суббота, 21 сентября 2024 г.

ХАЁЛОТИ НОХУШ


 

         Оё  мардеро, ки  солаш аз ҳафтод гузаштаасту (аниқтараш ҳафтодучаҳорсола шудааст) қаддарози лоғар, мӯйҳои сараш каму сафедгашта, сохта будани дандонҳояш аён, ҳангоми роҳ гаштан каме лангида, эҳтиёткорона қадам мемонад, чашмонаш  хира  ва  аз зери айнак андак маҳзунона нигоҳ мекунад, ба дидан сокин, хотирҷамъ  намояд ҳам, зуд асабӣ мешавад, серҷаҳл, беморнамо, тез оташгирандаро пеши назар оварда метавонед?

         Ана ҳамон кас ман ҳастам.

         Каминаро Ваҳоб Кабирович Кабиров мегӯянд.

         Ҳамсолони ман одатан,  бо таърифу тавсифи корҳои пешинаашон, худро ба минбару раёсат задан, ҳудаю беҳуда  ба  ҳаққи ҳукумат мадҳу сано гуфтан, дар сари тобут ваъз гуфтан, хотираҳо, баъзан шеър навиштан моил мешаванд. Ин чизҳо муоқибили табиати ман аст.  Худо ниоҳ дорад! Ҳатто ба ибораҳои  “бахти куҳансолӣ”, “бобои нуронӣ”, ки газетачиҳо мегӯянд,  бо киноя ва писханд нигоҳ мекунам; барои ман инҳо ибораҳои кӯчагӣ ва носамимӣ менамоянд.  Илоҳо роҳгум шавад,  нақли баъди ҳафтод  “Старость не радость”  (Пиронсолӣ хурсандӣ нест) гуфтани русҳо бо мазмуну моҳияти худ дари ҳамаро нохуш  кӯфтан мегирад. Ҳатто бемориҳо,  хотираҳои нохуш, фикрҳои ногаҳонӣ дар бораи марг ва дигар оҷизиҳо ба лаззат гирифтани ту аз таровати баҳор, оҳангҳои сеҳрангези мусиқӣ,  тамошои чеҳраҳои нозанин халал мерасонад.

         Агар аз бемориҳо оғоз мекарда бошем,  қариб бист сол боз бо  хафақон (гипертония,  фишори хун) тани танҳо мубориза бурданам, аммо дере нагузатша бой доданамро гуфта монданам лозим. Як бор афтида мондам, лекин шифокорон   -   доварони ринг:   “накаути сабук” - микроинфаркт шуданамро гуфтанду аз ҷоям хезонда монданд. Ҳамон вақт ба хулосае омадам, ки  мани бадбахт, пирамарди заҳрогинро  он дунё ҳам зор набудааст. Маънои мақоли “аз дилозор Худо безор”   эҳтимол ҳамин бошад.

         Духтурҳо, табибу  экстрасенсҳоро ҳурмат мекунам, албатта.  Аммо бист сол боз ҳамаи онҳо барои  ман мақоми ҳамин тавр  як  мухлиси тарафкаш ё тамошобини ҳангоматалабро иҷро карда омаданд. Ба муштзани дар ринг буда: “суст мабош”, “дасти ростатро ба кор андоз”, “ғелон” гӯён дод мезананду-ку... Ба ҳамон монанд.

         Ҳар сол ба шифохонаи бемориҳои дил (кардиология) ҳам хоб рафта мебарояму  ба хулосае меоям, ки на танҳо  духтурони ман-ман гӯянда, ҳатто илм ҳам  аз сабабҳои беморӣ, роҳҳои муолиҷаи он бехабаранд. Духтуре ки  маро даво мекард, доир ба ҳамин мавзӯъ низ рисола ҳимоя карда буд. Лекин,  раҳматиро худи ҳамин инфаркт аз миён бурд, ки  ин мисоли оддист.

         Дигар дардҳоям ҳаст, лекин онҳоро як ҳолати табиӣ мепиндорам.  Медонам, ки табиат ҳам, ҷамъият ҳам  ба синну солашон ман баринҳо дасти чапашро дароз мекунад. Аммо оид  ба дардҳои дигарам сухан гуфтанӣ нестам! Шунидаам, ки ба одамон аввал нон, баъд ҳангома лозим аст. Бар хилофи  бофтаҳои   ҳақиқат  ё афсона будани маводе,  ки дар  “Оинаи нилгун” ва “матбуоти зард”  мебинам ва ё мехонам,  аз қабили  мурдаҳои дар морг буда, фоҳишаҳои лабонашон ташнаи бӯса, ситораҳое ки шавҳарро ҳамчун дастпӯшак иваз мекунанд ва  авлоди имрӯза ба онҳо моиланд,  беморию ҳасрати ман бегона  ва дилгиркунанда мебошад.

         Фикри  “баъди ягон сол ман ин оламро тарк  мекунам”, ба шуури ман чӣ тавр ҷой гирифта мондааст. Равед, ки як-ду сол бештар  зиндагӣ кунам ҳам,  аз дардҳои дар вуҷудам,  нохушиҳои дар руҳиятам, нопокиҳои дар виҷдонам буда халос шуда натавонистанамро медонам.  Модоме ки чунин аст, дар вақташ рафтан хуб аст. Ба  суханоне, ки  инсон баъди вафоташ ба сифати гул, дарахт, руҳ намоён  мешавад мегӯянд,  бо киноя нигоҳ карданамро медонам. Лекин бисёр мехоҳам,  баъди сад сол бошад ҳам боз чашм кушода ҳаётро бори дигар бубинам.

         Дар китоби як ошноям нақлеро хонда будам, ки он ба хотирам  нақш баста мондааст: “Даҳ – гӯсфанд, бист – шуш,  сӣ – шер, чиҳил – шамшер, панҷоҳ – пахта, шаст – ахта, ҳафтод – тахта”. Дар баъзе давраҳо ба ин норозигӣ баён мекунанд: “Охир, одамони  ҳаштод, навадсола бисёранд-ку! Дар ин маврид аз худам камтар ҳамроҳ мекунам: “Хуб, ҳафтод – нӯхта, ҳаштод – тахта”.

         Ба ҳаштод надаромаданамро медонам.  Дар авлоди мо фақат падарам  аз ман якчанд моҳ зиёдтар зиндагӣ кардаанд. Ҳангоми дар синни ман буданашон он кас дар техникум аз ботаникаа дарс медоданд.  Мо ба  гузаронидани ҷашни ҳафтоду панҷсолагии он кас омодагӣ  дидем. Ҳамон вақт  ман дар вилоят мудири шӯъба будам ва мавқеи хоса доштам. Тӯйхона пури одам шуд. Барандаи давра бо такаллуф:  “Акнун соҳибҷашни мо ба пешгоҳ – ҷойи худашон гузаштанашонро мепурсам”, гуфт.   Ба курсӣ якчанд қадам монда буд, ки падарам  аввал  як нохуш ҷумбид,   баъд якбора  саропо ғалтиду ларзида монд. Дар ҳамин лаҳза фишори ӯ баланд шуданашро касе гумон накарда буд. Чунин нохуширо ба душманам ҳам раво намебинам.  Аз ҳеҷ гап бехабар,  меҳмонон ҳамоно гулдаста бардошта меомаданд. Баъд  ин гулдстаҳоро ба  тобут ва сари қабри ӯ гузоштем.

         Ман  ҳангоми  шаст ва ҳафтодсола шуданам аз гузаронидани ҷашн худдорӣ кардам.   Не, аз дар ҳамон лаҳза ба ҷой оварда мондани бандагӣ натарсидаам. Ту дар пешгоҳ зеб дода нишинию одамон баромада ҳудаю беҳуда сифатҳои туро бо илова кардани дурӯғу бофтаҳо таъриф кардан гиранд, ким чӣ хел ноҳинҷор мешавӣ.

         Дар ин маврид  модарамро  ҳам гирифта рафтани инфарктро гӯям,  беҳуда нест.  Ба тафсилоташ эътибор диҳед: Як ҳафта пеш дар хонаи ҳамсоя сӯхтор рӯй дода буд. Ҳеҷ чизаш намонда,  худаш ҳам сӯхт. Сабабаш: келинаш дарзмол кардаасту симро  аз барқ ҷудо накарда,  ба бозор рафтааст. Бинобар қулф будани дарвоза хомӯш  кардани оташ  душвор шудааст.

         Модарам  низ дазмолро истифода бурда ба бозор меравад ва вақти он ҷо расидан: “Дарзмолро аз сим  канда мондан аз хотирам баромадааст” гӯён бозору ӯчорашро партофта,  бо такси баргашта меояд ва ба хона тохта медарояд. Мебинад, ки сими  дарзмолро  печонида онро ба як гӯша гирифта мондааст. Ба  ҳамин нигоҳ накарда, назди остона афтода...

         Ронандаи таксӣ барои рӯёнидани пули раҳкиро ба хона медарояд, ки модарам бандагиро ба ҷой овардааст. Табиист, ки одамонро дъват мекунад...

         Байни замину осмон ҳеҷ гоҳ холӣ нест.  Ҳаёти  ман ҳам  танҳо аз бемориҳо, таъзияҳо,  вас-восҳои марг иборат нест. Ман шахси ростгӯй, пуртоқат, тарафдори  ҳақиқат ва адолат мебошам. Ба забони ӯзбекӣ софу равон сухан меронам. Инчунин ҳангоми  бо русҳо, тоҷикон  сӯҳбат карданам ба ӯзбек  будани ман шубҳа карданашонро мушоҳида мекунам. Байналмилал  ҳастам. Дар хонадони ман касе оиди яҳудиён, чукчиҳо ба латифа гуфтан ҷуръат намекунад. Келини калонам  - тоҷик. Бо набераам – Темур русӣ мулоқот мекунем.

        Ба  ҳафтодсола шуданам нигоҳ накарда,  бекор намешинам:  аз баъзе ҷавончаҳои имрӯза дида,  бештар ва хушсифат кор  мекунам. Ҳар як мард бояд деҳқонӣ, дуредгарӣ,  монтёрӣ, сантехникӣ карда тавонистанаш зарур буданашро медонам ва дар хона ин  корҳоро худам иҷро мекунам. 

         Ҳамон рӯзе ки  ба синни шаст қадам гузоштам (он вақт дар обком – ҳокимияти вилоят кор мекардам), ариза дода ба  нафақа баромадам. Аммо то ҳол даъват карда, дар  корҳои тарҷима, таҳрир  ёрдам доданамро илтимос мекунанд.

         Якчанд сол боз дар газета кор мекунам. Ҳамон вақт як дӯстам, ки дар  Хазинаи нурониҳо кор мекард, “Сари роҳатон идораи газета ҳаст, агар бемалол бошад, ҳамин хатро дода мемондед”, гуфта илтитмос кард. Он хатро ба одами гуфтагиаш додам будам.   Вай онро кушода хонду бо афсӯс:

         - Ин русӣ будааст-ку, кӣ тарҷима мекунад? – гуфт маъқул накарда.

         - Ман тарҷима мекунам, - гуфтам ва дар як лаҳза ба забони ӯзбекӣ тарҷима карда додам.

          Ҷавон бо тааҷҷуб аз назар гузарониида диду, нарафта истоданамро илтимос кард ва   ба назди  сардор даромада рафт.  Баъд баромада,  гуфт, ки хӯҷаин маро диданаш лозим будааст.

         - Мо дар ҷустуҷӯйи тарҷумон будем,  бо  шумо ҳамкорӣ кунем, чӣ мешавад, - гуфт вай баъди салому алейк.

         Ман бояд, ки мегуфтам:  “Як поям дар лаби гӯр аст-ку, чӣ лозим”.  Аммо, дар асл газетачӣ буданам,  решаи матбуоти имрӯзаро ёфта, набзи дили онро донистанӣ шуданам ба ин монеъ шуд.

         - Хуб шудааст, - гуфтам ва ягон шарте ба мобайн нагузошта ба кор шурӯъ кардам.

         Такрор шудани таърихро бубинед, ки     аз ин панҷоҳ сол пештар ҳам чунин ҳолат рух дода буд. Он  вақтҳо дар шӯъбаи  шабонаи факултети таърих мехондам. Ҷойнишини декан ба ман як лифофа (конверт) дода,  ба идораи газета бурдан  додани маро таъин кард.

         Ҳангоми он мактубро ба одами гуфтагиаш дода баргашта истоданам:

         - Ин русӣ будааст-ку, кӣ тарҷима мекунад? – гуфта монд.

         - Ман тарҷима мекунам – гуфтам ва  андак бо душворӣ бошад ҳам онро ба забони ӯзбекӣ баргардонда додам.

         Бинобар мактаби миёнаро ба забони русӣ хатм карданам, забонро хуб омӯхта будам. Аммо дар донишгоҳ ба гурӯҳи ӯзбекӣ қабул шуда мондам. Танҳо ин не,  ҳамроҳи падарам  ҳар хел ҳуҷҷатҳоро тарҷима карда, маърӯзаҳоро ба ӯзбекӣ гардонда, чашмам пухта шуда буд.  Хуллас, ҳамон амак тааҷҷуб  карда монду ба хонаи сармуҳаррир гирифта даромад.  Баъд маро ба кор даъват кард. Ин одам дар куҷо  хонданам, кор карданамро пурсид.

         - Мо дар ҷустуҷӯйи тарҷимон будем, ҳамроҳ кор кунем чӣ мегӯед? – гуфт.

         Фаъолиятамро ба газета оғоз карда, бо ҳамин кор ба охир расониданам аҷоиб, албатта. Муфассалтар карда гӯям,  дар давоми шаш сол аз тарҷимонӣ то ба  вазифаи  ҷонишини муҳаррир  расида баромадам. Баъд ба обком ба кор гирифтанд. Дар давоми ёздаҳ сол бо се Саркотиб кор кардам. Ба чорӯмаш он қадар нафорида мондам магар, ки  боз ба ҷойи аввалаам баргардониданл. Панҷӯмаш боз маро даъват кард.

         Дар бораи ана ҳамин саркотибҳо, ҳокимоне, ки   баъди онҳо омадаанд,  ба навиштани китоб оғоз карда будам, аммо барои ба нашриёт бурдани онҳо дилам роҳ намедиҳад.     Занбоз будани аксари саркотибҳо,  ба изофанависӣ майл доштани онҳо,   илова бар он  аз худ кардани мулки давлатӣ,  бо суханони беҳаё дашном  додани  одамон, ҳатто ба сари  онҳо мушт бардоштан,  зӯр зада  ҷойҳои равғанинро ишғол  кардани  ҳокимони баъди онҳо омадаро эълон кардан тарсида,  ба сари ман ҳазор балоро бор кардани  онҳоро пеши назар овардам. Дар он ҷой ҳам ғӯраҳои  палакашон нопухта кор мекунанд-дия.

         Кори ҳозираам - нашриёти   нодавлатӣ буда, коргарони он аксар ҷавонони   ҳамчун набераам. Онҳо содда, беғубор, лекин саводашон ҳамтекак. Ягон муаллиф дар фалон деҳа аз коинот одам фаромадааст гӯяд, бовар карда, филфавр эълон карда мефиристанд.  Аз ҳамкасби панҷоҳ сол пешинаи худ баланд набуданаш савия ва дониши онҳо ба ман маъқул нест. 

         Модоме ки дар савияи ҷавонон  дигаргунӣ набошад, аз ривоҷи дигар соҳаҳо умед кардан номумкин аст.

 

*   *   *

         Аз матбуоти  имрӯза дилам пур нест. Агар ба матбуоти давлатӣ ва нодавлатӣ, ки  одамон онро ба “сурх” ва “зард” ҷудо кардаанд,  назар афканем,  дар якумаш аз сар то охир ба ҳамду сано, сарлавҳаҳои баландпарвоз, даъватҳои беҷо дучор мешавем. Муаммоҳои давр, танқиди боадолат, изтиробҳои инсон, ҳаракатҳои демократӣ барои онҳо бегона. Ҳоло ҳам чун замони шӯравӣ  мадҳи  суд, прокуратура, милиса, ҷонфидоиҳои   амалдорони тоифаҳои гуногун, ки ба ин бовар карданатон намеояд. Инчунин равонии роҳҳо,  фаровонии ҳаёти кишоварзон,  сохтмонҳои навро таъриф мекунанд ва шумо бовар накарда афсӯс мехӯред.

         Шояд  барои ҳамин ҳам теъдоди нашри онҳо ниҳоят кам.  Ба газетаҳои “сурх”  иҷборан обуна карданро  дида, аз мақоли “як кори одами бад зиёдатӣ”ро ба ёд овардан,  дигар илоҷатон нест.  Гӯё ин ҳам намерасида бошад,   дар  чунин  нашрияҳо нописандӣ, баланддимоғӣ мана ман  гуфта истодааст. 

         Аз шабакаҳои телевизионӣ, дар бисёр ҳолат, ҳаёти зериобӣ, барномаҳои ба оламии ҳайвонот бахшидашуда, мусобиқаи ҷаҳонии муштзанӣ (бокс)ро ёфта мегирам. Ба тарзи ҳаёти онҳо носамимият, сохтакорӣ нест;   табиият, ҷуръат ва ҷасорат ҳаст! Зеро ба чунин намоишҳои завқовар муаллифи стсенария, коргардон,  актёр иштирок намекунад.

         Аслан бигиред, дар ин дунё ҳама чиз нисбист. “Газетаҳои давлатӣ” гуфтанамон ба  ҳизб (партия)  ва вазоратҳои гуногун тааллуқ дорад. Ҳамон ҳизб ва  вазоратҳо тобеъи давлат  буданашро ба ҳисоб гирем,  ба ин ибора мантиқан боварӣ ҳосил кардан  мумкин аст.

         Газетаҳои нодавлатӣ  то ҳадди имкон ба ҳаёти иҷтимоӣ дахолат накарда,  бо суханҳои пой дар ҳаво маҳдуданд, рӯйбардорӣ мекунанд; тамоми қувваташонро ба  афзудани теъдоди нашр,  бештар пул кор кардан равона мекунанд. Аммо онҳо низ аз кадом як неруи ниҳонӣ дар хавотиранд. Ба назарам, роҳбарони матбуоти давлатӣ аз ҷудо шудан аз ҷойи худ, нодавлатиҳо бошанд аз кам шудани  маблағи худ мурдавор метарсанд. Сензура барҳам хӯрда,  ба ҷойи вай мори сесара пайдо шудагӣ барин. Ин – муассис,  сармуҳаррир ва  муҳаррири оддӣ. Дар баъзе ҷойҳо гурӯҳи назоратӣ ҳам ҳаст, ки  вай  мақоми душмани ашаддии сухани озод ва ошкорбаёниро иҷро менамояд. Баъзан ба одамоне ки  ба чунин газетаҳо бовар карда мегарданд,   дилам месӯзад.

         Хеле боло рафта бошам, маъзарат мепурсам. Ҳамаи ин фикри шахсии ман, албатта. Шукр, ки Конститутсия  ҳуқуқи фикри шахсиро баён карданро додааст.  Фақат тарафдори  ба дараҷаи  талаботи Конститутсия ва қонунҳо озод будани матбуот ҳастаму халос. Базан,  худи ана  ҳамин чиз намерасидагӣ барин менамояд.

         Дар  мақолае ки оиди замбӯри асал ба газетаамон чоп шуда буд, ибораи: “Подшоҳи замбӯри асал ниҳоят сахтгир ва золим...” рафта мондааст. Хӯҷаини калон, яъне  муассис “директори генералӣ” (ӯро “калон” мегӯянд; дар ин ҷой амалдорҳо бисёранд: ҷойнишинҳои  сардор,  сармуҳаррир, роҳбари гурӯҳи эҷодӣ ва ҳоказо) ҷамоаро ҷамъ карда, расо сарзаниш кард; аз ин ҷумла мазмуни ғаразнок кофтуков карданашон мумкин буданашро таъкид кард. Аммо моҳияти асосии гапро бисёр касон нафаҳмида монданд.

         Дар замони мо...

         Умуман гузаштаро таъриф карда, аз имрӯза нуқсон ҷустан ё акси инро кардан – муқобили табиати ман аст.  Нуқсонҳои хос дар   гузашта буду  имрӯз ҳам  шуда  меистад.  Дар ИМАи ҳамин қадар мутараққӣ низ  одамон норозиёна ба кӯча  мебароянд-ку. Зеро талаб ва эҳтиёҷи одамон аз тараққиёт  пештар метозад ва ӯ аз чизе норозӣ шуда мемонад. Ба як ҳисоб,  ҳаминаш ҳам маъқул:  тамоман шукрона карда,  аз муборза дур шудан низ мумкин нест. Барои нуқсонҳо танҳо ҳукуматро  айбдор кардан ҳам нодуруст. Решаи ҳамаи инро аз ҷаҳонбиии сусти худамон ҷустанамон лозим аст. Баробари  боло шуда истодани синну солам  компромисс шуда  рафта истодаам. Касеро, ки   президенти халқ интихобкарда, ҳукуматро ҳурмат намекунад,  одами  мӯътадил ҳисоб намекунам. Ин ҳам фикри шахсии ман, албатта.

         Тараққиётро ҳам дида тавонистан лозим.  Мана ҳамин ҷойҳое, ки ман зиндагонӣ мекунам,  солҳои шастуми асри гузашта заминҳои колхозӣ (хоҷагии ҷамоавӣ) буд, помидор мекориданд. Ҳоло – шаҳар: мошинҳо ба ҷойи хостаат мебарад, аз дӯконҳои қатор чизи хостагиатро меёбӣ,  иншоотҳои  варзишӣ... Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда,  вайронии  роҳҳо, дар зимистон паст рафтани фишори газ, хасрӯбаҳое ки  сари ҳар қадам аз пеши поят мебарояд,  асабатро  вайрон мекунад. Махсусан, агар ба кишварҳои хориҷа рафта монед, ин тафовутҳо бештар равшан мегардад.

         Агар ба газетачиёни имрӯза баргардем,  ба дар компутер чаққон кор кардани онҳо,  тавассути Интернет бо олам ошно шудани онҳо тан додан даркор. Амо савияи умумӣ ланг аст. Онҳо забони ӯзбекиро хуб намедонанд, ҷустуҷӯй, мубориза, сабру тоқат ва боз ким чиҳо намерасад.  Ба омӯхтани забони русӣ кӯшиш намекунанд.  Редаксияро “таҳририят” мегӯянд, аммо, масалан, дар ҷамоаи мо ягон каси таҳрир мекардагӣ нест. Дар як саҳифа вожаи “таассурот”  се хел навишта шавад,   ҳеҷ кас парво надорад. Дар паҳлуяш нишаста, омӯзониданӣ шавед,  аз рӯйи  одоб  гӯш карда мешинанду аз нигоҳашон дашноми: “Бобой, сарамро гаранг  накарда, коратро кардан гир”-ро дарк карда, фишоратон боло меравад.

         Матбуот зиёиёни хеле пешқадами худро бой дода шуд; онҳоро воситаҳои ахбори оммавии Россияи  кайҳо гирифта рафт. Ҳазор таассуф, ки ин гуна талафот  бо суръат давом дорад.

         Ба ҷовононе ки дар матбуоти имрӯза кор мекунанд, ба ростӣ раҳмам меояд. Ҷавонону духтарони солеҳ,  ки  дар оғози кор беғубор, содда  мебошанд, бо сабаби муҳити нохуш тарсу,  дур аз фикрронии шахсӣ, мунофиқ, гоҳо тамаъгар шуда мемонанд. Ман ба хулосаи амиқ меоям, ки ин ҷавонон, масалан, ҳамчун  духтур, байтор, боғбон  касб интихоб мекарданд, барои худашон, оилаашон   ва ҷамъмят бештар фоида меоварданд.  Бар болои ин:  барои онҳо, ки  на мувофиқи қонунҳо, балки  ба чашму абрӯи сардоронашон нигоҳ карда кор мекунанд,  оиди тараққиёт,  пешрафт, демократия сухан рондан хаёли хом асту бас.

        Дар хонаи  директори телевизиони нодавлатӣ нишаста будем. Телефон занг зад. Баробари  аз ҷояш хеста бардам салом кардани мусоҳибам ҳис кардам, ки ҳоким ӯро саросема  мекунад. Ҳолати ба назди гург афтодани харгӯшро шабоҳат доштани ӯ маро ба изтироб андохт.

