ДАР ХУСУСИ НАВҶАВОНӢ ВА БАРКАМОЛӢ
Эй писари азиз, духтари меҳрубон!
Инак, шумоён дари синни ҳаждаҳсолагиро мекӯбед мекунед. Ҳеҷ ба хотир оварда наметавонам, ки то ин вақт кай хотирҷамъ нишаста, ба шумоён насиҳат кардаам. Замоне гӯшмол додам, гапи сахт гуфтам, чунки он айём бача будедтон. Акнун ба насиҳат гузарам. Зеро акнун ба синне расидаед, ки қадри панду насиҳатро медонед. Воқеан, шуморо солҳои тӯлонӣ, яъне то ба синни ман расидан, ба панду насиҳат гӯш кардан рост меояд.
Нахустин маслиҳатам, ин аст, ки нисбат ба насиҳатам ҳеҷ гоҳ бепарво ва беписанд набош. Бояд синну сол, мартабаи калонсолонро эҳтиром намуда, панди нобиғагонро қадр намоед. Хондану навиштан бо роҳи худаш, аммо гӯш додан ва фаҳмидан ҳам аҳамияти хоса дорад.
Деҳқон бо чӣ азобҳо аз коҳ донро ҷудо карда мегирад, шумо низ одамони некро ёфта, маслиҳати зарурӣ гиред ва ба ҳаёт татбиқ намоед.
Эй писарам, бисёр таомули ҷавонмардӣ ҳаст, ки ба онҳо амал кардан шоҳроҳи ҳаётро чун қутбнамо муайян менамоед. Одами аз ҳама зукко ва маъруф ҳам дар айёми наврасӣ ба бисёр нуқсону хатоҳо роҳ медиҳад. Шояд ба ин маънӣ шоири файласуф Мирзо Бедил фармудааст:
Аз ҷавонон покдомонӣ тамаъ кардан хатост,
Дар баҳорон оби ҷӯйбор он қадар ҳам соф нест
Ба камбудиҳо аз ҳама ҳама пеш бо шахсе, ки ба ҳаёти мустақилона нодонона қадам мегузорад, роҳ медиҳад. Зеро ӯ ҳаётро ҳоло амиқтар ҳис намекунад ва сабақи зиндагӣ надорад. Аз ин рӯ, оқибат ба каҷравӣ роҳ медиҳад. Баъзан навҷавонон ҷавониро дар вуҷуди худ доимӣ медонанд. Фаромӯш мекунанд, ки наврасиву ҷавонӣ инсонро зуд тарк менамояд. Баъд пушаймонӣ суд надорад.
ҲИКОЯТ
Чемпиони ҷаҳон аз рӯи муштзӯрӣ (бокс) ҳамдиёри мо Руфат
Рисқиев ҳар гоҳ ба ринг барояд, толор аз кафкӯбӣ ва доду фарёди мухлисонаш гӯё метаркид. Ҷуссаи рустамона ва гоҳо мағрури ӯро ҳатто тавассути “оинаи нилгун” дидан ба қалби мо шавқ мебахшид.
Рифат ба ин эътирофу эҳтиром ба осонӣ соҳиб нашудааст, албатта. Дар тӯли даҳсолаҳо ба майдони пурхатару пуртаҳлука барои ғалаба мубориза бурда, паҳлавонони шӯҳратёри оламро мағлуб сохтанаш бесабаб нест. Вай барои ба чунин ҳурмат соҳиб шудан роҳи душвори машқу меҳнатро тай намудааст.
