пятница, 13 сентября 2024 г.

АМАКИ ХИРСКАШ

 

Нусрат РАҲМАТ

(Ҳикоя)

— Мо қад-қади дарё  меравем, — гуфт хӯҷаин.

Хирс чун одат чизе нагуфт. Сукут аломати ризо буд.

Онҳо лаб-лаби шоҳкӯчае мерафтанд, ки ҷараёни ҳаракати мошинҳо лаҳзае ҳам қатъ намегардид, роҳашонро дигар карданд: ба соҳили дарё гузашта, ба боло ҳаракат каранд. Ин номусоид ва душвор буд: аз пеш ботлоқҳои зиёд ва тӯқайзорҳҳо мебаромаданд ва  аз болои онҳо ё аз паҳлӯяшон гузаштан лозим меомад. Дар соҳил чизҳои хӯрданбоб ёфт мешавандсанҷид, олучаи ёбоӣ, себ... Баъзан аз рӯ ба рӯйи онҳо чайлаҳои деҳқонон баромада мемонд, онҳоро бо нон, харбуза ва дигар хӯрокиҳо зиёфат мекарданд. Ва хирс нафсашро бо решапояҳои гуногун, тухми паррандаҳо ва ҳайвонот қонеъ мегардонд.

Аз хӯҷаин ҳамеша бӯи нон меомад (ӯ дар миёнаш нон баста буд). Саховатманду хушфеъл буд хӯҷаин: камарбандашро кушода, ба миёна мегустарид ва онҳо нонро дар об тар карда мехӯрданд.

Сабабҳои зиёде мавҷуданд, ки чаро онҳо бо соҳили дарё ҳаракат мекунанд. Онҳо як чизро фаромӯш накарданд — Ватани онҳо дар байни кӯҳҳое, ки ин дарё сар мешавад ва умед доштанд, ки Зарафшон онҳоро гумроҳ намекунад.

Ҳарду ҳам пастиву баландиҳои зиндагиро дида, пир шудаанд.

Номи амаки хирскаш Сафаралӣ. Синну соли ӯ дар атрофи ҳафтод буд. Ӯ таъми арақи  пешонӣ ва ашки чашмро бисёр чашида буд; вай одами чандирбадан, каме дуқат шуда мегаштагӣ ва миёнақад аст. Касе, ки баромада истодани  устухони китфҳо, дағалшавии пашмҳо, ниҳоят итоаткорӣ, чашмони хира ва дандонҳои рехтаи хирсро (лақабаш — Ар-ар) медид, ба мақоли русҳо боварӣ ҳосил мекард: «Старость — не радость» на танҳо ба одамон,  балки ба ҳайвонот ҳам дахл дорад .

Тақрибан понздаҳ сол мешавад, ки тақдир ин ду нафари шӯрпешониро ба ин тарафҳо андохт. Ба ҳамаи инҳо касбу кор, рӯзгузаронӣ, дурусттараш, сию ду сабаб аст. Бо хирсбозӣ нон ёфтан барои Сафаралӣ касби падарӣ аст. Бобокалонҳояш низ аз кӯҳ бачаҳои хириси ҳанӯз чашмонашон кушода нашударо оварда, дар як даст тозиёна, дар дасти дигар шириниҳо онҳоро ба роҳ меандохтанд: бо онҳо забон меёфтанд, ба гап медароварданд.

Ҳамон вақтҳо Сафаралӣ барои дастгир кардани Ар-ар ва  бародараш тайёрии пухта дида, хуб интизор шуда нишаста буд. Чашми модархирсҳои ин ҷо ҳангоми хоби зимистонгузаронӣ — дар охири моҳи феврал  равшан шуда, чашмони бачаҳои онҳо чил рӯз баста мешаванд, инро аз падараш шунида буд. Аз ин ҷост, ки  рӯзҳо гарм шуда, то аз лона баромада рафтани модархирс бесаброна интизор шуданаш лозим омад.

Рӯзи аввали аз лона баромадани модархирс бачаҳои вайро дуздид. Дере нагузашта модари бечора водиҳоро ба ларза андохта, фарёд бардошт: ин доду фиғони дардноки модаре буд, ки ногаҳон аз ду писари бечорааш ҷудо шудааст. Аз лаҳзае, ки нишаста мондани бӯйи инсонро дар хонааш фаҳмид, бо инстинкти азалии худ ҳис кард, ки ин бедодгариро ҳамон душмани дупо кардааст. Дар чунин лаҳзаҳо агар дар атроф ба касе дучор шавад, пора-пора карданаш аниқ буд .

Хирс ном ҷонвар ҳайвони ҳамахӯр аст:  гӯшт, мева ва решаро ҳам паққос задан мегирад. Аммо хирсакҳои навзоде, ки чашмонашон акнун кушода мешуданд, бо шир, атола, гӯштқима ғизо додан лозим буд. Фарзанди ҳамсоя хирси калонтарашро ба лӯхтак монанд кард ва аз ҳамон рӯз номаш Лӯхтак шуд. Ва хурдакакро Ар-ар номиданд. Номи деҳа ҳам Ар-ар аст, вале инҳо бо ҳамдигар камтар алоқаманданд. Саҳариҳо хирсак бӯйи модар, ҳарорат ва ширашро пазмон шуда, дод мезад ва тамоми аҳли оила аз омада мондани модархирс ба воҳима афтода, хавотир мешуданд. Аз ҳамин сабаб Ар-ар тахаллус шуда монд барои вай.

— Ту ҳайвонӣ, — роҳравӣ ва суханашро давом дод Сафаралӣ, — бисёр чизҳоро намедонӣаз ёдат фаромӯш мекунӣ. Вақте ки мо омадем, сарҳад гуфтани гап набуд – бемалол гузашта меомадем. Акнун он хел нест...

Ин таҳлука буд. Онҳо ҳар сол дар баҳор меомаданд ва тирамоҳ  бармегаштанд: хирс хоби зимистонашро дар ватани худ мегузаронд. Аммо ногаҳон вазъият тағйир ёфт. Дар мавсими тобистон дар тӯй, сайлгоҳҳо ҳунарнамоӣ карда, хеле пул кор карданд, аммо ҳангоми бозгашт сарбозони автоматдор пеши роҳи онҳоро гирифтанд: бо ҳукмфармоӣ ҳуҷҷат талаб карданд. Табиӣ, ки онҳо ҳуҷҷат надоштанд ва илтимосу илиҷоҳояшон дили сангини онҳоро нарм карда натавонист: ноумед ба қафо гаштан маҷбур шуданд.

Онҳо дар кулбаи аз лӯлиҳомондаи лаби ҷӯй зиндагӣ карда буданд. Акнун боз ба ҳамон ҷо баргаштан рост меомад. Он ҷойи мувофиқе буд: ҳамсояҳо набуданд: аз ҳайбати ҷонвар, аз арросаш тарсида, касе шикоят намекард. Онҳо якҷоя ба кӯча мебаромаданд, аз шиносҳо гӯшт, нон, чормағз мехариданд. Зеро аз рафтору гурриши хайвон тарсида буд. Якҷоя баромада, аз шиносҳо гӯшту нону чормағз мехариданд. Дере нагузашта Ар-ар ба хоби зимистона рафт.

— Ҳамон зимистон ту нағз хобида натавонистӣ, — суханашро давом дод Сафаралӣ, — ҳавои он ҷо тоза набуд, садоҳо низ ба гӯш мерасид. Агар баъзан миршаб омада, аз ман пул талаб карданашро ба ҳисоб нагирем, оромии моро касе халалдор намекард.

Онҳо роҳи худро давом доданд. Аз онҳо ҳамагӣ чанд қадам дуртар  донхӯрии селаи тазарвҳо ва дар ҷойҳое, ки дарё шуста, кӯлмакҳо ба вуҷуд омадаанд, ширмоҳиҳо иштиҳояшонро  ба хориш меоварданд, вале аз паси онҳо давидан бефоида буданашро ҳис карда, таноби роҳро кашиданд.