         - Чаро барои нон ба навбат истодагонро намоиш додед? – дағдаға мекард ҳоким.

         Директор худашро сафед карданӣ шуда,  айбро ба гардани мухбир  гузошт.

         - “Ба ин ҷой биёед!” – гуфт ҳоким дағалона ва гӯширо гузошт. Директор зуд ба роҳ баромад. Афсӯс: ин телевидение акнун ҳеҷ гоҳ барои нон ба навбат истодани одамонро нишон намедиҳад.  Аз ҳама пеш,  ҳоким ба ӯ ҳисобот надодани телевизиони нодавлатиро,  мабодо дар куҷое  нон кам бошад, зарур будани бонг  задани матбуотро дарк карда,  ба қадри вай расиданаш лозим буд.

         Вай ҳам, директор ҳам инро медонанд, албатта. Аммо, чӣ чора  завлона бошад, ғулом ҳам ёфт мешудааст- дия.

 

                            “Завлона напӯш, сар хам накун,

                            Ки ту ҳам озод тавлид шудаӣ”-

 

гуфтани  шоир ба ёдам омаду, он дам фишорам баланд шуд.

         Дар хона ҳам  ҳолатҳои асабро сӯҳонкунанда кам нест. Боло рафтани  фишори хунамро гуфта будам, духтурҳо ба ғайр аз ин  остеохандроз  гуфтанӣ ташхисро ҳам мондаанд. Устухонҳоям  дард мекунанд, хобам нест. Саҳарӣ  аз хоб  сабук шуда намехезам, баракс аз дард асабӣ шуда бедор мешавам, аз ҷоям нахеста,  ланҷ шуда хоб меравам. Завҷаам медарояд. Вай гапро аз чӣ сар карда бо чӣ анҷом доданашро тахмин мекунам ва ҳар бор гуфтагиам барин мешавад: Аввал  дар бораи саломатиам афсӯс мехӯрад, барои ба молиш (массаж) нарафтанам дашном мекунад,  оиди  пайдо шудани ким чӣ хел доруҳои нав сухан карда, аз гаронии нархи  онҳо  менолад. Бар болои ин  гӯшту равғани зардро қимат фурӯхта истодани  кадом грсӯхтаҳои хунукназарро гуфта, онҳоро лаънат мекунад. Баъд холӣ шуда мондани яхдон , ба Клара (духтархондам)  ва  Мирзокарим (писари  хурдиам) чанд бор таъин  карданаш нигоҳ накарда, гӯшашонро ба карӣ задани онҳо шикоят мекунад.

         - Ба чой бароед, - мегӯяд дар охир ба ҷониби дар равона шуда истода.

         Ҳар рӯзам,  қариб ҳамин тавр оғоз меёбад.  Пештар аз ҷоям хеста, варзиши бадан мекардам, метохтаму сабук мешудам. Рафта-рафта хаёли:  “Аз инҳо чӣ фоида,  дере нагузашта мемурам-ку” халал мерасонидагӣ шуд. Ба назарам, инсон дар ҳама синну сол ба хаёлоти нохуш, афкори дилро ғашкунанда мубориза бурда, бо кайфияти  руҳбаландона зиндагӣ карданаш лозим. Хаёли ноҷои “Чӣ набошад, мемурам” ба мағзи сарат ҷой гирифт-мӣ, - дасту поят баста шуда,  фаро расидани маргат  тезтар мешавад. Ана ҳамин хел вируси фикри шум ба мағзи сари  одами ҷавон ҷойгир шавад,  Худо зад гуфтан гиред:  ноомадӣ болои ҳам омадан мегирад.

         Хуллас, ман аввал  танометрро гирифта, тасмаи онро аз оринҷам болотар мепечонам, фишори хунамро месанҷам: агар ақрабаки болои он аз як саду шаст,  пасташ аз навад  баланд набошад,  андаке хотирҷамъ мешавам ва ба ҳамин ҳам нигоҳ накарда, аз ҳабдоруҳои навбаромад як-дутояшро фурӯ мебарам. Баъд, ба ошхонае ки бӯйи карамшӯрбо, зира ва неъматҳои дигар, ки омехта ба машом мезананд,  даромада, ҷойи худро ишғол мекунам. Болои дастурхон равғани зард, тухм, мураббо ва хӯрданиҳои дигар мешавад. Гоҳо барои баланд нагардонидани фишори хуни ман бароям ягон таъоми сабуки аз биринҷ,   карам ва ё творог тайёркардаро  мемонанд. Бисёр вақт барои хӯроки  пешинӣ ва бегоҳӣ барои ман деги алоҳида меҷӯшонанд.

         -Фериде ба мактаб рафт-мӣ? – мепурсам, гарчи инро донам ҳам.

         Завҷаам сар ҷумбонда маъқул мекунад – Киропулӣ додед-мӣ? – саволро давом мекунам.

         -Ҳа.

         -Клара ҳоло хоб будагист...

         -Медонед-ку, - мегӯяд муносибати  нохуши нисбат ба ӯ доштаашро пинҳон надошта ва илова карда мемонад: - Писар ва келинатон ҳам наҳор хӯрда рафтанд. Ё худ ба ҳамин монанд  чизе гуфта мемонад.

         Ҳар дуямон ба чойнӯшӣ оғоз мекунем.

 

*   *   *

         Ин – завҷаи дуюми ман. Аввалааш, ба бемории  полеартрит гирифтор шуда,  аз ин тақрибан понздаҳ сол пештар бандагиро ба ҷой оварда буд. Буғумҳои дасту пойи шӯрбахт варам карда,  панҷаҳояш каҷу килеб шуда монда буд. Хеле азоб кашид.  Аз вай ду писар  (Мирзоанвар ва Мирзокарим) ва як духтар (Майсара) дида будем. Ҳазор афсӯс, ки роҳати фарзандонро надида рафт.

         Баъди ягон ду сол гузаштани вафоташ, духтарам ва падарарӯсаш ҳамин занакро ёфтанд.  Шавҳараш болои  мизи ҷарроҳӣ ҷон дода, бо як духтараш монда будааст. Вақте ки гап дар бори номи духтарамон меравад,  гуфтани кас меояд, ки дар олам  ҳамчун мо мардуми тақлидгар нест. Завҷаамон дар телевизор  қаҳрамони сериали  “Чаманоро” Феридеро дида, ба вай ҳавасаш омада, ба духтараш ҳамин номро дода буд.

         Фериде дар институти забонҳои хориҷӣ мехонад. Бардам, дилаш тоза, духтари боодоб. Барои хароҷоти вай пул медиҳам, аз фанҳои  ҷамъиятӣ душворӣ кашад, ба тайёр кардани дарсҳояш кӯмак мерасонам. Душворӣ кашиданашро аз сурх шудани чашмонаш ва ба ман бо як назари умедворона нигоҳ карданаш мефаҳмам.  Ба мағзи сари нозуки духтараке  ки забони англисиро  аз бар карда истодааст,  сабаби ҷой кардани фанҳои сотсиологиро нафаҳмида,  хунобам боло мешавад. Умуман ба донишҷӯйи имрӯза раҳми кас меояд. Онҳоро моҳҳо ба пахтачинӣ гирифта мебаранд, кӯча тоза мекунонанд ва ҳамаи инро мунофиқона  “ватанпарварӣ” мегӯянд. Устодон китобҳои берабту бемаънои  худро мефурӯшанд, гоҳо пора талаб карданашон аблаҳии гузарост. Дар хона танҳо бо Фериде ва Клара гуфтугузор карданро хуш мебинам. Онҳо  аз чӣ сабаб бошад,  бо ҳам муштарак барин менамоянд.

         Завҷаам дар ибтидо хеле камгап, шармгин буд. Ҳоло серҷоғ, махсусан ҳангоми дар бораи хароҷотҳо, гаронии нарху наво сухан карданаш ӯро боздошта наметавонед. Ҳар боре ки дар бораи зиёд кардани маошҳо фармон мебарояд, ӯ хурсанд намешавад, баракс ғазабаш боло мешавад. Акнун гӯшт, тухм, равғани зард чанд пул қимат шуданашро каромат мекунад. Ва,  мутаассифона, вай ҳақ мебарояд. Ҳаминаш, ҷолиби диққат аст, ки завҷаи аввалаам ҳам рафта-рафта ҳамин хел шуда монда буд. Шояд ба ин худи муҳит, тарзи ҳаёт сабаб шуда бошад?! Ба ин тоқат кардан даркор. Аммо  гоҳо писаронам, қудоҳоямро ғайбат кардани  ин занак ба ман намефорад.

         Дар бораи  писаронам ва духтарам сонитар, мувофиқи мавридаш сухан мекунам.  Аввало дар бораи Клара гуфтанаӣ ҳастам.

*   *   *

         Вақтҳои дар обком кор карданам як дӯсти дар хонаи  бачагон тарбият гирифта доштам. Ҷавони боинтизом ва боодоб буд. Ба духтари рус хонадор шуда, фарзанд дид. Ҳамон вақтҳо мошинаи “Жигули” нав баромада буд. Вай      мошина харид ва   дар ҳафтаи аввал бетаҷрибагӣ карда ба ҳалокати автомобилӣ дучор шуд. Аниқтараш, дар роҳи доманаи кӯҳ чамбарро идора карда натавониста мемонаду мошина аз роҳ баромада чаппа шуда меравад. Занаш дар ҳамон ҷой нобуд шуда будааст, ҳангоми ба шифохона овардан худаш зинда будаааст. “Дарунам маҷақ шуда рафтааст, - гуфт -  Ба духтарам эҳтиёт шав”.

         Рӯзи дигар ӯро ба хок супоридем.

         Хайрият, ки  духтарча (Клара) зарари ҷиддӣ надида будааст. Духтарчаи аз ҳеҷ чиз бехабарро аз шифохона рост ба хона гирифта омадам  ва барои духтарам Майсара (Мая)  ҳар дуяшон як хонаро ҷудо карда додам. Вай дар синфи сеюми мактаби русӣ таҳсил мекард. Танҳогӣ накашад гуфта, Майсараро ҳам  ба ҳамин мактаб  гузаронидем.

         Мактаби миёнаро бо баҳоҳои хубу аъло хатм карду ҳуҷҷатҳояшро ба донишгоҳи  тиббӣ супорид. Ба ректор даромада буду шуди гапро гуфта, илтимос кардам. Ҳамин сабаб шуд, ё  омад кард, ҳар дуяшон ҳам  қабул шуданд.

 

*   *   *

         Баъди ношто  карда шуданам, телефони дастиам, ки дар киса буд, мусиқӣ навохта монд. Ин – духтарам Майсара (ба Мая гуфтани вай одат карда мондаем) буданашро медонам. Вай  бо хавотири зоҳирӣ саломатиам, чӣ андоза будани фишори хунам, пеш аз хоб кадом ҳапдоруҳоро истеъмол карданамро мепурсад.

         Ба ҳар ҳол   сурудеро, ки дар он:  “Писар даркор ба ҷавонмард” гӯён замзама мекарданд,  шояд шунида бошед? Дар асл ман ба хулоса омадаам, ки аввало  духтар лозим аст.  Мая бо телефон кардан қаноат намекунад: рӯз дар миён омада, хабар мегирад. Ҳангоми аз ду бари рӯям бӯсиданаш,  нақши помадааш (лабсурхкунакаш)ро  пок карда истода,  дар дилам фикре мегузарад: “ман дар ин  дунё танҳо нестам”.  Дар дақиқаҳои вазнин дар паҳлуям будани Мая ва Клараро ба хотир меорам. Яке аз инҳоро гуфтаниям:

         Баъди ба нафақа баромадан як муддат  дар университет аз фанҳои ҷамъиятшиносӣ дарс додам. Ҳамон солҳо  дар рӯзҳои дамгирӣ бо духтаронам ва   набераҳоям  ба яхмосхӯрӣ  баромадан одат доштам.  Рӯзе,  ҳангоми дар гулгашти  боғи истироҳатӣ  сайр карда    истоданамон,  ба нохост касе  аз пасам омада ба тахтапушту гарданам омехта мушт зад.   Аз ин зарбаи сахт рӯй ба замин афтодам. Ин ҳам гӯё намерасида бошад,   сару рӯям нагуфта ду нокас маро    лагадкорӣ карданд.   Духтаронам додзанон барои ёрдам омада буданд, ки  онҳоро ҳам зада фиристоданду  дар як миҷа  задан ба куҷое ғоиб шуданд.