Воқеан, тамошо кардани услуби муштпарронии ин ҷавон, ки ҳамчун “Шери Шарқ” эътироф ёфтааст, ниҳоят пурҳаяҷон ва завқовар буд. Вай ҳангоми ба ринг – давра ворид шудан, ба эҳтироси барзиёд дода намешуд, ба дастгириву қарсакзании мухлисон, нигоҳи барқосои телекамера ва дастгоҳи аксбардорӣ бепарво буд. Ҳанӯз аз раунди якум тарафҳои оҷизи рақибашро ҷустуҷӯ карда меёфт. Сипас паси ҳам бо саботу шиддат зарбаи ҳалокатовар мезад. Ҳар дафъа мӯлҷараш аниқ, зарбаҳояш ларзаовар буданд. Дар натиҷа, ҳатто паҳлавони машҳур сарчархак шуда, то ба худ омадан имконият намеёфт. Тамошои ҳар як раунд бетакрор буда, намоиши театриро ба хотир меовард. Агар бо рамз гӯем, раунди якум ба мазҳака, дуюм драма ва саввум фоҷеа монанд буд. Аз дақиқаҳои аввал Рифат дар ринг чунон ҳаракат мекард, ки ба рақси ҷавонписар шабоҳат дошт. Аз зарбаи рақиб сару танашро ба чапу рост гирифта, гурехтан мисли шабпарак ҷасту хез кардани ӯ ба тамошобин ҳаловат мебахшид. Дар раунди дуюм вазъият дигар мегашт. Руфат бо боварии том ба ҳуҷум мегузашт. Зарбаҳои ногаҳонии ӯ ҳарифашро мадҳуш месохт. Одатан тақдири бозӣ дар ҳамин раунд ҳал шуданаш лозим буд. Лекин Руфат бо чавонмардии хос ба рақибаш раҳм намуда, ғалабаро ба раунди саввум мегузошт. Раунди саввум, занги маъмулӣ бонг назада ба поён мерасиду ҳакам дасти ӯро боло мебардошт.
Кинотаҳиягарон тану туши паҳлавононаи ӯро такрор ба такрор ба навор мегирифтанд. Шоирон бошанд, ӯро фахри миллату ватан гӯён мадҳу ситоиш мекарданд.
Машраб Бобоев бахшида ба Рифат Рисқиев шеъре бо номи “Қалб” навишт:
Ман аслан шеър бояд бубахшам ба даст,
Лекин мушти қавӣ дар даст набошад,
Бо чӣ ҷанг мекунад боксчӣ?
Бо чӣ таслим мекунад ҳарифи худро?
Бо чӣ?
Ман аслан шеър бояд бубахшам ба даст...
Лекин ана...
Ҷанг мекунад чизе мушт барин
Бо ҳамин мушт барин мӯҳтаво
Мушти нарм чун поролон
Табдил ёфт ба болға.
Ман гарчи шеър бояд бубахшам ба даст...
Лек бубахшидам ба дил шеъри худ
Чунки гапи асосӣ - дар дил,
Чунки ҳама гап – дар дил!
Аммо...
Лаънат бод, ки ...
Ин ҳолати нохуш чанд сол муқаддам дар ҷазираи озодӣ - Куба рух дод. Паҳлавони мо ин дафъа бо чемпиони ҳамин мамлакат Стивенсон ба майдон баромад. Мухлисони қитъаи Амрико бо як овоз доду фарёд карда, боксёри худро дастгирӣ мекарданд, парчами давлатиро алвонҷ медоданд. Чароғу дастгоҳҳои абарқудрати наворбардори ба тасвиргирӣ ба майдони мубориза нигаронида шуда буд.
Ба ҳоли Стивенсон рости гап, зоҳиран раҳмам омад. Зеро ӯ нисбат ба Руфат ҷавон ва хурдҷусса буд. Чемпиони ҷаҳон ба назарам, бо як зарба ин бечораҳолро маҷрӯҳ мекунад.
- “Бокс!” – хитоб намуд ҳакам.
Рақибони ба ғалаба ташна ба якдигар дарафтоданд. Қоидаҳои муштзӯриро, ки ҳамватани мо об карда хӯрдааст, бо услуби хос, эҳтиёткорона оғоз намуд. Не, чунин ба назар расид, ки гӯё ӯ оқибнишинӣ мекард, аммо мақсадаш низ ҷои нозуки рақибро ба “нишон” гирифтан аст.
Бале, Стивенсон мисли аксарият ҷавонони варзишгар оташмизоҷ, вале камтаҷриба буд. Ӯ ба худ раҳму шафқат накарда, ба чемпиони ҷаҳон ҳамла мекард, аммо ба ивази он мушт мехӯрд. Бечора чунон саросема буд, ки бештар гӯё Руфатро ба оғӯш мегирифт. Аҷибаш дар он буд, ки дар ҳамин ҳолат ҳам мисли хурӯсҳои ҷангӣ ба якдигар нӯл мезаданд. Довари ҳушёру зирак “Брек, Брек!” гӯён онҳоро аз чанголи якдигар халос мекард.
Пас аз раунди аввал нисбати Руфат чунин ситоиш додаанд:
- Чемпиони ҷаҳон, чор карат чемпиони мамлакат, муштзӯри мутлақо олии фалон-фалон дараҷа...
- Бокс!
Рақибон тамоми нерӯ ва ғазаби худро ба муштҳо ҷамъ намуда, ба ҳуҷум гузаштанд. Боз доду фарёд, ҳаяҷону изтироби мухлисон...
Стивенсон аз чӣ бошад, ки мувофиқи назардошти мо ақиб намерафт, дароз кашида намеафтид, баръакс бозардаву бо шиддат мисли оҳубарра меҷаҳид, барқвор медурахшид. Муштҳои Руфат ба ҷои бемадор кардани рақиб ба ӯ гўё нерӯи тоза мебахшид. Аз ин мо мухлисон дилтангу дилреш мешудем.
Қитъаи паси уқёнус ба муштзӯрон ҳамовозу ҳамдард шуда, садои шӯру ғирев мебардошт, ки аз он Стивенсони ҷавон илҳом мегирифт. Не-не, Руфат танҳо набуд: тамоми Ӯзбекистон, эҳтимол кулли олами мусулмон аз Парвардигор ба ӯ омаду пирӯзӣ металабид.
Мо дар майдончаи бо танобҳо иҳотагаштаи чоркунҷаи каф барин тахт маҳорати Руфатро чун ҳамеша бо умед тамошо мекардем. Ҳамон рӯз бори нахуст ба вуҷудамон оташ афтода, хавотир кашидем. Зеро ба ҳимоя гузаштан, қувваи мушакҳоро ба шиддат сарфа накардани Руфат моро азоб медод. Чӣ илоҷ, қувваро барзиёд сарф ҳам карда намешуд-дар пеш раунди ҳалкунанда – саввум буд.
Муштзанӣ идома меёфт. Руфат хаста мешуд. Таҷриба ва услубҳои фиребандаи охирини худро истифода бурда, ба Стивенсон чанд зарбаи обдор зад. Ӯ бошад, дар навбати худ рақибашро ба кунҷак пахш намуда, ба занозании бепоён гузашт.
Хушбахтона, занги ноҷотбахш садо дод. Бале, халоскору наҷотбахш буд, бонги занг! Он чунин садо буд, ки барои муштзӯрон нафас рост гирифтану саранҷому саришта кардани ҳаяҷони тамошобинон имконият дод. Сипас, Стивенсонро ба муаррифӣ кардан пардохтанд. Ӯ нисбат ба Руфат хеле ҷавон ва барои мухлисон муштзӯри ношинос будааст. Лекин вай мисли моҳии ногаҳон ба шаст афтода патаррос зада, ба мубориза ташна будани худро намоиш медод.
Раунди саввум бисёр идома наёфт. Стивенсони чолок ногаҳон мисли раъду барқ парида, ба рақиби худ мушти обдор зад. Вале, сахт зад, бераҳм!
Рифат як калавиду гумбурросзанон афтид.
Бо ӯ орзую умеди мо, ки қариб ба “Оинаи нилгун” часпида будем, гӯё барбод рафт. Ҳа, дар назди нигоҳи тамоми сайёра шахси афтода боксёри навмашқ не, гӯё миллати ман, ватанам, шону шӯҳратам, ору номусам вожгун рафта буд. Аз дидагонам ашк рехт!