Баногоҳ Ар-ар сарашро бардошта, дуру дароз ҳаворо бӯй кард. Баъд ба тарафи чап ҳаракат намуд. Сафаралӣ бо хавотиромези дудилагӣ аз пасаш рафт; дере нагузашта бӯйи пораи нонеро, ки дар танӯр месӯхт, ҳис кард. Зане дар канори деҳа нон мепухт. Барои хавотир накашидани зан Сафаралӣ ба гардани Ар-ар занҷир андохт ва хеле наздик шуда, қарор гирифт. Зан аввал ҳайрон шуда монд, баъд ҳамаашро фаҳмид ва аз писарчааш дуто нони гарм дода фиристод. Баъд барои он ки ин меҳмонони нохонда ба бачаи ӯ ягон зараре расониданашонро аз дил гузаронида, зиракона наззора карда истод.

— Занҳои ӯзбек хубанд, — гуфт Сафаралӣ, — гард, акнун нонро ба об тар карда мехӯрем.

Онҳо дар лаби дарё нишаста, нонро ба об ғӯтониданд.

Бародарамро бештар аз понздаҳ сол боз надидаам, — баъди ишкамро сер карда, ба роҳ баромадан суханашро давом дод Сафаралӣ, — шояд пир шуда бошад. Эҳтимол маро ҳам нашиносад. Ман мегӯям: “Ака, ман Сафаралӣ!” Қавми ту низ дар аввал бегона мепиндоранд; пас мешиносанд. Акнун мо пир шудаем: аз дасти марг гурехта намешавад! Дар кишвари худат ба по дароз кардан чӣ намерасад?! Бародари ту барвақт нобуд шуд – мани нотавонро бубахш ...

Гап дар сари он аст, ки бахт дар солҳои аввал бисёр ба онҳо дасти росташро дароз кард. Бори аввал нишон додани тамошои онҳо дар Регистон ҳаргиз аз ёдҳо фаромӯшнашаванда аст. Дар аввал ҳам Лӯхтак ва ҳам Ар-ар аз бӯйи бегона ва чеҳраҳои ношинос ҳаросида монданд, вале нигоҳи ҷиддиомези хайрхоҳонаи хӯҷаин ба дилҳояшон қувват ато кард. Баробари сар кардани  оҳанги «Полкаи Андиҷон”-и нағора онҳо бе дудилагӣ  дар зери оҳанг ба рақс даромаданд. Кӯдакони гирду атроф қиқирросзанон хандиданд, калонсолон табассумкунон бетартибона кафкӯбӣ карданд. Ин намоиши шавқовар хеле давом кард. “Тамошобинони мӯҳтарам! - ба чеҳраҳои шукуфони садҳо нафар нигариста, муроҷиат кард хӯҷаин, - бо ҳамин мо рақсро ба охир мерасонем. Акнун ака-укаҳо ба гӯштигирӣ медароянд - доираро васеъ кунед! Ширий круг! Ширий круг!”

Дар чеҳраи ҷамъомадагон шавқу ҳавас зиёду майли ҳангоматалабиашон гӯё бештар мешуд. Нағора ин дафъа оҳанги вазнин, ҳатто ҳузновартарро сар кард. Онҳо ҳаракатҳои паҳлавонона карда, майдонро ду маротиба давр заданд. Якдигарро ба гӯштӣ даъват намуда, чунон вонамуд мекарданд, ки бо якдигар дӯғу пӯписа  мекунанд. Баъд (чунон ки хӯҷаин таълим дода буд) Ар-ар ногаҳон ба бародараш дарафтод. Лӯхтак ҳам аноӣ набуд — аз камари ҳарифаш ба оғӯш гирифту дасташро боло бурд ва баъди ба ҳаяҷон овардани издиҳом, ӯро бардошта зад. Ва вақте ки ӯ аз ҷо ҷаста хесту аз пойи ҳарифаш гирифтан хост, Сафаралӣ мисли довари одил ба мобайн даромад: «Ҳай-ҳай! Ғиромӣ чӣ лозим! Мардӣ дар ҳалолкорӣ аст!" Хулоса, пас аз часпу талоши на он қадар дароз (мисли ҳарвақта) Ар-ар дастболо гардид. Сафаралӣ аз нағоранавозӣ бозистода, ба муддао гузашт: аз қабили “духтарам, ба ту мегӯям, келинам, ту шунав” амал карда, кинояомез ба ака-укаҳо муроҷиат намуд:

