воскресенье, 29 сентября 2024 г.

ДАР САНАТОРИЯ

 

Агар ба оромгоҳи деҳаи Обигарм,  ки  дар баландии ду санг болотар  аз деҳа ба қаторкӯҳҳои Туркистон пайваст шуда  рафтааст баҳо доданӣ бошем,  хеле оддӣ ва мӯъҷаз будани онро  ба эътибор гирифтанамон лозим аст. Онҳое, ки дар истироҳатгоҳҳо, курорт ва санаторияҳои шаҳрҳои дигар шудаанд, ба ин  ҷой омада рӯй турш карданашон ҳеҷ гап не.

         Деворе ки тақрибан ба қади одам баробар аст, аз калла барин сангҳои калон-калон, бе  истифодаи лой ва семент қад рост кардааст,  ба назари кас амонат, ҳоло ҳозир  ғелида мерафтагӣ барин менамояд. Дарвоза аз химча сохта шудааст. Аниқтараш, қисми дохилии он ҳамчун сабат бофта шуда, атрофаш аз химчаҳои тут бо доираҳо, дар мобайнаш аз навдаҳои  қаҳваранг (шояд аз навдаҳои гелос ва ё олуча бошад)  тартиб дода шуда, нақши  на он қадар ба шакли дил  монандро дорад. Ин ба баъзеҳо осори атиқаи ҳунармандиро хотиррасон кунад,  ба одамони дигар ҳамин тавр як чизи оддии аз ночорӣ бунёдшуда ба назар мерасад. Хонаҳо ҳам паст, бетартиб. Шифт ва девори айвонҳои тобистона ҳам аз бӯрё тартиб дода шудааст.

         Лекин,  ба табиати ин ҷой мафтун нашуда намемонед. Буғе ки аз чашмаи шафати он баромада меистад,  дар бисёр ҳолат ба меғи (тумани) доимӣ шабоҳат дошта, саҳарӣ ва шомгоҳон ғафс мегардад. Дар боло арчазор,  дар ҳар ҷой-ҳар ҷой пораҳои барф ба назар мерасад.  Гарчи дар болои дарвоза лавҳаи  “Оромгоҳи Обигарм”  овезон аст, лекин аксар ин масканро  “Санаторияи Шомил” мегӯянд.

         Шомил полвоне, ки  чандин сол пештар аз ин аз рӯйи гӯштингирии озод ғолиби мутлақи мусобиқаи чемпионати Осиё гардида,  барои дар мусобиқаи ҷаҳонӣ  ба даст даровардани  ҷойи аввал буд...

         Дар ин маврид ба вай андаке таъриф надиҳем, диламон таскин намеёбад.

         Дар ин атроф ӯро Тайсон ҳам мегӯянд. Ҷасади бузург, беҳад васеъ ва бемислу монанд будани баданаш,  мускулҳои баромада истодааш аз полвони гӯштингтир дида, бештар муштзани (боксчии) вазнинсангро ба хотир меоварад. Танҳо гавда бошад ҳам майлаш, муомила ҳам дағал, беилтифот, бетавозеъ.  Мо бошем, ба ҳақиқати оддиро ҳам ба  коғази ҷилодор пешонида додан одат кардаем.

         Миллати Шомил полвон – чечен, лекин дар ин бобат сухан карданро хуш намекунад. “Шаҳрванди Ӯзбекистон ҳастам” гуфта  мемонад;  ба забони ӯзбекӣ паҳн, оҳиста-оҳиста, бо омехтани ибораҳои русӣ  сухан мекунад.

         Хулоса,  рӯзе Шомил ба хонаи Араббой амак  ном сокини ҳамин деҳа меҳмон шуда меояд. Сабаби ин дар он аст, ки ҳамин Араббой амак бо падари ӯ (марҳум) дар Афғонистон хизмат карда будааст. Баъди он, ки Шомил чемпион мешавад, амак ӯро  суроғ карда меравад,  ҷома  пӯшонда, сурати бо падараш якҷоя гирифтаашро нишон медиҳад ва дар бозгашт, албатта,  ӯро ба деҳааш даъват менамояд.

         Дар ин ҷой паҳлавонро хеле хуб истиқбол гирифта, зери пояш гӯсфанд мекушанд, ҷомаҳо мепӯшонанд.

         Пагоҳии рӯзи дигар вай ба сайри кӯҳ мебарояд  ва  чашмаи оби гарми дар шафати кӯҳ бударо дида мемонад. Мебинад, ки дар атрофи он одамони бисёр: дардмандҳо  дасту пойҳояшонро ба об ғӯтонида нишастаанд. Мизбонҳо ба вай омӯхта шудани таркиби об, аз оби чашмаи Нарзани Кавказ бойтар будани онро гуфта медиҳанд.

         Баъд аз ҳамин Шомил ҳамаи корашро ба як сӯй гузошта,  (мутасаддиёни варзиш, тренерҳо аз вай хафа шуданашро ба як тараф гузорем) дар ҳамин ҷой ба кушодани  санаторияи хусусӣ шурӯъ кард. Деҳотиён низ аз ин кор канорагирӣ накарданд:  соли аввал булдозер ёфта роҳу майдонро тахт карданд, симчӯбҳоро рост карданд. Соли дуюм сохтмон оғоз ёфт. Полвон бо “Москвич”и кӯҳнаи худ семент, хишт кашонд, баробари устоҳо бетон рехт. Шояд оиди ин машаққатҳо сухан рондан зиёдатӣ бошад, зеро  касе ки аз сохтмон андаке хабардор бошад, ҳамаи онро хуб ҳис мекунад. Илова бар ин, машаққати  ба  доманаи каҷи  кӯҳ бино бунёд карданро тасаввур кардан душвор нест. Ҳамон сол чаҳор хона қад рост шуду онро андова ва рангубор карда, катҳо гузоштанд, ваннахона, ҳуҷраи муолиҷа тайёр шуд. Лекин ба рӯйхат даровардани санатория ба осонӣ муҳайё нашуд: комиссияи бори аввал омада,  кам не-зиёд не – сию ду норасоӣ ёфт. Гарчи ба қарз ғӯта зада бошад ҳам, Шомил руҳафтода нашуд – хулосаҳои комиссияро маъқул кард.

         Шабона дар хонаи Араббой амак ҳисобу китоб карда диданд, ки  боз фалон миллион сӯм лозим будааст.

         -Сию ду дандон сию ду вазифа дорад, - гуфт амак, ҳамон хулосаҳоро дар назар дошта ва ё аз аёлманд буданаш зорӣ карда, - ёрӣ диҳам гӯям, худам ҳам камхарҷам. Лекин ду-сето бузу гӯсфандро фурӯхта, атрофро  печонида нагирем намешавад. Якто хонача сохта,  ба ҳамон ҷой кӯчида меравам: одамони гуногун ҳастанд,  молу ҳол  гуфтагӣ барин...

         - Талабномаи комиссия чунин оғоз мешавад, - гуфт Шомил, - ман ҳам “Москвич”ро мефурӯшам,  қубур мехарем,  пасоби ванна ба дарё нарехтанаш лозим.

         Рӯзи дигар Араббой ба деҳаи ҳамсоя ба тӯй Шомилро ҳамроҳ гирифта меравад.

         - Бузкашӣ  (кӯпкарӣ) дорад, тамошо мекунӣ, - мегӯяд барои ӯро дилбардорӣ кардан.

         Ба тӯй мераванд, ки дар он ҷой  бузкашӣ не, гӯштингирӣ будааст. Онҳо ҳам  ба қатори дигарон дар як гӯша нишаста тамошо мекунанд. Дар охир як каси мӯйлабдор чемпиони вилоятро аз рӯйи гӯштингирӣ гирифта мебарояд. Довар дар мобайн  тана (барзгов) гузошта шуданашро эълон мекунад. Полвонро ду бор давр занонанд ҳам, даъвогаре пайдо намешавад.

         -Мана,  як асп гузошта шуд, - мегӯяд доварикунанда.

         Ин дам Шомил ба амак ишора мекунад:

         - Маро гирифта бароед, ӯро ғалтонда, аспро фурӯхта, деворро рост мекунем.

         Араббой амак каме дудила ва  хавотиромез шуда меистад.

         - Аз гӯштингирӣ рафтанат хеле вақт гузаштааст, боз ғалтида...

         - Хотиратон ҷамъ бошад, - маро ғалтондан осон нест!

         - Бори охирон мепурсам, даъвогар ҳаст? – овозашро баланд мекунад соҳиби давра.

         - Ҳаст! Мана полвони обигармии мо қувваташро санҷида диданӣ, - Шомилро  гирифта баромада, бо овози ларзон мегӯяд амак.

         Дар давра ғала-ғовур оғоз меёбад. Ҳангоми полвонҳоро рӯй ба рӯй кардан ҳодисаи ғайри  чашмдошт рух медиҳад: он паҳлавон Шомилро шинохта мемонад ва ё аз салобати ӯ метарсад,  ба ҳар ҳол даст мебардораду мемонад.

         Асп дар худи ҳамон ҷой ба фурӯш меравад. Араббой амак девор,  дарвоза ва посбонхонаро аз ҳамон ҳисоб рост мекунад. Дар ин мобайн худи Шомил ба  Кавкааз ва Тоҷикистон рафта, гӯштингирӣ мекунад ва ёфту тофташро ба Араббой фиристода меистад.

         Хулоса,  баъди чаҳор сол санатория ба рӯйихат гирифта шуда, ба кор сар мекунад.