Як! Ду! Се! Чаҳор!... Довар ангуштонашро намоишкорона қат карда мешумурд ва ҳар як рақами мудҳиш мисли болға ба сарам мезад. Ҳафт! Ҳашт!... Ниҳоят Руфат мардона аз ҷояш хест. Не, акнун вай чун пештара Рисқиеви девқомат ва шиддаткор набуд; баракс, як вуҷуди ноумеду пажмурда буду халос. Ҳамин вақт операторҳо Стивенсонро ҳам намоиш додаанд – вай ҳамон ба мубориза талош меварзид.
Ман рӯ ба рӯйи ҳамдиёрам навраси ҳамеша мағлубнопазир ва ғолиб ЖАВОНИРО дидам! Инро Руфат ҳам ҳис кард ва мардона аз ҷабини рақибаш бӯсида, ба ӯ омад талабид.
Писарам! Наврасӣ - пирӯзӣ гуфтан аст. Қонуни бешафқати инкори механизми диалектикӣ дар майдони мубориза - ринг пурра ва равшан намоён шуд.
Имрӯз ё пагоҳ Стивенсон, ки моро ба доғ гузошт, аз ин майдон мисли мурғи нимбисмил музтару ноумед бадар хоҳад рафт. Зеро дар ин дунёи бӯқаламу ноомад ном мафҳум дар бисёр ҳолат дари наврас ном шахсро мекӯбад. Ин ҳақиқати талхро ҳамеша дар хотир нигаҳ дор ва ба он амал намо!
Аз як одами аҷиб чунин нақл шунида будам: даҳ - гӯсфанд, бист – гург, сӣ - паланг, чил – шамшер, панҷоҳ - пахта, шаст – ахта, ҳафтод – нӯхта, ҳаштод – тахта...
Ин мақоли ҳаётиро шарҳ намедиҳам – худат хулоса барор!
“Ба ҷавонмард марг нест, ӯ худро ба теғ мезанад”, мегӯянд, ки ҳақ асту рост.
Писари азизам! Ҳеҷ гоҳ фаромӯш макун, ки зиёни ба ту расида захми дили ман аст. Агар донӣ, ҷасорати ҷангиро, ки сина ба амбразура сипар мекунад, аз талоши зиндагӣ, аз ҷасорати шахси хоксори донпош, ниҳолпарвар, китобнавис боло мегузоштам!
Бале, ҷасорати аз ҳама бузург ин ҳаёт ба сар бурдан, тарбияи фарзандону некӣ кардан аст! Рости гап, ба он ҷавонони диловар, ки барои дифои мамлакатҳои бегона ҷон нисор мекунанд, дилам месӯзад. Масалан, дар оғози шоҳроҳи мо ба шаҳиди диёри афғон Бахтиёр Ваҳҳобов муҷассама гузоштаанд. Вай дар айни камолот – навҷавонӣ ғӯрамарг, гул андар кафан шуд. Сад дареғ, ки танҳо аз ноҳияи мо 25 нафар ҷавонмарди диловар ҷавонмарг шудаанд, ки ин рақам дар қаламрави Ӯзбекистон ҳазору дусад нафар, собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ беш аз чордаҳ ҳазор нафарро ташкил мекунад. Тасаввур кардан душвор нест, ки чӣ қадар хонаводаҳо мотамзада шуданд.
Ман ба он шахсоне, ки ин шербачаҳоро ба коми марг теле додаанд, лаънат мехонам!
Ҷангро ва ҷанҷолро ҳамеша одамони баду зишт оғоз намуда, дар натиҷа шахсони нек нобуд ё маҷрӯҳ мешаванд. Инро ҳеҷ гоҳ фаромӯш макун!
Ба шароб дил манеҳ, тамоку накаш, бо одамони аблаҳ ҳамтабақу ҳамроҳ мабош, аз бало ҳазар намо гӯям, маро ба серҷоғӣ ва майдагапӣ айбдор масоз. Ин панду андарзҳоро бобокалонҳои мо хеле ибратомӯз навиштаанд. Муаллимон ва одамони нексиришт борҳо гуфтаанд. Лекин гоҳ-гоҳ мақоли “мулло бошӣ, такрор кун!”-ро фаромӯш набояд кард.
