Нусрат РАҲМАТ
Ба Миршариф Хӯҷев бахшида мешавад
1
Оё шумо боре ба занони заҳру заққум, нафрат ва ғазабаш дар як ҷой муҷассамшуда дуҷор шуда, гоҳо ба дуои бади нестдарҷаҳони онҳо эътибор додаед, аниқтараш, мағзи онҳоро шикаста дидаед? Ба фикрам, тадқиқотчиён дар байни мардум гашта, ҳамчун суруду тарона, зарбулмасалу мақол, чистону афсона дуои бади мардумиро ҳам ҷамъ кунанд, бад намешавад.
Модаркалонам (модари модарам) гоҳ-гоҳ падарамро бо ибора ва ташбеҳҳои нав ба нав дуои бад карданашро шунида, ба чунин хулоса омадаам ман. Аксари онҳо дар ёди ман сахт нақш баста мондааст: