вторник, 17 декабря 2024 г.

 

МОНОЛОГИ ОДАМИ НОМАЪЛУМ

 

Аз сисилаи ҳикояҳои дилгиркунанда

 Вақте ҳамаи  шумо аз ман рӯ гардондед, ман боз ба назди шумо бармегардам. Ба ростӣ,  бародаронам, ман он чизҳоеро, ки гум кардаам, бо чашми дигар меҷӯям; бо муҳаббати дигар дӯст медорам он вақт шуморо.

 Фридрих НИТШЕ

 * * *

 Ба ҷуз Навоӣ ва Улуғбек дар Туркистон  ҳайкали ходими илм ва маданиятро гузоштани шаванд, он бояд муҷассамаи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ бошад.

Лазиз АЗИЗЗОДА

 * * *

Нолаи дар само нағунҷидаам  - ҷавонӣ,

Бачаи ба дарё ғарқидаам – ҷавонӣ.

 Рауф ПАРФӢ

 1

 Дар пеши назараратон марди тахминан чилсолае, ки хеле оддипӯш, миёнақад, андешаманд, каме асабонӣ ва зудбоварро тасаввур карда метавонед?

 Ана ҳамин одам манам. Ба ному насаби ман шавқмандӣ зоҳир накунед. Ман инро гуфтан намехоҳам. Ман шояд як одами миёнаҳоле дар байни ҷомеа бошам даркор, ки то ҳол  мавқеи худро наёфтаам. Аввал шогирди судя шудам, баъд се сол дар Маскав кор кардам, аниқтараш мардикорӣ кардам, баъд ба Самарқанд баргашта, ба кирокашӣ машғул шудам.

 Ҳоло дар хона интернет-клуб ва курси компутерӣ кушодаам. Ба бачаҳои маҳаллаамон намоишҳои гуногун нишон медиҳам, баъд бо компутер кор кардан меомӯзам. Клуб пулакӣ, курсҳо бошанд -  бепул.

 Мисли ман одамоне, ки ба узлат  ақибнишинӣ мекунанд, дӯстони кам доранд. Агар Самандаракаро ба ҳисоб нагиред, шиноси боҳузур нишаста, сӯҳбат мекарда надорам.

 Дарвоқеъ, маҳз ҳамин одами поквиҷдон ва донишманд буд, ки сабаби меҳрмонии ман ба компутер гардад.

 Барои исми шарифамро нагуфтанам наранҷиданатонро мепурсам. Аммо ман як маълумоти муҳимро пинҳон намекунам. Ман абераи ҳазрати Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ҳастам. Пеш аз он ки номи бобокалонамро ба ман гузоранд, бисёр баҳсу талош карданд, ба хавотир афтодаанд. Ман кӯшиш мекунам, ки инро то ҳадди имкон мисли ҷабрдидагони задашуда аз пайи пинҳон доштан ҳастам. Дар вақте ки ниҳоят зарур аст, мегӯям. Ман медонам, ки мардуми мо аз сабаби авлоди ин алломаи  маърифат буданашон ба ранҷҳои гуногун гирифтор шудаанд. Дар солҳои репрессияи сталинӣ бештари онҳо паноҳ бурда, ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба тарафҳои Тоҷикистон рафтанд. Ин тарсу изтироб ҳоло ҳам насли моро пурра тарк накардааст.

 Ман бобокалони худро хеле қадр мекунам. Солҳои охир ман дар бораи он кас бисёр чизҳоро омӯхтам. Масалан, ман китоби тартибдодаи профессор Бегалӣ Қосимовро қариб аз ёд кардам. Бо бисёр олимони Беҳбудишинос  ошно ва бо баъзеи онҳо дӯст шудам. Пеш аз сар кардани ягон кор ба худ  «хайр, бобом ба ин чӣ гуна муносибат мекарда бошанд?» савол додан ва мувофиқи он ба амал кардан одат намудаам.

 * * *

 Мактаби миёнаро хатм карда, ҳуҷҷатҳоямро ба факултети ҳуқуқшиносӣ  супурда будам. Зеро хонаводагиҳо судя ё прокурор шудани маро мехостанд, корди ин тоифа мурдум ҳамеша болои равған буданашро аз борҳо такрор кардан ҳаргиз хаста намешуданд. Ва аз ҳама муҳимаш, таъкид мекарданд, ки  худи бобоям ҳам фаъолияти меҳнатиашонро аз мирзогии қозихона сар кардаанд.

Аммо каминаро қабул накарданд. Дар дили қавмамон (аз ҷумла ман ҳам) як умеди ботиние, ки номи ман, дурусттараш насабам ба  комиссияи қабул ё муаллимони имтиҳонгиранда як навъ ҳисси ҳидоятгариро ба хотир меорад, раги дилсӯзиро бедор мекунад, вуҷуд дошт. Аммо ин тавр нашуд. Ба ин нукта танҳо зани русе, ки ҳуҷҷатҳои маро бармегардонд, завқмандӣ зоҳир кард.

 — Шумоён ба Беҳбудӣ...

 Амакам, ки дар паҳлӯям меистод, ба худ омада, табассуми хайрхоҳона кард. Зан кушода шуд; чун одат ба забони русӣ давом дод.

 - Ман дар Қаршӣ таваллуд шудаам. Дар шаҳодатномаи таваллудам «Зодаи шаҳри Беҳбудӣ» гуфта навиштаанд.

 Сонӣ, бо ҳаяҷону иштибоҳ ба хондани монолог шурӯъ намуд: дар бораи бобокалонам хондаю шунидаҳояшро қатор кард. Дар бораи падараш, ки низ олими маърифатпарвар будааст, вале ба беадолатӣ гирифтор шуда, ба «душмани халқ» табдил ёфтааст; баъди он мусофиратҳо, хориву зориҳо...

 — Маслиҳатам ба шумо, — гуфт ӯ дар охир хайрхоҳона ба амакам нигоҳ карда, — йигитчаро дар суд, дар милитсия ба кори хурдтар монда истед — соли оянда барои ба шӯъбаи ғоибона дохил шуданаш кӯмак мекунам. Ректори мо инсони аҷоиб  - аз авлоди Беҳбудиҳо гӯям...

 Мо аз ин эътироф ва эҳтироми шафиқона сарфароз шуда, ба хона баргаштем.

 * * *

 Бояд гуфта гузарам, ки бинои суди халқӣ на он қадар боҳашамат ва зебое буд, ки ман тасаввур мекардам, вале он бо симои пасту назарногиронаи худ ба ман таассуроти ногувор гузошт. Ин ҳол ба дилам наменишаст ва ҳазм карда наметавонистам, ки  тақдири инсон дар чунин як ҷойи афтодаҳол ва пойдевораш шӯрзада ҳал карда мешавад.

 Ману амакам ба ӯтоқи пешгоҳ даромадем.  Зане, ки аз рӯйи намуд солаш ба ҷое рафтааст, либосҳои симобиаш ба синну солаш мувофиқ,  босалобат, хушнамуд ба касе бо телефон гуфтугӯ мекард, ин рафтор хилофи қонун буданаш, аз дасташ наомаданашро бо оҳанги ба худ хос, бо қатъият таъкид мекард ва  дар айни замон, дар овози вай як оҳистагии ташвишовар ҳис карда мешуд. «Касе ки ба ҳама чиз ақлаш мерасад, ҳама чизро мебахшад» гуфт дар охир ӯ.

 Ин зан – набераи яке аз  ҳамсафони бобокалонам, ҷадиди сарватманди замонаи худ Саидризо Ализода буданашро амакам ба ман гӯшрас карда буданд.

 Таъкид кардан ҷоиз аст, ки аз он замон чандин сол сипарӣ шуд, ақидаву сиёсатҳои мухталиф забту забун шуда бошад ҳам, вале наздикии зоҳирии сулолаи ҷадидҳо дарз нахӯрда буд: тӯю маъракаҳо онҳоро тез-тез ба ҳам меовард, дар ҳалқаи ҳамфикрон ҳамдигарро меситуданд, худро “аз ҷадидзодагон” гуфтан намеҳаросиданд. Дар мавридҳои зарурӣ ҳамдигарро дастгирӣ мекарданд, мададу маслиҳаташонро дареғ намедоштанд. Вақте дар хонаи мо тӯй ё маросиме барпо мешуд, наздикони Саидризо Ализода, Ҳоҷӣ Муин, Абдуқодири Шакурӣ, Садриддин Айнӣ, Раҳматулло Исматулло, Абдуқаюми Қурбӣ, Саидаҳмади Васлӣ, Қӯқонбек Абдухолиқзода, Кенҷа Ҳамидӣ, Акобир Шомансур, Қозӣ Ҳайдар, Муҳаммадқул Ӯринбой ӯғлӣ барин наздикони зоти шариф ташриф меоварданд; падар ва амакам ба онҳо лутфу марҳамати махсус нишон медоданд. Эҳтимол, хотираи поки шарифи бобоёнамон, рӯҳи онҳо якдил, ҳамдард будани моро водор мекард.

Пас аз он ки апа гӯшаки телефонро ба ҷояш гузошт, бо амакам даст дода, вохӯрдӣ кард, ба сӯйи ман бошад, хайрхоҳона сар ҷунбонд.

 — Ҷияни дирӯз гуфтаам, ҳамин аст, ойтимулло, — ба ман ишора карда, мулоимона ба сухан сар кард амакам, — як устодӣ кунед. Стаж доштан ҳам зарур будааст.

 Ойтимулло табассум намуд; ҳамааш ба худам вобаста буданашро бо заковатмандӣ таъкид карда,  бобокалонамро ба ёд овард: ӯ ҳам корро аз мирзогии қозӣ сар карданашон, ба мартабаҳои калон расиданашонро такрор сохт. Бо баъзе сабабҳо дар охир:

- Фарқи шоҳу хон як ҳарф аст, - гуфта монд.

 Ҳамин тавр, ба роҳи ҳаётии камина старт дода шуд. Ҳаёт, чуноне ки дар суруд гуфта мешавад, як лаҳзаест байни гузашта ва оянда. Чӣ тавр гузаронидани ин фурсат, чунон ки калонсолон мегӯянд, на танҳо ба худи ман, балки ба ҷомеа низ вобаста аст.

 Бояд бигӯям, ки аз рӯзҳои аввал дар ин ҷойи назарногир аз бисёрии  кор ва ҷиддӣ будани он дар ҳайрат мондам. Ҳар рӯз аз мошини чопӣ ҳуҷҷатҳои зиёде бароварданам, аз прокуратура парвандаҳоро оварданам, аз рӯйи ин ё он масъала бо милиса дар робита буданам ва аз ҳама бадтараш, аз сабаби ба хӯроки нисфирӯзӣ набаромадани Ойтимулло ба ӯ таомҳои гуногун оварда доданам зарур буд.

 Бо одамони ба ин даргоҳ омада ҳам муомила кардан кори осон набуд. Ҳарчанд ҳамчун тирак калон карда навишта шудааст, ки раиси суд танҳо рӯзҳои душанбе ва чоршанбе қабул мекунад, аз саҳар назди дарро танба карда мегиранд. Худоё, ба чеҳраи дандоннамое вонамехӯред: ҳама, ҳатто аз чеҳраҳои корбарони худи мо ва иҷрочиёни суд ҳам, барфу борон меборад, бардурӯғ бошад ҳам, табассум намекунанд. Онҳое, ки корашон барор намегиранд, моро рӯйирост ба муттаҳамӣ ва ришвахорӣ айбдор мекунанд.

 Ба фикри ман, ин даъвоҳо чандон асоснок нестанд. Ҳарчанд дар назари аввал шахсоне, ки дар ин додгоҳ кор мекарданд, ба назари ман мағруру шубҳанок намоянд ҳам, зуд боварӣ ҳосил кардам, ки онҳо мисли аспи ба ароба баста, беист кор мекунанд ва бар замми ин, ҳамеша аз ойтимулло сар карда, то фаррош аз чизе ҳаросон буданд.

 Рост, баъзан ғавғоҳое, ки боиси ханда ҳам мешуд, рух медод ва мо онро  чанд рӯз ба ёд оварда  мегаштем.

Субҳи рӯзи душанбе дар берун садои ғавғо баланд шуд. Вақте  баромадам, муйсафеде, ки тахминан ба ҳаштод рафта буд, касеро дашном дода, мехост ба сӯйи мо биёяд, аммо ду нафар мардоне, ки ӯро аз дасташон медоштанд, ба оқиб мекашиданд.

 - Дастамро сар деҳ-е, очаатро... Ҷудо мешавам гуфтам, гап якта!

 Онсӯтар пиразане ғур-ғур  мекард.

 - Муйсафед пир гашта, майнааш вайрон шудааст. Вай мехоҳад бо ҷавонтараш издивоҷ кунад ...

 Фаҳмам, ки пиру кампир ҷанҷол карда, барои ҷудо шудан омадаанд, шахсони аз дасташ дошта писарони мӯйсафед будаанд. Ба ин аҳвол  коркунони мо, ки ҳатто сафедии дандонҳояшонро нишон намедоданд,  бо як гӯшаи лабашон табассум карданд.

 — Дер шуда монд-ку, маро гусел карда намемонед? — пурсид рӯзе ойтимулло. — Хӯҷаин ҳам хавотир кашида нишаста бошанд даркор.

 Шояд  аз сабаби он, ки ҳарду хеле монда шуда будем, дар роҳ хомӯшона қадам мезадем. Пас аз хеле роҳ рафтан як «Жигули» дар назди мо “тақӣ” карда истод, ронанда сарашро аз тиреза берун бароварда,  бо эҳтиром ба ойтимулло салом дод ва дарро кушода, моро ба забони тоҷикӣ ба нишастан даъват кард.

 — Каме пиёда гардем, одам рӯзи дароз мешинад, — розӣ нашуд ойтимулло.

 Ронанда боз як бор таклиф карду баъд ба роҳаш рафт. Ман ҳайрон шудам, ойтимулло  шарҳ дод:

 — Касби мо чунин аст: шояд ман ин одамро суд кардаам ва ё суд мекунам.

 Ба одамон бовар накардан,  ба ҳар кас шубҳаомез нигаристани ӯ ба назари ман ғайритабиӣ менамуд. Аммо барои сабабашро пурсидан андеша намудам.

 Аз дарвозаи оҳанин ба саҳни ҳавлии танг даромадем; ба пешвози мо марде, ки ба мӯйҳояш сафедӣ дамида буд, баромад. Ин мард рафиқи ҳаётии апа буданашро таъкид карданам зарур набудагист. Мо мисли шиносони дерина вохӯрдӣ намудем.

— Ин ҷавон мирзои нави ман аст, — ҳазлкунон муаррифӣ кард апа, — абераи ҳазрати Беҳбудӣ.

 Амак аз ташрифи ман шод шуда, таъкид намуд, ки ин суханро пештар шунида буд ва дар бораи худаш маълумот дод:  муаллимӣ мекардааст, ҳаёти ҷадидонро омӯхта будааст. Фаҳмидан душвор набуд, ки ӯ ҳам мисли ойтимулло бо се забон – ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва русӣ озодона сӯҳбат мекунад.

 — Худи домулло Беҳбудиро дидагӣ барин шудам,  - гуфт ӯ. - Бобокалони шумо одами хеле ҷиддӣ, сипоҳ ва камгап  буданд. Садриддин Айнӣ  аз салобати ин шахс ба андеша рафтани худро менависад. Мо то ҳол чӣ қадар дар тараққиёти тамаддун қувваи бузург ато кардани бобоёни ҷадиди худро нафаҳмида, қадр накарда истодаем.

 Баъд дар бораи Саидризо Ализода сухан ронд. Гуфт, ки хоки ин зоти табаррукро аз шаҳри Владимир оварда, дар қабристон гузоштаанд, дар мактаб ҳайкал мондаанд.

 Баъди ин суханон як дарди ботинии мавҳумро ҳис кардам: наёфтани қабри бобокалонам, ба ӯ ҳайкал нагузоштан зимнан дили маро ба фишурдан овард. Охир, мо, Беҳбудизодаҳо, дар назди кадом қабр Қуръон тиловат кунем ва дар рӯзи таваллудашон дар пояи кадом муҷассама гулчанбар гузорем?!

 Оҳ, тақдири кӯр!

 Ба хона дер ва афсурдаҳол баргаштам.

 Боз: вақте дар хонаи апа будам, гувоҳи азияти бечораи зурриёти  тақдир шуда, зиқ шудам ва  доир ба чӣ чизи судягӣ ҳавас кардани хонаводагиҳо андешидам.

 Пагоҳӣ барои ойтимулло чой дам кардам ва баробари ба ҷойи худ нишастан зане, ки дар даст кӯдак дошт, ғурбаткунон даромад: моро ба золимию бешафқатӣ айбдор кардан сар кард; ба ҳой-ҳойгӯйии ман нигоҳ накарда, ба назди апа даромада рафт - ман аз пасаш даромадам. Апа парвандаи ҷиноии хондаистодаашро ба як сӯ тела дода, ба  зан рӯ овард.

 — Хӯш, чӣ гап?

 - Шавҳарамро бароварда медиҳед!

 Апа бо ҳамон ваҷоҳати сардомез аз ғалладон як делоро гирифта, онро варақ зада ба гап даромад.

- Шавҳаратонро ман не, худатон ҳабс кардед! Вай маст шуда, ба шумо даст бардоштааст: ба прокурор, ба медэкспертиза рафтед. Ҳамин тавр?

 -...

 — Як моҳ нагузашта, аз фикратон гаштед? Мувофиқи моддаи муқарраркардаи прокурор бояд ба панҷ сол мерафт, ман андешида, ба се сол овардам. Чӣ, оё ӯ барои мард  таваллуд шуданаш гунаҳкор аст? Шумо норозӣ шуда, аз болои ман навиштед. Ҳамин тавр?

 - Дар болои ҷаҳл...

 — Акнун чӣ илоҷ?!

 — Бачаву качаи ӯро кӣ мехӯронад? — ғурунгос зад зан.

 — Аввал ҳаминро фикр кардан даркор буд. Хӯронида натавониста истода бошед,  онҳоро ба хонаи кӯдакон супориданатон мумкин.

 — Ман фарзанди ба детдом месупоридагӣ надорам! Одамон  ба нохуни фарзанд зор, - зан эҳсоси нозук ва заифи апаро, ки дониставу надониста зери по кард. - Агар шавҳарам аз ҳабсхона намебаромада бошад, худамро оташ мезанам!

 - Э як ҳамин хел мекардед, аз саратон гардам – шояд ман аз як одами ҷанҷолӣ халос мешудам!

 — Не, менависам! Шахсан ба...  менависам!

 - Як ҳамин корро кунед, гардам, шояд маро аз ин кори дардисарӣ озод кунанд.

 Баъд, апа худро дошта натавониста, ба забони русӣ гузашт. Гуфт, ки фарқи байни инсон аз ҳайвон он аст, ки худро мекушад ва ё таҳдиди ин корро мекунад ва ин ҳама ба ҷуз ҷоҳилӣ чизи дигаре нест.

 Зан аз ҷаҳл фаромада, баромада рафт. Ман ба ҷоям нишаста,  оиди «аз ин кори дардисарӣ озод» шудан андешидам. Аммо вақте медидам, ки рӯзгузаронӣ рӯз аз рӯз душвор шуда, лак-лак одамоне, ки кор намеёбанд, фикр кардам. Ба ҳар ҳол, ҳукумат дар ин додгоҳ моҳе як бор ба даҳонат пистонак меандозад ва он ба чашмонат сароби хушбахтӣ менамояд, ба пур кардани як қисми норасоии рӯзгор мерасад.

 Як пагоҳӣ ба кор оям, дар назди маҳкама анбӯҳи мардум, ҳатто пеши дар тамбаи одамон. Тахмин кардам, ки инҳо  хешу ақрабои кадом як одами судшаванда ҳастанд, вақте аз байни онҳо яктарафа шуда мегузаштам, як амаки либоси зебопӯш ба китфам нихта кард.

- Як дақиқа мумкин аст?

Мо беихтиёр ба як гӯша гузаштем. Бо вуҷуди шитоб доштан ва аз ин ҳолат дар хавотир  буданам, нигоҳ накарад, ӯ ҳурматомез ва гапдонона ҳолу аҳвол  пурсид.

 - Аз рӯйи фаҳмишам, шумо аз шогирдони апа ҳастед?

 - Ҳамин тавр...

 - Илтимос, ба он кас расонед, ҳар чизе мегӯянд, чӣ қадаре, ки  мегӯянд - мо розӣ ҳастем...

 Ман тарсдам ва зада ба ӯтоқи кориам даромадам.

 Акнун биёед, дар бораи парвандаи ҷиноии мазкур гап занам.

 Ду бойбачаи наврас ба таври худ ба шикор мебароянд. Бояд гуфт, ки онҳо бо ҳамдигар тифоқ буданд. Аммо сериву шӯхӣ гуфтагӣ барин ба таври худ далерони милтиқдор (албатта ҳазломез) барои тарсондани дӯсташ пешакӣ сочмаҳои як патронро гирифта, ба ҷояш фақат боруту коғаз  ҷой мекунад. Баъде, ки ба ҷойи хилваттар меоянд, мили туфангро ба дӯсташ рост менамояд.

 — Ман туро барои парронан ба ин ҷо овардам, —  бо  ҷиддият мегӯяд, — зеро ту фурӯшанда ҳастӣ! Сухани охиринатро бигӯ!

 — Бо милтиқ ҳазл накун, — кайфаш парида мегӯяд дигараш.

 - Ин шӯхӣ нест! Ҷазои номард марг аст! Гап зан! Ман то се мешуморам...

 - Истоаввал фаҳмон...

 - Як, ду, се...

 Ӯ дастакро пахш мекунад – олам гумбурос зада рафтагӣ барин мешавад. Паррондашуда, аз рӯйи таъбири мо, ҷабрдида парида меафтад. Инро дида, ношуди милтиқростикарда: ба хаёли «иштибоҳ карда, патрони дигарро ҷо кардаам» меравад ва худаш ҳам беҳуш шуда меафтадад. Вақте ки одамон давида меоянд, аҳвол мисли гуфтаи пешинаҷӯраҳо дар ду тараф дароз кашида хобидаанд.

 Албатта, об мепошанд: тирандоз ба худ меояд, аммо тирхӯрда... Либосҳояшро мекашанд — ягон хел захм ва осори хунро намеёбанд. Судмедэкспертиза ҳам, дар ҳақиқат дар бадани ӯ ҳеч гуна ҷароҳат надоштан, аниқтараш, паррдонида нашуданаш, фақат халалдор шудани кори дилро қайд мекунад. Пас аз ин казо-казо хешу табори ҳар ду наврас ба ду гурӯҳи адоватнок тақсим мешаванд, яке аз пайи  пурзӯр кардани ҷазо, дуввумаш,барои сабук кардан меафтанд; дар роҳи ору номус ҳеҷ чизеро дареғ намедоштагӣ мешаванд; аз ҷумла, адвокатҳои номашон баромадаро мегиранд, ба шахсу идораҳои бонуфуз шикоятҳо ирсол мекунанд;  тафтиш такрор мешавад, қабрро аз сари нав мекушоянд ва ғайра...

 Аз таҷриба ҳаминаш аён аст, ки  ҳатто суди одилонатарин ҳам дар чунин вазъият тарафҳоро қаноатманд гардонида  наметавонад. Зеро ҳақиқати ҳамабоб вуҷуд надорад-дия. Дар ин бора фикр карда, ба ҳоли апа раҳмам омад ва интизор шудам, ки чӣ тавр ин гиреҳро мекушояд.

 Апа, ки аз ҳар гуна вазъият ба осонӣ мебаромад, ин дафъа чорае ба кор бурд: казо-казоҳоро аз ду тараф (албатта, алоҳида-алоҳида) ба ҳуҷрааш даъват кард; бо онҳо то бевақтӣ дар бораи чӣ ва бо кадом оҳанг сӯҳбат карданаш барои ман торик аст. Аммо ҳарду ҷониб утоқро тарк карда, барои баргузории мурофиа дар ин ҷо монеъ шуданд.

 Дар ин хусус мо аз онҳо забонхат нависонида гирифтем.

 Баъди рафтани ҳама ойтимулло марову иҷрочии судро ба ҳуҷраи худ даъват кард ва хеле ботамкинона ба сухан сар кард.

 - Тавсифи аз ҳад зиёд ба хушомадгӯйӣ, дору ба заҳр, меҳр ба хашм, ҳазл ба зил, танқид ба дашном табдил меёбад. Дар ин ҷаҳон аз ҳад мегузарондагӣ - мухбирҳо! Бо онҳо камтар дар муошират бошед! Шумо баҳона  худро таблиғ мекунанд онҳоИн гапро пештар ҳам  гуфта будам, ба шумо?

 Мо итоаткорона сар ҷунбонда, тасдиқ намудем.

— Ҳамин хел бошад, чаро ба мухбир интервю додед? — ба сӯйи иҷрочӣ ру овард ӯ. – Ҳоло суд нашуда, оиди ин масъалаи серғавғо дар олам ҷор андохтан  лозим аст?! Нелзя так!

Баъд ба ман рӯ овард.

 — Шумо бо ҳамон одам ба гӯшае рафта, гапзанон кардед. Что это такое?! Агар кор карданӣ бошед, дурусттар кор кунед!

 Баъди  ба хона баргаштан бори аввал аз инҷиқии апа, аз ҳар чиз шубҳа карда, зиндагӣ карданаш шикоят кардам. Ин рафтори ман ба табъи модарам, падарам ва амакам нафорид. Баъди каме сукут падарам бо вазнинӣ ба сухан сар кард.

 — Барои вай осон нест: тарси зулми замон ба дилаш даромада мондааст. Он қувваи лаин як умр ӯро таъқиб мекунад. Зада шуда мондааст-дия, шӯрбахт. Худат як тасаввур кун: баъди «душмани халқ» эълон шудани бобояш тамоми аҳли оиларо ба тарафи Кавказ бадарға карданд. Ҳамаашон дар ҳамон тарафҳо нобуд шуданд. Баъд хешовандон рафта, духтарчаро ёфта оварданд. Мо ҷадидзодаҳо ӯро зери қаноти худ гирифтем, акаам ба ӯ карточкаи нон гирифта доданд.

 Пас аз ин суханон ҳам тахминан боз ду моҳ бо сабру тоқат кор кардам. Баъд ариза навишта, дар вақти набудани апа ба  рӯйи мизаш гузошта, баромада рафтам.

 Баъзан фикр карда  мемонам: хайр, оё бобоям чунин роҳро пеш мегирифтанд? Аввал ин, ки он кас ба тағояшон мирзо шудаанд ва аллакай дар худи ҳамон вақт соҳиби мавқеи хеле баланде шуда, бо он кас ҳисобу китоб мекарданд. Аз сабаби бо сабру тоқат кор кардан  баъд қозӣ шудаанд.

Ман бошам, баъди аз он ҷо аз кор рафтанам дар ҳеҷ ҷо кор кардан, хонданам намеомад. Дар яке аз чунин рӯзҳо дӯсти ҳамсинфам ба Москва, ба назди модараш рафта, кор карданаш ва агар хоҳам, маро ҳам ҳамроҳ бурданашро гуфт.

 - Модарат дар он ҷо чӣ кор мекунанд? – шавқмандӣ зоҳир кардам.

 Модараш дар як магазини калон кор карданашро гуфта, хеле таъриф ҳам карда монд. Дар ман баробари пул кор кардан орзуи Москваро дидан ҳам баланд буд.

 - Аввал аз модарат пурс, ки барои ман кор ёфт мешавад? – гуфтам.

 — Бо ягон ҷӯраат биё, гуфта буданд, - гуфт ӯ. - Барои шарик наёфтанам рафта натавониста гаштаам..

 Бобоям бошанд, навишта мондаанд:

 «Қадри Ватан ва мардуми сарзамин дар мусофират маълум мешавад. Дар ҳақиқат, Ватан муқаддас аст. Қадри онро донед. Набояд фурӯхт ва то мурдан аз он ҷудо нашудан даркор. Эй Худои қодир, бандагони мусофиратро бишнав ва онҳоро ба муродашон бирасон».

 Охир, Ватанро танҳо дар рӯзҳои ҷашн дӯст доштан ба маънои томаш ватандустӣ нест! Чӣ хеле, ки бобоям таъкид кардаанд: «Набояд фурӯхт ва то мурдан аз он ҷудо нашудан даркор». Дар ҳақиқат, танҳо дар ватан шодию саодат ва некбахтиҳо ба мисли ду дасти дарозкардаи кӯдак ба сӯйи ту ҳаракат карданаш мумкин!

 Аммо ба чунин як ҳикмати табаррук риоя накарда, ба Руссия роҳ пеш гирифтам. Бо умеди он ки саргардониҳои ман ба касе дарси ибрат шавад, саргузашти худро муфассалтар гуфта медиҳам...

2

 Модари дӯстам моро дар вокзал бо ҳаяҷон пешвоз гирифта, ба камина низ лутфу марҳамати  хоси самарқандиёна нишон дод.

 Дар ин ҷо якчанд нафар занҳо сабзавоту меваҷот ва шириниҳоро ба навъҳо ҷудо карда, баркашида, дар халтаҳои махсуси селофанӣ меандохтанд ва дар рӯйи пештахтаҳо ҷо ба ҷо мегузоштанд.

 Шароити зиндагӣ ба таъриф намеарзид. Ҳуҷраи ошёнаи болоии мағозаи калон бо парда ба ду қисм ҷудо карда шуда буд, дар як тараф занҳо ва дар тарафи дигараш мардон мехобиданд.

Пагоҳии  рӯзи дигар, вақте ки ба кабинети хӯҷаини магазин (ӯро Босс мегуфтанад. Ин номи ӯ буд ё тахаллусаш  – нафаҳмида мондам) ворид шудем, бояд гуфта гузаштанам зарур аст, ки аввалин чизе, ки диққатамро ба худ ҷалб кард, ин як ҷуфт дастпӯшакҳои муштзанҳои дар девор овезон буд. Ҷасади посбони сардорро дида, гумон кардам, ки ӯ бояд бо варзиш машғул бошад.

 Ӯ бо ман бисёр сӯҳбат накард. Пурсид, ки ман дар куҷо таҳсил ва кор мекардам; дар додгоҳ кор карданамро шунида,  мамнунона табассум кард.

— Забони русиро нағз медонистаӣ: фурӯшанда мешавӣ, — гуфт  ва ким-чиҳоро ба ёрдамчиаш таъин кард. Ёрдамчиаш маро ҳамроҳ ба поин фаровардан баробар, боз гардонида фиристод.

 — Гастарбайтери навомадаро гирифта, ба назди Босс мерафтаед, — гуфт ӯ ба амаки ҳамроҳи дар ин ҷо будаам.

 — Ба ту кори дигар ёфтам, — гуфт сардор ин дафъа. - Ҳозир бо ман меравӣ. Ба як ҷо меравем...

 Мо боз ба поён фаромада, ба мошин нишастем.

 — Ба ҳавлибоғ бирон, - ба ронанда фармон дод ва ба ман  посбони ҳавлибоғ шудану нигаҳубин кардани ҷонварони он ҷоро гуфт.

 Мо аз болои дарёҳо гузашта, аз байни ҷангалзор хеле роҳ тай кардем. Ҳарчанд  дар ҳавлибоғи ӯ чӣ гуна ҷонварон буданашро кунҷковона донистан хоҳам ҳам, ба пурсидан ҷуръат карда наметавонистам. Дар пеши назари мо ҳавлиҳои пасту баланд ва бетартиб сохташудаи саҳроӣ пайдо шуданду мо дар назди яке аз онҳо қарор гирифтем. Ҳамин, ки Босс дарвозаро кушод, як маймун ба наздаш давида омада, ба ӯ шӯхӣ кардан гирифт ва изтиробомез аз ким-чизе огоҳ кардани шуда, чирросзанон ба китфаш баромада гирифт.

 — Робинзон, маро пазмон шудӣ, — шакаргуфтори кард хӯҷаин ҳам дар навбати худ ба ҷонвор.

 Маймун ҳамон чиррос мезад, аз дидани соҳибаш аз изҳори сарфарозии худ хаста намешуд, гоҳе ӯро мебӯсид ва чанги либосашро меафшонид.

 — Инро аз Африка овардаанд. Бо ту дар як хона зиндагӣ мекунад ва чизе хӯрӣ, аз ҳамон ба ин ҳам медиҳӣ, — ба ман фаҳмонд Босс. - Ин дафъа оям, ўро ба хона мебарам.

 Сипас, ба тарсида истодани  ман нигоҳ накарда, хӯҷаин Робинзонро ба китфи ман шинонд ва саги ало-булорангро аз қафас бароварда, ба оғӯш гирифт ва бо ким-чӣ гуна хӯрокиҳо дӯстдорӣ кард. Баъдтар фаҳмидам, ки номи саг Казбек ва аз зоти долматӣ будааст.

 Баъд ба ман гуфт:

 — Ту инҳоро нағз нигоҳубин мекунӣ, эҳтиёт мешавӣ... Аз мор наметарсӣ? — бо ҳамон оҳанг пурсид ӯ ва давом дод: — Ман туро бо Наполеон ҳам шинос мекунам. Ин анакондаро аз қитъаи Америка гирифта овардаанд.

 Рости гап, ман дар бинои умрам чунин мори калонро надида будам. Аз тарс ба ларза даромада, дуртар рафтам. Баъд ба назди хонае, ки дар он харгӯшҳо парвариш карда мешуданд, рафтем. Босс як харгӯшро дошта гирифту ба сӯйи мор партофт. Ман шавқманди дидани чӣ хел ҷонворро хӯрда фурӯ бурдани Наполеон будам, аммо вай ҳатто ба сӯйи сайди худ нигоҳ ҳам накард.

 Хӯҷаин ба мо ҳуҷраеро, ки бояд бо Робинзон хобем, нишон дод. Дар болои чорпояву диван, ки гуё соҳибаш чанде пеш саросемавор кӯчида рафта бошад, ҳар хел либосҳо, ҷиҳозҳои гуногун пароканда буданд. Дар хонаи дигар яхдон, плитаи газ, хӯроквориҳои зиёде буданд.

 — Барои ҳозир ҳама чиз кифоя аст, — пеш аз рафтан гуфт Босс. — Ман баъди ягон ҳафта меоям. Ба Наполеон дигар хӯрок надеҳ, ҳамон харгӯш ба ӯ барои як моҳ мерасад. Хӯрок диҳӣ ҳам, вай аздусар намехӯрад.

 Ба диван дароз кашида, шод шудам, ки ҷойи оромамро ёфтам. Дере нагузашта, Робинзон ҳам ба ман одат кард. Вай баъзан ба берун баромада омада, ташвишомез чиррос мезад, чизеро фаҳмонидан мехост. Вақте ки ман ба берун бароям, дар атроф ба гаштугузори ягон одам ё саге гувоҳ мешудам.

 Рӯзи дигар ман бо шавқмандӣ ба хонаи Наполеон нигоҳ кунам, аз харгӯши бечора ному нишоне нест. Фаҳмидан  душвор набуд, ки ин гуруснаи ҳарис онро пурра хӯрдааст. Баъд ман Казбеку Робинзонро ҳамроҳ гирифта, ба сайру гашт баромадам. Дар гирду атроф бисёр ҳавлиҳои саҳроӣ сохта шуда, танҳо дар баъзеи онҳо одамон зиндагӣ мекарданд. Бо сардшавии ҳаво бисёриҳо гӯё кӯчида рафтаанд.

 Дар ҳақиқат, рӯзҳои фароғат cap шуда буданд. Хўроки дилхоҳамро мепухтам, баъди таом маймуну сагро ҳамроҳ  гирифта, ҷангалзорҳоро дарв мезадам. Сайру гашт дар байни санавбарҳои осмонбӯси қримӣ, балут ва шумбедҳоро нагӯям ҳам мешавад.

   Рӯзи сеюм аз мор хабар гирифтам ва то ҳол ин баднафс чӣ гуна харгӯшро хӯрдааст, донистан мехостам ва ин ҳолатро барои бо чашми худ надиданам афсӯс мехӯрдам. Баъди андешаҳои зиёд қарор додам, ки аз ҳамон қафас харгӯшчаеро гирифта, ба ин газанда партоям. Ҳангоме ки ман ҷонварро гирифта, ба террариуми мор мебурдам, аз рӯйи одат маймун давида омада, ба китфам баромада, маро аз кадом як хатар огоҳ карданӣ шуд. Ба назарам, вай харгӯшакро ба коми аҷал напартофтанамро талаб мекард.

 Ман, ки имову ишораи маймунро фаҳмида, ба гапаш гӯш надодам, баъд мисли саг пушаймон шуданамро гуфта гузаштанам зарур аст. Ҳамин ки харгӯши шӯраш хушкшударо ба пеши анаконда тела додам, Робинзон низ як ҷаҳида ба назди харгӯш даромад ва ӯро барои аз даҳони аҷал зудтар ба берун баромадан даъват кард. Гӯё ин кифоя накарда бошад, ваҷоҳаташро тағйир дода, ба анакондаи бадҳайбат таҳдид ҳам намуд. Газанда аз ин тарсида, каме ақибтар рафт. Бо ҳамаи ин нигоҳ накарада, маймуни бадбахт аз коми марг берун намешуд, барои даромада гирифта баровардани вай бошам, ман ҷуръат намекардам. Зориомез хуб ҷеғ задам, лекин нӯги сӯзан барин  натиҷа надод.

Ман дегро барои хӯроки шом монда, оташ афрӯхтам. Ният доштам, ки баъдтар Робинзони якравро ба берун мебарорам ва чӣ тавре ки хӯҷаин гуфта буд, дарро бастам. Пас аз ягон соат омада бинам, танаи мор ба таври ҳайратомез варам карда, думи чизе аз даҳонаш намудор аст. Маро даҳшат фаро гирифт: он думи маймуни бечора буданашро шинохтам. Харгӯшак гӯё чизе нашуда бошад, бозӣ мекард. Ман Наполеони баднафс фурӯ бурдани Робинзонро ба хаёл ҳам наоварда будам, зеро ба ин ақли одам бовар намекард.

 Рӯзҳои ҷумъа ва шанбе хӯрок аз гулӯям нагузашт, оқибати ин кор чӣ шуданашро намедонистам ва баъзан хобам намебурд. 

 Босс қарибиҳои чоштгоҳи рӯзи якшанбе даромада омад ва умедвор буд, ки маймун мисли ҳарвақта давида омада, ба китфаш савор мешавад. Баъд ба хавотир афтода, ба ман рӯ овард.

 - Кани вай?

 - Нест.

 - Чӣ шуд?

 Ман вақте, ки гиряомез ва канда-канда аз нохушие, ки шуда гузашта буд, гап мезадам, ба китфу гарданам якҷоя мушт фаровард. Ман афтодам ва хеста, аз тарси ҷон гурехтанӣ шудам, ки ӯ бо як ҷаҳиш расида гирифт ва аз гиребонам маҳкам дошта, ба кашола кардан сар кард.

 -Не, ба осонӣ гурехта халос намехӯрӣ! Ман то туро кушта, аз хумор набароям, намешавад. Ҳамаи шумо - нобакорони осиёиҳоро нест кардан даркор!  Ҳатто сад нафари мисли ту ба Робинзон намеарзед! Ғуломбачаҳои аблаҳ! Ман инро намебахшам! Хунатро мехӯрам!

 Ҳар қадаре ки худро кашида халос хӯрданӣ мешудам, вай нокас  ҳамон қадар маҳкамтар медошт,  

ба зориву таваллоҳои ман  умуман гӯш намедод. Вақте ки бо зӯрӣ маро ба назди террариуми мор

кашида овард, муддаои ӯро фаҳмидам: ӯ нияти маро тӯъмаи Наполеон карданист. Вале аҷалам

нарасида будааст ё зориам ба гӯши Худо расидааст - як тасодуфи аҷибе рӯй дод. Вақте маро ба

 даруни симтӯр тела доданӣ шуд, ман то ҳадди имкон худро ба канор гирифта, рафта ба дар задам.

Дар канда шуда, ба дарун афтод. Вақте ки Аноканда забонашро бозӣ доронда, ба тарафи мо

меомад, хӯҷаини ҷаллод маро раҳо карда, маҷбур шуд, ки пеши роҳи Наполеонро бубандад. Аз

фурсат истифода бурда, худамро ба даруни дарахтзор задам.

 Аз таъқиби Азроил тарсида, гурехтаму гурехтам. Рӯям ба буттаю шохаҳои дарахтон мезад, пойҳоям  ба чуқуриҳои ногаҳонӣ медаромад, вале ман ба ақибам нигоҳ накарда мегурехтам.

 Чӣ қадар давиданамро намедонам. Вақте ки ман лаҳзае таваққуф намуда, ба ақиб нигоҳ кардам, ба назарам шарфаи марг пас мондагӣ барин тофт. Акнун ба самте, ки рост меомад, нафасгардон шуда, пиёда рафтан гирифтам. Тақрибан ягон соат роҳ гаштаму боз маро воҳима пахш кард. Гӯё аз як аҷал раҳо ёфта, бо марги дигар рӯ ба рӯ мешудам. Дар ин бешазори беодам аз хастагӣ ва гуруснагӣ мадорам хушк шуда, ҷон доданам ё тӯъмаи ягон ҳайвони ваҳшӣ шуданам ҳеҷ гап набуд. Сипас, як пайроҳае диққатамро ба худ ҷалб кард. Баъд суханони бобоям "Пайроҳаҳо ба кӯчаҳои калон гирифта мебароянд"-ро ба ёд оварда, аз он набаромада, пеш рафтан гирифтам. Ногаҳ аз пеш як наҳри калоне баромад. Дар соҳили он касе қаиқро баста монда буд. Аз ин мебарояд, ки дар ҳамин гирду атроф зоти одам ҳаст гӯён хурсанд шудам ва худро дошта натавониста гиря кардам. Дар лаби роҳ нишаста,  то холӣ шуданӣ дилам  гиря кардаму гиря кардам. Агар ман дар дасти Босс ё дар ҷангал мемурдам, зор-зор гиристани модари бечораамро пеши назар оварда, сахттар гиря мекардам.

Як вақт дар назди қаиқ пирамарди хамидақомате пайдо шуд. Ӯ ба назарам ҳамчун чароғи наҷот тофт ва бо шодии беандоза ба сӯйи ӯ давида, гарму ҷӯшон салом додам. Вақте мӯйсафед ба саломам алейк гирифт, ман ба роҳгум заданам иқрор шуда, роҳи Маскавро пурсидам.

- Ту осиёӣ, гастербайтер ҳастӣ? - ба саволам ҷавобан савол дод пирамард.

Ман тасдиқомез сар ҷунбондам...

Шукр, ки дар ин дунё одамони хуб зиёданд. Ин одам роҳи он тарафи наҳр ба посёлка бурданаш, аз он ҷо бо автобус ба шаҳр расиданам мумкин буданашро бо фаҳмонида додан қонеъ нашуда, маро ба қаиқаш савор карда, аз об гузаронида ҳам монд.

Қарибиҳои шаб ба шаҳр расида омадам ва истгоҳи борфарориро вокзалро пурсуҷӯ кардамСабаби ин дар он аст, ки дар ин гуна истгоҳ  ҳамеша кор ва ҷойи хоб ёфт шуданаш ба гӯшам расида буд. 

3

Дар истгоҳ якчанд қаторҳои боркаш меистоданд. Одамон ба онҳо ким-чиҳоро бор мекарданд ё мефароварданд. Ман фавран фаҳмидам ва шод шудам, ки инҳо ӯзбекҳои худи мо ҳастанд.

Саркори онҳо Аветик Исаевич ном як марди пакана, кунғузмӯйлаб, хурдҷуссае буд, аммо канда-канда гап мезаду аз рӯйи афту башарааш каме бадфеъл ва бадгириаш мана “ман” гуфта меистод .

Одатан, ин тоифа паканҳо дар кори худ хеле пухта мебошанд, дар мулоқоти аввал дар бораи ҳамсӯҳбат хулоса мебароранд.

Ӯ ба ҷавонони ӯзбек ва тоҷик, ки  дар паси дараш интизор шуда меистоданд, гаштаву баргашта кор набуданашро такрор кунад ҳам, ҳеҷ кадоме монда намерафтанд.

 - Аветик Исаевич, - вақте ки гиребонҳои палтояшро боло карда, баромада мерафт, ман бо оҳанги илтиҷоомез ба ӯ муроҷиат кардам. - Ба ман раҳматон ояд. Чӣ коре бошад, мекунам. Ман аз дур омадаам, кӯмак кунед!

Худро далерона доштан ва ба забони русӣ бурро гапзани ман диққати ӯро ба худ ҷалб накарда намонд.

Ту ба як бачаи шаҳрӣ монанд-ку, дар мо – кор ниҳоят душвор...

Ба кори аз ҳама душвор монда бинед...

- Рома, - ӯ ёрдамчиашро даъват кард, - ана ин бачаро бурда, ба сементфаророн ҳамроҳ карда мон. Гирифтани шиносномааш аз ёдат набарояд!

Дар ин ҷо беш аз даҳ нафар хоразмиҳо ва бухороиҳо сементҳои вагонро ба тележкаҳои трактор бор мекарданд. Ман беихтиёр ба онҳо ҳамроҳ шудам. Ду нафаре, ки дар болои вагон истода буданд, халтаҳои сементи чилкилоиро ба китфат мегузоштанд, мо онро бурда ба тележкаи каме дуртарбуда бор мекардем. Бар замми вазнин будани  семент аз сабаби ҳанӯз хунук нашудани  он китфатро месӯзонд. 

Аз сабаби дер шудани рӯз кор қатъ карда шуд.

Рӯзи аввал бо ҳамсоли бухороиам Акобир – наздик шуда мондам ва ӯ баробари дар бораи тартибу қоидаҳои манзили нав нақл кардан, ваъда дод, ки бегоҳ аз паҳлӯяш ҷой ҷудо мекунад. Мо чалаву нимкора шустушӯ карда, ба сӯйи ошхона роҳ пеш гирифтем.

 Акобир бисёр гап мезад, ба ибораи худаш гӯем, «саҳроӣ» бошад ҳам,  дар гуфтораш лаҳҷаи мардуми шаҳр таҳшин шуда буд.

 Дар ин ошхонае, ки баробари ворид шудан бӯйи тундомези карамшӯрбо ба димоғ мерасад, ба мо нону арзани дар об ҷӯшонидашуда доданд. Хобгоҳ ҳам дар таҳхонаи ошхона будааст. Баробари ворид шуданам бӯйи чирки ҷӯробу арақи бадбӯйи бадан фаро гирифт.

 — Чандсӯмӣ маош медиҳанд? — пурсидам аз шарикам.

 — Панҷсад доллар ваъда медиҳанду вале аз сесад зиёд ба даст намерасад, — ҷавоб дод ӯ. - Барои хӯрок ва хобгоҳ бисёр нигоҳ медоранд. Ин Аветик буржуйи таппа-тайёр! Баъзан ба сохтмон ҳам гирифта мебаранд. Аммо маош ҳамон-ҳамон. Ба ҳаминаш ҳам шукр. Агар харида гирифта бошад, як тин ҳам намедиҳад.

      Ҳамин хелаш ҳам мешавад?

 — Бале, землякҳоро оварда мефурӯшанд... О, бисёриҳо зану фарзанд доранд. Ба ту хуб аст – хонадор нашудаӣ.

- Аз рӯйи донистаам, худи ту ҳам муҷаррад-ку...

 — Ҳа, - бо оҳанги маъюсона гуфт ӯ. - Ман дар ин масъала хато кардам. Сабаби ба ин ҷо омаданам ҳам ҳамин аст. Худо маро ҷазо додааст.

 Вай каме хомӯш монд ва боз суханашро давом дод.

- Модарам аз ҳамсоядеҳа духтаре ёфта буд. Мо, чорводорон -  саҳроии хеле ақибмондаем. Духтарро диданӣ шудам, падарам сарзаниш кард. Бо вуҷуди ин дидаму дуруст гапзанон карда  натавонистам. Дар вақти загс ангуштарӣ гузаронам гӯям, арӯс ангушт надорад. Ҷонам баромад - ангуштаринро ба замин зада, ба ин тарафҳо монда омадаам. Баъдтар фаҳмам, ки духтарак як вақтҳо дар матбаа кор мекардаасту аппарати коғазбурӣ ангушти хурду  беномашро гирифта рафта будааст...

 - Ба духтари бечора ҷабр карда будаӣ-дия, - фикрамро руст накардам.

 - Дар Маскав кори хуб ҳам ёфта будам, аммо Аветики хунхӯр  шиносномаамро надод, — аз чӣ сабаб бошад маҷрои гапро ба дигар тараф гардонд ҳамсуҳбатам.

 Таҳхонаамон бо картон ду тақсим шуда буд ва дар он тарафаш тоҷикистониҳо хоб мекарданд.

 -Аввалҳо якҷоя хоб мекардем, - шарҳ дод шарикам, - вале баъд ҷанҷол сар зад.

 - Аз чӣ?  - пурсидам.

 Вай китф дарҳам кашид. Сӯҳбати моро бачаи рангзарде, ки зуд-зуд сурфааш мегирифт, мешунид, ба гап ҳамроҳ шуд.

 — Яке аскарони моро «фашистон» гуфта дашном додааст. Вақте ки падараш барои ревоҷчинӣ ба кӯҳ баромада будааст, ба мина дучор шуда таркидааст. Сарҳадбонон аз гирифта додани ҷасад тарсидаанд. «Аз Тошканд одамони махсус омада, гирифта мебароранд» гуфтаанд. Аммо онҳо наомаданд.

 Дар ҷавоб одамони мо ҳам ором нанишастаанд.

 - Мо намояндагони миллати бузургем, - гуфтааст ӯ ва ба президенти кишварашро таъриф кардааст.

-Не, мо миллати бузургем, - гуфтааст бачаи тарафи мо ва президентро ситоиш кардааст. Ҳамин тариқ, масъала ниҳоят ҷиддӣ шудааст.

 Мувофиқи гуфтаи шарикам аз ин ҳол Аветик  хабардор шуда, ба ғазаб омадааст ва хобгоҳро ба ду тақсим кардааст. Баъд ҳамаро ҷамъ карда гуфтааст: «Дар ин ҷо президент манам! Агар ягонтоат аз гуфтаи ман берун бароед, ҷанҷол кунедонаи зоратонро аз Учқӯрғон нишон медиҳам!»

 Шаби дароз хобам набурдҲангоми саҳар хоби ошуфта дидам. Бобокалонам мисли ҳайкал шах шуда мондаанд. Ман аз чӣ сабаб бошад, ки ба забони русӣ аз он кас мадад пурсидаам. Вақте ки бобоям ҳамон хомӯш мондаанд, гуфтам: «Ба назарам, худи шумо ҳам ба кӯмак ниёз доред».

 Пагоҳаш ҳам, рӯзи дигараш ҳам семент фаровардемИн кори вазнин ва пурмашаққат буд, илова бар ба шароит ҳам тоқат карда намешуд. Ҳоҷатхонаву хонаи шустушӯ ниҳоят ифлос будакасе онҳоро тоза намекард ва пагоҳиву бегоҳӣ дар ин ҷоҳо ба навбат истодан рост меомад. Вале чӣ чора: чӣ тавре ки мегӯянд, осмон баланду замин сахт аст...  Дар асл тоб овардан ва ҳатто шукр кардан лозим буд. Зеро баъзе ҳамватанони мо, ки кор пайдо карда натавонистаанд, дар рӯи фарш ғунча шуда, шабро рӯз мекунандЗабунии қадру қимати фарзанди инсон дар ин диёр дилатро хуфтан мегардонад. 

 Дар куҷое хонда будам, ки бахт аксар вақт дари ҷавононро мекӯбад. Аммо он бахти якрав манзили ҷавонони ин ҷоро гӯё фаромӯш карда буд.

 Дар чунин ҷой зиндагӣ ва кор кардан барои сагам – ору барои гурбаи ман нанг аст, - такрор ба такрор мегуфт Акобир, аммо чӣ илоҷ?..

 Шарикам дар бораи як фоҷиа нақл карда  будЯкчанд нафар аз шарикони хоразмӣ ба назди Аветик рафта, маош ва шиносномаҳояшонро талаб кардаанд. “Ман шуморо аз як соҳибкори  хоразмӣ ба ҳазор доллар харида гирифтаам”, — гуфтааст ӯ бо як бадбинӣ. Баъд яке аз ҷавонон болои қаҳр ба Аветик гапҳои ноҷӯя гуфтааст.

 — О, ин бача аз ошёнаи даҳум афтида мурд, — бо таассуф гуфт шарикам.

 Дар ин миён рӯзҳои сард оғоз шуд ва барфи аввал борид. Хобгоҳи мо гарм карда намешуд, вале аз рӯзҳои аввал кӯрпаҳои иловагӣ доданд. Бо вучуди ин, хунукии тоқатфарсое, ки аз  байни роғи тахтаю брезент меомад, шаби дароз хобидан намемондМан баъзан шишта гирифта, дар бораи ин машаққатҳо, беҳуқуқиҳоямон фикр мекардаму сабабҳояшро меҷустам. Дар Руссия онҳое, ки ба чунин сарнавишт дучор шудаанд, асосан бачаҳои ӯзбаку тоҷик буданд. Масалан, дар байни мо ягон нафар гурҷӣ, арманӣ, озарбойҷонӣ набуд ва дар чунин шароити ғайриинсонӣ кор кардани онҳоро тасаввур карда намешуд. Дарвоқеъ, мо то ба наздикӣ шаҳрванди як кишвар будем, дар ҳама ҷо ҳуқуқи баробар доштем. Чаро акнун, маҳз мо, ғулом шудему онҳо бошанд, ба хӯҷаин табдил ёфтанд?!

 Дар Маскав чечену доғистонӣ, тоторҳо низ худро соҳиби кишвар меҳисобиданд ва ҳатто ба русҳо нописандона менигаристанд. Вале мо...

 Шояд сабаби ҳамааш ҷаҳолат ва нодонии мо бошад. «...илм ва дониши дунявӣ барои дар ҷаҳон мондан лозим аст. Миллате, ки аз илму фани замона бебаҳра аст, поймоли  миллатҳои дигар мешавад”, - гуфта буданд бобокалонам аз ин як аср пеш. Наход, ки мо дар давоми сад сол дар як ҷо пойкӯбӣ карда монда бошем...

 Чаро поймол шудаем?

 Чаро? Чаро?

 Охир мо ҳам мисли дигар миллатхо мактаб дидем, забон омӯхтем-ку! Мо ҳам бандагони Худо ҳастем! Чаро акнун ба ғуломи банда табдил шуда монданамон даркор аст?!

Дар яке аз чунин рӯзҳо телефонам занг зад. Падарам аз ҳолу аҳволамро пурсиданд. Ман дар лабонам гӯё табассум молида бошам, росту дурӯғ худро бениҳоят хушбахт тавсиф кардам. Ман дидам, Вақте, ки кабӯтарро уқоб таъқиб мекунад, вай ба ҷониби хонааш не, балки ба самти муқобил парвоз карданашро ман дидаам. Барои воқиф нашудани душман аз ҷойи зист ва чӯҷаҳояш чунин роҳро пеш гирифта буд вай. Мантиқ ҳам пеш гирифтани чунин роҳро ба ман тақозо мекард.

 — То рӯзи шанбе расида биё, — гуфтанд падарам, — маросими кушодани ҳайкали бобоят мешавад.

 — Албатта, расида меравам, — ваъда додам.

 Ва аз ҳамон дақиқа сар карда, ман нақшаҳои аз дасти Аветики разил гирифтани шиносномаамро кашидам. Худ ба худ фикр кардам, ки агар  бобоям одами бузург буданашону ба он кас ҳайкал гузошта истоданашонро бафурҷа фаҳмонда диҳам, дилаш санг бошад ҳам, об мешавад. Барои ин, пеш аз ҳама, ба қабули ӯ даромадан лозим буд.

 Рӯзи дигар то пешин аз ӯ дараке нашуд. Пас аз нисфирӯзӣ «кайфаш ҳаст» гуфтанд, ҳатто ёрдамчиёнаш ҳам надаромадаанд. Рӯзи дигараш омад, аммо котиба касеро надаровард. Баъди хӯроки пешин ӯ гашта наомад. Ҳангоми хӯроки бегоҳирӯзӣ ба як шиносам, ки дар рӯ ба рӯям менишасту аз республикаи ҳамсоя буд, ҳасрат карданам омад. 

 — Ба бобои ман ба назди генерал Курапаткин — охирин губернатори Туркистони Россияи подшоҳӣ, ба қабули Тобулин, ки аз тарафи болшевикон раиси ҳукумати Туркистон таъин шуда буд, ба осонӣ даромадааст.

 — Хуб?

       Ба Куропаткин дар бораи ҷорӣ намудани кори судӣ барои мусулмонон низ масъала гузоштааст. Зеро то он вақт дар мо чораҳое аз қабили даст буридан ва ба дор овехтан амал мекарданд.

 — Баъд чӣ?

 — Генерал розӣ  шудааст. Дар пеши Тобулин бошад, дар айни ҳол фарзандони мусулмонро ба армия нагирифтан, бозори ғалларо кушод нигоҳ доштан, ба деҳқон имкони кор додан барин масъалаҳоро гузоштаанд ва ҳал кардаанд.

 — Пас, бобоят соҳиби обрӯю эътибори калон будаанд...

- Ду рӯз мешавад, ки мани сарсахт ба қабули Аветики лӯтибоз даромада наметавонам. Аз кушодани ҳайкал дер мондам.

 Вай хандида, савол дод:

 — Бигӯ, ки ҳоло ҳам дар шумо одамҳое ҳастанд, ки ба назди роҳбарон даромада, дарди мардумро ошкоро, мисли бобоят кушоду равшан баён карда метавонистагӣ баҳодур ҳаст?

 — Намедонам, — иқрор шудам, - ман аз Тошканд дурам-ку, шояд бошад... Охир Муқимӣ менависанд-ку:

Бе шер набошанд бешаҳо,

Ҳастанд саховатпешаҳо,

Пок боядат андешаҳо,

Хубон ҳанӯзам будаанд.

 — Шояд дар шумо бошанд, аммо дар мо нест, — суханашро давом дод шарикам. - Ман инро аниқ медонам. Воқеан, ман як одами хуб не, балки як одами дарди халқро гуфта метавонистагӣ, инсони ҷавонмардро пурсида будам. Агар як одами бузурге бошаду ба назди президент даромада, дар ин ҷойҳо хору зор шуда гаштани моро, оиди дар мамлакат авҷ гирифтани коррупсияро гап занад мегӯям. Бовар мекунӣ, дар мо агар пора надиҳӣ, ба хондан даромада наметавонӣ.

Вай дуру дароз сухан ронд. Аз куҷое духтари сарвари давлат як ҳавопаймо тиллоро гирифта баровардан, дар даҳҳо мамлакатҳо виллаҳои гаронбаҳо харида монданаш, пулаш дар бонкҳои хориҷӣ ба миллиард доллар расиданаш ва ба ҳамин монанд чизҳоеро, ки ғайбат ё дуруст будани онҳоро муайян кардан мумкин нест, гап зад.

 — Ба мо халқе лозим аст, ки давлатро идора карда тавонад, — гуфт каме бо оҳанги мутантан, —  ҷадидҳои замонавие лозиманд, ки дар мавридҳои зарурӣ ба кӯча баромада, конститутсияро ҳимоя карда тавонанд!

 — Ба ҳар ҳол Ватанро дӯст доштан лозим аст, — сӯҳбатро ба самти асосӣ гардонданӣ шудам.

 — Охир, Ватан ҳам мо – ғарибонро дӯст доштанаш даркор-ку!

 — Ту Ватану давлатро аз якдигар фарқ карда натавониста истодаӣ, — хулосаи худро гуфтам.

 Ӯ хомӯш монд.

 Табиати инсон диктат - зӯровариро ҳазм карда наметавонад. Норозигӣ миёни гастербайтерҳо афзоиш ёфт, хоразмиҳо ба талаб карда гирифтани шиносномаҳояшон сар карданд. Ман ҳам ба онҳо ҳамроҳ шудам.

 Дар яке аз чунин рӯзҳо бегоҳӣ Аветик ба хобгоҳи мо даромада омад.

 — Диққат кунед, ҳӯ забоннодонҳо, — чеҳраашро накушода гуфт ӯ.

 Мо ҳама хомӯш шудем.

 — Дар хотир доред, ки гуфтам будам: ман — президентҳои шумо? Ҳаминро ҳам дониста гиред, ки ман атаманҳои шумо ҳам ҳастам! Дар як дасти ман тозиёна ва дар дасти дигар қанд дорам. Дар сирк ҳайвонҳоро дастӣ ром мекардам. Табиб ҳам ман  ва ҷаллод ҳам ман ҳастам! Баъди шавларо хӯрдан, косаро шикастан - аҳмақӣ. Ҳатто барги аз шоха кандашуда мегуфтааст, ки ман ба озодӣ расидам. Инро аз ёд  фаромӯш накунед! Ман дар тарафҳои шумо будам. Медонам: ҳар озодфикре, ки ба ҳар навъ озодӣ, маърифат, демократия даъват намудааст, ҳамеша ҳамватанони шуморо нобуд кардааст, шумо халқи аз тамаддуни ҷаҳонӣ ақибмонда ҳастед. Барои ҳамин ҳам, Худованд шуморо ба чунин ҷазоҳо сазовор гардондааст! Шуморо на андешаҳои пешқадам ва на маърифат муттаҳид карда метавонад, танҳо шумо одамоне ҳастед, ки барои ош муттаҳид шуда метавонед! Аз бачағари гурусна  гурез, бачағар мегуянд-ку... Аз шумо барин фалокатҳо дуртар гаштан даркор. Аз ин пас ягонтоатон гӯшатонро ҷунбонед...

Падарқусур,  моро рӯирост таҳқир кард.

Эҳтимол  суханаш ҷон дошта бошад...

 Ба баҳор омада, Аветик, ба таъбири худаш, маро “бо қанд навозиш” кард.

 Он рӯз ӯ дар вақти пешинӣ маро ҷеғ зад. Вақте ки рафта ба қабулаш даромадам, дар ҳуҷрааш ӯ бо зани миёнсоли пуррабадан, хушқаду қомат сӯҳбат мекард.

 — Валя, ту бо ин бача гапзанон карда бин, — гуфт ӯ, — агар маъқул шавад, гирифта мебарӣ. Ин забони русиро нағз медонад, арақ намехӯрад, сигор намекашад, поквиҷдон аст...

 Ҳангоме, ки ман дар бораи сабабҳои ин таъриф фикр мекардам, зан ба  ман  синчкорона чашм давонид ва  ба ҳуҷраи паҳлӯ даъват кард. Баъди ба курсиҳо нишаста гирифтани мо ба додани саволҳои аҷоиб шурӯъ кард. Аниқтараш, аз куҷо буданам, дар куҷо таҳсил, кор карданам, дар чӣ гуна оила ба воя расиданам ва ғайра пурсид. Пас аз он  ба муддао гузашт.

 — Падарам - инвалиди ҷанг. Ман барои нигоҳубини он кас дастиёр меҷӯям. Аветик Исаевич шуморо тавсия дода буд...

 Ман дарҳол ҷавоб надодам. Сабабаш: аз борон гурехта аз хавфи ба барф дучор шудан метарсидам. Зан суханашро идома дод:

 - Он кас пир шуда мондаанд, бо асобағал каму беш мегарданд. Мо як занро ба кор гирифта будем, ба ӯ мушкилӣ кард. Падарам писарбача ёфтанамро талаб мекунанд.

 — Шудааст, — гуфтам ман, — шумо паспортамро аз Аветик гиред.

 Дарвоқеъ, гирифтани шиносномаи ман аз ҳама муҳим буд ва агар ба мушкилие дучор шавам, дар вақти дилхоҳам ҷуфтакро рост кардан мумкин буд.

 Баъд бо дӯстону ҳамкорон хайрухуш карда, ба мошини он зан савор шудам.

 - Шиносномаамро гирифтед, - бо хавотир пурсидам баъди ба роҳ баромадан.

 - Бале, гирифтам, ма, шиносномаат дар дасти худат истад, -  гуфт зан ҳуҷҷати маро, ки сароби хушбахтӣ шуда буд, ба дастам дода. Онро ба киса гузошта, оҳи сабуке кашидам. Акнун бо оҳанги саҳл дигар бо он зан ба гапзанӣ даромадам. Аз ҷумла, маошам чӣ қадар ва шароитам чӣ гуна аст, пурсидам. Аз ҷавобҳои зан қаноатманд шудам. Аз ҳама муҳимаш, бовар карда, шиносномаро ба дастам доданаш буд. Ин аз хислати гарму дилкаши ӯ дарак медод.

Диққату эътибори зан, ки ба роҳ банд буд, дигар саволе надод ва пас аз тай кардани хеле роҳ дар назди даромадгоҳи як бинои бисёрошёна истодем. Вақте ки ба ошёнаи дуюм баромада, вориди ҳуҷра шудем, пеш аз ҳама дар назди мо як саги калони серпашм ва дарозбинӣ пайдо шуд. Гӯё либосҳои чиркин ва ҷандаи ман ба табъи ӯ мувофик наомад магар, ки ғуррос зада монд.

 Дар хонаи тарафи рост мӯйсафеди ранги рӯяш бехун, мушт барин шуда монда, пӯсту устухон хобида буд. Бори аввал дар дилам ҳисси нохуше пайдо шуд, худро таҳқирзада эҳсос кардам, вале дар нигоҳҳои ў, ба маънои томаш, нуре, ки дар зиёиён ҳувайдо мешаванд, дар дилм умедҳои зоҳириро бедор кард. Ба пирамард салом додам.

 — Ман ба шумо ӯзбекро гирифта омадам, бубин, ки маъқул  мешавад, — гуфт зан ва афзуд. - Дар оилаи хуб тарбия ёфтааст...

 Мӯйсафеди бемор ба ман нигоҳи сабуке афканд ва сар ҷунбонд.

 Падару фарзанд бандаро Саша гӯён ном мебурдагӣ шуданд. Фаҳмидам, ки ному насаби шарифи ин зан Валентина Сергеевна, муйсафед -  Сергей Митрафонович будааст. Номи сагро Колли гуфтанд.

 Пас аз нишон додани хонаам он зан ба ман либосҳои гуногун ёфта дод ва фармуд, ки оббозӣ кунам. Вақте ки ман шустушӯву либос пӯшида баромадам, хӯрок пухта буд. Аз ин таваҷҷӯҳ худро мисли инсон ҳис карда, дар чашмонам ашк давид. Баъд ба рӯйи кати рӯкаши сафед густурда дароз кашида, хобам бурда мондааст. Вақте ки  бедор шудам, дар берун торикӣ фаромада буд. Аз рўзи аввал ба беэътиборӣ роҳ доданам хиҷолат кашида, ба хонаи мӯйсафед даромадам.

 — Сергей Митрофанович, бубахшед, хобам бурда мондааст.

 — Ҳеҷ гап не, — гуфт ӯ, — дар стансияи роҳи оҳан меҳнати сахт кардаӣ. Хастагиат баромада рафтанаш даркор буд. Дар он ҷо шумо, бечораҳоро он разилҳо хуб азоб дода, кор фармуданашонро шунида будам. Дар ҷамъият Аветик барин бадбашараҳое, ки чӣ будани раҳму шафқатро намедонанд,  зиёд шудаанд. Маънои эксплутатсия дар асл ҳамин аст!

 Ман корро аз чӣ сар карданамро пурсидам.

 - Имрӯз истироҳат кун. Валя хӯроки шоми моро ҳам пухта модааст. Мизро тайёр кун, ман ҳам меравам. Худаш ҳам омада мемонад.

 Ба қадри имкон рӯйи мизро оро додам ва баъд такя шуда, ба хестани мӯйсафед кӯмак расонидам.

 — Акнун ана онро гирифта деҳ, — гуфта ӯ ба сӯйи асобағал имо кард.

 Муйсафид бе душворӣ дар гири миз ҷой гирифт. Баъд духтараш ҳам омад ва мо се нафар бо каме боэҳтиёт гап зада, хӯрок хӯрдем.

 — Дар ин ҷо телефон ҳаст, — гуфт зан, — ҳар вақте ки хоҳӣ, ба хонаат занг заданат мумкин. Дар вақтҳои холиат телевизори дар меҳмонхона бударо тамошо кун, китоб хон.

 Ҳарчанд зан хонаи алоҳида ва оила дошт, аммо он шаб дар ҳамон ҷо монд ва танҳо пагоҳаш, пас аз нонушта монда рафт. Пеш аз рафтан ба ман рақамҳои телефони худ ва ҳамшираи шафқатро дод. Аҳволи падараш вазини шуда монад, фавран  занг заданамро таъин кард.

 Ба эҳтирому эътибори зан нисбат ба падараш ҳавасам омад.

 - Ташвиш накашед, - ӯро хотирҷамъ кардам ман, - ба озор дидани падар роҳ намедиҳам. Дар мо ҳам пиронро эҳтиром мекунанд.

 Бо вуҷуди ин,  ӯ дар ҳар ду-се соат ба падараш занг зада, аз аҳволаш пурсон мешуд.

 Рӯзи дигар, пас аз хӯроки нисфирӯзӣ ба сайру гашт баромаданӣ шудем. Муйсафедро оҳиста ба аробачааш шинонда, берун баровардам. Ба лифт ҳам бедушворӣ даромадем. Пас аз ба паст фаромадан аробачаро ба як гӯшае гузоштанамро гуфт.

   — Саша, акнун ба боло баромада, Коллию асобағалҳои маро гирифта биёр, — фармуд ӯ.

 Ман занҷири сагро аз дастам нагузошта, бо зинапояҳо гирифта фаромадам. Сергей Митрафонович занҷири онро ба аробача баста, асобағаҳояшро ба паҳлӯяш гузошт ва ба сӯйи хиёбон ронданамро фармуд. Ман саросема нашуда, бо меҳру ихлос, аз байни дарахтони кастонаву ақоқиё ва тӯси сафед, ки аз хоби зимистона навакак бедор шуда буданд, ба роҳ баромадам. Колли низ итоаткорона аз паси мо меомад.

 — То Берлин мотосикл ронда рафта будам, ҳамон вақт поямро хунук зад. Дардаш хеле дертар сар шуд.

 Ҳарчанд духтараш ин суханонро пештар гуфта буд, ман онҳоро ҳидоятомезона маъқул карда меистодам. Зан, аз ҷумла, падараш баъдан дар бораи таърихи Русия тадқиқоти илмӣ бурданаш, профессор шуданаш ҳам нақл карда буд.

 — Акнун Коллиро сар деҳ, вай дарунашро холӣ карда меояд, — гуфт ҳамсӯҳбатам, ки таассуротҳои ҷангиашро  нақл мекард ва ногаҳон илова кард.

 - Ин  Коллии хунаш тозаи зоти шотландӣ аст. Домодам аз ҳамон ҷоҳо  оварда буд.

 Ман занҷирро бе душворӣ кушодам. Саг давида ба паноҳгоҳ  рафт. Падар то баргашта омадани он сухан нагуфт ва гӯё нафас накашида истод. Вақте ки Колли баргашт, ӯ хотирҷамъ шуда, ҳикояи худро аз ҷое, ки канда шуда буд, идома дод.

 — Дар дивизияи тирандози мо ӯзбекҳо, тоҷикон, қазоқҳо буданд. Баъзе муҳаққиқон мегӯянд, ки фашизмро сармои рус мағлуб кардааст. Ин нодуруст аст. Ҷанговарони Гитлер мисли мо либоси сабук не, балки пӯшоки ғафс доштанд. Душманро дӯстии мо мағлуб кард. Дӯстии халқҳо, интернатсионализм барин ғояҳои нек дигар дар гӯши одамон нашишта монд. Ҳар як миллат аз ботлоқи худ ба фахр кардан гузаштааст. Натиҷаи ҳамин аст, ки насли сернозу нуз ва зудранҷи имрӯза ба бемории миллатчигии бузург гирифтор шудааст. Ва оқибаташ бадтар аз вабо хоҳад буд. Просто кашмир.

 Муйсафед ба гаштаю баргашта такрор кардани ин суханон одат карда буд. Бовар кардам, ки вай як шахси пирўзу ростгў буда, дар умраш борҳо бо ҳақиқати бешафқат рў ба рў шудааст, вале рўҳашро нашикастааст, ҳар дафъа далерона хеста, ба пеш ҳаракат кардааст.

 Мо аз сайру гашт хеле дер баргаштем.

 Баъдан ҳар рӯз ҳамин сенария (ин истилоҳ ҷоиз бошад) такрор мешуд. Дуруст аст, ки тафовутҳои хурд низ шуда меистоданд. Рӯзе аз сайру гашт баргаштем, ки лифт кор намекунад.

 — Каме дар ин ҷо истем, шояд ба кор дарояд, — гуфт муйсафед.

 Пас аз ним соат истодан, ба ӯ рӯ овардам.

 — Сергей Митрофанович, ба пуштам савор шавед, ман шуморо пуштора карда мебарорам.

 — Мон-е, — розӣ нашуд ӯ, — ҳамин замон  кор мекунад.

 Боз баъди каме мунтазир шудан ман як ҳиларо истифода кардам.

 - Ман шуморо бардошта метавонам ё не, ҳаминро донистан мехостам. Шумо чанд кило вазн доред?

 Сипас, ба ҷону ҳолаш намонда, ӯро пуштора карда, давон ба боло роҳ пеш гирифтам. Ба зинаҳои охир расида, монда шудам ва маро воҳима пахш кард. Баъд дастдоракҳои зинапояҳоро дошта, баромадам ва падарро якбора ба бистараш хобондам.

 — Саша, биё, писарам, аз пешонаат як бӯса кунам, — чашмонашро об гирифта гуфт ӯ.

 Ҳамин тавр, ба ман аъзои боэътимоди оила, ба дастиёри содиқи мӯйсафед табдил ёфтам. Акнун духтараш, ки ба ман боварии комил дорад, гоҳ-гоҳ меояд, вале баъзан ба ман ё падараш занг зада, ҳолу аҳволро мепурсад. Ман ба иҷрои корҳои зиёде, ба мисли харидани хӯрок аз мағоза, дору аз дорухона, пухтупаз одат карда мондам. Пойи он одам баъзан сахт дард мекард ва дар ин хел вақтҳо фишори хунаш баланд мешуд. Ва ман дарҳол тасмаи танометрро аз болотари оринҷи мӯйсафед печонда, фишорашро чен мекардам ва агар аз 160 баланд бошад, дар ин гуна ҳолатҳо ҳабдоруҳои таскинбахши   adelfan, ки ҳамон замонҳо хеле ноёб буданд,  мехӯрондам. Вақте ки ин кор натиҷае надод, ман ба духтури шинос занг мезадам. Баъди чанде сӯҳбат бо ман ва бемор  ӯ сӯзандору карда мерафт.

 Рӯзе баъди сайру гашт мӯйсафед як олам ордену медалҳояшро нишон дод.

— Ана ин ордени дараҷаи якум аст, —  ҳангоми ба даст гирифтани ордене, ки дар рӯйи он рақамҳои «1941—1945»  ва дар болои ситораи панҷгӯша «Отечественная война» навишта шуда буд, бӯсида гуфт ӯ. Баъд орденхои «Красная звезда» ва «Победа»-ро нишон дода, гуфт, ки онҳоро кадом сол ва дар куҷо гирифтааст.

 Баъде ки барфи зиёд борида, сардиҳо сар  шуданд, мо дар кӯча камтар сайругашт мекардем.

 — Саша, биё, дар паҳлӯям нишин, — мефармуд ӯ баъзан ва аз нақл кардани хотираҳояш монда намешуд. — Инро бин, — гуфт рӯзе, — билети партиявиам,  онро дар фронт гирифтам! Барои ман ифтихорномаи муқаддас.

 Баъд ин тафсилотҳоро як ба як мегуфт. Эътиқоди ин одам ба коммунизм заррае кам нагашта буд, вай ба тантанаи ин ҷамъияти хаёлӣ дар ҳақиқат боварӣ дошт.

 — Руссияро хароб карданд, падарлаънатиҳо! Онҳо ҳам иқтисодиёт ва ҳам маънавиётро барбод доданд. Ба монанди Аветикҳо истисморкунандагон зиёд шуданд. Авлоди аз ҷиҳати маънавӣ қафомонда ба вуҷуд омад, ки мехоҳад фарзанди башар дар пеши назари онҳо ларзонад. Инҳо меваҳои талхи капитализм мебошанд. Просто, кашмар.  Дар мо не, коммунизм ҳам дар мамлакатҳое оғоз меёбанд, ки аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ тараққӣ кардаанд. Масалан, дар мамлакатҳое мисли Фаронса, Олмон, Шветсия, Швейтсария. Ҳама кишварҳо муттаҳид мешаванд, сарҳад, артиш, пул лозим нашуда мемонад. Чунки инсоният аз тайи роҳи маърифат ва адолат монда намешавад, боз ба ғорҳо барнамегардад! Ман ин рӯзҳоро дида наметавонам, аммо ту мебинӣ!

 Боре вақти аз шахсиятҳои таърихӣ гап зада истоданаш пурсидам:

 — Шумо ҷадидонро медонед?

 Ҳамсуҳбатам дар бораи Гаспринский як ҳикояи хеле муфассал нақл кард, аммо номи бобокалонамро ба забон нагирифт. Ман аз ӯ хафа нашудам.

 Барои ба сӯҳбатҳояш бо диққату эҳтиром гӯш карданам сарфароз мешуд баъзан ӯ. Охир, барои ин гуна ҳолатҳо ва тоифаи одамон чӣ қадар зарур будани шунавандаи ҳақиқӣ тасаввур кардан душвор нест. Рӯзе пули дар рӯзнома печондашударо ба ман дароз карда илтимос намуд.

 - Саша, ҳозир хуб набудани аҳволи шумоёнро ман медонам. Аммо минбаъд шумо ҳоло мешавед. Ин пулро ба хонаат фирист.

 - Ман инро гирифта наметавонам. Пули додаи духтаратон басанда  аст, - гуфтам.

 Баъд   ҳарчанд кард, ба гирифтан розӣ нашудам. Чунин вазъият аз ин  пештар ҳам такрор шуда буд. Пас аз он Сергейамак бо кадоме бо телефон гапзанон кард:

— Саша, ман ба ту каме пул медиҳам, рафта аз магазин якбора ба худат шиму костюм харид кун, — гуфта буд ҳамон вақт  ӯ. — Бегоҳӣ ба меҳмонӣ меравем.

 — Ман пул дорам, — розӣ нашудам ман.

 Баъди илтимосҳои зиёдаш нисфи пулро гирифта, костюму шим харида омада, онро пӯшидам.

 — Миша ном дӯстам ба ҳаштод даромад, — гуфт баъд аз он. — Мо солҳои ҷанг дар як рота хизмат мекардем. Шояд дигарон ҳам оянд...

 Баъд мо ба кӯча баромадем. Ман арбачаро бо роҳи пиёдагардон рондам. Аввал ба дӯкони гулфурӯшӣ рафта, як даста гули ёқут харидем ва ба хонаи квартали ҳамсоя даромадем.

 Соҳибони хона аз дидани мо хеле шод шуданд.

Дар гирди дастархон баробари мӯйсафедони орден ва медалдор ҷавонон, занҳо ҳам буданд. Ба ман ҳам эҳтиром зоҳир кардани ин одамон ба дилам гармие бедор кард.

 Гӯё ба ҳалқаи тамоман дигар, яъне соҳибони маънавиёту тамаддуни орому устувортар афтодам. Фарқи байни мардуми ин доира ва русҳое, ки то имрӯз бо онҳо мулоқот мекардам, ана “ман” гуфта намоён шуда меистод. Онҳо дар баробари ёдоварӣ аз дӯстони фавтида ва қадр кардани ҳисси Ватан норозигии худро аз ҳукумат имрӯза ва ҷомеа пинҳон намекарданд. Бар замми ин... нағзакак ҳам менӯшиданд.

 Аммо бояд гуфта гузаштанам лозим аст, ки кайфи баъзеи онҳо баланд шуда, ҳукумат, мусулмонон, инчунин ба истилоҳи худашон, «дарбадорони осиёӣ»-ро таҳқир карданашон ба табъам намефорид  албатта.

 Агар ман  дар бораи баъзе хотираҳое, ки дар зеҳнам мех шуда мондаанд, нақл карда диҳам, барзиёд нахоҳад буд.

«Мо дар як қасри калони  деҳаи назди Берлин маскан гирифтем. Як  вақт бачаҳо ташна монда, ҷумраки крани деворро кушоданд. Гӯед, ки фашшосзанон ба берун ҳаво баромад, аммо аз об дарак  не. Баъди хеле интизорӣ  як аскар тамоку кашадани шуд ва он лаввосзанон оташ гирифт. Забонаи аланга аз дар ҳам берун баромада рафт. Мо саросема шуда, худамонро ба дару тиреза задем. Баъд фаҳмем, он газ будааст. Бинед: аллакай дар ҳамон вақтҳо ҳукумати Германия шаҳру қишлоқҳоро бо газ таъмин карда будааст. Ҳоло дар мо аз Маскав саҳл берун бароед, на газ ҳасту на оби тоза. Бар падари инҳо лаънат, ки газро ба мардуми худамон не, балки ба Аврупо фурӯхта истодаанд».

 Ин нақли Сергейамак буд.

 Акнун саргузаштҳои амаки Мишаро гӯш кунед.

 «Фармони Сталин буд: «Мабодо тир расад, ба оқиб не, ба пеш нигариста биафт, он гоҳ чанд ваҷаб замини  Ватанро кашида гирифта мешавӣ» гуфта мешуд дар он. Ба ман дар наздикии Москва тир расид. Расо бист қадам ба пеш давида, баъд афтодам. Пас аз госпитал баромадан маро  ба Эрон фиристонданд. Дар ин ҷо тамоми як дивизия  дар ҳолати мутлақо махфӣ дар захира нигоҳ дошта мешудааст. Агар душман Маскавро гирад, инҳо ба Туркманистон даромада,  ҷангро идома доданрро ба нақша гирифта будаад албатта. Мо баъди ғалаба ҳам ду сол дар он ҷо мондем. Дар вақти ба нафақа баромадан бошад, мо хуб сарсон шуда будем: аз сабаби дар ягон ҳуҷҷат хизмати мо дар Эрон сабт нашуданаш стажи моро ба назар нагирифтанд, занғарҳо.”

 Саргузаштҳои ишқии Геннадий Дмитриевич ном меҳмон дуру дароз ва шавқовар буд.

 “Вақте ки маро ба ҷанг фиристонданд, ба хонадор шуданам ҳамагӣ шаш моҳ шуда буд. Ману Лариса дар мактаб якҷоя таҳсил мекардем. Вай аз авлоди туркиёни княз Юсупов буда, бениҳоят зебо буд, одами як бор дида ҳатман ошиқ шуда мемонд. Абрӯяш сип-сиёҳ,  лабҳо рухсорааш сафед буданд. Тасмаеро ба миёни  химчавори худ мувофиқи қоматаш баста мегашт. Феълу атвори духтар ба князҳои қадими рус хос буд: вай шарта-шарта гап мезад ва мисли мардон рафтор мекард.

 Ман хеле шод будам, ки Лариса маро аз миёни ошиқонаш интихоб кардааст, зеро ман ӯро аз ҳама бештар, маҷнунвор дӯст медоштам.

Дар мактубҳое, ки ҳар бор менавишт, ба ман содиқ буданаш, ҳеҷ гоҳ  хиёнат накарданаш қасам мехӯрд. Баъди як сол мактуб наомада монд. Ба хатҳои навиштаам ҳам, ҷавоб гирифта натавонистам. Бозии нобоби тақдирро бинед, ки Лариса ба донишҷӯе ошиқ шуда, ҳамроҳи ӯ ба Калуга рафта будааст. Ман бовар намекардам, гӯед. Зеро мо якдигарро аз ҳад зиёд дӯст медоштем; бо тамоми ҳастӣ, бо латофату  ҷаззобиаш аз пеши чашмонам дур намешуд.

 Пас аз таъқиби фашистон мо аввал дар Полша, баъд дар Олмон таваққуф кардем ва дар ҳар ҷое, ки бо духтаре во мехӯрдам, аз ӯ ҷозибаю хислатҳои нотакрори Ларисаро меҷустам ва дилам аз ғаму ғусса пур мешуд. Баъд бошад, рафта-рафта ин ишқи бепоёни ман ба нафрат ва ғазаб табдил ёфтан гирифт. Аҳд кардам, ки пас аз баргаштан  барои  бевафоияш қасос мегирам ва ба кашидани нақшаҳои он шурӯъ намудам.

 Баъди ғалаба моро то соли чилу ҳаштум дар Германия нигоҳ доштанд. Вақте баргаштам, хонаҳои аз бомбаҳо харобшударо барқарор кардам, дар комиссариати ҳарбӣ ба кор даромадам.

 Рӯзе аз сардор хоҳиш кардам, ки маро ба Калуга ба командировка фиристонад. Вай монеъ нашуд. Ба он ҷо рафта, ба бюрои адресҳо муроҷиат кардам. Бинед, ки  дар шаҳр Лариса Юсуповаҳо якчанд нафар будаанд. Суроғаи ҳамаашонро навиштаму ба ҷустуҷӯ даромадам. Ин корро мисли гурбаи дузд хеле эҳтиёткорона ба иҷро кардан лозим меомад. Вақте ки ба ҷойи даркорӣ мерасидам, аз ҳамсояҳо синну сол ва намуди зоҳирии онҳоеро, ки Лариса ном доштанд, мепурсидам.

Баҳор гузашта, вақте, ки  тобистон фаро расид, ӯро ёфтам. Ӯ дар майдончаи бачаҳои поёни хонаи тахминкардаи ман рӯзнома хонда менишаст. Дилам сахт ба тапидан даромад. Лариса гӯё  тағйир наёфта будҲамон дар камараш тасмаи маҳкамбасати сурх, зебо, хушқоматсафедбадан. Ҳолати ҳамонлаҳза ва ҳиссиёти ботинии худро ба гуфтан забонам оҷиз. Баъд худамро нигоҳ дошта ва чиҳо гуфтанамро тахмин карда, ба паҳлӯяш рафта нишастам. Табиист, ки ӯ маро нашинохт, эътибор ҳам надод. “Лариса, пас аз танаффуси дуру дароз гуфтам, маро нашинохтӣ-а?! Каме ба рӯям нигаристу ҳайрон шуда монд ва якбора аз ҷояш хест. Баъд ба саросема афтода, боз  нишасту лаҳзае нагузашта, боз бархест. Ман зарурати бо одаме, ки хеле хашмгин ва ё сахт ба ҳаяҷон омадааст гап назада истоданро медонистам. Бинобар ҳамин ҳам, худро барои бағоят беэътибор ва хеле бепарво нигоҳ доштан ҳаракат кардам. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, вай саросемавор монда рафт.

Ман акнун медонистам, ки ӯ дигар аз хонааш намебарояд, барояд ҳам, гашта омада дар ин ҷо нишастан  метарсад. Ин дафъа омада, щамчун арвощ дар гирду атрофи хонаи ӯ  ҳайрон шуда мегаштам, ки дар мағозаи хӯрокворӣ ба ӯ дучор шудам. Дар дасташ халтаи селофании хӯроквориҳои харидааш буд. Лариса, ба ман деҳ, ёрӣ расонам, — гуфтам бо оҳанги хотирҷамъона. Мисли ҳафт пушт бегона каме сӯҳбат кардем. Ба назарам, мутлақо гапҳои бефоида гуфтем. Баъд ӯ саросемавор монда рафт.

 Андешаҳо дар дилам ба туғён омада, зуд-зуд тағйир меёфт ва баъзан онҳоро идора карда наметавонистам. Чаро ман аз паси зане, ки ба ман хиёнат карда,  оғӯши марди дигарро пур кардааст, медавам – мақсаду муддаоям чист? Қасос гирифтан ё ба васлаш расидан? Охир,  тамоми ҳамаи инҳо корҳои бефоида-ку...

 Вақте ки мо дафъаи дигар вохӯрдем, мушоҳида кардам, ки ӯ ба ман каме майл пайдо кардааст, ҳатто рақамҳои телефонашро навишта дод. Акнун имкони бо телефон гапзанон кардан, дар вақти дилхоҳ занг зада, ҷеғ задан пайдо шуда буд. Шавҳараш меъмор, кораш бисёр ва фарзанд надоштанашро пештар гуфта буд.

 Дар ин байн, аз фикри қасос гирифтан аз Лариса ё издивоҷ карданам даст кашида, дигар ба Калуга нарафтам. Аммо рӯзе ӯ ба ман занг зада, хеле гила кард. Гӯё ин кифоя накарда бошад, ба Москва ҳам меҳмон шуда омад. Ҳарчанд барои харид кардани либос ба ин ҷо омаданашро такрор  ба такрор гӯяд щам,  фаҳмидан душвор набуд, ки хоҳиши дидани ман ӯро ба ин тарафҳо овардааст.

 То имрўз аз бевафоии Лариса лаб намекушодам, аниқтараш,  ба рўяш задан андеша мекардам, ба фикрам, худаш ҳам дар ин хусус ба гап задан номус мекард. Ин дафъа, вақте ки ӯро дар меҳмонхона ҷойгир карда,  аз он ҷо мебаромадам,  «Гена, исто!» — гуфт ва якбора сарашро ба сари синаам гузошта, гиря кард. "Гена, маро бубахш, маро бубахш!  Бо ман бимон, маро танҳо партофта нарав”, гӯён ба зорӣ даромадБаъд бошад, тақрибан дар давоми як ҳафта мо ҳамчун зану шавҳар зиндагӣ кардем. Вай аз бевафоӣ ва бепарвоии шавҳараш мунтазам шикоят мекард. Ман ба  суханони ӯ хеле бепарвоёна гӯш медодам. Сабабаш: алангаи оташи орзуву эҳтиросҳои пешина дар дилам пас аз як ҳафтаи висол аз чӣ бошад, ки паст шуда буд.

 Аз байн як сол нагузашта, ӯ аз шавҳараш ҷудо шуд. Ман аз ин ҳолат чандон хурсанд нашудам. Баъд ба Москва — ба назди ман омад. Ман хеле дудила шудам ва намедонистам, ки бо ӯ чӣ гуна муносибат кунам. Дар дилам ҳам ишқу муҳаббат ва ҳам қасос нисбат ба ӯ суст шуда буд.

 Вақте ки ӯ ин дафъа ба хонаи ман даромада омад, нафоронида, рӯйирост: «Лариса, гуфтам, - ту ба ман хиёнат кардӣман бошам барои қасос гирифтан туро ба ин ҳол андохтам. Аз ту нафрат мекунам! Акнун бирав – чор тарафат қибла! Ман туро на дӯст медорам ва на хонадор мешавам!»

 Фикр мекардам, ки баъди ин гапҳо ӯ ба зону афтода, гиря мекунаду зорикунон бахшиш мепурсад, аммо ин тавр нашуд, якбора зада ба берун баромад. Ман аз чунин суханони дағалу ноҷояи худ пушаймон шуда, саросема либосамро пӯшида, аз паси ӯ давидам.

Бинам, дар сари кӯчаи калон одам пур... Ҳис кардам, ки касеро мошин зада рафтааст ва воҳимаам  афзуд. Рафта бинам, ба рўйи ҷабрдида матои сафед пӯшонида шудасту мунтазири «Ёрии таъҷилӣ»-ианд. “Ба ин зан ягон гап шуда буд, - ба милитсионер фаҳмонидани мешуд ронандаи мошини боркаш. — Давида омаду худро ба зери чархи мошин партофт.” Вақте ки ӯро ба мошини “Ёрии таъҷилӣ” бор мекарданд, ба тасмаи сурхи камараш чашмам афтод ва ҳамаашро фаҳмидагӣ барин шудам.

 Мегуянд, ки зан аз олам даргузарад, дунёро бо худ мебарад. Тамоми ҷаҳони ман, ҳастии ман ҳуввос зада монд.

 Вақте ба беморхона расидам, гуфтанд, ки ӯ дар роҳ ҷон додааст. Баъд аз он ҳамқавмонаш аз деҳа омада, ҷасади ӯро аз мурдахона гирифта бурданд.

 Дар маросими дафнаш иштирок кардам. Шавҳараш ҳам расида омада буд. Ларисаи сиёҳбахтро ба хок супурдем. Аммо касе аз ҷамъомадагон сабабгори аслии ин фоҷиа ман буданамро ба хаёлаш ҳам оварда наметавонист.

 Хонда будам, ки духтарро фиреб дода, ба номуси ӯ расидан мисли куштани кӯдаки хурдсол ё пиронсол гуноҳи вазнин аст. Хӯш, фиреб додани зан чӣ? Ин  гуноҳи  ҳазломез набошад даркор?! Ва ин гуноҳ як умр дар шинак нишаста, мисли шикорчие, ки маҳз дили туро ба нишон мегирад, табдил меёфтааст.

 Баъд ман умуман хонадор нашудам...»

 Ҳамаи мо ин саргузашти ошиқонаро бо тамоми ҳастӣ гӯш карда будем, ҷавонони дар даврабуда ҳам саволҳои зиёде доданд. Мо аз меҳмонӣ дер ва сархуш  баргаштем.

 Ман ду сол ҳамин тавр гаштам.

 Зимистони дилбазани тӯлонии Россия ба охир расида, рӯзҳои вазиши шаббодаи гарми баҳор оғоз ёфта буд ҳамон вақтҳо. Баробари сабзаҳои хиёбон сӯзанбарг шудан мо боз ба сайру гашт баромадем.

 Ҳамон рӯз барои дидани ӯ духтару домодаш омада буданд. Фишори хуни мӯйсафид якбора баланд шуд ва бо вуҷуди дидани чорабиниҳо паст нашуд. Пас аз чанд соат ӯ ба хунравии мағзи сар гирифтор шуд ва дар дастони духтараш ҷон дод.

 Баъди ин ман тасмим гирифтам, ки ба Самарқанд баргардам. Марҳумро ба роҳи охиринаш гесел кардему ман қарорамро ба духтараш гуфтам. Ин зани меҳрубон ҳатто гуфт, ки агар дар Маскав бимонам, барои ёфтани кори беҳтаре кӯмак мекунад. Аммо пазмонии кишвар ва хешу табор, махсусан падару  модарам ғолиб омад. Бо дилбастагии беқарор ба Ватан баргаштам!

    4

 Тағйирот дар Самарқанд ҳанӯз камтар ба амал омада буд. Аксари одамон ба ҷуз нон ёфтан, рӯзгор гузаронидан дар бораи чизи дигаре фикр намеканданд; эҳтимол, аз бекорӣ чизеро аз ин ҷо гирифта,  ба он тарафтар бурда фурӯхтан машғул буданд.

 Баъди ягон ҳафта дар хона меҳмон шудан, «Жигули»-и кӯҳнаамро ба таъмир кардан даромадам. Чор чарх ва баъзе қисмҳои зарурии онро нав карда, ба кирокашӣ баромадам.

 Аз ин рӯ, ҳар саҳар як даста гул гирифта, дар пояи муҷассамаи бобоям гузоштан ба одати ҳаррӯзаи ман табдил ёфта монд. Шаҳри мо ободонтар, зиндагониамон хеле серу фаровон мешуд. Баъди се соли дигар «Жигули»-ро фурӯхта, «Nexia» харидам. Бо ин мошин кирокашӣ кардан хеле боэътимодтар буд. Ба Тошканд, Бухоро, Қаршӣ барин шаҳрҳо одамони тоифаҳои гуногунро мебурдам ва бо онҳо сӯҳбат мекардам. Аксари ин шахсон, ки тоҷир буданд, сӯҳбати мо дер давом намекард. Аммо дар мошини ман зиёиён ҳам меҳмон мешуданд.

 Дар болои оинаи пеши мошинам сурати бобоямро, ки  бо саллаи хелоякак калон ва риши дароз афтода буданд, часпонида мондам ва ба одамони шавқманд дар бораи он кас нақл мекардам.

 Мехоҳам дар бораи як вохӯрие, ки дар ҳаёти ман як гардиши муҳимро ба вуҷуд овард, сухан гӯям.

 Он пагоҳӣ, вақте ки аз назди автовокзал мегузаштам, як амаки хушфеъл даст бардошт. Ӯ хеле оромона хоҳиш кард, ки ӯро ба шаҳри Ҷиззах барам.

 - Ба Ҷиззах? Не, дур, — саркашӣ кардам.

 -Чияш дур аст? Роҳи асфалти ҳамвор бошад... Розӣ мекунам...

 Ӯ ба дудилагӣ ва  мунтазири ҷавоби аниқи ман нашуда,  шарикашро, ки дар паҳлӯи мошини «Волга» меистод, ҷеғ зад.

 — Мирҳодиака, биёед!

  Ҳамин ки онҳо бо ман салому алейки сабуке карда, ба курсии қафо нишастанд, ман бедудилагӣ рули мошинро ба тарафи Ҷиззах гардондам. Нахустин хулосаи ман аз рафтор ва сӯҳбатҳои онҳо ин буд, ки домулло Мирҳодӣ ҳарчанд дар атрофи синни шастсолагӣ ба назар расад ҳам, ки  шӯрии пешона ё таъми ашки чашмро надиданаш ё аз сабаби хислати ирсӣ бошад, хеле ҷавон метофт. Ӯ ростқомат, мӯйҳои сиёҳаш ба қафо ҳамвор шоназада, либосҳояш зебо ва оҳарӣ буд. Аз ӯ  бӯйи атри қиматбаҳои Adonis паҳн мегашт. Ӯ шахсе буд, ки дар бораи гузашта бо иштиёқ сӯҳбат кардан, онро ситоиш намудан ва хидматҳои пешинаи худро муаррифӣ карданро дӯст медорад;  як зиёи замонае, ки  дигарон низ инро  эътироф карданашонро аз таҳти дил мехоҳад. Шояд ҳамаи инҳо нишонаҳои ба худ хоси пиршавӣ бошанд. Ин шахс зарбулмасали: «Агар бузург бошӣ, бузург дор»-ро зуд-зуд ба забон мегирад  ва аз ин манфиати зоҳирӣ чашмдор аст, дурусттараш, худро дар қатори бузургон медонад. Баробари ҳамин, таърифи арбобу амалдорони собиқро дӯст медорад, дар бораи казо-казоҳои ҳозира ҳам гапҳои ношоям намегӯяд, танҳо мавқеяш ояд, аз онҳо гила мекунад ё кинояи беназир мекунад. Хулоса, солҳои баъди эълони истиқлолият табақаи дар аросот мондаи аристократияи  ӯзбек аст.

 Аз гап-гапи онҳо ба камина боз ин сирҳо маълум шуд, ки домулло Мирҳодӣ дар замони шӯравӣ ректори донишкада будааст. Вай  чӣ гуна кор кардааст, барои ман ноаён. Аммо дар ҳамон вақтҳо ба туфайли вазиши боди демократия дар мамлакатамон одамон дигар шуданд, ё худ домулло дигар шудааст, ба ҳар ҳол зиддиятҳо зоҳирӣ пайдо шудаанд ва онҳо ба ҷиддият табдил ёфтаанд. Ҳамин тавр, мавҷи бераҳмонаи инкишофи диалектикӣ ӯро ба як канор тела дода, бароварда монда будааст.

 Воқеан, ман бояд ба шахсе, ки ба мошинам даст боло карда, домулло Мирҳодиро даъват карда буд, тавсиф медодам. Номи ӯ Мирбақо будааст. Ба назари ман, бо домулло Мирҳодӣ ҳамсол; фарбеҳак, хоксормулоҳизакор, лаббайгӯй ва ғайра. Шахсе буд, ки ба рӯзҳои гузашта ҳам, ба имрӯза ҳам беҳад шукрона гуфтанро канда намекард, дар бештари масъалаҳо ба дӯсташ тақлид менамуд, ба одатҳои кӯҳнааш содиқ мода, хушнудии дили ӯро меписандид. Аз муносибати байни онҳо ба ман маълум шуд, ки Мирҳодӣ, вақте ки ректор шудааст, ин одамро муовини аввал карда  гирифтааст. Ба назари ман, вай дуруст амал кардааст: гӯё худи тақдир Мирбақоро барои  ҷонишини домулло офарида бошад, — садоқатпеша  ва каме лаганбардор аст.

 Чӣ чора, касе бандаи Худост, дигаре бандаи... Ин одам аз фанни таърих ё ҳуқуқшиносӣ (дурусттар фаҳмида натавонистам) дарс дода будааст.

 Вақте ки мо аз Ҷомбой мегузаштем, домулло Мирҳодӣ пахтазорҳои урёнро дида, лаҳзаҳои омӯзгорон ба пахтачинӣ баровардани донишҷӯёнро ба хотир овард.

 — Мо ҳар сол ҷойи якумро мегирифтем. Вагарна, дар Самарқанд институту техникум кам буд?!

 — Коммунизм шуда, гузашта рафта будааст, мо надониста мондаем, — гапи шарикашро қувват дод ӯ. Ҳар рӯзи Худо зиёфат буд; аз пахтачинӣ серу фарбеҳ шуда бармегаштем.

 Пас аз сукути дуру дароз ногаҳон Самандар ном шахсеро ба ёд  оварданд ва ба ғайбат кардани ӯ даромаданд.

 — Арбадакори мурдаистода, якрав, — гуфт домулло Мирҳодӣ, -  чӣ қадар некиҳо кардам, вале қадри маро надонист ӯ — одами бедаво. Ҳеҷ касро тан нагирифтанаш, нигилистӣ карданашро нагӯям ҳам мешавад.

 — Агар арақро бинад, худро аз бом мепартофт, хумкалла, - шарикаш гапи ӯро давом дод, — агар каллааш кор мекард, аз ҷадидон мавзӯъ мегирифт? Дар давраи  эсесер-а...

 — Инаш ҳам ҳеҷ гап не, — бо шавқу ҳавас ӯро дастгирӣ  кард собиқ ректор, — ба таври худ ҳаракати ҷадидчиёнро аз нав сар кардан мехост. Донишҷӯёнро ҷамъ карда, фикри онҳоро ба вайрон кардан шурӯъ намуд. Баъд пеши роҳи ӯро гирифтам ...

 Ман ногаҳон ба худ омадам. Яъне, дар бораи ҷадидон, ки гап сар шуд, инҳо бобокалонамро ҳам ганда карданашон мумкин. Аз ин тахмин дилам каме ғаш шуд. Ба ҳар ҳол, онҳо Самандар ном одамро хуб ба ботлоқ ғӯтонида, ба ғайбат кардани  ҳамкорони дигарашон гузаштанд.

 Ба тӯй маро ҳам, намонда  гирифта дароварданд. Дар кишвар ба тангқисӣ, ночорӣ нигоҳ накарда, дар ин ҷо ҳашамату дабдаба дигархелтар буд. Ин муҳобот несту дар тӯй камаш панҷсад меҳмон ҷамъ омада буданд. Ман баъзе  аз нозу неъматҳои рӯйи дастархонро бори аввал медидам. Фаҳмидан душвор набуд, ки аксари меҳмонон ашхоси хушсарулибоси бонуфузанд, аз сабаби худам барин ягон каси бечораҳолтарро дида натавонистанам, худро мисли хору хас беқадр ҳис намуда, ноҳинҷор нишастам  ва мақолаҳои дар ибтидои аср навиштаи бобоям ба ёдам омад. Дар он ба ҷойи исрофкорӣ маблағро ба тарбияи хуби фарзандон, мактабу мадраса сарф кардан ташвиқ карда мешуд. Бо вуҷуди аз миён гузаштани сад сол, ҳамон дар як ҷо по кӯфта истоданамон, албатта нохушоянд ва ташвишовар буд.

 Дар роҳи бозгашт аз тӯй ҳамроҳи мо як марди сию панҷсолаи хурдҷуссаи каме назарногир ҳамроҳ шуд. Дасти чапи сунъӣ, доғи рӯяш якбора дар дилам як эҳсоси ногуворе бахшиданашро бояд гуфта гузарам. Аммо овозаш ҷанагосӣ,  гуфтораш далеру мантиқӣ буд.

 Ба ӯ дар паҳлӯи ман ҷой доданд. Ӯ бо душворӣ ба кабина даромад ва бағоят эҳтиёткорона ҷой гирифт. Ба ангуштони беҳисси  дасти чапаш дастпӯшаки чармин пӯшонида шуда буд.

 — Дирӯз бо автобус омада будам, — гуфт ӯ, — умед доштам, ки аз Самарқанд ягон каси савобталаб биёяд, маро ҳам гирифта мебарад — Худо шуморо расонд.

 — Самандархон, акнун шумо шахси назаркарда-дия, — гуфт домулло Мирбақо бо каме дурӯягӣ.

 Худ ба худ фикр кардам, ки ин одам ҳамон Самандаре бошад даркор, ки пештар дар роҳ хуб ғайбат карда мешуд.

Нохост ӯ аввалин шуда ба ман муроҷиат кард.

 — Ба ман нигоҳ кунед, ука, ана инро гирифта монед, — гуфт ба расмҳои бобоям ишора карда.

 Ман ғазаби худро ҷилав зада, давоми гапро шуниданӣ шудам.

 — Инҳо расмҳои ҳақиқии домулло  Беҳбудӣ нестанд, — суханашро давом дода гуфт ӯ, — кадом як рассоми чаласавод симои он касро тахриф кардааст. Босалобату нуронӣ мекунам гуфта, салларо калон ва ришро дароз кардааст. Ва аз ҳама бадаш, ин расм оммавӣ шуда рафт. Аммо ин хилофи мантиқ аст. Ҷадидон айнан  бо риши кӯтоҳ ва саллаҳои хуштарҳашон аз дигарон фарқ карда меистоданд. Аз ин рӯ, уламо онҳоро «ҷадид» гуфтаанд. Он замон "ҷадид" ба таври киноя истифода мешуд, ҳамон гуна ки мо "экстремист", "демократ"-ро ба таври заҳрханда ё ки таҳқиромез ба забон мегирем.

 Ҳарчанд ман дар бораи ҷадидон ва бобоям соҳиби бисёр маълумот шудаам, аммо ин суханон барои ман тамоман нав буданд. Фикри ман дар бораи Самандар дигар шуд. Андешаҳоямро ҷамъ карда, боз ба ӯ гӯш додам. Самандар акнун дар дигар мавзӯъ гап мезад.

 — Пеш аз ба Афғонистон фиристодан мо дар назди Тирмиз се моҳ машқ кардем, — суханашро давом дод шиноси навам, - усулу асрори ҳарбиро ёд гирифтем. Рус, украин, молдаван... аз ҳамаашон буданд. Дар аввал миллатчигию маҳалчигӣ ба хаёли ҳеҷ кас намеомад. Тартибу интизом сахт буд — мо аскарони баробарҳуқуқи Иттифоқи Советӣ барин як мамлакати тавоно будем, охир! Он бо гузашти вақт оғоз ёфт. Ман ҳамон вақт ба хулосае омада будам, ки миллатчигӣ, маҳалгароӣ кори одамони оҷиз, худбин ва нотавон аст. Дар байни мо Руслан ном бачае аз Тошканд омада буд. Мегуфтанд, ки падараш ӯзбек асту модараш тотор. Рӯзе мо - ӯзбекҳоро ҷамъ карда гуфт, ки мо миллати бузург буданамон, ба ана ҳамин шараф иснод наоварданамон бояд муттаҳид шуданамонро фаҳмонд. Пас аз ин шарикаш бархоста, Русланро атамани бачаҳои ӯзбак эълон кард. Ҷамъомадагон чапакзанӣ карданд. Дар асл, то ҳол касе  моро ҷудо карда,  ба замин задани шаъну эътиборамонро ба хаёл ҳам наоварда буд. Охир, мо аз фарзандони дигар миллатҳо хеле зиёдем ва ин тарафаш бошад, кишвари худамон аст. Бо вуҷуди ин, он пешниҳод аз ҷониби бисёриҳо пазируфта шуд ва мо дар атрофи Руслан ҷамъ шудан гирифтем. Иқрор мешавам, ки ман ҳам аз мардум дур монданро ба худ раво намедидам. Дере нагузашта истинтоқи дигарон ва таҳдидҳо оғоз ёфт.

Домулло Мирҳодӣ  ва шарикаш қоҳ-қоҳзанон хандиданд.

 — Худашон ҳам хуб хомӣ карда будаанд-дия, — гуфт домулло  Мирбақо. Самандар ҷавоб нагрдонда, ба суханаш идома дод.

 — Рафта-рафта командирон ҳам ба атамани мо сахт гап намезадагӣ шуданд, — суханашро давом дод ӯ, — ҳар вақте, ки хоҳад, дар машқҳо иштирок мекард, напурсидаву намонда,  ба шаҳр монда мерафт. Такрор кардани ибораи «Онҳое, ки бо мо нестанд, душмани мо мебошанд»-ро дӯст медошт. Ҳамин тавр, бачаҳои тотору қирғиз, ки танҳо монданд, ба қатори мо дохил шуда, ба таври махсус рафтор мекардагӣ шуданд. Мо зиёда аз сӣ нафар будем. Дар яке аз чунин рӯзҳо дар гарнизони мо се нафар чечен пайдо шуданд...

 — Ҳа-ҳа-ҳа, — вақте ки сухан ба ин ҷо омад, қаҳ-қаҳа зада фиристод домулло Мирбақо, — одамоне, ки доштаашонро сар намедиҳанд,  ҷанҷолӣ.

Аз ин гап якбора Самандар ҷиддӣ гардид.

 — Домулло дар бораи  халқ, миллат чунин гуфтан мумкин аст?! Оё ба ин ману шумо ҳаққи маънавӣ дорем?!

 Ин таҳқир ба табъи Мирбақодомулло нафорид магар, ки аз ҷавоби хоидаву гапҳои муҷмали ӯ ягон маъное ёфта натавонистам.

 — Хуллас, ҳамон чеченҳо аҷиб буданд, - суханашро давом дод ӯ. - Агар ба кори саҳл ҷиддитар даст мезада бошанд, зону зада, тиловат мекарданд. «Мо танҳо аз Худо метарсем», мегуфтанд ҳар замон. Онҳо ҳатто ба мо моил  намешуданд. Ин ҳолат рафта-рафта  ба Руслан сахт мерасидагӣ шуд. Дар аввал, вақте ки онҳо дар ҷойи кушод се тан намоз мехонданд, таваҷҷӯҳи ҳамаи моро ба ҳамон самт ҷалб карда, аз болояшон хандид. Гӯё ин кифоя набуд, вай ба чечене, ки лангида қадам мезад, «Запорожес» ном гузошт. Рӯзе ба он чечен гуфт: «Эй Запорожес, ҷӯраҳои намозхонатро гирифта, ба назди ман дароед, гап ҳаст” гуфт бо оҳанги фармон. "Чӣ гап?" — бо ғазаб ва нописандона  пурсид чечен. «Ин ҷо қонуну қоидаҳои худро дорад: ҳаминро фаҳмонида доданиам”. “Мебинем”, — гуфт чечен бо ҳамон иддао. «Кӯр —  мебинем, кар — мешунавем, тарсончак — ғалаба мекунем мегӯяд», суханбозӣ кард атамани мо. Он тарафаш чӣ шуд, бехабарам. Саҳар тоҷикбачаи ҳампаҳлӯям маро нихта карда, бедор кард. “Хез-е, ин чеченҳо Русланро овехта рафтаанд...”

 Дар байни хобгоҳу ҳоҷатхона тути калоне буд. Бо тарсу ҳарос рафта бинам, ба гардани Руслан ҳалқа андохта, нӯги ресмонро ба шохи дарахт баста мондаанд. Пойи пешвои мо пурра аз замин канда нашуда буд, аммо танашро ба дарахт печонда, дар даҳонаш дағалона латтаҳои чиркин пур карда шуда буд. Вай тамоми шаб дар ин аҳвол монда бошад даркор, ки дар чашмонаш осори зиндагӣ дида намешуд. Дар рӯйи коғази сари синааш ба забони русӣ чунин навишта шуда буд: «Касе, ки ӯро кушода гирад, ба ҷояш худаш овехта мешавад». Мо, яъне бачаҳои ӯзбек аз буздилӣ наздик рафта, наметавонистем. Писарбачаҳои рус омада ресмонро буриданд: Руслан “шилиққӣ” карда, ба замин афтод. Қариб даҳ рӯз дар госпитал хобида омада, одами биноӣ барин шуда монд. Албатта, аз мо гила кард, вале ба ҳама салом медодагӣ, мағрурӣ намекардагӣ шуд.

 На танҳо ман, балки дар ақиб нишастагон низ қиссаи афғонҳо, аниқтараш Руслан ва чеченҳоро нафас набароварда гӯш карданд. Баъд ба муҳокимаи гарму ҷӯшон cap карданд.

 — Э, худи чеченҳо одамони ҷангара, — гуфт домулло Мирбақо ин дафъа бо каме андеша. Домулло Мирҳодӣ бо дудилагӣ гапро хоид.

 - Чеченҳо боб кардаанд, вале шумо сӣ нафар шуда истода, аз се нафар чечен тарсиданатон ниҳоят хандаовар аст, Самандархон! Масалан, ман фикр мекардам, ки шумо одами хеле далер ҳастед, — гуфт ӯ, - вале атаманатонро шумо ҳам фурӯхтед.

 — Домулло, шумо тӯби задаи пеш аз ҳуштаки довар ба ҳисоб гирифта нашуданашро медонед? Чунки гап дар ин ҳам нест. Дар қалби инсон ҳамеша бар зидди беадолатӣ исён туғён зада меистад. Шахсан ман беадолатӣ карда истодани Русланро дарун-дарун ҳис мекардам, вале барои танҳо намондан ҳамин тавр ҳамроҳ шуда меистодам. Баъд ба хулосае омадам, ки дигарон низ мисли ман фикр мекардаанд. Ба назари ман, решаи инро аз тарафи дигар, аз Руслан ва ба ӯ монандҳо, ки аз маърифат бебаҳра мондаанд, бояд ҷустуҷӯ кард. Чаро бобоёни ҷадиди мо дар ибтидои асри гузашта барои маърифатнок кардани миллат мубориза бурданд. «Хон, фарзандатро низ хонон» гуфтаанд ва барои ин даъватҳо шӯроиҳои шӯрпешона онҳоро тарзи ваҳшиёна ҷазо доданд. Аз ҳама бадтараш, ин аст, ки иддае аз зиёиёнамон то ҳол бобоёни ҷадиди моро аз сиёҳ кардан андеша намекунанд.

Ҳама хомӯш шуданд. Домулло Мирбақо ким-чиҳо гӯён ғурунгос зад, вале ман маънои суханонашро нафаҳмида мондам. Онҳо аз ин гап дар ҳоли ногуворе монданд ва якбора хомӯш шуданд ва ман ҳар қадар кӯшиш кардам, сабабашро фаҳмида натавонистам.

 Худи Самандар хомӯшии ногуворро вайрон кард.

 — Дар ҳамин ҷо як дақиқв меистем, —  вақте, ки ба дарвозаи Амир Темур расидем, гуфт ӯ. Ман мошинро ба канор гирифта, педали тормозро пахш кардам.

 — Аз ин дара бисёр мегузарам, баъзан пазмон шуда, махсус омада меравам, — гуфт шарикам, - бо вуҷуди он, дилам ҳар дафъа аз ҳаяҷон метапад. Кӯчаи калон, дарё, роҳи оҳан дар дараи танг гӯё ба ҳамдигар часпида мегузаранду ба назар чунин мерасад, ки ҳамин ҳоло рӯй додани ҳодисае муқаррар аст. Одам каме ба саросема меафтад: аввал  ба кадом яки ин ҳолат ва ҳаракатҳо мушоҳида карданро надониста мемонад.

 Ману Самандарака ҳарду аз мошин фаромадем. Ӯ се-чор қадам монда, ба гирду атроф ҳавасомез нигариста, ях карда монд. Ӯ гӯё ҳамчун меҳмони хориҷие, ки бори аввал ба ин чо омада бошад, сарашро ҷунбонд. Баъд ба паррандае, ки дар болои харсанг истода буд, дурудароз нигоҳ кард.

 — Нигоҳ кунед, - боз ҳам бештар ба ҳаяҷон омада гуфт ӯ, - лочин! Ин парранда нест шуда рафтааст гуфта мегаштам. Шукр, ки бадааст!

 — Он уқоб нест? — шубҳа кардам ба паррандаи нодире, ки дар болои найза барин қуллаи рост мағрурона менишаст, нигариста.

 -Не, ука, ин лочин ном паррандаи нодир аст. Паррадае, ки як умр ба ҷуфти ҳалоли худ хиёнат намекунад, ба кунғузон қирон меовардагӣ парранда, ҳатто морро гирифта мебарад. Аммо сабабҳои камшавии  он ҳамон номаълум аст.

 Ӯ дар ҳоле, ки чашашро аз мурғ намеканд, сарашро мастона ҷунбонида, суханашро давом дод.

 - Ман дар Афғонистон мурда равам, дигар ин ҷойи азизро дида наметавонам, гӯён бо армон мегиристам. Шукр! Чунин макони пурасрорро дар ягон қитъаи ҷаҳон намеёбед. Ҳар боре, ки меоям, шушам пур мешавад.

 Овози ӯ ларзид. Баъди лаҳзае дам гирифтан сарашро мастона ҷунбонда илова кард: “Ватан! Ватан!! Ватан!!!”

 Ҳамроҳони мо, ки ҳамон дар кабина менишастанд, ба танг омада, пайи ҳам моро ҷеғ задан гирифтанд. Мо боз ба роҳ баромадем.

 — Хайр, мулло Самандар, аз Афғонистон гап мезадед... — шарики маро пурсуҷӯ карданд.

 — Ҳукумати шӯроҳо ҳам барои бо Афғонистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор кардан аз бобоёни пешқадами мо истифода бурдаанд. Бори аввал Абдулло Авлониро сафир карда  фиристонданд. Ҳазрати Авлонӣ ҳамаи инҳоро навишта мондаанд. Сарвати бебаҳо... Эҳ, ба бобоёни ҷадидамон мо авлоди муносиб шуда натавонистем... Он кас дар Тошканд ҳам мақоми бузурге доштанд. Мисли Беҳбудӣ аввалин рӯзномаҳоро нашр карда, труппаи театрии «Тӯрон»-ро таъсис додаанд ва бори аввал «Падаркуш»-ро ба саҳна гузоштаанд ва ғайра. Шояд барои  халос шудан ӯро ба Афғонистон фиристонданд.

 - Ин гапҳоро монед, аз чеченҳо гап занед, — гуфт Мирбақодомулло.

 — Баъди ба охир расидани  машқҳо моро ба вилоятҳои гуногуни Афғонистон тақсим карданд, - суханашро давом дод ӯ, - дар гурӯҳи мо зиёда аз даҳ нафар ӯзбек, тоҷикон, русҳо, ва ҳамон чечени каҷалапо афтод. Рӯзе вақти хоб ҳамон чечен ба ҳамаи мо  рӯ овард.

