Синну соли одам ба ҷое расад, ӯро фикру андешаҳои мағшуш фаро мегирад. Дар назди виҷдони худ ҳисобот додан, гапҳои ногуфтаи зурури солҳои дароз дар дар замири қалбаш нуҳуфтаро ба дигарон гуфтан ва ё фаҳмонидан мехоҳад. Сокини маҳаллаи Қӯшмасҷиди ноҳияи Самарқанд нависанда ва рӯзноманигори маъруф Нусрат Раҳмат ҳам аз зумраи инсонҳои наҷибест, ки имсол ба зинаи нави умраш қадам гузошт. Бинобар ҳамин, аввали сол дар бологаш навиштааст: “Ман ба синни 81 даромадам. Акнун мисли пештара дар клавиатураи компутер ҳарфҳоро чаққон чинда наметавонам. Барои дар блог мақолаҳои нав гузоштан азоб мекашам. Аммо иштиёқи бо шумо будан паст нагардидааст.
Барои тарк накардани саҳифаҳои блоги ман гуфтани баъзе маълумотҳоро зарур мешуморам. Блоги мазкурро ман соли 2009 кушодаам. То ҳол дар он зиёда аз 700 мақола гузоштаам. Назм, наср, публисистика, шеърият... хулоса, ҳамаш ҳаст.
Хонданро ба мундариҷа нигоҳ карда, интихоб карданатонро мепурсидам. Баробари кушодани блог дар компутер ба рӯйхати мазкур чашматон меафтад. Аммо барои дар телефон хондан ба экран ангушт расонида, кофтани он рост меояд.
Агар шумо шавқманди донистани ҳолатҳои рӯҳӣ, андешаҳо, тақдири инсон бошед, ба китобҳо ва ҳикояҳо рӯ оред. Дар бахши “Шеърият” шеърҳои навмашқонаи солҳои ҷавонӣ навиштаам мавҷуданд. “Номаҳои Калавак махсус” (Калвак махсусм номалари”), “Саргузашти Ҷумъаназарака” (“Жуманазар ака саргузаштлари”) ба шукуфтани табассум дар лабонатон боварӣ дорам. Дар “Солномаи ӯзбекона” (“Ӯзбекча солнома”) мақолаҳои публисистӣ, саёҳатномаҳо, хуллас, тамоми навиштаҷотҳои ман аст. Шӯъбаи “Мақолаҳо” (“Мақолалар”)-ро кушоед, ба мухбири хеле шуҷоъ будани ман боварӣ ҳосил мекунед.
Дар блог, инчунин асарҳоям ба забонҳои русӣ, ангилисӣ, тоҷикӣ мавҷуданд...
Асарҳое ки ба дилатон нишастааст, ба одамони наздикатон ҳам тавсия намоед...
Ба тарк кардани якдигар саросема нашавем!!!” Шитобзадагӣ кори шайтон аст. Ба хайрухушу хайрбодгӯйии якдигар саросема нашавем. Одам ғанимат ва ҳар дам ғанимат аст.
Блогернаивиси кӯҳансолтарини мамлакат, адиби маъруф ва рӯзноманигори номӣ, Журналисти хизматнишондодаи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Нусрат Раҳмат ҳангоми сӯҳбат овони бачагиашро чунин ёдовар шуд:
-Падари мо шофёр буданд. Он солҳо ронандагӣ касби баобрӯ ҳисоб меёфт. Мошинҳо ниҳоят кам буданд. Солҳои 1945-1946 падарам дар қишлоқи Қӯзичии ноҳияи Ургут шофёр шуда рафтаанд. Дар ҳамон ҷо ман ба синфи якуми мактаб қадам гузоштам. Ман худам ки соли 1941 таваллуд шуда будаам, ақламро шинохта, ҷароҳатҳои оқибатҳои ҷангро ҳис кардам. Муаллими аввалини ман аз фронт бе як пой баргашта буданд. Як пояшон чӯбин буд. Ба дарс даромадани шаванд, аз дур овози тӯқ-тӯқи пояшонро мешунидем ва медонистем, ки муаллим ба дарс меоянд. Баъди каме калон шудан шеъре навиштам бо номи “Пойи чӯбин”, ки онро Асадулло Шукров ба забони тоҷикӣ чунин тарҷима кардааст:
Садо дод пойи чӯбин,
Ғиҷиррос зад он ҳазин.