         Мегӯянд, ки  солҳои аввал  адади ба ин ҷой меомадагон чандон бисёр набуд. Ҳоло дар он ҷойгир шудан муаммо. Баъзе дардмандоне, ки роҳхат ёфта наметавонанд,  ба деҳа омада, дар манзилҳои одамон ба иҷора хобида, рӯзона омада, дар ин ҷой даво мегиранд.

*   *   *

         Ҳангоми ба ошхона даромадан ба димоғи кас бӯйи хуши райҳони кӯҳӣ (мардуми инҷой онро кийик ӯти – алафи оҳу мегӯянд) фараҳ мезанад. Сабаби дарр ин ҷой ҷамъ карда мондани он, ба таъом ва чой ҳамроҳ кардани онро бисёриҳо намедонистанд.

         - Нав омадагон мана ба ин ҷой нишинанд, - гуфт мудири ошхона ба мизи шашкаса ишора карда.

         Яке бо тасмаи қабои гаронбаҳо миёнашро маҳкам баста, мӯяшро бо ҳафсала шона зада, ба назар шахси зиёинамо, хуш қаду қомат, бо  ҷавонзани қаду басташ ба худаш муносиб дар пешгоҳ ҷой гирифтанд. Ба атрофиён хайрхоҳона, дар чеҳраашон аломати моилӣ ба назар намоён, аз ҳар ду ҳам бӯйи уфори дилро ба ҷумбиш оваранда тароват медиҳад; пардоз сабук ва  табассуми занак низ мувофиқи меъёраш. Хуллас, ҷуфти муносиб!

         Баъди онҳо  мӯйсафеди ба назар  дар атрофи ҳаштодсола бо набераи ҷавонаш ҷой гирифтанд. Баъд  пирамарди дар сараш сарпӯши (каллапӯши) сафед, дар танаш яктаҳ,  риши серунаш мошубиринҷ, худоҷӯияш ба назар намоён ва дар охир  як шахси миёнақади синнаш дар атрофи панҷоҳ, шикамкалон, фарбеҳ, ба назар одами ҷиддӣ ва мушоҳидакор,  ҷой гирифтанд.

         Онҳо бо ҳам сабукак салому алейк карда, гарчи бо ҳам шиносо нестанд, илтифот ва эҳтиромашонро дареғ надоштанд.

         Дар асл одамон дар хонаҳои дамгирӣ, курортҳо хушсухан, моили ҳазлу мутоиба, ҳатто сергап ҳам мешаванд. Лекин, ба ҳамин нигоҳ накарда, онҳо “аз назди аспи носанҷида нагузар” гуфтагӣ барин,  шиносо кардани ҳамдигарро ба оқиб мегузоранд.

         Майлаш, ин норасоиро худамон пурра менамоем.

         Онҳоеро, ки  дар ибтидо ба забон гирифтем, - шахси суфтаю сипоҳ – муҳаррири  газета  - Бободӯстов. Газетаи ӯ дар тарғиби маънавият, маърифат мавқеи хоса дорад. Занеро ки  “ба вай мувофиқ” гуфта таърифаш кардем,  - шоира – Ҳуррият, майдекак бошад ҳам, китобаш нашр шудааст. “Ҳуррият” номи ӯст ё тахаллусаш, пурсидан нашояд ва ин аҳамият ҳам надорад.

         Пирамард – профессор Отабек Отақӯзиевич. Он кас  дар давоми сӣ сол дар донишгоҳ аз фанни  энтомология  маърӯза хондаанд, ба кафедраи ҷонварҳои беқабурға роҳбарӣ кардаанд. Агар гап дар бораи ҳашаротҳо равад, бо шавқу завқ ва эҳтирос сухан карданро хуш мебинанд.  Ҳашаротҳои водии Зарафшонро омӯхтаанд, систематикаашро тартиб додаанд; профессори фахрии якчанд университетҳо. Домлоро ба ин ҷой се сол боз  дарди бехобӣ гирифта меояд.

         Ҳоҷӣ амаке ки худро бухороӣ гуфта шиносонида буд, хеле пиронсол намояд ҳам, дар асл аз домло ҷавон.  Суханҳои насиҳатомез, қироат кардан, аз шоирони мумтоз байтҳо  хонданро хуш мебинад.

         Шикамкалони фарбеҳ гуфтагиамон сардори шӯъбаи милисаи ноҳия, подполковник Азларов.  Шояд бо тақозои кораш бошад, одати бемалол сухан кардан, андаке мағрурӣ, гоҳо дашном дода фиристодан дорад.

         Баъди он, ки ҳама дар атрофи миз ҷойҳои худро ишғол карда нишастанд,  Отабек Отақӯзиевич  хушсуханона пеш аз ин ҳам ба ин санатория омадани худро изҳор карду ёдовар шуд:

         - Дар ин ҷой ҳама худ ба худ хизмат мекунад, - гуфта огоҳ карда монд.

         Гарчи  ғайри чашмдошт бошад ҳам аз ин наранҷиданд ва ҳар кас ғизои ба худаш лозимаро гирифта омад.

         - Баъд коса-табақҳоро бурда мондан ҳам ба зиммаи худамон, - гӯё ба ин худаш айбдор бошад,  хиҷолатомез илова карда монд  домло.

         - Коре карда, шуста ҳам намемонем-мӣ? – ҳазломез бо оҳанги иддао кунҷковона пурсид Бободӯстов.

         Дар ҷавоб аҳли давра хандида монданд. Бо ҳамин гӯё пардаи дар мобайн будаи бегонагӣ бардошта шуд ва онҳо ҳамчун ошноёни дерина ба сӯҳбат ҳамроҳ шуда рафтанд.

         - Ба инҳо штатҳо кам, - ба ошноёни наваш дилбардорӣ карданӣ  мешуд профессор. –Шомил ҳам хӯҷаин, ҳам маъмур; ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, гоҳо молиш (массаж) ҳам мекунад. Араббой амак гуфтанӣ посбон ҳаст; мудири хоҷагӣ низ ҳамон кас.

         Бо адо шудани наҳори пешинӣ зарфҳоро бурда монданд, мӯйсафеди бухороӣ ба иҷрои намози пешин шитофт, дигарон бо кайфияти хуш ба рӯйи ҳавлӣ баромаданд. Шоира аз табиати  ёбоии ин ҷой: ҳавои шаффоф, бӯйҳои ношинос, вале дилкаш, оҳангҳо дар ҳайрат афтода,  ҳаяҷонашро пинҳон надошта, бо шавқу завқ шеър хонданаш омад, лекин барои ин андаке  вақт лозим буданашро ҳис  карда, худдорӣ намуд.

         - Духтарам шаш моҳ пеш ариза дода мемонад, - соддалавҳона давом мекунад Отабек Отақӯзиеич, - фақат  ба ҳамин ҷой оям, аз дард фориғ мешавам.  Хӯҷаини ин ҷой дар гӯштингирӣ чемпиони ҷаҳон шудааст. (Дар асл чепиони Осиё шуданашро хотиррасон карда будем ва  барои ин дигаргунсозӣ  мӯйсафедро айб кардан лозим нест).  Ман тасвири байрақи Ӯзбекистонро ба сараш бардошта истоданашро дидаам:  хурсанд шуда, аз чашмонаш об дурахшида, лекин дар ҳамон ҳолат ҳам гиреҳи абрӯяшро  накушода буд....

         Баъд ба таърифи Шомил давом кард: гарчанд муомилааш  андаке дағал бошад ҳам,  ҳамин ҷойи беодамро обод кардани ӯро хотирнишон кард.

         - Дуруст кардааст, - ҳамроҳ шуд  подполковник Азларов, - аз чемпионӣ чӣ фоида?  Баъди як-ду сол аз вай зӯртараш мебарояду, меғалтонаду тамом мекунад. Дар ин ҷой пул ҳаст! Ҳаминро ҳис кардааст ӯ.

         -Полвон соҳиби  имон, инсони хуб: чандон шефтаи пул не, - эътироз баён карданӣ шуд профессор.

         -Ман ӯро бад карданӣ не, ақлаш дар ҷояш будааст, ки  ба ҳамин кор даст задааст. Пул локомотиви ҷамъиятро ба ҳаракат дароваранда,  садқаи  он кас шавӣ меарзад,  ки сарчашмаи саодатҳо, қаноти озодӣ будани пулро медонад. Аз ҳама муҳимаш пули аз ин ҷой меёфтааш аз шири модараш ҳалол! Агар пурсанд, ки:  “Дар Ӯзбекистон имрӯз кӣ  хуб зиндагонӣ мекунад?”, ман: “Ана ҳамин хел корчаллонҳоро нишон медодам ва “ҳалолашон бод!” мегуфтам.

         Фалсафаи сардори милиса оиди пул ба муҳаррир маъқул нашуд ва  боодобона эътироз баён карданӣ шуд:

         -Дигар қувваҳои  ба ҳаракатоварандаи ҷамъият, саодатманд гардонидани инсон низ бошад даркор, -  аз чӣ бошад на ба чашм, балки ба шиками  подполковник нигоҳ карда сухан ронд ӯ.