         Мардум ҷамъ шуда маро ба шифохона гирифта рафтанд. Рентген дарз рафтани устухони сон,  сахт лат хӯрдани қабурғаро нишон дод. Бо тезӣ  гачпеч карда,   поямро бардошта монданд. Бӯйи  хуну йоду арақи бадан ва дигар нохушиҳо ба деворҳои бемористон часпида рафтааст;  дар палатае ки  беморон тамоми шаб бо доду  фарёд нола  мекунанд,   ба азоби дӯзах рӯ ба рӯ шудам.

         Эй, Худо, то дар пеши чашми духтаронам ва набераҳоям ба ҳамин ҳолат дучор кардан, ҷонамро гирӣ намешавад? Умрам бино шуда,  ба зани касе чашм ало накарда бошам, ба ҳаққи касе хиёнат накарда бошам,  аз ҳар хел аблаҳӣ дур бошам, ин чӣ диданӣ буд, чӣ ҷазо? Кӣ буданд он аблаҳони палид?

         Ҳамон рӯз милиса омада,  аз кӣ гумон доштани маро пурсид. Ҳеҷ касеро пеши назар оварда натавонистам. Лекин рафта-рафта баъзе гумонҳо пайдо шудан гирифт.

         Дар он гурӯҳе, ки ман дарс медодам бойбаччаҳои бесаводе буданд, ки ба дарс бо мошини худ омада,  ҳеҷ касро писанд намекарданд. Зеро ба онҳо на дониш,  балки диплом даркор буду халос. Дар асл, барои онҳо харида гирифтани диплом  низ  муаммо  набуд, аммо   “дар университет мехонад” ва ё онро “хатм кардааст”, гуфтан низ аҳамият дорад-дия.

         Ба  иззати нафси  онҳо расида, аз имтиҳонҳо ғалтиданашонро хуш мекардам... Фикр кардам, ки онҳо  шояд  ҳамон безориҳои нобакорро зархарид карда бошанд. Гумонамро ба ҳамкасбонам гуфта будам, ки онҳо ба ин ҳамроҳ нашуда гуфтанд:

         - Аввало. шумо баҳо намонед ҳам, онҳо таҳсилро хатм карда, диплом гирифтанашонро медонанд. Чунки дар паси бойбаччаҳо декан, ректор ва казо-казоҳо истодаанд. Дигар ин, ки  устодони аз шумо ҳам сахтгиртар бисёранд:  калтак задан лозим бошад, аввал ин авбошҳо  онҳоро  ҷазо медоданд.  

         Гумони дигарам:  Ҳамон вақтҳо ( мобайни солҳои ҳаштодум-навадуми асри ХХ) ҷумакҳои ошкорбаёнӣ акнун кушода  шуда истода буд ва дар шаҳри мо ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо  пайдо шуда буданд. Дар маҷлиси яке аз онҳо иштирок мекардам.  Рамзи ин ҷамъияти норасмӣ ҷумаки  оби лӯлагӣ (водопровод ) буд. Бар болои ҳалқае ки ҷумаки  обро мекушод “қонунҳо” навишта монда буданд. Маънои инро сонитар фаҳмидаам. Мегуфтанд, ки “Агар ҷумакро калонтар кушоянд,  ҳама ҷойро об шуста меравад, тамоман маҳкам кунанд, хушк мешавад.  Ошкорбаёнӣ ва демократия низ  ба ҳамин монанд.  Қонунҳо фақат ба як меъёр нигоҳ доштан онро талаб мекунад”.

         Ин  ҷавонони авбош аз сиёсат, ҳаёт хеле дур буданд.  Бо сухан демократияро талаб намоянд ҳам,  барои ба асли моҳияти он расидан қувваи ҳофизаашон оҷизӣ мекард.  Дар ёд дорам: як  муаллими  миёнсол ба минбари  ҷамъомаде баромад карда гуфт: “Халқи мо як умр ба амиру хонҳо мутеъ шуда омадааст.  Яъне, мо ҳоло бисёр солҳо  ба роҳбаре, ки дар як дасташ қамчину дар дасти дигараш қанд,  майл карда ммемонем”. 

         Дар толор нишастагон фарёд заданд: “Ҳӯй, мо хирс нестем – дур шав аз минбар!”

         Ба ҳамааш нигоҳ накарда, ин  оғози нек буд. “Ту бо сиёсат машғул нашавӣ,  сиёсат бо ту машғул мешавад”, -таъкид мекард роҳбари гурӯҳ,  дар ҳар ҷамъомад аъзоёнаро ба фаъолӣ даъват карда истода. Ба назарам ӯ ҳақ буд: ҳақиқат айнан дар чунин баҳсу мунозираҳо ба рӯй мебаромад,  шуури ҷавонон сайқал меёфт.

         Онҳо газета бароварданӣ шуданд: худамро ба канор нагирифта,  ҳамчун газетачӣ маслиҳатҳо  дода истодам.

         Ба назарам, шояд рақибони сиёсии онҳо,  ё худ идора маро роҳнамои гурӯҳ пиндошта, чунин  ҷазо додааст.  Аммо наздиконам ба ин фикр низ ҳамроҳ нашуданд: “Аввало онҳо ба чунин роҳи пасткашӣ намераванд, дигар ин, ки агар ҷазо додан лозим бошад, шуморо не, балки  роҳбари гурӯҳро  калтаккорӣ мекарданд”,  гуфтанд.

         Ҳамин тариқ,  ба як хулоса омада натавонистам. Лекин баъзан худ ба худ фикр мекунам:  “шояд, бо ман машғул шудани сиёсат ҳамин бошад”

         Ҳафтоду чаҳор сол зиндагӣ карда ҳақиқати донистагиам ҳамин шуд, ки  бо боло рафтани синну сол ба  нафси  ҳукумате, ки тобеъи он ҳастӣ, расиданат девонагӣ будааст. “Бо арбоб бозӣ накун!” мегӯянд. Ҳукумат бошад  маҷмӯи арбобоҳоест, ки дасти дароз дошта, соҳиби нуфузи бузурганд. Барои маслиҳат доданам  маро ба чунин ҳол гирифтор кардаанд (агар тахминам дуруст бошад). Барои онҳо  инсонро ба ҳар бало гирифтор кардан  ҳамчун нохунгирӣ асту бас.

         Аз мобайн солҳо гузашта бошад ҳам,  ҳамон воқиаи нохушро ба ёд оварам, хориам меояд. Душманатро ҳам ба назди бачаҳояш ба ин ҳол гирифтор накун, мегӯям. Ҳаво  андаке  сард шавад,   пой ва гарданам дард карда, ҳамон нохушии аламоварро ба ёдам овардан мегирад.

         Аломатҳои пиронсолӣ аз чиҳо иборатанд?  На фақат бемориҳо, норасоиҳои ҷисмонӣ, хаёлоти нохуш, балки   ҷамъ карда натавонистани афкор, як гапро сар карда, ба дигараш гузашта рафтан, дар вақти зарурӣ  сухани даркориро гум карда мондан, гоҳ-гоҳ панд дода мондани  хотира ва ҳоказоҳоянд.

         Ҳангоми наҳори субҳона аз духтаронам  сухан оғоз карда,  ба тафсилоти дигар гузашта монданам маъзарат мепурсам.

         Ҳамон вақти дар бемористон хоб карданам, Майсара ва Клара навбатдорӣ мекарданд. Аз дард ранҷ кашам, дилбардорӣ мекарданд, хӯрокамро дар вақташ ба лаълӣ гузошта меомаданд. “Ба ин зарф ҳоҷат кунед”,  гуфта берун баромада меистоданд. Гарчанд писаронам ва дигар хешовандонам низ хабар гирифта меистоданд,  лекин дар онҳо амнияту ашрафияту меҳрубонии ба духтаронам  баробарро намедидам.

         Гого гуфтаҳои  завҷаи раҳматиам: “Духтаронамонро ба ҷойҳои наздик бароварданамон лозим, ҳангоми пиронсолӣ хабар гирифта меистанд” чӣ қадар дурандешона буданашро фикр карда мемонам.

         Ҳангоми дар обком кор карданам Абдуҷаббор ном  номзади фанро (аз атеизми марксистӣ диссертатсия ҳимоя карда будааст)  ба ман  ходим карда доданд. Саводаш ҳамтекак бошад ҳам,  аз  тоифаи онҳое буд, ки илтифот ва тавозеъро бо ҷояш меоварданд.  Сонӣ боло баромада рафту ба Мая  хостгор фиристод.  Писараш ҳамон вақт дар институт мехонд.  Аз ҳама муҳимаш дар маҳаллаи бо мо ҳамсоя зиндагӣ мекард. Мо розӣ шудем.

         Ният доштам, ки  бо Клара ҳар дуяшонро дар як рӯз тӯй мекунам.  Ба ин мақсад ҳам расидам. Ба як милисае,  ки дар деҳаи атрофи шаҳр зиндагӣ мекунад,  дил дода будааст. Ба  вай ҳам фотиҳа додем.

         Ҳамон вақт  духтаронам либоси сап-сафед дар бар карда, вақти  ба салом омаданашон, худамро гум карда мондаам, аниқтараш,  аз оби дидагонамро нишон додан ба ҳарос афтодаам. Ҳангоми Маяро оғӯш кашида, аз пешониаш бӯсидан оби  дидагонамро  нигоҳ дошта тавонистам,  лекин  навбат ба Клара омада буд, ки... Сабабаш, ин духтари  мағрур ва ҳамияташ баланд бори аввал “дадаҷон” гуфта худашро ба оғӯшам партофт.  Ӯ ҳамчун вақти падару модараш дар қайди ҳаёт буданашон “Ваҳоб Кабирович” гуфта муроҷиат мекарду  хеле кам дилашро мекушод.

         Тан мегирам, ки:  ман одамохун нестам.  Барои ман аз  бо касе беҳуда лаққидан дида,  бо  хаёлоти ширин китоб варақ задан, чунон ки гуфта будам, дар телевизор ҳаёти  ҷонзодҳо,  мусобиқаҳои муштзанӣ (бокс)ро бо мароқ тамошо кардан  мароқангез аст.

         Лекин,   бо қудоҳоям тамоман дигар будани  муносибатамро тан гирифтанам даркор:  як шахси серҷоғи ба касе гап намедодагӣ, ҳазилкаш, рафтораш гоҳо  бачагона  шуда мемонам.

         Фикр намекардам, ки баъди тӯй ҳар ду дахтарам ҳам ба як хел хато роҳ  дода мемонанд: Дар ҷомашӯйи либоси ба худашон дахдорро шуста, азони дигарнро ба як тараф ҷудо карда мемондаанд; дар оила  норозигии зоҳирӣ пайдо шуда мондааст. Азбаски  зиддияти ноарзандае,  ки дар рӯзгор пайдо мешавад,  ба  ҷиддияти бузург сабаб шуданашро медонам,  онҳоро даъват намуда расо коҳиш кардам.

         Дар ин мобайн даҳрии собиқ, қудоям ба ҳаҷ рафта омад; риш монда салла баст, “Ҳоҷӣ ака” гуфта муроҷиат карданамонро хоҳиш мекардагӣ шуд. Дар чунин ҳолат, табиист, ки  аҳли оила низ ба ҷониби худоҷӯй майл кардан одат  мекунанд.  Азбаски Мая ба русӣ таҳсил гирифта буд,  хавотирам афзуда, ҳангоми бо вай вохӯрданам оиди иҷро кардани таомулҳои мусулмонӣ гуфтугузор  карданӣ  шудам ва шукр, ки саъйу ҳаракатам беҳуда нарафту духтарам мувофиқ шуд.

         Дар ҳаёти Клара бошад, дигар  як муаммои ҷиддӣ рӯй дод. Гарчанд ин қудои мо дар хона мол бонӣ карда,  дар хонаашон  газ набошад ҳам, ҳаммом насохта бошанд ҳам, Клара заррае нанолида,  ба ҳамааш тоқат кард. Лекин,  як сол нагузашта, милиса  гап бароварда монд, ки бо дигараш мегардад.  Гарчанд духтарам сир бой намедод,  лекин аз изтироб кашида,  хотирпарешон, камгап  ва аз одам дур шуда монданаш дарк кардам, ки як гап ҳаст.  Лекин,   ба ҷойи  он, ки  ин масъала ҷиддӣ буданашро санҷам, ин гапҳо тӯҳмати кӯчагӣ буданашро таъкид кардам.  Соли дуюм Клара бо писарчаи саридастиаш баргашта омад. Табиист, ки ба онҳоро оштӣ дода, духтарамро баргашта фиристодан ҳаракат кардам.

         - Онаҷон, – гуфтам,  - агар донӣ,  неруи оиларо дошта меистодагӣ муҳаббат не, тоқат ва малака мебошад. Ба фисқу фуҷур бовар накун!

         - Ваҳоб Кабирович! Аз таваллудхона  гирифта баромадани кӯдаки хушдорашро бо чашмони худам дидам, - гуфт ва шушаш пур шуда, гириста фиристод.  Ором карданӣ шудам, аламаш бештар шуда рафту маро оғӯш кашида андӯҳашро  кушода партофт.

         - Дадаҷон! Чаро ҳамон вақт ҳамроҳи онҳо ман ҳам мурда нарафтаам?!

         Ба ман “дадаҷон” гуфта муроҷиат кардани ӯ,   дар чунин дақиқаҳои вазнин  падару модари марҳумашро ба хотир оварданаш рагҳои  шафқати маро ҳам таранг кард фиристод.

         Вай давом мекард:

         - Чӣ гуноҳам буд? Чӣ гуноҳ доштам? Ба ҳамааш тоқат кардам. Ба вай бетамизи палид чиҳо накардам?! Азобҳоямро аз шумо ҳам, аз одамон ҳам пинҳон дошта гаштам! Оқибаташ ҳамин аст магар?!

         Вай то аз дарди дилаш фориғ шудан гиристан гирифт. Баъд маро бо виҷдонам танҳо гузошта, баромада рафт.

         Рӯзе ӯро ба он доманакӯҳе, ки падараш ба ҳалокати автомобилӣ дучор шуда буд, бурданам ба ёдам ҳаст.  Клара ҳамаашро дар ёд дошта бошад ҳам,  он  воқеаи мудҳишро ба забон овардан эҳсосоти  ӯ  тоб оварда натавониста,  хавотиромез,  дар бораи гиёҳҳои атроф,  ҷонзотҳо,  саволҳои беҳуда дода,  маро ҳам, худашро ҳам банд карда буд. 

         Лекин ин дафъа беҳуда набудани дарди ӯро ҳис кардан душвор нест.

         Ба ин рӯйдод  аз бист сол зиёд  шуд.  Писари ӯ,  яъне набераам Темур,  ҳоло дар факултети иқтисодиёт мехонад. Бачаи соҳибиқтидор. Бо вай сӯҳбат карданро хуш мебинам. Дона-дона, бо мантиқ сухан меронад. Лекин,  бист сол боз виҷдонам маро азоб медиҳад: чаро ба чунин хатои бад роҳ додам. –  Вақте, ки  дар оилаи Клара гапҳои нохуш, ғурбат сар шуда буд,  нарафтам, домодро сарзаниш карда, аз роҳаш  нагардондам, бо қудоҳо  нишаста дурустакак гуфтугузор накардам. Дӯстам пеш аз маргаш тақдири духтарашро ба ман бовар карда супорида буд. Мани ношуд падар  не,   роли тамошобинро иҷро кардам. Ин гуноҳамро намебахшам!

         Аз гуноҳам – ба шикорчии дар оянда аз паноҳгоҳ истода, рост дилатро ба нишон мегирифтагӣ  монанд шуда монданамро  надонистанам,  афсӯс мехӯрам.

         Модоме ки дар бораи духтаронам  хеле батафсил сухан рондам,  дар бораи писаронам ҳам андаке мухтасар ҳикоя накунам, аз рӯйи адолат намешавад. 

         Худо ба ман ду писар доданашро гуфта будам. Калониаш Муллоанвар – муаллим. Ҳамсараш ҳам дар мактаб кор мекунад. Як духтару як писар доранд. Дар микрорайон дар хонаи ду ҳуҷрагӣ зиндагӣ мекунанд. Ёфту тофти зану шавҳар ба ҷумбондани рӯзгор  нуг ба нӯг мерасад, лекин ҳеҷ гоҳ наменоланд. Ҳар боре ки бо одамони  ба мактаб алоқамандл сӯҳбат мекунам, ба хулосае меоям, ки аҳволи муаллими имрӯза хароб. Аксар вақти педагог ба ҷойи он, ки ба бачагон таълим диҳад,  ба пур кардани ким чӣ хел ҳуҷҷатҳо, ба саҳро баровардани бачаҳо, таъмири мактаб,  кӯчарӯбӣ сарф шуданаш ҳолати нохуш.  Бар болои ин бечораҳоро вазъияти  иҷборан ба “матбуоти сурх”  обуна кардан,  ба кадом хел тамаъгарҳо пора додан муҳайё  шуда монданаш ҳолати маҳзункунанда мебошад. Дар  чунин вақт  беихтиёр  суханони пеш аз  марг гуфтаи ҳазрати   Беҳбудӣ   ба ёдам меояд: “Сари муаллимони дар соҳаи маориф  кор мекардагиро молед! Нифоқро аз байн бардоред! Бачаҳои Туркистонро бе илм нагузоред!”.

         Маърифатпарвари бузург ана ҳамин суханонро соли  нуздаҳӯми асри  гузашта гуфта буд.  Ҳамин қадар сол гузашта бошад ҳам,  дар ин бобат рух надодани дигаргунӣ фишори хуни  маро боло бардошта мефиристад.

         Писари дуюмам милиса буд. Завҷааш аз  деҳаи дурдасти дашт. Онҳо ҳамроҳи аз Тошканд баргаштан дар поед шинос шуда мондаанд. Фарзандонашон ҳаст. Келин ба чӣ хел як маҳфили драма иштирок мекунад, монологҳо мегӯяд, шеър менависад, гуфта мешунавам, аммо надидаам, зеро ба дидан хушам ҳам нест.

         Тақрибан ду сол пештар аз ин писарам аз вазифааш даст кашида,  соҳибкорӣ ихтиёр кард:  сехи кулчаю булочка, шириниҳо мепухтагӣ кушод. Дастгоҳҳои қиматбаҳо харид, одамонро ба кор гирифт. Аз ин ҳол зоҳиран хурсанд шудам, албатта. Кораш барор карда, мошина гирифт, занашро ба  зару зевар ғӯтонд. Чунон, ки  “Нодида чиро дида -  гови ало дида!” гуфтаанд,  келин нағмаҳои нав баровард. Аввал бо Клара ҷанҷол кард, ӯро “урус” гуфта паст зад,   ғурури миллиро аз маҳдудияти миллӣ, миллатчигӣ  фарқ карда наметавонистагӣ  барин як одати бад пайдо кард. Шояд ба ӯ ин одат аз аввал будааст. Баъзан  фикр меардам, ки  магар ҳоло занҷирҳои тиллоӣ ба ӯ   вазнинӣ кард магар? Рафта –рафта модари худашро, ки  гоҳ-гоҳ меомад, низ нафоронда монд.    Аниқтараш  вай аз рӯймоли калони сару  калӯшҳои кӯҳнаи пойи занак нафрат мекардагӣ шуд.

         Лекин,   дере нагузашта, Мирзокарим чӣ хел тез бой шуда бошад,  бо ҳамон сурат камбағал шудан гирифт. Мошина, зебу зинатҳо фурӯхта шуданд, қарзҳо афзуданд. Маълум шуд, ки комбинати нони шаҳр низ  айнан ҳамин хел кулча, булочкаю шириниҳо бароварда,  нархро хеле арзон карда фиристодааст.   Дар натиҷа,  писарам ба инқироз дучор  шуда,   касод (банкрот) гардидааст.

         Аз “Капитал”и Карл Маркс бо номи  иқтисоди бозорӣ  сохтори капиталистироо фош карда, корхонаҳои бузург  хурдҳояшро  бешафқат “хӯрда” партофтанашро хондаам, аммо ба он гувоҳ шуданро ба хаёлам наоварда будам.

         Ҳоло писарам бо ташвиши  ҳамроҳи  занаш барои кор ба Корея рафтан банд аст. Аз як тараф  фикри: “Падарам  одами куҳансол, бемор, мурда монад, ба таъзия омада наметавонам-ку”  ба сараш наомаданаш  маро маҳзун гардонад ҳам,  аз надидани башараи келине ки  сабаби дар хонадони мо дилсиёҳӣ овардан шуда буд, хурсанд мешудам.

         Байни писаронам масофаро нигоҳ медорам. Онҳоро дӯст дорам ҳам, ба нафаҳмонидани он кӯшиш мекунам; зоҳиран назорат мекунам, аммо худамро лоқайд, бепарво нишон медиҳам. Масалан, духтаронам “дадаҷон” гӯянд, як эҳсосоти дохилӣ ҳис мекунам, аммо писаронам  чунин муроҷиат кунанд,   барои ман  хушомад барин менамояд. Онҳоро қариб ки коҳиш намекунам, аммо аз  чизеро  баҳона карда,  пичинг кардан  худдорӣ  намекунам.

          - Ба Корея рафта  истодаам,  аз маошои аввалинам бу шумо чӣ  фиристам? - гуфт Мирзокарим бо як сохтакорӣ.

         - Занатро актёр гуфта шунида будам, ту ҳам  нағз рол бозида метавонистаӣ!, -  гуфтам ба ӯ ҷавобан.

         Баъди наҳорӣ дари Клараро оҳиста мекӯбам. Ӯ дар диван дароз кашида,  кадом як намоиши телевидениеи Россияро тамошо карда нишастааст. Маро дида, хурсанд  шуда, аз ҷояш мехезад. Дар атроф бетартибӣ:  газетаҳо,  шпилкаҳои парешонро мебинаму ба сарам:  фикри:  “ҳамаи ин аз руҳафтодагӣ,            дар дилаш ягон хел нияти ниҳонӣ  сар заданаш далолат медиҳад”, пайдо мешавад.  Ҳамин тавр бошад ҳам,  ӯро танбеҳ дода мемонам:

         - Ба ин сӯ-он сӯят нигоҳ карда монӣ намешавад?

         Ӯ хомӯш.

          – Чаро ба чой набаромадӣ? – мегӯям, гарчи сабаби он ва чӣ хел ҷавоб доданашро  донам ҳам.

         - Худатон медонед,  завҷаатон ва  келинатонро хуш намебинам,  - мегӯяд ӯ ва  илова карда мемонад: онҳо ҳам маро  чашми дидан надоранд.

         Дар бороаи зоти зан фикр карда мемонам.  Сабабҳои яке аз дигараш хато ёфтанаш муқаррар ва аз  ғайбатҳо сар задани нохушиҳоро аз хаёлам мегузаронам.  Баъд дар бораи чизҳои беҳуда сухан меронаму, насиҳатҳо карда,  бо вай хайрухуш карда баромада меравам.

         Вақти ба кор рафтанам аз майдони Регистон мегузарам. Аз бозе,  ки худро медонам ин обидаро таъмир мекунанд, декин ба охир  намерасонанд. Рост кардани  манораи  замоне бо симҳои ҳамчун хартуми фил баста мондаро ба хотир меорам, аммо на манора ва на гумбаз ба дили ман завқ мебахшанд. Махсусан. Вақте ки меҳмонони хурду калон омаданӣ шаванд, роҳҳои ин ҷойро баста, одамонро гузаштан намонданашонро бинам,  муқаррар фишори хунам боло меравад. Агар сардори ягон  давлат омаданӣ шавад,  на танҳо роҳҳои мошингард, балки пайроҳаҳои пиёдагардро низ мебанданд. Дар чунин маврид дар қатори ҳама бо роҳҳои дигар меравам ва дар бештарин ҳолат монда мешавам.

         Айёми баҳор буд.  Пагоҳӣ ба кор рафтанӣ шавам, боз роҳҳо баста.

         - Клинтон омада истодааст, - гуфт милисаи шинос.

         Аммо ҳамон рӯз ташриф наовардани президенти ИМА  маълум шуд. Рӯзи дигар ҳам бастанд.