Ба одамон баён кард,
Арзи ҳасрат инчунин:
“Як замон сада будам бин,
Ҷигарбанди ин Модар – Замин,
Чаҳоряк аср пеш буридандам,
Чоряк аср мадад бахшидам, аммо
Пой нашудам, намешавам ҳам,
Чоряк аср аст бар ман муаммо,
Чаро намояд маҷрӯҳ одамро одам?!”
Ҳамаи инҳо дар саҳифаҳои интернет ҳаст. Агар “nusratramat.blogspot.com” гуфта нависед, ҳамаи асарҳои ман - ҳам насру ҳам назм мебароянд.
Бо ҳамон ғурури даврони бачагӣ ва боварие ки ман шоир мешавам, ба факулети филфаки университет ҳуҷҷат супурдам. Аз имтиҳони якум баҳои ду гирифта афтодам. Як рафиқамон дар агрофаки интитути хоҷагии қишлоқ мехонд. Ҳамон маро тарғибу ташвиқ кард, ки ба ин институт биёям, селхоза тамом кунам, раис мешавам. Раиси хоҷагӣ ҳамон солҳо шахси мансабдорӣ олимартаба ба ҳисоб мерафт. Бо тариғиби вай ман ба институти хоҷагии қишлоқ даромадам. Тақозои тақдирро бинед, ки ман ҳангоми донишҷӯйӣ ба газета ҳар хел хабару мақолаҳо менавиштам. Ҳамон солҳо роҳбари давлат Леонид Брежнев омада, гуфтаанд, ки чаро дар газетаҳо ҳама журналистҳо кор мекунанд. Дар газета дар шӯъбаҳои хоҷагии қишлоқ ё саноат агроному инженерҳо, дар шӯбаҳои дигар мутахассисони ҳамон соҳаҳо кор кунанд, хуб аст. Шояд ин гапҳо ҳамин тавр аз даҳонашон баромада бошад. Бо вуҷуди он, пагоҳаш омада, маро кофтанд ва ба кори редаксия даъват карданд. Ҳамин тавр, ман фаъолияти кориамро аз газетаи вилоятии ҳамонвақтаи “Ленин йӯли” (ҳоло “Зарафшон”) сар кардам. Як ҳафт сол дар ин газета кор кардам .
Сонӣ газетаи нави “Қишлоқ ҳақиқати” таъсис ёфт. Рӯзномаи ҳозираи “Қишлоқ ҳаёти” аввал бо ҳамин ном мебаромад. Онҳо агроном будани маро дониста, мухбири ин газета дар вилоятҳои Самарқанду Бухоро таъин карданд...
Ана дар ҳамин солҳо қалами буррои журналистии Нусрат Раҳмат ба назар намоён шуд. Вай дар бисёр дашту саҳро, боғу токзор, пахтазору чарогоҳҳои хоҷагиҳо, қишлоқу маҳаллаҳо, шаҳру ноҳияҳои ин ду вилоят пойи пиёдаву савора гашта, хабару гузоришҳо, мақолаҳои танқидиву таҳлилӣ ва проблемави навишт. Бо мақолаи “Аз 100 сар меш 200 сар барра мегирем” рӯирост бар зидди бордоркунии сунъӣ баромад кард. Мақолаи оиди зиёднависӣ дар соҳаи пахтакорӣ ҳам боиси гуфтугӯйҳои зиёде гардид.
Ҳамон солҳо ки истифодаи баҳудаву беҳудаи захираҳои табиӣ касеро ба ташвиш намегузошт ва ин гуна муносибат яке аз сабабҳои хушкшавии Баҳри Арал гардид, Нусрат Раҳмат ба муҳофизати табиат ҳамчун журналист ҷасоратмандона баромад кард. Чоп шудани китоби аввалини муаллиф “Агар табиатро дӯст доред” (“Агар табиати севсангиз ”) ҳам бесабаб набуд.
Соли 2011 дар авҷи сардиҳои муносибати байни Ӯзбекистону Тоҷикистон Нусрат Раҳмат ба президентҳои ин мамлакатҳо бо муроҷиатномаи кушод баромад кард, ки онҳо ба сари оштӣ оянд ва муносибатҳои дӯстии ду халқро барқарор созанд. Ин баромади ӯ ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамовозии зиёде пайдо кард. Албатта, ин гуна баромаду мақолаҳо на ба ҳама маъқул буданд. Ӯ, ки ба муқобили ҷараёни об шино менамуд, душманони зиёде низ пайдо кард.
