Агар ба оромгоҳи деҳаи Обигарм, ки дар
баландии ду санг болотар аз деҳа ба
қаторкӯҳҳои Туркистон пайваст шуда
рафтааст баҳо доданӣ бошем, хеле
оддӣ ва мӯъҷаз будани онро ба эътибор
гирифтанамон лозим аст. Онҳое, ки дар истироҳатгоҳҳо, курорт ва санаторияҳои
шаҳрҳои дигар шудаанд, ба ин ҷой омада
рӯй турш карданашон ҳеҷ гап не.
Деворе ки тақрибан ба қади одам баробар аст, аз калла барин сангҳои калон-калон, бе истифодаи лой ва семент қад рост кардааст, ба назари кас амонат, ҳоло ҳозир ғелида мерафтагӣ барин менамояд. Дарвоза аз химча сохта шудааст. Аниқтараш, қисми дохилии он ҳамчун сабат бофта шуда, атрофаш аз химчаҳои тут бо доираҳо, дар мобайнаш аз навдаҳои қаҳваранг (шояд аз навдаҳои гелос ва ё олуча бошад) тартиб дода шуда, нақши на он қадар ба шакли дил монандро дорад. Ин ба баъзеҳо осори атиқаи ҳунармандиро хотиррасон кунад, ба одамони дигар ҳамин тавр як чизи оддии аз ночорӣ бунёдшуда ба назар мерасад. Хонаҳо ҳам паст, бетартиб. Шифт ва девори айвонҳои тобистона ҳам аз бӯрё тартиб дода шудааст.