         Мусоҳибаш аз нигоҳи  вай  фикри “Ту ҳамчун ғуломи пул ҳастӣ,  бо маишатпарастӣ ҳамчун хук фарбеҳ шуда рафтаӣ” –ро дониста монд. Баъд бо маромаш эзоҳ дод:

         - Додарам дар ҳамин ҷой понздаҳ кило хароб шуда рафт. Барои ҳамин ман ҳам омадам. Аслан  – ин ба мо ирсӣ. Раҳматӣ модарам ҳамин хел... фарбеҳ буданд. Ба панҷоҳ надаромада аз олам гузаштанд – атрофи дилашонро равған гирифтааст. Гоҳо ду рӯз гурусна мегардам, фишори хунам паст фаромада меравад,  лекин, андаке бошад ҳам, хароб шавам чӣ... Танҳо бо нони қоқ рӯз гузаронам ҳам, вазнам зиёд шудан мегирад. Акнун ба масъалаи пул биёем,  арбобони маънавиятамон “Пул ҳаром” гуфта шуури моро заҳролуд карда буданд.  Лекин, ҳамон вақт ҳам, пулро бинанд, аз болои бом худро мепартофтанд. Пул – нон, хурсандӣ,  шодӣ, озодӣ бошад, пас чияш ҳаром?

         - Агар ҳама гап дар сари пул мешуд, дастгоҳи онро ба кор андохта, дунёро ба ҷаннат табдил додан мумкин буд, - гуфт Бободӯстов. – Гуфтаанд, ки “Занҷири аз ҳама вазнин – занҷири тиллоӣ”. Замоне бобоҳои ҷадиди мо маърифат ва маънавиятро  калиди истиқлолият, фаровонӣ   дониста буданд, дар ин роҳ хун хӯрда мубориза бурданд. Дар асл неруи ташаккулдиҳандаи  мафҳумоти нави ахлоқӣ  - шояд маърифат ва маънавият бошад.

         - Барои ба ҳаракат овардани ҳамон ду омил низ пул даркор, - бетакаллуфона давом дод подполковник. – Инсонят дар давоми ҳазорҳо сол қоидаҳои ахлоқиро офарид, ҳоло худи   офаридани ахлоқи нав  - беахлоқист.

         Профессори ба ин суханони гуногун, мубоҳисаи тезутунд  бо диққат назар карда истода тамоман дар фикри дигар буд. Отабек Отақӯзиеич  неруи ба ҳаракат оварандаи ҷамъият,  омили инсонро саодатмандкунанда – фан гуфта ҳисоб мекард, аз лангидан дар ин бобат хуноб мешуд. Махсусан, дар соҳаи биология ҳоло ба дараҷаи юнониёни қадим нарасидаем,  гуфта ҳисоб мекард ӯ.  Ин дам ҳангоми аз фанни  энтомология маърӯза хонданаш дар бораи афсонаҳо оиди ҷондорҳои хурдакаки шашпоя,  ҳақиқатро боэҳтирос  гуфтанаш,  ҳоло аз ҳашаротҳо дар тиббиёт, байторӣ, ҳифзи рустаниҳо, соҳаҳои маишӣ истифода набурдани инсоният,   ҷонсӯзона сухан ронданаш, яке аз паси дигар савол додани донишҷӯён,  пеши назараш омаданд. Дар ин бобат андаке сухан карданӣ буду боз аз фикраш баргашт: “Бе ин ҳам хеле сухан кардам, - аз хаёлаш гузаронд ӯ, - пирамарди  серҷоғ будааст, гуфта фикр накунанд”. Бар болои  ин таъиноти духтараш: “Бо одамони  насанҷида камтар гап занед, зинҳор баҳс накунед, фишори хунатон баланд шуда наравад” ба ёдаш омад. Лекин шоира фикри худашро изҳор накарда намонд: ӯ шеърият – неруи илоҳии инсониятро саодатмандкунанда буданашро таъкид карда,  руҳи Ҳофиз, Алишери Навоӣ, Лермонтовро  безобита кард.

 

*   *   *

         Баъд аз хӯроки шом ба сӯҳбати мудаввар Ҳоҷӣ амак ҳам ҳамроҳ шуд. То он вақт  Бободӯстов ба шарикони наваш якчанд шумораи газетаҳояшро паҳн карда, шоира “Иффат” ном  китобчаашро  бо дастхат тақдим карда буд. Навиштаҷоти таърифии  “Шумо ба падарам монанд будаед” ба профессоре, ки  аҳли эҷодро неруи илоҳӣ ҳисоб мекард, бағоят маъқул шуда буд.

         - Шумо ҳам ба духтарам монанд будаед, -гуфт ӯ ҷавобан, - ба вай Покиза ном ниҳодаам. Шукр, ки муносиби номаш мебошад. Вай – фариштаи ман аст! Хӯҷаинатон ҳам домодамро пеши назарам овард. Ҳар дуятонро бори аввал дида,  барои гузаронидани моҳи асал омадани  домоду арӯс  ба ёдам омад.

         - Арӯсу домод ҳастем, барои гузаронидани моҳи асал омадаем, - хандаи сохта кард шоира.  Шоирони қадим онро “шакармоҳ” гуфтаанд.

         Баъд аҳли сӯҳбат овони ҷавонии худ, лаҳзаҳои хуши домоду арӯсӣ, фарзанди нахустинро ба ёд оварданд. Вақте ки сухан дар бораи духтарон рафт,  Ҳоҷӣ амак давом кард:

         - Дар телевизор як духтараки сурхондарёгӣ  “Духтари аз шумо дуо пурсидагиатон, падарҷон”, гӯён суруд хондааст. Дар асл фарзанде, ки  дуои падарро гирифтааст, дар ду дунё ҳам кам намешавад.

         Баъди он, ки  мӯйсафед  дар бораи Иброҳими Адҳам ва Маликаи Хубон батафсил ҳикоя оғоз кард, ба дигарон навбат нарасид.

         Рӯзи дигар фарзандонашонро пазмон шуданд магар, ки  суханронӣ дар бораи фарзанду набераҳо  рафт.   Отабек Отақӯзиеич   ҳам ҷим нанишаст:

         -Худо ба ман як духтару як писар дод. Писар ҳарбӣ шуда рафт. Дар Маскав хонадор шуду дар ҳамон ҷой монда рафт.

         - Чӣ чора, нону намак, - хуштавозеона ба гап ҳамроҳ шуд Ҳоҷӣ амак. – Насибааш дар ҳамон ҷойҳо пошида шудааст, монед чида хӯрад.

         - Духтарам ҳар рӯз  вақти ба кор рафтанаш ҳам, ҳангоми  баргаштанаш ҳам,  аз ман хабар мегирад. Баъди вафоти завҷаам, “акнун ман ҳам зинда намонам даркор”, гуфта будам. Чунки, раҳматӣ маро расо эрка карда буд: ҳатто чойро  ҳам дуруст дам карда натавонистанам маълум шуда монд. Духтарам  бе миннат ҷомашӯйиамро  мекунад, хӯрокамро муҳайё мекунад. Ба ин ҷой роҳхат гирифта, мана, писарашро ҳам ҳамроҳ карда фиристод, - гуфту ба сӯйи  ҷавонписари  дар паҳлуяш нишаста ишора кард.

         - Зан дунёро меҷумбонад гуфтанашон ана ҳамин аст, - гуфта маъқул кард шоира.

         Баъд аз ҳамин онҳо дардмандиашон ва  бо ҳамин сабаб  азоб кашиданашонро пинҳон накарданд. Подполковник фарбеҳиро лаънат кард.

         - Ба як  экстрасенс бовар карда, бемории дигареро зиёд карда гирифтаам. Вай дору гуфта,  тухми кадом хел як кирм (киҷҷа)ро пул мекардааст. Он текинхӯрҳо дар  шикам бисёр шуда, хӯрдагиатро аз худ кардан мегирифтаанд. Бисёр хӯрок мехӯрдагӣ шудам, лекин хароб ҳам нашудам. Чунки зараркунандаҳои гуруснаофат хунамро ҳам заҳролуд карда будааст. Ҳолам рафта, бемадор шуда мондам. Ба мурданам андаке монда буд, ки ба  шифохона хобониданд. Баъди  сиҳат шуда баромаданам он хоҳарғарро дошта, модарашро  ба чашмаш нишон додам!

         -Волидаам бо фишори хун рафтанд, - давом кард профессор,- расо ба синну соли ман буданд. Як хоҳари калониам ҳам ҳамин хел шуд. Худам аз бедорхобӣ азоб мекашам. Хоб ки нест, ҳар хел бемаънигиҳоро фикр мекунам, фишорам ба ду саду бист баромада меравад. Гоҳо тамоми шаб печида мебароям, аз  зиқ шуданам,  то чанд ҳазорро мешуморам – фоида надорад. Фақат дар ҳамин ҷой оям, дар шиками модар хобидагӣ барин мазза карда мехобам. Шароиташон он қадар хуб несту, аммо...

         Аз беморӣ шикоят накардани  “арӯсу домод”  ҳамин тавр барои дамгирӣ омадани онҳоро дарк кардан душвор набуд. Ҳоҷӣ амак ҳам аз чӣ бошад, дар ин хусус чизе намегуфт.

         - Инҳоро дар “Тартибу қоидаҳои дохилӣ”, ки дар даҳлези бино овехта мондаанд, хондам, - гуфт  Бободӯстов, ки то ҳол суханони мусоҳибонашро бо диққат гӯш карда меистод:  “Дар  ҳудуди оромгоҳ  нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол кардан, тамоку кашидан манъ аст; касоне, ки ба ҳаракатҳои зиддиахлоқӣ роҳ медиҳанд, пеш карда мешаванд”,  гуфта навиштаанд. Худам наменӯшам, намекашам,  кодексҳои ахлоқиро ҳурмат менамоям, лекин ин хел навиштаҷот бар зидди “Декларатсияи ҳуқуқи инсонӣ” мебошад.

         - Ҳангоми соли гузашта омаданам, як бойбаччаи корчаллонро бароварда пеш карда буданд, - гуфт дар ҷавоб Отабек Отақӯзиеич, - ҳар рӯз маишат, шаробнӯшӣ... Дағдаға карданӣ шуд, аз ваҷоҳати Шомил тарсида, ҷомадонашро бардошту рафт.