 - Мусулмонон, калима гардониданро медонед?

Ҷавобҳои мо дарозу кӯтоҳ, норавшан ва омиёна буданд.

 Сӯҳбат ба ин ҷо расида буд, ки домуллоҳои дар ақиб нишаста  хандида фиристонданд.

 -Ба дигарон майлаш, аммо шумо, эшонзода шуда истода, ҳаминро надонед... - киноя кард домулло Мирҳодӣ.

 Аз ҷойи ҳассос ба даст афтодани Самандар домулло Мирбақо аз таҳти дил хандид.

 — Он вақтҳо ман нуздаҳсола будам, - суханашро давом дод Самандар, - аз атеизм баҳои аъло мегирифтам. Аммо шумо, пирони 60-сола, бар замми ин,  истиқлолият, озодӣ, канӣ калима гардонида, маънои онро гуфта диҳед.

 Азбаски домуллоҳо ин гуна рафторро интизор набуданд, ҷавобҳои онҳо ҳам беҳуда ва фиребанда баромад. Домулло Мирбақо  калима гардонду маънояшро гуфта натавонист.

— Забонамро нахоронед, домулло, — гуфт шарикам. – Шумо аз фанни атеизм дарс медодед, баъди истиқлолият худро тамоман инкор карда, аз таърихи дин таълимдиҳиро сар кардед. Аммо чизи оддиро фаҳмонида наметавонед.

 Домулло Мирҳодӣ бо мақсади ҳарчӣ зудтар раҳоӣ ёфтан аз ин вазъияти ногувор сӯҳбатро ба маҷрои пештарааш баргардонд.

 — Хуб, давомашро бигӯед, боқимондаашро худи ҳамон чечен медонистааст?

 — Медонистааст, “дар Балх, - гуфт ӯ, -  десантчиёни мо ба даст афтодаанд. Онҳое, ки калимаро баргардондаанд, озод карда, боқимондаҳоро парронданд”. Рости гап,  баъди ин сухан дар диламон оташ афтод. Мо ба дӯсти чеченамон илтиҷоомез нигоҳ карда мондем. Дар нигоҳи чашмони умедвори мо «Ба мо бадбахтон калима гардониданро омӯзон» барин ифодаи тавалло зоҳир буд. “Дафтару қалам гиред”, — бо таҳаммул гуфт ӯ. То ӯ аз фикраш нагардад, гуфтаашро фавран иҷро кардем. "Нависед! Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадин Расулуллоҳ. Яъне: Аллоҳ ягона аст, Муҳаммад расули ӯст”.

 Вақте ки ба ин ҷо омад, Самандарака чанд лаҳза хомӯш монд. Мисли онҳое, ки дар оқиб нишаста буданд, худи ман ҳам кӯшиш мекардам, ки беовоз калима гардонида онро дар ёд нигоҳ дорам. Домуллоҳо дар як лаҳза ҷомаҳои худро чаппа пӯшиданд ва замони шӯроҳо, муносибати он ба динро паст заданд. Бисьёр мисолҳо оварданд.

 - Ин гапҳои кӯҳна, сақичи ҳазорсоларо нахойидан даркор, - эътироз кард Самандарака, - вақте ки чиниҳо касеро дуои бад  карданӣ шаванд, "Худоё, дар давраи гузариш зиндагӣ кун", мегуфтаанд. Зеро ин давра осон намегузарад. Мо низ давраи гузаришро аз cap мегузаронем. Аммо аксарияти мо одамони  дурӯя ҳастем. Истиқлолият эълон карда шуд. Аммо то ҳол фаҳмида наметавонем, ки чӣ ҳодисаи бузург рух додааст. Бо гӯлии аз ҳад зиёд «коммунизм шуда гузашта рафтаасту  надониста мондаем» барин гапҳои сафсаттамонанду бемантиқро аз такрор кардан  шарм намедорем. Мо мисли санҷоби даруни чархем. Аз ҳамин сабаб, агар таърихи мо бой бошад ҳам, худамон камбағал шуда мондан мегирем! Дар ибтидои асри гузашта Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, шахсияти бузургу нотакроре, ки шумо дар китобҳои худ танқид мекардед, яъне "миллатчии  буржуазӣ"...

 Баробари  шунидани номи бобокалонам ларзида рафтам. Аз тарси гум накардани идоракунии мошин суръатро паст кардам. Баробари ин тамоми вуҷудамро ба гӯш табдил дода,  ба гапи шарикам гӯш додам: «...дар бораи ба амал баровардани истиқлолият бо чунин роҳи осоишта, бехунрезӣ навишта буданд. Онҳо аз эълони мухторияти Туркистон шод шуда, тамоми миллатҳои ин музофотро ба ҳушёрӣ ва ҳамфикрӣ даъват карданд. «Бародарон, — нависта буданд он кас дар мактуби худ ба бародарони қазоқ, — донед, ки барои ҳамаи халқҳои Туркистон Мухторият эълон карда шуд ва шумо донед, ки музд гирифта мешавад, вале дода намешавад! Инчунин, мухторият гирифта мешавад, аммо дода намешавад...».

 Ӯ суханони бобоямро то охир хато накарда, тутила нашуда  гуфт. Баъд ором шуд. Мо ҳам хомӯш мондем. Худи ӯ хомӯширо вайрон кард:

 — Фикр мекунам ва ба охираш расида наметавонам: чаро барои дарк кардани ҳақиқате, ки бобои мо дарк кардааст, ҳафтод сол лозим шуд? Мо ҳайкалҳои бошукӯҳи иқтисодчии немис Карл Маркс, Ленини доҳии пролетарӣ, ки ба мамлакати мо ҳеҷ гоҳ қадам намондааст, гузошта, парастиш мекардем, вале бобои худро, ки инқилоби Октябрро таҷовуз эълон карда буд, то ҳол таҳқир карда меоем... Чӣ илоҷ, агар гардан бошад, юғ пайдо мешудааст-дия...

 Барои нидое набаровардан лабамро сахттар газидам, забонам таъми шӯрчаро ҳис кард. Диққати худро ба роҳ равона кардам, то фикри худро дигар созам.

 — Фақат барои  сиёҳкунии инқилоби Октябр чандон шитоб карданамон лозим нест, — ин дафъа оромтар ба сухан даромад домулло Мирбақо. — Ба шарофати ҳамин инқилоб мо ба бисёр чизҳо ноил гардидем. Бо гузашти солҳо мо арзиши онро ҳис кардан мегирем. Муқоиса карда миебинем-дия. Аллакай сар шуд: қашшоқӣ, беадолатӣ...

- Ин ҳоло саршавиаш, - сухани ӯро идома дод домулло Мирҳодӣ, - ман дар рисолаи докториам тафсилоташро бо тамоми ҷузиёташ дохил кардаам – таҳсили бепул, хизмати тиббии бепул, саноати пешрафта, хоҷагии қишлоқ...

 Бале, фикри муаллимонро рад кардан мумкин набуд. Аз баҳси тӯлонӣ маълум шуд, ки вақте Самандарака рисолаи номзадиашро дар бораи ҷунбиши ҷадидон менавиштааст, домулло Мирҳодӣ дар ибтидои асри гузашта дар мавзӯи нақши болшевикон дар рушди маориф кори докторӣ мебурдааст.

 — Шумо айнан ба шарафи болобардории инқилоби Октябр профессор шудед, — гуфт Самандарака, — барои ҳамин ҳам, ба сафедкунии он маҷбуред. Ва ҳол он ки одами имондор ҳеҷ гоҳ диктатро ҳазм карда наметавонад!

 — Шумо бошед, усули ҷадидро таъриф карда, ҳатто номзад ҳам шуда натавонистед, —  гуфт ӯ бо заҳрханд ҷавобан овозашро саҳл баланд карда.

 — Эътироф мекунам, ки тақдир фақат дасти чапашро ба ман дароз кард. Аммо шумоён ҳамин гап, ки ҳар як инқилоб, корро аз хӯрдани фарзандони худ сар мекунад, шунидаед? Шумо бо тарғиби ин бераҳмӣ ва хушунат пирӯз шудед! Ба ивази ин, онҳо низ то пур шудани даҳонатон пистонак медоштанд. Бобоҳои ҷадидамон дари моро нимбоз карда: «Шумо - одам», гуфтанд, аммо ин нидоро нашунидед...

 Аз ин гуфтаҳо ба тарс афтодам: аниқтараш, домуллоҳо ба ғазаб меоянду ҷанҷол мекунандбештар дар хавотир будам. Аммо ин тавр нашуд. Ба назар чунин менамуд, ки нисбат ба чунин истеҳзоҳои талхи Самандарака иммунитет пайдо кардан фурсат ёфта буданд онҳо. Ҳама хомӯш шуданд. Ман дар бораи бобокалонам фикр мекардам. То дар ҷомеа одамони ростгӯву ҷавонмард, мисли Самандарака ҳастанд, ҳеҷ гоҳ ба фаромӯш нашудани номи он кас имон овардам. Дар аввал ин мард, ки ба чашми ман нофорам менамуд, мисли мурғи лочин нотакрор ва сарбаланд шуда монда буд.

 — Агар Умари Хайём дар айёми мо зиндагй мекард, дар бораи зиёиёни мо тақрибан чунин менавишт, - суханашро давом дод ӯ.

 Як даст ба “Капитал”-у як бар Қуръон,

Гаҳ марди ҳалолему гаҳе марди ҳаром.

Моем дар ин гунбади фирӯзарухом

Не кофари мутлақ, на мусулмони тамом.

Ҳамаамон беихтиёр хандида фиристондем. Фазои хеле ҷиддӣ ва баҳсбарангез дар кабина ба назар каме нарм гардид. Аз Самандарака боз хоҳиш карданд, ки қиссаи Афғонистонро давом диҳад.

 — Не, мо ба дасти муҷоҳидин наафтидем, — заррае  эътироз баён накарда, суханашро давом дод ӯ, - ҳатто бо онҳо рӯ ба рӯ наомадем. Рӯзе, ки мошини мо аз ағбаи Саланг мегузашт, маҳз аз пешонии ронанда парронданд. Бухороӣ буд бечора. Калима гардониданро ҳам, забони афғонҳоро ҳам хуб медонист ва худаш ба онҳо монандӣ дошт. Мошини мо  ақибнокӣ рафта, чаппа шуд. Чашмонамро кушодам, ки дар госпитал хобидаам. Як дастам маҷақ шуда, дандонҳоям шикаста, рӯям сиёҳу кабуд шудааст. Як рус, ҳамон чечен, ду нафар ӯзбак ҳалок, боқимондаҳо захмдор шуда будаанд. Ҳа, ин аҷали манфур эътиқод, миллатро намешинохтааст. Ҳамон вақт барои намурданам бисёр афсӯс хӯрдам. Не, гап бо як даст зиндагӣ кардан не, зиндагиам бемаънӣ барин буд. Аз он азоб мекашидам, ки чаро таваллуд шудам, ба воя расидам, дар кишвари дигаре маҷрӯҳ ва аз ҳамсафонам ҷудо шудам. “Ҳамаи инҳо барои Ватан!” — мегуфтанд командиронамон. Ҳоло фикр карда бинам, аз номи ватан ҷиноят содир мекардаанд онҳо! Агар дар хотир дошта бошед, академик Сахаров дар сиезди депутатҳои халқи Эсессер ба сухан баромада гуфта буд: «Фарзандони моро зудтар аз Афғонистон баровардан лозим, онҳо қурбони сиёсати нодуруст мегарданд...» Ҳамон вақт бори аввал ким-чӣ хел як ҳақиқати асроромез, вале муқаддасро эҳсос карда будам. Ман ба ҳаяҷон омадам. Аммо бо вуҷуди умедвории ман, академики бечора сухани худро давом дода натавонист: депутатҳо яке аз пайи дигаре ба сӯйи ӯ  санги маломат ғурронданд. Намояндагони мо ҳам, Сахаров барин олими бузургро ба кӯтоҳандешӣ айбдор карда, хуб танқид карданд он бадбахтро. Вай ҳарфе нагуфт, ҳатто ба коммунистони лақма ва кундфаҳм ҳам муносибаташро баён накард. Мисли падарони ҷадиди мо ба сиёсати манфури ҷаҳолат  лаънат хонду халос. Ҳақиқате, ки  ман дарк кардам, ин буд, ки ҳадафи сиёсатмадорони маккоре, ки худро аз номи халқ ба минбар мезананд, ҷуз худнамоӣ, нишон додани бартарии худ, дурусттараш, ба даст овардани очко чизе беш нест. Афсӯс мехӯрам: агар сухани Сахаровро дағалона нигоҳ намедоштанд, чашмони мо калонтар кушода мешуд?! Афғонҳои ҷафокаш чандин сол ба муқобили англисҳо ҷангиданд: нобуд шуданд, ярадор шуданд, вале таслим нашуданд. Баъд мо, нотавонбинҳо зада даромадем. Чандин сол бо рақиби хеле пурқувват мардонавор ҷангид, вале кишанбанд нашуд, гардан нафаровард! Лекин барои фаҳмидани моҳияти калимаи муқаддаси озодӣ афғон ё чечен будан шарт нест! Савияи ҷаҳонбинӣ зарур аст! Бисёре аз зиёиёни мо ба асли ин ҳақиқат нарасидаанд. Он чечен мегуфт: «Кишвари мо ҳатман мустақил мешавад, фарзандони мо дар дигар кишварҳо қурбон намешаванд, сарвати моро касе кашонида намеравад, заминамонро поймол намекунад! Аммо шумо озод шуда наметавонед: халқи шумо якдил нест. Истиқлолият ба эҳтиёҷи онҳо табдил наёфтааст!" Ман ба ғазаб омадам: «Мо як зарбулмасал дорем, гуфтам: агар худатро мард донӣ, дигарро шер дон!». Ба иродаи Худо нигаред, ки мо озод шудем, онҳо бошанд то ҳол ҷон гирифта, ҷон медиҳанд.

— Фаҳмо, — гуфт домулло Мирбақо.

 - Аммо ман дунёро сайр кардам, хунро дидам ва чӣ будани озодиро пурра ҳис кардам, онро зоҳиран пазмон мешудагӣ гардидам. Умед ҷуста ба ҳамон бобоёнамон муроҷиат кардам ва онҳо ҳам, дар навбати худ собитқадамона раҳнамоӣ карданд, ибрат нишон доданд, даъват намуданд. Онҳо роҳи бар зидди ҷаҳолат бо заковат, ба муқобили қабоҳат бо адолат мубориза бурданро гуфтаанд.

Ман идомаи ин сўҳбати шавқоварро бесаброна интизор будам, вале ӯ бо кадом сабабе мавзўъро ба тарафи дигар гардонд.

 - Пас аз баргардонидани рисолаам, аз замона ихлосам тамом баргашт ва худро ба олами компутер задам. Бачаҳоро ҷамъ карда, ба онҳо намоишҳо нишон медодам, асрори олами виртуалиро меомўхтам. Зеро оянда олами интернет шуданаш ва мо дар ин бобат аз дигарон қафо намонданро мехостам. Охир мо аз касе кам нестем! Аммо зиндагӣ душвортар гашт, дар институт ҳам штатҳо ихтисор карда шуд. Барои ҷунбонидани рӯзгорам ба Руссия рафтам. Рангуборчигӣ кардам. Якҷоя бо аҳли ҷамоамон тасмим гирифтем, ки хонаҳои як ширкати калонро рангубор кунем. Вақте ки бо як даст деворҳоро гурунтовка, яъне ҳамвор мекардам, ба корхона аз Япония компутери нав оварданд. Аммо ҳарчанд зӯр зананд ҳам, онро ба кор дароварда наметавонистанд. “Агар иҷозат диҳед, ман онро ба кор дароварда медиҳам”, — гуфтам шармида. Мутахассисон бо тааҷҷуб ба ҳамдигар нигоҳ карданд. Ба назари онҳо таклифи гастабайтери рангуборчии якдаста мисли аз бом тароша афтодагӣ  барин намуд. Бо дили нохоҳам розӣ шуданд ва ман онро вақти зиёде нагузашта ва бе душворӣ ба кор даровардам. Бубинед, ки мутахассисони ин ҷо чӣ гуна насб кардани барномаҳои нав, пайваст шудан ба интернет, пайдо кардани сайтҳои зарурӣ ва чӣ гуна сипар гузоштан ба вирусро ҳам намедонистаанд. Дар он вақтҳо ин барои русҳо ҳам, як мӯъҷиза, дунёи наве буд-дия... Баъд сардор маро ҳамчун компутерчӣ ба кор гирифтбарои зиндагониам хонае ҷудо кард, барои хариди либос ва чизҳои зарурии дигар пул дод. Аз байн  соле нагузашта, ман сардори бюрои компутерҳо шудам. Бо хоҳиши   роҳбарон ба фарзандонашон низ сирру асрори дунёи бо номи «тӯри анкабут»-ро ба омӯзонидан сар кардам. Ман пул кор карда, ба занам фиристодам. Аммо дере нагузашта, мани бедаворо дарди дигаре ба азият  додан сар кард. "Ман ба Ӯзбекистон  лозимам-ку! Дар чунин рӯзҳои душвор, то дар ин сарзаминҳо гаштан, нисбат ба бачаҳои кишвари бегона сабақ омӯзонидан дида, сиёҳчашмони худамонро ба даврони нав омода кардан, дар ин бобат онҳоро босавод гардонидан оё қарзи фарзандии ман нест?” Охир чаро зиёиёне чун Беҳбудӣ, Мунаввари Қорӣ, Авлонӣ ва Ҳамза аз ҳисоби худ мактабҳо кушода, китобҳои дарсӣ навиштаанд? Зеро онҳо сахт ҳис мекарданд, ки мардумро босавод нагардонда, ба чизе ноил шудан мумкин нест.

 - Шумо ҳам акнун дарк кардед, ки ба одамон бе омўзонидани корбарии компутер ба пешравӣ ноил шудан ғайриимкон аст, - бо киноя гуфт домулло Мирҳодӣ.

— Барои ҳамин ба қабулатон даромадам. Ба донишҷӯён  ёд додани компутерро гуфтам

 - Ман шуморо дарҳол фаҳмидам, - суханашро идома дод домулло Мирҳодӣ, - компутери нав харида, хона ҷудо кардам, ба шумо маош таъин намудам.

 — Ман бо ихлосу садоқат ба кор шурӯъ кардам. Ором нанишастам; хонаам, оилаам низ ҳамин олами пурасрор шуд. Барои нигоҳубини зани беморам, шакаргуфторӣ вақтам намешуд, ба  мани нодон!

 - Дуруст!

 Дар байн хомӯшии пурасрор ҳукмфармо шуд. Самандарака сукунатро шикаст.

    - Агар дуруст бошад, чаро маро аз кор озод кардед? - бо оҳанги дардомез пурсид ӯ. - Ин бобоёни пешқадами моро барои таълим доданашон ба бачаҳои мусалмон дар зиндонҳо пӯсонидан барин гап-ку!

 Кӯндаланг мондани ин хел пурсиши ногаҳониро Мирҳодӣ домулло интизор набуд магар, ки тутила шуда монд. Ба ҷойи ӯ домулло Мирбақо бо илтифоти сохта, мутоибаи зӯракӣ вазъиятро мулоим карданӣ шуд. Аммо, азбаски савол ин қадар бепарда дода шуда буд, ки хаспӯш кардан ё чап додани он кори осон набуд. Самандарака аз вазъияти дар ҳолати ногувор мондани ҳамсӯҳбатонаш истифода бурда, суханашро давом дод:

 - Занам, аз ман пинҳонӣ ду маротиба ба қабулатон даромада, хоҳиш кардааст, ки ба кор барқарор кунед. Ман ин хатои марҳумаро ҳаргиз намебахшам! Шумо бошед, ба вай бечора  гуфтед, ки бо ман барин одамони заҳрзабон кор намекунед. Чӣ қадар сангдилӣ ва худхоҳӣ! Дуруст аст, он рӯзҳое буданд, ки ба инсон, ба арзу доди фарзанди инсон гӯш намедоданд,  гӯш кардан намехостанд. Оё шумо эътибор додаед, ки дар бисёр кишварҳо  ҳуқуқҳои сагу гурба ва хирсро ҳимоя мекунанд. Дар мо бошад баъзан ...

 — Дуруст, — дар ҷавоб  тан додан намехост инаш ҳам, — ман бояд дастаи нави ҳамкоронамро ташкил мекардам. Оё боре мақоли мурғи одами арзанаш пухта шав”-ро шунидаед? Шумо бошед, ҳатто ба хатоҳои сиёсӣ роҳ додед. Гуфтед, ки ҷунбиши ҷадидиро барқарор мекунем...

 — Домулло, ман ба дасти шумо барномаи амалро дода будамДар он таъкид карда мешуд, ки ин ҳаракат як ҷунбиши демократӣ буда, иштирокчиёни он ба кам кардани харҷи тӯю маъракаҳо, эҳтироми суннатҳо ва бо такя ба қонунҳо пурра ба саводхонии компутерӣ гузаштан даъват мекунад. Шумо аз калимаи «демократ» тарсидед ва вақти зиёде  нагузашта, якбора ба душмани ман табдил ёфтед. Зеро ба шумо, чунон ки худатон ишора кардед, одамони мурғмизоҷ лозим буданд. Чӣ фалсафаи бачагона буд, охир, мо якҷоя кор мекардем, дар санҷишҳо будем! Пас, ё шумо тағйир ёфтед ё мо…

 — Вазъият дигар шуд, — ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд домулло Мирбақо.

 - Хуб. Биёед, ҳамин тавр ҳам гӯем. Дар асл ман кистам? Ягон дараҷаи илмӣ надошта бошам, бар замми ин маъюб бошам. Аз ҳама бадаш он аст, ки камбудиҳои одамонро хаспӯш карда наметавонам. Ин хел одам бо шумо ҳамтабақ шуда натавонистанаш аниқАммо шумо, дукаса шуда, ошкоро барои ба пул задани вазифаҳо сар кардед, аз донишҷӯёни камбизоат андоз меситондед. Бачае, ки дар рӯйхати таъмаҷӯёнаи шумо набуд, аз имтиҳон намегузаштхуди ман чандин навниҳолони боистеъдодро медонам, ки ба беадолатиҳо дучор омада, ноумед шуда рафтанд. Мо онҳоро бо гурусначашмӣ, дурӯягии худ хор кардем. Буққа бошад ҳам, пулдода мехонд! Акнун бубинед, бобоёни ҷадиди  мо аз ҳисоби  худ пул сарф карда, мизу тахта ва глобус харид кардаанд; аз бачаҳо ва ё аз падару модарони онҳо ягон тин нагирифтаанд. Не, мо ворисони арзандаи онҳо шуда натавонистем! Мо порагириро мисли сигорталабӣ ба як кори оддию муқаррарӣ табдил додем.

 — Асос надоред! — баробар овоз баланд карданд қафонишастагон.

 — Бале, шумо гумон мекардед, ки пора барои бузургии мо, олиҷанобиамон, хуллас, фазилатҳои мо дода мешавад. Албатта, шумо онро ба ман нишон дода наметавонистед! Як қисми ин пули ҳаромро  ба "боло" дароз мекардед. Бо ҳамин онҳо низ ором мешуданд. Ман пештар дар бораи  Руслан ном атаманамон гап зада будам. “Атаман — падар ман, - ба мо мефаҳмонд ӯ. - Ин вожа низ ду маъно дорад: аввал, ман падари шумо; дуюм, агар шумо аз роҳи ман берун бароед - мепарронам!». Шумо ба ана ҳамин хел атаман табдил ёфта будед. Истиқлолият эълон шуд ва айнан мисли се чечени гуфтаи ман корбарӣ карда, шуморо ҷазо дод. Дӯсти аз ҳам беҳтарин ҳам ва душмани аз ҳам манфур ҳам ин асабҳои худи одам аст. Асабҳои ман дар Афғонистон дабдала  шуда омада буд, боқимондаашро шумо хароб  кардед!