Духтари меҳрубонам! Алломаҳо пандномаи худро ҳамеша бо ибораи “Эй писар!” оғоз намудаанд. Онҳо аз чӣ бошад, ки ба духтарҳои худ муроҷиат накардаанд. Шояд дар он замон чунин анъана вуҷуд надошт. Шояд дили онҳо аз духтарҳои худ пур буд, ки бидуни насиҳат ҳам эшон соҳиби одоб буданд.
Ман ҳам аз боодобу шоистаи сулола шудани ту дилпур ҳастам. Аммо дар ин муҳити носозгори ҷавонону наврасон аз он дар хавотир ҳастам, ки кас дар замони мушкилоти зиндагӣ по ба бероҳа монданаш мумкин рух диҳад.
Бале, дар замони мо зан будан осон нест. Баъзан, на ҳамчун зан ба дунё омаданаш хурсанд мегардад. Фарзандонро ба камол расонидан, ба шавҳару сардор сар хам карда зистан, фақат фарзандонро не, инчунин онҳо (шавҳар ва сардорро) ҳам тарбия намудан оҳ, агар донӣ қисмати вазнин аст. Барои ин фақат мақсади наҷибу бузург ва садоқати барҷаста лозим!
Вуҷуди чун гулҳои баҳор шукуфтаи туро дида, дарун андар даруни дил шод шуданам, шояд аз ифтихор карданам ва албатта ба ҳаяҷон афтоданамро пайхас намудӣ? Одамони ҷоҳилу ношоям ба номи некат доғ нарасонанд, вуҷудатро азоби руҳӣ надиҳанд, ба фалокатҳои ба ту бегона гирифтор намуда, қади алифатро дол нагардонанд. Аз он ҳаросида умр ба сар мебарам, дуо мекунам, ки ба балое напечӣ, ҳар бало, ки ба ту чашм ало мекунад, бигзор, ба ман расад! Зеро ман аз ту бештар умр дидаам ва пурбардошт ҳастам. Медонам, ту барои бузургдошти аҷдодамон мубориза мебарӣ, оилаатро эъзоз менамоӣ, аммо барои худ зиндагӣ намуданро низ омӯз. Ба одамон нафъ овардан, дар лаҳзаҳои зарурӣ ба онҳо дасти ёрӣ дароз кардан одати ту шудааст, ки аз ин ифтихор ҳам дорам.
ҲИКОЯТ
Он айём ҳамчун хабарнигори хосаи рӯзномаи ҷумҳурӣ дар вилоятҳои Самарқанд ва Бухоро фаъолият мебурдам. Фасли баҳор буд. Бо вакили Садорати кишоварзии ноҳияи Ургут барои дидани иншооти нави деҳаи Амонқӯтан рахти сафар бастем. Дар поёни шоҳроҳи калон, ки доманаш ба кӯҳ мерасид, ба тарафи чап, ба Обравсой тоб хӯрдем. Ду тараф кӯҳи баланд, дар лабаки дарё, дар соҳили он як роҳи хурд, ки танҳо як мошин меғунҷид, таноби роҳ мекашидем. Ин роҳ ҳам гоҳ-гоҳ дарёро убур карда, ба чапу рост мегузашт. Нақлиёти кӯҳнаи тамғаи “Вилюс” бо душворӣ ба боло мехазид, ки баъзан дохили он аз дуди нофорам пур мешуд. Роҳбалади ман дар шафати сой аз бунёд ёфтани бинои замонавии пиллахона, хизмати маишӣ ва дар таҳияи лоиҳаи иншоот шахсан ширкат варзиданаш бо фахр нақл мекард. Ман бошам ба гапҳои ӯ гӯш дода, ба абрҳои сип-сиёҳи ғайритабии бадҳайбату ғафс, ки қуллаҳои осмонбӯсро пахш мекард, дида дӯхта тааҷҷуб менамудам. Дар уфуқ раъду барқро дида, овози даҳшатангези онро шунида, сукут меварзидам. Шояд ҳамроҳам аз душвории роҳ нолиши муҳаррики мошинро дарк намуда, таваққуф кард. Аз мошин фуромад ва ба радиатор бо ҳафсала об пошидан гирифт.