         Баъд якҷоя шуда ҳамон бойбаччаро сиёҳ карда, дар ҳама гуна ваъият  зарур  будани одоби инсонро  таъкид карданд.

         - Ҳазрати Ҷомӣ:  “Одоб - тоҷи илоҳии дар сарат буда, онро пӯшида ба ҷойи дилхоҳат рафтанат мумкин” - гуфтаанд, давом дод Ҳоҷӣ амак.

         Ба суханони ӯ бо эҳтиром  гӯш карда истодани атрофиёнаш боварӣ ҳосил карда, аз  Китоби Муқаддас  ба забони арабӣ оят хонду тарҷима кард: - “Яъне онҳо – беодобон – одамони соҳиби имони Оллоҳро  фиреб доданӣ мешаванд ва  дар ҳолате ки худашон намефаҳманд, худашонро фиреб медиҳанд”.

         Агар ба пастӣ нигоҳ кунед, бомҳои шиферӣ ва  аҳён-аҳён бо тунукаҳои сафед         пӯшида ба назар мерасанд,  мошинаҳо  бозичаҳои бачаҳоро  ба хотир меоваранд. 

         Муҳаррир: “Шумоён ба боло менигаред,  ман бошам ба паст, чунки ба баландӣ баромада шудаам”,  гуфтани кадом як файласуфи немисро ба хотир овард. Вай  мазмуни ин гуфтаҳоро  шарҳ доданӣ буд, ки Ҳоҷӣ ака набераи шармгини  домлоро ба гап дароварданӣ шуд.

         -  Бачаҷонам,  дар синфи чандум мехонӣ?

         Аз ин саволи ғайри чашмдошт ҷавонписар хиҷолат кашида, дар коллеҷ таҳсил карданашро  гуфт.

         - Хон, чароғам, хон! Хонӣ, одами бузурги аз ҳама ҷой истода таъзим медодагӣ мешавӣ. Дар Ҳадиси шариф одами нохонда ба бечораи дар ботлоқ ғӯтазада шабоҳат дода мешавад. Баъд аз рӯйи одаташ шеър хонд:

 

                            Басту кушоди ҷаҳон – бо илм аст,

                            Муроди дили нодир – бо илм аст1

                            Суруру шодии дилҳо аз илм аст,

                            Нури дидагони бино  аз илм аст!

 

         Домло, аз набераашро бо саволборон карда, ӯро мулзам карданаш хавф бурда,  ба Ҳоҷӣ амак  нигариста пурсид:

         - Тақсир, худашон  чӣ хел беморанд?

         Ҳоҷӣ амак каме дар ҳолати нобоб афтода монду ба профессор наздик шуда, ба гӯшаш:

         -Пешобро нигоҳ дошта наметавонам! – гуфт пичирросзанон ва боз худро ба оқиб гирифту, бо оҳанги аввала давом кард:

         - Вақти ба Маккатило рафтан оби хунук  нӯшида мондем. Як шарикамон шушашро бой дода омад, мо  гурдаро аз кор баровардем. Бар болои ин, гӯед, ки  пой сахт дард мекунад.

         Домло аз  дар назди умум дарди  ҳоҷиро бетакаллуфона пурсиданаш афсӯс хӯрда монд.

         -Узр, узр, - гуфт, - гурдаро намедонаму,  пойро даво мекунанд. Ба ванна дароварда  дар дохили об расо молиш медиҳанд. Бо асо омада онро партофта рафтагонро дидаам.

         Баъди ҳамин пароканда шуданд. Профессор бо Ҳоҷӣ амак ва Азларов  баргашта истода, ба  одоб, дониш ва худдории “арӯсу домод” тасанно мегуфтанд.

         - Кабӯтар бо кабӯтар, кунад парвоз ғоз бо ғоз, - маъқул кард мусоҳибаш.

         – Ин Бободӯстов одоби шунидани одамро ба маромаш мерасонидааст. Ба инҳо дилатро кушода, розатро баён мекунӣ.

         - Ин тоифаҳо бо чунин хусусияташон хавфноканд, -  нафоронда ҳамроҳ карда монд, сардори миршабҳо, ки андаке пештар қадам монда  мерафт, лекин ба хоҳиши ҳамсӯҳбатонаш нигоҳ накарда,  шарҳу исбот кардани фикрашро напазируфт.

         Дар мобайн сукунат ҳукфармо шуд.

         - Одам, ки пир шуд, гоҳ-гоҳ дар бораи марг фикр карда мемондааст, - хомӯширо вайрон кард Отабек Отақӯзиеич.

         Ӯ фикрашро ба охир нарасонида  Ҳоҷӣ амак шеър хонд:

 

Ғуломеро, ки  азизаш медорӣ, касе хораш накард,

Гар ту хораш мекунӣ, ҳар ҷой равад хораш шавад.

 

         Баъд илова карда монд:

         - Оллоҳ мағфираткунанда ва бахшоянда аст...

 

*   *   *

         Машғулоти варзиши субҳонаро худи Шомил гузарониданашро фаҳмида,  ҳама саросемаворона ба хонаи варзишӣ ҷамъ мешаванд.  Духтараке дар либоси варзишӣ даромада сафро дуруст мекунад. Ҳа нафгута, аз дари пешгоҳ як мардди азимҷусса даромада меояд. Ин – ҳамон полвон буданашро ҳама дарк мекунад. Ӯ  фаҳмо-нофаҳмо, сарашро хам карда, салому алейк мекунад ва ба саф нописандона назар карда мемонад. Ӯ аз духтури дар назди беморон истодагӣ дида,  бешгар ба генерали дар рӯй ба рӯйи аскарони  қатор истодагӣ шабоҳат дошт.

         Шомил  аввал ба як шахси лоғари арабсуроб  нигоҳ карда:

         - Дар куҷо ҷой гирифтед?

         -Дар деҳа...

         -Пагоҳ ҷой холӣ мешавад, так-что,  меоед, - сухани ӯро бурид.

         Баъд ба тарафи подполковник нигоҳ карда:

         - Шумо дар куҷо кор мекунед?

         -Дар милитсия?

         -Бо ин шикам чӣ тавр аз паси ҷинояткор медавед?

         -Аз паси ҷинояткор давидан – проблемаи (муаммои) милиса. Ман сардор ҳастам, - бурро ва бардам ҷавоб дод ӯ.

         - Ба ҳар ҳол, пример (намуна) шуданатон даркор-ку.

         - Ин проблемаи ман.

         - Майлаш, гуфт Шомил, - шикаматонро хурдтар карда фиристодан – проблемаи мо.

         Онҳо беғубор хандиданд. Баъд полвон мушташро сахт гиреҳ карда, дандон ба дандон монда, ба подполковник нигоҳ карда, ҳазлу рост омехта давом кард:

         -Худам  гӯштатонро  чунон мефишорам, ки  равғанатон шорида барояд! Тоқат кунед мешавад!

         Азларов ҳам ҷавобан хандида фиристод.

         - Вақте ки муфаттиши маскавӣ низ дасту поямро баста, бо  дубинка (дарра) аш расо кӯфта буд,  низ “ғинг” нагуфтаам.

         - Гуноҳатон будагист-дия?

         - Беайб – Парвардигор!

         Чунин гуфту, дере нагузашта илова карда монд:

         - Солҳое буданд, ки  ба инсон, фарзанди вай касе гӯш кардан намехост!

         Нигоҳи Шомил ин дафъа ба  шахси миёнсоле, ки ба асо такя карда меистод,  рост омад:

         - Ревматизм-мӣ?

         - Ҳам ревматизм, ҳам остеохандроз, ҳам полеортрит.

         - Асоро аз куҷо гирифта будед?

         Ӯ  ишораи Шомилро нафаҳмида, ба асои бо нақшҳои заррин оро дода шудааш, ки дар он:  “Ба падари бузургворам  тӯҳфа аз  Кавказ” навишта шуда буд,  нигоҳ карда:

         - Писарам аз  Сочи овард.

         - Мо  музей (осорхона)и  асоҳоро ташкил кардаем,  инро партофта меравед!

         Амак нашунид ва ё нафаҳмид, ба ҳар ҳол хомӯш монд.

         Дар қатор хандаҳои сабук шунида шуданд.

         Машқҳо оғоз ёфт.

         - Аввало хам мешавед, рост мешавед. Як, ду, се. Такрор намоед! Акнун хам шуда панҷаҳои дасти ростро ба пойи чап мерасонед. Як, ду, се...

         Баъди машғулот ӯ бо оҳанги  фармон давом кард:

         - Баъди завтрак (ношто) бо нав омадагон ба кӯҳ мебароем.  Так-что  тайёр шавед!

         Онҳо барои ношто рафтанд.

         - Шумо ба вай ҷавоби муносиб додед, - гуфт муҳаррир дар бозгашт ба подполковник, алейк мувофиқи салом буданаш шарт. Дар акси ҳол бо сабаби амал ва ё пул одамони дуппа-дуруст дағал, бадмуомила, бадгап шуда мемонанд ва  инро ҳам андаке фазилат мешуморанд.

         - Ҳа, осмон наъра назанад,  мужик саҷда намекунад,  мегӯянд русҳо. Ҷавоб мувофиқи савол шуданаш даркор. Айнан хушфеълиамон гоҳо моро хароб мекунад, - гуфт ва бо андаке ғурур давом кард:  Гардан бошад, гарданбанд ёфт мешудааст.

