Шеърият
- Главная
- Таржимаи ҳол
- Автобиография
- Ўзбекча Солнома
- На русском
- Ба тоҷикӣ
- In English
- Видео
- FARZANDGA O’GITLAR
- Hikoyalar
- Kitoblar
- МАҚОЛАЛАР
- Фото
- ЖАДИД
- БЕШ ҲИКОЯ
- КАЛВАК МАХСУМ НОМАЛАРИ
- МЕН ЖУРНАЛИСТМАН
- ФАРЗАНДГА ЎГИТЛАР
- БУНИ ҲАЁТ ДЕБДИЛАР
- Facebook’даги саҳифам
- Ютубдаги каналим
- Шеърият
- ЯНГИ ҲИКОЯЛАР
- САРҲИСОБ
- Марафонча югуриш
- Асқад Мухтор дедилар
- Тафсилот
четверг, 4 июля 2024 г.
ХЕШУ ТАБОРӢ ЁКИ ФАЛСАФАИ ВАДИМ
(Ҳикоя)
Ба Юсуф Абдуллоев бахшида мешавад.
Ҳамаи ин дилсиёҳӣ аз ҳамон шанбеи нохуш, ки аз бинии Кӯҳзод хун шорида буд, оғоз ёфт. Аввал худаш ҳам, дигарон ҳам ба ин эътибори ҷиддӣ надоданд. Аммо хун наистод. Ба биниаш пахта монд. Сарашро боло карда хобид – хун ба ҳалқаш гузашта аз даҳонаш омад. Соҳибкор “ёрии таъҷилӣ” даъват кард. Духтур кордон будааст – сари ӯро боз ҳам баландар карда хобонд, ба биниаш пахтаи ба пероксиди водород намкарда, ба паҳлуяш латтаро ба оби хунук тар карда монда буд, ки хунравӣ бозистод. Баъд вай фишор хунро чен кард.
- Дар ҷояш, - гуфт ӯ худро сабук ҳис карда. – Биниатонро ба ягон ҷой зада нагирифтед? Наменӯшед? Намекашед?
Ӯ бо маънои инкор сар ҷумбонда истод. – Ба гармо нагардед, биниатонро сахт наафшонед, - гуфт духтур, рафта истода. Агар боз хун равад, ба хобонидан рост меояд. Ҳангоми бемории ҷигар низ ҳамин хел шуданаш мумкин.
Шояд бо сабаби бисёр рафтани хун бошад, ӯ хеле беҳол шуд ва бори аввал дар бораи марг фикр карда монд. Кайфияташ андаке дигар шуд.
Як ҳафта нагузашта ин ҳолати дилро мағшушкунанда боз такрор шуд. Ин дафъа духтурро беҳузур накарда, ба биниаш пахтаи бо дору намкарда гузошта, ба пешонааш ях барин латтаи сард гузошта буд, ки хун бозистод. Рафта-рафта дар ҷигараш дарди рутубатноке пайдо шуд. Ӯ ба чунин хулоса омад: “Ба ватан баргаштан лозим”.
Ӯ дар ин ҷой шифо ёфтан хеле гарон буданашро шунида буд. Бинобар ин аз паи ба диёри худ баргашта муолиҷа кардан шуд. Ба сараш муддаои на чандон қатъӣ, вале муҳим: “Ба ҳар ҳол, ҷойи худам, хешу табор аз ҳолам хабардор мешаванд, сиҳат шуда равам, боз баргашта меоям” низ пайдо шуда.. Бар боло ин духтараш Шабнам қадрас шуда, дар ин мулки бегона ба шавҳар баромадани ӯро тасаввур карда наметавонист.
воскресенье, 2 июня 2024 г.
САЙЛАНМА СОТУВГА ЧИҚАРИЛДИ
“Танланган асарларим”нинг биринчи жилди нашрдан чиқди.