 — Шумо аз роҳи бисёр дур, ҳо аз байни он  кӯҳсор барои ба мардуми Самарқанд шодию хурсандӣ бахшидан омадед. Ана, шумо хуб рақсидед, ба гӯштигирӣ доромадед. Албатта, шумо каме хаста шуда, гурусна ҳам мондед. Аммо агар ба шумо ину онро гирифта диҳам гӯям, худи ман дар ин рӯзҳо кисахолӣ шуда мондаам. Акнун як давраро чарх зада бароед: умеди ягонаи мо аз Худост — шунидаем, ки дар ин шаҳри азим олиҳимматҳо, одамони саховапеша бисёранд. Канӣ, бародарони азиз, дасти худро ба дуо баланд кунед! Аллоҳ марҳаматашро дареғ доштагон ва надоштагонро дар паноҳаш нигоҳ дорад! Худоё, Худои меҳрубонам, ба фарзандталабон – фарзанд, ба беморони ба бистар мехкардамонда шифо ато  фармояд! Омин!”

Пас аз ишораи ошнои хӯҷаин Ар-ар ба китфи Лӯхтак савор шуд. Сафаралӣ аз рӯйи одат ба дасти ӯ кулоҳи кӯҳнаро доронд ва ба навохтани оҳанги дардомезе даромад. Ин оҳанг роҳҳои сахти кўҳистону мушкилоти зиндагиро ба ёд меовард. Пул ҳар қадар зиёд афтрад, оҳанг ҳамон қадар ба авҷаш мерасид ва ҳаяҷону шодии Сафаралӣ меафзуд. Баъди намоиш  аксар вақтҳо Сафаралӣ саховатманд мешуд:  додаронро бо гӯшту мева навозиш мекард, вале ҳаминаш нофорам буд, ки баъзан худаш арақ ҳам менӯшид, ки  ин дили паҳлавонхирсҳо беҳузур мекард. Инаш ҳам ҳеҷ гап не: дар ин гуна ҳолатҳо хӯҷаини хушфеъл пас аз нӯшидан атола шуда, чашмонашро милтос мезанонд, ҷоҳил мешуд, ба ака-укаҳо дӯғ мезад, баъзан бераҳмона тозиёна мезад. Боре, дар ҳамин  ҳолат дароз кашиду дар роҳрав хобида монд;  дар киса пули зиёде дошт. Бинобар ҳамин ӯро чанд соат аз дасти миршабу дуздбачагон муҳофизат кардани онҳо рост омад.

— Эҳ, он даврҳои хуб буд, - суханашро давом дод Сафаралӣ, - ҳама моро дӯст медоштанд: ба намоиш, базм, туйҳо даъват мекардагӣ шуданд. Шумо, девонаҳоро ба боғи ҳайвонот ҳам бурда будам... Вале дағалона рафтор кардед: ман хиҷолат кашидам.

Гап дар сари он аст, ки ҳамон сол ба Самарқанд боғи сайёри ҳайвонот омада буд. Секаса барои тамошо даромаданд. Воқеаи аҷоибе рӯй дод. Хирси модаро дар қафас дида, ҳарду худро ба ҳамон тараф заданд ва хӯҷаинашонро кашола карданд. Ҷавононеро, ки ҳанӯз иштиёқи шаҳвонии худро қонеъ накарда бошанд, инро фаҳмидан мумкин буд. Модахирси даруни  қафас низ бо як майли аҷибе ба сӯи онҳо ҳаракат мекард - лаҳзае бошад ҳам, ташнаи лаззати ҳаяҷонангезе буд: онҳо лаб ба лаб монда, ташнагии худро каме пасанда кардагӣ барин шуданд, аммо қафаси оҳанини лаънатӣ ба аз ин зиёдаш имкон намедод.