         - “Сар хам  накун,  завлона напӯш, ки ту ҳам ҳур тавлид шудаӣ”, гуфтааст шоир, - ҳамсӯҳбаташро тезонда монд Бободӯстов.

         - Бештарини инҳоро дида, шикаста патофтаам! – бо пардаи болотар давом кард подполковник. – Ба мо ҳокими нав омада буд. Ба рӯйи роҳбаре ки гуфташро иҷро накунад ва ё ягон ишкели дигар намояд, зада мефиристод. Дар ноҳия ҷонишини сардор будам: калонамон ба маҷлис маро фиристод. Фикр карда бинам, аз тарс чунин карда будааст. Ба аксаш гирифта, фоизи  ҷинояткорӣ афзуда буд. Ҳоким  ҳамаи  моро қатор карда монду нахуст расо дағ-даға кард. Баъд ба рӯйи директори заводи пахта торсакӣ фаровард. Чунон ки мегӯянд,  “дарди миён доштаро пояш меларзад”,  вай низ сар хам карда истод, номард.  Навбат ба ман расид. Сабаби афзудани ҷиноятҳоро пурсиду ҳоло ҷавобамро нашунида, гарданамро ба нишон гирифт. Бо дасти чапам аз  орунҷаш дошта гирифтаму: “Ҳе,  хоҳаратро...” гуфта, ба китфу гарданаш омехта фароварда фиристодам.  Калавида рафт. Бовар мекунед, омада дастамро фишурд. “Будед-ку – гуфт аз ноилоҷӣ, - бо шумо ҳамроҳ кор мекунем!”  Даср асл, ин ҳам як роҳи аз об хушк баромадан буд. Лекин, аз мобайн ягон моҳ нагузашта,  маро сардор таъин карданд. То ҳол дар ҳамин вазифа ҳастам. Баъд аз ҳамин он ҳоким ба касе даст боло намекардагӣ шуда монд. Ин Тайсон гуфтаатон як хирси доимо гӯштин гирифтагӣ дия. Худо аз нерую қувват додааст-мӣ,  донед,  ки аз  додани донишу фаросат  даст мекашад. Мебинед, ӯро ҳам шикаста меравам!

*   *   *

         Онҳо тақрибан понздаҳ нафар буданд. Шомил  пешкаш буд ва  оҳиста-оҳиста қадам мезад. Дар мобайни аз оқиб омада истодагон бист-сӣ қадам масофа нигоҳ дошта мешуд. Баъзе занон ва беморон хеле ба оқиб монда рафтанд. Истода, онҳоро мунтазир мешуд ва боз ба боло ҳаракат мекард. “Арӯсу домод” ва домло паҳлуи ҳам мерафтанд, Азларови  “бораш вазнин” оқибтар монда, бо обу арақ якта шуда, базӯр қадам мемонд. Муҳаррир аз вазъият истифода  бурда, ба Шомил наздик шуда,  барои бо вай мулоқот кардан каме  тезтар қадам зад. Ба вай наздик  шуда, аввал ба манзараи табиат тасанно хонду баъд:

         - Ниҳоят ба кори савоб даст задаед, - гуфт.

         Одатан баъди чунин эътироф  ҷавобе аз қабили: “Ҳоло корҳои мекардагиамон хеле бисёр” шуданаш лозим буд. Лекин Шомил: “А-эй!” гуфту бе такаллуф ба боло баромада рафтан гирифт. Бободӯстов қадамашро суст карда, ба шариконаш пайваст шуда рафт. Аввал аз Шомил андаке ранҷид, лекин ӯро  ба хирс монанд кардани подполковникро ба хотир оварда, бо эҳсосоти ҳамфикрӣ бо ӯ хандида монд.

         Баробари болотар баромадани одамон манзараҳо дигар шуда,  ҷозибаноктар намудор шудан мегирифтанд. Домло ҳарсос зада,  гӯё байни донишҷӯён бошад,  бо эҳтирос табиатро мадҳ мекард.

         - Ана ҳамин ҷонвари  сурудхонро малахи туркман мегӯянд. Ба овозаш гӯш кунед – ба булбул монанд аст. Одамон мурғони хушхонро  ром мекунанд, лекин ҳашаротҳоро.... Боварӣ дорам, ки авлоди оянда онҳоро ром карда, хонагӣ менамояд.! Дар табиат даҳҳо ҳашаротҳое ҳастанд, ки навои хосаеро ба маромаш оварда месароянд: малахи сиёҳ,  саратон, намудҳои гамбуск... Ба даст ром кардани онҳо акнун оғоз ёфт. Аврупоиҳо замоне  замбӯри асалро, чиниҳо – кирми пилларо хонагӣ карда ба инсоният миллионҳо манфиат рсониданд.

         Пайроҳа ба санги калони паҳн бархӯрд.  Аз ин ҷой пастӣ манзараи дигар касб карда буд – дар он ҷойе ки шохобчаҳо ҷамъ шуда, як кӯли нилгун пайдо шуд буд, бачаҳо гов чаронида гаштаанд; дар пасттар як осиёби пасту хароб ҳаст...

         Онҳо нафас рост карда гирифтанду, боз ба роҳ даромаданд.  Вақте ба он ҷойе, ки ба назди бодомчаҳои сабзи ёбоӣ тӯбзада расиданд, тӯдаи  шабпаракҳое, ки дар ҳаво чун тӯб гирд зада парвоз мекарданд, диққатро ба худ ҷалб намуд. Ҷондорҳо ҳар чӣ қадар боло парвоз кунанд,  тобиши рангашон дигар мешуд: гоҳо ҳамчун рангинкамон, гоҳо як каф қирмиз ё гули зард барин метофтанд: дар ин ҳолат  офтоби нав тулӯъ карда истода ё  ба доми шом фуӯ рафтаистода, аниқтараш шафақро монанд буд.

         - Инҳо – шабпаракҳои шафақранге, ки ба гурӯҳи тангачақанотҳо мансубанд, - ба фаҳмонидан давом  кард профессор. – Онҳо фақат дар кӯҳистони мо ҳастанд. Насл гузошта, ҷамъ шуда ба  осмону фалак парвоз мекунанд: дар он ҷой ба мурғҳои ёбоӣ, хусусан  ба фароштурук ва  каркунак  озуқа мешаванд – вақташ, ки расид, ҳамин тавр  ба марг  рост мераванд.

         Вақте ки ӯ оиди инҳоро чӣ тавр ёфтанаш, ба онҳо ном доданаш, ҳамчун навъ ба система дохил карданашро ба ёд оварда истода буд, аз зери он бодомчаҳои  ёбоӣ як кабк  “как-как” карда тохта баромаду ба доманаи кӯҳ  гурехта рафт. Аз байни хорҳо қариб даҳ адад чӯҷаҳои вай ҳам парида баромада, аз паси модарашон  дав-давон  тохта рафтанд.  Барои бисёриҳо ин ҳолат як тамошои бағоят ҳаяҷоннок ва завқовар буд. Набераи домло беихтиёр аз паси онҳо тохт. Дигарон низ истода натавониста, аз паси вай рафтанд. Ҳамиин ақт овози наърамонанди Шомил шунида шуд:

         - Ба оқиб!

         Ҳама тарсида, дар ҷойи худ шах шуда монданд. Баъд касе хиҷолат кашида, касе ранҷида,  ба пайроҳа баргаштанд. Шомил бошад, ба мақоли  “духтарам ба ту мегӯям, келинам ту шунав” амал карда, заҳрашро ба писарак мерехт:

         - Чӣ мекунӣ вайро қапида? Мехӯрӣ? Гурусна ҳастӣ?

         Баъд ҳамаро огоҳ кард: - Ягон кас аз дорожка (пайроҳа ) набарояд!

         Одамон аз ин бемулоҳизагӣ ба ҳамдигар бо маъно нигоҳ карда монданд ва ҳар кас ба таври худ хулоса баровард.

         Муҳаррире ки ба “Китоб сурх” дохил шудани кабк ва ҳимоя кардани он зарур будананашро навишта буд,  сардори милиса, ки ҷинояткори ба ин мурғ тир холӣ кардаро дастгир карда буд, шоирае, ки пойҳои сурхи ин “булбули кӯҳӣ”ро ба риштаи назм кашида буд - ҳама, дафъатан ӯро барои чӣ таъкиб карданашонро надониста монданд. Ҳоҷӣ амак бошад,  барои  бобояшро ба ҳолати ноҳинҷор гузоштанаш писаракро танбеҳ дода, аз рӯйи одат  шеърхонӣ  кард:

        

                            Бачаааш  хурд буд – гиря мекард Яъқуб,

                            Бачааш калон шуд - гиря мекунад Яъқуб...

 

         Баъди боз каме роҳ  гаштан Шомил боз ба як майдонча истод. Одамон пасу пеш ҳарсоссзанон расида омаданд. Муҳаррир ба профессор дағалии Шомилро гуфтанӣ, набераи ӯро нодуруст ранҷониданашро таъкид карданӣ шуд, лекин домло ҳамоно дар бораи ҳашаротҳо сухан мекард.

         Мана ба ин мӯрча нигаред: инро фойтун мегӯянд. Навъи аҷоиб. Дар зери замин хеле мураккаб лона месозад. Худам кофта дидаам: даҳлез, амбор, манзили бачаҳо алоҳида.  Вай тамоми умр хоб намекунад.        Инҳо аз замбӯри асал ҳам доно:  ба беморонашон ғамхорӣ мекунанд, нобуд шудагонашро бароварда гӯр мекунанд. Бегонагонро ба лонаашон роҳ намедиҳанд.