Дар ҳамин вақт ҳодисаи ғайричашмдошт рух дод: рӯ ба рӯи мо аспсаворе пайдо гардид ва қамчинашро хитобкорона болову паст намуда, даст афшонда, моро аз ким чи хел ҳодисаи нохуш огоҳониданӣ шуд. Ҳар ду ба ҳайрат афтода, бо дилтангӣ боз ҳам наздиктар омадани ӯро интизорӣ кашидем. Масофа, ки кӯтоҳ гардид, ба вай бо диққат разм кунам вай духтараки ба балоғат расида (эҳтимол зани ҷавон) будааст. Ӯ мисли барқ ба мо наздик омад ва бо нидои баланду изтиробомез огоҳӣ дод: “Гурезед, сел меояд!” Фурсате нагузашта, аз паси асп чанги сабук монду халос. Мо дар талвосаи ҷон худро ба кабинаи мошин задем, хиёнат накард, зуд оташ гирифт. Агар каме дер мемондем, бидуни шубҳа ба коми аҷал рафтанамон мумкин будааст. Дар ин дараи тангу тор мошинро пас гардонидан кори осон набуд. Дере нагузашта, садои ваҳмангези ба якдигар задани харсангҳо ба гӯшамон расид. Саросема аз кабина ба берун ҷаҳида, дар ду (надонам аз чӣ бошад!) ба ду тараф гурехтем. Ман ҳангоми ба баландӣ рӯ ба рӯ шуданам фаҳмидам, ки шитоб намудаам: соҳил рост ва пурхатар буд. Ба он сӯ нигариста, дидам, ки шарики ман байни майсазор ба баландӣ мехазид. Дар ҳамин вақт ба ақиб баргаштан чун бо аждаҳо рӯ ба рӯ шудан ваҳмангез намуд. Бинобар ҳамин, ҳам бо чолокӣ ва ҳам чапдастӣ ба санги хоро часпида, ба буттаҳои бодоми ёбоӣ овезон шуда, фосила ба фосила боло мебаромадам. Ба бахтам роҳам каме сабук ва ҳамвор гардид, ки боз бештар хазида, хеле баланд баромадам ва боварӣ ҳосил намудам, ки акнун дарёи саркаш, бадхашм, бераҳм маро таъқиб нахоҳад кард. Оҳи сабук кашида, ба паст нигаристам. Гаҳвора ва сандалӣ барин сангҳо ба якдигар зада, ба пастӣ меҷаҳиданд, сели лойқа ҳар чӣ аз пешаш барояд, ба коми худ фурӯ мебурд. Дарахти сафедор, ки решакан шуда буд, омада ба мошини мо зад ва онро чаппагардон кард. Лаҳзае нагузашта, нақлиёти мо мисли бозичаҳои бачаҳо рӯи об аҷиб такон хӯрда, ба паст рафт. Фурсате нагузашта, об ба миёни симчӯбҳои бетонӣ расид ва онҳоро сарнишеб кард.
Ман ҳеҷ гоҳ чунин рафтори ногаҳонӣ ва кирдори бади табиатро надида будам. Фиғони даҳшатангез мунтазам баланд шуда, шиддати сел гӯё дунёро фаро мегирифт. Ман ба қудрати бешафқати табиат нигариста, беихтиёр дар бораи оҷизии инсон дар назди табиат фикр намуда, маҳзун шудам. Вуҷудамро ҳиссиёти номаълуму номафҳум фаро гирифт...
Пас аз чанд муддат нерӯи об суст шуд, сатҳи он паст рафту ман дар оғӯши хаёлҳои мубҳам ба оқиб баргаштам.