         - Худи Клинтон не, занаш меомадааст”, - гуфтанд ин дафъа. Фақат баъди пешин хушдори Клинтон омада рафтанаш маълум шуд.

         Баъда аз ҳамон роҳро банд кунанд, ба ҳамон милисаи шинос танзомез мегӯям:

         - Хушдори Клинтон омада истодаастмӣ? 

         Вай хандида мемонад.

         Сари роҳ   реклама ва лавҳаҳои  ба забонҳои ӯзбекӣ ,  русӣ, англисӣ, тоҷикӣ бо алифбои кирилӣ ва лотинӣ навишта шударо  аз назар  мегузаронам. Ҳар бор   хатоҳои имловии  ин навиштаҷотро дида бори дигар бояд онҳоро  ислоҳ карда бошанд, гӯён аз нав назар мекунам, лекин дигар шудани онро намебинам. Ин дам овоз бароварда худамро коҳиш мекунам:

         “Ваҳоб, ту ба оина нигарӣ ҳам, аввал доғи дар он бударо мебинӣ!”. “Хӯш, мегӯям дар  ҷавоб, - ин навиштаҷот оинаи шаҳри мо-ку, - тоза будани онҳо шарт  нест магар?”

         Аз худ ба худ сухан карданам хиҷолат кашида, ба  гирду  атроф  нигоҳ карда мемонам..

         Аз ин майдон гузашта,  каме нафасамро рост карда мегирам. Он тарафаш наздик.  Ҳангоми ба идора расида омадани ман  дар он ҷой ба ғайр аз посбон ва  фаррош касе намешавад.  Бо онҳо  хуш салому  муомила карда,  ба хонаи кориям медароям ва   ба таҳрир кардан шурӯъ менамоям;  пайваста бо ин маводи хом ва ё шубҳанокро ба муҳаррирон пас мегардонам. Дар корхона аз  роҳбар натарсанд ҳам, аз ман меҳаросанд;  ба болои  ҳикоя ва ё маводе, ки онҳо  дар давоми якчанд рӯз навиштаанд,  бо қалами сурх хат кашида баргардониданам,  барояшон    ҳолати  ноқулай,  албатта! Лекин росташро гӯям, аз ман  ҳаросида истодани онҳоро дида, зоҳиран ба ман таскин,  неру пайдо мешавад.

         Дар асл ҳамчун тарҷимон кор сар карданамро гуфта будам. Рӯзе  газетаи нав аз нашр баромадаро таъриф карда,  ба осмони ҳафтӯм бароварда  истодани ҳамаро дида ғашам омад: яктояшро гирифта саҳифаи рост омадаашро кушоям,  сурати ҳабаши бо гарданбанд (галстук) тасвирёфта  чаппа шуда  афтодааст. Зерхаташгро хонам,  шоири  як кишвари Африка, ки дар он диктатура авҷ гирифта буд,  суруди миллӣ (мадҳия, гимни) ҳамон давлатро навиштагӣ будааст. Дар куҷое як фикри нигилистонаро хонда будам: “Мадҳия як шеъри миёнхел буда, онро  шоирони беистеъдод ва ё ба ҳамин роҳ афтодамонда менависанд”. Зеро решаи вожаҳои  “мадҳия” ва “маддоҳ” низ як аст.

         Хуллас,  дар саҳифа хатоҳои имловӣ, суханҳои такрор, ибораҳои бемантиқ бисёр буд. Дар як ҷумла  вожаи “билан” се маротиба такрор шуда, “нозима” дар шакли “лозима” навишта шуда, “янги қӯшнилар” (ҳамсояҳои нав) “ҳанги қӯшнилар” (ҳамсояҳои ҳангӣ) шуда рафтааст. Дар тарҷимаи ҳоли Муҳаммад (с.а.с) пайғамбар  хатоҳо рафтааст. Фаъолияти Бертельс  бо Бартольд  омехта шуда рафтааст. Бо  қалами сурх ҳамаашро дуруст карда,  ба “калон” гирифта даромадам. Вай бо диққат хонду ҷаҳлаш баромада рафт. Бо тезӣ муҳарриру мусаҳҳеҳро даъват карда,  расо  намаку қламфур кард. Баъд ба назди ман даромада илтимос кард.

         - Ваҳоб Кабирович. Раҳмат ба шумо! Минбаъд пеш аз чоп газетаро худатон хонда набароед,  намешавад. Ин хурӯсчӯҷаҳо савод надоранд! Як рӯз не,  як рӯз шарманда мекунанд. Хизмататонро ба ҳисоб мегирем...

         Аз ҳамон вақт боз таҳрир мекунам.  Баъзан  аз берун шикоятҳои дардомези   “бобой хат зада истодааст” ба гӯшам расад ҳам парво намекунам.  Дар як хонаи калон як худам мешинам. Аввал бо як ҷавони саводаш ҳамтекак ҳамхона будем. Вай аз назди компутер намеҷумбиду камгап буд. Баъзе  кинояҳои сабукамро ба ҳисоб нагирем, аз ҷумла  иловаҳои “га” ва “да”ро омехта карда фиристоданашро  ишора карданамро нагӯем, бо вай дар муомилаи хуб будем. Аммо,  як ҳафта нагузашта ба хонаи дигар кӯчаданӣ, аниқтараш, бо  Муталлибхон ном як одамии  миёнсоли худоҷӯй ҷояшро иваз карданӣ шуд. Ба назарам,  вай  шояд ҳамин кинояҳои сабуки ман дере нагузашта,  ба танбеҳҳои заҳрогин табдиил ёфтанашро дарк карда монд. Сонитар ба ман аён шуд,   ки  ҳар ду шарт баста будаанд – вақте ҳамхонаи аввалаам: “Бо бобой дар як хона кор карда намешавад”  мегӯяд,  Муталлибхон: “Даркор бошад, ман бо шайтон ҳам забон ёфта метавонам”, - гуфта будааст. 

         Духтарони компютерчиро ба кор андохтанӣ шудам, ки онҳо рангу баранг карда бошад ҳам,  батафсил  гуфта доданд: 

         - “Бобой бинобар Худоро нашинохтанаш ҳамин хел бадбахт, сангдил шуда мондааст. Ба ин на худи ӯ,  балки сохтори шӯравӣ айбдор аст. Дар як моҳ  абрешим барин мулоим карда монда, лозим бошад,  ба масҷид ҳам гирифта  меравам”, - гуфта будааст, ӯпкабой.

         Агар ба Муталлибхон ном ҳамкасбамон баҳо медодагӣ бошем, Худо ба вай  аз ҳусн, қомат, тавозеъ, эҳтиром     назар карданашро тан гирифтанамон лозим. Ришпаҳн, мӯйлаби зич ва  силиқ дошта, пурра ва ба рӯйи сафедаш зебанда; каллапӯши сафед ва яктаҳаш ба  қоматаш мувофиқ. Сӯҳбати Муталлибхон ҳам ширин: дар ҷойе ки ӯ мешавад, ҳамкасбон низ ҷамъ мешаванд: латифаҳо, воқиаҳои аҷиб нақл  карда,  онҳоро хуб хандонда   метавонад. Худаш ҳам қоҳ-қоҳзанон сахт механдад.

         Вай ба кор бо “Нексия” меояд, роҳбаронро савор карда ба ким-куҷоҳо мебарад.  Аз рӯзи аввал  ба ман низ  ҳамин хел хизматро таклиф карданаш дар ёдам ҳаст.

         - Падар, ба хонаатон бурда монам.

         Азбаски  аз ягон кас аз ҷиҳати моддӣ ва ё маънавӣ қарздор шуда мондан ба табиати ман хос нест,  рад карда будам. Муталлибхон бо имом-хатибҳо, мударрисҳои тоифаҳои гуногун, уламоҳо мусоҳиба  ташкил менамояд; дар бораи ҷойҳои муқаддас, азизу авлиёҳо мақола менависад. Ӯро  дӯст медоранд.

         Аммо ман аз рӯзи аввал ӯро нағз надида мондам. Дар корхона намоз хонданаш,  пеш аз ин,  барои таҳорат намоишкорона офтобаро бардошта гузаштанаш,  ба Хоҷа Аҳрори Валӣ пайваст шуда рафтани сулолаашро таъкид карда истоданаш   - ба ман барин атеисти собиқ, ки  мафкураи коммунистӣ ба хунамон гузашта рафтааст, бегона ва нохуш буда,  хунамро ҷӯшонида мефиристод. Ба нафси  ин тоифаҳо расида, иштиҳояшонро  паст карданро нағз мебинам ва ин корро бо маҳорат иҷро мекардам. Аммо аз Муталлибхон ҳам маро тарк намуда,  ба наздам ҳамхонаи дигар омада, бадном шуда мондан мулоҳиза мекардам. Лекин чаламуллою чалажурналист будани ӯ маро ба ҳайрат мемонд.

         Як вақтҳо дар ҷамъомадҳои демократҳои ҷавон иштирок карданамро гуфта будам.  Гапе ки  ҳамон вақт як аспиранти ашрофӣ гуфта буд, дар ёдам сахт нақш баста мондааст:

         “Барои ҷамъияти мо аз ҳама хавфноктар чаламулло ва чалаолимҳоянд.  Бинобар саводашон ҳамтекак буданаш онҳо дурӯғро менависанд. Ба ҳар хел ҷараён ва ғоя ҳамроҳ шуда рафтан мегиранд, корҳои бад мекунанд. Агар матбуот онҳоро зери теғи бурро нагирад, ин бесаводҳо  журналистонро барҳақ зери по мекунанд!”

         Дониши Муталлибхон  ба сифати худоҷӯй  низ хом. Ӯ  дини ислом ва таърихи онро намедонад. Бинобар дар бораи аркон ва мазҳабҳои ислом тасаввури казоӣ надоштанаш, хато менависад. Чуноне ки келини хурдии ман тафовути ғурури миллӣ ва маҳдудияти миллиро намедонист, Муталлибхон дин ва хурофотро бо ҳам омехта карда мефиристад. Шояд ҳар дуяш ҳам махсус чунин мекарда бошанд. Зеро “овози гови бешир баланд мебошад”. Маҳорати журналистии Муталлибхон ҳам хомакак. Ӯ  аломатҳои истро дар ҷояш намегузорад, таҳрир аз дасташ намеояд,  ҷойи изофаҳоро намедонад, он чизе ки менависад, на оташ дораду на дуд.

         Вай аз худи рӯзҳои аввал ба хона ҳадисҳо, китобҳои динӣ гирифта омад ва ба ман ҳар бор дар онҳо чунин навиштаанду, чунон навиштаанд, мегуфтагӣ шуд.

         - Ба ин китобҳо бовар намекунам, зеро дар онҳо гапҳои обшуста хеле бисёр, - гуфтам рӯзе бетакаллуфона ва ношоиста. Ана ҳамин ҷавобам барояш шаккокии беҳад намудор шуд.  Кас ба ҷаллод чӣ тавр нигарад, ба ман ҳам чунин нигоҳ карда, ба насиҳат кардан гузашт. Аз ҷоям хеста, бо иддао:

         - Хато кардем! Гумроҳӣ аз мо гузаштааст, - гуфтам бо овози баланд.

         Агар ба дастам  қалами сурх намебуд, муқаррар “Шумо болшевик, худобехабаред!” мегуфт. Аммо...

         Рӯзе вақти аз кор баргаштан назди дарвозахона бу ду-се каси шиносу ношинос гап зада истодани ӯро дида мондам. Аз авлоди хӯҷаҳо буданашро такроран гуфтанашро шунида. Ду қатор шеъри Машрабро хонда фиристодам:

                  Саидӣ, хоҷа ҳастӣ – нашав зинҳор мағрури  насаб,

                  Агар донӣ кист аслат, аз қатраи оби ҳаром ҳастӣ!

 

         Ҳама ҷим шуда монд. Муталлибхон аввал нохушона ҷабинашро чин кард, баъд  як  кунҷи лабашро тамасхуромез инҷ кард.  Аз ин ҳолати ӯ:  “Бобой, боз як бӯй гиронда мондӣ-дия” гуфтагӣ барин  надомати истеҳзоомезро мушоҳида намудам. Баъд,  гӯё ҳеҷ чиз нашуда бошад, бо ҳам унс гирифта рафтем. 