 Ин гап ба иззати нафси ҳарду домулло сахт расид. Дар овози собиқ ректор оҳанги нафрат ё ғазаб пайдо шуд.

 - Шумо одами нотавонбине ҳастед, ки ба оина нигоҳ карда, аввал дар он доғро мебинед! Аз сабаби бадиатон Худо шуморо чунин кардааст!

 Дар байн хомӯшии мавҳуме  афтод. Худи вазъият сариштаи хашму ғазабро тақозо мекард. Ман суръатро зиёд намудам.

 — Дар ин хонаҳо туркҳо зиндагӣ мекарданд, — охир ректори собиқ ҳангоми аз Булунғур гузаштан маҷрои сӯҳбатро ба дигар тараф гардонд. Онҳо одамони хуб буданд ...

 Дигарон ҳам парешонҳолона ба сӯҳбат ҳамроҳ гардиданд ва ба таври худ Маскавро гунаҳкор карданӣ шуданд.

 - Вақте ки ду нафар ҷанҷол мекунанд, Самандарака пас аз каме таваққуф сухан сар кард, айби  ақлдор аст, ду миллат бо ҳам муштзанӣ кунанд, айб дар зиёиён аст. Яъне, дар он вақт зиёиёни мо фарзандон, шогирдон, донишҷӯёни худро дар рӯҳи инсон ба инсон дӯст, бародар тарбия накардаанд; бинобар ин, худашон аз заҳри миллатчигӣ заҳролуд шуда буданд. Миллати мо аз навигариҳо, таҳаввулот мисли аз Худо тарсанда меҳаросад. Таърихи халқи мо қадимӣ, вале таърихи маданияти мо нав аст: онро ҷадидон сар кардаанд.

Шумо ҳанӯз нигилистӣ мекунед, — эътироз кард собиқ ректор, таърихи халқ, ин търихи фарҳанги мо ҳам аст. Ростӣ, дар байни онҳо танаффусҳо буданд, аммо дурдонаҳои фарҳангӣ дар замони Амир Темур ва Алишер Навоӣ офаридашударо инкор кардан мумкин нест! Халқи ӯзбек...

 — Монед домулло, ҷонамро  ба ҳалқам наоред: аз баланд бардоштани васфи миллат, маҳдудияти миллӣ фоида нест. Машраб мегўяд: «Агар  асли худро бидонӣқатраи оби ҳаром ту”. Ҳамаи миллатҳо ҳам ҳамин хел... Аз ҳақиқат ва адолат гап занем. Юнонҳо, арабҳо, муғулҳо, русҳо ба мамлакатамон ҳуҷум карда даромаданд, мо аз ҳамаи онҳо мағлуб шудем ва маҷбур гаштем, ки аз пешгоҳи хонаамон ҷой диҳем. Инкор кардан бефоида аст, ки ҳоло хуни онҳо дар рагҳои мо ҷорӣ мешаванд. Ҷавонҳои  мо дар Руссия кор мекунанд, занҳои мо дар Туркия, Исроил, Дубай...

 — Шумо ба ӯзбек монанд нестед...

- Номи маҳаллае, ки ман таваллуд шудаам, Найманча аст. Донед, найманатон ман, надонед...

 Домулло Мирбақо мавзӯъро дигар карданӣ шуд ё аз рӯйи зарурат ба баландии тарафи чап ишора карда гуфт:

 — Ба қарибӣ ҷасади мурдаи як ҷиянамонро аз ин баландӣ гирифта фаровардем, ӯ ҳарбӣ буд.

 - Чӣ гап шудааст?

 - Ба мина дучор шудааст... Вай сарҳадбон буд. Аз он тараф як одами ҳаннот аз боло санг ғелонида, минаҳои сари роҳашро безарар гардонда будааст. Баъд рамаи деҳаро аз ҳамин роҳрав ҳай карда гузаронидааст. Азбаски ба он тараф гузашта, кофтуков ва даъво кардан имкон надошт, мардум аз марзбонон гумонбар шудандфикр кардаанд, ки онҳо шарики он дуздон ҳастанд. Ҷавобан мардуми мо ҳам аз ҳамон ҷо гузаштаяк рама гусфандро пешандоз карда овардаанд. Аммо, вақте ки ҷонварон ба ақиб гурехтанӣ шудаанд, ҷиянам онҳоро мегардонам  гуфта... Аз Тошканд  минакобҳо омада, ҷасадро гирифта доданд. Келини бечораамон дар батн кӯдаки ҳафтмоҳа дошт.

 — Як дӯсти геологи ман  ҳам дар ҳамин тарафҳо ҳалок шуд, — идома дод СамандаракаАввал шарики пеш-пешрафтаистодаи ӯ ба мина дучор шудааст, ба ӯ ёрдам медиҳам гӯён ин ҳам... Пурсуҷӯ карда дидам: гуфтанд, ки аз ҳаштод нафар зиёд одам мурдаанд. Асосан чӯпонҳо, сайёҳон, меҳмонон... Ҷонварони ба «Китоби сурх» дохилшуда,  чорво ҳам. Аммо ягон нафар террорист ё нашъафурӯш намурда будааст.

 Гӯё фармон дода шуда бошад, ҳама якбора хомӯш шуданд. Гапҳо ба охир расиданд ё аз оқибати баҳсҳо тарсиданд, ки то Ҷомбой хомӯш омадем. Вақте ба чорроҳа расидем,  кӯдакони  дар даст гулдошта ва мӯйсафедони яктаҳи сафедпӯшидаи  дар ду канори роҳ сафкашидаро дидем.

 — Инҳо барои пешвозгирии кадом як роҳбар баромадаанд, — гуфт Самандаракаин қадар одам ба пешвозгирии кадом қабеҳе овора...

 — Пешвоз гирифтани роҳбар, эҳтиром кардан -  анъанаи қадимии мост, — эътироз баён карданӣ шуд домулло МирҳодӣМақоле ҳаст, ки агар бузург бошӣ, бузургонро бузург дор.

 Ба таври ғайричашмдошт баҳсу мунозира боз авҷ гирифт.

 — Домулло, хунамро наҷӯшонед, — дар ҳоли асабоният гуфт СамандаракаИн як ғиромии рӯйирост аст! Вақте, ки шахси бузург мегӯянд, мансабдори ношудро ба назар намегиранд-ку! Новобаста аз он, ки ана ҳамин сардор кист, мисли Руслани гуфтаи ман, аз зумраи худро атаман медонистагиҳостДар назари мансабдор барои сархам шуда истодани одамон қомати ӯ баланд шуда метобадАгар рост истода гап занед, бовар мекунед, ки ӯ ҳам мисли шумо як бандаи гунаҳкор аст! Хусусан, баъди аз кор гирифтанашон сӯҳбат кунед, одами ба як тин ҳам ноарзанда буданаш боварӣ ҳосил мекунед. Пинҳон карда чӣ мекунам, бад бинед ҳам мегӯям: шуморо ҳар пагоҳӣ ҷонишинҳо, деканҳо, мудирони кафедраҳо бо дастони пеши бар пешвоз мегирифтанд. Бегоҳӣ ҳам  ҳамин тавр бо ҳамду саноҳо гусел  мекарданд. Онҳо ин корро на барои ҳурмат, балки аз тарсиданашон мекарданд, бечораҳо. Не, онҳо одамони бад набуданд, вале шӯрпешонаҳои ба ташаккулёбӣ фурсат наёфта буданду халос. Онҳо ларзида меистоданд, ки мабодо  аз кору маош маҳрум накунанд. Аммо баъди ба ҷойи кори худ баргаштан шуморо ғайбат мекарданд. Навишта додани рисолаи шумо, нафсатон ба наҳанг табдил ёфтанашро гуфтугӯ мекарданд, латифаҳо мебофтанд. Савганд ба Худо, ки ман аз ҳамаи инҳо хабардор будам.

 Баъди лаҳзае сукут  ӯ бо  оҳанги каме нармтар идома дод:

 -Ман шуморо дӯст медорам, домулло. Бовар кунед. Якравӣ ва бадбинӣ одамро хор месозад. Аз нуқсонҳои ҷавонӣ пок шудан лозим аст, зеро пирӣ иллатҳои ба худ хос дорад!

 Акнун касе сухани ӯро набурда, эътироз баён накарда монданд. Ба назари ман, ин то андозаи муайяне мағлубшавии домуллоҳо ҳам буд. Вақте ки мо ба Шоҳи Зинда наздик шудем, Самандарака бо оҳанги дигар суханашро давом дод:

 — Мо аз деҳа ба шаҳр тарсону ларзон меоем. Баъде, ки  соҳиби амал ва пул шудемхоҳиши забти Самарқанд бедор мешавадНописандии мо ба пардаи баландаш  мебарояд:  миллатчигӣ, маҳалгароӣ мекунем, ки одамон, аз ҷумлашаҳриён дар назди мо ларзида истоданашонро мехоҳемОхиру оқибат бошад, ба мо дахлдораш як порча замин асту халос. Ба забони  Паҳлавони Маҳмуди Хоразмӣ бигӯем:

 Эй хоҷа, чаро аз ин ҷаҳон бехабарӣ,

 Рӯзону шабон дар талаби симу зарӣ?

Сармояи ту аз ин ҷаҳон як кафан аст,

Он ҳам ба гумон аст, барӣ, ё набарӣ?

 Яъне: «Эй хоҷа! Ту аз асрори ин дунё бехабарӣ. Шабу рӯз дар ҳирси молу дунё ҳастӣ. Он чизе, ки аз ин дунё ба ту мерасад, як газ кафан аст. Онро ҳам бо худ гирифта мебарӣ ё не, ба гумон аст...”

— Шумо тоҷикед-дия, — гуфт домулло Мирҳодӣ бо кадом як оҳанги надомату истеҳзо.

— Не, домулло, ман ӯзбекам, шиносномаамро низ нишон доданам мумкин. Ба чашмонам нигаред: сарпӯшакҳо доранд. Баъди омадани  Шайбониён бобоёнамон ба кӯҳ гурехта рафтаанд. Тақрибан пас аз сад сол падарам бо тарсу ҳарос  баргашта омадаанд. Аммо ман ба тоҷикӣ аз ину он гуна  тоҷикҳо беҳтар ҳарф мезанам.

 Боз ҳеҷ кас чизе нагуфт. Пас аз баландӣ фаромадан, вақте ки ба истгоҳи таксиҳо расидем, ба мошина тормоз додам. Мо расида омада будем. Домуллоҳо бо ман ҳисобу китоб карда, таксӣ доштанд, ба Самандарака, ки ҳанӯз барои аз кабина фаромадан фурсат наёфта будмуроҷиат кардам.

 - Акаи Самандар, шумо нафуроед, ман то ба хонаатон  мебарам.

 Вай, ки аз ман чунин эҳтирому меҳрубониро интизор набуд,  бо тааҷҷуб ба рӯям нигарист.

 - Шинед, шинед, роҳи мо як  аст, - каме ҳиларо ба кор бурдам. Мо бори дигар бо домуллоҳо хайрухуш карда, ба роҳ баромадем. Аммо пас аз чанде роҳ рафтан ба  савол додан маҷбур шудам.

 - Хонаи шумо...?

 - Дар тарафи Хоҷа Аҳрор.

 — Ман ҳам дар ҳамон тараф зиндагӣ мекунам, — гуфтам. Вақте ки ба кӯчаи калон баромадем, ӯ ба сухан сар кард.

 - Мо ҳатто бо ҳам шинос нашудем...

 Каме дудила шуда, ҳаяҷонамро пахш карда, ҷавоб додам.

 — Ман абераи Ҳазрати Беҳбудӣ мешавам!

 — Абераи кӣ? — шояд ӯ ба гӯшҳои худ бовар накард.

 Пас аз ҷавоби такрории ман, ӯ афсӯсомез аз ман хоҳиш кард.

Дар ҳамин ҷо истед!

Ман боз мошинро ба канор гирифтам. Ӯ чизе нагуфта, ба тарафи ман хам шуд ва баъд маро ба синааш зер карда,  аз гардану рӯям ба бӯсадан даромад. Аз чашмонаш ашк ҷорӣ шуд. Аз ин аҳвол шояд худаш хиҷолат кашидки овозаш ларзида, гап зада натавониста монд. Ман чӣ кор карданамро надониста, музтарибҳол шудам. Пас аз он ки ӯ ашкашро пок намуда, ишора кард, ман ба роҳ даромадам.

 — Акнун ба тарафи рост ронед, — гуфт ӯ ин дафъа.

 Ман чамбараро ба тарафи рост гардондам. Мо дар назди дарвозаи оҳанини кушода истодем.

 - Акаи Самандарамумкин бошад рақами телефонатонро навишта гирам, меҳмон шуда меоям, - гуфтам. Мард хомӯшона варақаи визитиашро дод. Боз як бор хайрухуш карда, ба оқиб  баргаштам.

 Тақрибан баъди се рӯз занг зада, рафтанамро гуфтам. Вай дар хона набудан ва тахминан пас аз чор соат баргашта омада, маро интизор шуданашро гуфт.

 Ин дафъа ба ман ҳамин чизҳо маълум шуд, ки ин дарвоза ва ҳавлии калон аз они ӯ набуда, ба забони русӣ «обший двор»  будааст, ки дар он якчанд оила зиндагӣ мекардаанд.

 - Ман дар шаҳри кӯҳна зиндагӣ мекардам, зани раҳматиам ин кулбаро аз ҳисоби пулҳое, ки дар Маскав кор карда, ёфтаам, харида буд, - гуфт СамандаракаАввал ҳамсояҳои рус, корес, тотор буданд, ҳамаашон ба Руссия монда рафтанд. Дар ин ҳавлӣ ҳамроҳи ман ду оилае, ки аз деҳа кӯчида омадаанд, зиндагӣ мекунанд. Мо ба куҷо ҳам меравем? Ватанамон дар ин ҷо бошад! Шахсан бобою бобокалонҳои ман дар ҳамин шаҳр зиндагӣ кардаанд, қабрашон дар Шоҳи Зинда аст. Бобокалонатон менависанд:

 «Қадри Ватан ва мардуми сарзамин дар ғурбат маълум мешавад. Ватан муқаддас аст. Қадрашро донистан лозим астИн барои  нафурӯхтан ва то мурдан барои ҷудо нашудан даркор мешавад. Эй Худои қодир, бандагони мусофиратро бишнав ва онҳоро ба муродашон бирасон».

 Замоне, ки дар Маскав кор мекардам, яке аз шариконам бо воҳимаи ботинӣ илтиҷо мекард: «Самандар, бандааш бо умед зиндагӣ мекунад, аммо ман мурда бимонам, маро дар қабристони деҳаам ба хок супоранд». «Ту  мисли асп солим ҳастӣ, дар ин наздикиҳо намемирӣ», - гуфта дилбардорӣ мекардам. Вай дар ҳақиқат, ба ягон фалокате дучор нашуда баргашта омад. Мо дар тобистон ба деҳа кӯчида мебаромадем. Дар он ҷо Мирғиёс ном сандуқсоз ҳам буд. Ӯ Лора ном  як тӯтие дошт, ки  рангҳояш ранги рангинкамонро ба хотир меовард. Ба одами дидааш «здррррастӣ» гӯён салом медод. Чашми одами ин ҷонварро дида равшанӣ меёфт; зеро табиат тамоми маҳорати худро ба кор бурда, ба ӯ зебоӣ ато карда буд. Рӯзе чӣ коре мешавад, ҷонвор аз қафас баромада, парвоз карда рафтаастСандуқсози бечора ҳамон рӯз хона ба хона гашта, тӯтиашро пурсуҷӯ кард, аммо ёфта натавонист. Рӯзи дигар Лора дар айвони гӯркови деҳа омада нишаста, гаштаю баргашта салом додан гирифтааст. Дарҳол ба сандуқсоз одам мефиристанд ҳамсояҳои ҳангоматалаб ҷамъ мешаванд. Мирғиёси гуфтаамон бо қафас меояду ба замин дон мепошад, зорию тавалло мекунад, ки ба паст фурояд. Дар ҳамин лаҳза писари гӯрков аз армия омада мемонад: қиву чув сар мешавад ва парранда тарсида парвоз карда меравад. Рӯзи дигараш гӯед, Лора ба айвони сартарошхона нишаста, гаштаву баргашта салом мегӯяд. Дарҳол ба сандуқсоз одам мефиристанд. Вай расида меояд, одамон ҷамъ мешаванд. Боз хушомадгӯйиҳо, илтиҷоҳо, ширинзабониҳо... Тасодуфро бинед, ки зани сартарош ҳомиладор будааст, дар ҳамин лаҳза ӯро дард мегирад; шитобзадагӣ ба амал меояд, мошини ёрии таъҷилӣ сигналашро ҷарангос занонида меояд ва Лора парида  меравад. Он гоҳ дар деҳа овоза паҳн мешавад: «Ин тӯтии оддӣ не, балки мурғи некпойи биҳиштист; ҷонивор як навъ ҳикмат дорад; ба ҳар хонадоне, ки раваду салом диҳад, хушбахтӣ рӯй медиҳад. Ин ҳам як лутфи Худост» ва ғайра. Мардум ташрифи ин тӯтиро зоҳиран бо чашми чор интизор мешудагӣ мешаванд. Аммо пас аз ягон ҳафта сандуқсози бечора  дар рӯйи айвони худ мурдаи онро меёбад. Сабабаш: вай аз гуруснагӣ мурда будааст, зеро ҷонваре, ки як умр дар қафас зиндагӣ кардааст, ба табиати ёбоӣ мутобиқ шуда наметавонистааст. Аммо, чӣ нашуда бошад ҳам, охирин қуваашро ҷамъ карда, ба гӯшаи қадрдонаш парвоз карда омадааст ва...

 * * *

 Самандарака аз олам гузаштани занашро пештар гуфта буд. Дар як хонаи сеҳуҷрагӣ танҳо худаш зиндагонӣ мекардааст. Баробари ба хона даромадан дар пешгоҳи девор чашматон ба портретҳои овехтамондаи бобоям меафтад. Дар ин ҷо шумо компутер ва якчанд китобу маҷаллаҳои паҳну парешонро мебинед.

 Соҳибхона  маро ба утоқи дуюм ҳам гирифта даровард, ин хона бо китоб ва компутерҳои кӯҳна пур буд.

 - Ман коллексияи компутерҳо дорам. Ба ин нигоҳ кунед, компутере, ки дар солҳои ҳаштодуми асри гузашта бароварда шуда буд. Он вақтҳо инро машинаи ҳисоббарории электронӣ меномиданд. Экрани ин хурд, протсессораш ба сандуқ монандАна ин ноутбуки дирӯзу имрӯза аст. Ман тарҷумаи ҳоли тамоми ҷадидон, асарҳояшон, мақолаҳо ва китобҳои дар бораи онҳо навишташударо дар як сайти алоҳида ҷамъ овардаам. Дар сайти ман зиёда аз сад парчами мамлакатҳоро дидан мумкин аст. Аксари онҳо бо ҳаёти ҷадидон шавқмандӣ доранд. Дар ин бора аз Ҷопон, Амрико, Руссия олимон омада, бо ман сӯҳбат кардаанд. Медонед,  коршиносон чунин мешуморанд, ки нашри рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобҳо дар сӣ соли наздик ба охир мерасад. Ман ба ин бовар дорам! Ҳамаи ин хидматҳоро Интернет ба ӯҳда гирифтанаш аниқ. Ба ин бовар карда, зиндагӣ ва аз рӯйи ҳамин пешомад корбарӣ кардан лозим аст! Охир, агар дар телефони дастиатон тамоми навигариҳои ҷаҳон равшан инъикос ёфта бошад, ҷустуҷӯйи газета чӣ даркор? Ё агар дар сомонаҳо осори шоир ё нависандаи дилхоҳатонро пайдо кунед,  ба харидани китоб эҳтиёҷ намемонад. Ин ҳақиқат набояд ба касе ғалатӣ намояд. Баъзан дар ҷумуҳурият барои аз нав эҳё гардонидани ҳаракати ҷадидон фикр мекунам.

— Онҳо чӣ кор мекунанд? —  монологи ӯро бурида, ба савол додан маҷбур шудам.

 - Ҷадидони замон хона ба хона гашта, ба кӯдакон асрори компутер омӯзонданашон, дар ҳама ҷо – мактабу чойхона, маҳалла курсҳо ташкил карданашон, аз кисаи худ ва аз ҳисоби сарпарастон барои оилаҳои ниёзманд компутер ёфта доданашон лозим аст. Компутерҳои кӯҳнаро ҷамъ карда, ба деҳот расонидан ва ба бачаҳои лаёқатманд тақсим карданашонро мехоҳам! Ман ҳамин хел ҳаракатро сар карданиам! Бад бинанд, ҷазо диҳанд ҳам, майлаш! Зеро агар ҷунбиши ҷадидон идома наёбад, дар ҷомеа ба пешравӣ бовар накарда мондам. Дуруст аст, ки мо ин гуна вазифаи умумибашариро мисли онҳо иҷро карда наметавонем, вале ба инкишофи маънавиёти худ ҳисса мегузорем. Охир касе бояд мардумро бедор кунад! Не, гапҳои баландпарвоз лозим нест! Масалан, агар ман ба ягон кас бо компутер кор карданро ёд диҳам, ӯ ҳам ҳеҷ набошад ба кӯдакони худ омӯзонад, дар пешрафти кишвар саҳм мегузорем. Агар ба болои ёдгории маънавие, ки ниёгонамон дар тӯли асрҳо барпо кардаанд, як хишт нагузорем, тараққиёт бозмеистад-ку...

 Ӯ лаҳзае дам гирифта, ба хаёл фурӯ рафт. Баъд саволе дод:

 — Ҳавлиатон дар маҳаллаи Қӯшҳавз?

 Ман баъди бо розигӣ сар ҷунбонданам, ӯ ба суханаш идома дод:

 — Ба он ҷо рафта будам. Дар бораи ҷадидон маълумотҳои иловагӣ гирифтам, тағоҳоятон аз бисёр гапҳо воқиф карда буданд. Сӯҳбати мо бо духтари ягонаи бобо - Парвинапа ҳеҷ ба охир намерасид. Ӯ мутахассиси забони фаронсавӣ буд. Вай бевосита аз забони фарангӣ ба ӯзбекӣ тарҷума мекард. Ман он касро ба бобурзода Зебунисо монанд мекардам. «Зебунисо пир шуду ӯро харидоре нашуд», — гӯён таассуф мехӯрад шоира дар як шеъраш... Воқеан, дар сарзамини Ҳинд ӯ танҳо буд. Аммаи шумо дар кишвари худаш танҳо шуда  монд. Ӯ ба шавҳар набаромадааст. Лекин он кас аз нодиртарин маълумот дар бораи ҷадидон ва ҷадидзодаҳо маро огоҳ кард. Хуллас, ман ба шарофати аммаатон манбаи бойе ҷамъ кардам, ки дар ҳеҷ кас набошад даркорСарнавишти талхи бобоёни ҷадидро фикр карда, бисёр хориям, дод зада гиря карданам меояд.

 — Домуллоҳоро бисёр шарм дорондед, — гуфтам, баъди як пиёла чой нӯшидан ҳамон сӯҳбати роҳро ба хотир оварда.