Ду-се рӯз дар андешаи ана ҳамин тӯфони табиат банд шуда гаштам. Аммо ҳамон нидои пурдаҳшат зери гӯшҳоям акси садо дода, мавҷҳои ҳамлаовар пеши назарам ҷилвагар мешуданд. Сипас, ҳамаи онҳо ба дараҷаи дуюм гузашт ва ман он духтараки савораро, ки мардумро аз офати ғайричашмдошти табиат огоҳӣ медод, ба хотир меовардам. Аҷиб, кӣ бошад он - халоскори ман?! Пас аз чанде роҳи Амонқӯтанро пеш гирифтам. Рости гап, ният доштам, ки ба ҳоли қудрат дар бораи ӯ очерк нависам, эҳтироми худро баён намуда, арзи сипос кунам. Охир қаҳрамонии ӯ аз Тумарис, Жанна де Арк ва дигар занҳои диловари шуҷоъи мардафкан кам набуд!
Афсӯс, ки ҳаракатҳои ман барабас рафтанд. Мардум доир ба фалокати ногаҳонӣ ҳамон бо ҳаросу ларза қисса намуда, аз қудрати офат бо ҳаяҷон ҳарф мезаданд. Дареғо, ки нохушиҳо шудааст. Аз он ҷумла, аз он иншоотҳое, ки ман нияти дидан доштам, ному нишон намондааст. Рамаву галаи зиёди чорво аз қабили гову гӯсола, бузу гӯсфанд ба коми офат равона шудаанд. Онҳоро садақаи сар, мегӯянд, марги инсон басо дилрешкунанда буд...
Дар поёноби деҳа як зан ҳангоми ба танӯр нон часпонидан аз хитобу доду бедоди зани савора бехабар мондааст, фарзандонаш ба болои кӯҳсор гурехтаанд, аммо худаш... Боз як нафар маст будааст.
Дар талвосаи ҷон ба он тал, ки часпида баромадаам, як лаҳза таваққуф кардам. Ана аз ҳамин ҷо мисли кӯҳнавардон хазида, ба боло баромаданамро ба ҳамроҳонам нақл карда будам, ки онҳо бовар накарданд. Барои исбот боз ба он ҷо баромаданӣ шудам, аммо аз ӯҳдааш набаромадам, аҷабо...
Хуллас, дар ҷустуҷӯи он духтараки фурӯзончашм ба деҳаи боло рафтам, вале ҳеҷ кас кӣ будани ӯро гуфта натавонист. Дар гузару маҳаллаҳои дигар ҳам ҳеҷ як шахс ӯро нашинохт. Баъди пурсупосҳои беохири ман мардум таҳминҳои гуногунро гуфтанд: дар боло геологҳо, донишҷӯдухтарони ба амалиёт омадаи факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, сайёҳон, роҳгузарҳои савобталаб... Қисса кӯтоҳ, ман ӯро ёфта натавонистам. Аммо бо гузаштани солҳо қомати зебо ва баркамоли халоскорам, нигоҳи дилкашу бесаранҷому ӯ пеши назарам ҷилвагар шуда, ҳар лаҳза симои вай бароям бузургу муқаддас мегардид.
Духтари меҳрубонам! Фасли духтаракӣ ва наврасӣ чашм кушода пӯшидан барин гузашта меравад. Он чуноне, ки ман он духтараки аспсаворро бо пазмонӣ ва ҳаяҷони ботинӣ ёд мекунам, орзу дорам, ки ӯро мардум ҳам бо ҳамин хел ҳиссиёт ёд гиранд. Бошафқату раҳмдил бош. Фарзандатро ба оғӯшат гир, аз ҷабинаш бӯсида, ашки дидаи занҳои дилшикастаро пок кун, ҷонвараконро аз золимон ҳимоя намо!
Бигзор, дар ҷавонӣ ба адабиёти Аврупо ва Ғарб меҳр мон, аммо қадамат аз Шарқи мӯйсафед канда нашавад! Фаромӯш масоз, ки ба урфу одат, анъана, эътиқоди динӣ бепарво шудан беҳурматӣ ба волидайн, бобою модаркалон аст.
Аз ёд набарор, ки ҳоло дар пеш рӯзҳои мунаввару шӯълабор хеле бисёр аст!
Аз ёд набарор, ки ҳамааш дар пеш!
Комментариев нет:
Отправить комментарий