         Аз мобайн ягон моҳ гузашта буд, Ба хона  улфатҳои одатии ӯ даромада омаданд. Гарчанд аз ин пештар ба Муталлибхон  дар ҷойи ҷамоатӣ баланд хандидан аз рӯйи одоб набуданашро бо мавридаш фаҳмонда бошам ҳам, ӯ дар бораи чукчиҳо як латифа гуфту  бо як овоз қаҳ-қаҳ зада хандид фиристод.  Оинаи тирезаҳо шараққос зада рафтанд. Дигарон ҳам ба  вай ҳамроҳ шуданд. Ман  аз ҷоям хестам, қалами дар дастам бударо ба стол зада, ба онҳо чунон бадҷаҳлона нигоҳ кардам, ки кайфи ҳамашон париду, хонаро тарк карданд.

         Одати дар дил кина доштанам нест. Муталлибхон бошад, одами  дарёдил:  мо бо тезӣ аҳл шуда меравем. Шояд он танбеҳам  кор надода будааст, ин ҳолат боз такрор шуда монд. Тоқат карда натавонистам; “Ба падараш лаънат! Бар падараш лаънат! Ба падари ман ҳам лаънат!” - гуфта дод задам.  Кайфам парида, ба сарам дард даромад, бо тезӣ аз сумкаам  як ҷуфт аделфан гирифта, фурӯ бурдам. Баъди ҳамин хандаи баланди ҳамхонаам шунида нашуд.

         Ин дафъа ӯ бо овози шангосияш бо телефон бисёр ҷоғ зада монд, тафсилоти на чандон  заруриро низ ҳикоя кард. Асабам вайрон шуда, як-ду бор бадҷаҳлона  нигоҳ карда бошам ҳам гуфтугузорашро анҷом надод. Ниҳоят,  гӯширо ба ҷояш гузошта узр пурсид.

         -Бубахшед, бо ноҳия гапзанон кардам.

         Ман курсиро бардошта, болои тиреза гузоштам ва ромро оҳиста кушодам.

         - Акояш, овозатон баланд будааст,  бар болои ҳамин баромада гап занед ҳама мешунавидаанд, - гуфта  нешханд кардам.

         Аз мобайн чӣ қадар вақт гузаштанаш дар ёдам нест. Ҳамон рӯз  “Қадамҷои муқаддас” ном мақолаи ба қалами ҳамхонаам мансубро ба дасташ пас гардонда додам.

         - Доир ба Ҳазрати Довуд маълумоти казоӣ надоред. Гапҳои ба тарафҳои мо омадани ин одам, дар ғор зиндагӣ кардани ӯ, бар болои санг намоз хондан ва дар он ҷой мондани изи ӯ, ба мӯрча ҳам  озор надоданаш,  на ба ҳақиқати таърихӣ, на ба мантиқ рост меояд. Довуд намоз нахондааст, чунки вай яҳудӣ буд. Изи зонуи намозхон дар санг боқӣ намемонад. Ӯ подшоҳ буд ва  ба ғори ин ҷой омада хоб намекард. Беозор буданаш ҳам мумкин нест: чунки Исроил-Иудей пеш аз  эраи мо ба вуҷуд  омада, кишварҳои дар атрофи мамлакат бударо  забт карда гирифта, одамонро кушта буд, - гуфтам.

         - Ин мақоларо ман бо маслиҳати имом-хатибамон навиштам. Фактҳои асосиро аз ҳамон кас гирифтаам , “калон”  ҳам хабар доранд, - номи шахсони обрӯмандро сипар каарданӣ шуд ва аз чӣ бошад ба башарааш  ҳолати гадои садақапурс  пайдо шуд.

         - Ман шуморо  тафтиш карданӣ нестам, - гуфтам. – аммо иснод овардан ба касбу корамон хуб нест ! Аз рӯйи инсоф нигарем,  ҳамон имом-хатибатон ҳам чаламулло. Чаламуллоҳо бошанд, ба ҷараёни ташнаи хун ҳам, ба шайтон ҳам бовар мекунанд, аммо ба овози ҳақиқат бовар намекунанд!

         Вай хомӯш истод.

         Дар ин даргоҳ ҷазодиҳанда ҳам,  ҷабрдида ҳам худам будам. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, дере нагузашта,  Муталлибхон гаравро бой дод: ба хонаи дигар кӯчид. Сахт хафа шудам. Шушам пур шуда рафт: як сол нашуда ин оламро тарк намоям,  ба ҷойи ман Муталлибхон омада нишастанаш ва улфатҳряшро ҷамъ карда, корҳои бади маро  гуфта, ба қиёфаам нигоҳ карда,  рол бозиданашро тасввур кардан хеле дилрешкунанда буд.

 

*   *   *

         Рӯзи ҳафтоду чаҳорсола шуданам андаке ба худ оро дода, ба кор барвақттар омадам.  Бо ҳам дар муносибати хуб шуданам лозим буданашро дар дил  ният кардам. Рӯзҳои тавлид, идҳоро муносиб ҷашн мегирифтанд. Амо то пешин ба хонаам саг ҳам надаромад.  Одамон аз суханҳои заҳрогини ман, танзу пичингу кинояҳоям ранҷиданашонро ҳис карда, афсӯс хӯрда истода будам, ки дар кушода шуду, нахуст як дастагул намудор шуд. Ман тарсида рафтам.

         - Гум кунед! Гум кунед гулро! – гуфта дод задам.

         Он одам ба хона надаромада, тарсомез бо тааҷҷуб баромада рафт. Маро бошад атсаи ногаҳонӣ гирифт. Аз ҷайбам дору (диазол)ро гирифта, фурӯ бурдам.

         Гап дар он аст, ки панҷ сол боз аз чанги гул ба ман аллергия пайдо шудааст. Одамон баҳорро мунтазир мешаванд, гулҳои  муаттарро  сер шуда бӯй мекунанд. Ин дарди бедавои ман  бошад, дар худи баҳор оғоз меёбад: гулро бинам, худи бомбаро дидагӣ барин  ларзида меравам. Чунки аз ҳамон лаҳза аз чашмонам об равон шуда, атсаи бардавом сар мезанад. Дорую даво ҳам ба тезӣ таъсир намекунад. Баробари ҳамин фишори хунам ҳам боло меравад ва ба воҳимаи марг меафтам. Кадом рӯз аз бӯйи гул ва ё аз сайри гулзор мурда мемонам гӯён,  хавотир  шуда,  дилам танг мешавад.

         Баланд будани  фишори хунам, як бор инфаркт шуданам, устухонҳоям аз  остеохандроз зирқосс заданаш,  пой ва гарданам баъди зарбаи безориҳои сиёсӣ ба андаке хунукӣ дард карданаш, бедорхобиам ва ниҳоят хаёлоти нохуш маро доим ба шиканҷа гирифтанашро гуфта будам. Акнун аз рӯйи инсоф гӯед канӣ:  аз чанги гул аллергия шудан барои камина зиёдатӣ нест магар?

         Балки  барои ҳамчун шахси ман  дилозор  шояд  ин ҳам кам бошад?

         Вақте ки гап дар бораи аллергия меравад,  боз як гапи аҷибро  гуфтаниям:  Бечора Муталлибхон  ҳам ба ҳамин беморӣ гирифтор шуда монд. Не,  аз чанги гул не, аз чинор ё худ аз маводи дигар не, аз ман,  ҳа аз башараи ман аллергия шуд. Дар роҳу роҳрав дида монад, нохост  сулфааш гирифта, аз чашмонаш об шашқатор меравад; одати  агар маро бинад, чашмашро пӯшида ё худ рӯяшро  ба дигар тараф  гардонидан пайдо кардааст. Ба ин ҳолати ӯ ҳатто  духтарони компутерчӣ ҳам механдидагӣ шудаанд.

         Табиист,  идора, ки шуд  маҷлисҳо ҳам  шуда меистанд. Сардор аввал сокин сухан оғоз кунад ҳам, баъд оташин мешавад, коҳиш мекунад. Дар  мобайни гап: “Ҳама мақола, ҳикоя ва шеърҳоро Ваҳоб Кабирович  аз назар гузаронанд”. - мегӯяд. Аммо баъзан, маро як сӯ гузошта,  нашр карда мефиристанд,  ё худ бинобар монда шуданам як қисми онҳоро нахонда мемонам. Вақти маҷлис ба охир расида истоданаш “калон” боз ба ман муроҷиат мекунад:

         - Ваҳоб Кабирович,  ба сухан мебароед?

         Ман дар бештарин ҳолат рад мекунам, аммо баъзан  даст бардоштан лозим мешавад. Оромона сухан оғоз мекунам, суханони ҳазломез мегӯям:

         - Ман саги дар ҳамин газета бастамондаи сардоратон ҳастам;  вақти мазза карда моҳӣ хӯрданатон  устухончаи ба гулӯятон мемондагӣ  манам, - мегӯям. Ҷамъомадагон хавотирона лаб инҷ карда мемонанд. Баъд шумораи охирини газетаро ба даст гирифта, давом мекунам:

         - Дар саҳифаи аввал ва ҳам дар саҳифаи охири ин шумора сурати артисти эстрадаро додаанд. Дар саҳифаи дарунӣ мусоҳибае бо яке аз онҳо  ҷой дода шудааст,  акси бо домод афтодааш ҳам будааст. Маълум  мешавад, ки ин  - шавҳари панҷӯмаш будааст. ..

         Ана дар ҳамин ҷой барои мушоҳида карда гирифтанашон ҷуқуртар ист (пауза) мекунам. Баъд давом медиҳам:  - Ин дафъа ойимтилло ба  корчаллони  зану бачадор расидаанд.  Газетаамон ба дасти фарзандони ӯ расад,  оё ба чӣ ҳолат афтодани онҳоро  тасаввур мекунед? Инаш садқаи сар! Ҳозир  духтарони гулмонанди мо аз хонандаҳои эстрада ибрат мегирифтагӣ шудаанд. Модоме, ки ин берӯйнатан, зани вайрон (дар ҳамин ҷой омада овозамро баланд мекунам) оилаи якеро вайрон карда, бори панҷӯм шавҳар карданашро менависад,  муддао  чист? Бар падараш лаънат! Бар падараш лаънат! Бар падари ман ҳам лаънат!

         Ана дар ҳамин лаҳза сардор ҳам худашро идора карда наметавонад.

         - Кӣ тайёр карда буд?

         Он ҷавоне ки бори аввал бо ман ҳамхона буд, тарсидаю ларзида аз ҷояш мехезад.

         - Баъди маҷлис монед! – таҳдид мекунад “калон”.

         Ман давом мекунам:

         -“Зиёратгоҳҳои нав” ном мақола чоп шудааст. Муаллифаш нишон дода нашудааст. Чунон, ки  дар ин ҷо ҳикоя карда шудааст, дар ноҳияҳо қадамҷойҳои  авлиёҳои нав ба нав ёфт шуда, ба зиёратгоҳ табдил гардида истода будааст. Дар акс  одамон ба чунин мазорҳо гӯсфанд кашола карда рафта истоданашон нишон дода шудааст.  “Ҳамаи ин шарофати  истиқлол” гуфтаанд.

         Боз ба одамон нигоҳ карда, хомӯш меистам.

         – Бародарҳо, бо боварии комил мегӯям, ки ин кори корчаллонҳо, ҳилагарҳои ҳамон ҷой асту дигар ҳеҷ чиз не! Бигӯед: мо журналистонро зери по кардани чаламуллоҳо ҳамин нест магар? Матбуоте ки  халқи худро ба хурофот ва бидъат даъват мекунад,  душмани оянда нест магар?!

         Дар ҳамин ҷой омада боз худамро дошта наметавонам.

         - Бар падараш лаънат! Бар падараш лаънат!  Бар падари ман ҳам лаънат!

         Ҳамин вақт рагам таранг шуда истоданашро ҳис мекунам, сарам дард карда,  фишори хунам якбора  боло меравад; дастонам ларзида,  аз кисаам як ҷуфт аделфан мегирам,  касе ба як финҷончаи чиннӣ об медиҳад, ман доруро фурӯ мебарам. – Бубахшетон! – мегӯяму  менишинам.

         - Материал аз кист? – боз бо ҷаҳл савол медиҳад сардор.