         - Ҳамин ҷонварҳо ҳам бо он кор машғул мешаванд? - барои боло бардоштани кайфияти дигарон ҳазлу рост омехта савол дод Бободӯстов.

         Баробари дигарон ба лаби Шомили абрувонаш овезон низ андаке табассум пайдо шуд.

         - Ҳамаи инҳо ба ҷуз меҳнат дигар кореро намедонанд, аммо дар оила барои афзудани насл падару модари махсуси мӯрчагон ҳастанд. Шумо мӯрчаҳои  қанотдори парвозкунандаро дидаед? Ана ҳамон мӯрчаи бордоршуда. Вай дар манзили дигар рафта тухм мемонад ва ҳамин хел авлод давом мекунад.

         Баъди ором гирифтани домло шоира барои шеър хондан иҷозат пурсид. Дар бораи лола, садоқати зан бо  эҳтиросу ҳаяҷон шеър хондан ба ӯ мезебид.  Дилҳои ташнаи   ҳиссиёти  ногаҳонӣ ба эҳсосоти ҳаловатбахш ноил гардиданд. Домло худро  навҷавон ҳис кард. Зеро мавриди  аз шеърият завқ гирифтан буд.

         Онҳо роҳро давом доданӣ шуданд. Шомил ғайри чашмдошт ба  амаки асодор бо оҳанги фармон гуфт:

         - Шумо монда шудед, пас гардед!

         Ба як занаки нафасгардон низ иҷозат шуд. Баъд ба Отабек Отақӯзиевитч нигоҳ кард.

         - Шуморо гирифта бароем, экскурсоводи хуб мешудед,  аммо илоҷаш нест. Так-что...

         - Худамро хеле ҷавон ҳис карда истодаам, - гуфт домло  бо оҳанги илтиҷоомез.

         - Набераатон бо мо меравад, ба шумо барф гирифта мебиёрад, - розӣ нашуд садор.

         - Ман ҳам барнагардам намешавад, гуфт Ҳоҷӣ амак.

         Дар асл ӯ монда нашуда буд, лекин ҳоло фармони барои  аз роҳрав берун набаромадан додаи Шомил ӯро ба ташвиш оварда буд: аз  саволи пешоб танг кунад, чӣ мекунам ба хавотир афтода буд ӯ.  Баъди ба вай иҷозат додан, муфаттиши собиқ низ даст бардошт.

         - Ман ҳам монда шудам. Бо Ҳоҷӣ амак баргардам...

         - Не,  шумо мебароед! –гӯё суханони ӯро аз забонаш кашида гирифта бошад, канда ҷавоб дод Шомил.

         Бободӯстов ҳозир подполковник низ якбора ҷавоби дағал мегирад, зиддияти ҷиддӣ рух медиҳад, Азларов ӯро “шикаста мепартояд” гуфта гумон карда буд, лекин ин тавар нашуд: сардори миршабҳо ҷавоби рад нагирифт. Сукут бошад аломати ризост...

 

*   *   *

         Ҳамин тариқ, онҳо бо ҳам унс гирифта рафтанд. Ҳар рӯз, баъди гирифтани муолиҷаҳо,  дар мавзӯъҳои гуногун сӯҳбатҳо карда, завқ мегирифтанд ва  нисбати ҳамдигар меҳрашон меафзуд.

         Домло ин дафъа бо илтимоси аҳли давра чӣ тавр пайдо кардани  шабпаракҳои шафақранг ва онро худи ҳамон сол (наваду якум) ба система дохил карданашро ҳикоя кард.

         -Якчандтояшро дошта мегирифтаму, популятсияаш (ҷараёни афзоиш ва  паҳн шуданаш)ро меомӯхтам.  Ранги ин шабпарак бо гузаштани вақт мувофиқи  муҳит дигар шуда, дар поёни умраш рост ба сӯйи марг меравад...

         Сухан давр зада боз дар хусуси Шомил меояд.

         - Ин Тайсон гуфтагиатон ҳама ходимонашро аз Обигарм гирифта будааст-дия? – бо назари савол ба профессор нигарист Азларов.

         - Аввалҳо русҳо ҳам бисёр буданд, шояд  ҳама рафтаанд,  фақат якто занак мондааст.

         - Шомилро таъриф мекунед, аммо ман ӯро нафаҳмида мондам, - ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд муҳаррир, - интервю (мусоҳиба) гирифтанӣ будам, розӣ нашуд. Ба назарам моҳияти матбуотро намефаҳмад.

         - Мефаҳмад, -давом дод Азларов бо ким-чӣ хел як заҳрханда, - бинобар ин аз журналистҳо дуртар мегардад. Чунки  ба ҷуз ҳамду сано дуртар нарафтани газетачиҳоро медонад. Хӯш,  аз ана ҳамин таърифот ба вай ва хел чӣ фоида? Адади мақоларо хонда ба ин ҷой меомадагон зиёд мешаваду бас. Ҷой бошад, намерасад. Аз ин асаби Шомил ҳам, он каси дардманд ҳам вайрон мешавад. Шумо ному насаби  вазир ва ҳокимро навишта танқид кунед,  онҳо омада маблағ диҳанд, ба сохтмони биноҳои иловагӣ  мадад расонанд,  ана фоидаи инро бинед. Аммо бо танқид кардани онҳо аз амалатон хавотир мекашед! Ба журналистони мо ҷуръат суст..

         Муҳаррир чизе нагуфт. Аммо аз қиёфаи ӯ нафрати:  “Забони туро, ки ҳамчун хук барои фарбеҳшавӣ бонӣ мекунанд, ин   қадар заҳр”-ро хондан душвор набуд. Барои ҷавоб  лаб ҷуфт карду,   ҳозирҷавоби рӯйнатан будани мусоҳибашро ба хотир оварда, андеша кард.

         - Да...- гуфта монд маънодор карда.

         Домло вазъиятро мулоим карданӣ шуд ё ки ҷим нишастанро лозим надонист магар, ки ба  мобайн даромад:

         - Газетаҳоямон ҳам зӯр не,  журналистонамон ҳам, аммо..

         Он муҳаррире ки ҳоло заҳри худро ба рақибаш рехта натавониста истода буд, домлоро ҳурмат накарда, сухани ӯро бурид.

         - Шумо аз куҷо медонед? Одаме, ки  аз паси ҳашаротҳо гаштаед.  Дар соле ки халқ барои истиқлол ҷон дода, ҷон мегирифт шумо  шабпарак дошта гаштед, - гуфт.

         Домло аҳли эҷодро шахсони идеалӣ ҳисоб мекард ва суханони онҳоро бе ҳеҷ хел гумон ҳақ ва рост қабул мекард. Ин дафъа низ ҳамин хел шуд. Аммо Азларов ба Бободӯстов зарба дода, нигоҳи профессор, хаёлоти ӯро  зеру забар карда фиристод.

         - Ин кас  ҳамчун одамон мунофиқ набудани ҳашаротҳоро  медонистанд-дия, - гуфт.

         Аз  дилозорӣ хавф бурда, ҳама  ҷим шуда монданд.

         Шояд барои машмашаи нохуш имконият надодан бошад, Ҳоҷӣ амак аз  шоири мумтоз шеър хонд:

 

Май бихӯр, масҳаф бисӯзу оташ андар Каъба зан,

Сокини бутхона бошу мардумозорӣ макун!

 

         Баъд мазмунашро гуфта дод:  шароб нӯш, китоби Муқаддасро бисӯз, Каъбаро оташ зан, ба бутхона рафта  зери бут сар хам кунӣ ҳам майлаш, лекин инсонро озор надеҳ!

          Ҳоҷӣ амак ин шеърро ба чӣ мақсад, киро дар назар дошта хонданашро фаҳмидан душвор шуд. Баъд  дар мадҳи  аҳду вафо,  садоқати оилавӣ шеърҳо хонда шуд. Дигарон инро маъқул карда, ба гап ҳамроҳ шуда рафтанд.

         - Дар декабри  соли як ҳазору ҳашт саду бисту панҷум дар Россия як гурӯҳ дворянҳо шӯриш бардошта буданд, подшоҳ онҳоро ба Сибир сургун кард., - мавзӯъро дар ин хусус аз таърих оғоз кард Бободӯстов, - ҳамон вақт хонумҳои бо садоқаташон онҳоро суроғ карда рафтанд ва бисёриашон  дар сармои он ҷой тоқат карда натавониста  ҷон доданд.

         Ӯ ба ин қаноат накарда,  порчаеро аз достони  шоири рус Некрасов, ки дар бораи яке аз чунин занҳо – графиня Екатерина Трубетскаая бахшида шуда буд, аз ёд қироат кард.

         Ҳангоми баён кардани азобҳои дидаи занак аз изтироб қиёфаи ӯ дигаргун шуданаш ҷозибанок буд ва аз кадом ҷиҳат ҳунарвари соҳибистеъдоди театр (актёр)ро ба хотир меовард. Ҳангоми суханронии ин одам ҳар як шунаванда: “ӯ фақат шуниданро не, суханрониро ҳам ба ҷояш мерасонидааст” гуфта фикр карданаш ҳолати табиӣ буд.

         Баъди он, ки барои ҷалб кардани диққати аҳли давра, барои ба осмони ҳафтум баровардани андешаи онҳо дар бораи зан, мубориза барои оила  гуфтугузор ба охир расид, ҳама аҳли сӯҳбат дар оғӯши таассуротҳо банд буданд.