 — Ҳоло ҳам ба онҳо раҳмдилӣ кардам. Бубинед, ҳардуяшон ҳам профессор, аммо  замона, вазъият  дигар шудааст, эҳсос намекунанд. Шарм надошта мегӯянд: «Коммунизм шуда гузашта будаасту мо онро пайхас накарда мондаем». Ба шумо ман як гапи аҷибе гӯям. Дар комиҷроияи мо Марк Аверенович ном амалдоре буд. Намедонистам, ки ӯ арманӣ, яҳудӣ ё юнонӣ буд... Дасти дароз дошт баччағар: ба ҳар одами дилхоҳаш бе навбат хона ё мошин гирифта медод. Он замонҳо барои соҳиби хона шудан ё мошин харидан ду-се сол дар навбат истодан лозим меомад-дия охир! Ҳатто барои харидани хишт ва шифер иҷозати комиҷроия талаб карда мешудХулласин одами корчаллон аз ҳисоби давлат ба одамони даркорӣ некӣ карда, ба мавқеи баланд ноил шуда будПадарқусур, дар Тошканду Москва бо ким-кадом сагҳои калон дӯстӣ дошт. Пас аз эълони истиқлолият ӯ ба Голлландия монда рафт. Дар яке аз он рӯзҳое бетартибие, ки саг соҳибашрову  гурба хонумашро намешинохт, ба комиҷроия  даромадаму чашмам ба китобҳое, ки дар гӯшаи қабулхонаи Марк Аверенович бетартибу болои ҳам  мехобидаанд, афтодБо умеди он ки дар байнашон китобҳои даркориаш бошанд, гирифта бинамдар ҳамаашон дастхат навишта шуда буд. Яъне, аз ҷониби муаллифон тақдим карда шудааст. Инҳо ба Марк Аверенович даркор нашуда мондаанд, албатта. Барои ҳамин ҳам партофта рафтаастАз ҳамон китобҳо як дастаашро гирифта овардам. Хонда бинед, ба баъзе дастхатҳо вай айёр муносибати худро ҳам баён кардааст.

 Бори аввал ба дастам китобчаи тунуки ду муаллиф дар бораи бордоркунии сунъии говҳо афтод. Дастхат ба забони русӣ навишта шуда буд ва тарҷума ин тавр буд: «...шумо дӯсти меҳрубони олимони Самарқанд ҳастед. Шумо барои халқи ӯзбек азиз ва пурқадред. Дар ин рисола мо бори аввал бартариҳои истифода аз буққаҳои Голландияро ошкор кардем.”

 Марк Аверенович, ки ба диёри барзаговҳо рафта буд, ҳатто китобро варақ зада ҳам надидааст, вале бо вуҷуди он, муносибаташро дареғ надошта буд. Дар қисми поёни дастхат «Дураки» навишта буд ӯ.

 Дар ҳақиқат, чуноне ки Самандарака гуфт, нисбат ба китобҳо  дастнависҳо маро бештар  шавқманд мегардондДар онҳо хушомаду таманнотаъмаю тавозеҳҳо ҷамъулҷам ҷо ба ҷо буд. Мутолиаи қаллобӣ ва ғаразомези муаллифон, ки ба ҷойи самимият ба неъмати чун китоб муқаддас ҳамроҳ карда мешуд, ба дараҷаи хиҷолаткашӣ аламовар буд.

 Дастхати як шоираро хонда, рости гап, ғамгин шудам.

 «Марк Аверенович, бегамАз як қошуқ хуни ман гузаред...».

 Бо суханони Кумушбибӣ  ба кадом як қаллоб муроҷиат кардан магар риёкории рӯйирост нест?! Дар давоми нома ҷойҳое ҳам буданд, ки ин марди ба сарзамини буққаҳо рафтаро гоҳ бо Отабек, гоҳ бо Улуғбек ё Амир Темур баробар карда мешуданд, ки ёдовар шудан аламовар аст.

 Марк Аверенович дар поини дастхати шоира як калима  навиштааст: "Шлюха!” (Фоҳиша!)

Пас аз мутолиаи соядасти шоирони хеле маъруф ҳам ҳафсалаам пир шуд. Шоир ва ё шоира ин қадар забун шуда рафтанаш мумкин аст охир?! Куҷо шуд дар онҳо ҷасорати Машраб, Нодирабегим, бобоям Беҳбудӣдалерии Чӯлпон?! Оё ба ашъори шарқосзанадаи ин қаламкашон, ки барои як чизи ноарзанда дар пеши каси разиле, ки наслу насабаш маълум нест,  думҳояшонро ҷунбонда, пайтобаи ӯро  мелесанд, халқу миллат ва истиқлолро васф мекунанд, бовар кардан мумкин аст?!

 «Марк Аверенович, - шоири дигар навиштаастман дар бораи Бобур ва Улуғбек достон навиштам. Акнун навбати шумо...».

 Марде, ки «ба сарзамини буққаҳо рафтааст» дар қайди худ нафраташро пинҳон надоштааст: «Шоирон ва масхарабозонро чашми дидан надорам!».

 - Шумо ана инро бинед, ба  хушомадгӯйиҳои рӯйирост аҳамият диҳед, - ба китоби дар поинистода ишора кард СамандаракаБа болои китоби «Лавҳаҳо аз таърихи маорифи мо» назар афканам, муаллифонаш шинос: фамилияҳои дуомуллоҳо Мирҳодӣ ва Мирбақо навишта шудаанд. Китобро кушода хонданӣ будам, ки Самандарака эътироз баён кард.

 - Ин паканаҳоро хонда чӣ кор мекунед, ин нокасон ба бобоят санг андохтаанд. Оё шумо  шунидаед, ки овози гови бе шир баланд мешавад? Асабҳоятонро вайрон мекунад. Танҳо худи имзоро хонед, кифоя. «Мӯҳтарам ва азиз...Шахсан ба шарофати роҳбарӣ ва саховати шумо маорифи вилояти мо ба зинаҳои баланд бардошта шуд. Халқи ӯзбек ин хизматҳои шуморо хеле қадр мекунад...» ва ғайра.

 Пас аз он ки Марк Аверенович дар дастхат хатоҳои имлоӣ ва ҷумлаҳои бемантиқро бо қалами сурх ислоҳ карда, ба забони русӣ «Профессорҳои чаласаводро ба дор овехтан даркор- гуфта навиштааст.

 Ҳарчанд  Самандарака эътироз баён карда бошад ҳам, китобро варақ зада дидам ва ба мутолиаи сатрҳое, ки он кас зераш хат кашида буд, шурӯъ кардам.

 «Беҳбудӣ дар ҳамаи масъалаҳо тарғибгари буржуазияи миллӣ ва ҷадидизм гардид. Дар мактабҳое, ки ҷадидон кушода буданд, дар онҳо сарнагун кардани подшоҳонро не, эҳтиром кардани  онҳоро меомӯхтандЗеро Беҳбудӣ ва ҳамсафони ӯ намояндагони миллатчиёни буржуазӣ ва пантуркистони ашаддӣ буданд».

 Самандарака китобро бо назокат аз дастам гирифта, фикри пешинаашро такрор кард. Гуфтам-ку,  нахонед... Шунидед, ки дарё лаболаб ҷорӣ  шавад ҳам, саг лесида менӯшад? Каллаи Марк Аверенович кор мекард — вай беҳуда нанавиштааст, ки олимони бесаводро ба дор овехтан лозим аст. Зеро чаласаводон ба инсоният зарари калон мерасонанд. Ин бандаҳои ташаккулнаёфта ба осонӣ ҳам утопиёни хаёлпараст ва ҳам гурӯҳҳои ташнаи хунро пайравӣ карда рафтан мегиранд. Пеш аз он ки  бобои шумо ё дигар ҷадидонро миллатгаро хонанд, ақаллан зарра барин фикр, мушоҳида карда дидан даркор аст. Агар миллатчӣ бошанд, чаро дар мактабҳои онҳо дарсҳо ба забонҳои туркӣ, форсӣ ва русӣ  гузаронида мешуданд. Чаро ҳазрати Беҳбудӣ мақолаи «Чор забонро бояд омӯхт»-ро навиштанд? Чаро онҳо бо се-чор забон озод гап мезаданд? Болшевикон низ онҳоро ба миллатчигии ашаддӣ муттаҳам карданд ва барои ҳамин ҷазо доданд. Зеро дар ҷамъият бесаводҳо бисёр буданд. Дидед, бесаводӣ сарчашмаи ҷаҳолат. Чунин ҷамъият ба зиндон монанд аст: ба куҷое наравӣ, ба девор рафта мезанӣ! Дар бораи ҳазрат чунон тӯҳмат ва суханони ғаразнокеро хондаам, ки мӯйҳои сарам рост хестад».

 Мо ҳарду хомӯш мондем. Дар ҳамин лаҳза саркори дар Москва будаамон Аветик Исаевич ба ёдам омад. Вай разил мо, мардикоронро назару писанд накарда, азоб медодМан ба хулосае  омадам, ки Марк Авереновичи ҳаннот бошад, дар мамлакати мо ба пеши зиёиён устухон партофта, онҳоро масхара карда будааст.

 Ман хеле дер ва дар оғӯши андешаҳои мухталиф аз хонаи Самандарака баромадам. Ба бобоям ва ҳамсафонаш сахт дилам месӯхт, суханони Самандарака ба ёдам омад, ки гоҳе дар бораи сарнавишти онҳо фикр карда гиря мекунад, ман ҳам ғамгин шудам.

 Ман зуд-зуд ба ин даргоҳ меомадам ва ҳар дафъа бо таассурот ва маълумотҳои нав бойтар шуда бармегаштам. Рафта-рафта ману Самандарака додару бародар барин шуда мондем. Ин одам дар хонааш клуби интернетӣ ва курси компутерӣ кушода, ҳафтае ду рӯз бо бачаҳо машғулот  мегузаронидааст. Ман ҳам дар курс иштирок карда, ба омӯхтани асрори компутер сар кардам. Мо ҳар дафъа эътироф мекардем, ки ин шахси ӯҳдабаро бо як даст  ба клавиатурҳои компутер нигоҳ накарда, хеле зуд менависад.

 — Барои касе, ки компутерро медонад, дар ҳама ҷо — ҳам дар Самарқанд, ҳам дар Москва кор ҳаст, — зуд-зуд такрор мекард ӯ, — бовар накунед, эълонҳоро бихонед — талаботро фаҳмида мегиредБа курс дохил шавад,  дар давоми ду моҳ омӯхтан мумкин. Охир, ба Россия рафта, аз ғулом шудан дида, ин донишу касб ҳазор бор беҳтар нест?! Ресмон аз ҷойи борикаш канда мешавад, душман ҷойи нуқсдори қалъаро меҷӯяд. Танҳо одами соҳиби дониш ва касб метавонад худ, оила ва ҷомеаро ҳимоя кунад!

Ин одам инчунин,  дар назди “Маркази ҷавонон” курс кушоданашбаъди аз донишкада рафтан худро ба ин кор бахшиданаш ва дар бораи баъзе саргузаштҳояш низ нақл карда буд. Хоҳиш дошта бошед, дар бораи яке аз онҳо ҳикоя карда медиҳам.

 Дар “Маркази ҷавонон” як шогирди қӯшработӣ доштам, ки номаш Минҳоҷиддин буд. Рӯзе ба тӯяш хабар карду  меҳмон шуданамро илтимос намудРафтан даркор бошад, меравам-дия, гуфтам. Онҳо дар деҳаи калон зиндагӣ мекардаанд, ки як тарафи он ба майдони ҳамвор ва тарафи дигараш ба баландиҳо пайваст мешуд. Дар сойҷо гӯед, қариб барои ҳазор кас ҷой тайёр намудаанд. Барои меҳмонони ҳар қишлоқ ҷойи алоҳида ҷудо кардаанд. Артисти халқии Ӯзбекистон ...ев гӯедрадиокарнайҳоро чиррос занонида суруд  мехонад. Раққосааш чор нафар. Пулро рехта истодаанд. Ҳамон артист ба чор ҳазор доллар омада будаастРӯзи рафтаи ман куштани се наввос, чор гӯсфандро гуфтанд. Арақро бо қуттиҳояш бардошта оварда, дар мобайн мемонанд. Тӯй ба ҳамин минвол се рӯз давом кард. Худам ҳам хуб кайф кардам. Падари Минҳоҷиддин одами хеле меҳрубон будааст, ба камина ҳам ҷома пӯшонда, хоҳиш кард, ки боз се-чор рӯз  меҳмон шавам. “Хуб, - гуфтам, - ман баъди ягон даҳ рӯз меоям, вале ду шарт дорам. "Хуб" ба ҳарос афтода гуфт ӯ. Мастию ростӣ мегӯянд-ку, каме кайф доштам: “Айб намекунед, - гуфтам, - ҳоҷатхонаатон дар надорад, онро ба ифоқа меоред. Дуюмаш, барои писаратон якто компутер гирифта медиҳед.” “Инҳоро худи ҳамин рӯз ҳал мекунам, — гуфт Шунидам, ки ба ваъдааш вафо кардааст, боз рафтам. Амак хеле хурсанд шуд. Баъд бачаҳои боистеъдоди деҳаро ҷамъ карда, ба таълими компутер машғул шудам. Дар мактаби нави ин ҷо даҳ компутер гирифта дода будаанд. Аммо аз сабаби набудани муаллим онҳоро кулф карда монданашонро гуфтанд. Дар мактаб ҳам ба дарс додан шурӯъ кардам. Баъд Минҳоҷиддинро ба муаллими мактаб карда гирифтанашон розӣ гардондам.

 Ҳоло шогирдонам дар дигар қишлоқҳо клубҳо, курсҳо кушодаанд. Миллате, ки технологияи компутериро аз худ намекунад, ҳатман аз тараққиёт оқиб монда,  ба балою қазоҳо гирифтор шуданаш гапи аниқ аст.

***

Дар Самарқанд бахшида ба юбилейи бобоям анҷумани  илмӣ барпо гардид. Аз Тошканд меҳмонон омаданд, меҳмонони худи мо ҳам ҳозир шуданд.

 Ман бо аксари ин одамони донишманд солҳои охир шинос шуда будам. Онҳо одамони хоксору заҳматкаш буда, дар ҳақиқат бобоямро дӯст медоранд, хизматҳояшонро ба осмон мебардоранд, баъзеҳояшон дар ин мавзӯъ кори илмӣ мекунанд.

 Пагоҳӣ ба пояи ҳайкал гулчанбарҳо гузоштанд ва раисикунанда гуфт: Бародарони азиз! Ҳазрати Беҳбудӣ қабр надоштанд ва мо намедонистем, ки дар рӯзи мавлудашон дар куҷо гул гузорем ва дар куҷо тиловат бихонем. Акнун ҳамин хел ҷойи тавоф кардан ҳаст”, — гуфта бори дигар ба ҳайкал нигоҳ кард.

 Ба анҷуман Самандаракаро низ даъват карда будам. Ҳамин ки ӯ расида омад, дар дилам ким-чӣ хел хавотир ҳам бедор шуд. Аниқтараш, метарсидам, ки ин одами беандеша ба меҳмонон тезӣ карда, онҳоро ранҷонида намонад.

Раисикунанда маҷлисро кушода, дар бораи хизматҳои бобоям дар роҳи маърифат хеле муфассал сухан ронд. Аммо вай ягон чизи нав нагуфт. Нотиқе, ки баъд аз ӯ ба сухан баромад, «Саёҳатнома»-ро бо «Бобурнома» баробар кард, вале аз сабаби оммавӣ набудани забони асар пешниҳод кард, ки он бо забони адабии имрӯза ба табъ расонда шавад.

 Аммо баҳсу мунозираи ҳақиқӣ дар масъалаи сафари бобоям ба Қаршӣ ва сабабҳои марги ӯ авҷ гирифт. Дар ин бора, як олими шинос, ки рисола ҳимоя карда буд, болшевиконро дар марги он кас бештар гунаҳкор кард. Ҳарчанд ҳуҷҷати дақиқтаре надошта бошад ҳам, бо тахминҳои гуногун фикри худро исбот карданӣ шуд. Пас аз ин Самандарака даст бардошт ва сулфаи сабуке карда, ба сухан даромад.

 — Чунин ба назар мерасад, ки як қатор муҳақиқони мо дигар ҷанбаҳои заруриро ба канор гузошта, ба иддаои он, ки болшевикон сабабгори марги ҳазрати Беҳбудӣ буданд, бештар таъкид мекунанд. Ман то ҳол ба ин иддаоҳо ва тахминҳо назари шубҳа дорам.

Агар ба равандҳои таърихӣ назар андозед, ҳар як режим ё ҳукумати нав дар оғоз роҳи муросову мадороро бо мухолифон ва ё бетарафони худ пеш мегирад; танҳо баъди қувват гирифтан бо онҳо бо оҳанги дигар гапзанон мекунад. Соли 1919, вақте ки устод дар шаҳри Қаршӣ ба қатл расонда шуд, болшевикон ҳанӯз заиф буданд, дар назди онҳо аз васвасаи ҷустуҷӯи душман дида, вазифаҳои муҳимтар меистоданд. Зеро дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, иқтисод аз изи худ берун баромад буд. Дар Декретҳои дар бораи сулҳ, озуқаворӣ, замин ҳамон вақт қабул шуда буданд; Ленин дар «Иқтисодиёт ва сиёсат дар давраи диктатураи пролетариат» ном асараш зарурияти ба деҳқонони миёнаҳол ва зиёиёни маҳаллӣ такя кардан, ба  сафи худ ҳамроҳ намудани онҳо такрор ба такрор таъкид карда мешуд.

 Охир, онҳо дар давраҳои аввал ҳамин роҳро ҳам пеш гирифта  буданд. Ба вазифаи комиссари (вазири) маорифи Самарқанд таъин шудани  Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва дар як қатор масъалаҳо бо ӯ машварат карда, корбарӣ намуданашон  гувоҳи ҳаминҳост. Азбаски чунин аст, аз байн соле нагузашта, ба ҷони ӯ қасд кардан ба мантиқ дуруст намеояд. Дар ин бора ягон ҳуҷҷат ё шоҳид нест.

 Бигузор, ҳамин хел шуда бошад ҳам, аз байн шаш сол гузашта, яъне соли 1926, номи ин шахсро ба шаҳри бостонӣ ва бузурге чун Қаршӣ намегузоштанд, гӯён фикр карда мемонам.

 Воқеаҳои соли 1919 айнан дар асари «Ҷаллодони Бухоро»-и Садриддин Айнӣ ба қалам гирифта шудаанд. Мувофиқи навиштаҷоти адиб дар ҳамон замон амир фармон дода будааст, ки ҷадидонро бераҳмона таъқиб кунанд. Ҳатто одамоне, ки фарзандони худро ба мактаби нав месупоранд, рӯзнома мехонанд, дигар хел либосҳо мепӯшанд, менависад, ки онҳоро мисли гӯсфанд дар пеши арк сар заданд, хуни инсон чун оби ҷӯй ҷорӣ мешуд.

 Модоме, ки ҳамин тавр аст, ҷосусони ӯ аз омадани пешвои ҷадидҳо ба хоки аморат бехабар монданашон мумкин набуд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ҷанбаи масъала метавон гуфт, ки ба иддаоҳое, ки гӯё амир бо болшевикон забон як карда, аз ҷосусони онҳо истифода бурдааст, бовар кардан мумкин нест. Зеро амир Олимхон ҳар қадар ба чоризм нафрат дошт, болшевиконро ҳам душмани ашаддии худ медонист. Худи ҳамин ҳам, эҳтимоли ҳамкориро бо ленинчиён барои қатли Беҳбудӣ рад мекунад. Ин фикри шахсиии ман аст, албатта.

 Дар соли 1936 омада, болшевикон воқеан ҳам, ба марҳум Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, дурусттараш бар зидди рӯҳу хотираи ӯ ҳамла карданд. Як вақтҳо ибораи навиштаи «ҳизби болшевикон барои мусулмонон зарарнок аст»-ро дастаки асосӣ карда гирифта, барои аз саҳифаҳои таърих тамоман хат зада партофтани номи Беҳбудӣ, ӯро «душмани халқ» ва «пантуркист» эълон карданд. Бояд иқрор шуд, ки ҷадидҳо хеле туркпараст ҳам буданд. Онҳо  барои мақоми забони туркиро  барқарор нигоҳ доштан ба пеш гирфтани чунин роҳ маҷбур мешуданд.

 Ба фикри оҷизам, баъзе мунаққидон ба васиятномаҳои муқаддаси ҳазрати Беҳбудӣ ҳам бо назари шубҳа нигоҳ намуда, аз он бӯйи болшевиконро ҷустуҷӯ карданашон аз инҳо ҳам мегузаронанд.

 Дар ҷомеаи имрӯза кайфияти сиёҳ кардани рӯзи гузашта каме боло баринЧӣ илоҷ, ки худро ношоиста медорем ва дарки воқеияти мо ба худи воқеият мувофиқат намекунад. Рӯзи дирӯза бошад, бо тамоми иллатҳо ва комёбиҳояш ҷавонии мо буд, тақдири мо буд. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки мо на танҳо ба омӯзиши таърих, балки ба ҳифзи он ҳам муяссар шавем; аз ҳар гуна манфиатҳои шахсӣ ва ҳатто миллӣ эътимод, устувории онро боло гузоштанамонро шарт медонам.

Ҷавобан олими шинос бо ҷаҳл оиди ба шаҳри Қаршӣ додани номи устод барои гумроҳ кардани мардум, найранги навбатии болшевикон буданаш гап зад.

 Раис ҳар ду тарафро ба созиш даъват кард. Дере нагузашта, сабабҳои бо рафиқонаш ба хоки Бухоро, яъне шаҳри Қаршӣ рафтани бобоям баҳсҳои бештареро ба вуҷуд овард. Яке аз нотиқон ба сафари ҳаҷ рафтани онҳоро зӯр зада исбот карданӣ шавад, дигаре онро рад карда, эҳтимоли ба Пориж ё Лондон роҳ пеш гирифтани онҳоро  тарафдорӣ мекард. Баъди ин Самандарака боз сухан пурсид.

 - Агар ба сафари ҳаҷ, Фаронса ё Англия роҳ пеш гирифта бошанд, ба воситаи  Қаршӣ намерафтанд. Истгоҳҳои роҳи оҳан дар Самарқанд, Тошканд-куДигар роҳ нест.

 - Онҳое, ки ҳама чизро инкор мекунанд, нигилист мегӯянд. Вақте ки ба ин тахминҳо ҳамроҳ  нашавед, фикри худро, яъне версияи худро гӯед, — гуфт раисикунанда.

  Самандарака аз чӣ сабаб бошад, ки зарбулмасали тоҷикиро ба кор бурд: "Мо ин кор намекунем, лекин инкор ҳам намекунем”. Аз рӯйи тахмини ман, ҳамон сол дӯсти наздики устод ва ҳаммаслаки ӯ Абдулло Авлонӣ ба вазифаи сафири Ҳукумати шӯравӣ дар Афғонистон таъин шуда буд ва эҳтимол, он одам дӯстонашро даъват карда бошадАз Тирмиз ба Афғонистон гузаштан мусоидтар аст.

Раисикунанда ҳам ва нотиқон ҳам хомӯш шуда монданд. Зеро ин як идеяи комилан нав ва андешаовар буд.

 - Шумо ягон ҳуҷҷат доред?

 - Не. Аммо нақша дорам, ки ба Афғонистон равам ва онро пайдо кунам.

 Бо ҳамин ҷамъомад ба охир расид. Раисикунанда ба ман рӯ овард:

 - Сухани охирин ба ҷаноби Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, - гуфт.

 Нишастагон бо тааҷҷуб ба ҳамдигар саволомез нигаристанд. Ҳамин, ки аз ҷоям бархостам, чашми ҳама ба ман дӯхта шуд.

 - Барои ба бобои мӯҳтарамам чунин эҳтиром нишон додед, шуморо Худо ҳурмат кунад. Як замонҳо зани башоратчии туркиягӣ ба он кас гуфта будааст: “Ту умри дароз мебинӣ, мабодо бикушанд ҳам, боз зинда шуда, ҳаёт дидан мегирӣ”. Бобои маро бори аввал дар чилу чорсолагиаш ҷаллодони амир; дафъаи дуюм ҳангоме, ки ба синни паёмбарӣ расида буданд, хунхӯрони болшевикӣ куштанд. Анун ҳазрати Беҳбудиро ҳеҷ кас кушта наметавонад! Чунки он кас Ватани мағлубнашаванд ва мустақилмисли шумо ҷигарбандон доранд!

 Дилам пур шуда, дигар давоми гапамро гуфта натавонистам.

 Ҳама қарсакзанӣ карданд.

 2012-2017

Аз забони ӯзбекӣ тарҷимаи Бахтиёри ҶУМЪА

 

Комментариев нет:

Отправить комментарий