мехонам.
- Ҳа хуб аст, гуфт ӯ чеҳраашро кушода.
Бо ҳамин байни мо хомӯшӣ ҳукмрон шуд. Ҳар дуямон ҳам ҷим шуда мондем.
- Хуб шудаст, - гуфт ӯ ниҳоят. – Аммо маст шуда ва ё ба хона ҷинси занро гирифта оед, байнамон моҷаро мешавад.
Ҳафтаи нахустини ба ин ҷой манзил карданам буд. Бегоҳирӯзӣ ҳангоми ба хона даромада истоданам хӯҷаин, ки дар курсии сабатин барваста менишаст, маро ба чой даъват кард. Аз рӯ ба рӯйи ӯ ҷой гирифтаму нигоҳам ба мусаввираи калоне ки дар қафаси синаи ӯ сабт шуда буд афтода монд. Табиатан ман одамони дар танашон тасвир ва навиштаҳо доштаро хуш намекардам. Нохуш шудам. Хӯҷаин ҳолу аҳвол пурсиду чой дароз кард. Ӯ кайфияти хуш дошт. Худро андаке бепарво дошта, ба қафаси синаи ӯ номаълум назар кардам. Акси як духтари ба балоғат расида моҳирона тасвир шудааст. Духтар гарчанд ҳамчун хонумҳои осиёгӣ намуд дошта бошад ҳам, бинӣ ва боз ким куҷои андомаш аврупоӣ буд. Синааш фарбеҳак, синабандаш осмонранг. Ними қафаси синааш ба паси майкаи хӯҷаин пинҳон монда буд. Аммо бо диққат назар намоед, тамоми вуҷуди онро мебинед. Ба хаёлам ва ҳоло ҳозир аз оббозӣ баромада болои танаш матое партофта бошад. Барои чӣ бошад, ки сари духтар андаке хам тасвир шуда, дар табассуми ӯ ғами ноаён ё истеҳзо пинҳон аст.
- Таҳсил кай тамом мешавад? - нохост пурсида монд хӯҷаин.
- Боз як сол ҳаст.
- Хуб! Баъд зиндагӣ хуб шуда меравад. Ҳоло корди судя ва муфаттишон болои равған аст.
Вай дар ноҳияи мо бисёр будани одамони бадавлатро гуфту, Гена ном як каси серпулро пурсида монд. Нашинохтанамро дониста, афсӯс хӯрд.
- Каси биёр ӯҳдабаро. Замоне дар як тарабхонаи Маскав роҳбарӣ кардааст. Чунин одамонро шинохта мондан лозим.
Худро шунавандаи насиҳатҳои ӯ водор намуда, боз ба мусаввираи танаш назар афкандам. Ба ҳар ҳол ин кори санъаткори бузург буд: барои расм болои чапи сина, яъне тарафи дил интихоб шуданаш бесабаб нет. Ҳангоми задани дил миҷаҳои дарози духтар, синаи сап-сафеди фарбеҳаки ӯ ҷумбида, ин ҳолати ғайритабиӣ дили касро беихтиёр ба ҳаяҷон меоварад. Ангуштони нозуки ин соҳибҷамол низ чунон бо нафосат буд, ки ба таърифаш сухан оҷизӣ мекунад.
Хӯҷаин аз ҷояш ҷумбид ва барои чӣ бошад, ки ному насаби деканамонро пурсид. Ман андаке ҳаросидам ва ҷавоб додам.
-Мешиносам, - гуфт ӯ, -агар коре баромада монад, ба ман мегӯӣ, ёрӣ мерасонам!
Вай хамёза кашиду ба хонааш даромада рафт. Расм бошад ба хотири ман нақш баста монд.
Рӯзи дигар хӯҷаин дер омад. Кайфи ӯ таранг буд. Хонум саросемаворона ба вай об тайёр кард.
- Оё медонӣ, занҳо барои чӣ офарида шудаанд? – лабонаш ба ҳам часпида ба занаш савол дод ӯ.