         Бободӯстов давом кард:

         -Худам низ мехоҳам, ки  дар матбуотамон,  адабиётамон  бахшида  ба  ана ҳамин хел занони садоқатманд, мубориз асарҳо хонам.  “Матбуоти зард”и мо бошад, доимо ашӯлачиҳои сатанг,  шавҳарони сеюму чоруми онҳоро  рӯйи дастурхон карда менависанд. Ҳар як кас – ӯ хоҳ мард, хоҳ зан бошад, аз ҳангоми пиронсолӣ беназорат мондани худ дар хавотир монда зиндагӣ карданаш лозим!

         Спартак ба хоҷаи худ: “Майлаш, маро зан, лекин ба суханонам гӯш кун” гуфта будааст. Ман бошам,  ба онҳое, ки дар оилаашон хунукӣ афтодааст, гуфтанӣ ҳастам: “Майлаш, маро зан, аммо аз оилаат  ҷудо накун!”

         Шоира сӯҳбатро давом дода, андаке дар оҳанги дигар ҳикоят кард:

         Шумоён  шояд “Ҷамила” ном асари Чингиз Айтматовро хонда бошед.  Зан  шавҳари нағзакаки худро партофта, бо каси дигар гурехта меравад. Ҳама ӯро лаънат мекунад. Дар деҳаи мо ба ҳамин монанд як  ҳолат шуд. Тасодуфро бубинед, ки  номи ин занак ҳам Ҷамила буд. Дар дасташ духтарча дошт. Бо донишҷӯйи ба  деҳаи мо ба таҷрибаомӯзӣ омада... Бачаашро ҳамин тавр ба дасти  модарарӯсаш медиҳаду... Бисёр гап шуд. Сангсор карданӣ ҳам шуданд, амо даракашро наёфтанд. Худам низ аввал онҳоро сиёҳ кардам, баъд аз фикрам гаштам. Не, Ҷамиларо қурбони муҳаббат гуфтанӣ нестам. Лекин, худатон фикр карда бинед: ҷавонон аз деҳаҳо баромада рафта истодаанд. Яке барои кор ба Русия, дигаре ба Тошканд, Самарқанд барои таҳсил ва дар бисёр ҳолат дар ҳамон ҷой ба духтарон хонадор мешаванд. Духтарони соҳибҷамоли деҳа бошанд, маҷбур мешаванд, ки  ба чӣ хел як ҷоҳилон,  майзадаҳо  ба шавҳар бароянд ва ё ҳамон ҳам насибашон намешавад. Бо шавҳаре, ки дӯсташ намедорад, зиндагӣ кардан дида, гурехта рафтанро афзал донад чӣ бад аст? Ё худ:  мардонеро пеши назар оваред, ки ба ҷуз кор дигар чизеро намедонанд. Дили зан бошад,  нозук – вай хушгуфторию хушомадро нағз мебинад, ба театр, санатория, саёҳатҳо баромаданро  мехоҳад....

         - “Эй одам, шумо бо ҷуфтатон дар ҷаннат ҷой ёбед”, гуфта шудааст дар китоби Муқаддас, - шоира суханашро ба охир нарасонида,  ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Ҳоҷӣ амак саросемаворона.

         Сардори миршабҳо ҳам ҷим наистод.

         - Гоҳо расми Рафаэли бузург кашидаро дида, фикр карда мемонам. Ӯ занони солими кӯдакони солим дар даст дошта истодаро мусаввирӣ мекунад. Дар асл низ, аз зане, ки   кӯдаки дар даст бардошта истода дида,  шахси  бахтиёр ҳаст магар?! Мегӯянд, ки боғ ором бошад, булбул бисёр мешавад. Оила тинҷ бошад, завқу шавқ бештар мешавад. Бинобар ин ҳам ба вай хиёнат  кардан – гуноҳи азим.  Агар  вазъиятро дигар карда натавонӣ, барои муносибати оилавӣ вазъиятатро дигар карданат шарт! Роҳи дигар нест! Чунки оила намебахшад. “Дар рӯйи олам барои ҳар як кас  хазинаи барояш муқарраршуда ҳаст ва   ӯро мунтазир аст”, - мегӯяд як донишманд. Дар асл оё аз оилаи хушбахт дида,  хазинаи бойтаре ҳаст магар?

“Арӯсу домод”  барвақттар рухсат пурсида, хеста рафтанд. Дигарон сӯҳбатро давом доданд.

         - Ҳикояти шоира ба ман нафорид, - гуфт Азларов. Аниқтараш ин гапро барои чӣ гуфтанашро нафаҳмида истодаам.

         Баъди андаке  илова карда монд:  - Майлаш, шояд фаҳмида монам...  Дар байни журналисту шоирон мулломонандҳо бисёранд: гуфти онҳоро кардан даркору, кардагиашонро не.

         - Имом хатиби масҷидамон буд, - давом кард Ҳоҷӣ амак, - арабиро об карда хӯрда буд. Китоби Муқаддасро аз ёд медонист. Вақти амри маъруф карданаш тамоми вуҷудат меларзид. Имом- хатибҳои масҷидҳои дигар барои шунидани амри маъруф ба  масҷиди моён меомаданд. Як рӯз дар бораи  тарбияи фарзанд сухан ронад,  рӯзи дигар оиди   тартиби гузаронидани тӯю маърака ваъз мегуфт; одамон нафас нагирифта, гӯш мекарданд. Ҳамон рӯз дар бораи зино амри маъруф кард,  азоби дӯзах кашидани  ба зани бегона бо чашми ало нигоҳ карданро таъкид кард. “Оллоҳ одамро аз ҳайвон айнан бо чунин сифаташ фарқ мекунад”,- гуфт ӯ.  Мунофиқро бубинед, ки худи ҳамон шаб фалокат рух дода,  бечораро милиса дар хонаи як фоҳиша дастгир мекунад. Худаш низ маст ва нимурён будааст. Мо ниҳоят карахт шуда мондем. Худатон як фикр карда бинед: одаме ки ба вай эътиқод доред,  бовар   мекунед, худаш дурӯя шуда барояд... Дар паси ҳамин ифлос истода намоз хонданамро ба хотир овардаму  фишорам баланд шуда рафт. Баъд мо – намозхонҳо ҷамъ шуда, ҳамон даюс агар ба мачит ояд, сангсор карданӣ шудем.  Ҳукумат моро бароварда парронад ҳам майлаш, гуфтем. Дар Бухорои мо  нақле ҳаст: “Шӯларо хӯрди-мӣ, косаро  нашикан!”. Нобакорро ин қадар  болобардор  кунию косаро шиканад, сахт алам мекардааст. Лекин дигар барнагашт – аз Бухоро баромада рафт.

         - Мо ҳангоми дар  фоҳишахонаҳои пинҳонӣ рейд гузарониданамон, - давом кард подполковник, - котиби райком оид ба маънавиятро дастгир кардем. Он вақт муфаттиш будам.  Ҳамон вақт барои ба гарданаш мондан, ҳамчун далел бӯсида истодани ӯро аксбардорӣ карда будам.    Аввал хеле дӯғу пӯписа кард, сонӣ ба зорию тавалло  даромад  - розӣ нашудам. Ба мобайн одам монд, пули калон ваъда кард. Баъд маро саркотиби вилоят даъват кард: “Илтимос, ҳамин гапро набарор – обрӯйи компартия нарезад, гуфт. Нобакорро дар мобайни як моҳ аз кор мегирам”. Баъд барҳақ чунин карданд.

         Профессор аз рӯйи одоб ба ин суханҳо  гӯш карда нишаста бошад ҳам, дар фикри он буд, ки  гӯё онҳо афсона гуфта истода бошанд.  Ин қадар  паст будани одамон, махсусан имом-хатиби масҷид, котиби  маънавиятро ба шуураш ғунҷонда натавониста, ҳазм  карда наметавонист. Муфаттиши собиқ инро дарҳол сарфаҳм рафт.

         - Ба назарам, шумо он қадар бовар накарда истодаед, - ба тарафи домло нигоҳ кард  ӯ: – Инҳо ҳеҷ гап не,  мо як мӯйсафеди ҳафтоду панҷсола  доштем. Дар милиса кор карда,  ба  истеъфо баромада буд. “Дар ин соҳа кор мекардагӣ бошӣ, ду нафсатро  нигоҳ дор!” – мегуфт.  Яъне ҳаққи касеро нахӯру ба зани бегона чашм ало накун! Ҳамин тавр  пеша нагирӣ, на дар он дунё, балки  дар ҳамин дунё ҷазоятро мегирӣ!” Агар дар бораи занҳо латифа гӯем, моро сарзаниш мекард.

         Бовар мекунед, ё не, ҳамин кас дар микрорайон, дар оғӯши як фоҳиша ҷон дода монд. Ҳамшираҳо ҳангоми санҷидани он ба сараш хун ғалаён карда... Шояд бинобар ҳамон кор нашуда  истоданаш фишораш баланд шуда рафта бошад. Гарчи мо барои пинҳон доштани ин гап  ҳар хел баҳонаҳо бофтем,  бо вучуди он   ошкор шуда рафт. Баъди ҳамон ба бачаҳо таъин мекунам:  фишори хун дошта бошӣ, ба микрорайон наздик нашав.

  

 

*   *   *

         Имрӯз тарзи бофти  мӯй, либосҳои тани Ҳуррият дигар хел: вай кокулҳои парешони худро ба китфони сап-сафедаш партофта буду аз чеҳраи зебояш  бӯйи хуши атриёти фаранг ба машом мезад.

         Шоира нохост ба тарафи хонаи Шомил рафт. Ба полвон рӯй ба рӯй шуду бо як нозу карашмаи зоҳирӣ илтимос кард:

         - Ана ба вай  духтури урусатон ҳар рӯз ванна нависта деҳ гӯям, розӣ нашуда истодааст. Ба ман дарсенвалл ҳам, парафин ҳам лозим нест... Худатон ҳаррӯза карда диҳед!