         Ин дафъа Муталлибов тарсида ларзида аз ҷой мехезад. Чашмаш ногаҳ ба ман афтод магар, аллергияаш дошта, сулфаю акса зада,  аз чашмонаш об мешорад, ранги рӯяш мепаррад,  мӯйлабаш овезон шуда, гӯё лабу лунҷашро ба паст кашида бошад, хунук метобад.  Аз Муталлибхони аввала ҳеҷ чиз намонданашро дида, ба вай раҳмам меояд ва зоҳиран ором мегирам. Барои  каси каминаро ҳамчун абрешим  мулоим  кардан  миён бастагӣ ҳамаи инро  ҳам кам медонам! Маро сангдил гӯед ҳам, ихтиёр ба худатон!

         Як вақтҳо дар телевизор ҷанги муштзании (бокси) ҳабаш (зангӣ) ва тансафедро тамошо карда будам. Зангӣ  чемпион будааст  ва пеш аз оғози мусобиқа: бокс дар  се-чор раунд  анҷом ёфта,  рақибашро ба замбар бардошта бурданашонро каромат, аниқтараш, бодигӣ мекунад. Дар раунди дуюм болои абрӯяш мекафад. Дар сеюмаш бошад, дароз афтода мемонад.  Дар  пеши назари  миллион-миллион  тамошобин  дароз кашида хобидани ӯро дида, “ба туи нотавон ҳамин ҳам кам аст”, гуфтанам ба ёдам омад. Афтодаҳолии “каминаро ҳамчун абрешим мулоим карда мемондагӣ”  ҷанги муштзании  зангӣ ва тансафедро ба ёд овард.

         Хуллас, ҳамчун аввала, минбаъд ба сухан набаромадан аҳд карда. ба  ҷамъомадагон назар мекунам. Онҳо аз нигоҳи ман худро гирифта мегурезанд. “Мурда монам, аксари онҳо хурсанд шаванд даркор”, гуфта фикр мекунам худ ба худ.

         Баъди ду рӯз хабари аз кор рафтани он ҷавони саводаш ҳамтекак ва Муталлибовро мешунавам. Аз боз зиёд шудани гуноҳҳоям – аз пинҳонҷо истода ҳамчун шикорчиёни  рост дили маро ба нишон мегирифтагӣ зиёд шуданаш афсӯс мехӯрам,  барои тафсилоташро пурсидан дилам роҳ намедаҳад.  Ба назарам,  таскини “Маро набинад, Муталлибов аз аллергия тезтар халос мехӯрад” гуноҳамро андаке сабук мекунад. Мабодо яке аз онҳо омада: “Ту нобакор!” гӯяд,  ибораи “Ман аз гуфтаат ҳам бадтарам”ро дар дилам ҷой карда мондаам.

         Сонитар аз духтарони компутерчи: “Ё мо кор кунем, ё Кабиров”  гуфта шарт мондани онҳо,  сардор бошад: “Нағзаш равед – ба шумоён ҷавоб! Гуфтанашро шунидаму ким чӣ хел шуда рафтам.

*   *   *

         Баъзан ба корхонаам Клара даромада меояд. Ӯ аз рӯйи одат кофтаи сафед ва юбкаи дароз дар бар мекунад. Сари синаашро андаке бардошта,  майда қадам монда омаданашро бинам, пеши назарам қуи сафед ҷилвагар мешавад ва дилам гум мезанад. Духтарам рост ба хонаам даромада меояд ва аввал аз ду рӯям  мебӯсад. Албатта,  аз сиҳатиам огоҳ шуда,  пастию баландии фишори хунамро мепурсад. Барои хотирҷамъ шуданаш, андаке паст карда мегӯям. Баъд нишаста  гапзнон мекунад.

         Ӯ мушоҳиданок, боақл,  сокин, аммо муносибаташ бо ман ҳамоно бачагона: суханронияш яке аз боғ бошад, дигараш аз роғ;                   саволҳои  ба якдигар  нампечаспидагӣ,  ҳар хела додан мегирад. Бо табассум гӯш карда мешинам.

         - Ба ин ҷой ситораҳои эстрада ҳам омада меистандмӣ? – мепурсад ӯ.

         -Меояд, духтаракам.

         - Нависандагон-чӣ?

         -Меоянд, - мегӯям ва  дар берун  бо касе гапзанон карда истодани нависандаи қадпастро нишон медиҳам. Ӯ аз тиреза ба берун нигоҳ карда, ҳафсалааш пир мешавад:

         - Қадаш паст-ку..

         - Паст, духтарам. – ҷавоб  медиҳам ва   воқиаи ба қарибӣ бо нависанда содиршударо ба хотир меорам.

         Ҳикояашро муҳаррир пас гардонида будааст,  норозӣ шуда, ба “калон” даромадааст. Вай бошад, барои ба масаъала равшанӣ андохтан,  ба як кунҷи варақ: “Ба раф. Кабиров!”  навишта ба ман мефиристад.  Дар ҳикоя ба ҷуз хатоҳои имловӣ ҷумлаҳои ғализ, воқеаҳое ки  ба мантиқ рост намеоянд ва дар ҳаёт рух намедиҳанд, хеле бисёр буд. Бо қалами сурх дуруст кардам, бо ҷаҳл аломатҳои  хитобу савол мондам ва дар охир  оташинона: “Худо қаламро ҳам мувофиқи қад медодааст-дия!”гуфта навиштам.

         Вай якчанд моҳ ба ман салом надода гашт. Баъд оштӣ шуда рафтем.

         Клара ба савол додан давом мекунад

         - Пули генералний директор  ниҳоят бисёр-мӣ?

         -Бисёр бошад  даркор.

         Аз куҷо гирифтааст ин қадар пулро?

         -Ба инаш ақлам ногузир, духтарам.

         Гуфтугузори  мо ҳамин тавр хеле давом мекунад. Баъд вай ба тарафи  компутерчидухтарон  меравад. Бо онҳо хеле сӯҳбат карда , боз ба хонаам меояд.

         -Мабодо дар ин ҷой будагиҳоро хафа карда намонед, - маро огоҳонидагӣ барин мешавад.  Охир вақти  шумо кор кардагӣ дигар буд , ҳоло замони дигар.

         Касе аз ман андаке шикоят карданашро ҳис мекунам ва  афсӯс мехӯрам.

         Клара боз ҳамчун қуи сафед  баромада меравад.

         Ман одатан то бевақт кор мекунам. Баъзан ба қудоям (падарарӯси Майсара) телефон мекунам. Дар ин вақт серилтифот, забонширин, сухандон шуда меравам.

         -Ҳоҷӣ ака. Хубед? Шуморо пазмон шудем, - мегӯям бо забонбозӣ.

         Вай ҳам бо мулозимати ба қудоҳо хос каминаро  сифат  мекунад ва зуд расида омаданамро мепурсад. Бештар ба такси нишста меравам. Бо қудо хеле бардам вохӯрӣ мекунем, сонӣ  бо тавозеъ пешгоҳро нишон дода, “қани гузаред, аввал худашон”  мегӯем.  Баъд, гарчи ҳеҷ зарурате надорад,  чанги либоси ҳамдигарро меафшонем, тугмаҳояшро дошта мемонем.

         Ба рӯйи вай нигоҳ карда: “Ҳамроҳи бо занаш хобидани ин гавда  оё  риши лаънатиаш халал намерасонида бошад” (дар дунё аз хаёли инсон дида озодтар чизе ҳаст магар) гуфта фикр мекунам. Ба вай ҳеҷ хел пичингу киноя намекунам:  хушу хурсандии духтару наберагонам аз як тараф ба ҳамин худоҷӯй вобаста буданашро аз ёд намебарорам! Ҷигаргӯшаҳоямро дида, дар  дилам  гӯё умедҳои гарм месабзанд.

         Баъзан хеле гузашта рафта истодани соламро ёдовар мешавад ва бо ин  вақти ба масҷид рафтанам омаданашро ишорат мекунад. Аз ин ваъият бо ҳазлу танз баромада меравам.

         - Ба масҷид тафтанӣ шудам,  лекин аз дӯконҳо офтоба  ёфта натавониста истодаам...

 

*   *   *

         Баъди хӯроки шом,  ғайри чашмдошт ба хонаам Клара даромада омад. Ин дафъа саволҳои зиёде надод. Дар рӯяш аломатҳои  ташвишро дида, чӣ хел як гапи ҷиддӣ доштанашро дарк кардам. Ҳар ду ҷим шуда мондем.

         - Ваҳоб Кабирович, аз саратон  (вай ибораи ӯзбекӣ  наёфта монд)  фикри нежелетальный (нолозим)ро  бароварда партоед, як гапи муҳим мегуфтам.

         “Ба як сол намонда мемурам” гуфтани фикрамро дар назар доштанашро дарк карда, бо ишораи маъқул сар хам кардам. – Як шеър буд-мӣ, дар бораи Россия. Дар вақти бачагиам аз ёд  гуфта медодед. – давом кард ӯ.

         Бо маънои  ҳеҷ чизро дар хотир надоштанам,  китфҳоямро ба ҳам кашидам. Клара ба ёдам овард:

 

                                     Россия, Россия кишвари бузург,

                                     Эй ҳамчун само ватани бепоён...

 

         Бо ин чӣ гуфтанашро нафаҳмида, гаранг шуда мондам.

         -Медонед-чӣ, ман шуморо ба Россия гирифта меравам! Ҷойро гапзанон карда мондам, ба худам ва  Темурҷон кор ёфта медодагӣ шуданд.

         Табиист, ки ин таклиф ҳамчун тарошаи аз бом афтода ба дилам ҳеҷ нанишаст. Розӣ шудани ҳамчун ман як афтодаҳоле,  ки  як пояш ба лаби гӯр расидааст,  нодонии маҳз мешавад, аммо ба нохост аз  як каси наздикам ҷудо шуда мондан ба дилам  воҳима андохт.

         - Аз ин фикрат баргард, гуфтам, ба вай, илтиҷоомез.

         - Ба ман нигараед, ба ман нигаред, чӣ мекунед дар ин ҷой? Шуморо дӯст намедоранд: дар хонаатон ҳам, дар корхонаатон ҳам  Чунки инҳо зиёӣ нестанд! Ман шуморо ба кафам бардошта мегардам... Не нагӯед, не нагӯед – ба розӣ кардан аз таҳти дил  ҳаракат кард ӯ.

         Хеле ҷим шуда мондем. Баъди бо ҳам бархӯрдани   нигоҳамон  ба қатъӣ будани қарори  вай,  баробари ҳамин маро  розӣ карда натавонистани ӯро низ ҳар дуямон ҳам фаҳмидем...

         Баъди ягон ҳафта  ҳамроҳи хешовандон барои гусели Клара ва Темур ба аэропорт баромадем. Вай ба  дили ман таскин дода,  ҳар рӯз телефон карда истоданашро такрор мекард, аммо инҳо ба дили холишудаи ман армон шуда наметавонист.  “Пеш аз маргам ӯро дида наметаовнам” гуфта, маҳзун шудам; баъд омада, бо мӯйҳои парешон, чашмони гирён намудор шуда истоданаш, баробари ин ба ӯ ширингуфторӣ карданам лозим буданаш,  пеши назарам омада, чӣ гуфтанамро надониста мондам.

         Пеш аз хайрухуш,  аз чӣ бошад, ки вай  аввал Феридеро оғӯш кашид ва оби чашмонашро  нигоҳ дошта натавониста аз вай илтимос кард:

         - Ту  ба падарам  эҳтиёт шав! Ин кас одами ниҳоят хуб!

         Дар ҳамин асно аз вай  каломи “ба падарам”ро шунида,  аз чизе таскин ёфтагӣ, қонеъ шудагӣ барин шудам.

         Духтарам (шояд бори охирин бошад) маро  оғӯш кашид.

         Ҳа нагуфта вай ҳамчун қуи сафед  ба сӯйи самолёт монда рафт.

         То  самолёт аз чашмҳо  ғоиб шуданаш аз пасаш назар карда мондам.                                                                                       2007

                                 Аз ӯзбекӣ тарҷумаи Аслиддин ҚАМАРЗОДА

                                          Самарқанд,          20 сентябри соли 2004 

Комментариев нет:

Отправить комментарий