- Медонам, медонам – барои дилхушии мардҳо, - ҳазломнз, тарсида ҷавоб дод завҷааш.
Зан шавҳарашро ба хона гирифта даромад. Хӯҷаин касеро болохонадар дашном кард. Баъд сокинӣ ҳукмфармо шуд.
Як ҳафта мунтазири бо тани майка баромадани ӯро мунтазир шудам. Рӯзи якшанбе ҳоло ҳозир дар курсӣ ҷой гирифта истода будем, ки ҳамон сардори бригадаи шинос даромада омад. Вай ба расм эътиборе надода, фақат илтимос мекарду бас.
-Танҳо помидор монд. Ду рӯз монад ҳамааш маҷақ шуда меравад. Меравему – меоем.
Онҳо баромада рафтанд ва баъди пешин ширакайф баргашта омаданд. Дар зери ток ҷой тайёр карда шуду ман ба паст фаромадам. - Канӣ, студент, як чой нӯшем.
Ман аз дарун оҳистекак чой баровардаму нигоҳи ташнаи худро ба синаи хӯҷаин нигаронидам. Шояд аз гармӣ бошад, ба рӯйи духтар резаҳои арақ ҷилдирос мезад. Аз ҳамаи мусаввираҳое ки тасвири инсон дар полотно, портретҳо, пайкараҳо акс ёфтаанд, ин расм бо ҷоннокии худ фарқ мекард: вай сурх мешавад, гоҳе чашму қош мепарронад, табассум мекунад.
Сардори бригада фақат фаровон шудани ҳосили имсола, ӯро таъриф кардани роҳбари ноҳияро такрор мекард. Хӯҷаин бошад, гӯё ба суханони ҳамсӯҳбаташаш гӯш дода меистод, лекин дар асл тамоман ба чизи дигар банд будани фикраш аён буд. Ҳақиқатро гуфтанӣ бошем, ҳар сеямон ҳам гӯё ҳунарпешаи рол иҷро кардаистодаро монанд будем.
- Супориданашро фикр накунед, - қувват додагӣ барин мешуд хӯҷаин. – Мо ҳастем, ҳосилатон ба замин намемонад.
Шояд аз сабаби ҷӯр нашудани сӯҳбат буд, ки бригадир узр пурсида ба рафтан ҳозир шуд. Ӯро то дами дарвоза гусел кардем. Хӯҷаин дар курсӣ (кресло) ҷой гирифту занашро даъват кард.
- Қарзро оврдмӣ, ана вай? – ба тарафи ҳамсоя ишора кард ӯ.
- Не! Сонитар медодаанд, занашро ба Ленинград гирифта рафт. Дар ин ҷо даво карда намешудааст.
- Нодон! Ризқаш бутун бошад, чӣ фарқ дорад?
Занак аз ман хиҷолат кашид. Ӯ мавзӯъро устокорона ба сӯйи дигар бурд.
- Писаратон номаи камолашро гирифтааст. Ба омӯзишгоҳ меравам мегӯяд...
- Не – гуфт ӯ қатъӣ, - ё ба юрфак ё б шабакаи савдо меравад. Мана ин бачаҳо, - ӯ ба тарафи ман ишора кард, - аз деҳа омада таҳсил карда истодаандку!
Аз мобайн тақрибан даҳ рӯз гузашт. Умеду орзуҳои ман сароб шуда монданд. Дар ин мобайн хонум ба ман бештар эътибор медодагӣ шуд. Ҳамон рӯз бо маслиҳати вай ба тӯйи маҳалла рафтам. Хизмат карда истода будам, ки хӯҷаин омада монд. Се-чор кас ба пешвози вай баромада аз боло ҷой нишон доданд. Баъд дастурхони алоҳида густурда нозу неъматҳо гузоштанд. Хӯҷаин дар ин ҷо низ бо виқори хоса менишаст. Бо раиси маҳалла қадаҳ заданд, ба касе зарда кард. Баъди баромадани ӯ одамон ба ғайбат даромаданд.