 Ҳаёт одатан барои хурсандибахшии андаки худ ҳаққи калоне талаб мекунад. Рӯзҳои сарафрозии онҳо аз ду сол зиёд набуд: чӣ шуд, ки хирсҳо бемор шуданд - иштиҳояшон гум шуданд ва хароб гардиданд; шабона ба нолиш кардан медаромаданд. Сафаралӣ хеле ба хавотир афтода, нигоҳи чашмонаш бенур ва хаста шуданд. Охир,  ба ҷуз Ар-ару Лӯхтак касе надошт ин марди сарсахти мусофир. Илова бар ин, ризқу рӯзӣ аз ҳисоби ҳамин бародарон аст. Хуллас, зиндагиро бе онҳо тасаввур кардан ғайриимкон буд! Дар рафти намоиш духтари рус ба Сафаралӣ наздик шуда гуфт, ки ҳайвонҳо бемор шудаанд ва дар назди стансияи роҳи оҳан дармонгоҳе ҳаст, ки онҳоро табобат мекунад ва худи ӯ дар он ҷо кор мекунад. Ва суроғаро навишта дод.

— Ар-ар, дар хотир дорӣ, русдухтарони он ҷо далер, зиндадил ва меҳрубон буданд: зуд ҳардуи шуморо баста, ҳарорататонро санҷиданд. Сипас, зарурати таҳқиқи наҷосати шуморо таъкид карданд. Мо то бевақтии рӯз нишастем. Аз сабаби хӯрок нахӯрда монданатон холӣ кардани ишкам душвор гашт. Ниҳоят, духтарон ахлотатонро гирифта, дар зери заррабин гузошта диданд  ва ба маъюс гардиданд: дар шуш ва ҷигаратон кирм будааст. Дору доданд, вале пулашро нагирифтанд. Ба шарофати ҳамонҳо ту зинда мондӣ, вале бародаратро ба хок супоридем. Танҳо худи туро кашола карда, ба мактабҳо мерафтам – ба бачаҳо ҳар гуна тамошо нишон дода, ризқу рӯзиамонро меёфтем. Аммо зиндагӣ рӯз то рӯз ба дараҷаи даҳшатовар хеле дилгиркунанда мешуд…

 Сухани Сафаралӣ якбора канда шуд: каме дуртар одами ҳарбие, ки дар китф автомат дошту ҳамеша дар дилаш ғулғула меафканд, дид. Башарахунук лаҳзае  ҳайрон шуда истоду баъд бо дасти росташ «ба қафо» гӯён ишора кард. Сафаралӣ нағз медонист, ки амри ин қайсари сангдилро риоя накардан ба оқибатҳои нохуш оварда мерасонад. Аммо орзуи баргаштан ба Ватан, дар оғӯши он кӯҳу сангҳо ба соҳибаш бахшидани тану ҷони худ пурзӯртар аз он буд. Барои ҳамин, вай  қад-қади дарё не, балки аз нишебиҳои кӯҳҳои Бахмал гузашта рафтанро ба нақша гирифт. “Шояд дар он ҷо ҳам сарбозҳо бошанд, — аз дил гузаронд Сафаралӣ, - вале шабона аз байни харсангу буттаҳо чашми онҳоро хато карда, гузашта рафтан мумкин будагист...”