Нусрат Раҳмат дар бобати пойдорсозии хотираи маърифатпарвари бузурги Самарқанд Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ заҳмати зиёде кашид. Вай бо ин мақсад як сол давутоз намуда, остонаи дари амалдорони Самарқанду Тошкандро охуча кард. Ниҳоят соли 2006 ба гузоштани нимтанаи ҷадид мушарраф шуд. Дертар дар болои дари хонаи Маҳмудхоҷа Беҳбуди лавҳаи ёдгорӣ насб гардид. Бо қарори Девони вазирони мамлакат ташкили музей ҳам ба нақша гирифта шуд. Вай дар ин бобат боз як қадами ҷасурона гузошта, дар бораи Маҳмудохоҷа Беҳбудӣ романи “Ҷадид”-ро ҳам иншо намуда, дастраси хонандагон гардонд...
-Кори мухбирӣ барои ман мактаби калони эҷодӣ гардид. Як қоидаи нонавиштаи нависандагӣ ҳаст: агар нависанда корро аз журналистӣ сар кунад, бисёр чизҳоро бурд мекунад. Лекин ин дар аввали чор-панҷ соли кор хуб. Баъд журналистиву нависандагӣ ба якдигар халал мерасонад. Супроришҳои газетаро иҷро кунам гӯед, кори эҷод қафо мемонад, ба эҷод машғул шудан хоҳед, корҳои таъҷилӣ ва ҳаррӯзаи рӯзнома иҷро нашуда мемонанд. Азобу машаққатҳои рӯзноманигориву нависандагиро дар асарҳоям, аз ҷумла “Ман аз редаксия” инъикоси худро ёфтаанд. (Ин асари нимбадеиву нимпублисистикӣ ба адиб шӯҳрати калоне овард. Баъдтар онро се маротиба таҳриру такмил дода, бо тақозои давру замон бо номҳои “Ман мухбирам”, “Ман журналистам” чоп кард. Соли 2003 низ бо тиражи 2000 нусхар дастраси хонандагон гардид).
Баъди 7 соли мухбирӣ Нусрат Раҳмат дар рӯзномаи “Ӯзбекистон адабиёти ва санъати” кор кард. Нашриёти “Меҳнат” таъсис ёфту ба кори он гузашт. Ҳамчун дӯстдори Модар – табиат чандин сол дар кумитаи экология заҳмат кашида, аз ҳамон ҷо ба нафақа баромад.
-Аз бачагӣ ки ба ҳамин соҳа меҳр мондем, адабиётро дӯст медоштем, албатта як чиз-ним чиз навиштан даркор, -сабаби қалам ба даст гирифтани худро адиб чунин баён кард. - Аввалҳо ман шеър менавиштам, баъд ба таълифи ҳикояҳо гузаштам. Барои ин худи кори газета эҷодкорро тайёр мекардааст. Аввал очерк менависед, баъд ба навиштани ҳикояро мегузаред. Ҳамин тавр, қиссаву роман ҳам навишта монданатонро ҳам худатон надониста мемонед.
Кори эҷодкор бо миқдори китобҳо чен карда намешавад. То ҳол қариб 25 адад асарҳоям чоп шудаанд. Дар байни онҳо ба забони тоҷикӣ тарҷумашудааш ҳам ҳаст. Русиаш ҳам ҳаст. Рисолаи “Пирузинома”-и Ибни Синоро аз забони тоҷикӣ ба забони ӯзбекӣ ҳам гардондам. Аз байни ин китобҳо дутоаш боиси шав-шуви калон шуд. Яке аз онҳо “Ман аз редаксия” аст. Як рақами хуберо гӯям: соли 1987 он бо теъдоди 40 ҳазор адад аз чоп баромад. Дар як муддати кӯтоҳ аз дӯконҳои китобфурӯши мардум якто намонда харида гирифтанд. То ҳол баъзе одамон таассуроти худро аз он китоб ба ман нақл мекунанд. Ҳаққи қаламашро гирифта, ба болояш каме пул ҳамро карда, мошини “Жигули” харидам. Хулоса, ҳамон китоб ҳам аз ҷиҳати маънавӣ ва ҳам аз ҷиҳати моддӣ бисёр ёрдам кард. “Инро ҳаёт мегӯянд” (“Буни ҳаёт дейдилар”), “Насиҳат ба фарзанд” (“Фарзанда насиҳат”) ҳам нағз аст. Ҳикояҳои хуб ҳам таълиф кардам. Як маҷмӯаи ҳикояҳоямро дар Туркия ҳам чоп кардаанд, ки ин ҳам боиси ифтихори ҳар як нависанда аст. Ҳоло, рости гап, ҳеҷ чиз нанавишта истодаам. Сабабаш: ман ҳамин қадар солҳо навиштам, ҳоло одамон ҳамонашро ҳам хонанд, гапи калон гуфтаги фикри нодуруст ба сарам омад. Дуввумаш, чашмонам мисли пештара не. Катаракта – парда гирифтаанд. Сонӣ, чашм бинад ҳам, дил чандон бақувват не. Фишори хунам баланд мешавад.