         - Ин хел карда наметавонам, - гуфт Шомил хеле хунукназарона. – Ваннаро через ден (рӯз дар миён)  муайян мекунем, навбат  калон. Дигарон...

         - Ман ба кадом санатория наравам, главврачҳои ӯзбек суханамро ба замин намондаанд, - гуфт ӯ бо таҳдид.

         Шомил сукут карду баъд бо оҳанги дигар:

         - Хуб, дафтарчаатонро диҳед, - гуфт.

         Шоира саросемавор ба кисаи халаташ даст бурду аз он  дафтарчаи санатория ва паспорташ (шиносномааш)ро низ ҳамроҳ баровард.

         - Паспортатонро ҳам диҳед. Онро ба мо монданатон лозим буд, чаро бо худ гирифта гаштед?

         Вай ба  саҳифаи “Ванна” навишташудаи  дафтарча   “Ежедневно” (ҳар рӯз) гуфта қайд карду, беихтиёр паспортро варақ зад. Ва боз  хотирҷамъона аз ғаладони миз паспорти Бободӯстовро ҳам гирифта кушод ва ба шоираи нохост безобита шуда нигариста:

         - Шумо бо каси дигар дар қайди никоҳ ҳастед. Бо ин кас дар як хона хоб карданатон мумкин нест.

         Ранги рӯйи шоира парида рафт. Забонаш гирифта пой дар ҳаво  сухан кардан гирифт. Ин суханҳо бо илтиҷою пӯписа, шаъмаю шаддодӣ омехта шуда рафт.

         -Шомилжон, маро шарманда накунед! Қурбонатон шавам!” Ман халқи чеченро дӯст медорам. Толстой ва Пушкин ҳам  онҳоро  таъриф кардаанд. Ҳамаамон мусулмон ҳастем.... Хап шуда монед!

         -Барои мусулмон буданамон ҳам мумкин нест!

         -Фикр карда будам, ки маро худатон массаж (молиш) мекунед.

         - Ба ғайр аз ҳамсарам ба зани дигар даст намерасонам, гуфта қасам хӯрдаам – аз гуноҳ кардан метарсам.

         - Барои ман шуда, як бор гуноҳ кардед-дия.

         -Гуноҳ дар охират ба шикорчии пинҳонӣ истода аз дилат нишон мегирифтагӣ табдил шуданашро медонам! Так-что...

         -Шомилҷон, оилаамро вайрон накунед...

         -Оилаатон? – вай ба мусоҳиба бо назари савол назар кард.

         -Фарзандам ҳаст, охир! Шавҳарам...

         -Хӯш?

         -Вай  - ҷарроҳ,  мурда равад,  ба ғайр аз кор дигар чизеро фикр намекунад.

         - Шумою бачаам гуфта кор кунад даркор...

         -Менӯшад ҳам.

         “Ҷарроҳон ва рангмолҳо  барои бӯйи  хун ва ранг шуда менӯшанд” гуфтанӣ шуду, аммо лозим надонист.

         Ҳуррият дар рӯйи мусоҳибаш заррае аз шафқат  ифода ёфтанашро надиду ба таҳдид гузашт:

         -Бободӯстов шуморо фелетон кунад хуб намешавад-ку.

         -Вай ин тавр намекунад- аз хабардор шуда мондани шавҳаратон метарсад.  Шумо ба хонаи дигар гузаштанатон, ё худ номус карда истода бошед, аз ин ҷой рафтанатон лозим! Так-что...

         -Бободӯстов чӣ?

         -Вай мантиқро ба мадад даъват намояд!

         Ба хӯроки шом “арӯс” ва “домод” набаромаданд. “Даҳони мардумро пӯшида намешавад” гуфтагӣ барин,  шарикон низ зуд  аз тафсилоти воқиа хабардор шуда, ба як ҳолати аҷоиб афтода монданд.

         Професссор карахт шуда монд. Вай ин ҳолатро ба тасаввуроташ ғунҷонда наметавонист. Аммо бе хайру хӯш ҷуфтакро рост гирифтани онҳо, шав-шуви дар тамоми санатория паҳншуда, ҳақиқати ҳолро тасдиқ мекард. Ҳоҷӣ амак ҳам афсӯс хӯрда, онҳоро лаънат мекард:

         -Ҳой, нопок! Аз кор омадани ҷуфти ҳалолатро мунтазир шав, ба дасташ об рез,  ба китфат  саҷоқ дор! Наход, ки ҳамин тавр кунӣ? Акнун ҷабрашро мекашӣ.

 

                            Надониста зери по кардам хорро,

                            Мекашам ман дарди бисёрро.

                            Медонистам, намекардам зери по,

                            Намедидам кунун ҷабру ҷафоро...

 

         Аммо Азларов аз ростгӯйӣ ва андаке ҳайвонтабиатиаш намемонд:

         -Ман ҳамхона набудани инҳоро аз рӯзи аввал дониста будам, бинобар ин намефорондам. Тававвури бисёри мо оиди ҳақиқати воқеӣ ба худи воқеият мувофиқ нест.  Аммо  аз ин ҳол фоҷеа сохтани мо чист? Хӯш, чӣ шудааст? Дар ҳолате ки имом-хатиби масҷид, котиби райком оиди маънавият,  ҳатто  пирамарди ҳафтоду панҷсолаи насиҳатгӯй машғул шудаанд, газетачӣ магар ғулом аст? Инро Тайсон ҳам медонист. Агар ҳамон шоираи вайрон миллатчигӣ ва берӯйнатанӣ намекард, хоҳарғарҳоро ин тавр шарманда карда, пеш намекарданд. Ба нафси одами аз худат дида неруманд расидан баҳодурӣ набуда, аблаҳист! Ин Шомил гуфтагиамон одами чандон аноӣ не! Ба  вай ғолиб омадан мушкил...

         “Чаро ман ӯро ба духтарам, ба як покдомани фаришта монанд кардам?” - гуфта худашро коҳиш мекард  Отабек Отақӯзиевич ва аз нодонии худ афсӯс мехӯрд. “Шумо одами аз паси ҳашаротҳо гаштагӣ-дия,  ҳангоми халқ ҷон дода-ҷон гирифтанаш шабпарак дошта гаштаед”, - гуфта таъна додани Бободӯстов акнун барои  вай  чун паст задан, ҳақорат кардан намудор шудан гирифт.

         Домлое ки дар давоми ҳафта хеле бароҳат хоб мекард, акнун дар ҷойи хоб печу тоб хӯрда баромад.  Гарчанд фикрҳои дилсиёҳкунандаро аз худаш дур карданӣ мешуд,   лекин пеши чашмаш гоҳ-гоҳ “арӯсу домоди” лаб инҷ карда,  аз болои ӯ хандида истода намудор мешуданд.  “....Каси бо эътиқод боварӣ кардаат дурӯя шуда барояд...” гуфта ҳасрат кардани Ҳоҷӣ амак гоҳ-гоҳ ба ёдаш омада, афсӯс мехӯрд.

         Барои пеш кардани хаёлоти нохуш, як вақтҳо дар дарсхонаҳои калон барои талабаҳо маърӯза хонданаш,  садҳо нигоҳҳои ташна ба ӯ назар карда истоданаш, афсонаҳоро дар бораи ҳашаротҳо  чун монолог  гуфта доданаш,  пеши назараш меомаданд. Ҳаёташ ҳамин тавр давом кард:  нахуст духтар, сонӣ писардор шуд; ба гуфти қазоқҳо “онҳоро ба саг нагазонида, зери пойи шутур намонда”, калон кард. Духтар ба падару модар бағоят меҳрубон шуда ба воя расид. Хӯш, чаро ӯро ба як занаки бадахлоқ монанд кардан лозим? Ин чист? Лоқайдӣ ё ҳардамхаёлист? Ё худ, дар воқеъ ҳам аз пайи ҳашаротҳо шуда, аз одамҳо дур шудан аст? Ва барои дур шудан аз хаёлоти дилгиркунада  дар кӯҳҳо гашта, пайдо кардани  шабпаракҳои шафақрангро ба ёдаш овард...  “Ҳангоми халқ ҷон дода, ҷон гирифтанаш...” гуфт-а. “Чиро дар назар дошта бошад” фикраш боз оғуштаи ғаш шуд.

         Наздики саҳар баданаш ларзидан гирифт,  қайъ карданаш омад, баъд  гӯё ба ботлоқ ғӯтида бошад,  як тарси нохуш гулӯяшро гирифт; дар танаш дард пайдо шуд. Вай барои набераашро бедор кардан аз ҷояш ҷумбид, баъд ҳамшира ба ёдаш омад: ӯро даъват карданӣ шуду, аз чӣ бошад:

         - Духтарам, Покиза! Фариштаам! Гуфту сахт карахт шуд.

         Ба мағзи сари домло хун зада буд.

         Аҳли санатория саҳарӣ бо наъра зада гиристани ҷавонписар – набера бедор шуданд.  Дар айвон Шомили дар сараш тоқӣ  ҷавонро оғӯш кашида, хушгуфторӣ  намуда, ӯро ором мекард,  оби чашму рӯяшро пок карда мемонд.

         Ин ҳолат  то  хондани ояти Қуръонро оғоз кардани  Ҳоҷӣ амак  давом кард.

         Санатория маҳзунона духтару домоди падархондро мунтазир шуда истод.

                                                                                                      2007

Комментариев нет:

Отправить комментарий