Онҳо  қуллаи Ойқорро нишон гирифта, ба кашидани таноби роҳ шурӯъ карданд. Сафаралӣ тасмим гирифт, ки асосан шабона роҳ равад, то таваҷҷӯҳи номаҳрамонро ба худ ҷалб накунад. Ҳамин тавр, деҳаҳо ва киштзорҳои корам қафо монданд. Пагоҳӣ дар доманаи теппа қуттиҳои занбӯри асал ба назар расид. Ба гардани Ар-ар занҷир андохт, ӯ хуб медонист, ки ҷонвар дӯстдори асал аст: зеро аз ягон бесарӣ карда мондани вай дар хавотир буд. Баъде ки чанд қадам монад, онҳо бозистоданд. Занбӯрпарвар ҳам мисли он зани нонпаз саховатманд будааст: аз шогирдаш дар як косача асал фиристод. Сафаралӣ бо нон ҳамагӣ ду маротиба лесида хӯрду халос; асали боқимондаро ба хирс дод: вай то қатраи охиринашро лесиду онҳо худро сабук ҳис карданд ва ба часпидабароии кӯҳ шурӯъ намуданд.

 — Агар аз ин ду кӯҳ гузарем, он тарафаш ватани худи мост. Мумкин дар он қулла ҳарбиёни лаънатӣ бошанд: аз он ҷо шабона мегузарем, — гуфт Сафаралӣ бо каме боварӣ.

 Дар ин ҷо пайраҳаҳои гусфанду бузгузар бисёр буданд ва аксарияти онҳо аз доманаҳо ба баландӣ гирифта мебаромаданд. Ҳардуи онҳо аз ин пайроҳаҳо ба боло мерафтанд. Вақте ки онҳо аз кӯҳи аввал гузаштанд, пардаи торикӣ фаромад. Ин айни муддао буд: диққати ягон пашшаро ба худ ҷалб накарда, аз ағбаи асосӣ гузаштан мумкин буд. Мисли дуздон садое набароварда, бе шарфаи пой ба боло ҳаракат карданд.

 Вақте ки ҳарду ба ағбаи охирин расиданд, субҳ дамид. Онҳо ҳамвории беканори дар пешашон бударо дида, шод шуданд: қуллаю водиҳои шиносе, ки дар айёми ҷавонӣ ба дилҳояшон ҷо шуда буданд — макони хуни нофашон рехта, бо тамоми рангу ҷозибаҳояш намоён мешуд. Дилҳояшон аз суруру шавқмандӣ лаболаб пур шуда, онҳо чанд дақиқа хомӯш монданд.

 — Агар ба поин фаромада гирем, то бегох ба хона мерасем, — гуфт Сафаралӣ бо ким-чӣ хел қаноатмандии ҳаяҷономез. Ҳолати ҳозираи ӯ шавқмандии шахсеро ба хотир меовард, ки аз сафари дур баргашта, дари хонаи зоидашудаашро мекушояд. Ар-ар инро ҳис карда, ба пеш ҳаракат кард. Онҳо баробари чанд қадам мондан

 Ин фоҷиаи ғайричашмдоштро танҳо филмсозон бо тамоми ҳақиқату рангҳо ба таври боварибахш нишон дода тавонистанашон мумкин буд. Қалами ман бошад, оҷиз аст. Қувваи ногаҳонии ба вулқан монанд онҳоро ба нишебӣ партофта буд, чизе сахт гумбурос зада, доду фарёди онҳоро фурӯ бурд, мисли дурахши барқ тамоми ҳастӣ лаҳзае равшан шуд.

 Сафаралӣ кай ба худ омадани худро намедонад. Аввал дар пеши назараш мисли тумани хира ноҷунбон истод, баъд он мусаффо шуда, ба осмони пурситора табдил ёфт. Чӣ ҳодиса, дурусттараш, ба ҷунбиш омадани шўълаи марги зери пояшро тасаввур карда натавониста, бо дастони бемадораш гирду атрофро ламс кард ва дасташ аввал ба тани сарди Ар-ар, баъд чизи шилимшуқе расид.

Қувва ҳофизаи ӯ ба дарки хуни аз бадани онҳо рехтаистода дар як ҷо ҷамъ мешавад, оҷизӣ мекард.

Баъд хомушӣ ҳукмфармо гардид.

 Сукути абадӣ.

 2007

Аз ӯзбекӣ тарҷимаи Бахтиёри ҶУМЪА

Комментариев нет:

Отправить комментарий