- Маст шуд муттаҳам!
- Ин шуллукро ҳамон завҷааш одам карда гаштааст. Набошад кайҳо ба балои азим дуҷор шуда мерафт.
Аз суханони онҳо ҳамин маълум шуд, ки ин хонум завҷаи сеюми хӯҷаин будааст. Аввалинаш бо вуҷуди солиёни зиёд мунтазир шуда нишастанаш, хӯҷаин аз ҳамон тараф зани дигар гирифта омадаст. Баъди он ки ҳар дуяшон муросо карда натавонистаанд, ҷавоби ҳар дуи онҳоро дода фиристодааст.
Ба ҳар ҳол дар маҳалла чунин одамон лозиманд, ғайбатро ҷамъбаст карданд онҳо. – Ёрдамаш расида меистад.
Аз тӯй омада бинам, хӯҷаин бо тани майка дар кресло нишастааст. Ниҳоят хурсанд шудам.
- Хӯш, студент, корҳо дар ҷояшми, ба тӯй рафтандмӣ?
- Ҳа.
-Диданд-мӣ, яке ба ман думашро меҷумбонад. Лекин, аз дасташон ояд, яе рӯз намемонанд, ин нокасҳо!
Ба мусаввараи шинос чашмам афтоду дилам гум зада рафт. Ин дафъа дар нигоҳи ӯ изтироби зани бокираи ба дасти каси ҷоҳил афтода мондаро ҳис кардам. Эҳ, чӣ хел ширин буд вай!
Баъд аз ин ҳар бор паҳлуҳои гуногуни духтарро кашф мекардам, ӯро муштоқона мунтазир мешудам. Аз чӣ бошад, пешонаю рӯю мӯйи ӯро молиданӣ мешудам. Хӯҷаин бошад, ба аксаш гирифта, бештар хилъат ба бар карда мебаромад ва нигоҳи ман беҳосил мемонд.
Ҳамон рӯз як кас аз маҳалла бо илтимосе омад.
- Ҳамин бародарамон бемор шуда монд. Ба духтурхона равем, ҷой нест мегӯяд...
Хӯҷаин ба кресло дурусттар нишаста гирифт. Завҷааш телефонро назди ӯ овард. Вай ба ким кӣ телефон карда, ҳоҷати олн касро баровард. Баъд пурсид:
- Дар куҷо кор мекунед?
- Дар ҳамон ҷойи аввала.
- Ҷойи аввала куҷо буд?
- Дар паррандаи мурғпарварӣ.
- Дарвоқеъ, мурғҳо фарбеҳ шуда истодаанд?
- Фарбеҳ шуда гаштаанд.
- Чӣ, шунидан ҳасту дидан нест-мӣ?
Вай ваъда дод, ки ҳамин рӯз мерасонад. Хӯҷаин хурсанд шуд ва аз чӣ бошад, ки хилъаташро намоишкорона кушод.
- Мана, студент.
Ман хиҷолат кашидам. Ба ман маъқул шуда мондани расмро хӯҷаин намедонд гуфта фикр мекардам.
- Медонам. Донистаам, ки ҳамин расм маъқул шуда мондааст.
Шояд, барои он, ки маро аз хиҷолати ногаҳонӣ барорад, вай ба қадаҳҳо коняк рехту якеро ба ман дароз кард.
- Наметавонам! Ҳеҷ гоҳ нанӯшидаам!
- Гиранд, студент, таърихи расмро гуфта медиҳам!
Ман қадаҳро гирифтам.
- Ин расм аз Полша хотира. Аз конслагер!
Диққатам афзуда ба вай наздик шудам. Ӯ ҳам шояд барои бештар ҷалб кардани таваҷҷӯҳам як лаҳза хомӯш истод.
- Бо мусаввире аз Рим дар як ҷой афтода монда будем. Одами ниҳоят қобилу мӯъмин буд. Қисмати мо чандон маълум набуд. Ҳамон вақтҳо одамони худамон наздик шуда истода буданд.