Ҳама медонад, ки эҷод машаққат аст. Хуни дил хӯрдану нури чашм рехта, асаре офаридан магар осон аст?! Худатон медонед, хуб азоб кашидам, чени худам мавқеъ дорам, обрӯ дорам... Баъд ҳоло одамҳо аз китобхонӣ дур шудаанд, китобро нахонда монданд. Ҳамин чизҳо ба ман таъсир мекунад. Лекин боз андеша мекунам. Масалан, худи Лев Толстой ҳам то охири умараш навиштааст. Ҳамон асари “Эҳё”-и худро баъди 80-солагиаш таълиф кардааст. Ҳамонҳоро ба ёд оварда, боз навистан даркор буданашро ҳис мекунам.
Дар дил армоне надорам, аз ҳаёт мамнунам. Аз умрам ҳам хурсанд. Ҳамаи китобҳое ки дар дил ният карда будам, навиштам. Фарзандҳо дар мактабҳои нағз хонданд, ҳоло кори ҳамаашон нағз аст. То ҳозир, яъне 53 сол боз бо ҳамсарам хушбахтона зиндагӣ дорам, хонаву ҷой ҳаст. Барои ҳамин орзуву армонҳои осмонӣ нест.
Асарҳои хуб бисёранд, вале ба мардум фаҳмонидан, ба мутоила тарғиб кардан муаммо гардидааст.
Худи ҷамъият нахонда монд. Ҳозир дар интернет ҳама чиз ҳаст. Асарҳо бо сурати муаллифу ороишоти хуб аз ҳад зиёданд, фақат хонадаҳо кам шудаанд. Ин, албатта, маънои адабиёт “мемурад”-ро надорад. Театр, кино, телевизор ҳам ба ҳамин хел аҳвол рӯ ба рӯ шуда истодаанд. Асоси ҳамаи инҳо адабиёт аст. Дар давраи мо ин масъалаҳо актуолӣ буданд. “Минбаъд ғами адабиёт, эҷодкоронро кӣ мехӯрад?” – маро ба ташвиш мегузорад. Лекин мубризаи бадиву некӣ давом мекунад ва инро танҳо адабиёт нишон дода метавонад...
Аз ҷамъият эҷодкор ҳамеша норозӣ мешавад. Ҳозир мебтинед ҳаёт нағз. Вале боз мебинед, ки камбағал ҳам ҳаст, гадо ҳам ҳаст. Баъзеҳо дар Россия овора, ноҳаққиҳо ба чашм мерасанд, баъзан ҷаҳолат ҳукмфармоӣ мекунад, бинобар ҳамин, ҳар чӣ кадар ҷамъият нағз бошад ҳам, президент хуб кор кунанд ҳам, мо эҷодкорон норозӣ мешавем. Ин табиӣ аст.
Эҷодкорӣ, ба назарам, то 60-солагӣ аст. Ҳамон вақтҳо чашма барин ҷӯшидан, навиштан даркор будааст. Вале дар он давраҳо рӯзгор, хонаву ҷой ва тарбияи бачаҳо гуфта, одам бисёр вақту қувваашро ба ҳамон корҳо сарф мекардааст. Ҳамон солҳо шароит душвор буд, мушкилиҳои киточопкунии давраи шӯроҳо машаққат буд, сензура ва дигару дигарҳо буданд. Ҳамаи мавзӯъҳое ки дар калла буд, ҳамаашро барои ба рӯйи коғаз фаровардан имкон набуд. Вале он солҳо қувват буд. Ҳозир ҳам таъсири ҳамонҳо ҳаст.
