четверг, 9 июля 2020 г.

АНДАР ҲИФЗИ ТАБИАТ ВА ТАНСИҲАТӢ


Эй, фарзанди азиз! Олими донишгоҳи Корпелл (ИМА) Ж.М. Смоеткс, тамоми ислоҳоти иҷтимоӣ, аз он ҷумла, эволютсияи экологиро ба чор қисм ҷудо мекунад:
1.     Гап ҳам нест, кор ҳам.
2.     Гап ҳасту кор нест
3.     Гап ҳам ҳаст, кор ҳам ҳаст.
4.     Гап тамом шуд, кор оғоз ёфт.

АНДАР ХУСУСИ ТАНСИҲАТӢ


Эй фарзанди азиз! Ана акнун оиди тандурустӣ ҳарф хоҳам зад. Маълум, ки нигаҳ доштани саломатӣ, дареғо, ки ҳамеша ба ихтиёри кас нест. Садҳо нерӯҳои бади ҷамъият ва табиат (микробҳо, бактерияҳо, бӯқаламунии сиёсатҳо, зиддиятҳо) дар корхона ва ғайра ба дили инсон неш зада меистад. Бар зидди нохушиҳо мебояд бо қувваи пурзӯр мубориза бурд. Ман мӯътақидам, ки ба ту чунин қудрат ҳаст.

АНДАР МЕҲМОНДОРӢ ВА САЁҲАТ


         Эй ҷигаргӯшаам! Агар дар хотир дошта бошӣ, дар бобҳои аввал оиди интизоми қатъӣ ва меҳнати фидокоронаи мӯр ва занбӯрҳои асал маълумот дода будам. Аммо Ҳазрати Инсон мӯр нест ва ӯ танҳо барои меҳнат ба дунё намомадааст. Дар ин дунёи фонӣ ва гузаро аз лаззатҳои маънавӣ ва моддӣ низ баҳраманд шудан лозим. Бинобар ҳамин, зуд-зуд дар ҳалқаи меҳмонон будан ва сайру саёҳат рафтан даркор. Дар ҳар як миллату халқ анъанаи ба худ хоси меҳмоннавозӣ вуҷуд дорад. Гузаштагони мо дар ин масъала ба риояи меъёр маслиҳат додаанд.

ДАР БОБАТИ ПИРОНСОЛӢ


Эй фарзанд! Дар оғози насиҳатнома оиди аз офати табиат, фалокати ногаҳонӣ огоҳ намудан, яъне: «гурезад, сел меояд!» гӯён бонги изтироб задани духтараки халоскори аспсавор, ки дар як чашм пӯшида кушодан ғоиб шуда буд, нақл карда будам. Умри инсон ҳам ана ҳамин хел – дар як мижазанӣ гузаранда буда, ду айёмро – гузашта ва ҳозираро як лаҳза бо ҳам мепайвандад.