“- Дӯстам, - гуфт рӯзе ҳамон мусаввир бо илтиҷо, - сӣ сол боз дар хаёлам як симоро гирифта мегардам. Не нагӯй, ҳамонро дар сари синаи ту нақш намоям. Синаат ниҳоят фарох ва беғубор будааст.”
“- Ба расм кашидан бало ҳаст-мӣ? – гуфтам нохушона. – Имрӯз-пагоҳ мурда мервему...”
“ – Не, мо намемирем, - гуфт ӯ бо боварии қатъӣ, - ин расм ба ту хушӣ меорад. Бовар бикун!”
Ман рӯйболо хобидам. Вай хеле машғул шуд. Аввал бо бо қалам нақш кашиду, сӯзанро ба ранги сиёҳ ғӯтонда халондан гирифт. Баъди як ҳафта моро барои паррондан гирифта баромаданд. Фашистони аблаҳ ҳамаи моро дар як қатор саф карда монданд. Ногоҳ мӯъҷиза рух дод. Афсари аз пеши саф гузашта истода ба тасвири сари синаи ман бо таваҷҷӯҳи хоса назар карда монд. Баъд шариконашро ҳам даъват кард. Онҳо чанд вақт фишшосзанон муҳокима карданд. Баъд афсар маро аз саф бароварда фиристод.
- Дигарон-чӣ? –саросемаворона пурсидам.
- Парронда партофтанд, - гуфт ӯ хунукназарона.
- Рассомро ҳам?
- Ҳа!
- Афсӯс! Исмашро напурсида будед?
- Аз хотирам баромада рафтааст, - гуфт лоқайдона. - Баъд ҳамон афсар расмро нағз дида монд. Маро ба Германия гирифта рафтанӣ буд, аммо одамони худамон зада даромаданду илоҷаш нашуд. Баъд шушам шамол хӯрду ба бемористон афтода мондам. Духтурам ҳам ин расмро нағз дида монад мешавад-мӣ? Баъд фаҳмидам, ки вай баъди сиҳат шуданам ҳам маро ҷавоб надода истода будааст. Бо як ҳамшира наздик шуда мондам. Ҳамонро гирифтаму “Самарқанд ту куҷоӣ?” гуфта ба роҳ баромадем. Дар ин ҷо палонҷҳо созиш карда натавонистанд. Аз баҳри ҳар дуяш гузашта ба ин занак хонадор шудам.
Хӯҷаин ором шуд. Аз пеши назари ман рассоми соҳибистеъдоди ба марг маҳкумшуда, зане ки ана ҳамин барвастиро солҳо мунтазир шуда, орзуяш сароб шуда буд ва боз ким-чиҳо мегузашт. Хӯҷаин давом мекард:
- Як рӯз ба пирамарде ҳамин расм маъқул шуда монд. Мусаввир будааст. “Иҷозат деҳ, рухсораашро як бӯса кунам”, гуфта илтииҷо кард. Тела дода фиристодам.
Ӯ қадаҳи дар наздаш бударо пур кард. Қадаҳи маро ҳам зӯран ба дастам дод.
- Биё, студент, менӯшем!
- Хуб шудааст.
- Давай!
- Барои нест шудани ҷанге ки одамони ниҳоят хубро нест кардааст!
Баъд тез ба хонаам даромадам. Хӯҷаине ки дар ҷанги ҳаёту мамот иштирок кардааст, рассоми ӯро ба некӣ даъваткарда ва боз кимчиҳо аз пеши назарам ҳамчун навори кино ҳар лаҳза пай дар пай гузаштан гирифтанд.
1975
Тарҷимаи Аслиддин ҚАМАРЗОДА аз китоби Нусрат Раҳмат “Сайланма”, ҷилди аввал, нашриёти“Маҳорат”, Самарқанд, 2024. Самарқанд, 6 июни соли 2024
Комментариев нет:
Отправить комментарий