Ман дидам, ки мардум ба интернет таваҷҷӯҳи бештар доранд, дар блоги худ асарҳоямро ба гузоштан сар кардам. Ҳозир одат ҳам кардаам. Ҳар рӯз ба интернет надаромада истам, намешавад. Чунки ба он аз садҳо мамлакат ҳар рӯз миллионҳо нафар одамон медароянд. Пагоҳи хеста бинам ки 20 кас ё зиёдтар одамон блоги маро аз назар гузаронидаанд, хурсанд мешавам. Агар кам бошанд, “нахонда истодаанд” гуфта, рӯҳафтода мегардам. Ҳозир аз китоб дида, интернет акуталӣ шудааст. Баъзеҳо фикру мулоҳизаҳояшонро менависанд. Ҳоло кам ё беш, ба ҳар ҳол китобҳоро ба воситаи интернет хонда истодаанд. Вале ин чанд сол давом мекунад, ман намедонам. Мумкин ҷояшро боз ягон чизи дигар мегирад. Масалан, ҷойи телевизорро интернет гирифт-ку!
Худо се писару ду духтар додааст. Ҳозир набераҳо 17 нафар шудаанд. Даҳ нафар абераҳо ҳастанд. Дар шумурдан одам баъзан ҳисобашро ҳам гум мекунад. Хотира ҳар кас ки зӯр бошад, ҳамон одам боистеъдод. Аз 81 гузаштем, хотираҳо ҳам суст шудааст.
Вақтҳои охир пойҳоям варам карда, гашта наметавонистагӣ шудаам. Баъзан худ ба худ мегӯям: “Ин пойҳо маро 81 сол бардошта гашт, ба куҷоҳое бурда наовард. Ман ҳам акнун номардӣ накарда, дигар азобаш надеҳам. Дигар аз онҳо гила накунам! Ман 70 кило будам, 70 килоро 80 сол бардошта гаштан осон аст магар?! Варам кунад ҳам, акнун ҳақ дорад. Барои ин қадар хизмат ташаккур гуфта, бӯсида ҳам мемонам...
Нусрат Раҳмат ҳамчун инсон ба ҳама некӣ кардан мехоҳад. Накӯкорӣ, тарозуи адолат будан гӯё шиори зиндагониаш аст. Адибу журналист ки ном дорад, ҳаётомӯзӣ, рӯҳшиносӣ, таҳлилу муқоисаи ҳаёти ҷамъиятӣ кори якумраи ӯст. Дар раҳу рӯҳ ба ноадолатиҳо рӯ ба рӯ гардад, ҳамчун журналист бо пулисистика ва мақолаҳои пурдолу зарб баромад мекунад. Ҳамчун агроном корҳои деҳқониву боғбониро дӯст медорад. То имкон дорад, ба ин гана корҳо ҳоло ҳам машғул мешавад. Ҳар ниҳоле ки мешинонад, самарашро дидан, мазаашро чашидан мехоҳад. Ҳосили заҳмати боғбониву деҳқонӣ ҳамеша ширину гуворо аст. Ҳамчун сарвари як оилаи калон маслиҳатгари беҳамтои фарзанду набераҳост. Ҳатто дар ин бобат “Насиҳат ба фарзанд” ном асаре ҳам таълиф кардааст.
Хобби Нусрат Раҳмат ҷамъоварӣ ва коллексия кардани чумчаҳои чӯбин аст. Аввал аз рӯйи ҳавас ба ҷамъоввари чумчаҳо сар карда бошад, ҳоло коллексинери ҳақиқӣ гардидааст. Чумчаҳои ҷамъовардааш, ки хеле зиёданд, музей шудаанд.
Чумча аз ашёи қадимаи хӯрокхӯрии инсоният ба ҳисоб рафта, ба асари санъат шабоҳат дорад. Баъзе халқҳо онро рамзи ризқу рӯзӣ дониста, дар он ҳар хел рамзҳо гузошта, дуоҳо навиштаанд ва бо кандакориҳои нодир оро медиҳанд. Чумчаҳои баъзе мардуми олам ба асбоби мусиқӣ шабоҳат доранд ва дар онҳо элементҳои рақсу бозӣ ҳам ба назар мерасанд. Кафлес, чумчаи ош, чойчумча ва ғайра ҳамаи онҳо аз чӯби дарахтони мевадеҳ сохта мешаванд. Бо мурури замон ҷойи чумчаҳои чӯбинро чумчаву чангакҳои филизӣ ва пластикӣ гирифтаанд. Аммо чумчаҳои чӯбин, ки авлодони мо истифода мебурданд, табиӣ, такрорнашаванда ва аз ҷиҳати экологӣ тозаву бактериянопазир аст.
Нусрат Раҳмат аз чумчаҳои ҷамъовардаи худ ва тӯҳфакардаи дӯстонаш дар як хонаи алоҳида музей ташкил кардааст, ки меҳмонони хонадонаш аз тамошои он бебаҳра намемонанд
-Инро бинед, қошуқи мо чӣ хел дурандешон сохта шудааст, - ҳамчун экскурсовод чумчаи урфии моро ба даст гирифта мегӯяд устод Нусрат Раҳмат. - Дар охири дастааш кашакчае сохтаанд, ки он ба даруни коса даромада наравад. Тарафи хӯрокхӯрии чумчаро борик кардаанд, ки хӯрок берун аз ду гӯшаҳои даҳон ба поин нарезад. Боз пушташ сахт: ин барои он ки одам устухонро бемалол афшонда, нӯши ҷон кунад. Ба назар ин чумчаи мо як чизи оддӣ менамояд, вале дар асл як олати хӯрокхӯрии мукаммал аст ва ҳамаи ҷиҳатҳояшро ба ҳисоб гирифта сохтаанд. Бисёр соддаву хуб, ранг ҳам накардаанд. Шоҳҳо ҳам бо ҳамин хел чумчаҳо хӯрок мехӯрдаанд. Кафлез ҳам ҳамин хел. Дар ин ҷо бисёр тӯҳфаҳои одамон, аз ҷумла чумчаҳои бахшидаи Чингиз Айтматов, Миршариф Хоҷаев, Ошиқ Эркин, Машраб Бобоев ҳам ҳастанд. Ҳозир фарзандҳо, ёру ошноҳо ҳам ба чумчатӯҳфакунӣ одат кардаанд ва ба ман қошуқ савғо меоранд. Ҳоло ҷамъаш ба 300 адад наздик шудааст. Дӯстамон Шавкат Шукуров бедилшинос буданд. Баъди ба Эрон рафтанашон ба ман аз он ҷо чумча оварданд. Ин кори дастӣ ва яке аз экспонатҳои беҳтарини коллексияи ман ба ҳисоб меравад... Ин қошуқи ҳазорсола бо чангакаш. Чангакро яҳудиён кашф кардаанд. Ина бинед, як тарафаш қошуқу як тарафаш чангак. Онҳо чангаку чумчаро якто карда сохтаанд. Ҳозир дар миқёси чаҳон қошуқи стандартӣ ҳамин ба ҳисоб меравад. Анаи ин чумчаи покистонӣ... Ин чӯбакҳои хӯрокхӯрии императорони Хитой... Ана ин чумчаи русҳо... Ҳар кадомаш як таърих дорад. Миқдори чумчаҳо зиёд бошанд, ки онҳо тахминан аз они 30-40 давлат аст. Аз они баъзе мамлакатҳо се-чортогӣ ҳам ҳаст, - устод чумчаи калоне ки дастааш ба таври вертикалӣ сохта шудааст, ба даст гирифта суханашро давом дод. –Ин чумчаи булғорҳо. Чаро дастааш рост гуфта ҳайрон нашавед. Ин барои аз кӯза гирифта нӯшидани вино аст. Дар Африкаву Америка аз кокос чумча месохтаанд. Дар коллексияи ман аз чор қитъа: Осиё, Европа, Америка ва Африка чумчаҳо ҷамъ оварда шудаанд.
29-09-2022
Он кас, ки бидонад ва бидонад, ки
бидонад,
Асби хирад аз гунбади гардун биҷаҳонад!!!
Он кас, ки бидонад ва надонад, ки
бидонад,
Бедораш намоед, ки бас хуфта намонад!!!
Он кас, ки надонад ва бидонад, ки
надонад,
Лангон хараки хеш ба манзил бирасонад!!!
Он кас, ки надонад ва надонад, ки
надонад,
Дар ҷаҳли мураккаб абдуддаҳр бимонад!
Он кас, ки надонад ва нахоҳад, ки
бидонад,
Ҳайф аст, чунин ҷонваре, зинда бимонад!…
Комментариев нет:
Отправить комментарий